8-уми декабри соли 2010, дар толори маҷлисгоҳи Маркази милли қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: «Масоили назариявӣ ва амалии ҳуқуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон (бахшида ба 62 солгардӣ қабули Эъломияи ҳуқуқи башар)» баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:
- Мутобиқати санадҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба санадҳои байналхалқӣ
- Танзими вазъи ҳуқуқии инсон дар қонунгузории миллӣ
- Проблемаҳои татбиқи ҳуқуқҳои инсон дар амалияи хуқуқтатбиқсозӣ
- Ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мурофиаи судӣ
- Ҳимояи хуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
- Татбиқи ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ҳифзи хуқуқҳои кудакон, занон ва дигар гӯруҳҳои иҷтимоӣ
Ҳозиринро Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Рахимов М.З ва роҳбари Филиали ассотсиатсияи Швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналҳалқӣ «Хелветас» Конкиевич Э. хайрамақдам гуфтанд
Дар конфронс баромад намуданд:
Ализода З. - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ «Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳимояи ҳуқуқҳои инсон»
Раҷабов М. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналҳалқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Зарурат ва аҳамияти Эъломияи ҳуқуқи башар»
Исоев М. - Сардори Раёсати назорати қонуни будани қарорҳои судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи Генералии ҶТ «Ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар мурофиаи судӣ»
Табаров Н. - муовини сардори Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба соҳтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ «Меҳанизмҳои судии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҶТ»
Гозиев М. - Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии ДРТС. «Ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ: ки ва чи тавр онро амалӣ менамояд»
Диноршоев А. - Сардори Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба соҳтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ «Асосҳои маҳдуд намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҶТ»
Бадриддинов А. - Маркази ҳуқуқи инсон «Мубоҳиса ва баробарии тарафҳо дар мурофиаи судӣ».
Қаюмов С. - Прокурори калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи Генералии ҶТ «Ҳимояи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ»
Иброҳимов Ҳ. - Сардори шӯъбаи ҷамбасткунӣ ва ёрии амалӣ ба судҳои поёнии Суди Олии ҶТ «Вазъи ҳуқуқии тарбияи ҳуқуқшиносони баландиҳтисос дар қонунгузории миллии ҶТ»
Сафаров Б. - Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. «Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар ташаккули ҳуқуқи инсон»
Мансуров У. - Мудири кафедраи фанҳои ҳуқуқӣ-давлатии факултети ҳуқуқшиосии ДРТС «Ҷамбаҳои ҳуқуқии консепсияи муосири даҳолати башардӯстона»
Бобоева Х. - мутаҳассиси Шӯъбаи ҳуқуқи байналҳалқии Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти ҶТ «Ҳифзи ҳуқуқии қурбониёни ҷанг дар давраи низоъҳои ҳарбӣ»
Пулатов А. - сармутаҳассиси Шӯъбаи ҳуқуқи байналҳалқии Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти ҶТ «Масоили диффаматсия дар низоми ҳуқуқи инсон»
Фарҳуддинов Ҷ. - мутаҳассиси Шӯъбаи қонгузорӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузорӣ назди Президенти ҶТ «Таъмини муҳити зисти солим кафили амали шудани ҳуқуқ ба саломатии инсон».
Назаров Н. - Маркази ҳуқуқи инсон «Озод намудан аз толори суд ҳамчун кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои судшаванда»
Конфронси мазкур бо дастгирии Филиали ассотсиатсияи Швейтсарӣ оид ба ҳамкории байналҳалқӣ «Хелветас» ва ТҶ Маркази ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад.