ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1761 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1759 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1753 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ" Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

МАҶЛИСИ УМУМИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ҚОНУНГУЗОРӢ»

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 11/01/2021 - 12:21
8 январи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси умумии Ташкилоти ибтидоии “Қонунгузорӣ”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он раиси Ташкилот, директори Марказ Саидзода Иззатулло Ҳабибулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидов Фозил, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Гулаҳмадзода Зулфиқор ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ - аъзои ҲХДТ иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ нахуст рӯзномаи Маҷлис аз рӯйи 5 масъала тасдиқ гардида, аъзои Ташкилот ба баррасии он шурӯъ намуданд.
Тибқи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи Ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2020 шунида шуд.
Зикр гардид, ки таҳлили рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2020 нишон медиҳад, ки бандҳои дахлдори он дар маҷмӯъ иҷро гардида, натиҷагирӣ аз фаъолияти Ташкилот дар соли 2020 самаранок арзёбӣ мегардад.
Дар давраи ҳисоботӣ 9 нафар аъзои нав аз ҳисоби кадрҳои нави Маркази миллии қонунгузорӣ ба сафи Ҳизб қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ташкилоти ибтидоӣ дар Озмуни “Ташкилоти беҳтарини ҳизбӣ” бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ, ки бо ташаббуси Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур доир гардида буд, ҷойи сеюмро ба даст оварда, бо Ҷоиза ва Диплом сарфароз гардид.
Дастоварди дигари Ташкилоти ибтидоии “Қонунгузорӣ” дар он аст, ки 1 марти соли 2020 ду нафар аз аъзои он дар Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, бахусус Алямова Меҳрангез ва Манучеҳр Ҳамидзод мутаносибан вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Шоҳмансур ва Рӯдакӣ, ки аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи дахлдори ҲХДТ пешбарӣ гардида буданд, интихоб шуданд.
Таҳлили фаъолият дар самти корҳои таблиғотиву иттилоотӣ нишон медиҳад, ки соли 2020 аъзои Гурӯҳи тарғиботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ” низ фаъолияти пурсамар дошта, дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намуда, ҳадафҳои оинномавӣ ва барномаҳои Ҳизб, инчунин дастовардҳои давлатро дар байни шаҳрвандон тарғиб намуданд. Бахусус, аъзои гурӯҳ ва умуман аъзои Ташкилоти ибтидоӣ дар чорабиниҳои муҳими сиёсии ҷумҳурӣ – Интихоботи парлумонӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок доштанд.
Бо даъвати Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур аъзои Ташкилот дар маҷмӯъ, дар кори 63 конференсия, маҷлисҳо, ҷаласаҳо, ҷамъомадҳои идона, аксияҳо ва чорабиниҳои дигари ташкилотҳои болоии ҳизбӣ иштирок намуданд.
Ташкилоти ибтидоӣ ба Нашрияҳои ҳизбӣ, ба монанди Нашрияи “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” обуна гашта, ҳар як шумораи ин нашрияҳоро дастрас ва барои мутолиа пешниҳоди аъзои Ҳизб намуд. Аз тарафи аъзои Ташкилоти ибтидоии “Қонунгузорӣ” ҳамагӣ 64 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар матбуоти дохил ва хориҷи кишвар нашр гардиданд.
Соли 2020 Ташкилоти ибтидоӣ ҳамагӣ 5 маҷлиси умумӣ доир намуд, ки дар онҳо масъалаҳои дохилиҳизбии Ташкилот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз рӯйи онҳо 9 қарор қабул гардиданд.
Дар маҷлис инчунин, вакили Маҷлиси намояндгони Маҷлиси Олӣ Обидов Фозил ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор оид ба масъалаҳои набзи ҷомеа, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум, таҳкими давлатдории миллӣ, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва амсоли инҳо суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳифз ва таҳкими соҳибистиқлолиро дар меҳвари фаъолияти хеш қарор дода, минбаъд низ бо тарғиби ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷикон дар пойдории ин арзиши олии зиндагӣ саҳмгузор аст. Дастгирӣ ёфтани иқдому ташаббусҳои Ҳизб аз ҷониби мардум бозгӯи он аст, ки ҲХДТ эътимоди комили халқро сазовор шуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Тибқи масъалаҳои дигари рӯзнома аз ҷониби аъзои Ташкилот раиси Комиссияи кор бо занони Ташкилоти ибтидоии “Қонунгузорӣ” интихоб, ҳайати нави Гурӯҳи тарғиботии Ташкилоти ибтидоӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии “Қонунгузорӣ” барои соли 2021 тасдиқ гардиданд.
Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад