ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 25/01/2021 - 11:53
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1378
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
24.02.2017
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 1)
(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1732)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, асосҳои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имтиёз, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардидаро муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳум ва низоми мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли олии ҳавасмандгардонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2.  Ба низоми мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- мукофоти олӣ - унвони Қаҳрамони Тоҷикистон;
- орденҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- медалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мукофотҳои давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Тасвири мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тасвири мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
 
Моддаи 4. Шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшаванда
1. Бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд сарфароз гардонида мешаванд.
2. Шахс бо мукофоти давлатӣ мумкин аст баъд аз вафот низ сарфароз гардонида шавад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур мумкин аст ҳайати кормандон ва ё шахси ҳуқуқӣ бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шавад.
 
Моддаи 5. Сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
3. Шахс бо як намуди мукофоти давлатӣ, ба ғайр аз мукофотҳои давлатие, ки дорои дараҷа мебошанд, такроран сарфароз гардонида намешавад.
4. Ҳангоми сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатӣ намуди мукофоти давлатӣ вобаста ба  хусусият ва дараҷаи хизмати шахс муайян карда мешавад.
5. Ҳангоми сарфарозгардонӣ бо орденҳо дараҷаи орден аз рўи вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва шаҳрвандии шахси сарфарозшаванда муайян карда мешавад.
6. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.
7. Тартиби пешниҳод намудани шахс барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоридан, овехта гаштан, нигоҳ доштан ва додани нусхаи дуюми онҳо, инчунин намунаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мансубияти онҳо ба мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 6. Фосила барои сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешниҳод намудани шахс барои сарфароз намудан бо мукофоти давлатии навбатӣ барои хизматҳои нав, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба зоҳир намудани шуҷоат, мардонагӣ, диловарӣ ва хизматҳои махсус дар назди Ватан вобаста аст, баъд аз 5 соли сарфарозгардонии пештара мумкин аст.
 
Моддаи 7. Комиссияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  мукофотҳои давлатӣ
1. Барои баррасии пешакӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба сарфарозгардонии шахсон бо мукофотҳои давлатӣ Комиссияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ таъсис дода мешавад.
2. Ҳайат ва низомномаи Комиссияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
 
БОБИ 2. НАМУДҲОИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
 Моддаи 8. Намудҳои мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатии зерин муқаррар гардидаанд:
- мукофоти олӣ – унвони Қаҳрамони Тоҷикистон;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи I;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи II;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи III;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III;
- ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон»;
- ордени Дўстӣ;
- ордени Спитамен дараҷаи I;
- ордени Спитамен дараҷаи II;
- ордени Шараф дараҷаи I;
- ордени Шараф дараҷаи II;
- медали Ҷасорат;
- медали Хизмати шоиста;
- медали Шафқат;
- медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон;
- унвони фахрии Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон;
- унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон;
- унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон;
- унвони фахрии Рассоми халқии Тоҷикистон;
- унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон;
- унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон;
- унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
- унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон;
- унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон;
- Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ба намудҳои мукофотҳои давлатӣ ҳамчунин медалҳои ҷашнӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, дохил мешаванд.
3. Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ номгузорӣ мешаванд.
 
 Моддаи 9. Мукофоти олӣ - унвони Қаҳрамони Тоҷикистон
1. Бо мукофоти олӣ - унвони Қаҳрамони Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳо дар назди давлат ва халқ, ки дар нишон додани қаҳрамонӣ, корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ баҳри озодӣ, истиқлолият ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир мегардад, сарфароз гардонида мешавад.
2. Ба шахсе, ки бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардидааст, нишони махсуси корнамоӣ - ситораи тиллоии Қаҳрамони Тоҷикистон супорида мешавад, ки он бо тасма дар тарафи чапи сина аз болои дигар мукофотҳои давлатӣ овехта мешавад.
 
Моддаи 10. Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон
1. Бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон ходими давлатию сиёсӣ, дигар шахсон барои хизматҳои махсусан бузург дар назди халқи Тоҷикистон, пойдории сулҳ ва рушди давлатдории тоҷикон, барои хизматҳои махсусан муҳим дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ки ба баланд бардоштани обрўи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, барои комёбиҳои бузурги соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму фарҳанг, рушди ҷомеа ва пешрафти иҷтимоӣ, барои хизматҳои беназир ва ватандўстӣ сарфароз гардонида мешаванд.
2. Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дорои дараҷаҳои зерин мебошад:
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III.
3. Аз рўи дараҷа ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ - ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III, II ва I амалӣ карда мешавад.
4. Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
5. Бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I сарфароз гардонида мешаванд:
- роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ;
- роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- шахсе, ки мансаби сиёсии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва ў чун қоида бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II мукофотонида шудааст;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II мукофотонида шудаанд.
6. Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II дорои нишон буда, онро мардҳо бо тасма дар гардан ва занҳо бо тасмабанд дар тарафи чапи сина меовезанд.
7. Бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II сарфароз гардонида мешаванд:
- роҳбарони вазорату идораҳо ва  сафирони давлатҳои хориҷӣ;
- роҳбарони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;
- шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- шахсе, ки мансаби сиёсии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III мукофотонида шудааст;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III мукофотонида шудаанд.
8. Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III дорои нишон буда, он бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
9. Бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III сарфароз гардонида мешаванд:
- шахсе, ки мансаби категорияи олии маъмурии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи III ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III ё ордени Дўстӣ мукофотонида шудаанд.
 
Моддаи 11. Ордени Зарринтоҷ
1. Бо ордени Зарринтоҷ ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар шаҳрвандон барои хизматҳои бузург дар назди давлат, фаъолияти босамари давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, барои саҳми шоиста ҷиҳати татбиқ намудани ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ, рушди илм ва фарҳанг, барои хизматҳои махсус дар ҳифзи Ватан, барои фидокорӣ ва шуҷоати шаҳрвандӣ дар истиқрори сулҳ, устуворӣ ва таҳкими давлатдории тоҷикон сарфароз гардонида мешаванд.
2. Ордени Зарринтоҷ дорои дараҷаҳои зерин мебошад:
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи I;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи II;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи III.
3. Аз рўи дараҷа ордени Зарринтоҷ дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ - ордени Зарринтоҷ дараҷаи III, II ва I амалӣ карда мешавад.
4. Ордени Зарринтоҷ дараҷаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
5. Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи I сарфароз гардонида мешаванд:
- роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ;
- роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои хориҷӣ;
- роҳбарони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;
- роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- шахсе, ки мансаби сиёсии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудааст;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II мукофотонида шудаанд.
6. Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II дорои нишон буда, онро мардҳо бо тасма дар гардан ва занҳо бо тасмабанд дар тарафи чапи сина меовезанд.
7. Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II сарфароз гардонида мешаванд:
- шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- шахсе, ки мансабҳои сиёсӣ ва категорияи олии маъмурии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудааст;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудаанд.
8. Ордени Зарринтоҷ дараҷаи III дорои нишон буда, он бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
9. Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи III сарфароз гардонида мешаванд:
- шахсе, ки мансаби категорияи олии маъмурии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо на камтар аз ду орден ё медал ва унвони фахрӣ мукофотонида шудаанд.
 
Моддаи 12. Ордени Исмоили Сомонӣ
1. Бо ордени Исмоили Сомонӣ арбоби давлатию ҷамъиятӣ, ходими илму фарҳанг ва дигар шаҳрвандон барои дастовардҳои меҳнатӣ, саҳми бузург дар пойдории давлат, муваффақиятҳои бузург дар хизмати ҳарбӣ, фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва хайрхоҳона сарфароз гардонида мешаванд.
2. Ордени Исмоили Сомонӣ дорои дараҷаҳои зерин мебошад:
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III.
3. Аз рўи дараҷа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ - ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III, II ва I амалӣ карда мешавад.
4. Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I дорои нишон ва ситора буда, нишон бо тасма аз болои китфи тарафи рост ва ситора дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
5. Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида мешаванд:
- роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва парламентҳои давлатҳои хориҷӣ;
- роҳбарони вазорату идораҳо ва  сафирони давлатҳои хориҷӣ;
- роҳбарони намояндагиҳои ташкилотҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ;
- роҳбарони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- шахсе, ки мансабҳои сиёсӣ ва категорияи олии  маъмурии хизмати  давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II мукофотонида шудааст;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи II ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II мукофотонида шудаанд.
6. Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II дорои нишон буда, онро мардҳо бо тасма дар гардан ва занҳо бо тасмабанд дар тарафи чапи  сина меовезанд.
7. Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II сарфароз гардонида мешаванд:
- шахсе, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва вазъи ҳуқуқиаш бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- шахсе, ки мансаби сиёсии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд ва чун қоида бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III мукофотонида шудааст;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III ё ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III мукофотонида шудаанд.
8. Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III дорои нишон буда, он дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
9. Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III сарфароз гардонида мешаванд:
- шахсе, ки мансаби категорияи олии  маъмурии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки қаблан бо дигар мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.
 
Моддаи 13. Ордени «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон»
1. Бо ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» шахс барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешавад.
2. Ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
 
Моддаи 14. Ордени Дўстӣ
1. Бо ордени Дўстӣ арбоби давлатию ҷамъиятӣ, ходими илму фарҳанг, адабиёту санъат ва дигар шахсон барои фаъолияти содиқона ва пурмаҳсул ҷиҳати таҳкими сулҳу дўстӣ ва ҳамкории байни халқҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои иҷтимоии он, барои саҳми арзандаи шахсӣ дар рушд ва афзунгардонии иқтидори маънавӣ ва зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
2. Ордени Дўстӣ бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
 
Моддаи 15. Ордени Спитамен
1. Бо ордени Спитамен корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳарбӣ ва амният барои корнамоиҳои махсус сарфароз гардонида мешавад.
2. Ордени Спитамен дорои дараҷаҳои зерин мебошад:
- ордени Спитамен дараҷаи I;
- ордени Спитамен дараҷаи II.
3. Аз рўи дараҷа ордени Спитамен дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ – ордени Спитамен дараҷаи II ва I сурат мегирад. Ордени Спитамен бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
4. Бо ордени Спитамен дараҷаи I ҳайати афсарони олирутбаи ҳарбӣ ва ҳайати олии роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои комёбиҳо дар роҳбарӣ ва идораи қўшунҳо, таъмини омодагии олии ҷангии онҳо, ташкили хизмати аълои ҳарбӣ, марзбонӣ ва дохилӣ, таъмини қобилияти мудофиавӣ, амниятӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешаванд.
5. Бо ордени Спитамен дараҷаи II хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи ҳайати афсарони калон ва хурд, ҳайати сержантӣ ва қаторӣ, ҳамчунин ҳайати роҳбарикунандаи миёна ва хурди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои корнамоиҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ҳангоми адои қарзи ҳарбӣ ва хизматӣ сарфароз гардонида мешаванд.
 
Моддаи 16. Ордени Шараф
1. Бо ордени Шараф шахс барои хизматҳояш ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, хизмати давлатӣ ва ҳарбии намунавӣ ва фаъолияти босамари ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешавад.
2. Ордени Шараф дорои дараҷаҳои зерин мебошад:
- ордени Шараф дараҷаи I;
- ордени Шараф дараҷаи II.
3. Аз рўи дараҷа ордени Шараф дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Ордени Шараф бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
 
Моддаи 17. Медали Ҷасорат
Бо медали Ҷасорат хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсон барои ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар вазъияти барои ҳаёт хатаровар, дар ҳолатҳои шадид, ки бо наҷоти ҳаёти инсон вобаста мебошад (ҳангоми ғарқшавӣ, сўхтор, офатҳои табиӣ), сарфароз гардонида мешаванд.
 
Моддаи 18. Медали Хизмати шоиста
Бо медали Хизмати шоиста шахс барои комёбиҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, барои комёбиҳо дар хизмати давлатӣ, ҳарбӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 19. Медали Шафқат
Бо медали Шафқат шахс барои ғайрат ва фаъолияти пурмаҳсули хайрхоҳона ва эҳсону шафқат, барои муваффақият дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расонидани ёрии тиббӣ сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 20. Медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон
Бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои сарҳадӣ, дигар шахсон барои корнамоиҳо ва хизматҳои махсус ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҷасорату фидокорӣ, ҳушёрӣ ва ташаббускорӣ ҳангоми боздоштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ, барои кумаки фаъолона ба қўшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи сарҳади давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
 
Моддаи 21. Медалҳои ҷашнӣ
1. Ба муносибати тантанавор ҷашн гирифтани рўйдоде, ки барои мардуми Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад медали ҷашнӣ тасдиқ намояд.
2. Бо медали ҷашнӣ шахс барои хизматҳо дар пойдории давлатдории Тоҷикистон, татбиқи дигаргунсозиҳои демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ҳаёт, барои комёбиҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва санъат, дастовардҳои меҳнатӣ дар фаъолияти давлатӣ, илмию тадқиқотӣ, ҷамъиятӣ ва хайрхоҳона бо тартиби муқарраргардида сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 22. Унвони фахрии Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон
Бо унвони фахрии Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон нависанда ва шоир барои хизматҳои махсус дар рушди адабиёти тоҷик ва адабиёти дигар миллатҳо, офаридани асарҳои барҷастаи пурмазмуни бадеии сазовори эътирофи умумгардида, ки чун қоида мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 23. Унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шахсе, ки дар рушди санъати театрӣ, мусиқӣ, кино ва сирки Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст ва чун қоида баъд аз 5 соли гирифтани унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 24. Унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон
Бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон иҷрокунандаи барҷастаи сурудҳои халқӣ ва классикӣ, ки маҳорати баланди овозхонӣ дошта, дар рушди санъати Тоҷикистон хизмати сазовор кардааст ва чун қоида мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 25. Унвони фахрии Рассоми халқии Тоҷикистон
Бо унвони фахрии Рассоми халқии Тоҷикистон ходими барҷастаи санъати тасвирӣ барои офаридани асарҳои баландмазмуни наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, графикӣ, монументалӣ, ороиши амалӣ, ороиши намоишномаҳои театрӣ, кино ва филмҳои телевизионӣ, инчунин шахсе, ки ба хазинаи санъати миллӣ ва дар тарбияи рассомони ҷавон саҳми арзанда гузошта, чун қоида мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 26. Унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон
Бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон муҳандиси олим ва корманди илмию омўзгории барҷастаи дорои унвони илмии доктори илм ва ё на камтар аз 20 сол аз рўи ихтисос фаъолиятнамуда барои кашфиёти илмӣ ва илмию техникӣ ва корҳои илмии дорои аҳамияти назариявӣ ва амалӣ, ки ба суръатбахшии пешрафти илмию техникӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд, барои хизматҳо дар таҳияи самтҳои афзалиятноки илм ва техника, тарбия ва омода намудани кадрҳои илмӣ сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 27. Унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон
Бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон режиссёр, дирижёр, бастакор, рассом, ҳайкалтарош, дизайнер, драманавис ва дигар ходими санъат барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, барномаҳои консертӣ, барои хизматҳо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ, офаридани асарҳои илмӣ, ки дар соҳаи санъат аз рўи ихтисос 15 сол ва зиёда аз он фаъолият кардааст ва чун қоида мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 28. Унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон
Бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ҳунарпеша, режиссёр, дирижёр, консертмейстер, балетмейстер, корманди эҷодии театр, кино, телевизиону радио, филармония, сирку ансамбл, дастаи ҳунарӣ, мутрибе, ки маҳорати баланди иҷрокунандагӣ дошта, дар рушди санъати Тоҷикистон ва дар тарбияи насли эҷодкор саҳми арзанда гузошта, аз рўи ихтисос 15 сол ва зиёда аз он фаъолият кардааст ва чун қоида мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 29. Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон
Бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон корманди истеҳсолоти моддӣ ва соҳаҳои ҳуқуқ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, маориф, воситаҳои ахбори омма, хизмати давлатӣ, ки ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ ноил гардида, дар соҳаи худ 15 сол ва зиёда аз он фаъолият намудааст ва чун қоида мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 30. Унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон
Бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон шахс бо асосҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он» сарфароз гардонида мешавад.
 
Моддаи 31. Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахс барои дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, маориф, хизмати давлатӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешавад.
2. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати кормандони ташкилоти алоҳида вобаста ба рўйдоди муҳими фаъолият ва барои комёбиҳои бузургашон дар фаъолияти меҳнатию хизматӣ, ҳамчунин ҳайати эҷодӣ, ки барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, дўстӣ ва ҳамкории байни халқҳо саҳми босазо гузоштаанд, сарфароз гардонида мешаванд.
 
Моддаи 32. Тартиби овехтани нишони синагии медалҳо ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба шахсе, ки сазовори медали Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштааст, нишони синагӣ супорида мешавад. Нишони синагӣ бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад.
2. Ба шахсе, ки сазовори унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштааст, нишони синагӣ супорида мешавад. Нишони синагӣ бо тасма дар тарафи рости сина овехта мешавад.
 
БОБИ 3. ИМТИЁЗ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНИ БО МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САРФАРОЗГАРДИДА
 
Моддаи 33. Имтиёзҳои шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд
1. Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, ҳуқуқ доранд аз имтиёзҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
2. Ба шахсе, ки сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст, имтиёзҳои зерин кафолат дода мешавад:
- иловапулии ҳармоҳа ба нафақае, ки барояш таъин шудааст, ба андозаи 100 фоиз;
- мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида дар навбати аввал бо манзил таъмин кардан;
- пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, ки ў ва аъзои оилааш дар он зиндагӣ менамоянд, инчунин пардохти хизматрасонии коммуналӣ ба андозаи 50 фоиз;
- дар мавриди эҳтиёҷ доштан ба табобати осоишгоҳи муолиҷавӣ ҳар сол додани роҳхати ройгон ба осоишгоҳ ва ё хонаҳои истироҳатӣ;
- як маротиба дар як сол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтуомади ройгон тавассути нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ё байнишаҳрӣ;
бо пешниҳоди шаҳодатнома ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1732).
3. Ба шахсе, ки бо орден ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст, новобаста аз дигар иловапулиҳо ба нафақа, дар ҳаҷми зерин иловапулии ҳармоҳа ба нафақае, ки барояш таъин шудааст, пардохт мешавад:
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I – 50 фоиз;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II – 40 фоиз;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III – 30 фоиз;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи I – 40 фоиз;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи II – 30 фоиз;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи III – 20 фоиз;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I – 35 фоиз;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II – 25 фоиз;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III – 15 фоиз;
- ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» – 15 фоиз;
- унвони фахрии Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Рассоми халқии Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон – 15 фоиз;
- унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон – 20 фоиз;
- унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон – 10 фоиз.
4. Иловапулӣ ба нафақаи таъиншуда танҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
5. Дар сурати бо ду мукофоти давлатӣ ва зиёда аз он сарфароз гардидани шахс, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ менамоянд, ба ў иловапулии андозааш зиёдтар дода мешавад.
6. Хароҷот вобаста ба имтиёзҳое, ки Қонуни мазкур барои шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида пешбинӣ намудааст, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
 
Моддаи 34. Нигоҳдорӣ ва додани нусхаи дуюми мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шахси бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида бояд мукофоти ба ў додашударо эҳтиёт намуда, дар ҳолати хуб нигоҳ дорад.
2. Ҳангоми гум кардани ситораи тиллоии Қаҳрамони Тоҷикистон, орденҳо, медалҳо, дигар нишонҳои махсус ва ҳуҷҷатҳои онҳо, инчунин Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси мукофотонидашуда ҳуқуқи худро ба мукофот нигоҳ медорад.
3. Нусхаи дуюми ситораи тиллоии Қаҳрамони Тоҷикистон, орденҳо, медалҳо, дигар нишонҳои махсус ва ҳуҷҷатҳои гумшудаи онҳо, инчунин Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода намешавад. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ бо қарори Комиссияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ дар мавридҳои гум шудани ситораи тиллоии Қаҳрамони Тоҷикистон, орденҳо, медалҳо, дигар нишонҳои махсус ва ҳуҷҷатҳои онҳо, инчунин Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи сўхтор, заминларза, дигар офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода мумкин аст нусхаи дуюми онҳо дода шаванд.
4. Дар дигар ҳолатҳои гум шудани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотнома дар бораи сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатӣ дода мешавад.
 
Моддаи 35. Тартиби нигоҳдории мукофотҳои давлатии шахсони фавтида
1. Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз вафоти шахси бо ин мукофотҳо сарфарозшуда ба ворисонаш барои хотира мемонанд.
2. Бо ризоияти ворисони шахси фавтида мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба осорхонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдорӣ ва намоиш супорида шаванд.
3. Агар шахси мукофотонидашуда ворис надошта бошад, мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат баргардонида мешаванд.
 
БОБИ 4. МАҲРУМ НАМУДАН АЗ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА БАРҚАРОР НАМУДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ
 
Моддаи 36. Маҳрум намудан аз мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маҳрум намудани шахс аз мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби пешбининамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суд амалӣ карда мешавад.
2. Мукофотҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои онҳо баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ба Комиссияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ баргардонида мешаванд.
 
Моддаи 37. Барқарор намудани ҳуқуқ ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳуқуқ ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шахс аз онҳо маҳрум карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда мешавад.
2. Баъд аз қабули санади ҳуқуқӣ дар бораи барқарор намудани ҳуқуқи шахс ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мукофотҳои давлатӣ ба шахси сарфарозшуда ва дар мавриди фавти ў ба ворисонаш баргардонида мешаванд.
 
Моддаи 38. Баровардани мукофотҳои давлатӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шахси бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозшуда ҳангоми берун рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад мукофотҳои давлатии ба ў тааллуқдоштаро бо худ барад.
2. Ворисони шахси фавтидаи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозшуда ҳуқуқ доранд танҳо ҳуҷҷат дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидани ўро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо худ баранд.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 39. Муқаррароти интиқолӣ
1. Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур супорида шудаанд, эътироф гардида, шахси бо онҳо сарфарозшуда ҳуқуқ дорад аз имтиёзҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.
2. Орденҳои Ситораи Президенти Тоҷикистон, Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Шараф ва унвони фахрии Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2001 супорида шудаанд, мувофиқан ба орденҳои Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III, Исмоили Сомонӣ дараҷаи I, Спитамен дараҷаи II, Шараф дараҷаи II ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон баробар ҳисобида мешаванд.
 
Моддаи 40. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 41. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 514) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 42. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
         Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ Раҳмон
 
        ш. Душанбе
24 феврали соли 2017
            №1378