ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН АСОСӢ ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Сшб, 14/06/2022 - 17:01
 Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ  ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани  масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб мерафт.
Зеро мутобиқ ба муқаррароти «Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» 24 августи соли 1990, ки аз тарафи сессияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон намуда буд.
Баъдан истилоҳи “давлатӣ ҳуқуқбунёд” дар баробари соҳибихтиёрию, демократӣ ва дунявӣ дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз тарафи мардуми кишвар қабул гардид, дар моддаи 1 пешбинӣ гардид, ки муқаррароти мазкур ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқӣ, василаи нисбатан навро дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд инъикос намуд.
Пешбинӣ гардидани муқаррарот вобаста ба давлати ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ду санади муҳими давлатӣ шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёду демократиро интихоб намудааст.
Ба ақидаи олими ватанӣ Р.Ш.Сотиволдиев андеша ва назарияи давлати ҳуқуқбунёд таърихи тӯлони дошта, тӯли ҳазорсолаҳо мутафаккирон кӯшиш намудаанд, ки роҳҳои волоияти қонун, ташкили ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, таносуби байни адолат ва ҳокимият, таъмини озодӣ ва ҳуқуқҳои инсонро дар давлат муайян намоянд.
Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми худ аз 30 апрели соли 2004 кайд намудаанд, ки бунёди давлати нави тоҷикон, ки барои халқамон бесобиқа аст, кори танҳо Президент, Ҳукумат ва Мачлиси Олӣ нест, балки дар маҷмӯъ вазифаи асосии тамоми ҷомеа мебошад. Ҳадафҳои муҳимтаринн ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми тоҷик фарҳанги ягонагӣ, фарҳанги сулҳу субот ва созандагӣ, таҳаммул ва инсондӯстӣ, фарҳанги таъмини волоияти қонун, эҳтирому риояи ҳуқуқҳои инсон ва хулоса фарҳанги демократия мебошанд.
Ба андешаи мо дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат ва шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Вазифаи мазкур бошад тавассути ҳокимияти олии қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ва фаъолияти дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муасиссаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар сатҳи Конститутсия ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама маънои тобеъ будани фаъолият ва рафтори ҳама мақомотҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муасисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва шаҳрвандон ба ҳуқуқро дорад.
Аз ин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлат, ҳамаи мақомоти он, шахсонӣ мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро баҳри риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ вазифадор намудааст.
Дар асоси меъёрҳои заминавии Коститутсия бошад дар даврони соҳибистиқлолӣ аз тарафи давлату ҳукумати кишварамон бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани  ҳуқуқвайронкуниҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид.
Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691  “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” бомаврид, саривақтӣ ва назаррас ба ҳисоб мерафт.
Зеро худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” қабул гардид, ки он вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони иттиҳодияҳо корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриро ҷиҳати таъмин намудани бахшҳои ҳуқуқии дастгоҳо бо кормадони ихтисосманд, таъсиси чунин бахшҳо дар сурати набудани онҳо, пай дар пай ташкил ва гузаронидани лексияҳо, суҳбатҳо ва дигар шаклҳои тарғибу ташвиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бо ҷалби ҳуқуқшиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, судяҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда, инчунин баррасии вазъи риояи қонуниятро дар фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва умуман дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо, корхонаҳо ташкилотҳои ҳудуди минтақаи дахлдор вазифадор намуд.
Инчунин қарори мазкур тасдиқ ва қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, тайёрии ҳуқуқуқии кормандони роҳбарикунанда пешбинӣ намуд.
Дар қисми ибтидоии Барномаи мазкур муқаррар гардида буд, ки мақсади асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Аз ин ҷо, хулоса намудан мумкин аст, ки барпо намудани давлатӣ ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти роияи бечунучарои қонунгузории кишвар имконпазир аст.
Омӯзиш ва мушоҳидаҳо нишон дода истодааст, ки ҳадафи асосии фаъолияти давлату ҳукумати кишвар заминагузори баҳри ташаккул ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд равона гардида истодааст.
Бори дуввум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 29 апрели соли 2009 №253 “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” - ро қабул намуд, ки мақсади асосии он аз баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ иборат буда, расидан ба ҳадафҳои зерин аз қабили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён инчунин баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, истифодаи самараноки васоити ахбори умум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҳуқуқӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, мусоидат ба аҳолӣ бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ дар ҳамбастагӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуку озодиҳо ва вазифаҳои аҳолӣ, мукаммал намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ, ба таълим ва тарбияи хуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо дарназардошти синну сол, касб ва дигар хусусиятҳо дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ ва коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати амалӣ пешбинӣ намуд.
Бо ба итмом расидани муҳлати амалӣ Барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст, аз 27 ноябри соли 2019, №599 бори севвум “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020 -2030” бо қарори Ҳукумат қабул ва мавриди амал қарор дод, ки мақсади асосии қабул ва татбиқ гардидаи он аз вазифаҳои  зерин иборат мебошад:
- риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
- таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он;
- баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва аз байн бурдани ҳеҷангории (нигилизми) ҳуқуқӣ;
-байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ;
- баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
- ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;
- ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа.
Ҳукумати кишвар ба ғайр аз барномаиҳои махсуси соҳавии қабулгардида инчунин барномаҳои дигарро низ дар самти мазкур қабул намудааст, ки мақсаду моҳияти онҳо низ ба масъалаи тақвияти ҳуқуқии аҳолии кишвар равона гардидааст. Масалан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 қабул гардидани “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026”, ки амалишавии татбиқи он баҳри расидан ба ҳадафҳои зерин аз қабили эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон ва дигар ҳолатҳои зарурӣ дар ин самт равона гардидааст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқубунёд бе робитаи устуворӣ шаҳрвандони он дар самти  риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон низ хело муҳим аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқу уҳдадориҳои  худро медонанд ва вазифахои худро чӣ тавр иҷро мекунанд.
Аммо, мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди иттилооту ҳодисаҳое низ мегардем, ки шаҳрвандони ҷумҳурии мо бахусус ҷавонони кишвар, ки ояндасози давлату миллатанд, дидаю дониста даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо зада қонуният ва тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятиро дағалона вайрон менамоянд, ки яке аз омилҳои асосии нишон додани маърифати пасти ҳуқуқии онҳоро ифода мекунад.
Донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вале дар сурати риоя нагардидани қонунгузорӣ ва даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ боиси татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқи мегардад. Зеро мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
 
 

                                                                                                                                  Абдураҳимзода Ф.Д.,                                                                                                            сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия,                                                                                                   андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии                                                                                          қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)