ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
89
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.03.2005

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)

Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар ба танзим дароварда, табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

- гендер - ҷанбаи иҷтимоии муносибатҳои байни мардону занон, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, ҳуқуқ, фарҳанг, маориф ва илм зоҳир мегардад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);

- сиёсати гендерӣ - фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятие, ки ба таъмини баробарии муносибатҳои мутақобилаи мардон ва занон равона шудааст;

- баробарҳуқуқӣ - ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти баробари мардон ва занон дар назди қонун;

- баробарии гендерӣ - баробарии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, ки ба ҳарду ҷинс озодона инкишоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иштирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва азхудкунии натиҷаи он имконият медиҳад;

- имконияти баробар - таъмини шароити якхела барои амалигардонии ҳуқуқи мардону занон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз рӯи принсипҳои умумии эътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);

- табъизи ҷинсӣ - ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ аз рӯи аломати ҷинсӣ(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Моддаи 3. Манъи табъизи ҷинсӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)

Табъизи мардону занон аз рӯи ҷинс манъ аст(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Вайронкунии принсипе, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст, (гузаронидани сиёсати давлатӣ ё содир кардани амалиёти дигаре, ки мардону занонро аз рӯи ҷинс дар мавқеи нобаробар қарор медиҳад), табъизи ҷинсӣ шуморида мешавад ва бояд бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур бартараф карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Чораҳои зерин табъизи ҷинсӣ намебошанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);

- чораҳои махсуси ҳифзи саломатии мардону занон;

- муҳофизати махсуси занон вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак;

- чораҳои амалӣ гардонидани нуқтаҳои Қонуни мазкур.

Моддаи 3(1). Принсипҳои асосии таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)

Кафолатҳои давлатии баробарҳукуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- қонуният;

- баробарҳуқуқии мардону занон;

- нораво будани табъиз аз рӯи ҷинс;

- ошкорбаёнӣ ва шаффофият (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Моддаи 4. Вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таъмини имкониятҳои баробари мардону занон (баробарии гендерӣ)

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд:

- омӯзиши гендерии хизматчиёни давлатии ҳамаи мақомотро тавассути системаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои дастгоҳи идораҳои давлатӣ мунтазам ба роҳ монанд;

- барои амалигардонии имконияти баробари мардону занон, аз он ҷумла ба воситаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эҳё ва эҷод кардани расму оин ва гузаронидани чорабиниҳои дигари мушаххас, бартараф намудани сабабу шартҳои ба баробарҳуқуқии комил халалрасонанда мусоидат намоянд;

- барномаҳои махсуси рафъи табъиз аз рӯи ҷинсро таҳия ва дар ҳаёт ҷорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);

- ба барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мустаҳкам кардани пойдории ҷомеа ва нақшаҳои минтақавии амалиёт оид ба инкишофи соҳаи иҷтимоӣ, дар баробари дигар чораҳо, инчунин чораҳои таъмини баробарии гендериро ҳамроҳ кунанд.

Моддаи 5. Иштироки баробари мардону занон дар идоракунии давлатӣ

Давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Давлат баробарии мардону занонро дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд.

Моддаи 6. Кафолатҳои давлатии таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи маориф ва илм

Муассисаҳои маориф ва илмии ҳамаи шаклҳои моликият вазифадоранд:

- ба мардону занон барои таҳсилоти асосии умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, ҳамаи намудҳои таълими касбӣ ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълимӣ ва илмӣ шароити баробар фароҳам оваранд;

- курсҳои махсуси таълими гендерӣ ҷорӣ намуда, ба инкишофи таҳқиқот барои масъалаҳои баробарҳуқуқии мардону занон, маърифатнокии гендерии шаҳрвандон мусоидат кунанд;

- барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиеро, ки тарғиби табъизро аз рӯи ҷинс истисно менамоянд, истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);

- барои духтарон ва писарони деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҳангоми дохил шудан ва давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ шароити имтиёзнок муҳайё намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Амали ин модда ҷараёни таълим ва такмили ихтисоси муассисаҳои таълимии ҳарбиро низ фаро мегирад.

Моддаи 7. Баҳисобгирии вазъияти оилавии мардону занон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва меҳнатӣ

Ҳангоми қабул ба кор, болоравӣ дар хизмат, таълими касбӣ, муқаррар намудани низоми меҳнат, инчунин аз кор озод кардани кормандон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқ ва кафолатҳои мардону занон ва вазъияти оилавӣ бояд ба назар гирифта шавад.

Корфармо вазифадор аст барои мардону занон, аз он ҷумла вобаста ба танаффуси иҷозатдодаи қонунгузорӣ дар фаъолияти меҳнатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини тифл, адои хизмати ҳарбӣ тибқи даъват, иҷрои дигар вазифаҳои давлатӣ системаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дошта бошад.

БОБИ 2. КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ МАРДОНУ ЗАНОН ҲАНГОМИ АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ҲУҚУҚИ ИНТИХОБОТ

Моддаи 8. Таъмини имкониятҳои баробари иштироки мардону занон дар интихобот

Системаи интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардону занон барои иштирок дар раванди сиёсӣ ҳуқуқҳои баробари интихобот ва кафолатҳои онро таъмин менамояд.

Моддаи 9. Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми ташкили комиссияҳои интихобот

Ҳангоми ташкили ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ принсипи конститутсионии баробарии ҳуқуқ ва баробарии имкониятҳои мардон ва занон ба асос гирифта мешавад.

БОБИ 3. КАФОЛАТҲОИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 10. Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ва адои хизмат

Ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, инчунин адои он ба муқаррар кардани ягон хел маҳдудияти бавосита ё бевосита ё афзалияти вобаста ба ҷинс роҳ дода намешавад.

Роҳбарони мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори дахлдор вазифадоранд қабули баробари шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ мувофиқи қобилият ва тайёрии касбӣ новобаста ба ҷинсияти довталаб таъмин намоянд.

Барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ, ки бо роҳи гузаронидани озмунҳо сурат мегирад, иштироки мардону занон бо шартҳои баробар таъмин карда мешавад.

Ба эълон кардани озмунҳо танҳо барои намояндагони як ҷинс роҳ дода намешавад.

Моддаи 11. Таъмини иштироки баробари мардону занон дар озмунҳо барои ишғоли вазифаҳо дар хизмати давлатӣ

Озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хизмати давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронида мешаванд.

Ба зиммаи хадамоти кадрҳои мақомоти давлатӣ вазифаи ба комиссияҳои озмунҳо ба ғайр аз ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ва тайёрии касбии шахсони иштирокчии озмун ва пешниҳод намудани дигар маълумоте, ки қонун талаб мекунад, инчунин далелҳо дар бораи таносуби шумораи мардону занони коркунанда дар вазифаҳои дахлдори мақомоти давлатӣ гузошта мешавад.

Чунин маълумот аз ҷониби ҳадамоти кадрҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, болоравӣ дар хизмат, зиёд кардани маош пешниҳод карда мешаванд.

БОБИ 4. КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАР БАРОИ МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОҲАИ ИҶТИМОӢ - ИҚТИСОДӢ

Моддаи 12. Вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва роҳбарони ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият вазифадоранд баробар дастрас будани захираҳои иқтисодии ҷамъиятро барои мардону занон, аз ҷумла дастрас будани амволи манқул ва ғайриманқул, замин, дороии молиявӣ, кредитҳо, ҳамчунин фаъолияти соҳибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадҳои қонунгузорӣ манънашударо таъмин намоянд.

Моддаи 13. Мусоидат ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ

Бо мақсади мусоидат кардан ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ корфармо (роҳбари мақоми давлатӣ, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият) корҳои зеринро ба ҷо меоварад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941):

- барои мардону занон ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатӣ имкониятҳои баробар муҳайё менамояд;

- ба мардону занон ҷойҳои (вазифаҳои) холии корро баробар дастрас мегардонад;

- барои мардону занон ҳангоми иҷрои кори якхела ё коре, ки қиматаш баробар аст, музди меҳнати (мукофоти) баробар медиҳад;

- барои такмили ихтисос, бозомӯзӣ, болоравӣ дар хизмат имконияти баробар муҳайё менамояд;

- шароити якхелаи бехатарии меҳнатро, ки барои ҳаёт ва саломатии ҳам мардон ва ҳам занон зарур аст, таъмин менамояд.

Моддаи 14. хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)

Моддаи 15. Кафолати баробарии гендерӣ дар мавриди ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон

Дар сурати ба таври оммавӣ аз кор озод намудани коргарони ташкилот бояд таносуби шумораи маъмулии кормандони ин ташкилоту муассисаҳо аз рӯи ҷинсҳо риоя карда шавад.

Моддаи 16. Ба шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ворид кардани чораҳои таъмини имкониятҳои баробари мардону занон

Ҳангоми танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ тавассути шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ба онҳо ворид кардани нуктаҳое ҳатмист, ки баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон, беҳтар намудани шароитро барои мутобиқ гардондани ӯҳдадориҳои касбӣ ва оилавии онҳо таъмин намояд.

Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, дигар намояндагони кормандон, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадоранд рафти иҷрои ин шартномаю созишномаҳоро назорат намоянд.

Моддаи 17. Мушоҳидаҳои назоратӣ (мониторинг) оид ба риояи баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ

Мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили системаноки вазъи таъмини баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, пешгӯии тағйири вазъ, дар мавриди зарурат, барои таҳияи чораҳои пешгирӣ ва рафъи далелҳои табъизи ҷинсӣ, инчунин барои тайёр намудани таклифҳо оид ба ташкили барномаҳои иҷтимоии давлатӣ ба таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар ин соҳа мушоҳидаи (мониторинги) доимӣ ташкил менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Натиҷаи мушоҳидаҳои назоратӣ дар воситаҳои ахбори омма инъикос карда мешавад.

БОБИ 5. МЕХАНИЗМИ ТАЪМИНИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар доираи салоҳияти худ:

- мақомоти ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендериро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

- сиёсати ягонаи давлатиро дар бобати ноил шудан ба баробарии иҷтимоии мардону занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян мекунад ва иҷрои онро таъмин менамояд;

- барномаҳои мақсадноки (соҳавии) ҷумҳуриявиро дар бобати таъмини баробарҳуқуқии ҷинсҳо тартиб медиҳад ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад;

- фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар бобати ҳимоя ва таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, масъалаҳои интихоб кардан ва ба мансабҳои масъулиятнок таъин намудани занон, тарбияи насли навраси кадрҳои роҳбарикунандаро, аз ҷумлаи занону духтарон ба роҳ мемонад ва назорат мекунад.

Моддаи 19. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ риояи Қонуни мазкурро мушоҳида менамояд ва ҳисоботи ҳарсоларо оид ба риояи Қонуни мазкур дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад.

Моддаи 20. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

Иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки бо мақсади амалигардонии принсипи конститутсионии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон ташкил ёфтаанд, ҳуқуқ доранд:

- дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба масъалаҳои таъмини имкониятҳои баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ иштирок намоянд;

- дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ аз номи мардону занон намояндагӣ ва ҳуқуқҳояшонро ҳимоя кунанд.

Моддаи 21. Назорати давлатии риояи қонунгузорӣ оид ба баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо равона гардидаанд, аз ҷониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

1 марти соли 2005 № 89