ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Сшб, 10/01/2023 - 08:57
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1923
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
24.12.2022
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА
 
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди қарзгирӣ ва идоракунии қарзи давлатӣ, қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ва азнавқарздиҳии қарзҳо ба миён меоянд, танзим менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) қарзгирии давлатӣ – ҷалби маблағҳои қарзӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ҷойгиронии коғазҳои қиматноки давлатӣ, гирифтани қарз ва истифодаи воситаҳои дигари молиявие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд ё дар бозорҳои молиявии беруна истифода мешаванд, ки аз рӯйи онҳо уҳдадориҳои қарзӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қарзгир ба миён меоянд;
2) қарзи давлатӣ – маҷмуи уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санаи муайян;
3) қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда – маблағи дар муҳлати муайян гирифташуда ва пардохтнагардидаи қарзи ғайридавлатие, ки аз ҷониби қарзгирандагон - резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кафолати давлатӣ ҷалб карда шудаанд;
4) уҳдадории қарзӣ – маблағи ба санаи муайян гирифташуда ва пардохтнашуда, аз ҷумла фоизҳои ҳисобшудаи напардохта ва маблағҳои дигари пардохтнагардида аз рӯйи қарзгирии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашуда, ки уҳдадориҳо оид ба хизматрасонии онҳо ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст;
5) кафолати давлатӣ – уҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қарздиҳанда ҷиҳати пурра ё қисман пардохт намудани қарз дар ҳолати аз ҷониби қарзгир - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарз дар муҳлати муқарраргардида;
6) коғазҳои қиматноки давлатӣ – вомбаргҳо ва векселҳое, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ бароварда мешаванд;
7) резидент – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор чунин шахс эътироф шудааст;
8) ғайрирезидент – шахси ҳуқуқӣ ва воқеие, ки резидент намебошад;
9) қарзи дохилии давлатӣ – қисми таркибии қарзи давлатӣ, ки маҷмуи уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди қарздиҳандагон – резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи муайян ташкил медиҳад. Коғазҳои қиматноки давлатие, ки барои ҷойгиронӣ дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд ва аз ҷониби ғайрирезидентҳо харида шудаанд, ба қарзи дохилии давлатӣ дохил мешаванд;
10) қарзи берунаи давлатӣ – қисми таркибии қарзи давлатӣ, ки маҷмуи уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди қарздиҳандагон – ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи муайян ташкил медиҳад. Коғазҳои қиматноки давлатие, ки барои ҷойгиронӣ дар бозорҳои молиявии байналмилалӣ бароварда шудаанд ва аз ҷониби резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд, ба қарзи берунаи давлатӣ дохил мешаванд;
11) қарзҳои ғайридавлатӣ – воситаҳои пулӣ, мол ё хизматрасониҳое, ки резидентҳо аз қарздиҳандаҳои дохилӣ, ё беруна аз рӯйи шартномаи қарзӣ, ё уҳдадории дигари қарзӣ қабул намудаанд; 
12) хизматрасонии қарзи давлатӣ – пардохти маблағи асосӣ, фоизҳо (купонҳо) ва маблағҳои дигари дар шартномаҳои қарзӣ ё ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии танзимкунандаи барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ пешбинишуда, ки дар асоси онҳо қарз ташаккул ёфтааст;
13) идоракунии қарзи давлатӣ – раванди таҳия ва амалисозии маҷмуи тадбирҳое, ки ба ҷалби қарзҳои давлатӣ ва хизматрасонии қарз мутобиқи мақсадҳои идоракунии қарзи давлатии муайяннамудаи Қонуни мазкур равона шудаанд;
14) манфиатгирандагони ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо – мақоми ваколатдори давлатии соҳавӣ ва дигар субъектони хоҷагидор, ки тибқи Қонуни мазкур дар асоси созишномаҳои зерқарзӣ азнавқарздиҳии қарзҳоро амалӣ менамоянд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. 
 
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ
 ИДОРАКУНИИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ
 
Моддаи 3. Салоҳиятҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии қарзи давлатӣ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии қарзи давлатӣ салоҳиятҳои зерин дорад:
1) додани ризоят ба додугирифти қарзи давлатӣ;
2) амалӣ намудани дигар салоҳиятҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 4. Салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии қарзи давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии қарзи давлатӣ салоҳиятҳои зеринро дорад:
1) стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
2) ҳамасола барномаҳои қарзгирии дохилӣ ва берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли молиявии навбатӣ маъқул дониста, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
3) дар бораи зарурати ҷалби қарзҳои давлатӣ ё қарзҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ва оид ба азнавқарздиҳии қарзҳо мутобиқи стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатӣ қарор қабул менамояд;
4) тартиби гузаронидани гуфтушунидҳо бо қарздиҳандагон, имзои ҳуҷҷатҳои дахлдор оид ба қарзҳои давлатӣ, гирифтан, баҳисобгирӣ ва истифодаи маблағҳои қарзи давлатӣ, ҷалби миёнаравҳои молиявӣ, инчунин, хизматрасонии қарзи давлатиро тасдиқ менамояд;
5) тартиби баҳисобгирии кафолатҳои давлатӣ ва азнавқарздиҳии қарзҳоро тасдиқ менамояд;
6) қоидаҳои барориш ва гардиши коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
7) тартиби пешниҳоди ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, тартиб ва меъёрҳои интихоби лоиҳаҳоро барои пешниҳоди кафолати давлатӣ тасдиқ менамояд;
8) низомнома дар бораи фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ оид ба қарзи берунаи давлатиро тасдиқ менамояд;
9) назорати умумиро дар соҳаи идоракунии қарзи давлатӣ амалӣ менамояд;
10) дар бораи барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ қарор қабул менамояд;
11) дар бораи додани кафолатҳои давлатӣ қарор қабул менамояд;
12) дигар салоҳиятҳои дар Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ менамояд.
 
Моддаи 5. Ваколатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии қарзи давлатӣ 
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии қарзи давлатӣ ваколатҳои зеринро дорад:
1) лоиҳаи стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатиро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
2) ҳамасола лоиҳаи барномаҳои қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли молиявии оянда таҳия ва барои маъқул донистан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
3) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зарурати ҷалби маблағҳои қарзӣ пешниҳод манзур менамояд;
4) идоракунии қарзи давлатиро амалӣ менамояд; 
5) лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои иҷрои уҳдадорӣ ва ваколатҳои дахлдор оид ба идоракунии қарзи давлатӣ, кафолатҳои давлатӣ барои қарзҳо ва азнавқарздиҳии қарзҳо зарур мебошанд, таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
6) санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба идоракунии қарзи давлатӣ ва кафолатҳои давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида қабул менамояд;
7) ҳисоботи семоҳа ва солонаро оид ба қарзи давлатӣ таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
8) барои хизматрасонии қарзи давлатӣ тибқи шартнома миёнаравҳои молиявиро ҷалб менамояд; 
9) коғазҳои қиматноки давлатиро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарорад;
10) кафолатҳои давлатиро дар асоси таҳлили хавфҳои қарзӣ ва сиёсати давлатӣ дар самти додани кафолатҳои давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад; 
11) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаҳои қарзи беруна азнавқарздиҳии қарзро анҷом медиҳад;
12) омодасозӣ ва татбиқи чорабиниҳоро оид ба муносибгардонии сохтори қарз, аз ҷумла коғазҳои қиматноки давлатӣ, идоракунии хавфҳои қарзи давлатӣ, таҷдиди қарзи давлатӣ, амалӣ менамояд;
13) барориши коғазҳои қиматноки давлатиро, ки дар бозорҳои молиявии байналмилалӣ ҷойгир мешаванд, бо ташкилотҳои молиявии дар барориш иштироккунанда ҳамоҳанг менамояд;
14) низомнома дар бораи фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ оид ба қарзи берунаи давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
15) дигар ваколатҳои дар Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ менамояд.
 
Моддаи 6. Ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии қарзи давлатӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҳамкорӣ менамояд.
 
Моддаи 7. Маҳдудиятҳо ҳангоми амалӣ намудани қарзгирии давлатӣ
Мақомоти давлатӣ, ба истиснои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани қарзгирии давлатӣ ва додани кафолати давлатиро надоранд. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани қарзи давлатӣ ва додани кафолати давлатӣ ҳуқуқ надоранд.
 
Моддаи 8. Комиссияи байниидоравӣ оид ба қарзи берунаи давлатӣ 
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии назорати ҷалби қарзҳои беруна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарзи берунаи давлатиро ташаккул медиҳанд, иҷрои шартҳои қарзи берунаи давлатӣ ё кафолатҳои аз ҷониби давлат додашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба қарзи берунаи давлатӣ таҳти раёсати вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. 
 
БОБИ 3. МЕЪЁРҲОИ ҲАДДИ НИҲОИИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ, КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА АЗНАВҚАРЗДИҲИИ ҚАРЗҲО
 
Моддаи 9. Меъёрҳои ҳадди ниҳоии қарзи давлатӣ, кафолатҳои давлатӣ ва азнавқарздиҳии қарзҳо
1. Меъёрҳои ҳадди ниҳоии қарзи дохилӣ ва берунаи давлатӣ, инчунин, кафолатҳои давлатӣ ва азнавқарздиҳии қарзҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ муқаррар карда мешаванд. 
2. Меъёрҳои ҳадди ниҳоӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои ҳадди ниҳоӣ риояшуда ба ҳисоб мераванд, агар параметрҳои онҳо бо яке аз асъорҳои мувофиқакардашуда мутобиқат намоянд.
 
БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ
 
Моддаи 10. Идоракунии қарзи давлатӣ
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи идоракунандаи қарзи давлатӣ ва мақоме мебошад, ки кафолати давлатӣ медиҳад.
2. Мақсади асосии идоракунии қарзи давлатӣ қонеъ кардани эҳтиёҷоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағгузории қарзӣ ва иҷрои уҳдадориҳои он оид ба пардохтҳо бо хароҷоти камтарин ва дараҷаи хавфи оқилона дар дурнамои кӯтоҳ ва дарозмуддат мебошад.
3. Барои таъмини иҷрои мақсадҳо оид ба идоракунии қарзи давлатӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои дар бозори молиявӣ қабулшуда, аз қабили таҷдиди қарз, бозтамвили қарз, пеш аз муҳлат пардохт намудани қарз, бозпас харидан, мубодила (аҳд), бахшидани қарз ва монанди инҳо метавонанд истифода шаванд.
 
Моддаи 11. Принсипҳои идоракунии қарзи давлатӣ
Идоракунии қарзи давлатӣ ба принсипҳои шаффофият, самаранокӣ, мақсаднокӣ, ҳамкории байниидоравӣ, ҳисоботдиҳӣ, пешгӯишаванда будан ва ошкорбаёнӣ асос меёбад.
 
Моддаи 12. Мақсади қарзгирии давлатӣ
1. Қарзгирии давлатӣ метавонад барои мақсадҳои зерин амалӣ карда шавад:
1) маблағгузории касри буҷети давлатӣ;
2) пардохт, пардохти пеш аз муҳлат, бозтамвил ва таҷдиди уҳдадориҳои қарзӣ ва кафолатҳои давлатии амалкунанда;
3) маблағгузории сармоягузории давлатӣ;
4) таъмини пардохтпазирии ҷорӣ зимни иҷрои буҷети давлатӣ;
5) рушди бозори дохилии коғазҳои қиматноки давлатӣ;
6) дигар мақсадҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.
2. Маблағҳои аз ҳисоби қарзгирии давлатӣ бадастомада ба буҷети давлатӣ ворид карда шуда, дар рафти иҷрои он, аз ҷумла бо роҳи истифодаи ройгон (хароҷоти буҷетӣ) ё пешниҳод ба қарзгирандагони дохилӣ дар асоси бозпас гардонидан (азнавқарздиҳӣ) истифода мешаванд.
 
Моддаи 13. Воситаҳои қарзгирии давлатӣ
Воситаҳои қарзгирии давлатӣ инҳо мебошанд:
1) шартномаҳои қарзӣ;
2) коғазҳои қиматноки давлатӣ;
3) қарзҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашуда, ки уҳдадории пардохти онҳо тибқи кафолати давлатии додашуда ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст;
4) воситаҳои дигари молиявӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд ё дар бозорҳои молиявии беруна истифода мешаванд.
 
Моддаи 14. Таркиби қарзи давлатӣ
1. Қисмҳои таркибии қарзи давлатӣ инҳо мебошанд:
1) қарзи дохилии давлатӣ;
2) қарзи берунаи давлатӣ.
2. Қарзи давлатӣ аз рӯйи муҳлати бозгардонӣ кӯтоҳмуҳлат (то як сол), миёнамуҳлат (аз як то панҷ сол) ва дарозмуҳлат (зиёда аз панҷ сол) мешавад.
 
Моддаи 15. Қарзи дохилии давлатӣ
1. Сарчашмаҳои қарзи дохилии давлатӣ инҳо мебошанд: 
1) шартномаҳои қарзӣ бо резидентҳо;
2) коғазҳои қиматноки давлатӣ, ки барои ҷойгиронӣ дар бозори дохилӣ бароварда шудаанд;
3) воситаҳои дигари молиявие, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд ва ҳангоми истифодаи онҳо ба сифати қарздеҳ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои гузаронидани гуфтушунидҳо ва ба имзо расонидани шартномаҳои қарзӣ бо қарздиҳандагон - резидентҳо, барориш ва муомилоти коғазҳои қиматноки давлатӣ барои ҷойгиронӣ дар бозори дохилӣ баровардашавандаро муайян мекунад. 
3. Қарор дар бораи гирифтани қарзи дохилии давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ қабул карда мешавад. 
4. Шартнома дар бораи қарзи давлатӣ, аз ҷумла коғазҳои қиматнок ва дигар уҳдадориҳои қарзӣ, бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси расмии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда ба имзо расонда мешавад.
5. Дар сурати ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани уҳдадориҳо оид ба хизматрасонии кафолатҳои дохилии давлатӣ, чунин уҳдадориҳо қарзи дохилии давлатӣ эътироф карда мешавад.
 
Моддаи 16. Қатъ гардидани уҳдадориҳои қарзӣ аз рӯйи қарзи дохилии давлатӣ ва аз қарзи давлатӣ cоқит кардани онҳо
Дар ҳолате ки агар уҳдадории қарзӣ аз рӯйи қарзи дохилии давлатӣ дар давоми се соли баъди санаи пардохте, ки дар шартҳои уҳдадории қарзӣ ё қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, барои пардохт пешниҳод нагардад, ё кафолати давлатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур қатъ гардида бошад, уҳдадории қарзии мазкур қатъшуда эътироф шуда, аз қарзи дохилии давлатӣ хориҷ карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
 
Моддаи 17. Қарзи берунаи давлатӣ
1. Сарчашмаҳои қарзи берунаи давлатӣ инҳо мебошанд:
1) шартномаҳои қарзӣ бо ғайрирезидентҳо;
2) коғазҳои қиматноки давлатӣ, ки барои ҷойгиронӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ бароварда шудаанд;
3) дигар воситаҳои молиявие, ки дар бозорҳои молиявии беруна истифода мешаванд.
2. Қоидаҳои гуфтушунид ва бастани шартномаҳои қарзӣ бо қарздиҳанда - ғайрирезидентҳо, барориш ва муомилоти коғазҳои қиматноки давлатии барои ҷойгиронӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ баровардашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Бастани шартномаҳои қарзие, ки шартномаҳои байналмилалӣ мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд.
4. Қарор дар бораи гирифтани қарзи берунаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур қабул карда мешавад. 
5. Шартнома дар бораи қарзи берунаи давлатӣ, аз ҷумла коғазҳои қиматнок ва дигар уҳдадориҳои қарзӣ, бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда ба имзо расонда мешавад.
6. Дар сурати ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани уҳдадориҳо оид ба хизматрасонии кафолатҳои давлатии беруна, чунин уҳдадориҳо ҳамчун уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ эътироф карда мешаванд.
 
Моддаи 18. Хизматрасонии қарзи давлатӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии саривақтӣ, пурра ва муттасили қарзи давлатиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, новобаста аз дохил кардани ин уҳдадориҳо ба буҷети давлатӣ, таъмин менамояд. 
2. Ҳамаи пардохтҳо оид ба хизматрасонии қарзи давлатӣ бояд дар ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ пурра инъикос карда шаванд.
 
Моддаи 19. Баҳисобгирии қарзи давлатӣ
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирӣ ва баҳисобгирии қарзи давлатиро анҷом дода ва барои эътимоднок будани баҳисобгирии он масъул мебошад. 
2. Шаклҳои баҳисобгирии қарзи давлатиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баҳисобгирии саривақтӣ, бехатарӣ ва мукаммалии фарогирии маълумот, таҳияи ҳисобот ва таҳлили қарзи давлатӣ низоми ягонаи электронии баҳисобгирии қарзи давлатиро таъсис медиҳад ва пеш мебарад. 
 
Моддаи 20. Стратегияи миёнамуҳлат оид ба идоракунии қарзи давлатӣ
1. Бо мақсади идоракунии оқилонаи қарзи давлатӣ, арзёбии хатарҳои эҳтимолӣ ва ташаккули сандуқи қарзии қобили қабул стратегияи миёнамуҳлати (сесолаи) идоракунии қарзи давлатӣ қабул карда мешавад.
2. Лоиҳаи стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сиёсати буҷетии давлатӣ ва барномаҳои сармоягузории давлатӣ таҳия менамояд. 
3. Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатӣ ҳангоми зарурат ҳамасола таҷдиди назар карда мешавад.
4. Стратегияи миёнамуҳлат оид ба идоракунии қарзи давлатӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
1) ҳадафҳо ва вазифаҳои стратегия;
2) натиҷаҳои татбиқи стратегияи қаблӣ;
3) сохтори мавҷудаи қарз ва арзёбии хавфҳои сандуқи қарзии ҷорӣ;
4) дурнамоиҳои макроиқтисодӣ;
5) сарчашмаҳои имконпазири қарзгирӣ, тавсифи стратегияи қобили қабул, натиҷаҳои интизории татбиқи он бо фарогирии тамоми давраи пешбинишаванда;
6) номгӯйи бахшҳои афзалиятноки иқтисод ва (ё) лоиҳаҳое, ки барои маблағгузорӣ тавассути ҷалби қарзҳои ғайридавлатӣ таҳти кафолатҳои аз ҷониби давлат додашуда пешбинӣ шудаанд;
7) тавсиф ва арзёбии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба кафолатҳои давлатии додашуда ва қарзҳои азнавқарздодашуда.
5. Ҷалби қарзҳои давлатӣ ё қарзҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашуда, азнавқарздиҳии қарзҳо мутобиқи стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
6. Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатӣ баъд аз тасдиқи он дар сомонаи расмии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
 
Моддаи 21. Барномаҳои қарзгирии дохилӣ ва берунаи давлатӣ
1. Лоиҳаи барномаҳои қарзгирии дохилӣ ва берунаи давлатиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатӣ ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ таҳия менамояд. Лоиҳаи Барномаҳои қарзгирии дохилӣ ва берунаи давлатӣ якҷо бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва пешниҳоди минбаъда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ манзур карда мешаванд. 
2. Барномаҳои қарзгирии дохилӣ ва берунаи давлатӣ дар асоси нишондиҳандаҳои солонаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ таҳия шуда, бояд маълумоти зеринро дар бар гиранд:
1) арзёбии талабот ба захираҳои молиявӣ;
2) манбаъҳо ва сохтори қарзҳои давлатӣ (аз рӯйи манбаъҳо ва воситаҳои қарзӣ );
3) тақвими барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ;
4) барномаи азхудкунии қарзҳо;
5) хизматрасонии қарзи давлатӣ дар давоми соли молиявӣ;
6) ҳаҷм ва сохтори қарзи давлатӣ, нишондиҳандаҳое, ки сандуқи қарзиро тавсиф мекунанд.
3. Барномаҳои қарзгирии дохилӣ ва берунаи давлатӣ пас аз тасдиқ дар сомонаи расмии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешаванд. 
 
Моддаи 22. Ҳисоботдиҳӣ
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи семоҳаро дар бораи қарзи давлатӣ таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
2. Дар ҳисоботи семоҳа оид ба қарзи давлатӣ маълумоти зерин инъикос карда мешавад:
1) маълумот дар бораи амалиётҳои анҷомдодашуда (ҷалби қарзҳо, азхудкунии маблағҳои қарзӣ, барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ, хизматрасонии қарз);
2) маълумот дар бораи ҳаҷм ва сохтори қарзи давлатӣ, нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи қарзи давлатӣ;
3) маълумот дар бораи кафолатҳои давлатӣ ва азнавқарздиҳии қарзҳо.
3. Ҳисоботи семоҳа оид ба қарзи давлатӣ дар сомонаи расмии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз як моҳ пас аз пешниҳоди ҳисоботи семоҳа нашр карда мешавад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро дар бораи қарзи давлатӣ таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
5. Дар ҳисоботи солона оид ба қарзи давлатӣ маълумоти зерин инъикос карда мешаванд:
1) дар бораи иҷрои мақсадҳои дар стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатӣ муқарраргардида;
2) дар бораи амалиётҳои анҷомдодашуда (ҷалби қарзҳо, азхудкунии маблағҳои қарзӣ, барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ, хизматрасонии қарзӣ); 
3) оид ба таҳлили муқоисавӣ бо нишондиҳандаҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор, стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатӣ ва барномаи қарзгирии давлатии дохилӣ ва беруна муқаррар шудаанд;
4) дар бораи ҳаҷм ва сохтори қарзи давлатӣ, нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи сандуқи қарзи давлатӣ, ҷадвали пардохти қарзи давлатӣ;
5) оид ба номгӯйи муфассал ва хусусиятҳои асосии (шартҳои) қарздиҳии воситаҳои қарзии амалкунанда;
6) дар бораи кафолатҳои давлатии додашуда ва азнавқарздиҳии қарзҳо.
6. Ҳисоботи солона дар бораи қарзи давлатӣ дар сомонаи расмии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз як моҳ пас аз анҷоми пешниҳоди ҳисоботи солона нашр карда мешавад.
 
Моддаи 23. Аудити қарзи давлатӣ
1. Аудити қарзи давлатиро Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи солонаи корҳо мегузаронад. 
2. Палатаи ҳисоб ҳисоботи солонаро дар бораи аудити қарзи давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. 
3. Ҳисоботи солона дар бораи аудити қарзи давлатӣ дар сомонаи расмии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
 
БОБИ 5. КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ҚАРЗҲО
 
Моддаи 24. Кафолатҳои давлатӣ барои қарзҳо
1. Кафолати давлатӣ уҳдадории шартии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартҳои пешниҳодшудаи он мебошад. Уҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати аз ҷониби қарзгир - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт накардани маблағи пардохтшаванда оид ба хизматрасонии қарз мутобиқи шартномаи қарзии байни қарздеҳ ва қарзгиранда - резидент бо шартҳои пешниҳоди кафолати давлатӣ басташуда ва дар асоси аризаи ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои кафолати давлатӣ пешниҳоднамудаи қарздеҳ ба миён меояд.
2. Кафолати давлатӣ бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи меъёри муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор дода мешавад. 
3. Бастани шартномаҳо оид ба додани кафолатҳо, ки шартномаҳои байналмилалӣ мебошанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
4. Кафолати давлатӣ дар ҳолатҳои истисноии зерин дода мешавад:
1) барои қарзҳое, ки ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти афзалиятнокдошта пешбинӣ шудаанд;
2) барои қарзҳое, ки ҷиҳати пеш аз муҳлат баргардонидани қарзҳои қаблан бо кафолати давлатӣ гирифта шудаанд, ба шарте ки қарзҳои нав арзиши молиявии камтар дошта бошанд;
3) барои қарзҳое, ки барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати нигоҳдории устувории низоми молиявӣ дар ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудаанд. 
 
Моддаи 25. Талаботи умумӣ ба дархосткунандагони кафолати давлатӣ ва тартиби интихоби лоиҳаҳо
1. Дархосткунандагони кафолати давлатӣ танҳо шахсони ҳуқуқӣ- резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шартҳои қарзи ғайридавлатӣ ва хавфҳои лоиҳаи сармоягузорӣ метавонад нисбат ба дархосткунандагон талаботи иловагиеро муқаррар намояд, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд. 
2. Қарзгирандагон - резидентҳо, ки барои гирифтани кафолати давлатӣ муроҷиат мекунанд, бояд ба мақоми ваколатдори давлатии соҳавӣ ариза пешниҳод намоянд. 
3. Дар натиҷаи интихоби лоиҳаҳо мақоми ваколатдори давлатии соҳавӣ оид ба ҳар як лоиҳа бо арзёбии самаранокии иқтисодии лоиҳа хулоса тартиб медиҳад. Лоиҳаҳо бо хулосаҳои мусбӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
4. Кафолати давлатӣ дар ҳолатҳои зерин дода намешавад, агар:
1) қарзгир - резидент уҳдадориҳои иҷронашуда аз рӯйи кафолатҳои қаблан додашуда, қарзҳо аз буҷети давлатӣ ва дигар уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ дошта бошад;
2) вазъи молиявии қарзгир - резидент қаноатбахш набошад;
3) қарзгир - резидент дигар кафолати воқеӣ ё шахсии иҷрои уҳдадориҳоро надошта бошад, ки барои пардохти қарз ва фоизҳо кифоягӣ кунад; 
4) қарзгир - резидент қарзи пардохтнашуда (батаъхирафтода) дорад, ки муҳлати пардохташон расидааст;
5) қарзгир - резидент дар мурофиаи судӣ ба сифати ҷавобгар ё судшаванда иштирок кунад, ё субъекти расмиёти муфлисшавӣ бошад;
6) лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ набошанд;
7) лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз нуқтаи назари молиявию иқтисодӣ қаноатбахш набошанд. 
 
Моддаи 26. Пешниҳоди кафолати давлатӣ барои қарз
1. Дар асоси хулосаи мусбии мақоми ваколатдори давлатии соҳавӣ ва дар доираи меъёрҳои ҳадди ниҳоии кафолатҳои давлатии муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа ва асоснокии қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди кафолати давлатӣ таҳия карда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
2. Шартҳои пешниҳоди кафолати давлатӣ бо шартнома оид ба пешниҳоди кафолати давлатӣ (шартномаи кафолатӣ), ки дар шакли хаттӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарздиҳанда ва қарзгир баста шудааст ё дар огоҳиномаи хаттии (уҳдадории кафолатии) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди кафолати давлатӣ муайян карда мешаванд.
3. Унсурҳои ҳатмии ҳуҷҷати ҳуқуқӣ оид ба пешниҳоди кафолати давлатӣ инҳо мебошанд:
1) ном ва суроғаи қарздиҳанда, ки қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашавандаро пешниҳод менамояд;
2) ном ва суроғаи қарзгир - резидент;
3) тавсифи уҳдадориҳое, ки бо кафолати давлатӣ кафолат дода мешавад;
4) маблағҳои ҳадди аксари кафолати давлатӣ; 
5) ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо;
6) муҳлат ва шартҳои пешниҳоди кафолати давлатие, ки дар асоси он қарздиҳанда ҳуқуқ дорад аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои уҳдадории бо кафолати давлатӣ кафолатёфтаро талаб намояд;
7) шартҳои қарзе, ки бо кафолати давлатӣ кафолат дода мешавад. 
4. Кафолатҳои давлатӣ пурра ё қисман баргардонидани маблағи асосии қарзро, ки давлат кафолат додааст ва пардохти фоизҳоро таъмин менамоянд, агар пардохти онҳо ба шартҳои додани кафолати давлатӣ пешбинӣ шуда бошад. 
5. Шартномаи кафолатӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, аз рӯзи ба имзо расидани он аз ҷониби тарафҳо эътибор пайдо мекунад. Уҳдадории кафолатӣ аз рӯзи дода шуданаш эътибор пайдо мекунад.
6. Шартномаи кафолатӣ ва уҳдадории кафолатӣ барои ҳар як лоиҳа аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шахси иҷрокунандаи вазифаи он имзо карда мешаванд.
7. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди кафолати дахлдори давлатӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарздиҳанда ва қарзгир - резидент шартнома баста мешавад, ки дар он шартҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
1) пардохт барои кафолати давлатӣ (хироҷи кафолатӣ), ки аз ҷониби қарзгир - резидент ба буҷети давлатӣ гузаронда мешавад;
2) уҳдадории қарзгир – резидент оид ба фароҳам овардани кафолатҳои кофӣ ба манфиати қарздиҳанда барои таъмини баргардонидани қарз ва хароҷоти пешбинишаванда;
3) уҳдадории қарзгир – резидент ҷиҳати пешниҳоди ҳисобот оид ба уҳдадориҳое, ки аз кафолати давлатӣ бармеоянд;
4) ба манфиати давлат пешбинӣ кардани дигар кафолатҳо;
5) таъиноти маблағҳое, ки аз ҳисоби қарзҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашуда гирифта шудаанд;
6) уҳдадории қарзгир - резидент барои ба давлат баргардонидани тамоми маблағҳое, ки давлат барои иҷрои кафолати давлатӣ сарф кардааст, инчунин, хароҷоти дигар вобаста ба иҷрои уҳдадории мазкур.
8. Риоя накардани тартиби пешниҳоди кафолати давлатӣ боиси беэътибор донистани он мегардад.
9. Барои пешниҳоди кафолати давлатӣ хироҷи кафолатӣ дар ҳаҷм ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад. Андозаи хироҷи кафолатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди кафолати дахлдори давлатӣ муқаррар карда мешавад ва аз дараҷаи хавфҳои лоиҳаи мазкур вобаста аст.
10. Андозаи хироҷи кафолатӣ набояд аз 0,2 фоизи маблағи кафолати давлатӣ зиёд бошад. 
11. Хироҷи кафолатӣ аз ҷониби қарзгир - резидент дар муҳлати панҷ рӯз баъд аз имзои шартномаи дар қисми 7 моддаи мазкур зикргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Агар қарзгир - резидент тибқи муқаррароти моддаи мазкур хироҷи кафолатиро напардохта бошад, шартнома дар бораи пешниҳоди кафолати давлатӣ баста намешавад. Дар ҳолати пешниҳод нагардидани кафолати давлатӣ маблағи пардохтшуда ба қарзгир - резидент баргардонда мешавад. 
 
Моддаи 27. Иҷрои кафолати давлатӣ ва ҷуброни маблағҳои ба ин мақсадҳо истифодашуда
1. Дар ҳолати аз ҷониби қарзгир - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон напардохтани маблағи пардохтшаванда барои хизматрасонии қарз мутобиқи шартномаи қарзии байни қарздиҳанда ва қарзгир - резидент басташуда, қарздиҳанда ҳуқуқ дорад, ки ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои кафолати давлатӣ ариза пешниҳод намояд. 
2. Агар маълумоти дар аризаи қарздиҳанда оид ба иҷрои кафолати давлатӣ дарҷгардида ба муқаррароти Қонуни мазкур ва шартҳои пешниҳоди кафолати давлатӣ мутобиқ бошад, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки пардохт ва ё пардохтҳо аз рӯйи қарзе, ки нисбат ба он кафолат дода шудааст, тибқи муқаррарот ва шартҳои шартномаи қарзӣ ба амал бароварда нашудааст. Муқаррароти мазкур дар шакли хулосаи хаттии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани уҳдадориҳо оид ба хизматрасонии қарз тибқи кафолати давлатии додашуда ифода мегардад. 
3. Уҳдадориҳои пулие, ки аз иҷрои кафолати давлатӣ бармеоянд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии соли дахлдор, сарфи назар аз маблағи дар буҷет барои ин мақсадҳо тасдиқшуда, иҷро карда мешаванд ва дар ҳисобот дар бораи иҷрои кафолати давлатӣ инъикос мегарданд. 
4. Кафолатҳои қарзи дохилии давлатӣ ва кафолатҳои қарзи берунаи давлатӣ мувофиқан ба қарзи дохилӣ ё берунаи давлатӣ аз лаҳзаи қабули хулосаи хаттии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. 
5. Қарзгир - резидент баъди аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кардани кафолати давлатӣ уҳдадор аст барои ба давлат ҷуброн кардани ҳамаи маблағҳои тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва шартҳои додани кафолати давлатӣ, инчунин, шартномаи байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзгир-резидент мутобиқи қисми 7 моддаи 26 Қонуни мазкур басташуда, ки ҷиҳати иҷрои кафолати давлатӣ сарф шудаанд, чораҳои имконпазир андешад.
6. Дар ҳолате ки қарзгир - резидент уҳдадориҳои молиявии худро тибқи ҷадвали муқарраршудаи пардохт ва (ё) хизматрасонии қарз иҷро карда натавонад, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои таҳлили молиявию иқтисодии қарзгир - резидент ҳуқуқи тамдиди муҳлати ин пардохтро дорад. 
7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст, ки нисбат ба моликияти қарзгир - резидент гарави қонунӣ муқаррар намояд ё кафолати мутақобиларо ба  фоидаи  қарзгир - резидент бо мақсади баргардонидани маблағи барои иҷрои уҳдадориҳои қарзгир- резидент истифодашаванда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирад. 
 
Моддаи 28. Баҳисобгирии кафолатҳои давлатӣ ва ҳисоботдиҳӣ
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирӣ ва баҳисобгирии кафолатҳои давлатиро анҷом дода, барои эътимоднокии баҳисобгирии мазкур масъул мебошад. Шаклҳои баҳисобгирии кафолатҳои давлатиро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баҳисобгирии саривақтӣ, бехатарӣ ва мукаммалии фарогирии маълумот, таҳияи ҳисобот ва таҳлили кафолатҳои давлатӣ низоми ягонаи электронии баҳисобгирии қарзи давлатиро таъсис медиҳад ва пеш мебарад.
3. Маълумот дар бораи кафолатҳои давлатии пешниҳодшуда дар ҳисоботи семоҳа ва солона дар бораи қарзи давлатӣ, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, инъикос карда мешавад. 
4. Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатӣ бояд арзёбӣ ва таҳлили хавфҳои марбут ба кафолатҳои давлатии пешниҳодшударо дар бар гирад. 
 
Моддаи 29. Асосҳои қатъ гардидани амали кафолати давлатӣ
Амали кафолати давлатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад, агар:
1) уҳдадории кафолатӣ пурра пардохт шуда бошад;
2) муҳлати кафолати давлатӣ гузашта бошад;
3) маблағҳои қарзие, ки аз ҷониби давлат кафолат дода шудаанд, барои мақсадҳои дар шартномаи қарзӣ ва шартҳои пешниҳоди кафолати давлатӣ муқарраргардида истифода нашуда бошанд;
4) уҳдадории дорои кафолати давлатӣ бе розигии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шуда бошад ва чунин тағйирот боиси зиёд шудани масъулият ё дигар оқибатҳои номатлуб барои давлат ба сифати кафил гардад;
5) шартнома дар бораи қабули уҳдадорие, ки бо кафолати давлатӣ кафолат дода шудааст ё шартнома дар бораи гузашт кардани талаботе, ки бо кафолати давлатӣ кафолат дода шудааст, ба имзо расонида шуда бошад;
6) бо дигар сабабҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 30. Назорат ва масъулият барои истифодаи маблағҳое, ки аз ҳисоби шартномаи қарзии дорои кафолати давлатӣ ба даст омадаанд 
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоеро, ки аз ҳисоби шартномаи қарзии аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ба даст омадаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад. 
2. Қарзгир -  резиденти дорои кафолати давлатӣ, қарздеҳ ва бонке, ки кафолати мутақобил додааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳое, ки аз рӯйи қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда гирифта шудаанд ва барои баргардондани маблағҳои барои аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани кафолати давлатӣ истифодашуда дар ҳолати аз ҷониби қарзгир - резидент иҷро нагардидани уҳдадориҳои қарзӣ аз рӯйи қарз масъулият доранд.
 
БОБИ 6. АЗНАВҚАРЗДИҲИИ ҚАРЗҲО
 
Моддаи 31. Мақсади азнавқарздиҳии қарзҳо
1. Маблағҳои молиявии аз рӯйи қарзҳо ва грантҳои дохилӣ ва (ё) берунаи давлатӣ гирифташуда метавонанд дар асоси бозгашт ба манфиатгирандагони ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо барои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд мутобиқи сиёсати буҷети давлатӣ ва барномаҳои сармоягузории давлатӣ аз нав қарз дода шаванд. 
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонае мебошад, ки дар асоси Қонуни мазкур ваколати идоракунии маблағҳои молиявии аз рӯйи қарзҳо ва грантҳои дохилӣ ва (ё) берунаи давлатӣ гирифташударо дорад. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст, ки амалиётҳои азнавқарздиҳиро бевосита ба манфиатгирандагони ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо ё тавассути миёнаравҳои молиявӣ (ташкилотҳои қарзии молиявӣ), ё ба воситаи сохторҳои алоҳидае, ки махсус барои азнавқарздиҳии қарзҳо таъсис дода шудаанд, анҷом диҳад, инчунин, созишномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии марбут ба ваколатҳои муқаррарнамудаи моддаи мазкурро имзо намояд. 
 
Моддаи 32. Азнавқарздиҳии маблағҳое, ки аз ҳисоби қарзгирии давлатӣ гирифта шудаанд
1. Азнавқарздиҳии қарзҳо барои манфиатгирандагони ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо тавассути миёнаравҳои молиявӣ, ки аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азнавқарздиҳӣ маблағ қарз мегиранд, бо роҳи бастани созишномаҳои зерқарзӣ амалӣ карда мешавад. Азнавқарздиҳии қарзҳо барои манфиатгирандагони ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо тавассути Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои дар шартномаҳо оид ба қарзи дохилӣ ё беруна ва грантҳо муқаррар гардидани он, инчунин, бо назардошти хусусиятҳои лоиҳаҳо амалӣ карда мешавад. 
2. Танҳо резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд миёнаравҳои молиявӣ ва манфиатгирандагони ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо бошанд.
3. Азнавқарздиҳии қарзҳо дар ҳолатҳои зерин имконнопазир мебошад:
1) миёнарави молиявӣ ё манфиатгирандаи ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо аз рӯйи қарзҳои қаблан додашуда аз буҷети давлатӣ, кафолатҳои давлатӣ ва дигар уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ уҳдадории иҷронашуда дошта бошанд;
2) вазъи молиявии миёнарави молиявӣ ё манфиатгирандаи ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо қаноатбахш набошад;
3) миёнарави молиявӣ ё манфиатгирандаи ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо кафолати дигари воқеӣ, ё шахсии иҷрои уҳдадориҳоро, ки барои пардохти қарз ва фоизҳои пардохтшаванда кофӣ мебошад, надошта бошад;
4) миёнарави молиявӣ ё манфиатгирандаи ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо қарзи пардохтнашуда (муҳлаташ гузашта) дошта бошад, ки муҳлати пардохти он фаро расидааст;
5) миёнарави молиявӣ ё манфиатгирандаи ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо ба сифати ҷавобгар, ё судшаванда дар ягон мурофиаи судӣ иштирок дошта бошад, ё субъекти расмиёти муфлисшавӣ бошад.
4. Дар ҳолате ки агар азнавқарздиҳӣ ба воситаи миёнаравҳои молиявӣ анҷом дода шавад, шартҳои интихоби манфиатгирандагони ниҳоие, ки метавонанд аз ин маблағҳо қарз гиранд, аз тарафи миёнаравҳои молиявӣ бо риояи меъёрҳои арзёбии хавфи қарзӣ ва меъёрҳои интихоб тибқи қоидаҳо ва амалияи қарзии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда муайян карда мешаванд. Хавфҳои тиҷоратӣ, асъорӣ ва молиявии марбут ба гузаронидани амалиётҳои азнавқарздиҳӣ ба зиммаи миёнаравҳои молиявӣ, ки аз маблағҳои барои азнавқарздиҳӣ пешбинишуда қарз медиҳанд, гузошта мешаванд.
5. Шартҳои азнавқарздиҳии маблағҳое, ки аз ҳисоби қарзгирии давлатӣ гирифта шудаанд, аз ҷониби қарздиҳанда муқаррар карда мешаванд ва (ё) дар созишнома оид ба қарзҳои дохилӣ ё беруна муайян карда мешаванд. 
6. Шартҳои азнавқарздиҳӣ дар шартномаҳои азнавқарздиҳӣ муайян карда мешаванд. Дар шартномаҳо меъёри фоизи ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда, асъоре, ки маблағи асосӣ ва дигар пардохтҳо бо он ҳисоб ва пардохт карда мешаванд, кафолатҳои баргардонидани қарз, муҳлати баргардондани қарз, мақсади қарздиҳӣ, ҳолатҳои иҷро накардани шартҳои шартномаҳо, ҷаримаҳо дар ҳолати ба таъхир андохтан ё напардохтани маблағ ва уҳдадориҳои дигари тарафҳо муқаррар карда мешаванд. 
7. Миёнаравҳои молиявие, ки дар азнавқарздиҳии маблағҳои аз ҳисоби қарзҳои давлатӣ гирифташуда иштирок менамоянд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) сохторҳои махсуси бо мақсади азнавқарздиҳии қарзҳо таъсисдодашуда, тибқи қоидаҳо ва расмиёти идоракунии лоиҳаҳое, ки аз сарчашмаҳои беруна маблағгузорӣ мешаванд, интихоб карда мешаванд.
8. Ҳама гуна пардохти маблағҳое, ки барои азнавқарздиҳии қарзҳои манфиатгирандагон пешниҳод шудаанд, метавонад боздошта ё қатъ карда шавад, дар ҳолате ки агар манфиатгирандаи азнавқарздиҳии қарзҳо уҳдадориҳои худро, ки аз шартномаи азнавқарздиҳӣ бармеоянд, вайрон кунад, ин маблағҳоро аз рӯйи таъинот истифода набарад ва (ё) агар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки метавонанд ба муфлисшавии манфиатгиранда оварда расонанд.
9. Миёнаравҳои молиявӣ ва манфиатгирандагони ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо барои истифодаи мақсадноки маблағҳои қарзӣ масъул мебошанд.
 
Моддаи 33. Идоракунӣ ва мониторинги маблағҳои азнавқарздиҳии қарзҳо 
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунӣ ва мониторинги истифодаи маблағҳои барои азнавқарздиҳии қарзҳо пешбинишударо амалӣ менамояд. 
2. Миёнаравҳои молиявие, ки дар азнавқарздиҳии қарзҳо аз ҳисоби маблағҳои қарзгирии давлатӣ иштирок менамоянд, ҳар семоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пардохт ва баргардондани маблағҳои азнавқарздиҳии қарзҳо, дар бораи вазъи иқтисодии худ маълумот, аз ҷумла ҳисоботи молиявӣ ва ҳисоботи аудитории солонаи беруна, пешниҳод мекунанд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) сохторҳои махсуси бо мақсади азнавқарздиҳии қарзҳо таъсисёфта мониторинги миёнаравҳои молиявӣ ва манфиатгирандагони дар азнавқарздиҳии қарзҳо аз ҳисоби маблағҳои қарзгирии давлатӣ иштироккунандаро то иҷрои пурра ва (ё) қатъи уҳдадориҳои шартномавӣ амалӣ менамоянд. Барои ин Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) сохторҳои махсуси бо мақсади азнавқарздиҳии қарзҳо таъсисёфта аз Бонки миллии Тоҷикистон маълумот дар бораи вазъи иқтисодии миёнаравҳои молиявие, ки дар амалиётҳои азнавқарздиҳӣ нияти иштирок кардан доранд ё иштирок менамоянд, дархост мекунанд. 
 
Моддаи 34. Баргардондани маблағҳои азнавқарздодашуда
1. Маблағҳои молиявие, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) сохторҳои махсуси бо мақсади азнавқарздиҳии қарзҳо таъсисёфта барои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд, ки аз ҳисоби манбаъҳои беруна ва (ё) дохилӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин, маблағҳое, ки барои хизматрасонии онҳо пардохта мешаванд, аз ҷониби манфиатгирандагони ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо ё миёнаравҳои молиявӣ ба буҷети давлат, ё ба суратҳисоби сохторҳои махсуси бо мақсади азнавқарздиҳии қарзҳо таъсисёфта мувофиқи шартҳои шартномаҳои дахлдори қарзӣ баргардонда мешаванд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) сохторҳои махсуси бо мақсади азнавқарздиҳии қарзҳо таъсисёфта ҳуқуқ доранд, ки аз манфиатгирандагони ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо ё миёнаравҳои молиявӣ барои пӯшонидани хароҷоти мубодилаи асъор, инчунин, дигар хавфҳо ва хароҷоти марбут ба гирифтан, тақсим ва баргардонидани маблағҳои барои азнавқарздиҳии қарзҳо пешбинишуда маблағ гиранд. 
3. Агар манфиатгирандаи ниҳоии азнавқарздиҳии қарзҳо тибқи шартномаи азнавқарздиҳӣ барои иҷрои уҳдадориҳои молиявии худ мутобиқи ҷадвали пардохт ва хизматрасонии қарз имконият надошта бошад, Вазорати молия аз рӯйи натиҷаҳои таҳлили молиявию иқтисодии манфиатгирандаи ниҳоӣ метавонад қарор дар бораи тамдиди муҳлати пардохт тавассути бастани шартномаҳои иловагӣ ба шартномаи ибтидоии азнавқарздиҳӣ қабул намояд.
 
Моддаи 35. Масъулияти гирандагони маблағҳои азнав-қарздиҳӣ аз ҳисоби қарзгирии давлатӣ ва (ё) кафолатҳои давлатӣ
Дар ҳолати аз ҷониби миёнаравҳои молиявие, ки аз ҳисоби маблағҳои азнавқарздиҳӣ пешбинишуда қарз гирифтаанд, манфиатгирандагони азнавқарздиҳии қарзҳо ва қарзгирандагони кафолатшуда вайрон намудани уҳдадориҳои худ, ки дар шартномаҳои дахлдор муқаррар гардидаанд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) сохторҳои махсуси бо мақсади азнавқарздиҳии қарзҳо таъсисёфта ҳуқуқ доранд маблағҳои дар суратҳисобҳои махсуси бонкии ин гирандагони маблағ аз рӯйи қарзгирии давлатӣ ва (ё) кафолати давлатӣ мавҷудбударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи бебаҳс ситонанд. 
 
Моддаи 36. Баҳисобгирии қарзҳои азнавқарздодашуда ва ҳисоботдиҳӣ
1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирӣ ва баҳисобгирии қарзҳои азнавқарздодашуда ва амалиётҳои марбут ба онҳоро амалӣ намуда, барои эътимоднокии ин баҳисобгирӣ масъул мебошад. Шаклҳои баҳисобгирии қарзҳои азнавқарздодашударо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баҳисобгирии саривақтӣ, бехатарӣ ва мукаммалии фарогирии маълумот, таҳияи ҳисобот ва таҳлили қарзҳои азнавқарздодашуда низоми ягонаи электронии баҳисобгирии азнавқарздиҳиро таъсис медиҳад ва пеш мебарад.
3. Маълумот дар бораи қарзҳои азнавқарздодашуда ва амалиётҳо аз рӯйи онҳо дар ҳисоботи семоҳа ва солона оид ба қарзи давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, инъикос карда мешаванд. 
4. Стратегияи миёнамуҳлати идоракунии қарзи давлатӣ бояд арзёбӣ ва таҳлили хавфҳои вобаста ба азнавқарздиҳиро дар бар гирад.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 37. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 38. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» аз 11 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 326; с. 2021, №6, мод. 395) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1923