ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
953
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
19.03.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 196;

Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., №1296)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва дигар асосҳои тайёрии варзиширо муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур нисбат ба муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ё соҳибкорони инфиродӣ, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд, татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- барномаи тайёрии варзишӣ - ҳуҷҷате, ки барои тайёр кардани варзишгарон тибқи талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ таҳия гардида, самтҳои асосӣ ва шароити тайёрии варзиширо дар ҳар як зинаи он муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- тайёрии варзишӣ - фаъолияти мақсаднок оид ба тайёр кардани варзишгарон ба мусобиқаҳои варзишӣ бо роҳи ташаккул ва такмили маҳорати варзишии онҳо, ки мувофиқи талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ ва барномаҳои тайёрии варзишӣ амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- муассисаи тайёрии варзишӣ - ташкилоти ғайритиҷоратии давлатӣ ва хусусӣ, ки намуди асосии фаъолияти онро тайёрии варзишӣ ташкил менамояд ва он ба амалӣ намудани барномаҳои тайёрии варзишӣ равона карда шудааст;

- стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ - маҷмӯи талаботи таҳия ва тасдиқшудаи тайёрии варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиш (ба истиснои варзиши амалию ҳарбӣ, амалию хизматӣ ва намудҳои варзиши миллӣ), ки барои муассисаҳои амаликунандаи тайёрии варзишӣ ҳатмӣ мебошанд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёрии варзишӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёрии варзишӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ ва кафолатҳои давлатии татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи тайёрии варзишӣ

 

1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё соҳибкорони инфиродие, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд;

- фароҳам овардани шароит ба муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин соҳибкорони инфиродӣ ҷиҳати дастрасии баробари тайёрии варзишӣ;

- дастгирии баробари давлатӣ нисбат ба муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд;

- ҳаматарафа вусъат бахшидан ба рушди фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тайёрии варзишӣ;

- таъмини иттилоотию илмии тайёрии варзишӣ;

- таъмини дастрасии тайёрии варзишӣ барои маъюбон, шахсони имкониятҳои ҷисмонӣ ва равонияшон маҳдуд ва дигар шахсоне, ки ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шудаанд.

2. Ба шаҳрвандон озодии интихоби намуди варзиш, муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд, кафолат дода мешавад.

3. Тартиб, шакл ва андозаи дастгирии давлатии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ 2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ

 

Моддаи 5. Субъектони соҳаи тайёрии варзишӣ

 

Ба субъектони соҳаи тайёрии варзишӣ инҳо мансубанд:

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ);

- мақоми ваколатдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ;

- муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд;

- ташкилотҳои илмӣ ва тиббӣ, ки фаъолияти онҳо ба таъмини тайёрии варзишӣ алоқаманд мебошад;

- варзишгароне, ки дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд, аз тайёрии варзишӣ мегузаранд;

- кормандони муассисаҳои тайёрии варзишӣ, аз ҷумла мураббиён ва дигар мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд;

- соҳибкорони инфиродӣ, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ

 

Дар соҳаи тайёрии варзишӣ мақоми ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- таҳияи барномаҳои давлатии тайёрии варзишӣ ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо;

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ;

- ташкили тайёрии варзишии варзишгарон ва номзадҳо ба дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои варзиш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- таҳия ва тасдиқи стандартҳои давлатӣ (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- тасдиқи барномаҳои тайёрии варзишӣ дар асоси пешниҳоди федератсияҳои варзишӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишӣ  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- гузаронидани аттестатсия ва додани дараҷа ва унвонҳои тахассусӣ ба кормандон (мураббиён) ва роҳбарони муассисаҳои давлатии тайёрии варзишӣ;

- таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоту либос ва асбобу анҷоми варзишӣ;

- таъминоти илмию методӣ ва тиббӣ;

- назорати манъи истифодаи маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг) дар варзиш;

- ташкили таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ;

- муқаррар намудани тартиби татбиқи назорати фаъолияти муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд;

- таъмини кафолати давлатии татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи тайёрии варзишӣ;

- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тайёрии варзишӣ

 

Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тайёрии варзишӣ аз инҳо иборатанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ дар маҳал;

- ташкили тайёрии варзишии варзишгарон - аъзои дастаҳои мунтахаби варзишии маҳаллӣ;

- таъсиси муассисаҳои тайёрии варзишии маҳаллӣ, таъминоти молиявӣ ва моддию техникии онҳо;

- мусоидат кардан ба фаъолияти субъектони соҳаи тайёрии варзишӣ дар маҳал;

- ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

 

Моддаи 8. Вазифаҳои асосии тайёрии варзишӣ

 

Вазифаҳои асосии тайёрии варзишӣ аз инҳо иборатанд:

- ҳавасманд гардонидани варзишгарон барои муваффақ шудан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ;

- робитаи мутақобилаи тайёрии варзишӣ ва фаъолияти мусобиқавӣ;

- робитаи мутақобилаи тайёрии варзишӣ ва тарбияи ҷисмонӣ;

- таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд;

- ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои хоси инфиродӣ, имкониятҳои вазифавӣ ва вазъи саломатии варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд;

- пайдарпайӣ ва муттасилии амалӣ намудани тайёрии варзишӣ;

- ҳавасманд гардонидани кормандони (мураббиёни) муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои комёбиҳои варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои расмии варзишии умумиҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои расмии варзишии байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ муваффақ шудаанд;

- тарғиби тарзи ҳаёти солим.

 

Моддаи 9. Таъмини тайёрии варзишӣ

 

1. Тайёрии варзишӣ дар зинаҳои зерин амалӣ крада мешавад:

– варзишӣ–солимгардонӣ;

– тайёрии ибтидоии варзишӣ;

– машқӣ–варзишӣ;

– мукаммалгарднии маҳорати варзишӣ;

– варзиши маҳорати олӣ  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

2. Мазмуни тайёрии варзишӣ дар ҳар як зина бо барномаҳои тайёрии варзишӣ муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

3. Ташкили тайёрии варзишӣ бе истифодаи барномаҳои тайёрии варзишии тасдиқшуда иҷозат дода намешавад.

4. Ташкили тайёрии варзишӣ чорабиниҳои машқӣ (гурӯҳӣ ё инфиродӣ), мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои барқарорсозии ҷисмониро дар бар мегирад.

5. Дохил кардан ба давраи дахлдори тайёрии варзишӣ ва гузаронидан ба дигар зинаи тайёрии варзишӣ танҳо бо розигии варзишгарон бо шарти иҷро намудани талаботе, ки барномаҳои тайёрии варзишӣ пешбинӣ менамоянд, амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

 

Моддаи 10. Барномаҳои тайёрии варзишӣ

 

1. Дар барномаҳои тайёрии варзишӣ оид ба сатҳи маҳорати варзишии варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, ташкили гурӯҳҳои машқӣ, реҷа ва ҳаҷми машқҳои иловагӣ дар зинаҳои тайёрии варзишӣ стандартҳои давлатӣ муқаррар карда мешаванд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

2. Барномаҳои тайёрии варзишӣ аз тарафи муассисаҳои тайёрии варзишӣ бо назардошти стандартҳои давлатӣ татбиқ карда мешаванд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

3. Муассисаҳои тайёрии варзишӣ метавонанд барномаҳои намунавии тайёрии варзиширо аз рӯи намудҳои алоҳидаи варзиш, ки мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ намудааст, истифода намоянд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

4. Тартиб, мӯҳлат ва шакли татбиқи барномаҳои тайёрии варзиширо муассисаҳои тайёрии варзишӣ мустақилона муқаррар менамоянд.

 

Моддаи 11. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои тайёрии варзишӣ

 

1. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои тайёрии варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Фаъолияти муассисаҳои тайёрии варзишӣ бо назардошти талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаҳои тайёрии варзишӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст ва оинномаи муассисаҳои тайёрии варзишӣ, ки дар асоси низомномаи намунавӣ таҳия гардидааст, танзим карда мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаи тайёрии варзишӣ

 

1. Муассисаи тайёрии варзишӣ шахси ҳуқуқие мебошад, ки дар соҳаи тайёрии варзишӣ фаъолияти молиявӣ, хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ амалӣ менамояд.

2. Муассисаи тайёрии варзишӣ ҳуқуқҳои зеринро дорад:

- барои амалӣ намудани фаъолияти оинномавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳои иловагии молиявӣ ва воситаҳои моддиро ҷалб намояд;

- интихоб, ба кор қабул намудан ва ҷобаҷогузории кадрҳоро ба роҳ монад, сохторро муқаррар кунад, фаъолияти идоракуниро анҷом диҳад, басти корӣ (штат)-ро тасдиқ кунад,  музди меҳнати кормандон, аз ҷумла иловапулӣ ба маошҳои вазифавӣ, тартиб ва андозаи мукофотонидани онҳоро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд;

- тайёрии варзиширо мутобиқи оинномаи муассиса ва стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ мустақилона амалӣ намояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- аз номи худ ё аз номи дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мусобиқаҳои расмии варзишӣ иштирок кунад;

- варзишгаронро барои гузаштан аз  тайёрии варзишӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур ва низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаи тайёрии варзишӣ ва санадҳои меъёрии дохилии муассисаи тайёрии варзишӣ мустақилона интихоб намояд;

- дар мавриди иҷро накардани талаботи пешбининамудаи стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои тайёрии варзишии зинаҳои дахлдор варзишгаронро хориҷ кунад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- фаъолияти дигарро, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва бо оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ пешбинӣ гардидааст, амалӣ намояд.

3. Муассисаи тайёрии варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор мебошад:

- дар ҳаҷми пурра барномаҳои тайёрии варзиширо татбиқ намояд;

- талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ ва тартиби муқаррарнамудаи таъминоти тиббии варзишгаронеро, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, риоя кунад;

- қоидаҳои манъи истифодаи маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг)-ро дар варзиш риоя кунад;

- бехатарии ҳаёт ва саломатии варзишгаронеро, ки аз тайёрии варзишӣ дар муассисаи тайёрии варзишӣ мегузаранд ва кормандони (мураббиёни) худи муассисаро таъмин намояд;

- ӯҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.

4. Муассисаҳои тайёрии варзишӣ доир ба натиҷаи фаъолияти худ ҳисоботи омориро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебаранд.

 

Моддаи 13. Оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ

 

1. Оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ бояд дорои маълумотҳои зерин бошад:

а) номи муассисаи тайёрии варзишӣ бо нишон додани шакли ташкилию ҳуқуқии он;

б) маҳалли ҷойгиршавии мақоми идоракунии муассисаи тайёрии варзишӣ;

в) намудҳои варзише, ки оид ба онҳо тайёрии варзишӣ амалӣ карда мешавад;

г)  сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаи тайёрии варзишӣ, аз ҷумла дар қисми:

- истифодаи молу мулки муассисаи тайёрии варзишӣ;

- маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти муассисаи тайёрии варзишӣ;

- амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ё дигар фаъолияти даромаднок аз тарафи муассисаи тайёрии варзишӣ;

- манъи бастани шартномаҳое, ки оқибатҳои онҳо ба бегонашавии молу мулки муассисаи тайёрии варзишӣ ё молу мулки аз ҳисоби маблағи ин муассиса харидашуда, ки моликияти муассиса мебошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тартиби ихтиёрдории молу мулке, ки муассиса аз ҳисоби даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва ё дигар фаъолияти даромадноки ба даст овардааш харидорӣ намудааст;

д) тартиби идоракунии  муассисаи тайёрии варзишӣ, аз ҷумла:

- ваколатҳои муассиси (муассисони) муассисаи тайёрии варзишӣ;

- сохтор, тартиби ташкили мақомоти идоракунии муассисаи тайёрии варзишӣ, ба роҳ мондани фаъолият ва ваколатҳои онҳо;

- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ;

е) тартиби аз нав ташкил намудан ё барҳам додани муассисаи тайёрии варзишӣ;

ё) ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектони раванди тайёрии варзишӣ;

ж) маълумот дар бораи филиалу намояндагиҳои муассисаи тайёрии варзишӣ;

з) номгӯйи санадҳои меъёрии дохилӣ, ки фаъолияти муассисаи тайёрии варзиширо муайян менамоянд;

к) тартиби тасдиқи санадҳои меъёрии дохилӣ, ки асоси ташкили  тайёрии варзиширо муқаррар менамоянд, аз ҷумла:

- қоидаи қабул ва интихоби варзишгарон барои гузаштан аз тайёрии варзишӣ;

- тартиб ва асос барои пеш аз мӯҳлат қатъ кардани шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ бо варзишгароне, ки аз ин тайёрӣ мегузаранд;

- номгӯи маълумоте, ки вобаста ба амалӣ намудани тайёрии варзишӣ махфӣ мебошанд;

л)  дигар маълумотҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

2. Оинномаи муассисаи тайёрии варзиширо муассиси (муассисони) муассисаи тайёрии варзишӣ тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 14. Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ

1. Аз тайёрии варзишӣ гузаштани варзишгар дар асоси шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ, ки байни варзишгар ё намояндаи қонунии ӯ ва муассисаи тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё соҳибкорони инфиродӣ, ки ба тайёрии варзишӣ машғуланд, ба имзо расонида мешаванд, амалӣ мегардад.

2. Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ мутобиқи талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти шартномаи намунавӣ, ки шакли он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидааст, ба имзо расонида мешаванд.

3. Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ шартҳои ҳатмии зеринро дар бар мегирад:

- оид ба зинаҳои тайёрии варзишӣ ва пардохти маблағи тайёрии варзишӣ, агар дар шартнома тайёрии варзишии ройгон пешбинӣ нашуда бошад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- дар бораи маълумот оид ба мавҷудияти шартномаи суғуртаи ҳаёт ва саломатии варзишгар;

- дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо, аз ҷумла варзишгаре, ки аз номи даста ва муассисаи тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё соҳибкорони инфиродие, ки дастаро ташкил додаанд ё аз номи дастаи мунтахаби варзишии сатҳи дахлдор баромад мекунанд, агар ӯҳдадории мазкур дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ байни варзишгар ва муассисаи тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё соҳибкорони инфиродӣ дар як вақт бо шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ пешбинӣ нашуда бошад;

- дар бораи номгӯи маълумоте, ки вобаста ба амалӣ намудани тайёрии варзишӣ махфӣ мебошанд;

- оид ба ҷавобгарии тарафҳо, асосҳо ва тартиби тағйир ва қатъ намудани шартнома.

 

БОБИ 3. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ

МУАССИСАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ

 

Моддаи 15. Таъминоти молиявии фаъолияти муассисаи тайёрии варзишӣ

 

1. Таъминоти молиявии фаъолияти муассисаи давлатии тайёрии варзишӣ бо назардошти хароҷоти нигоҳдории молу мулки ғайриманқуле, ки ба ин муассиса тааллуқ дорад, инчунин аз тарафи муассиси (муассисони) он ё муассисаи тайёрии варзишӣ аз ҳисоби маблағи ҷудокардаи муассис (муассисон) амалӣ карда мешавад.

2. Таъминоти молиявии фаъолияти муассисаи давлатии тайёрии варзишӣ аз ҳисоби буҷети сатҳи дахлдор амалӣ карда мешавад.

3. Тартиби маблағгузории фаъолияти муассисаи хусусии тайёрии варзиширо муассиси (муассисони) он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

4. Муассисаи давлатии тайёрии варзишӣ ҳуқуқ дорад тайёрии варзиширо аз рӯи шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ бо пардохти арзиши он аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ илова ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатии сатҳи дахлдор барои гузаштани варзишгарон аз тайёрии варзишӣ дар ҳаҷми ба муассис (муассисон) мувофиқашуда амалӣ намояд. Муассисаи тайёрии варзишӣ масъалаҳо оид ба бастани шартномаҳо, муайян намудани ӯҳдадориҳо ва дигар шартҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи мазкур мухолифнабударо  мустақилона ҳал менамояд.

 

Моддаи 16. Таъминоти илмию методӣ ва тиббии тайёрии варзишӣ

 

1. Таъминоти илмию методӣ ва тиббии тайёрии варзиширо ташкилотҳои илмӣ ва тиббӣ, инчунин сохторҳои таркибии дахлдори муассисаҳои тайёрии варзишӣ амалӣ менамоянд.

2. Муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё соҳибкорони инфиродие, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд, барои таъминоти тиббии варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, бо тартиби хизматрасонии тиббии тайёрии варзишии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқарраркардашуда дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ шароит муҳайё менамоянд.

3. Тартиби таъминоти илмию методии тайёрии варзишӣ аз тарафи муассисаи тайёрии варзишӣ мустақилона муайян карда мешавад.

 

Моддаи 17. Фаъолияти инфиродӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ

 

Фаъолияти инфиродие, ки дар соҳаи тайёрии варзишӣ бо мақсади ба даст овардани фоида амалӣ карда мешавад, фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобида мешавад. Шахсони воқеӣ, ки чунин фаъолиятро анҷом медиҳанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати соҳибкорони инфиродӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд

 

1. Варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ пешбинишуда истифода менамоянд.

2. Варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, ҳуқуқ доранд:

- аз иншооти варзишии муассисаи тайёрии варзишӣ, инчунин аз таҷҳизоту либос ва асбобу анҷоми варзишӣ истифода намоянд, агар дар шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ ҳолати дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

- барномаи тайёрии варзиширо аз рӯйи як ё якчанд намуди варзиш дар ҳаҷми муқаррарнамудаи барномаҳои тайёрии варзишӣ мутобиқи талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ азхуд намоянд;

- бо хизматрасонии тиббии босифат таъмин карда шаванд.

3. Варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, ӯҳдадоранд:

- шартҳои шартномаро дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ риоя намоянд;

- талаботи барномаҳои тайёрии варзиширо риоя намоянд;

- қоидаҳои манъи истифодаи маводҳои барангезандаю нерӯафзо  (допинг)-ро дар варзиш риоя кунанд ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назорат оид ба истифодаи ин мавод гузаранд;

- маълумотҳои мазмунашон бо оиннома ва санадҳои меъёрии дохилии муассисаи тайёрии варзишӣ, инчунин шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ муайянкардашударо махфӣ нигоҳ доранд.

4. Таҳқиқоти илмӣ ва тиббӣ дар рафти гузаштани тайёрии варзишии варзишгар танҳо бо розигии хаттии ӯ амалӣ шуда метавонанд.

5. Корфармо ӯҳдадор аст дар асоси аризаи хаттии корманде, ки аз тайёрии варзишӣ мегузарад, ба ӯ рухсатии бемузди меҳнатӣ баробар ба 30 рӯзи тақвимӣ дар як сол барои аз худ намудани барномаҳои тайёрии варзишии зарурӣ бо мақсади иштироки ӯ дар мусобиқаҳои варзишӣ дар асоси даъватномаи муассисаи тайёрии варзишӣ пешниҳод намояд.

6. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ӯҳдадоранд дар асоси аризаи хаттии таълимгирандае, ки аз тайёрии варзишӣ мегузарад, ба ӯ рухсатии баробар ба 30 рӯзи тақвимӣ дар як сол бо мақсади иштироки ӯ дар мусобиқаҳои варзишии зарурӣ дар асоси даъватномаи муассисаи тайёрии варзишӣ пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 19. Муносибатҳои меҳнатии кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзишӣ

 

1. Муносибатҳои меҳнатии кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзиширо қонунгузорӣ оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

2. Дар вақти иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзишӣ ҳуқуқ доранд усулҳои тайёрии варзишӣ, дастурҳои методӣ ва маводи тасдиқкардашударо мутобиқи барномаҳои тайёрии варзишӣ озодона интихоб намоянд.

3. Ғайр аз асосҳои бо қонунгузорӣ оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида асосҳои қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманди (мураббии) муассисаи тайёрии варзишӣ шуда метавонанд:

- дар давоми як сол такроран ва дағалона вайрон кардани оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ;

- истифодаи зӯроварӣ, аз ҷумла, ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, нисбат ба шахсияти варзишгаре, ки аз тайёрии варзишӣ мегузарад;

- риоя накардани қоидаҳои манъи истифодаи маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг) дар варзиш.

4. Ба кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзишӣ барои комёбиҳои варзишгароне, ки ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои расмии байналмилалии варзишӣ муваффақ шудаанд, бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ мукофотпулӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 20. Тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, аттестатсияи кормандон (мураббиён) ва роҳбарони муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва ба онҳо додани дараҷа ва унвонҳои тахассусӣ

 

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ роҳбарии тайёрии касбӣ ва бозомӯзии кормандони соҳаи тайёрии варзишӣ, аз ҷумла тайёрии касбӣ ва бозомӯзии мураббиёнро амалӣ намуда, шумораи қабулро барои муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки тайёрии касбӣ ва бозомӯзии чунин кормандонро амалӣ менамоянд, муқаррар карда, инчунин такмили ихтисоси ин кормандонро ташкил менамояд.

2. Барои кормандон (мураббиён) ва роҳбарони муассисаҳои тайёрии варзишӣ, кормандони (мураббиёни) дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аттестатсия гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи он ба кормандон (мураббиён) ва роҳбарони мазкур дараҷа ва унвонҳои тахассусӣ дода мешавад.
3. Тартиби умумии гузаронидани аттестатсия, додани дараҷа ва унвонҳои тахассусӣ ба кормандон (мураббиён) ва роҳбарони муассисаи тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Эмомалӣ РАҲМОН
               ш. Душанбе, 19 марти соли 2013,

№ 953