ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1808 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1831 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1845 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

МАСОИЛИ ҲУҚУҚИИ ТАЪМИНИ РАҚОБАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 12/04/2010 - 09:33

    12 апрели соли равон дар Шӯрои илмии диссертационӣ, татқиқоти унвонҷӯӣ Каримов А.  дар мавзӯи «Масоили ҳуқуқии таъмини рақобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимов М.З. дифоъ карда шуд. Раиси Шӯро академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳиров Ф.Т.

    Ҷаласаи Шӯроро кушода эълон намуда ҳозиронро бо фишурдаи кори илмии муҳақиқ шинос намуд. Каримов А.  соли 2004 бо татқиқоти илмӣ машғул шуда мавзӯи маскур дар Шӯрои илмии факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ тасдиқ карда шудааст. Ҷиҳатҳои актуалии мавзӯи таҳқиқот дар Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Ҳамчунин  муқарризон оиди муваффақият ва камбудиҳои кори илмӣ суханронӣ карда номзади Каримов А.Қ.-ро дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки унвонҷӯй доир ба мавзӯи интихобкардааш ҳамаҷониба заҳмат кашида татқиқот бурдааст ва барои коркарди механизмҳои нави муносибатҳои иқтисодӣ ва самаранокии фаъолияти соҳибкорӣ далелҳо оварда аст. Хусусан аз ҷониби диссертант қайд гардид: рақобат яке аз нишонаҳои асосии низоми иқтисодӣ буда, қисми таркибии фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии фаъолияти соҳибкорӣ ин ба даст овардани фоида аз истифодаи Аше, фуруши молу маҳсулот, хизматрасони мебошад ва ҳамаи ин бо рақобат алоқаманд аст. Нигоҳ доштани сатҳи баланди рақобат дар ҳама даврҳои фаъолияти соҳибкорӣ зарур мебошад. Рақобат яке аз механизмҳои асосии танзимкунандаи ҷараёнҳои иқтисодӣ, тақсим намудани неъматҳои моддӣ ва қонеъ намудани манфиати истеъмолкунандагон аст, бинобар ин зарур меояд, ки масъалаҳои ба рақобат вобастабударо ҳаматарафа дар қонунгузорӣ мустаҳкам намуда, таҳти ҳимоя қарор дода шаванд ва барои ноил шудан ба мақсадҳои зикргардида аз ҷониби диссертант мафҳуми иқтисодӣ ва ҳуқуқи рақобат дода шуда алоқамандӣ ва таносуби байни онҳо нишон дода шудааст, моҳият ва мазмуни ҳуқуқӣ субъектони фаъолияти соҳибкорӣ ва рақобат баррасӣ карда шудааст, инчунин воситаҳои ҳимоя намудани ҳуқуқи субъектони фаъолияти рақобатӣ таҳлил карда шудааст.

    Аз сабабе, ки рақобат мисли фаъолияти соҳибкорӣ хусусияти гуногунҷабҳа дорад, аз ин рӯ ба танзими ҳуқуқӣ мустаҳкамнамои ва ҳимоя эҳтиёҷ дорад. Пас аз баромади унвонҷӯй оиди мавзӯи зикршуда, аъзоёни Шӯро ба саволҳои худ мухтасар ҷавоб гирифтанд. Мувофиқи тартиби кори Шӯро аъзоёни он бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба Каримов А. унвони илмии номзади илмҳои ҳуқуқ, дода шуд. 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад