ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1955 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Ҷум, 24/06/2022 - 11:23
27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуда, ин санади муҳими таърихӣ кишвари маҳбуби моро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дода, дар сарҷамъ кардани миллат ва иттиҳоду ягонагӣ нақши бебаҳо гузошт. Дар бораи аҳамияти сарнавиштсози он дар суханронии Сарвари давлатамон ҳанӯз ҳамон вақт қайд гардид, ки: “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо аҳамияти бузурги худ бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба ҷумҳурии мо ба таври расмӣ истиқлолият ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас Созишнома дар ватани мо сулҳу салоҳро таъмин намуд”.
Воқеан аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта то ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар он рӯзҳо бенизомиву бетартибӣ ҳукмфармо, меъёрҳои қонунҳои давлат зери по шуда, бесарусомониву ҷинояткорӣ қариб дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ шакли муташаккилонаро гирифта буд.
Маҳз имзо ва татбиқи Созишнома боиси аз байн рафтани таҳдиди несту нобудии давлати тозаистиқлол, пойдории сулҳу субот, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, тақвияти гуногунандешӣ ва устувории пояҳои давлатдорӣ гардид. Аз қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ то имзои Созишнома Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд марҳилаҳои таърихиро паси сар намудааст. Дар ин радиф, бо боварии комил метавон гуфт, ки 16 ноябри соли 1992 бо баргузор гардидани Иҷлосияи таърихии XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами аввали расидан ба ваҳдати миллӣ гузошта шуд.
Роҳбари тозаинтихоб хуб дарк намуда буданд, ки ноил гардидан ба ваҳдати комили миллӣ танҳо тавассути муттаҳидӣ, сарҷамъӣ ва ҳамзистию ҳамбастагӣ имконпазир аст.
Бинобар ин, масъалаҳои баргардонидани фирориён ба Ватан, таъмини сулҳу субот ва ризоияти ҷомеа ҳамчун вазифаҳои асосии он давраи душвору ҳассоси гузариш ба сохти нави давлатдорӣ муайян карда шуданд.
Дар натиҷаи саъю талошҳои пайваста миёнаҳои соли 1999 аз шумораи умумии 697653 нафар гурезаҳо 690500 нафар ба Ватан бозгардонида шуданд. Инчунин, дар заминаи музокироти тӯлонӣ аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 ва имзои 40 санади барои миллат муҳим пойдевори устувори ваҳдати миллӣ бунёд гардид.
Мехоҳам як нуктаи муҳими дигарро иброз намоям, ки новобаста ба эълони истиқлолияти давлатӣ то расидан ба ваҳдати миллӣ давлатҳои хориҷӣ аз барқарор намудан ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон худдорӣ менамуданд. Сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат на танҳо муоширати байниҳамдигарии минтақаҳои гуногунро таъмин намуд, балки ба таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли низоъҳо замина гузошт. Маҳз ба хотири бори нахуст дар дунё бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани низои мусаллаҳонаи дохилӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи олӣ - медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият, ордени алмосдори “Ситораи сарпараст” – ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср”, ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд”, ситораи ёқутии “Сулҳовар” сарфароз гардонида шудааст, ки аз маҳбубияти байналмилалии ӯ гувоҳ мебошад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар ҳифзи манофеи миллӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва ҳалли масоили глобалӣ ҳамчун кишвари фаъол ва таъсиргузор шинохта шудааст. То имрӯз Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун зиёда аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонида, ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ аъзо мебошад. Кишвари мо ба шарофати сиёсати “дарҳои боз” ҳамкории мутақобилан судмандро бо созмону ниҳодҳои иқтисодиву байналмилалӣ ба роҳ мондааст, ки тақвияту густариши муносибатҳо дар ин самт аз пойдориву ҳукмфармоии ваҳдати миллӣ ва амнияти давлатист.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ҳамон миллате метавонад аз манфиатҳои худ пуштибонӣ намояд, ки ҳамдилу ҳамақида бошад ва баҳри амалигардонии консепсияи ягонаи миллӣ қадам ниҳад. Мо набояд ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар марҳилаи кунунӣ рӯйи саҳнаи муборизаи сиёсӣ қарор дошта, аз дарки таҳаввулот ва пасомадҳои он берун монда, бо ҳадафҳои маҳдуду муғризонаи худ манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, оянда ва мақоми кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ зери таҳдиди хатар гузоштаанд, нодида гирем. Зеро, дар замони муосир истиқлолияту ваҳдат волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлат ба шумор рафта, пос доштани ин неъмати беназир, сабақ гирифтан аз таърихи ғанӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва мероси бойи сиёсиву маънавии роҳи давлатсозӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди қадршиносу шукргузор маҳсуб меёбад.
Шарифзода Фарангис Шариф,
сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2 (1 овоз)