ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Хабарҳо

-A A +A

ҲИФЗИ ИТТИЛООТ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ (ИНТЕРНЕТ)

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Дшб, 22/07/2024 - 09:06
     Дар ҷаҳони муосири бо суръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди соҳаҳои ҳаётро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ -коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Айни замон, воситаи аз ҳама серталаби муошират дар ҷомеа интернет буда, манбаъҳои иттилоотро ба монанди телефон, радио, телевизион, рӯзномаҳо, китобҳо ва ғайра ба ҳам муттаҳид менамояд. Интернет, аз як тараф, фазои иттилоотии инсонро васеъ намуда, аз тарафи дигар, мушкилоти зиёди ҳуқуқиро ба вуҷуд меоварад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Пшб, 18/07/2024 - 16:40
Шарифзода Фарангис Шариф бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2024, №АП-605 муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ВОХӮРӢ БО КОРШИНОСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАРНОМАИ РУШДИ СММ ВОБАСТА БА ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2038

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Сшб, 16/07/2024 - 14:43
     15-уми июли соли 2024 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрї бо мушовири байналмилалии Барномаи рушди СММ ҷаноби Томас Барановас доир ба масъалањои татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва мусоидат ба тањкими иќтидори маќомоти марбута доир гардид.
  Дар вохӯрӣ муовини директори Марказ Маҳмадшозода Ф.А., меҳмононро хайру мақдам гуфта, дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти пешниҳод кард.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 10/07/2024 - 17:44
     Дар Маркази миллии қонунгузорӣ 10 июли соли 2024 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюм бо иштироки мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидзода И.И, роњбарият ва кормандони воҳидҳои сохтории Марказ ҷаласа баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОЕ, КИ БОИСИ МАЪЮБШАВИИ АҲОЛӢ МЕГАРДАНД

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 10/07/2024 - 15:33
     Масъалаи пешгирии маъюбӣ ва солимгардонии шахсони ба маъюбӣ гирифторшуда дар меҳвари сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат мавқеи махсус дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҶАЛАСА ВОБАСТА БА ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 08/07/2024 - 17:37
    Имрӯз дар толори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони Марказ ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Абдулфаёз ҷаласа баргузор гардид.
    Дар оғоз Директори Марказ иброз намуданд, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади баррасии пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 доир мегардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ВАСИЛАИ ОСОИШИ МИЛЛАТ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 03/07/2024 - 10:54
                                                
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҲАМОИШИ ДОХИЛИИДОРАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 26/06/2024 - 18:05
   26 июни соли 2024 дар Маркази миллии қонунгузорӣ ҳамоиши дохилиидоравӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
     Дар чорабинии мазкур, роҳбарият ва кормандони Марказ вобаста ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун асоси пешрафт дар давлатдорӣ, инчунин арҷгузорӣ ба якпорчагии марзу бум, ҳифзи муқаддасоти миллӣ изҳори андеша намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ ДАВЛАТИИ ХАТМИ МАГИСТРОНИ ИХТИСОСИ ҲУҚУҚШИНОСИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 24/06/2024 - 13:10

РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ ДАВЛАТИИ ХАТМИ МАГИСТРОНИ ИХТИСОСИ ҲУҚУҚШИНОСИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МЕХАНИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 22/06/2024 - 14:45
    Бо дарназардошти афзоиши шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои гуногун ва ҳалли мушкилоти онҳо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Авҷи муҳоҷират дар ҳама минтақаҳои олам дар солҳои охир ба назар мерасад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОД ВА РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 22/06/2024 - 14:08
   Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.
       Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ЗАНОН ДАР СОҲАИ ҲАЁТИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 20/06/2024 - 17:19
     “Нақши зан - модари тоҷик дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои навини давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ гардидааст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофариву ҳаётбахшии занонро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад”.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

БАЪЗЕ АЗ МАСЪАЛАҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 07/06/2024 - 17:01
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум то соли 2023 имрӯз 25 маротиба бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ ба кулли мардуми кишвар оид ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда муроҷиат ва суханронӣ намудаанд.
     Чунин рӯйдод имрӯз дар ҳаёти кишвар ба як маъракаи муҳими сиёсии давлатӣ мубаддал гардидааст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ НИЗОМИ БОНКӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 06/06/2024 - 11:53
     Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи асосии раванди давлатдорӣ маҳсуб ёфта, дар он баробари ташкили сохторҳои муҳимми иқтисодӣ, ташкили низоми мукаммали бонкӣ яке аз падидаҳои муҳим дар таҳкими рушди афзалиятҳои иқтисодии мардум ва давлат нақши муҳим мебозад. Ба роҳ мондани низоми мукаммали бонкӣ дар Тоҷикистон як қадами устувор дар роҳи иқтисодиёти бозорӣ мебошад. Дар давраҳои вазнинтарини аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дар баробари дигар сохторҳои муҳимми давлатӣ, ба такмили низоми пулию бонкӣ диққати махсус дода шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА МОҲИЯТИ БУНЁДИИ ОН

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 04/06/2024 - 17:52
     Мутобиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Хабарҳо