ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 21/01/2021 - 16:09
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
362
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
20.03.2008
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 183; с. 2011, №6, мод. 457; с. 2013, №7, мод. 513, №12, мод. 886; с. 2014, №11, мод. 654; с. 2015, №7-9, мод.701; с. 2016, №3, мод. 138; с.2017, №1-2, мод. 7)
 
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 746, аз 22.07.2013 № 985, аз 28.12.2013 № 1042, аз 27.11.2014 № 1145, аз 8.08.2015 № 1213, аз 15.03.2016 № 1285, аз 24.02.2017 № 1384, аз 17.05.2018 № 1523, аз 17.12.2020 № 1734)
 
Қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, таъинот, принсипҳо, вазифаҳо, самтҳои асосии фаъолият ва воситаҳои таъминоти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазъи ҳуқуқии кормандони онро муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии системаи таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамоянд.
Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
 
Моддаи 2. Системаи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи марказонидашударо ташкил медиҳанд, ки ба он дохил мешаванд:
-Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Раёсатҳо, хадамот, шӯъбаҳо, бахшҳо, марказҳо, гурӯҳҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тобеияти худ корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои ҳарбии тиббӣ, воҳидҳои ҳавопаймоӣ, марказҳои таълимоти махсус, гурӯҳҳои экспертӣ, воҳидҳои таъиноти махсус ва дигар муассисаву воҳидҳо дорад.
Дар мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, ҳамчунин ташвиқи ғояҳои онҳо манъ аст.
 
Моддаи 3. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти таъиноти махсуси ҷумҳуриявӣ буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатиро дар соҳаи амнияти миллӣ ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, танзим ва идоракуниро дар соҳаи таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат ба амал бароварда, дар ин соҳа фаъолияти дигар мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатиро ҳамоҳанг месозад, инчунин самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бевосита амалӣ менамояд.
Ташкили фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Низомнома дар бораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, танзим  карда  мешавад.
Роҳбарии бевосита ва идоракунии фаъолияти оперативии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раис ба ӯҳда дорад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Фармон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани Раис барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
 
Моддаи 4. Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори таркибии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 5. Мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро намудани вазифаҳои худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои алоҳида, қӯшунҳо ва қисмҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавопаймоӣ мақомоти худро дошта метавонад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1145)
Роҳбарони мақомоти минтақавии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида аз тарафи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
 
Моддаи 6. Воҳидҳои таъиноти махсус
Воҳидҳои таъиноти махсус бо мақсади пешгирии амалҳои террористӣ, тахрибкорӣ ва дигар сӯиқасдҳои ҷинояткоронаи махсусан хавфнок, ки ба муқобили шахс, ҷамъият ва давлат равона карда шудаанд, таъсис дода мешаванд.
 
Моддаи 7. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти амнияти миллӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти амнияти миллӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1384)
 
Моддаи 8. Принсипҳои фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои зайл амалӣ мегардад:
-қонуният;
-эҳтиром,  риояи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
-инсондӯстӣ;
-ягонагии системаи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутамарказонии идоракунии онҳо;
-пинҳонкорӣ, истифодаи услубу воситаҳои ошкоро ва махфияти фаъолият;
-яккасардорӣ;
-баробарии ҳама дар назди қонун;
-беҳизбӣ.
 
Моддаи 9. Риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Дар фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои шахс, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, роҳ дода намешавад.
Агар шахс чунин шуморад, ки мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони мансабдори онҳо ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро поймол кардаанд, метавонад аз амалҳои онҳо ба мақомоти болоии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуратура ё суд шикоят кунад.
Маълумоте, ки дар раванди фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳаёти шахсии инсон ба даст оварда мешаванд, аз ҷониби мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе розигии хаттии шахси воқеӣ ба ҳеҷ кас дода намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.  
Дар ҳолати аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол  шудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд роҳбари мақоми дахлдори амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст барои ҳифз ва барқарор намудани ин ҳуқуқу озодиҳо, ҷуброни зарари расонидашуда ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад.
Шахсони мансабдори мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба суистифодаи ҳокимият ё баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ роҳ додаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 10. Ҳифзи маълумот дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ (кор) қабул мешаванд, инчунин ба маълумоти махфии давлатӣ дар фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар накарда бошад, расмиёти додани иҷозатро ба чунин маълумот мегузаранд. Чунин расмиёт ӯҳдадории ифшо накардани сирри давлатиро низ дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба маълумоти дорои сирри давлатӣ роҳ дода шудаанд, дар ҳолати ифшо ё гум кардани чунин маълумот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
Ҳуҷҷатҳо ва маводи вобаста ба ҳайати шахсии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ба тариқи махфӣ ба ин мақомот ёридиҳанда, инчунин дар бораи ташкил, тактика, принсипҳо ва воситаҳои анҷомдиҳии разведкаи хориҷӣ, фаъолияти зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар бойгониҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
Парвандаҳои ҷиноятие, ки тобеияти тафтишашон ба мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, баъди баррасии онҳо дар суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм бо тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байниидоравӣ дар бойгониҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1384)
 
БОБИ 2.
ВАЗИФАҲО ВА САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ
МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 11. Вазифаҳои асосии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои асосии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд аз:
-ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-стратегӣ, илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ ва экологӣ;
-додани маълумот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супориши ӯ ба мақомоти давлатии дахлдор ва дигар ташкилот вобаста ба масоили ҳолати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо барои мусоидат ба мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот дар татбиқи чораҳои рушди сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-дар доираи ваколатҳои худ ташкил ва амалӣ намудани  разведкаи хориҷӣ;
-огоҳонӣ, ошкоркунӣ ва пешгирии фаъолияти разведкавӣ, зараровар ва дигар фаъолияти душманонаи хадамоти махсус ва ташкилоти давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони алоҳида, ки барои расонидани зарар ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд;
-муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти амнияти миллӣ (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1285);
-дар доираи ваколатҳои худ мубориза бурдан бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона, қочоқ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоњ, маводи атомӣ ва қисматҳои онҳо, инчунин дигар объектҳои назорати содиротӣ; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
-мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи ба ҷиноятҳои тафтишоташон тобеи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд;
- огоҳонӣ, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳое, ки таҳқиқ ва тафтиши пешакии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд;
-татбиқи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ;
-таъмини мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот бо алоқаи ҳукуматӣ ва оперативӣ, инчунин ташкил ва таъмини бехатарии криптографӣ ва муҳандисӣ-техникии алоқаи рамзӣ ва махфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ воқеанд, бурдани назорати давлатӣ аз болои ин фаъолият;
-таъмини ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хушкӣ, фазо, дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо, инчунин дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-таъмини амният ва ҳимояи объектҳои ҳифзи давлатӣ;
-дигар вазифаҳое,ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
 
Моддаи 12. Самтҳои асосии фаъолияти  мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошанд:
- фаъолияти разведкавӣ;
- фаъолияти зиддиразведкавӣ;
- мубориза бар зидди  фаъолияти террористӣ ва ҷинояткории муташаккилона; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
- фаъолияти сарҳадӣ;
- ҳимояи шахсони алоҳидаи мансабдори давлатӣ, инчунин  шахсони алоҳидаи мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, ки муваққатан дар ҷумҳурӣ қарор доранд (минбаъд – ҳимояи давлатӣ);
-таъмини амнияти объектҳои махсусан муҳими давлатӣ, инчунин намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ;
- ташкил намудани алоқаи ҳукуматӣ ва оперативӣ.
Самтҳои дигари фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шаванд.
Фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, услубу воситаҳои истифодабарандаи онҳо набояд ба шахс, молумулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ба муҳити зист зарар расонад.
Маълумот дар бораи ташкил, тактика, услуб, воситаҳои анҷомдиҳии фаъолияти разведкаи хориҷӣ, зиддиразведкавӣ ва дигар фаъолиятҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ мансубанд.
 
Моддаи 13. Фаъолияти разведкавӣ
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ фаъолияти разведкавиро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-стратегӣ, илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ ва экологӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти разведкавӣ анҷом медиҳанд.  
Тартиби истифодаи услубҳо ва воситаҳои ғайриошкоро ҳангоми анҷомдиҳии фаъолияти разведкавӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 14. Фаъолияти зиддиразведкавӣ
Фаъолияти зиддиразведкавӣ  ин фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ барои огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирии фаъолияти разведкавӣ, тахрибкорӣ ва дигар фаъолияти душманонаи хадамоти махсус ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони алоҳида мебошад, ки барои расонидани зарар ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд.
Асосҳои пешбурди фаъолияти зиддиразведкавии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- мавҷуд будани маълумот дар бораи аломатҳои фаъолияти разведкавӣ ва дигар фаъолияти хадамоти махсус ва ташкилоти давлатҳои хориҷӣ, инчунин фаъолияти шахсони алоҳида, ки барои расонидани зарар ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд;
- зарурати таъмин намудани амният дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, иншооти комплекси мудофиавӣ, нақлиёт ва алоқа, дигар иншооти стратегӣ, инчунин тадқиқоти афзалиятноки илмӣ;
- зарурати таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;
-зарурати омӯзиши (санҷиши) шахсоне, ки ба мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи махфӣ ёрӣ  мерасонанд ва ё  ёрӣ додаанд.
Истифодаи усул ва воситаҳои ғайриошкорои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳангоми анҷомдиҳии фаъолияти зиддиразведкавӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
 
Моддаи 15. Мубориза бар зидди фаъолияти террористӣ ва ҷинояткории муташаккилона
 (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳонӣ, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва кушодани фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилона, ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи ба ҷиноятҳои тафтишоташон тобеи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд, қочоқ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоњ, маводи  атомӣ ва қисмҳои онҳо, инчунин дигар объектҳои назорати содиротӣ, дигар ҷиноятҳое, ки таҳқиқ ва тафтишоти пешакии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор  шудааст, инчунин оид ба огоҳонӣ, ошкоркунӣ ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва ташкилотҳои ба онҳо мусоидаткунанда, шахсони алоҳида ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки мақсади бо роҳи зӯроварӣ нест ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва диниро доранд, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ менамоянд.  (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
Дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби  муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
Фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
 
Моддаи 16. Фаъолияти сарҳадӣ
Самтҳои фаъолияти сарҳадӣ инҳоянд:
- ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ғайриқонунӣ убур намудан ва ғайриқонунӣ тағйир додани хатти гузариши Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани иҷрои низоми Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадии мансуб ба фаъолияти пайваста, фаъол, аз рӯи вақту макон ба ҳам мувофиқа кардашуда, ки барои таъмини фаъолияти ҳарбӣ, оперативӣ (разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ), ҳарбии техникӣ, намояндагии сарҳадӣ, иттилоотию таҳлилӣ, маъмурӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки дар Сарҳади давлатӣ, дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ, ноҳияҳои наздисарҳадӣ, минтақаҳои масъул ва гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1384)
Гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои мурофиавӣ-тафтишотӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ ва хатти Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дар мувофиқа бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 17. Ташкили алоқаи ҳукуматӣ ва оперативӣ
Фаъолият дар соҳаи алоқаи ҳукуматӣ ва оперативӣ, ки аз ҷониби мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, инҳоро дар назар дорад:
- ташкил ва таъмини истифодабарӣ, амният, инкишоф ва такмилдиҳии алоқаи ҳукуматӣ, дигар намудҳои алоқаи махсус ва системаи маълумоти махсус  барои мақомоти давлатӣ, аз он ҷумла дар давраҳои махсус;
- ташкил ва таъмини бехатарии криптографӣ ва муҳандисӣ-техникии алоқаи рамзӣ дар ҷумҳурӣ ва муассисаҳои хориҷии он;
- таъмини мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ бо маълумоти махсус.
 
Моддаи 18. Фаъолият дар соҳаи ҳимояи давлатӣ
Фаъолият дар соҳаи ҳимояи давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, таъмини амният ва муҳофизати объектҳои муҳофизатшавандаи давлатиро дар назар дорад.
Номгӯи объектҳои ҳимояи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 3.
ҲУҚУҚҲО ВА ӮҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 19. Ҳуқуқҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд:
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  гузаронанд;
- бо шахсоне, ки розигии худро додаанд, ба тариқи махфӣ муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ монанд;
- ба хадамоти махсус ва ташкилоти давлатҳои хориҷӣ, ки ба зарари амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти разведкавӣ, зараровар ва дигар фаъолияти душманона анҷом медиҳанд, инчунин ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва ташкилотҳои ба онҳо мусоидаткунанда ворид гарданд;  (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
- оид ба ташкили амалиёти зиддитерористӣ қарорҳое қабул кунанд, ки иҷрояшон барои ҳамаи суъбектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ҳатмист;
- бо парвандаҳои ҷиноятие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтишоти онҳо ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ баранд,  изоляторҳои тафтишотӣ дошта, аз онҳо истифода баранд;
- ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд;
- аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилот маълумот ва маводеро, ки барои иҷро намудани вазифаҳои дар назди мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда лозиманд, ба тариқи ройгон гиранд, ба системаҳои иттилоотӣ ва хазинаи маълумоти онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додани онҳоро манъ кардааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дошта бошанд;
- дар ҳолати таъхирнопазир воситаҳои нақлиёти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилот ва шахсони воқеиро (ба истиснои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо, дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байнамилалӣ) барои пешгирии ҷиноятҳо, таъқиб, дастгир ва интиқоли шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд ё ин ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар ҳастанд, интиқоли шахсоне, ки ба гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ мӯҳтоҷанд, ба муассисаҳои тандурустӣ ва барои ба ҷои ҳодиса рафтан истифода баранд, инчунин дар ҳолати зарурӣ бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои алоқаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилот ва шахсони воқеиро истифода баранд. Товони зиёни моддии расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра баргардонида мешавад;
- дар ҳолати мавҷуд будани асос барои гумон бурдани шахсони мансабдор ва воқеӣ дар содир намудани ҷиноятҳое, ки таҳқиқ ва тафтишоти пешакии онҳо ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, ҳуҷҷатҳои шахсии онҳоро тафтиш кунанд ва чунин шахсонро дастгир намоянд;
- шахсони мансабдор ва дигар шахсони воқеиро даъват карда, доир ба парвандаҳо ва маводи дар истеҳсолоти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда аз онҳо баёнот гиранд;
- мустақилона ва дар асоси шартнома бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилот ва шахсони воқеӣ тадқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳавӣ, ташхисӣ, сохтмонӣ ва истеҳсолӣ баранд, барои ҳамин мақсад мутахассисонро ҷалб намоянд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарии фавқулодда хатҳои радиомавҷҳоро гиранд ва онҳоро бо воситаҳои радиоэлектронӣ ва таҷҳизоти баландбасомад барои эҳтиёҷоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алоқаи ҳукуматӣ истифода баранд;
- аз болои истифодаи ҳама намудҳои воситаҳои афканишоти радиоэлектронӣ ва таҷҳизоти баландбасомад назорат баранд, истифодаи воситаҳои афканишоти радиоэлектрониро, ки бар хилофи қоидаҳои муайяншудаи муомилот бо маълумоти дорои сирри давлатӣ кор мекунанд, манъ кунанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии бидуни иҷозат паҳн намудани маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ, барномавӣ, иттилоотӣ ва дигар чораҳоро андешанд;
- мувофиқи тартиби муайяншуда мустақилона ва якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ доир ба масъалаҳои ташкил, таъмини фаъолият ва амнияти алоқаи ҳукуматӣ, оперативӣ ва пӯшидаи мақомоти давлатӣ, инчунин дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ санадҳои ҳуқуқӣ ба табъ расонанд;
- баҳри пӯшида нигоҳ доштани кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти онҳо, истифодаи шаҳодатномаҳои мансуб ба мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот чораҳо андешанд, ташкилот ё ин ки воҳидҳои онҳоро, ки барои таъмини фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, таъсис диҳанд, бо мақсади пӯшида доштани шахсияти кормандон, фаъолият ва мансубияти сохторҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бино, нақлиёт, ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотро истифода баранд, инчунин бо ин мақсад дигар чораҳои рамзбандӣ андешанд; 
- бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади истифодаи манзилҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии онҳо,  ки барои таъмин ва ба амал баровардани фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо банданд;
- дар мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилӣ, мақомот ва сохторҳои ҳолатҳои фавқулодда кормандони ин мақомот ва сохторҳоро барои рамзбандии чорабиниҳои гузаронидашавандаи махсус ва барои таъмини иҷрои вазифаҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кунанд;
- ҷиҳати таъмини амнияти шахсӣ, аз ҷумла ҳифзи қувва ва воситаҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирии амалҳои ғайриқонунии хадамоти махсус ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, гурӯҳҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва ташкилотҳои ба онҳо мусоидаткунанда, инчунин шахсони алоҳида, манъ намудани иҷозати онҳо ба маълумоте, ки аз ҷониби мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд, чораҳо андешанд; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
- мувофиқи тартиби муайяншуда воҳидҳои таъиноти махсуси мубориза бар зидди терроризм ва ҷинояткории муташаккилона таъсис диҳанд; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
- бо мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот барои ворид намудани техникаи махсус, воситаҳои алоқа, аслиҳа, воситаҳои нақлиёт, техникаи ҳарбӣ, қисмҳои онҳо, молу мулки ҳарбӣ-техникӣ ва дигар маводи моддӣ дар доираи маблағҳои барои ин мақсад аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудошуда шартнома банданд ва аз онҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ маълумот гиранд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1145)
- барои эҳтиёҷоти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзил, бино, иншоот ва дигар молу мулки ғайриманқул гиранд, инчунин тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизмати алоқаи электронӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
- нигоҳдории давлатии маводи оперативӣ, тафтишотӣ ва дигар маводро, ки ба фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, амалӣ намоянд, тартиби бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳоро муайян кунанд;
- таҷҳизоти типографӣ ва воситаҳои чопкунӣ дошта бошанд, адабиёти махсус, дастурҳои таълимӣ ва аёниро вобаста ба фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр ва чоп кунанд;
- бо хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунанд, бо онҳо дар асоси муносибати дутарафа маълумоти оперативӣ, воситаҳои махсус ва дигар воситаҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодила кунанд; 
- дар масъалаҳои ҳамкорӣ бо хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалӣ  банданд;
- бо мақсади баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ намояндагони расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мувофиқа бо хадамоти махсус ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин давлатҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ фиристанд;
- ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, инчунин корхонаҳои саноати мудофиа дар доираи меъёри муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро ба сафари хизматӣ равон намоянд.
 
Моддаи 20. Ӯҳдадориҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд фаъолиятеро, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти онҳо вогузор кардаанд,  иҷро намоянд. 
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ӯҳдадоранд:
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супориши ӯ ба дигар мақомоти давлатӣ дар бораи таҳдид ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот диҳанд;
- фаъолияти разведкавӣ, зараровар ва дигар фаъолияти душманонаи хадамоти махсус ва ташкилоти давлатҳои хориҷӣ, шахсони алоҳидаро, ки барои  расонидани зарар ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, инчунин ҷиноятҳоеро, ки таҳқиқ ва тафтиши пешакии онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, огоҳ, ошкор ва пешгирӣ намоянд, инчунин шахсонеро, ки чунин ҷиноятҳоро содир намудаанд ё ин ки дар содир намудани онҳо гумонбар ҳастанд, ҷустуҷӯ намоянд;  
- бар зидди терроризм ва экстремизм, қочоқ, инчунин ҷинояткории муташаккилона дар мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилот, новобаста аз шакли моликият, ки ба манфиати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат мекунанд, мубориза баранд; (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
- бо мақсади таъмини зиддиразведкавии сохторҳо ва қӯшунҳои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо таҳия ва амалӣ  намоянд;
- дар доираи ваколатҳои худ амнияти объектҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, комплекси мудофиавӣ, нақлиёт, алоқа ва дигар объектҳои стратегӣ, инчунин тадқиқоти муҳими илмиро таъмин намоянд;
- вобаста ба огоҳонӣ, ошкоркунӣ ва пешгирии фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ чорабиниҳои профилактикӣ, низомӣ, ташкилӣ ва дигар чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ намоянд, системаи идоравии зидди амалҳои террористиро таҳия ва мукаммал намуда, онҳоро дар ҳолати омодабош нигоҳ доранд;
-вобаста ба парвандаҳои ҷиноятие, ки қонун ба зиммаи онҳо вогузор кардааст, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ гузаронанд;
- бо мақсади огоҳкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки таҳқиқ ва тафтиши пешакии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, чорабиниҳо  гузаронанд;
- бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳоеро, ки таҳқиқ ва тафтиши пешакии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, шахсонеро, ки онҳоро содир намудаанд, инчунин шахсонеро, ки бо гумонбарӣ дар содир намудани чунин ҷиноятҳо санҷида мешаванд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;
- дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул намудани қарор оид ба барасмиятдарории (аз нав барасмиятдарории) додани иҷозат ба сирри давлатӣ, додани иҷозат ба корҳои вобаста ба истифодабарии объектҳои барои ҳаёт ва саломатии одамон, инчунин муҳити зист хавфнок, оид ба таъмини амнияти кормандони мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ мекунанд ва шахсоне, ки ба онҳо ёрӣ мерасонанд, оид ба таъмини муҳофизати иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чорабиниҳои санҷишӣ гузаронанд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1384)
- дар бораи таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дастрас намуда, онро таҳлил кунанд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд, ба вазорату идораҳои дахлдор хабар диҳанд;
- фаъолияти таъмини амнияти чорабиниҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, динӣ ва дигар чорабиниҳои оммавиро, ки дар онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар шахсони мансабдори олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, ҳамоҳанг ва роҳбарӣ кунанд;
- мавҷҳои воситаҳои радиоэлектрониро, ки корашон ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид меорад, инчунин мавҷҳоеро, ки бо мақсадҳои ғайриқонунӣ истифода мешаванд, ошкор кунанд, дар доираи ваколатҳои худ баҳисобгирии хусусиятҳои воситаҳои мавҷпаҳнкунии радиоэлектрониро анҷом диҳанд;
- дар доираи ваколатҳои худ дар ҳалли масъалаҳои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди он хориҷ шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин низоми будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд;  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1384)
- вобаста ба таъмини тайёрии ҷангӣ ва омодабошии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо татбиқ намоянд, қувва ва воситаҳоро барои амал дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои фавқулодда дар ҷумҳурӣ ё ин ки дар давлатҳои ба он ҳамсарҳад дар замони осоишта омода намоянд;
- дар доираи ваколатҳои худ дар таъмини низоми ҳолати фавқулодда ва низоми ҳолати ҷангӣ иштирок намоянд;
- кадрҳоро тайёр  намоянд, аз ҷумла тарбия, бозомӯзонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳоро ташкил кунанд;
- муҳофизати намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳатмии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
 
Моддаи 21. Истифодаи силоњ, воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмонӣ
Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати нигоҳдорӣ, бо худ гирифта гаштани силоњи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои махсусро доранд. Дар ҳолатҳои зерин онҳо ҳуқуқ доранд силоњ, воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмонӣ, аз он ҷумла усулҳои ҷанги танбатанро истифода баранд:
- барои ҳимояи шаҳрвандон аз ҳамлае,ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо хатар дорад, инчунин озодкунии гаравгонон;
- барои зада гардонидани ҳамла ба шахсоне, ки ҳимояи онҳо ба кормандони мақомоти амнияти миллӣ супурда шудааст, вақте ки  ҳаёт ва саломатии ҳимояшавандагон  зери хатар аст;
- барои зада гардонидани ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии корманди мақомоти амнияти миллӣ ва аъзои оилаи вай таҳдид мекунад;
- барои зада гардонидани ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба хона, бино, иншоот ва воситаҳои нақлиёте,ки аз тарафи мақомоти амнияти миллӣ ҳимоя карда мешаванд;
- барои дастгир намудани шахсе, ки муқобилияти мусаллаҳона менамояд ё ҳангоми содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ғофилгир мешавад ё ҷинояткоре, ки аз ҳабс гурехтааст, инчунин шахси мусаллаҳе,ки аз иҷрои талаботи қонунӣ дар бораи супурдани силоњ саркашӣ мекунад;
- дар ҳолати мудофиаи зарурӣ ё зарурати ниҳоӣ;
- барои додани бонги хатар ё даъват ба ёрӣ;
- барои нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт бо роҳи зарар расонидан ба онҳо, агар ронанда ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро дар зери хатари воқеӣ гузорад ва ба талабот дар бораи истодан итоат накунад;
- барои безарар гардонидани ҳайвоне, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид мекунад.
Пеш аз истифодаи силоњ ва воситаҳои махсус бояд дар ин бора огоҳӣ дода шавад.
Бе огоҳӣ истифода бурдани силоњ дар сурати ҳамлаи ногаҳонӣ ё мусаллаҳона, ҳамла бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, воситаҳои нақлиёт, аппаратҳои парвозкунанда,киштиҳои дарёгард, гурехтан аз ҳабс бо силоњ ё истифодаи воситаҳои нақлиёт, фирори шахсони дар ҳабс буда аз воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо, инчунин барои озодкунии гаравгонон сурат мегирад.
Истифодаи силоњ ва воситаҳои махсус нисбати занон,шахсони дорои нишонаҳои аёни маъюбӣ  ва ноболиғон, вақте ки синну соли онҳо зоҳир ё маълум мебошад, манъ аст, ба ғайр аз мавридҳое,ки тавассути онҳо ҳамлаи мусаллаҳона ё ҳамлаи гурӯҳӣ содир мешавад.
Дар сурати зарурати истифодаи силоњ корманди мақомоти амнияти миллӣ бояд барои таъмини бехатарии шаҳрвандони гирду атроф ва ба зарардидагон  расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ чораҳо андешад.
Дар бораи ҳар як ҳодисаи истифодаи силоњ ва воситаҳои махсус, ки боиси зиёнрасонии ҷисмонӣ гардидааст, бетаъхир, аммо на дертар аз 24 соат ба прокурор хабар дода мешавад.
Кормандони мақомоти амнияти миллӣ ҳуқуқ доранд барои пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, дастгир намудани шахсоне,ки ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳоро содир намудаанд, бартараф намудани мухолифат бо талабҳои қонунии кормандони мақомоти амнияти миллӣ, ҳимояи худ аз қувваи ҷисмонӣ,аз ҷумла усулҳои ҷанги тан ба тан, воситаҳои мавҷуда истифода намоянд, агар  воситаҳои дигари ғайримаҷбурӣ иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташударо таъмин накунанд.
 
Моддаи 22. Ҳамкории мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар                        мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва дигар ташкилоту шахсони воқеӣ
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва дигар ташкилоту шахсони воқеӣ иҷро менамоянд.
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда метавонанд қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.  
Мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот, инчунин шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд дар доираи ваколатҳои худ ба мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои бо Қонуни мазкур дар назди онҳо гузошташуда ёрӣ расонанд. Барои паҳн намудани маълумот оид ба фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин дигар маълумот дар бораи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони мансабдори давлатӣ ва дигар ташкилот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии алоқаи почта, ҳама намудҳои алоқаи барқии дар доираи системаи алоқаи ягонаи миллӣ амалкунандаро (ба истиснои  системаҳои дигари идоравӣ, ки баромад ба муштарии истифодабарии умум надоранд) анҷом медиҳанд, бо талаботи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд ба ҳайати маҷмӯи дастгоҳҳо, таҷҳизоти иловагии сертификатсияшуда ва воситаҳои барномавӣ дохил кунанд, дар ҳолати мавҷуд будани иҷозати суд ба таҷҳизоти махсус барои гирифтани маълумот аз шабакаи алоқа иҷозат диҳанд, инчунин дигар шароитҳои заруриро  барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам созанд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида метавонанд ба дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилот бо монондан дар хизмат дар мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шаванд.
Ҳамкории мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилоти давлатҳои хориҷӣ мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
 
БОБИ 4.
КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО
 
Моддаи 23. Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шаҳрвандӣ пурра карда мешаванд. Хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбӣ барои онҳо ҳатмист), инчунин  шахсони аз ҳисоби ҳайати шаҳрвандӣ, ки ба вазифаи хизматчии ҳарбӣ таъин мешаванд, кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Корманди мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, забони давлатиро донад, ки аз рӯи қобилияти шахсӣ ва корӣ, синну сол (барои ҳайати афсарӣ - то сисола, барои ҳайати сержантию прапоршикӣ - то сиюпанҷсола ), таҳсилот (барои ҳайати афсарӣ – олӣ, барои ҳайати сержантию прапоршикӣ – миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ) ва вазъи саломатиаш ӯҳдадориҳои ба ӯ гузошташударо  иҷро карда тавонад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №746; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1384)
Хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адои хизмати ҳарбӣ бо назардошти ҳолатҳои дар Қонуни мазкур муайяншуда, вобаста бо хусусиятҳои ӯҳдадориҳои ба онҳо вогузошташуда адо мекунанд.
Ҳайати шахсии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои таълимӣ  ва дигар ташкилот, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳо, ки дар тобеияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои ҳайати хизматрасонии биноҳо) мебошанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.   
Ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани шаҳрвандии давлати дигар, инчунин шахсан ё ин ки ба воситаи миёнаравон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан манъ мебошад. Хизматчии ҳарбии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пеш бурдани фаъолияти музднок дар ду ҷой (ба истиснои зарурати хизматӣ) ба ғайр аз фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва эҷодӣ агар онҳо барои иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ монеъ  нашаванд, ҳуқуқ надорад.  (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1384)
Шароити меҳнатии кормандони ғайриҳарбии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
 
Моддаи 24. Ҳифзи ҳуқуқи кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ намояндаи ҳокимият буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Ҳеҷ кас ҳуқуқи ба фаъолияти хизматии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа шуданро надорад.
Иҷро накардан ё ин ки монеъ шудан ба иҷрои талаботи қонунии корманди мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, паст задани шаъну шарафи ӯ, таҳдид, зӯроварӣ ё ин ки сӯиқасд ба ҳаёт, саломатӣ ва  моликияти ӯ, инчунин дигар ҳаракатҳо, ки барои иҷрои вазифаҳои ӯ монеъ мешаванд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мешаванд.
Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таваккали асосноки касбиро доранд. Чунин таваккал асоснок ҳисобида мешавад, агар амали содиршуда ҳақиқатан аз ҳолатҳои  мавҷуда бар омада, мақсади қонунӣ бе содир намудани чунин ҳаракат муяссар намегашт ва корманде, ки таваккал кардааст, ҷиҳати пешгирии расонидани зарар дар ҳолати ба миён омада тамоми чораҳои имконпазирро ба амал баровардааст.
Кормандони маѕомоти амнияти миллии Їуміурии Тоїикистон іуѕуѕ доранд іангоми иїрои вазифаіои хизматњ аз наѕлиёти їамъиятњ (ба истиснои такси) ройгон истифода намоянд. Тартиби пўшонидани хароїот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии наѕлиётиро Іукумати Їуміурии Тоїикистон муайян менамояд (ЅЇТ аз 17.12.2020 № 1734).
Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки бехатарии объектҳои нақлиётро таъмин менамоянд, ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ барои ройгон савор шудан ба поезд, киштиҳои обӣ ва ҳавоӣ мутобиқи шартҳо ва тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд,ҳуқуқ доранд.
Маълумот дар бораи кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои махсусро дар хадамоти махсус ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, дар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва ташкилотҳои ба онҳо мусоидаткунанда иҷро мекунанд (мекарданд), сирри давлатиро ташкил дода, танҳо бо розигии хаттии онҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайримахфӣ гардонида мешаванд. (ҚҶТ аз 8.08.15 с., № 1213)
 
Моддаи 25. Таъмин намудани амнияти шахсии кормандони амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд амнияти шахсии кормандон ва аъзои оилаи онҳоро аз таҷовузи ҷиноятӣ ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва молумулки онҳо, ки бо фаъолияти хизматии онҳо алоқаманд мебошад, таъмин намоянд.
Чораҳо доир ба таъмини амнияти шахсии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои хатари воқеӣ ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти онҳо татбиқ карда мешаванд.
Барои таъмин намудани ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва моликияти кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо бо назардошти  ҳолатҳои мушаххас чораҳои зерин татбиқ карда мешаванд:
- ҳифзи шахсӣ, ҳифзи манзили истиқоматӣ ва моликият;
- додани силоњ ба кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба аъзои оилаи онҳо бошад воситаҳои  махсуси ҳимояи шахсӣ ва огоҳкунӣ оид ба хатар;
- муваққатан ба ҷои бехавф кӯчонидан;
- бо розигии корманд ва аъзои оилаи ӯ барои идомаи  хизмат ( кор) ба ҷои дигар гузаронидан, иваз намудани ҷои таҳсил ё ин ки кӯчонидан ба ҷои дигари истиқомат;
- дигаргун намудани маълумоти шиноснома ё иваз намудани  ҳуҷҷатҳо.
Бо мақсади иҷрои чораҳои амнияти шахсӣ мақомоти амнияти миллӣ метавонанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронанд.
 
Моддаи 26. Ҳифзи иҷтимоии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳо, кафолатҳо ва ҷубронҳои давлатӣ бархӯрдоранд, инчунин вазъи ҳуқуқии  тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» муқарраршударо бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур доро мебошанд.
Ҳангоми дохил шудан ба хизмати ҳарбии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони баланддараҷа, ки мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо эҳтиёҷ доранд, фаъолияти кории онҳо барои таъин намудани нафақа аз ҳисоби ду соли фаъолияти умумии кории онҳо ба як соли хизмати ҳарбӣ ҳисобида мешавад. Номгӯи ихтисосҳо ва талаботи тахассусии шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ ба мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, барои ба ҳисоб гирифтани собиқаи меҳнатӣ ба собиқаи хизмати ҳарбӣ дар шароитҳои имтиёзнок аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 
Таъминоти пулии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маоши моҳонаи вазифавӣ ва маоши моҳона барои  рутбаи ҳарбӣ, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, иловапулӣ барои собиқаи хизмат ва дигар иловапулиҳо иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 5.
ТАЪМИНОТ ВА ВОСИТАҲОИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 27. Таъмини иттилоотии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ба амал баровардани фаъолияти худ мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон системаҳои иттилоотӣ, системаҳои алоқа ва системаҳои интиқоли ахбор, воситаҳои ҳифзи маълумот, аз ҷумла воситаҳои ҳифзи криптографиро тайёр, таъсис мекунанд ва истифода мебаранд, инчунин система ва хазинаҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
Тартиби бақайдгирӣ ва истифодабарии маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои содиршуда, ки ба масъалаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат мекунанд, инчунин маълумот дар бораи фаъолияти разведкавӣ, зараровар ва дигар фаъолияти душманонаи хадамоти махсус ва ташкилоти давлатҳои хориҷӣ, шахсони алоҳида, ки ба зарари амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 28. Воситаҳои мусаллаҳгардонӣ ва таҷҳизотонии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои мусаллаҳгардонӣ ва таҷҳизотонӣ, аз ҷумла воситаҳои махсуси техникӣ ва дигар воситаҳо, силоњи ҷангии барои мусаллаҳгардонии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, инчунин дигар силоњ хизматӣ, шаҳрвандӣ ва лавозимоти ҷангии мансуб ба онҳоро  мегиранд ва истифода мебаранд.
Гирифтан, фурӯхтан, супоридан, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдан ва ба ҷумҳурӣ ворид намудани силоњу аслиҳа ва таҷҳизот, аз ҷумла воситаҳои махсуси техникӣ ва дигар воситаҳо, силоњи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ, ки барои истифода дар фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 29. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддӣ-техникии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маблағгузории мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Таъминоти моддӣ-техникии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гирифтани воситаҳои зарурии моддӣ-техникӣ ҳам аз бозори дохилӣ ва ҳам аз бозори берунӣ ба амал бароварда мешаванд.
Таъмини сохторҳои Раёсати ҳарбии зиддиразведкавии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои нақлиёт, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, воситаҳои алоқа, силоњ, муҳофизат, манзилҳои хизматӣ, инчунин кормандони ин сохторҳо бо таъминоти молумулкӣ, манзилҳои зисти хизматӣ, хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1145)
Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди манзили истиқоматии хизматӣ дошта метавонанд.
 
БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 30. Назорати қонуният дар фаъолияти мақомоти амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи ӯ дар доираи ваколатҳояшон амалӣ  менамоянд.
 
Моддаи 31. Масъулияти кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корманди мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, суистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1523).
Ҳангоми аз ҷониби корманди мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон поймол  шудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, расонидани зарар ба онҳо  мақоми дахлдори амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо чора андешад ва бо талаби шаҳрванд ба таври расмӣ аз ӯ узр пурсад. Товони зиёни расонидашуда тибқи қонунгузории гражданӣ ҷуброн карда мешавад.
 
Моддаи 32. Оид ба беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №10, моддаи 107; №23-24, моддаи 358; соли 2000, №11, моддаи 519; моддаи 529; соли 2001, №4, моддаи 134; соли 2006, №3, моддаи 151) беэътибор дониста шавад.
 
Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе
20 марти соли 2008
№ 362