ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 21/01/2021 - 16:30
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
631
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
21.07.2010
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, № 7, мод. 563)
 (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1354, аз 17.12.2020 № 1747)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар раванди Ташаккулёбӣ, банақшагирӣ, гузаронидани аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботи аудиторӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- аудити дохилӣ - фаъолияти мустақил ва объективӣ оид ба гузаронидани санҷиш, баҳодиҳӣ ва машваратдиҳии низомҳои идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат намудан ба фаъолияти қонунӣ, самаранок ва натиҷабахши ташкилотҳои бахши давлатӣ анҷом дода мешавад;
- аудитори дохилӣ - хизматчии давлатӣ, ки аудити дохилиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;
- супориши аудиторӣ - супориши муайян барои гузаронидани таҳқиқоти аудитӣ, ки аз амали санҷишӣ ва ё машваратӣ иборат мебошад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- мақсади супориши аудиторӣ - таҳияи хулосаи объективӣ ва мустақил оид ба фаъолият ва натиҷаҳои идоракунии таваккал, сифати татбиқ ва самарабахшии низоми идоракунии молиявӣ ва назорат, риояи қонунгузорӣ ва иҷрои нақшаи корхона, муассиса ва ташқилотҳо (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- намудҳои супориши аудиторӣ - аудити низом, аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аудити молиявӣ, аудити фаъолият ва аудити технологияи иттилоотӣ (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- аудити низом - санҷиш ва баҳодиҳии мутобиқат ва самаранокии низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1747) ;
- аудити мувофиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - санҷиш ва баҳодиҳии мувофиқати фаъолияти ташкилот оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаи фаъолиятро танзим менамояд;
- аудити молиявӣ - омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва низоми баҳисобгирии объекти аудит, ки ба аудитор имкон медиҳад хулосаи худро оид ба таҳия шудани ҳисоботи молиявӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад;
- аудити фаъолият - санҷиш ва баҳодиҳии барномаҳо, чорабиниҳо, амалиётҳо, инчунин сохти низоми ташкилот бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои самаранокӣ, даромаднокӣ ва натиҷанокӣ, ки аз ҷониби субъект ва объекти таҳти аудит қарордошта амалӣ карда мешаванд;
- аудити технологияи иттилоотӣ - санҷиш ва баҳодиҳии мувофиқати технологияи иттилоотӣ ва ҳифзи низоми бехатарӣ, ки бо мақсади таъмин намудани махфиятнокӣ, пуррагии низом, бехатарӣ ва дастрасии иттилоот гузаронида мешаванд (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1747). 
- ташкилотҳои бахши давлатӣ - корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки ба моликияти давлатӣ тааллуқ дошта, аз буҷети давлатӣ маблаљгузорӣ мешаванд (тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагон ва маблаљгирандагони буҷетӣ (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- ёрии машваратӣ - пешниҳоди тавсияҳо, хулосаҳо, изҳори ақидаҳо, омӯзиш ва тавзеҳот, ки барои инкишофи ҷараёни идоракунӣ ва назорати таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, таъин гардидаанд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
 
Моддаи 3. Доираи амал ва мақсадҳои Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур амали аудити дохилиро дар ташкилотҳои бахши давлатӣ муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
2. Мақсадҳои Қонуни мазкур инҳо мебошанд:
- муайян намудани принсипҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;
- муқаррар намудани механизми татбиқи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ.
 
Моддаи 4. Принсипҳо ва меъёрҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Фаъолияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ амалӣ карда шуда, ба принсипҳои ошкорбаёнӣ, қонуният, низомнокӣ ва нақшавӣ асос меёбад. Аудиторҳои дохилӣ фаъолияти худро тибқи талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳо бо риояи принсипҳои мустақилият ва бељаразӣ, салоҳият ва касбияти воқеӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва махфият амалӣ менамоянд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
 
Моддаи 5. Таъиноти асосии аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
Аудити дохилӣ ба ташкилотҳои бахши давлатӣ дар иҷрои самаранок ва натиҷабахши вазифаҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин мусоидат мекунад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354):
1) Ошкор намудан ва баҳодиҳии таваккал дар ташкилотҳои бахши давлатӣ;
2) Баҳодиҳии мувофиқат ва самаранокии низоми идоракунии молия ва назорат аз нуқтаи назари:
- ҳаммонандкунӣ, баҳодиҳӣ ва идоракунии таваккал аз ҷониби роҳбарияти ташкилотҳои бахши давлатӣ;
- риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ ва љайришартномавӣ (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1747) ;
- боэътимод ва ҳаматарафа будани иттилооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ;
- судмандӣ, самаранокӣ ва сарфакорӣ;
- таъмини амнияти дороиҳо ва ҳуҷҷатҳо;
- иҷрои вазифаҳо ва ноил шудан ба мақсадҳо.
3) Таҳия намудани тавсияҳо оид ба такмили фаъолияти ташкилотҳои бахши давлатӣ, инчунин анҷом додани мушоҳидаи иҷрои мувофиқи онҳо (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
 
БОБИ 2.
 АУДИТОРҲОИ ДОХИЛИИ ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
 
Моддаи 6. Талабот оид ба таъин намудани аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
1. Ба вазифаи аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ, на камтар аз се сол аз рӯи ихтисосаш собиқаи корӣ дошта, инчунин ҷавобгӯи дигар талаботи тахассусии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таъин карда мешавад.
2. Мансаби холии аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишљол карда мешавад.
 
Моддаи 7. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354)
1. Аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ чунин ҳуқуқҳо доранд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354):
- гирифтан ва санҷидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва иттилоот, инчунин аз шахсони мансабдори тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандаҳо ва маблаљгирандагони буҷетӣ талаб кардани тавзеҳоти барои гузаронидани аудити дохилӣ зарур (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- гузаронидани санҷиши сохтор ва тарафҳои бо ташкилоти бахши давлатӣ алоқаҳои берунадошта, ки маблаљҳои давлатиро истифода ё ихтиёрдорӣ мекунад;
- изҳори мулоҳизаи мустақил оид ба фаъолият ва самаранокии идоракунии молиявӣ ва низоми назорати дохилӣ;
- дар ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва дигар иттилооти муҳиме, ки ба ташаккули мавқеи воқеии аудитор таъсир мерасонад, аз гузаронидани санҷиш ва ё изҳори мулоҳизаи худ дар ҳисобот худдорӣ намояд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.
2. Ҳангоми гузаронидани аудит, аудиторҳои дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ уҳдадоранд аст, ки муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалии аудити дохилӣ ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторҳоро риоя намояд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354, аз 17.12.2020 № 1747).
3. Аз ҷониби аудитори дохилӣ истифода гардидани ҳуқуқи худ бо мақсади расонидани зарар ба шахси дигар, инчунин суиистифода аз ин ҳуқуқҳо дар фаъолияти аудиторӣ манъ аст.
4. Дар амалҳои худ аудиторҳои дохилӣ ӯҳдадоранд, ки мустақил, бељараз, салоҳиятнок ва поквиҷдон бошанд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
5. Аудиторҳои дохилӣ вазифадоранд аз паҳннамоии иттилооти дар раванди фаъолияти касбӣ ба онҳо дастрасшуда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун иҷозат медиҳад, худдорӣ намоянд.
 
БОБИ 3.
МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ОИД БА АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354)
 
Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдор) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдор инҳо дохил мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354):
- сиёсати назорати молиявии дохилӣ ва аудити дохилиро дар ташкилотҳои бахши давлатӣ дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи байнамилалии аудити дохилӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ менамояд;
- барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявӣ ва назорат фармон интишор мекунад, ки иҷрои он аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои бахши давлатӣ, ҳатмӣ мебошад;
- ҳар сол таҳқиқоти таҳлилии фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтори аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатиро анҷом медиҳад;
- ёрии машваратиро барои ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ, вобаста ба дархосташон таъмин менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолиятро оид ба омӯзонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва бозомӯзии аудиторҳои дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ анҷом медиҳад;
- тартиб ва усулҳои ташкили санҷиши тахассусӣ оид ба гирифтани сертификати "Аудитори дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ"-ро муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- Кодекси одоби касбии аудиторони дохилӣ ва стандартҳои миллии аудити дохилиро таҳия ва тасдиқ менамояд (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1747);
- тартиб ва қоидаҳои гузаронидани супоришҳои аудиториро муқаррар менамояд;
- низомнома ва дастурамалҳои мансабии намунавии аудиторони дохилиро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- ҳамкории аудити дохилиро бо аудити беруна ва мақомоти назоратию санҷишӣ ҳамоҳанг месозад;
- низоми аудити дохилиро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таъмин менамояд (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1747);
- махзани маълумоти воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ва феҳристи аудиторонеро, ки бомуваффақият аз санҷиши тахассусии аудиторҳои дохилӣ дар бахши давлатӣ гузаштаанд, пеш мебарад;
- дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, аудити дохилиро мегузаронад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- ваколатҳои дигареро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, анҷом медиҳад.
2. Роҳбарони ташкилотҳои бахши давлатӣ уҳдадоранд, ки дастрасии аудиторони дохилии мақоми ваколатдорро ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани аудит, мушоҳидаи идоракунии молиявӣ ва назорат заруранд, таъмин намоянд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354, аз 17.12.2020 № 1747).
 
Моддаи 9. Гузориши таҳлилӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354)
1. Ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ҳар сол, на дертар аз 1 апрел ба мақоми ваколатдор оид ба иҷрои нақшаи аудити соли гузашта гузориши таҳлилиро пешниҳод мекунанд, ки он бояд иттилооти зеринро дар бар гирад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354):
- супориши аудитории иҷрошуда, ҳолатҳое, ки дар онҳо маҳдудкунии доираи супориши аудиторӣ ҷой доштанд ва сабабҳои эҳтимолии иҷро нашудани нақша (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- хулосаҳои асосӣ нисбат ба амали низоми идоракунии молиявӣ ва назорати бахши давлатӣ ва тавсияҳо оид ба такмил додани фаъолияти он;
- ҳолатҳои ошкоршудаи вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- пешниҳодҳо оид ба рушди аудити дохилӣ.
2. Гузориши таҳлилии солона бояд аз ҷониби роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ тасдиқ карда шавад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
3. Мақомоти ваколатдор ҳар сол, на дертар аз 1 май фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилиро барои соли гузашта ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши таҳлилӣ пешниҳод мекунад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
 
БОБИ 4. 
ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРИ АВВАЛИ ТАШКИЛОТИ БАХШИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АУДИТИ ДОХИЛӢ
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354)
 
Моддаи 10. Вазифаҳои роҳбари ташкилотҳои бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354)
1. Роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, барои таъмини фаъолияти он тибқи меъёрҳои дар Қонуни мазкур муқарраргардида ва ба таври дахлдор иҷро намудани вазифаҳои худ нисбат ба аудити дохилӣ масъул мебошад.
2. Ба вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ дорад, инҳо дохил мешаванд:
- тасдиқи нақшаи солона ва дарозмуддати санҷиш, инчунин нақшаи такмили ихтисоси кормандони воҳиди сохтории аудити дохилӣ;
- тасдиқи нақшаи амалиёти ҷорӣ оид ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тавсияҳои дар ҳисоботи аудит пешниҳодгардида;
- қабули қарор оид ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии тавсияҳои пешниҳоднамудаи аудиторҳо;
- баррасии ҳисоботи таҳлилии солона оид ба гузаронидани аудити дохилӣ;
- пешниҳод намудани иттилоот ба мақомоти дахлдор оид ба қонунвайронкуниҳои ошкоршуда;
- таъмин намудани захираҳои дахлдори моддию техникӣ ва молиявӣ барои татбиқи нақшаи солона ва дарозмуддати аудит (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
 
Моддаи 11. Вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надорад
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354)
1. Роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надорад, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба гузаронидани аудит аз тарафи мақоми ваколатдор масъул мебошад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
2. Корманди ваколатдори мақоми ваколатдор ҳангоми гузаронидани аудит амалҳои худро бо роҳбари ин ташкилот мувофиқа мекунад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
3. Ба вазифаҳои роҳбари ташкилоти бахши давлатие, ки воҳиди сохтории аудити дохилӣ надоранд, дохил мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354):
- мусоидат намудан дар фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гузаронидани аудити дохилӣ;
- ба кормандони ваколатдори мақоми ваколатдор пешниҳод намудани иттилооти дархостшудае, ки барои гузаронидани аудит зарур аст (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- иштирок намудан дар арзёбии таваккалҳо;
- тасдиқ намудани нақшаҳои амалиётӣ ва қабул намудани қарорҳои дахлдор оид ба иҷрои зарурӣ ва саривақтии тавсияҳое, ки дар ҳисоботи аудиторӣ пешниҳод шудаанд.
 
БОБИ 5.
ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ БАХШИ ДАВЛАТӢ
 
 Моддаи 12. Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
(ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1747)
Тартиби таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1747).
 
Моддаи 13. Доираи амали аудити дохилӣ
1. Доираи амали аудити дохилӣ барои ҳар як ташкилоти бахши давлатӣ нисбати дигар ташкилот ва сохторҳое (барномаҳо ва лоиҳаҳое) маҳдуд карда мешавад, ки захираҳои онҳо аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори бахши давлатӣ ё ташкилотҳои дигар назорат карда мешавад ва худашон дорои воҳиди сохтории аудити дохилӣ буда, аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаљгузорӣ мешаванд.
2. Дар ташкилотҳои бахши давлатие, ки дар тобеияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд ва пурра аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблаљгузорӣ карда мешаванд, аудити дохилӣ аз ҷониби аудиторҳои дохилии мақомоти маҳаллии молия мувофиқи дастурҳои методии мақоми ваколатдор амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
3. Ба тақсимкунандагони асосии маблаљҳои буҷетӣ зарур аст, ки ҳангоми банақшагирии фаъолияти воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ риояи тобеияти байни ташкилотҳои гуногуни бахши давлатиро ба инобат гиранд ва ба такроршавии функсияҳои назоратии онҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳ надиҳанд.
4. Санҷишҳои сохтор ва тарафҳои беруна нисбат ба ташкилоти бахши давлатӣ, ки маблаљҳои буҷетиро мегирад, ё ихтиёрдорӣ мекунад, аз рӯи зарурат, баъди тасдиқи сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, инчунин дар асоси мувофиқа бо роҳбарияти ин сохтор ва тарафҳо, гузаронида мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
5. Сохтор ва тарафҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бояд ба фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ алоқаманд бошанд ё ба сифати тақсимкунандаи асосии маблаљҳои буҷетӣ баромад намоянд ё тақсимкунандаи маблаљҳои барномаҳои байналмилалӣ ва фондҳое бошанд, ки дар доираи кӯмаки расмӣ расонида мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
 
Моддаи 14. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ
1. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисоботдиҳанда ва нисбат ба дигар сохторҳои тобеи тақсимкунандаи асосии маблаљҳои буҷетӣ дар банақшагирии кори худ, иҷрои аудити дохилӣ ва таҳияи ҳисоботҳои аудиторӣ мустақил мебошад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
2. Воҳиди сохтории аудити дохилӣ оид ба ташкил ва дастгирии низоми назорати дохилии ташкилотҳои бахши давлатӣ ёрии машваратӣ расонида, нақшаҳои солона ва дарозмуддати фаъолияти худро бо назардошти нақшаи таълими касбии аудиторҳои дохилӣ таҳия менамояд.
 
Моддаи 15. Ӯҳдадориҳои асосии воҳиди сохтории аудити дохилӣ
Воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин уҳдадориҳо дорад (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1747) :
- дар асоси баҳодиҳии таваккал нақшаҳои солона ва дарозмуддати гузаронидани аудити дохилиро омода мекунад;
- оид ба мушоҳидаи иҷрои нақшаи солона ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод мекунад;
- оид ба кори иҷрогардида ҳар сол ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;
- баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ ва мувофиқати онро бо мақсадҳои ташкилоти бахши давлатӣ анҷом медиҳад;
- баҳодиҳии воқеият ва дурустии иттилооти муҳими иҷтимоиро анҷом медиҳад;
- ба мувофиқати фаъолияти сохторҳои таркибии ташкилоти бахши давлатӣ бо муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо медиҳад;
- самаранокии фаъолияти ташкилоти бахши давлатиро оид ба истифодаи маблаљҳо, басандагии назорати истифодабарии онҳо ва роҳ надодан ба талафот баҳо медиҳад;
- пешниҳоди гузоришро оид ба натиҷаҳои аудит таъмин менамояд;
- тавсияҳои заруриро барои беҳтар намудани фаъолияти ташкилоти бахши давлатӣ ва сохторҳои дохилихоҷагии он пешниҳод менамояд;
- кори аудиторҳои дохилии ташкилотҳои тобеъро ҳамоҳанг месозад ва ба онҳо ёрии методӣ ва машваратӣ мерасонад;
- паҳн накардани иттилоотеро, ки ба сирри давлатӣ ё ба дигар сирри бо Қонун ҳифзшаванда тааллуқ дорад, таъмин менамояд;
- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, иҷро менамояд.
 
Моддаи 16. уҳдадориҳои вазифавии сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354, аз 17.12.2020 № 1747)
Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ чунин уҳдадориҳои вазифавӣ дорад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354, аз 17.12.2020 № 1747):
- нақшаи солона ва дарозмуддати аудитро омода менамояд;
- кори воҳиди сохтории аудити дохилиро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда ташкил менамояд;
- мувофиқи меъёрҳо ва методологияи аудити дохилӣ расмиёти аудити дохилиро муайян мекунад;
- мушоҳидаи сифати аудити дохилиро таъмин менамояд;
- ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ оид ба фаъолияти яксола, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба низоми назорати дохилӣ ҳисобот пешниҳод мекунад;
- оид ба ҳама гуна омилҳои ошкоршудаи фаъолияти љайриқонунӣ ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ иттилоот пешниҳод мекунад;
- барои иҷрои ҳар як супориши аудиторӣ мақсад, доира, давомнокӣ, техника ва захираҳои аудитиро муайян мекунад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ барои таъин намудани коршиноси таҳсилот ва малакаи махсус доштаро барои гузаронидани аудити дохилӣ пешниҳод менамояд;
- оид ба ҳамаи масъалаҳои аудит ба роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ гузориш пешниҳод менамояд;
- ваколатҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамояд.
 
Моддаи 17. Методологияи аудити дохилӣ
Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудитӣ кормандони воҳиди сохтории аудити дохилӣ шахси масъулеро, ки фаъолияти онро мавриди санҷиш қарор додаанд, хабардор менамоянд ва ба ӯ имконияти муҳокимаи якҷояро дар вақти зерин муҳайё менамоянд:
- то ољози фаъолияти аудитории дахлдор - дар бораи мақсад ва доираи супориши банақшагирифтаи аудиторӣ (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354);
- баъди анҷоми аудит - хулоса ва тавсияҳои пешниҳодшуда ва дар мавриди муносиб додани шарҳу эзоҳ.
 
Моддаи 18. Бархӯрди манфиатҳо
1. Аудитори дохилӣ набояд ба бархӯрди манфиатҳо роҳ диҳад. Ба корманди воҳиди сохтории аудити дохилӣ гузаронидани аудит дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
- агар дар он қисми объекте, ки аудит гузаронида мешавад, манфиатҳои шахсӣ ва ё амволии ӯ ҷой дошта бошанд;
- дар давраи гузаронидан ё дувоздаҳ моҳи охир дар қисми объекте, ки аудити дохилӣ гузаронида мешавад, ба сифати корманд ё корфармо фаъолият карда бошад;
- дар ҳолати мавҷудияти дигар ҳолатҳое, ки ба воқеӣ ва холис будани аудиторҳои дохилӣ, ки аз меъёрҳои эътирофнамудаи аудити дохилӣ бармеоянд, таъсир расонад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
2. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо корманди воҳиди сохтории аудити дохилӣ бояд роҳбари ташкилоти бахши давлатиро огоҳ намояд ё дар ҳолати ба бархӯрди манфиатҳо ҳамроҳ будани роҳбари ин ташкилот аз ин хусус роҳбари тақсимкунандаи асосии маблаљҳои буҷетиро хабардор намояд.
 
Моддаи 19. Махфияти фаъолияти аудиторҳои дохилӣ
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354)
1. Аудиторҳои дохилӣ бояд талаботи паҳн накардани иттилоотеро, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо дастрас шудааст, љайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, риоя намоянд (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1747).
2. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи санҷиши хазинадорӣ махфӣ мебошад. Ба дигар шахс додани ҳуҷҷатҳои дахлдор танҳо бо иҷозати хаттии роҳбари ташкилоти бахши давлатӣ, гирифтани он бошад, тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 20. Мустақилияти аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ
(ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354)
Сардори воҳиди сохтории аудити дохилӣ ва ҳамаи аудиторон ба истиснои воҳиди сохтории аудити дохилии мақоми ваколатдор набояд (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354):
- дорои ваколатҳои иҷроия ё идоракунӣ, вазифаҳо ё уҳдадориҳо бошанд ба љайр аз онҳое, ки ба идоракунии вазифаҳои аудити дохилӣ марбутанд (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1747);
- набояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи ташкилоти бахши давлатӣ иштирок намоянд.
 
Моддаи 21. Гузориши аудитӣ
1. Гузориши аудитӣ - ҳуҷҷати расмии аудити дохилӣ мебошад, ки аз иттилоот оид ба доираи фарогирӣ ва мақсадҳои супориши аудиторӣ иборат буда, аз ҷумла хулосаҳои воқеӣ ва пешниҳодҳои аудиторро дар бар мегирад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
2. Баъди анҷом додани санҷиш аудиторҳои дохилӣ ё роҳбари гурӯҳи аудиторони дохилӣ уҳдадоранд дар давоми даҳ рӯз ду нусхаи ҳисобот хаттиро тайёр намоянд, ки як нусхаи он ба роҳбари ташкилоти бахши давлатии санҷидашуда супорида мешавад ва нусхаи дигараш, дар воҳиди сохтории аудити дохилӣ нигоҳ дошта мешавад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354, аз 17.12.2020 № 1747).
3. Шакл, мазмун ва тартиби пешниҳод намудани ҳисоботи аудитӣ дар дастурҳои методии мақоми ваколатдор муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.2016 № 1354).
 
БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе,
21 июли соли 2010
№ 631