ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима

ПРОБЛЕМАИ ҲУҚУҚИИ ТАЪМИНИ РАҚОБАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 29/03/2010 - 16:38

    Рӯзи 29-уми Марти соли 2010 соати 14.20 дар толори Марказ ҷаласаи семинарии илмӣ-методӣ  баргузор мегардад, ки дар он унвонҷӯ Каримов А.  дар мавзӯи «Проблемаи ҳуқуқии таъмини рақобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза мекунад.

    Ҷиҳатҳои актуалии мавзӯи таҳқиқот. Аҳамияти ҳуқуқ ҳамчун танзимкунандаи  муносибатҳои иқтисодӣ, аз он ҷумла муносибатҳои рақобатӣ дар шароити муосир бениҳояд баланд рафтааст. Механизмҳои нави танзими муносибатҳои иқтисодӣ ба вуҷуд омадааст, ки дар байни онҳо мавқеи муҳимро рақобати таъминкунандаи самаранокии фаъолияти соҳибкории  субектҳои хоҷагидор ва рушди иқтисодии ҷамият ишғол мекунад. Чихеле ки маълум аст асоси иқтисоди бозоргониро махсусан фаъолияти соҳибкорӣ ва рақобат ташкил медиҳад. Рақобат мисли соҳибкорӣ хусусияти гуногунҷабҳа дорад ва барои ҳамин  ба танзими ҳуқуқии аниқ, мустаҳкамкунӣ ва ҳимоя эҳтиёҷ дорад ва чигунае ки бе муносибатҳои рақобатӣ соҳибкорӣ рушд карда наметавонад, ҳамон хел наметавонад дигар механизҳои бозор аз он ҷумла талабот  ва пешниҳодро таъмин намояд.

Чихеле  ки аз гуфтаҳои  боло бармеояд рақобат атрибути низоми иқтисоди бозорӣ, қисми ҷудонопазири соҳибкорӣ мебошад. Гирифтани даромад аз истифодаи амвол, фуруши маҳсулот, иҷрои кор (хизматрасонӣ), мақсади асосии фаъолияти соҳибкорианд  ва ин мақсадҳо дар натиҷаи рақобат амалӣ мешаванд. Зарурияти дар саҳти баланд нигоҳ доштани дараҷаи рақобат амалан дар ҳамаи бозорҳои мол ва  таъсири мусбии он ба рушди иқтисодӣ ҷои шубҳа надорад, гарчанде рақобат яке аз механизми танзимии ҷараёни иқтисодӣ, тақсимоти неатҳои моддӣ,  қонеъ гардондани манфиати истимолкунанда мебошад. Бар замми ин рақобат қобилияти худтанзим намоиро дар сатҳи зарурӣ надорад, барои ҳамин таъмини ба талаботи имрӯза мувофиқ гардонидани бозор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузориии махсуси  тазим кунандаи мунасибатҳоро дар соҳаи рақобат тақозо менамояд.

     Барои таъмини шароити мусоиди рақобат зимни гузариш ба бозор, дар навбати аввал зарур аст усул ва хусусияти танзими давлатии иқтисодиро иваз намуд. Бо дар назардошти ин дар Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи иқтисодӣ оғоз гашт, ки ин аз нав дида баромадани асосҳи ҳуқуқии танзими муносибҳои рақобатро дар ҷумҳурӣ тақозо намуд.

Кори мазкур аз сохтори зерин иборат аст:

Аз муқадима:

 Боби I – «Рақобат ҳамҷун мафҳуми иқтисоди ва ҳуқуқӣ»

# 1 – моҳияти иқтисодии  ҳуқукии рақобат.

# 2 – Ҳуқуқи субектони фаъолияти соҳибкори ва рақобат.

Бобби II – Дастгирии давлатии фаъолияти рақобат

# 1 – Роҳҳои ҳуқуқии дасгирии фаъолияти ракобати

# 2 – Шартҳои иқтисоди ҳуқуқии ташкили васоити рақобат

Бобби III – Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузории рақобат.

# 1 – Хусусияти ҷавобгари барои вайрон кардани фаъолияти рақобати

# 2 – Ҳимояи ҳуқуқҳои субектони фаъолияти рақобати.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад