ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҶАВОНОН НАСЛИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ВАТАН

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Пшб, 26/05/2022 - 08:22
Ҷавонӣ...... Айёми шодию сурур, эҳёи табиату зиндагӣ, замину замон ва кайҳон аст. Шоистагии онро дорад, ки давраи заррини умри инсонӣ номида шавад, зеро ки инсоният дар айёми тифлӣ аз қувваи ҷисмонӣ бархурдор аст, аммо аз камолоти маънавӣ ноқис мебошад. Дар айёми пирӣ бошад, ба камоли маънавӣ мерасад, аммо аз ҷиҳати ҷисмонӣ заиф аст. Маҳз дар давраи ҷавонӣ инсон аз ҳар ду неъматӣ бузург- ақли комил ва ҷисми тавоно бархурдор аст. Ҳар амали шоиста ва ҳар илми судманд, ки дар айёми ҷавонӣ аз худ карда мешавад, нақшеро мемонад, ки бар санг нигошта шудааст
Ҷавонон дорои фитрати пок, қувваю тавоноӣ азму ирода ва қудрату бебокиянд. Ҳар орзую мақсаде, ки дар маркази диққати эшон гузошта мешавад ҳиммат азм ва иродат ҷазм мекунад, то ба хостаҳои хеш ноил бигарданд. Аз ин ҷост, ки бояд дар зеҳну дили онон амалҳои нек ва шостаи таҳсин, ҳиссиёти накӯ, ба мисли муҳаббату садоқат ба Модар- Ватан, ба сарзамину зодгоҳи хеш, дарки огоҳӣ, хештаншиносӣ, ҳисси баланди масъулият барои ободию рушду пешрафтии марзу буми хеш, тарбият ва талқин гарданд, то эшон зиндагии судманд ва огаҳ ба сар баранду аз дасту амали неки онҳо Ватану сарзамини аҷдодӣ обод гардад.
Барои ноил шудан ба ин ҳама амалҳои накӯ, эҳсосоти заруриву ҳатмӣ ва тарбияти босамари онҳо бояд шахсе барои эшон намунаи ибрат ва зиндагии ин нафар шоистаи талқин бошад то ба чашмони худ бубинад ва бо ақли худ бишносанд ва аз ҳидоятёфтагон бигарданд ки беҳтарин навъи тарбият ин аст. Ба қавли саромади адибони гузаштаи мо устоди бузургвор Абуабдуллоҳи Рудакӣ,  ки фарудааст
Бирав зи таҷрибаи рузгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Чунин намунаи олии ибрат ва таҷрибаи гаронарзише, ки рузгор барои ҷавонони тоҷик қарор додааст, ба гумонам бешак сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Таҷрибаи зиндагӣ, шахсияти комил, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, фазилатҳои накӯ, далериву мардонагӣ, ҷасорату олиҳиматӣ ин марди хирад дона- дона, як ба як дарс асту шоистаи ибрат ва талқин. Мактаби бузурги инсонсозист , шахсиятсозист, худогоҳист, ки ҳар як ҷавонро мебояд дар ин мактаб аз чунин устод дарси зиндагӣ, ватандӯстӣ, мардонагӣ, ҳимматбаландӣ ва амсоли ин хислатҳои накӯ ҳамидаи инсонӣ омӯзад.
Донишҳои академие ки насли наврас дар муассисаҳои касбӣ ва олии касбӣ меомӯзанд, донишҳои назариявианнд, ки илму дониши онҳоро меафзояд, аммо мактаби бузурги Пешво сарвари давлат дарсҳои амалии зиндагиро меомӯзад, ки роҳи зиндагии эшонро равшан месозад.
Набояд фаромӯш кард, ки сарвари давлат замоне ба арсаи сиёсат омадаанд, ки ҷангу хунрезӣ, ваҳшат, қатлу куштор  сарзамину миллати моро ба коми худ фуру бурда буд. Гуруҳҳои ҷудоихоҳӣ бо амру фармони хоҷагони хориҷии худ дар миёни  миллату давлати мо фитна андохта, азм доштанд, Ватану миллати аҷдодии моро пароканда  ва қудрату ҳокимиятро зери панҷи хунхори худ дароваранд. Касоне ки даъвои қудрат мекарданд, сухтан медонистан на сохтан.
Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосӣ таърихи ки хатари фурупошии давлати ҳазорсолаи тоҷикон мавҷуд буд, ҷавоне ба арсаи сиёсат ворид гардид, ки аз табори хуршед буд. Ба далели  истиҷоби дуоҳои  модарони зор ва кудакони азиз омада буд ба рағми тамоми қувваҳои аҳриманӣ баро сохтану баркарорсозии адолати таърихӣ омад. Сухани сулҳ бар лаб ва бо дасту дили кушод, ақлу иджроки тавоно ваъда дод , ки то охирин гурезаро ба ватан барнагардонад орому осуда нахоҳад буд.  Инчунон, ки бар аҳди хеш истодан кори ҷавонмардон аст, сарвари мо бар аҳди хеш устувор буд ва чунин ҳам кард. Гурезагонро ба ватан бозпас гардониду ба ракибонаш оши ошти доду созишномаи сулҳ баст. Дар назди парчами давлату милати хеш касм ед карду онро ба дидагони худ молид.  Мо то ҳол шоҳиди он ҳастем ки бар гуфтаҳои хеш содик ва бар касами худ устувор аст. Намунаи волотареро ман надидам. Аз ин ҷост ки халки тоқик уро  Пешво хондан, ки сазовор аст барҳак.
  Пешвою пешбар пешгому пешсаф аст ки шиораш Тоҷикистон ба пеш мебошад!
Мо ҷавоноро зарур аст ки аз зиндаги аз таҷрибаи бузурги ин абармарди таърих сабақ омӯзем ва амалу рафтор ва гуфтори уро шиори хеш созему  дар зиндаги татбик кунем.Мо ҷавоноро мебояд ба хам оем барои ободи озоди пешрафту гулгулшукуфоии давлати худ. Албатта баҳамойӣ атрофи меҳваре сурат мегирад. Ба ақидаи ман меҳвару нигин барои халқу давлати мо, сарвари мо, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пас, биёед ҳамчун ҷавонони зодаи Истиқлолият даст ба дасти ҳам диҳем, сар ба пеши миллату Ватани хеш ниҳем, дар атрофи Пешвои худ ба ҳам оем ва аз Тоҷикистони азизамон шоҳкорӣ биофарем.
 
 
 
                                                Мутахассиси  пешбари шуъбаи қонунгузорӣ
                                                    оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ
                                                                    ва ҳифзи ҳуқуқ – Асозода Ф.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад