ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1808 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1831 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1845 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

-A A +A
Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Ҷум, 10/01/2020 - 14:44

 

Замимаи 1
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 ноябри соли 2014, № 288
тасдиқ шудааст,
бо тағйиру иловаҳо аз 13.01.2017, № 813 

 

НИЗОМНОМАИ
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Муқаррароти умумӣ

1. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, (минбаъд – Марказ) муассисаи давлатии илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. 

2. Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад. 

3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, Нишони худ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо бо сабти номи худ, молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, баланси мустақил ва суратҳисоби махсус буда, метавонад аз номи худ шартномаҳо баста, ҳуқуқи молу мулкӣ ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ё ҷавобгар баромад намояд.

4. Номи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– бо забони тоҷикӣ:

пурра: Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

мухтасар: ММҚ

– бо забони русӣ:

пурра: Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан.

мухтасар: НЦЗ 

5. Суроғаи ҳуқуқии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734024, ш. Душанбе, кӯчаи академик А. Адҳамов, 13. 

2. Вазифаҳои асосӣ

6. Вазифаҳои асосии Марказ инҳо мебошанд:

– таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, консепсияи лоиҳаҳои қонунҳо, пешниҳод намудани онҳо тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, инчунин таҳия ва татбиқи технологияҳои муосири таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ;

– таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ташаббуси худ;

– таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳое, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд;

– гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ;

– таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ;

– пешбурди феҳристи ягонаи таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили он;

– мусоидат ба инкишофи илми ҳуқуқ, пешниҳоди таклифҳо ба ташкилотҳои дахлдор оид ба мавзӯъҳои таҳқиқотӣ дар соҳаи ҳуқуқ;

– таҳияи тавсияҳо дар бораи истифодаи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва мусоидат ба татбиқи амалии онҳо;

– таҳия намудани лоиҳаҳои нақшаҳои мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани онҳо ба мақомоти дахлдор;

– гузаронидани таҳқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– бо мақсади мураттабсозии қонунгузорӣ, дар асоси гузаронидани инвентаризатсияи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёр кардани пешниҳоду таклифҳо барои ба танзим даровардани он;

– ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба инкишофи таҳқиқотҳои илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқ, дигар шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳои ба Марказ вогузоргардида;

– иштирок дар иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои илмии давлатӣ ва байнидавлатӣ, амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ба Марказ вогузоргардида;

– таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бемамониати он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ;

– фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– такмил ва коркарди истилоҳоти ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ ва ҳангоми зарурият тарҷумаи он ба забонҳои хориҷӣ;

– таҳия ва интишори тафсири илмию амалии кодексҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин маводҳои ҳуқуқӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва фурӯши онҳо;

– тибқи қонунгузорӣ ба роҳ мондани таъсиси нашрияи чопӣ ва фаъолияти нашриявӣ;

– бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаи тахассусии илмии кормандони Марказ, бо истифода аз грантҳои байналмилалӣ ва дастгирии молиявии муассисаву ташкилотҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ба роҳ мондани бозомӯзии илми-амалии онҳо дар кишварҳои дигар;

– амалӣ намудани амалиётҳо вобаста ба ташкил ва пешбурди сомона дар интернет;

– таъсиси китобхонаи электронии ҳуқуқӣ ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ;

– иштирок дар ташкил ва амалинамоии мубодилаи байнидавлатии иттилооти ҳуқуқӣ;

– тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро анҷом медиҳад. 

7. Барои амалӣ намудани вазифаҳои худ Марказ ҳуқуқ дорад:

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти давлатӣ, дигар ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки барои фаъолияташ заруранд дархост намояд ва гирад;

– дар асоси муроҷиати мақомоти давлатӣ тибқи шартнома лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар маводҳои ҳуқуқиро таҳия намояд;

– дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, инчунин бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаҳо бандад;

– бо иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳо, дигар марказҳо ва институтҳои хориҷӣ робитаҳои илмӣ ба роҳ монад;

– барои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гуруҳҳои корӣ таъсис диҳад ва дар мувофиқа бо роҳбарони мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо кормандони онҳоро ба ин гуруҳҳои корӣ шомил намояд;

– конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, семинарҳо ва мизҳои мудавварро оид ба проблемаҳои актуалии сиёсати ҳуқуқӣ, давлатдорӣ ва такмили қонунгузорӣ гузаронад;

– дар асоси созишнома ва шартнома ташкил ва гузаронидани курсҳои бозомӯзии соҳаҳои гуногуни қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳ монад;

– тибқи қонунгузорӣ аспирантура ва докторантураро таъсис медиҳад. 

3. Сохтор ва идоракунии Марказ

8. Низомнома ва сохтори Марказ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. 

9. Роҳбари Марказ Директор мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. 

10. Муовини аввал ва муовини Директор бо пешниҳоди Директори Марказ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. 

11. Директори Марказ:

– дар доираи шумораи воҳидҳои муқаррарнамуда ва тибқи сохтори тасдиқгардида, басти вазифаҳо ва харҷномаи Марказро тасдиқ мекунад;

– вобаста ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, вазифаҳои муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Марказро муқаррар менамояд;

– кормандони Марказро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

– аз номи Марказ бе пешниҳоди ваколатнома баромад менамояд, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, инҷунин бо мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳимоя менамояд;

– аз номи Марказ шартномаҳо мебандад;

– дар доираи ваколатҳои худ фармонҳо қабул менамояд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад;

– басти вазифаҳо ва ҳайати маъмурию идоракунии Марказро ташкил намуда, тибқи тартиботи муқарраршуда функсия ва вазифаҳои онҳоро муайян месозад;

– Низомномаи Шӯрои илмии Марказро тасдиқ менамояд;

– дигар салоҳиятҳоро, тибқи ҳамин Низомнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. 

12. Дар Марказ Шӯрои илмӣ созмон дода мешавад. Раиси Шурои илмӣ Директори Марказ мебошад. Ба ҳайати Шӯрои илмӣ муовинони Директор, котиби илмӣ, олимони Марказ, инчунин олимони Академияи илмҳо, мактабҳои олӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар дохил мегарданд. 

13. Шӯрои илмии Марказ самтҳои асосии фаъолияти илмӣ таҳқиқотиро муайян месозад, нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Марказ, барномаҳои корҳои илмӣ, усулҳои тадқиқоти мавзӯъ ва проблемаҳои муҳимтаринро баррасӣ ва тасдиқ менамояд, натиҷаҳои корҳои илмиро баррасӣ намуда, ба онҳо баҳо медиҳад, барои дар амал ҷорӣ кардани хулосаҳо пешниҳод менамояд, масъалаҳои тарбия ва бозомӯзонидани кадрҳо, такмили ихтисоси онҳоро баррасӣ менамояд, олимони Марказро тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ менамояд. 

14. Раиси Шӯрои илмии Марказ роҳбарони мавзӯъҳои илмӣ - таҳқиқотиро таъин мекунад. 

15. Дар давраи набудани Директори Марказ вазифаҳояшро бо супориши ӯ яке аз муовинонаш иҷро мекунад. 

4. Моликият ва фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ

16. Маблағгузории фаъолияти Марказ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонугузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. 

17. Молу мулки Марказ аз фондҳои асосӣ ва маблағҳои гардон, инчунин аз дигар ашё, ки арзиши онҳо дар тавозуни мустақили он сабт гардидааст, иборат мебошад. 

5. Баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ 

18. Марказ баҳисобгирии муҳосибавӣ ва омориро пешбурд намуда, мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд. 

19. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Марказ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад