ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1655 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1652 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ ВОБАСТА БА ҚОНУНИГАРДОНИИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДЕ, КИ БА ТАВРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД Маҷлиси Олии ҶТ 18.12.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1650 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2020 Маҷлиси Олии ҶТ 26.11.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
-A A +A

Чоршанбе, Июл 12, 2023

ДИРЕКТОР

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 12/07/2023 - 14:40
 САИДЗОДА ИЗЗАТУЛЛО ҲАБИБУЛЛО
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2019, № 1185, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. 
МАЪЛУМОТНОМА
Санаи таваллуд: 28 феврали соли 1983.
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маълумот: олӣ.
Миллат: тоҷик.
Соли 2004 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос: ҳуқуқшинос.
Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ озод, англисӣ бо луғат.
Вакили халқ ҳаст ё не: не
Мансубияти ҳизбӣ: аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби се фарзанд.
Маводҳои нашршуда: монография, тафсири қонунҳо, воситаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва ғайра.
 
ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
Солҳои 2004-2009 донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон;
Солҳои 2004–2009 – корманди Дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз соли 2009 то ҳол муаллими ҳамкори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2009–2014 – мудири бахши муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандони шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2014 - 2015 – мудири бахши муроҷиатҳо ва қабули шаҳрвандони раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2015 - 2019 – муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2019, № 1185, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
 
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ
Аз соли 2009 то ҳол муаллими ҳамкори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2009-2014 унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Соли 2014 дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба муроҷиат ва амалишавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимоя намудааст;
Муаллифи як монография, як воситаи таълимӣ ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ мебошад;
Аз соли 2019 то ҳол сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»;
Аз соли 2019 то ин ҷониб маводи илмии Маркази миллии қонунгузорӣ аз ҷумла, тафсирҳо, тавсияҳо, таҳлилҳои муқоисавӣ – ҳуқуқӣ, маҷмуи мақолаҳои мизҳои мудаввар ва конференсияҳо, истилоҳоти соҳаҳои марбутаи ҳуқуқ ва дигарҳо, зери таҳрири Саидзода Иззатулло Ҳабибулло нашр мегарданд.
 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.2 (5 овоз)

ДИРЕКТОР

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 12/07/2023 - 14:40

 САИДЗОДА ИЗЗАТУЛЛО ХАБИБУЛЛО

Директор Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан

РАБОТА И ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ
В 2004 году окончил юридический факультет Российско-Таджикского Славянского Университета.
На диссертационном совете при Российском Университете Дружбы Народов защитил кандидатскую диссертацию на тему: «Конституционное право граждан на обращение и его реализация в Республике Таджикистан».
Является автором одной монографии, одного учебного пособия и более 40 научных статей.
С 2004 по 2009 работал в Аппарате Конституционного суда Республики Таджикистан. С 2009 года по настоящее время (совместитель) преподаватель кафедры конституционного права юридического факультета Таджикского национального университета.
С 2009 по 2014 – заведующий сектором обращений и приёма граждан Отдела конституционных гарантий прав граждан Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.
С февраля месяца 2014 года по 16 декабря 2015 года – заведующий сектором обращений и приёма граждан Управления делопроизводства и надзора Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.
С 17 декабря 2015 года по 22 января 2019 года – заместитель директора Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан.
Указом Президента Республики Таджикистан от 22 января 2019 года, № 1185, назначен директором Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан.
 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ДИРЕКТОР

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 12/07/2023 - 14:40

 САИДЗОДА ИЗЗАТУЛЛО ХАБИБУЛЛО

Директор Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан

РАБОТА И ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ
В 2004 году окончил юридический факультет Российско-Таджикского Славянского Университета.
На диссертационном совете при Российском Университете Дружбы Народов защитил кандидатскую диссертацию на тему: «Конституционное право граждан на обращение и его реализация в Республике Таджикистан».
Является автором одной монографии, одного учебного пособия и более 40 научных статей.
С 2004 по 2009 работал в Аппарате Конституционного суда Республики Таджикистан. С 2009 года по настоящее время (совместитель) преподаватель кафедры конституционного права юридического факультета Таджикского национального университета.
С 2009 по 2014 – заведующий сектором обращений и приёма граждан Отдела конституционных гарантий прав граждан Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.
С февраля месяца 2014 года по 16 декабря 2015 года – заведующий сектором обращений и приёма граждан Управления делопроизводства и надзора Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.
С 17 декабря 2015 года по 22 января 2019 года – заместитель директора Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан.
Указом Президента Республики Таджикистан от 22 января 2019 года, № 1185, назначен директором Национального центра законодательства при Президенте Республики Таджикистан.
 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад