Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
|
|
ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА
ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
- КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),
Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.
БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)
Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.
ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ
ҶАДВАЛИ САНАДҲО
ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»
Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.
Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.
Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)
САТРИ «НОМ»
Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.
САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»
Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.
Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.
Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.
ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»
Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.
ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)
- КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ
-
Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.
Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот |
Сана![]() |
Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
ҚОНУН | 1845 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ» | Маҷлиси Олии ҶТ | 23.12.2021 | Амалкунанда |
![]() ![]() ![]() |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот |
Сана![]() |
Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 1822 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ» | Маҷлиси Олии ҶТ | 23.12.2021 | Амалкунанда |
![]() ![]() ![]() |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот |
Сана![]() |
Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 1830 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН | Маҷлиси Олии ҶТ | 23.12.2021 | Амалкунанда |
![]() ![]() ![]() |
Январ 2020
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 296; с. 2004, № 7, мод. 451; с. 2007, № 5, мод. 352; с. 2008, № 10, мод. 797; с. 2012, № 8, мод. 811; с. 2014, № 3, мод. 140, № 7, қ. 1, мод. 382; с. 2017, № 7-8, мод. 562; с. 2018, № 2, мод. 61, №9-10, мод. 581)
(Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, от 12.05.2007 № 256, от 6.10.2008 № 444, аз 01.08.2012 № 896, аз 14.03.2014 № 1065, аз 26.07.2014 № 1086, аз 18.07.2017 № 1452, аз 21.02.2018 № 1508, аз 19.07.2019 № 1639)
I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни конститутсионии мазкур танзим менамояд
Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи интихобот, кафолатҳои он, тайёр намудан ва гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).
Моддаи 1(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 18.07.2017 № 1452).
Моддаи 2. Сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис - Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Моддаи 3. Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умуми, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳони ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад.
Иштирок дар интихобот озод ва ихтиёри мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Интихоботи аъзои Маҷлиси милли дар асоси ҳуқуқи интихоботии бавосита бо овоздиҳии пинҳони сурат мегирад ва аз чор як ҳиссаи онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
Моддаи 4. Ҳуқуқи умумии интихобот
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, вазъи иҷтимои, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.
Ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шахсоне таъин ва интихоб мешаванд, ки ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур ҷавобгӯ бошанд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).
Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойхои маҳруми аз озоди нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд.
Шарту шароити интихоб нашудан ва бо мақоми узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон номувофиқ будани вазифаи ишголкардаи шаҳрвандонро Конститутсия ва Қонуни конститутсионии мазкур муайян мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Моддаи 5. Ҳуқуқи баробари интихобот
Интихобкунандагон дар интихобот дар асоси ҳуқуқи баробар иштирок мекунанд.
Моддаи 6. Ҳуқуқи бевосита ва бавоситаи интихобот
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита интихоб карда мешаванд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).
Аъзои Маҷлиси милли аз тарафи вакилони мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).
Моддаи 7. Овоздиҳии пинҳони
Овоздиҳи дар интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон пинҳони мебошад. Мудохила ба изҳори иродаи овоздиҳандагон манъ аст.
Моддаи 8. Ошкорбаёни ҳангоми тайёри ва гузаронидани интихобот ба Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон
Тайёр намудан ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи комиссияҳои интихобот ба таври шаффоф ва ошкоро сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Комиссияҳои интихобот аз кори худ, аз ташкили ҳавзаҳои интихобот, участкаҳои интихобот, ҳайат, ҷою вақти кори комиссияҳои интихобот ба аҳоли хабар медиҳанд ва онҳоро бо руйхати интихобкунандагон, феҳристи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштироккунанда шинос мекунанд, дар бораи номзадҳо, натиҷаи овоздиҳи ва интихобот маълумот медиҳанд.
Қисмҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Намояндагони матбуот, телевизион ва радио дар маҷлисҳои комиссияҳои интихобот, иштирок карда, дар биноҳои овоздиҳи ҳузур дошта метавонанд, рафти тайёри ва гузаронидани интихобот, инчунин қарорҳои комиссияҳои интихоботро инъикос менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Моддаи 8 (1). Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ
Ҳизбҳои сиёсие, ки номзадҳои худро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд ва номзадҳое, ки ба вакилӣ ба тарзи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллиро барои бақайдгирӣ ба комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот пешниҳод менамоянд. Мушоҳидони миллӣ дар рӯзи баргузории интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ рафти интихоботро мушоҳида менамоянд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).
Фаъолияти мушоҳидони миллӣ баъди бо қарори комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот тасдиқ гардидани рӯйхати онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).
Мушоҳидони миллӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
- бо рӯйхати интихобкунандагон шинос шаванд;
- дар хонаи овоздиҳи аз о(оз то анҷоми кори комиссияи участкавии интихобот ҳузур дошта бошанд;
- супоридани бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон мушоҳида кунанд;
- ҳангоми овоздиҳии интихобкунандагон берун аз ҳуҷраи овоздиҳи ҳузур дошта бошанд;
- ҳисоби шумораи бюллетенҳои аз ҳисоб баровардашуда, бюллетенҳои дар қуттии овоздиҳи мавҷудбуда, аз ҷумла бюллетенҳои беэътибор, ҳисоби овозҳои интихобкунандагонро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҷараёни ҳисоби бюллетенҳои овоздиҳи имкон медиҳад, мушоҳида намоянд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);
- бо протоколҳои комиссияҳои участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳи ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот шинос шаванд;
- аз қарор ва амали (беамалии) комиссияи интихобот ба комиссияи болоии интихобот ва ё суд шикоят намоянд;
- ҳангоми ҳисоби такрории овозҳои интихобкунандагон дар комиссияҳои дахлдори интихобот ҳузур дошта бошанд.
Мушоҳидони милли ҳуқуқ надоранд:
- бюллетенҳои овоздиҳиро ба интихобкунандагон супоранд;
- бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд;
- бо хоҳиши интихобкунанда бюллетен пур кунанд;
- амале соднр намоянд, ки махфи будани овоздиҳиро халалдор созад;
- бевосита дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи интихобот анҷом дода мешавад, иштирок намоянд;
- амале содир намоянд, ки ба кори комиссияи интихобот монеа шавад ва ё дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихобот иштирок намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Моддаи 8 (2). Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ
Бо мақсади мушоҳидаи ннтихобот, гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро мушоҳидони байналмилалӣ даъват карда мешаванд.
Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъди аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).
Фаъолияти мушоҳидони байналмилали тибқи Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дахлдори байналмилали танзим мегардад.
Мушоҳидони байналмилали бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома гирифта, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми доштани даъватнома аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз ҷониби мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъини рӯзи нитихобот фиристода мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ба мушоҳидони байналмилали дар бораи аккредитатсияи онҳо шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад. Шаҳодатномаи мазкур ба мушоҳиди байналмилали ҳуқуқ медиҳад, ки дар давраи омодагири ва гузарондани интихобот мушоҳидаро амали намояд.
Мушоҳидони байналмилали дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Мушоҳидони байналмилали фаъолияти худро озодона анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ ҳисоби тарафе, ки онҳоро фиристодааст ё аз ҳисоби маблағи худи онҳо анҷом дода мешавад (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).
Мушоҳидони байналмилали ҳуқуқ доранд:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳое, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас кунанд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);
- бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихобот ширкат доранд ва бо номзадҳои алоҳида вохӯрии расмӣ намоянд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);
- дар участкаи интихоботи ва бинои овоздиҳи, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳи ҳузур дошта бошанд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);
- ҷараёни овоздиҳи, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натнҷаи онҳоро дар шароите, ки ба мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд;
- бо натиҷаи баррасии шикоятҳо (аризаҳо) ва эродҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос шаванд;
- ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо, оид ба мушоҳидаҳои худашон иттилоъ диҳанд;
- баъди ба анҷом расидани овоздиҳи ақидаи худро оид ба омодагири ва гузарондани интихобот ошкоро изҳор намоянд;
- хулосаи худро оид ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси пешниҳод кунанд. Мушоҳидони байналмилали ҳуқуқ надоранд:
- Ҳангоме, ки интихобкунанда дар бюллетенҳои ннтихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳи ҳозир бошанд;
- ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тар(иботиро паҳн намоянд;
- нисбати ҳизбҳои сиёси, номзадҳо ба вакили ё тартиби гузаронидани интихобот афзалиятеро баён намоянд;
- аз интихобкунандагон ба тарафдории ки овоз додани онҳоро пурсанд;
- дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили тафтиш нестанд, истифода баранд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);
- мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи рафти интихобот вобаста нест, истифода баранд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи мушоҳидони байналмилали вайрон намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилали аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалиро бекор менамояд.
Мушоҳидони байналмилали уҳдадоранд:
- Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалиро риоя намоянд;
- бо худ дар бораи аккредитатсия ба сифати мушоҳиди байналмилали шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалиро дошта бошанд ва онро бо талаби комиссияи интихобот нишон диҳанд;
- вазнфаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёси, бе(арази, худдори аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳи ба комиссияҳои интихоботи, мақомоти давлати ва дигар мақомот, шахсони мансабдор ва дигар иштирокчиёни ҷараёни интихобот анҷом диҳанд;
- ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд;
- хулосаҳои худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеи таҳия намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Моддаи 9. Маблаггузории интихобот
Маблағ барои тайёри ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз буҷети ҷумҳурияви ҷудо карда мешавад.
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, ҳизбҳои сиёси, ки дар ннтихобот иштирок мекунанд, хазинаи интихоботии худро барои маблаггузории интихобот таъсис медиҳанд. Маблагҳои хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси дар суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", шӯъбаҳои он нигоҳ дошта мешаванд. Маблагҳои ин хазинаҳо танҳо барои гузаронидани интихобот истифода шуда, аз ҷониби номзад ва ҳизби сиёси ихтиёрдори карда мешаванд.
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", шӯъбаҳои он суратҳисобҳои муваққатии махсусро барои ташкили хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси дар асоси маълумоти хаттии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мекушоянд. Аз ин маблаг фоида гирифта намешавад. Хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси аз маблагҳои зерин метавонанд ташкил карда шаванд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508):
- маблагҳое, ки барои ташвиқоти пеш аз интихобот аз тарафи комиссияҳои дахлдори интихобот ҷудо карда мешаванд;
- маблагҳои шахсии номзад ба вакили, ки он набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 444);
- маблаги ҳизби сиёси барои номзаде, ки ҳизби сиёси ба ҳавзаи якмандатии интихобот пешбари намудааст, набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 444);
- маблагҳои хазинаи интихоботии ҳизби сиёси, ки рӯйхати номзадҳоро ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви пешниҳод намудааст, набояд аз 10000 (даҳ ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 444);
- маблагҳои хайрияи шахсони воқеи ва ҳуқуқи.
Маблагҳои хайрияи шахсони воқеи барои хазинаи интихоботии номзад ба вакили набояд аз 50 (панҷоҳ) ва барои ҳизби сиёси набояд аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд. Маблагҳои хайрияи шахсони ҳуқуқи барои хазинаи интихоботии номзад ба вакили набояд аз 100 (сад) ва барои ҳизби сиёси набояд аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 444).
Хадди ниҳоии хазинаи интихоботии номзад ба вакили набояд аз 1500 (як ҳазору панҷсад) ва ҳизби сиёси набояд аз 30 000 (си ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 6.10.2008 № 444).
Ба таври хайрия маблаггузори ба хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси аз ҷониби шахсони воқеи ва ҳуқуқии зерин манъ аст:
- давлатҳо, созмонҳо ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508);
- шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 нарасидаанд;
- шахсони ҳуқуқие, ки бо иштироки саҳмияи хориҷи таъсис ёфтаанд;
- ташкилотҳои байналмилали ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилали;
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли;
- ташкилотҳои давлати ва ташкилотҳое, ки саҳми давлат дар онҳо аз си фоиз зиёд мебошад;
- қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои ҳарби, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- иттиҳодияҳои дини, ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва дигар ташкилотҳое, ки аз ҷониби онҳо таъсис дода шудаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452, аз 21.02.2018 № 1508);
- хайрияҳое, ки соҳибашон номаълум аст.
Дар сурати аз ҷониби шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки ҳуқуқи пардохти маблаги хайрияро ба хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси надоранд ва ё маблаги хайрияи шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки аз ҳадди муайяншудаи моддаи мазкур зиёд мебошад, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба буҷети ҷумҳурияви гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", шӯъбаҳои он дар асоси дархости Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд ба комиссия оид ба ворид шудан ва харҷи маблағи хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).
Ҳамаи амалиёти молияви аз хазинаи интихоботии номзад он вакили ва ҳизби сиёси як рӯз пеш аз рӯзи интихобот қатъ мегардад ва дар бораи маблағи харҷшуда ва боқимонда ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ хабар дода мешавад (Қонуни конст. 21.02.2018 № 1508).
Шакли ҳисоботи молиявии комиссияҳои интихобот оид ба маблаги воридшуда ва харҷшуда, ки барои гузароиидани интихобот ҷудо шудааст, инчунин ҳисоботи молиявии номзад ба вакили ва ҳизбн сиёсиро оид ба воридшави ва харҷи маблаги хазинаи интихоботии онҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Номзад ба вакили ва ҳизби сиёси на дертар аз 30 рӯзи баъди интихобот маблаги истифоданашудаи аз буҷет ҷудошударо ба комиссияи дахлдори интихобот бармегардонанд. Маблаги истифоданашудаи хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизби сиёси, ки аз ҳисоби худи номзад, ҳизби сиёси, шахсони воқеи ва ҳуқуқи ташкил ёфтаанд, мутаносибан ба онҳо баргардонида мешавад.
Назорат оид ба мувофиқи мақсад истифода намудани маблағе, ки ба комиссияҳои интихоботии дахлдор барои гузаронидани интихобот ҷудо шудааст, инчунин назорат оид ба воридшави, сарчашмаҳои баҳисобгирии дуруст ва истифодаи мақсадноки маблаги хазинаи интихоботии номзад ба вакили ва ҳизбҳои сиёсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд.
Номзад ба вакили ва ҳизби сиёси наметавонанд маблаги дигарро ба истиснои маблагҳои хазинаи номзад ба вакили ва ҳизби сиёси барои гузаронидани интихобот истифода баранд. Агар номзад ба вакили ва ҳизби сиёси маблаги дигарро, ба истиснои маблаги хазинаи интихоботии вакил ва ҳизби сиёси истифода баранд, комиссияи дахлдори интихобот қарори бақайдгирии номзад ба вакили ва рӯйхати номзадҳои аз ҷониби ҳизби сиёси пешбаришударо бекор мекунад.
Истифодаи амвол ва маблаги давлати, ки қонун пешбини накардааст, манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
II. КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТ
Моддаи 10. Низоми комиссияҳои интихобот
Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон комиссияҳои зерини интихобот ташкил карда мешаванд:
- Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли;
- комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон;
- комиссияҳои участкави оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон. Комиссияҳои интихобот дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлати вобаста нестанд.
Қарор ва дигар санадҳои Комиссияҳои интихобот, ки дар доираи салоҳияташон қабул намудаанд, барои ҳамаи мақомоти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёси, идтиҳодияҳои ҷамъияти, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои поёнии интихобот ҳатми мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Комиссияҳои участкави оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон. Комиссияҳои интихобот дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлати вобаста нестанд. Қарор ва дигар санадҳои Комиссияҳои интихобот, ки дар доираи салоҳияташон қабул намудаанд, барои ҳамаи мақомоти давлати, мақомоти худидораи маҳалли, ҳизбҳои сиёси, идтиҳодияҳои ҷамъияти, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои поёнии интихобот ҳатми мебошад.
Қарори комиссияҳои интихобот, ки хилофи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ё берун аз доираи салоҳияташон қабул карда шудааст, аз тарафи комиссияи болоии интихобот ё суд бекор карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 21.02.2018 № 1508).
Таъсис ва фаъолияти дигар сохторҳо (мақомот, ташкилотҳо), ки мақомоти интихоботиро иваз мекунанд ё пурра ё қисман вазифаи онҳоро анҷом медиҳанд, ё ба фаъолияти қонунии онҳо халал мерасонанд, ё (айриқонуни ба фаъолияти онҳо дахолат мекунанд, ё мақом, ё салоҳияти онҳоро ба зиммаи худ мегиранд, манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Моддаи 11. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1639)
Раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва бозхонд мекунад.
Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1639).
Моддаи 12. Ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои Қонуни конститутсионии мазкур назорат ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд, дар доираи салоҳияти худ дастурҳо қабул ва тартиби татбиқи Қонуни конститутсионии мазкурро маънидод мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 21.02.2018 № 1508);
2) ҳавзаҳои якмандатии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил мекунад ва ба онҳо ному рақам мегузорад;
3) Комиссияҳои ҳавзавии интихоботро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил медиҳад ва доир ба қароргоҳи онҳо маълумот дарҷ мекунад;
4) кори комиссияҳои интихоботро ба роҳ мемонад, тартиби ба ҳайати онҳо даровардани тағйиротро муайян мекунад, агар қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон хилофи Қонуни конститутсионии мазкур бошанд, онҳоро мустақилона, ё бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор мекунад;
5) масъалаҳои ба ҳавзаи интихобот ҳамроҳ намудани участкаҳои интихоботро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд, ҳаллу фасл менамояд;
6) ба номзадҳо барои иштирок карданашон дар маъракаи интихобот шароити баробар муҳайё мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
7) бо тартиби муқарраргардида маблағро ба комиссияҳои интихобот тақсим мекунад, бо бино, нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин шудани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва масъалаҳои дигари таъминоти моддию техникии интихоботро ҳаллу фасл менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
8) шакл ва матни бюллетенҳои интихоботро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон, рӯйхати интихобкунандагон, протоколи ҷаласаҳои комиссияҳои интихобот, ҳуҷҷатҳои дигари интихобот, намунаи қуттиҳои интихобот ва муҳри комиссияҳои интихобот, тартиби нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои интихоботро муқаррар мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
9) бюллетенҳоро барои интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилонн Маҷлиси намояндагон барои ҳамаи ҳавзаҳои интихобот тайёр мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44);
10) гузориши роҳбарони вазоратхо, кумитаҳои давлати, идораҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, намояндагони ҳизбҳои сиёсиро аз руи масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);
11) тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатиро аз ҷониби номзад ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муқаррар мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
12) тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ, мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори хориҷи ва маҳаллиро муқаррар мекунад, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44);
13) рӯйхати номзадҳоро аз ҳизбҳои сиёси, ки аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳурияви пешниҳод гардидаанд ва шахсони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
14) ба номзадҳое, ки аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳурияви ба қайд гирифта шудаанд ва ба шахсони боэътимоди ҳизбҳои сиёси шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад;
15) натиҷаи интихоботро дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст менамояд, вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, дар матбуот оид ба ҷамъбасти интихобот ахборот ва рӯйхати аъзоёни интихобшудаи Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагонро чоп мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);
16) масъалаҳои гузаронидани интихоботи такрории аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ҳал мекунад;
17) интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ивази аъзо ва вакилони хориҷшуда таъин намуда, мегузаронад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
18) аризаю шикоятҳоро аз хусуси қарору амали (беамалии) комиссияҳои интихобот баррасӣ менамояд ва аз руи онҳо қарорҳо қабул мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
19) ба бойгониҳо супурдани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихоботро таъмин менамояд;
20) мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад.
Моддаи 13. Ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот
Комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон инҳо мебошанд:
1) комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли;
2) комиссияи ҳавзавии интихобот (Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси) оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот;
3) комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот.
Комиссияҳои ҳавзавии интихоботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 8 аъзо камаш ду моҳ, пеш аз интихоботи аъзои Маҷлиси милли аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ташкил карда мешаванд. Ин комиссияҳо ҳамчун комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли амал мекунанд. Комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси камаш ду моҳ пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на камтар аз 6 аъзо ташкил медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 19.07.2019 № 1639).
Ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли бо пешниҳоди раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва комиссияи ҳавзавии интихоботи аъзои Маҷлиси милли аз шаҳру ноҳиҳои тобеи ҷумҳури бошад, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 14. Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон
Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дорои ваколатҳои зерин мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508):
1) иҷрои Қонуни конститутсионии мазкурро дар ҳудуди ҳавзаи интиҳобот назорат мекунад;
2) участкаҳои интихоботро ташкил менамояд, онҳоро рақамгузори мекунад, комиссияҳои участкавии интихобот ташкил медихад ва фаъолияти онҳоро танзим менамояд;
3) ахбори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳоро аз руи масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
4) бо тартиби муқарраргардида маблағро байни комиссияҳои участкавии интихобот тақсим менамояд, бо биною наклиёт, воситаҳои алоқа таъмин шудани комиссияҳои участкавии интихоботро мушоҳида мекунад ва масъалаҳои дигари дар ҳавзаҳои интихобот аз ҷихати моддию техники таъмин кардани интихоботро ҳаллу фасл менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
5) ба тартиб додани руйихатҳои интихобкунандагон ва барои шиносоии умум пешниҳод кардани он мушоҳида мекунад;
6) ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон мусоидат менамояд;
7) дар маъракаи интихобот шароити баробари иштироки номзадхоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон таъмин менамояд;
8) ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз ҳизбҳои сиёси ва шаҳрвандон (ба таври худпешбари), ки ба вакили номзад пешбари кардаанд, қабул менамояд;
9) номзадҳои ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбаришуда ва шахсони боэътимодиу мушоҳидони миллии онҳоро ба қайд мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад, плакатҳои тарҷимаи ҳоли номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон нашр менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
10) мулоқоти номзадҳо ба ваилии Маҷлиси намояндагонро бо интихобкунандагон ташкил мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
11) ба комиссияҳои участкавии интихобот бюллетенҳои интихоботиро дастрас мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44);
12) натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси мефиристад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
13) овоздиҳи ва интихоботи такрори, ҳамчунин интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҷои вакилони хориҷшударо ташкил мекунад;
14) арзу шикоятҳоро аз хусуси қарору амали комиссияҳои участкавии интихобот барраси намуда, аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;
15) мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Моддаи 15. Ваколатҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли
Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) ба иҷрои Қонуни конститутсионии мазкур дар ҳудуди ҳавзаи интихобот назорат мекунад;
2) гузориши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро аз рӯи масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);
3) рӯйхати вакилони интихобкунандаро тартиб медиҳад;
4) дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иштирок мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
5) ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
6) натиҷаи интихоботи ҳавзаро муқаррар мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси мефиристад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
7) арзу шикоятҳои дохилшударо барраси намуда, аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;
8) интихоботи такрориро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли ташкил медиҳад;
9) мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Моддаи 16. Ташкили комиссияҳои участкавии интихобот
Комиссияи участкавии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихобот камаш 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати на кам аз 5 ва на зиёда аз 19 нафар, аз ҷумла раис, муовини раис, котиби комиссия ташкил мекунад. Дар мавридҳои зарури ҳайати комиссияи участкавии интихобот дар доираи шумораи муқарраршуда каму зиёд шуда метавонад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ) участкаҳои интихобот бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе назардошти талаботи қисмҳои якум, сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми моддаи 22 Қонуни конститутсионии мазкур ташкил карда шуда, вазифаи раиси комиссияи участкавии интихоботро роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ иҷро менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Моддаи 17. Ваколатҳои комиссияҳо участкавии интихобот
Комиссияи участкавии интихобот дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) рӯйхати интихобкунандагони участкаро тартиб медиҳад;
2) интихобкунандагонро бо рӯйхати интихобкунандагон шинос менамояд, аризаю шикоятҳоро оид ба саҳву хатоҳои рӯйхат баррасӣ менамояд ва масъалаи ба рӯйхат даровардани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
3) аҳолиро аз қароргоҳи комиссияи участкавии интихобот ва вақти кори он, инчунин аз рӯзи интихобот ва ҷои овоздиҳи бо хабарнома огоҳ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
4) бинои овоздиҳи ва қуттию таҷҳизоти дигари интихоботиро омода месозад;
5) овоздиҳиро дар рӯзи интихобот дар участкаи интихобот ташкил менамояд;
6) бюллетенҳои интихоботро дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихобот бо пешниҳоди шиноснома (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508);
7) шумораи овозҳои дар участкаи интихобот додашударо ҳисоб мекунад;
8) арзу шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот ва ташкили овоздиҳи барраси намуда, аз рӯи онҳо қapop қабул менамояд;
9) мувофиқи Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Моддаи 18. Узвият дар комиссияи интихобот
Узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2019 № 1639).
Узви комиссияро аз рӯи аризааш оид ба даст кашидан аз ваколат ё дар сурати маҳрум гардидан аз ваколатҳояш аз иҷрои вазифа озод кардан мумкин аст.
Мақоме, ки комиссияи интихоботро ташкил кардааст, ҳуқуқ дорад узви комиссияро, ки талабҳои Қонуни конститутсионии мазкурро риоя намекунад, ё вазифаҳояшро мунтазам ба ҷо намеорад, аз ваколатҳояш маҳрум созад. Дар сурати зарурат узви дигари комиссияи интихобот аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур таъин карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).
Номзадҳо ба аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон, вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ судяҳо, прокурорҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шахсони боэътимоди номзадҳо, мушоҳидони миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма наметавонанд аъзои комиссияҳои интихобот бошанд. Шаҳрванде, ки ба аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон номзад пешбари гардидааст ва узви комиссияи интихобот мебошад, аз лаҳзаи номзади аъзои Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуданаш аз вазифаи дар комиссия доштааш озодгардида ҳисоб меёбад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, аз 21.02.2018 № 1508).
Як шаҳрванд узви фақат як комиссияи интихобот шуда метавонад.
Моддаи 19. Ташкили кори комиссияҳои интихобот
Ҷаласаи комиссияи интихобот дар сурате босалоҳият шуморида мешавад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссия иштирок карда бошад. "Ҳамаи ҷаласаҳои комиссияҳои интихобот ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас мебошанд". Қарори комиссия бо овоздиҳии ошкоро ва аз нисф зиёди аъзои ҳузурдоштаи комиссия қабул мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Узви комиссия, ки бо қарори комиссия рози нест, ҳуқуқ дорад фикри махсуси худро хатти баён кунад, ки он ба протоколи маҷлис замима карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо овози раиси ҷаласа ҳалкунанда аст (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).
Мақомоти давлати ва ҳизбҳои сиёси, корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияҳои интихобот дар иҷрои ваколатҳояшон ёри расонанд, маълумоти барояшон зарурбударо дастраси онҳо кунанд. Комиссияи интихобот ҳуқуқ дорад, ки аз рӯи масъалаҳои тайёри ва гузаронидани интихобот ба мақомоти давлати, ҳизбҳои сиёси ва идтиҳодияҳои ҷамъияти, ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, ба мансабдорон муроҷиат кунад ва онҳо уҳдадоранд, ки масъалаи ба миён гузошташударо барраси карда, ба комиссияи интихобот дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз ҷавоб диҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).
Раис, муовини раис, котиб ё дигар узви комиссияи интихобот бо қарори комиссия дар давраи тайёри ва гузаронидани интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсоли ва ё хидмати метавонанд озод бошанд. Дар ин сурат музди миёнаи меҳнат дар ҷои кори асосиаш нигоҳ дошта мешавад ё музди миёнаи меҳнати ӯ бо тартиби муқарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, пардохт мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Комиссияҳои ҳавзави ва участкавии интихобот фаъолияти худро баъди интихоби аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон қатъ мекунанд.
Моддаи 20. Баррасии шикоятҳо аз хусуси қарори комиссияҳои интихобот
Мақомоти ҳизбҳои сиёси, ки номзадҳоро пешбари кардаанд, худи номзадҳо, шахсони боэътимод, мушоҳидон ва интихобкунандагон ба комиссияҳои болоии интихобот ё ба суд аз хусуси қарорҳои комиссияҳои интихобот дар давоми даҳ рӯзи пас аз қабул гардидани қарорҳо шикоят карда метавонанд. Аз хусуси қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми даҳ рӯзи баъд аз қабул шудани қарор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят баъди расиданаш дар давоми се рӯз ва агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад, бояд фавран барраси карда шавад.
III. ҲАВЗАҲО ВА УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТ
Моддаи 21. Ташкили ҳавзаҳои интихобот
Барои интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳавзаҳои ҳудудии интихобот ташкил карда мешаванд.
Дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоботи аъзои Маҷлиси милли панҷ ҳавзаи интихоботи бисёрмандати, аз ҷумла якҳавзаги дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури дар якҷояги як ҳавза ташкил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 18.07.2017 № 1452).
Қароргоҳи комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзоёни Маҷлиси милли дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо мувофиқан марказҳои вилоятҳо - шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва шаҳри Қурғонтеппа, барои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури шаҳри Душанбе ба ҳисоб мераванд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи ҳудудии якмандати ва барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рӯйихаташон аз тарафи ҳизбҳои сиёси пешбари шудааст, як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви ташкил карда мешаванд.
Меъёри шумораи интихобкунандагони ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси барои ҳар як интихобот бо роҳи тақсими шумораи умумии интихобкунандагони ҷумҳури ба шумораи ҳавзаҳои ташкилёбандаи ҳудудии якмандата муайян карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44, аз 14.03.2014 № 1065, аз 21.02.2018 № 1508).
Ҳавзаҳои интихоботро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси таъсис медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Ҳангоми ташкил намудани ҳавзаҳои интихобот талаботи зерин дар назар дошта мешавад:
1) шумораи тақрибан баробари интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихобот бо 15 фоиз каму зиёдии шумораи интихобкунандагон, дар ноҳияҳои дурдаст бошад, то 20 фоиз иҷозат дода мешавад.
2) ҳавзаҳои интихобот ҳудуди ягонаро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури ташкил медиҳанд. Ташкили ҳавзаҳои интихобот аз ҳисоби маҳалҳои ба ҳам ҳамҳудуд набуда мумкин нест (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).
Дар сурати риояи талаботи дар бандҳои 1,2 зикршудаи ин модда, чун қоида тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурси рӯйхати ҳавзаҳои интихоботро бо зикри ҳудуд ва шумораи интихобкунандагони онҳо ва қароргоҳи комиссияҳои ҳавзавии интихобот баъд аз панҷ рӯзи таъйини интихобот чоп мекунад.
Моддаи 22. Тартиб ва меъёри ташкили участкаҳои интихобот
Ба мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои интихобкунандагон ҳудуди шаҳр, ноҳия, ноҳияҳои тобеи шаҳрҳоро ба назар гирифта, участкаҳои интихобот ташкил карда мешаванд. Ҳудуди участкаи интихобот набояд аз ҳудуди ҳавзаи интихобот берун бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Участкаҳои интихобот дар назди намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷи воқеанд, дар санатория, хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва муассисаҳои дигари доимии муолиҷави, дар ҷои буду боши шаҳрвандон, дар маҳалҳои дурдасту душворгузар, дар маҳалҳое, ки мутобиқи ҷои воқеъгаштаашон ба ҳавзаҳои интихоботи дохиланд, ташкил шуда метавонанд. Масъалаи ба ҳавзаи интихобот вобаста кардани участкаҳои интихоботро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси ҳал мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).
Участкаҳои интихобот аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии интихобот бо пешниҳоди раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо ташкил карда мешаванд.
Хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Участкаҳои интихобот дар давоми бисту панҷ рӯзи баъди таъйини интихобот ташкил карда мешаванд. Дар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷи воқеанд, инчунин дар маҳалҳои дурдаст ва душворгузар участкаҳои интихобот дар мӯҳлати мазкур ва дар ҳолатҳои истиснои камаш даҳ рӯз пеш аз интихобот ташкил карда мешаванд.
Участкаҳои интихобот дар маҳалҳое, ки на камтар аз 20 нафар ва на зиёдтар аз 3000 нафар интихобкунандагон доранд, ташкил карда мешаванд.
Раиси шаҳр, ноҳия дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба ташкили участкаҳои интихобот дар муддати се рӯз ҳар як участкаи интихоботро барои гузаронидани интихобот ройгон бо бино таъмнн менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Комиссияи ҳавзавии интихобот, интихобкунандагонро аз ҳудуди ҳар участкаи интихобот хабардор карда, қароргоҳи комиссияи участкаи интихобот ва бинои овоздиҳиро зикр мекунад.
IV. РӮЙХАТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Моддаи 23. Рӯйхати интихобкунандагон ва тарзи тартиб додани он
Рӯйхати интихобкунандагон оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳар участкаи интихобот тартиб дода мешавад ва ба он раис ва котиби комиссияи участкавии интихобот имзо ва муҳр мегузоранд. Комиссияи участкавии интихобот барои тартиб додани рӯйихат намояндагони аҳли ҷамъиятро ҷалб карда метавонад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шумораи интихобкунандагонро ба ҳисоб гирифта, ба комиссияҳои участкавии интихобот дар бораи интихобкунандагоне, ки дар ҳудуди дахлдор зиндаги мекунанд, барои тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон маълумоти даркори медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Барои дохил кардан ба рӯйхати интихобкунандагон дар ҳавзаи муайяни интихобот далели истиқомат дар ҳудуди ҳавзаи интихобот асос мебошад.
Рӯйхати интихобкунандагон аз рӯи алифбо ё тарзи дигар, ки барои овоздиҳи муносиб аст, тартиб дода мешавад.
Дар рӯйхат насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд (синни 18-сола бо иловаи рӯзу моҳи таваллуд) ва суроғаи интихобкунанда нишон дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Рӯйхати интихобкунандагон камаш 15 рӯз баъд аз ташкили комиссияҳои участкавии интихобот тартиб дода мешавад.
Рӯйхати вакилони интихобкунандаро комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли бо пешниҳоди раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури 15 рӯз пеш аз интихобот тартиб дода, ба он раис ва котиби комиссия имзо ва муҳр мегузоранд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Рӯйхати вакилони интихобкунанда аз рӯи алифбо ё тарзи дигар тартиб дода шуда, дар он ному насаб, соли таваллуд, номи мақомоте, ки интихобкунанда вакили он мебошад ва суроғаи вакилии интихобкунанда нишон дода мешавад.
Ба рӯйхати интихобкунандагон баъди саршавии ҳисобкунии овозҳо тағйирот даровардан манъ аст.
Рӯйхати интихобкунандагоне, ки низомиёни қисмҳои ҳарби мебошанд, инчунин аъзои оилаҳои низомиён ва интихобкунандагони дигар, ки дар маҳалли қисмҳои ҳарби истиқомат доранд, дар асоси маълумоти пешниҳодкардаи командирони қисмҳои ҳарби тартиб дода мешавад. Низомиёне, ки берун аз қисмҳои ҳарби истиқомат доранд, ба рӯйхати интихобкунандагони маҳалли истиқомат дар асосҳои умуми дохил карда мешаванд.
Рӯйхати интихобкунандагони участкаҳои интихобот, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷи, дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доими ташкил шудаанд, дар асоси маълумотҳое тартиб дода мешавад, ки роҳбарони муассисаҳои мазкур пешниҳод кардаанд.
Моддаи 24. Тартиби ба рӯйхати интихобкунандагон дохил намудани шаҳрвандон
Ба рӯйхати интихобкунандагон ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот 18-сола шудаанду ҳангоми тартиб додани рӯйхат дар ҳудуди участкаи дахлдори интихобот ба таври доими ё муваққати истиқомат мекунанд ва ҳуқуқи интихоботи доранд, дохил карда мешаванд.
Интихобкунанда ба рӯйхати интихобкунандагони фақат як участкаи интихобот дохил карда мешавад.
Интихобкунандае, ки дар ҳудуди участкаи дахлдори интихобот истиқомат мекунаду бо ягон сабаб ба рӯйхат дохил карда нашудааст, бо қарори комиссияи участкавии интихобот ба он дохил карда мешавад.
Ба рӯйхати вакилони интихобкунанда оид ба интихоботи Маҷлиси милли вакилони мақомоти зерин дохил карда мешаванд:
1) вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо ва шаҳрҳои дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо воқеъ буда, ҳамчунин вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065);
2) вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъбуда ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;
3) вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Моддаи 25. Бо рӯйхати интихобкунандагон шиносонидани шаҳрвандон ва ҳуқуқи шикоят кардан аз хусуси саҳву хатои рӯйихат
Рӯйхати интихобкунандагон барои шиносоии умуми понздаҳ рӯз пеш аз интихобот ва дар участкаҳои интихобот, ки дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷи, дар санаторияҳо ва хонаҳои истироҳат, беморхона ва табобатгоҳҳои дигари доими, дар маҳалҳои дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, панҷ рӯз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешавад.
Рӯйхати вакилони интихобкунанда оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси милли барои шиносои тавассути воситаҳои ахбори маҳалли ҳафт рӯз пеш аз интихобот пешниҳод карда мешавад.
Ба шаҳрвандон имконият дода мешавад, ки бо рӯйхати интихобкунандагон дар бинои комиссияи интихобот шинос шуда, дуруст тартиб дода шудани онро тафтиш кунанд.
Ба ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дода мешавад, ки аз хусуси ба рӯйхат дохил намудан, нодуруст ба рӯйхат дохил кардан ё аз рӯйхат баровардан, инчунин аз хусуси саҳву хатои маълумот оид ба интихобкунанда шикоят кунад. Комиссияи участкавии интихобот аризаро дар бораи саҳву хатои рӯйхат барраси мекунад ва он вазифадор аст, ки аризаро дар давоми ду рӯз ва дар арафа ва рӯзи интихобот бошад, фавран дида баромада, ба рӯйхат ислоҳоти зарури дохил кунад ё ба аризадиҳанда нусхаи қарори асоснокро аз хусуси рад карда шудани аризааш супорад. Аз хусуси қарори комиссияи участкавии интихобот бо тартиби муқаррашуда ба суд шикоят кардан мумкин аст. Қарори суд қатъист. Комиссияи участкавии интихобот мувофиқи қарори суд ба рӯйхати интихобкунандагон ислоҳ медарорад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Моддаи 26. Таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар вақти дигар кардани маҳалли зист
Агар интихобкунанда дар давраи барои шиносоии умуми пешниҳод кардани рӯйхати интихобкунандагон ва то рӯзи интихобот имконият надошта бошад, ки дар маҳалли зисташ бошад (дар сафари хизмати, табобатгоҳ рафтан ва ҳамин гуна сабабҳои дигар), ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти вайро тасдиқ мекунад, аз комиссияи ҳавзавии интихобот бюллетени интихоботро талаб намояд, нисбати номзад иродаи худро изҳор кунад, лифофаи сарбастаро ба комиссияи интихобот супорад. Комиссияи ҳавзавии интихобот инро дар рӯйхати интихобкунандагон бо зикри сана қайд мекунад. Лифофаи сарбаста дар ҳузури интихобкунанда муҳр карда мешавад. Комиссияи интихобот барои сариштаи лифофа масъул аст (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
V. ПЕШБАРИ, БАҚАЙДГИРИ ВА КАФОЛАТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ НОМЗАДҲО
Моддаи 27. Таъини интихоботи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон камаш 75 рӯз пеш аз ба охир расидани ваколатҳои аъзои Маҷлиси Олии даъвати қабли таъин карда мешавад. Интихоботи Маҷлиси милли 25 рӯз баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон гузаронида мешавад.
Дар сурати пеш аз мӯҳлат парокандашавии Маҷлиси Оли дар мавридҳои пешбиникардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 80 рӯзи баъди парокандашави интихоботро ба Маҷлиси Оли таъйин мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).
Дар бораи рузи интихобот дар мӯҳлати се рӯз баъд аз таъини он тавассути матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммави хабар дода мешавад.
Амал ё даьвате, ки барои вайрон кардан, бекор намудан ё ба вақти дигар гузарондани интихобот, фаъолият ва расмиёти интихоботии муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур равона шудааст, манъ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Моддаи 28. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон
Вакили Маҷлиси намояндагон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва забони давлатиро донад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).
Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст:
- 65 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагон (41 нафар) аз ҳавзаҳои якмандати интихоб карда мешаванд;
- 35 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагон (22 нафар) аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви мутаносибан ба шумораи овозҳое, ки ба рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёси пешниҳодгардида дода шудаанд, интихоб карда мешаванд.
Моддаи 29. Интихобот ва таъин намудани аъзои Маҷлиси милли
Аъзои Маҷлиси милли ба мӯҳлати 5 сол интихоб ва таъин карда мешаванд.
Маҷлиси милли иборат аст аз 25 нафар аъзо, ки онҳо дар асоси намояндагии манфиатҳои минтақави интихоб мешаванд, аз президентҳои собиқ, агар онҳо аз ин ҳуқуқашон даст накашида бошанд ва 8 нафар аъзои дигар, ки онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мӯҳлати ваколати Маҷлиси милли таъйин мекунад.
Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси милли (25 нафар) дар асоси намояндагии манфиатҳои ҳудудҳо аз тарафи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд. Аъзоёни мазкур бо шумораи баробар 5 нафари аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҳар як вилоят, шаҳри Душанбе ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури якҷоя интихоб мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси милли мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).
Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро (8 нафар) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад.
Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва забони давлатиро донад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452).
Аъзои Маҷлиси милли, ки аз тарафи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интихоб мешаванд, бояд дар ҳудуди ҳавзаҳои дахлдор истиқомати доими дошта бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Моддаи 30. Ҳукуки пешбарии номзадҳо
Барои пешбари намудани номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон ҳизбҳои сиёси, инчунин шаҳрвандон бо роҳи худпешбари ҳуқуқ доранд.
Ҳизбҳои сиёси метавонанд шахсонеро ҳам, ки аъзои ҳизбҳои сиёси намебошанд, номзад пешниҳод кунанд.
Ҳизбҳои сиёси ба шарте номзадро ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбари карда метавонанд, агар онҳо ба тартиби муқарраркардаи қонун то рӯзи таъини интихобот дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд ва дар бораи сарчашмаи даромадашон ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.
Ҳуқуқи пешбарии номзадҳоро ба аъзогии Маҷлиси милли Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Моддаи 31. Тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон
Пешбари намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот 60 рӯз пеш аз интихобот, аз рӯи рӯйхати номзадҳо бошад, баъд аз таъйини интихобот cap шуда, 45 рӯз пеш аз интихобот ба охир мерасад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Пешбарии номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои интихоботии якмандати аз ҳизбҳои сиёси аз тарафи мақомоти шаҳри (ба истиснои мақоми ҳизбии шаҳри Душанбе), ноҳиявии ҳизбҳои сиёси дар пленумҳои (конференсияи) онҳо бо зикри ҳавзаи интихоботи, ки номзадашон пешбари мешавад, сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Дар ин пленуми (конференсияи) ҳизбҳои сиёси аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот ҳуқуқ доранд иштирок намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Мақомоти шаҳрию ноҳиявии ҳизбҳои сиёси ба ҳар як ҳавзаи интихоботие, ки дар ҳудуди шаҳр ва ноҳия воқеъ гардидааст, як номзади пешбари мекунанд. Қарор дар бораи пешбарии номзад ба таври пинҳони қабул карда мешавад.
Дар мавриде, ки ҳудуди ҳавзаи интихобот ҳудуди ду ва зиёда ноҳия ва шаҳрро дарбар гирад, пешбарии номзадҳо аз ҳизбҳои сиёси ба ин ҳавза дар пленумҳои (конференсияҳои) якҷояи ноҳияви ва шаҳрии ҳизб сурат мегирад. Дар ин ҳолат ба ин ҳавза як номзад пешбари карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1452, аз 21.02.2018 № 1508)
Тартиби пешбари кардани номзади вакили Маҷлиси намояндагонро ҳизбҳои сиёси муқаррар мекунад. Дар бораи пешбарии номзади вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳизби сиёси қарор қабул мегардад ва протокол тартиб дода мешаванд. Дар қарор инҳо сабт мегарданд: номи қарор ва мақом, сана, ҷой, ном ва рақами ҳавзаи интихоботи, ҳалли масъалаи баррасишуда, имзои раисикунанда ва муҳр. Протокол масоили зеринро дар бар мегирад: номи мақом, сана ва ҷой, шумораи аъзои мақом, шумораи иштирокчиён, масъалаи баррасишуда, ном ва рақами ҳавзаи интихоботи, пешниҳодот оид ба номзадҳо, муҳокимаи номзадҳо, шакли овоздиҳи, натиҷаи овоздиҳи, матни қарори қабулшуда, имзои раисикунанда ва котиби маҷлис, муҳр. Дар бораи қарори қабулшудаи ҳизби сиёси ба номзади вакили Маҷлиси намояндагон камаш дар давоми ду рӯз хабар медиҳад.
Рӯйхати номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви аз тарафи ҳизбҳои сиёси дар анҷумани (конференсияҳои) онҳо пешбари карда мешавад.
Рӯйхати номзадҳо ва тартиби ҷобаҷокунии номзадҳоро дар рӯйхат ҳизби сиёси муайян мекунад. Рӯйхати номзадҳо ва тартиби ҷобаҷокунии номзадҳо дар рӯйхат баъд аз пешниҳод намудани он ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси тағйир дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои хориҷ шудани номзад аз рӯйхат.
Шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёси мувофиқи рӯйхат пешниҳод мешаванд, набояд аз 45 фоизи миқдори умумии вакилони Маҷлиси намояндагон зиёд бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёси пешниҳодшуда, протокол ва қарори анҷумани (конференсияи) ҳизби сиёси, ки дар он рӯйхати номзадҳо пешбари шудаанд, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси пешниҳод карда мешавад. Дар қарор инҳо сабт мешаванд: номи мақом ва қарор, сана ва ҷой, ҳалли масъалаи баррасишуда, имзои раисикунанда ва муҳр. Рӯйхати номзадҳои пешбаришуда ба қарор замима мегардад. Протокол масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: номи мақом, сана ва ҷой, шумораи аъзои мақом, шумораи иштирокчиён, масъалаи баррасишуда, пешниҳодот оид ба номзадҳо, муҳокимаи номзадҳо, шакли овоздиҳи, натиҷаи овоздиҳи, матни қарори қабулшуда, имзои раисикунаида, котиби маҷлис ва муҳр.
Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи сиёсиро дида баромада, ба ҳизби сиёси дар муддати панҷ рӯзи кори нусхаи рӯйхати тасдиқкардаашро ва ё қарори асосноки худро дар бораи рад кардани тасдиқи рӯйхати мазкур медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 15.07.2004 № 44).
Дар мавриди тасдиқ накардани рӯйхати номзадҳо ҳизби сиёси метавонад дар давоми 10 рӯзи пас аз қабул гардидани қарор ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд ва Суди Оли уҳдадор аст, ки дар муддати на дертар аз 6 рӯз шикоятро мавриди барраси қарор диҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018 № 1508).
Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурси рӯйхати номзадҳо ҳизбҳои сиёсии дар интихобот аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурияви иштироккунандаро дар воситаҳои ахбори омма интишор менамояд.
Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот ба тартиби худпешбари бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба овоз мондани номзадии ӯ сурат мегирад. Номзад бояд барои тарафдории худ на камтар аз 500 имзои интихобкунандагони ин ҳавзаро ҷамъ намояд. Ҳар интихобкунанда бояд ба тарафдории фақат як номзад аз ҳавзаи маҳали истиқомати худ имзо гузорад. Дар варақаҳои имзогузори насаб, ном ва номи падар, номзад ва шахси ташаббускори номзад, ҷои истиқомат, серия ва рақами шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти шахси ташаббускорро тасдиқ мекунад, рақами тартиби, насаб, ном ва номи падари, рӯз, моҳ ва соли таваллуд, шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти имзогузорандаро тасдиқ мекунад, силсила ва рақами он ҳуҷҷатҳои истиқомат, имзои шахси имзогузоранда ва таърихи имзои варақа сабт мегарданд. Намунаи варақаи имзогузориро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси муайян мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065, аз 21.02.2018 № 1508).
Моддаи 32. Тартиби пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси милли
Пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси милли даҳ рӯз баъд аз интихоботи Маҷлиси намояндагон огоз ёфта, 7 рӯз пеш аз интихоботи Маҷлиси милли ба охир мерасад.
Номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси милли дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо дар сурати мавҷуд будани кворум пешбари карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Қарори иҷлосия дар бораи пешбарии номзад бо аксарияти овози вакилони Мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ба таври пинҳони қабул карда шуда, дар давоми 3 рӯз ба номзад хабар дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд танҳо як номзадро аз ҳавзаи интихоботие, ки худ дар он воқеъ гардидаанд, пешбари кунанд. Мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он метавонанд на зиёда аз ду номзадро аз ҳавзаи интихоботие, ки худ дар он воқеъ гардидаанд, пешбари кунанд. Зимнан якчанд мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд як номзадро пешбари намоянд Қонуни конст. ҶТ аз 14.03.2014 № 1065).
Дар ҳолати пешбари нашудани ягон номзад ё аз шумораи муқарраргардида камтар будани шумораи номзадҳои пешбаришуда ва ё то ба қайд гирифтани номзадҳои пешбаришуда онҳо номзадии худро гирифтаанд, ё хориҷ гардидаанд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот бо қарори худ мӯҳлати пешбарии номзадҳоро на зиёдтар аз 30 рӯз дароз менамояд.
Моддаи 32 (1). Гарави интихоботи
Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот пеш аз бақайдгирӣ ва баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот муайян намудани мувофиқати ӯ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур, аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва шуъбаҳои он ба миқдори 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад. Дар ин бора аз ҷониби бонки мазкур фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.2018