ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1808 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1831 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1845 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ» Маҷлиси Олии ҶТ 23.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОЕ, КИ БОИСИ МАЪЮБШАВИИ АҲОЛӢ МЕГАРДАНД

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 10/07/2024 - 15:33
     Масъалаи пешгирии маъюбӣ ва солимгардонии шахсони ба маъюбӣ гирифторшуда дар меҳвари сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
   Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварӣ ва сиёсати дурандешонаву ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд, аз ҷониби муттахассисону олимон, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дорад. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёфтаанд, ки мо дар раванди таҳлили мақола таваҷҷӯҳ зоҳир менамоем.
     Дар баробари ин, ҷиҳати идома доданд ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан дар самти пешгирӣ намудани бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки дар танзиму беҳтар гардидани зиндагии ҳар як шаҳрванди мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.
    Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд, мавқеи марказиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» аз 29 декабри соли 2010, ки ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла кӯдакони маъюбро муқаррар намуда, мақсади он таъмин намудани амалишавии ҳуқуқҳои шахсони маъюб ва табъиз накарданро аз рӯи аломатҳои маъюбӣ пешбинӣ карда, ҳадаф ва вазифаҳои асосии он аз муҳайё сохтан ва таъмин намудани шароити зарурӣ ҷиҳати иштироки пурра ва баробари шахсони маъюб дар ҳаёти ҷамъиятӣ, муайян намудани имтиёзҳо ва кафолатҳои давлатии маъюбон, инчунин пешгирӣ кардани маъюбшавии аҳолӣ иборат мебошад.
     Мутобиқи сархати якуми моддаи 6 Қонуни мазкур, ки сухан дар бораи салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон меравад, андешидани тадбирҳо дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии маъюбӣ ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон маҳсуб мебошанд.
   Дар силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирӣ намудани бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд, мавқеи дигарро Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КТ ҶТ) аз 30 майи соли 2017, №1413, ишғол  менамояд.
    Мутобиқи моддаи 15 КТ ҶТ, ки сухан дар бораи масъулияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ меравад, мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ барои таъмини шароитҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар шароитҳои аҳолӣ, ки ба ташаккулёбӣ ва ҳифзу мустаҳкам шудани саломатии аҳолӣ, беҳбудии экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ, пешгирии бемориҳо ва инкишофи соҳаи тандурустӣ мусоидат менамоянд, масъул мебошанд.
   Дигар роҳи пешгирӣ намудани бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд, пешгирии кӯдакон аз маъюбшавӣ ба ҳисоб меравад, ки ин ҳам бошад дар никоҳи хешутаборӣ мебошад.
    Вобаста ба ин оид ба пешгирӣ намудани бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд, мавқеи дигарро Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол  менамояд.
     Мутобиқи моддаи 14 КО ҶТ, ки сухан дар бораи ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд, як зумра хешовандони наздикро номбар намудааст, ки хонадоршавии онҳоро бо ҳамдигар манъ кардааст.
     Илми тиб муқаррар намудааст, ки аз никоҳи хешутаборӣ кӯдакони дорои касалиҳои ирсии табобатнопазир ба дунё меоянд.
    Дар силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирӣ намудани бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд, мавқеи дигарро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КМ ҶТ) ишғол  менамояд.
    Тибқи қисми 2 моддаи 19 КМ ҶТ,  талаботи муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, бехатарии сӯхтор ва санитарию гигиениро дар ҷойи кор таъмин намояд, корро боздорад, агар давом ёфтани он ба амният, ҳаёт, саломатии кормандон ва дигар шахсон таҳдид намояд, инчунин, корфармо уҳдадор аст оид ба рафъи хавф дар ҷойи кор ва дар равандҳои технологӣ чораҳо андешида, бо назардошти пешравии илмию техникӣ ва истеҳсолӣ корҳои пешгирикунанда гузаронад.
    Инчунин, ҷиҳати пешгирӣ намудани бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд, ҳифзи меҳнат маҳсуб мебошад,  ки низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ, ки мутобиқи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахсро дар раванди меҳнат таъмин мекунад.
   Ҳамин тариқ корфармо вазифадор аст воситаҳое, ки барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истифода бурда мешаванд, таъмин намояд.
     Пешгирӣ намудани бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд, на танҳо тавассути қонунҳо, инчунин тавассути санадҳои зериқонунӣ сурат мегирад.
     Мутобиқи банди 9 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ”, ки сухан дар бораи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ меравад, ки кумаки аввалияи тиббию санитарӣ намуди асосии хизматрасонии тиббӣ буда, яке аз навъҳои он ба пешгирии маъюбӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷмҳои зерини хизматрасонӣ таъмин карда мешаванд: машварат ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим; эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи эмкунӣ мутобиқи  тақвими миллии эмкунӣ; машварати пӯшида оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти инсон (ВИЧ), аломати норасоии масунияти инсон (СПИД), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд; назорати ҳолати саломатии кӯдакони то синни 5; муоинаи пешгирии давравии мактаббачагон; назорати диспансерии бемороне, ки ба қайд гирифта шудаанд, ба истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва таҷҳизотии таҳқиқ; гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок оид ба пешгирии бемориҳо.
    Ба ҳамин монанд Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, тамоюли маъюбшавӣ ва роҳҳои пешгирии он» аз 2 июли соли 2005, №221,  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №812 Дар бораи Муассисаи давлатии "Маркази ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон" ва ғайра.
    Барои дар сатҳи мувофиқ ҷиҳати пешгирӣ намудани бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд, ғайр аз роҳҳои пешгирии номбаршуда, ба ҷавонон доштани маълумоти зарурии ҳуқуқӣ ва дар робита ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ хеле муҳим мебошад. Ба хотири ноил гаштан ба сатҳи баланди дониши ҳуқуқӣ дар самти пешгирии бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд зарур аст, ки сатҳи маълумотгирии ҳуқуқӣ дар донишгоҳҳои таълимӣ, дар муассисаҳои илмию таълимии академӣ боз ҳам мукаммал гардонида шавад. 
    Бо ин мақсад, бояд таваҷҷуҳи асосӣ, ки барои пешгирӣ намудани бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолии ба талаботи ҳифзу бехатарии меҳнат, таъсиси ҷойҳои кории нави ба талабот ҷавобгӯ, баланд бардоштани ташаккули «иқтисоди сабз», ки беҳбудии некуаҳволии мардум ва инчунин таъмини адолати иҷтимоиро дар бар мегирад, суръат бахшидан ба раванди бахшҳои иқтисодиёт, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва инкишофи неруи инсонӣ равона карда шавад.
                          
   Бобокалон Ғоиб Мерган,  сардори шуъбаи қонунгузорӣ                                       
 оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази милли
 қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати
 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 
  Тел.: (+992) 907948773;  E-mail: bgoib@mail.ru
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад