ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1922 ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1920 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1921 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Дшб, 14/11/2022 - 08:41
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
1873
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
08.06.2022
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
Қонуни мазкур тартиб ва шартҳои иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро муайян намуда, вазъи ҳуқуқии иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии мақомоти иҷроро муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) истеҳсолоти иҷро - маҷмӯи амалҳои мурофиавӣ ва иҷроии иҷрочии мақомоти иҷро, ки барои таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро равона гардидаанд;
2) ҳуҷҷати иҷро - санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошанд, ки барои аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро оғоз намудани истеҳсолоти иҷро ва гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ асос мегарданд;
3) ситонанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, кредитори таъминшуда, ки ба фоида ё манфиати онҳо ҳуҷҷати иҷро дода шудааст;
4) қарздор - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии давлати хориҷӣ, ки уҳдадор аст талаботи муайянкардаи ҳуҷҷати иҷроро иҷро намояд ва ё аз содир намудани амалҳои муайян худдорӣ кунад;
5) иҷрочии мақомоти иҷро - шахси мансабдори давлатӣ, ки ваколатҳои бо Қонуни мазкур ба зиммаи ӯ вогузоршударо ҷиҳати таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро амалӣ менамояд;
6) кормандони мақомоти иҷро - кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳо дар вилоятҳо, шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иҷрочиёни мақомоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин дар судҳои гарнизони ҳарбӣ;
7) амалҳои иҷро - амалҳо оид ба гузаронидани чораҳои маҷбурии иҷро, ки барои таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро равона гардидаанд;
8) пардохти иҷро - маблағи пулие, ки ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро бо тартиби ҳатмӣ аз қарздор ситонида мешавад;
9) махзани маълумоти ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолоти иҷро - низоми иттилоотие, ки барои амалӣ намудани шакли электронии баҳисобгирии истеҳсолоти иҷро, амалҳои маҷбурии иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин ба тарафҳо ва шахсони дигари дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда пешниҳод намудани маълумот оид ба рафти истеҳсолоти иҷро пешбинӣ шудааст;
10) музояда - савдои оммавӣ, ки зимни он молу мулки ба рӯйхатгирифташуда ва таҳти ҳабс қарордошта бо дастрасии баробари ҳамаи харидорон, ба фурӯш бароварда шуда, ҳамчунин метавонад ин амал дар шакли электронӣ баргузор шавад;
11) майдони ягонаи савдои электронӣ - низоми иттилоотӣ, маҷмӯи иттилооти махзани маълумот, техникӣ, барномавӣ ва телекоммуникатсионие, ки имконияти ворид, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилооти барои гузаронидани музоядаи электронӣ заруриро таъмин намуда, нуқтаи ягонаи дастрасии умумии иттилоотро ба иштирокчиёни музоядаи электронӣ пешниҳод менамояд;
12) нигоҳдоранда - шахсе, ки ба ӯ иҷрочии мақомоти иҷро молу мулки ба рӯйхат гирифта ё ҳабсшударо барои нигоҳ доштан супоридааст ва барои истифода, исроф, бегона ё пинҳон намудани ин молу мулк масъулият дорад;
13) феҳристи ягонаи давлатии қарздорон - махзани электронии маълумоти мураттабгашта, ки дорои маълумот дар бораи қарздорон аз рӯи истеҳсолоти иҷро мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Тартиби татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро
1. Истеҳсолоти иҷро тибқи қонунгузорие, ки дар вақти иҷро амал мекунад, анҷом дода мешавад.
2. Истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани қарзҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, рӯёнидани ноустуворона оид ба сари вақт насупоридани ҷарима ва дигар муҷозот барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз ҷониби мақомоти ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва мутобиқи қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
3. Истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани намудҳои дигари пардохти ҳатмӣ ба буҷет дар самти рӯёнидани маблағи ҷарима дар асоси санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 4. Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро ва таҳлили хавфҳои коррупсионӣ
1. Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро ин иҷрои дуруст ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисмати даъвои гражданӣ, рӯёнидани маблағи ҷарима, ҷуброни зарар, ҷуброни зарари молу мулкӣ ва мусодираи молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур иҷро намудани санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор аст.
2. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсиониро дар мақомоти мазкур муайян намуда, онҳоро дар амал татбиқ менамояд.
Моддаи 5. Принсипҳои истеҳсолоти иҷро
Истеҳсолоти иҷро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) қонуният;
2) эҳтиром ба ҳаёт, қадр, номус ва шаъну шарафи шаҳрванд;
3) таъмини шаффофият ва саривақтии гузаронидани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ;
4) дахлнопазирии ҳадди ақали молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва аъзои оилаи ӯ зарур;
5) мувофиқати ҳаҷми талаботи ситонанда ва чораҳои иҷрои маҷбурӣ;
6) мустақилияти иҷрочии мақомоти иҷро.
Моддаи 6. Мақомоте, ки иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷроро амалӣ менамоянд
1. Иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро ба зиммаи иҷрочиёни мақомоти иҷро гузошта мешавад.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба рӯёнидани маблағҳои пулӣ, мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, инчунин аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 7. Забони истеҳсолоти иҷро
1. Истеҳсолоти иҷро ба забони давлатӣ пеш бурда мешавад.
2. Иштирокчиёни истеҳсолоти иҷро, ки забони истеҳсолоти иҷроро намедонанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳуқуқи истифода аз хизмати тарҷумонро доранд.
Моддаи 8. Махзани маълумоти ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолоти иҷро
1. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махзани маълумоти ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолоти иҷроро дар шакли электронӣ (минбаъд - махзани маълумоти иттилоотӣ), ки маълумоти заруриро барои амалӣ намудани вазифаҳо оид ба иҷрои ҳуҷҷати иҷроро дар бар мегирад, таъсис медиҳад ва пеш мебарад.
2. Мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (аз ҷумла нотариусҳо, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти бақайдгирандаи молу мулки манқул ва ғайриманқул), бонкҳо, инчунин дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, уҳдадоранд ба махзани маълумоти иттилоотӣ пайваст шуда, бо дархости иҷрочии мақомоти иҷро маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.
3. Тартиби ташкил ва пешбурди махзани маълумоти иттилоотиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 9. Иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо)
Тартиби иҷро намудани ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Қонуни мазкур ба амал бароварда мешаванд.
БОБИ 2. ҲУҶҶАТҲОИ ИҶРО
Моддаи 10. Номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷро
1. Ҳуҷҷатҳои иҷро инҳо мебошанд:
1) варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст;
2) созишномаи тариқи нотариалӣ тасдиқшуда оид ба пардохти алимент;
3) навиштаҷоти иҷроия, ки аз ҷониби нотариуси давлатӣ ва шахси мансабдори муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро дода шудааст;
4) фармони судӣ;
5) қароре, ки аз ҷониби мақомоти (шахсони мансабдори) ваколатдори баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардидааст;
6) варақаи иҷро, ки суд дар асоси ҳалнома ва қарори суди ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст;
7) варақаи иҷро, ки суд дар асоси ҳалномаи суди давлати хориҷӣ ва суди ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) додааст;
8) қарори прокурор ҷиҳати бо тартиби маъмурӣ кӯчонидани шаҳрвандоне, ки биноро худсарона ишғол кардаанд ё дар биноҳое истиқомат мекунанд, ки хавфи фурӯравӣ доранд;
9) қарорҳои иҷрочии мақомоти иҷро оид ба ситонидани маблағи пардохти иҷро;
10) қарорҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.
2. Дар сурати гум кардани ҳуҷҷати иҷро нусхаи дуюми (дубликати) он, ки аз тарафи суд, мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори санади дахлдорро бароварда дода мешавад, асос барои ситониш шуда метавонад.
Моддаи 11. Муҳтавои ҳуҷҷати иҷро
1. Дар ҳуҷҷати иҷро ҳатман маълумоти зерин бояд оварда шаванд:
1) номи суд ё мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст;
2) парванда ва маводе, ки вобаста ба он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ва рақамҳои онҳо;
3) санаи қабули санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
4) номи ситонанда-шахси ҳуқуқӣ ва қарздор-шахси ҳуқуқӣ, суроғаи онҳо, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоби бонкӣ;
5) насаб, ном ва номи падари ситонанда-шахси воқеӣ ва қарздоршахси воқеӣ, маҳалли истиқомати онҳо, таърихи рӯз ва ҷои таваллуди қарздор-шахси воқеӣ ва ҷои кори ӯ, агар он маълум бошад;
6) қисми хулосавии санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
7) санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор;
8) санаи додани ҳуҷҷати иҷро.
2. Муҳтавои фармони судӣ мутобиқи қоидаҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Муҳтавои созишномаи пардохти алименти тариқи нотариалӣ тасдиқгардида мутобиқи талаботи пешбининамудаи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
4. Ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст, бо имзои судя ва муҳри нишондори суд тасдиқ карда мешавад.
5. Ҳуҷҷати иҷрое, ки дар асоси санади мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор дода шудааст, аз тарафи шахси мансабдори ин мақомот ва дар ҳолатҳои дигаре, ки қонун муқаррар кардааст, аз тарафи шахсе, ки ҳуҷҷати иҷроро навиштааст, имзо карда мешавад. Ҳуҷҷати иҷро бо муҳри мақомоте, ки онро додааст, тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 12. Супоридани ҳуҷҷати иҷро
1. Ҳуҷҷати иҷро аз ҷониби суд ба ситонанда баъд аз эътибори қонунӣ пайдо намудани санади судӣ супорида мешавад, ба истиснои мавридҳои иҷрои фаврӣ, ҳангоме ки ҳуҷҷати иҷро пас аз қабули санади судӣ дода шавад. Ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда супорида мешавад ё ин ки бо дархости ӯ барои иҷро бевосита аз ҷониби суд равон карда мешавад.
2. Супоридани ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор қабул гардидааст, барои иҷро мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 3. ШАРТҲОИ УМУМИИ ИҶРО НАМУДАНИ АМАЛҲОИ ИҶРО
Моддаи 13. Муҳлати барои иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро
1. Ҳуҷҷати иҷро барои иҷрои маҷбурӣ дар муҳлати зерин пешниҳод карда мешавад:
1) варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ ва фармони судӣ дода шудааст - дар давоми се сол;
2) навиштаҷоти иҷроияи нотариуси давлатӣ - дар давоми се сол;
3) варақаи иҷрое, ки дар асоси ҳалномаи суди ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст - дар давоми се сол;
4) варақаи иҷро, ки дар асоси ҳалномаи суди давлати хориҷӣ ва суди ҳакамии хориҷӣ (арбитраж) дода шудааст - дар давоми се сол;
5) қарори суд, мақомоте (шахсони мансабдоре), ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор мебошанд - дар давоми шаш моҳ.
2. Муҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда ҳангоми пешниҳод шудан барои иҷро ҳисоб карда мешавад:
1) ҳуҷҷати иҷро, ки дар бандҳои 1) ва 3) қисми 1 моддаи мазкур (ба истиснои фармони судӣ) - аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади суд ё анҷоми муҳлате, ки ҳангоми батаъхиргузорӣ ё ба давраҳо ҷудо намудани муҳлати иҷрои он муқаррар гардидааст, ё ин ки аз рӯзи баровардани таъинот оид ба барқарор намудани муҳлати гузаронидашуда барои пешниҳоди варақаи иҷро барои иҷро ва дар ҳолатҳое, ки агар санади судӣ бояд фавран иҷро карда шавад - аз рӯзи дигари қабули он;
2) фармони судӣ - пас аз гузаштани муҳлати даҳ рӯз аз рӯзи супоридани он;
3) қарори мақомоти (шахсони мансабдори) ваколатдори баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар намуди ҷарима - аз рӯзи дигари пас аз ба охир расидани муҳлати дар қисми 1 моддаи 229 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
4) қарори мақомоти (шахсони мансабдори) ваколатдори баррасикунандаи парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар намуди ситонидани ҷуброни зарари моддӣ - аз рӯзи дигари пас аз ба охир расидани муҳлати дар қисми 3 моддаи 243 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
5) нисбати ҳуҷҷатҳои иҷрои дигар - аз рӯзи дигар пас аз супоридани онҳо.
3. Ҳуҷҷати иҷро аз рӯи ҳалномаҳо оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ (аз рӯи парвандаҳо оид ба ситонидани алимент, оид ба ҷуброни зарари расонидаи ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ва фавти саробон) дар ҳамаи даврае, ки пардохтҳо сурат мегиранд, эътибор доранд. Ҳамин тартиб нисбати созишнома оид ба ситонидани алимент, ки тариқи нотариалӣ тасдиқ шудааст, паҳн мегардад. Дар ин ҳолатҳо муҳлат барои ҳар як пардохт дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 14. Канда шудани муҳлат ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро
1. Дар ҳолатҳои зерин муҳлати барои иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро канда мешавад:
1) бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро барои иҷро;
2) аз ҷониби қарздор қисман иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро.
2. Пас аз канда шудани муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро давомияти вақт аз нав оғоз мегардад. Вақти гузашта то кандашавии муҳлат ба муҳлати нав ҳисоб карда намешавад.
3. Дар мавриди ба ситонанда баргардонидани ҳуҷҷати иҷро бинобар сабаби пурра ё қисман ғайриимкон будани иҷрои он, муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро пас аз кандашавӣ, аз рӯзи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 15. Барқарор намудани муҳлати гузаронидашудаи пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро
Барқарор намудани муҳлати гузаронидашудаи пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Маҳалли гузаронидани амалҳои иҷро
1. Агар қарздор шахси воқеӣ бошад, пас амалҳои иҷро аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли истиқомат, ҷойи кор ё дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки вай гузаронида мешаванд.
2. Агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад, пас амалҳои иҷро аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки он гузаронида мешаванд.
3. Иҷрои талаботи дар ҳуҷҷати иҷро муайяншудае, ки қарздорро барои иҷро намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд, дар маҳалли иҷрои ин амалҳо ба ҷо оварда мешаванд.
4. Ҳуҷҷати иҷрое, ки аз тарафи як иҷрочии мақомоти иҷро ба иҷрочии дигари ин мақомот равона карда шудааст, аз тарафи охирон барои иҷро қабул карда мешавад. Маҳалли иҷрои амалҳои иҷро байни иҷрочиёни мақомоти иҷро мавриди баҳс қарор намегирад.
5. Агар дар ҷараёни иҷрои ҳуҷҷати иҷро тағйироте дар маҳалли истиқомати қарздор, ҷойи кор ва маҳалли ҷойгиршавии ӯ ба миён ояд ва ё муайян гардад, ки молу мулки қарздор, ки метавонад мавриди ситониш қарор гирифта шавад, дар маҳалли ҷойгиршавиаш мавҷуд нест, иҷрочии мақомоти иҷро фавран дар ин бора санад тартиб дода, на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи тартиб додани он ҳуҷҷати иҷроро бо нусхаи ин ҳуҷҷат ба иҷрочии мақомоти иҷрои маҳалли нави истиқомати қарздор, ҷойи кори вай, маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли нави ҷойгиршавии молу мулки қарздор ирсол менамояд. Ҳамзамон, иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, хабар медиҳад.
6. Агар амалҳои иҷро талаботи ситонандаро пурра қонеъ нагардонанд, иҷрочии мақомоти иҷро дар ин хусус фавран санад тартиб дода, на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи тартиб додани он ҳуҷҷати иҷроро якҷо бо нусхаи ин ҳуҷҷат ба иҷрочии мақомоти иҷрои маҳалли ҷойгиршавии молу мулки боқимондаи қарздор мефиристад. Ҳамзамон, иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, хабар медиҳад.
7. Агар ҳангоми иҷрои ҳуҷҷати иҷро зарурат ба миён ояд, иҷрочии мақомоти иҷро дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамоти иҷро метавонад амалҳои иҷроро дар ҳудуд ё минтақае, ки салоҳияти ӯ дар он ҷо паҳн намегардад, ба анҷом расонад. Дар ин ҳолат иҷрочии мақомоти иҷро мутобиқи қисми 5 моддаи мазкур санад тартиб дода, ба минтақаи зикршуда рафта, дар муддати як шабонарӯз оид ба зарурат дар мусоидат намудан барои гузаронидани амалҳои иҷро дар минтақаи мазкур ба иҷрочиёни мақомоти иҷрои дахлдор тариқи хаттӣ хабар медиҳад.
Моддаи 17. Вақти гузаронидани амалҳои иҷро
1. Амалҳои иҷро дар рӯзҳои корӣ аз соати 6 то 22 гузаронида мешаванд. Вақти аниқи гузаронидани амалҳои иҷро дар давраи рӯзи корӣ аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро муайян карда мешавад. Тарафҳое, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок мекунанд ҳуқуқ доранд вақти барои онҳо мувофиқро ҷиҳати гузаронидани амалҳои иҷро пешниҳод намоянд.
2. Дар ҳолати пайдо шудани шубҳаи асоснок ба рафтори қарздор, ки ӯ метавонад моликияти ситонидашавандаро харҷ ё пинҳон кунад ё дигар амалҳоеро содир намояд, ки метавонанд дар мавриди ба таъхир гузоштан иҷрои ҳуҷҷати иҷроро душвору номумкин гардонанд, инчунин дар ҳолатҳои дигари таҳаммулнопазирии батаъхиргузорӣ, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хатар эҷод мекунад ё ин ки ҳангоми анҷоми амалҳои иҷро бо гуноҳи қарздор дар вақти муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур номумкин бошад, иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад бо иҷозати суди маҳалли иҷро амалҳои иҷроро дар рӯзҳои истироҳат, рӯзҳои ид ва шабона низ гузаронад.
Моддаи 18. Муҳлати гузаронидани амалҳои иҷро
1. Амалҳои иҷро, ки бо фурӯши молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошанд, дар муҳлати на зиёда аз чор моҳ ва дар дигар ҳолатҳо дар муҳлати на зиёда аз ду моҳ аз рӯзи аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро қабул кардани ҳуҷҷати иҷро бо тартиби навбати воридшавии онҳо анҷом дода мешаванд.
2. Амалҳои иҷро вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судие, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ аз содир намудани амалҳои муайян) уҳдадор менамоянд, дар муҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.
3. Ба иҷрои фаврӣ талаботи чунин ҳуҷҷати иҷро мансубанд:
1) оид ба ситонидани маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат, падару модари ғайри қобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ (алиментҳо), музди меҳнат ё музди дигар барои меҳнат дар доираи пардохтҳои барои як моҳ ҳисобкардашуда, инчунин оид ба рӯёнидани маблағи умумии қарзҳо вобаста ба ин пардохтҳо, агар ҳуҷҷати иҷро рӯёнидани фаврии онҳоро пешбинӣ намояд;
2) дар бораи ба кор ё мансаби пештара барқарор кардани корманди ғайриқонунӣ озодшуда ё ба кори дигар гузаронидашуда;
3) санадҳои судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор;
4) оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ;
5) оид ба татбиқи чораҳои таъминотӣ;
6) оид ба ҷуброни зараре, ки вобаста ба фавти саробон расонида шудааст;
7) оид ба ворид кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни райъпурсӣ;
8) оид ба парвандаҳои дигар, агар иҷрои фаврии талабот дар қонун ва ё ҳуҷҷати иҷро пешбинӣ гардида бошад.
4. Муҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур нишондода нисбати ҳуҷҷати иҷро аз рӯи ҳалнома оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ ва ё ба ҷои кори қарздор ё ҷои адои ҷазои қарздор ирсолшуда татбиқ намегардад.
БОБИ 4. ШАХСОНЕ, КИ ДАР ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО ИШТИРОК МЕНАМОЯНД
Моддаи 19. Шахсоне, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок менамоянд
Шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда, инҳо мебошанд:
1) тарафҳои истеҳсолоти иҷро;
2) дигар шахсоне, ки баҳри таъмини иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро мусоидат менамоянд (тарҷумон, мутахассис, шахсони холис, нигоҳдоранда ва дигарон).
Моддаи 20. Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро
1. Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ситонанда ва қарздор мебошанд.
2. Дар истеҳсолоти иҷро якчанд ситонанда ва қарздор иштирок карда метавонанд. Ҳар яке аз онҳо нисбат ба тарафи дигар дар истеҳсолоти иҷро мустақилона ё ба воситаи намоянда иштирок менамоянд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷати иҷро ба зиммаи қарздор уҳдадориҳое, ки танҳо бояд худаш (уҳдадориҳои шахсӣ) иҷро намояд, гузошта мешавад.
Моддаи 21. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро
1. Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқ доранд, ки бо маводи истеҳсолоти иҷро шинос шаванд, аз он иқтибос гиранд, нусха бардоранд, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки дорои сирри махфӣ мебошанд, маводи иловагӣ пешниҳод намоянд, дархостҳо пеш оранд, дар рафти амалҳои иҷро иштирок кунанд, дар рафти истеҳсолоти иҷро баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд, барои ҳалли масъалаҳое, ки дар рафти иҷро ба амал меоянд ваҷҳ ва далелҳои худро изҳор ва собит намоянд, ваҷҳу далелҳои шахсони дигари иштирокчии истеҳсолоти иҷроро рад намоянд, то ба охир расидани истеҳсолоти иҷро созиши оштии аз ҷониби суд тасдиқшударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон банданд, аз иҷро даст кашанд, аз болои қарор, амали (беамали) иҷрочии мақомоти иҷро оид ба масъалаҳои истеҳсолоти иҷро шикоят намоянд.
2. Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро уҳдадоранд:
1) ба иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи иҷрои ҳуҷҷати иҷро дар муҳлати на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи иҷрои он пурра ё қисман маълумот диҳанд;
2) иҷрочии мақомоти иҷроро дар бораи тағйири маҳалли истиқомати худ ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ба онҳо тааллуқдошта дар муҳлати на дертар аз се рӯз пас аз тағйирёбӣ огоҳ намоянд;
3) бо тартиби муқарраршуда тавзеҳот, ҳуҷҷатҳо ва маводи дархосткардаи иҷрочии мақомоти иҷроро пешниҳод намоянд;
4) бо даъвати иҷрочии мақомоти иҷро ҳозир шаванд;
5) аз ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бовиҷдонона истифода баранд, инчунин талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
Моддаи 22. Вориси ҳуқуқии тарафҳои истеҳсолоти иҷро
Вориси ҳуқуқии тарафҳои истеҳсолоти иҷро мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 23. Иштироки намояндагони тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро
1. Шаҳрванд метавонад мустақилона ё ба воситаи намоянда дар истеҳсолоти иҷро иштирок намояд. Иштироки бевоситаи шаҳрванд дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқи доштани намояндаро истисно наменамояд. Агар аз рӯи ҳуҷҷати иҷро қарздор уҳдадор шуда бошад, ки амалҳои муайянро (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян) шахсан иҷро намояд, дар ин ҳолат қарздор ҳуқуқ надорад ба воситаи намоянда амал кунад.
2. Иштироки шахси ҳуқуқӣ дар истеҳсолоти иҷро тавассути мақомоти он ё шахсони мансабдор, ки дар доираи ваколатҳои барои онҳо пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ё тавассути дигар намояндагон амалӣ карда мешавад.
3. Ҳуқуқи намоянда (ба истиснои намояндагони қонунӣ) барои пешниҳод ва бозхонди ҳуҷҷати иҷро, иштирок дар истеҳсолоти иҷро, бастани созишномаи оштӣ, ба шахси дигар вогузоштани ваколат, шикоят овардан ба қарор, амал (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро, пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро, гирифтани молу мулк ё пули ба фоидаи ӯ гузаронидашуда бояд дар ваколатномае, ки ваколатдиҳанда додааст, зикр гардад.
4. Намояндагони тарафҳои истеҳсолоти иҷро инҳо шуда наметавонанд:
1) ноболиғоне, ки қобилияти пурраи амалкуниро надоранд;
2) шаҳрвандоне, ки бо тартиби муқарраргардида ғайри қобили амал ё қобилияташон маҳдуд эътироф шудаанд;
3) судя, прокурор, муфаттиш, кормандони мақомоти судӣ, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва судӣ иштирок намуданд, инчунин иҷрочии мақомоти иҷро, ки оид ба иҷро истеҳсолоти иҷро оғоз намудааст.
Моддаи 24. Иштироки ноболиғон дар истеҳсолоти иҷро
1. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ноболиғи то синни чордаҳсола дар истеҳсолоти иҷро аз ҷониби падару модар ё намояндаи дигари қонунии ӯ амалӣ карда мешавад.
2. Ноболиғи аз синни чордаҳсола то шонздаҳсола, ки аз рӯи ҳуҷҷати иҷро ситонанда ё қарздор ҳисоб мешавад, дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқҳои худро дар ҳузур ё бо розигии хаттии намояндаи қонунии худ ё намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ ба амал мебарорад ва уҳдадориҳоро иҷро менамояд.
3. Ноболиғи аз синни шонздаҳсола то ҳаждаҳсола, ки аз рӯи ҳуҷҷати иҷро ситонанда ё қарздор ҳисоб мешавад, дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқҳои худро мустақилона ба амал мебарорад ва уҳдадориҳоро иҷро менамояд. Дар ин ҳолат, иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст намояндаи қонунии ноболиғ ё намояндаи мақомоти васоят ва парасториро барои иштирок дар истеҳсолоти иҷро ҷалб намояд.
4. Ноболиғон дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, ҳангоми иҷрои ҳуҷҷати иҷрои дар асоси санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот оид ба парвандаҳои аз муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, маъмурӣ ва аз аҳдҳои вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани музди меҳнат (даромад) бавуҷудомада, метавонанд дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқҳои худро мустақилона амалӣ намоянд ва уҳдадориҳои худро иҷро кунанд.
Моддаи 25. Иштироки намояндагони қонунӣ дар истеҳсолоти иҷро
1. Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандонро, ки дорои қобилияти пурраи амал нестанд, дар истеҳсолоти иҷро падару модари онҳо, ба фарзандхондагон, васиён, парасторон ё дигар шахсони онҳоро ивазкунанда, намояндагӣ менамоянд.
2. Намояндагони қонунӣ аз номи вакилкунандагон тамоми амалҳои мурофиавиро ба ҷо меоранд, ки ҳуқуқи анҷом додани онҳо, бо дарназардошти маҳдудиятҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, ба вакилкунандагон марбут аст. Намояндагони қонунӣ метавонанд иштирок дар истеҳсолоти иҷроро ба шахси дигаре, ки онҳо ба сифати намоянда интихоб кардаанд, супоранд.
Моддаи 26. Иштироки тарҷумон дар истеҳсолоти иҷро
1. Ҳангоми амалӣ намудани амалҳои иҷро, ки ҷиҳати анҷоми онҳо донистани дигар забонҳо зарур аст, шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда метавонанд бо ташаббуси худ ё бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро тарҷумон даъват кунанд. Агар тарафҳо тарҷумонро таъмин карда натавонанд, иҷрочии мақомоти иҷро барои даъвати тарҷумон қарор қабул менамояд.
2. Ҳар шахси ба балоғатрасидаи қобилияти амалдошта, ки дар иҷрои кор манфиатдор намебошад ва забонеро медонад, ки донистани он барои ба амалӣ намудани амалҳои иҷро зарур аст, метавонад тарҷумон бошад.
3. Тарҷумон ҳуқуқи гирифтани подошпулӣ барои меҳнаташро дорад. Подошпулии ба ӯ пардохтшуда ба хароҷоти гузаронидани амалҳои иҷро тааллуқ дорад.
Моддаи 27. Иштироки мутахассис дар истеҳсолоти иҷро
1. Барои фаҳмонидани масъалаҳои дар рафти амалҳои иҷро бавуҷудомада, ки дониши махсусро талаб мекунанд, иҷрочии мақомоти иҷро аз рӯи дархости иштироккунандагони истеҳсолоти иҷро ё бо ташаббуси худ мутахассисро ҷалб мекунад. Аз рӯи зарурат мумкин аст якчанд мутахассис ҷалб карда шаванд. Иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора қарор қабул менамояд.
2. Ба сифати мутахассис барои додани тавзеҳот ва расонидани кумаки техникӣ метавонад шахси дар баррасии кор манфиатдор набуда, ки дорои донишхои махсус мебошад, ҷалб карда шавад.
3. Мутахассис уҳдадор аст бо даъвати иҷрочии мақомоти иҷро ҳозир шавад, ба саволҳои ӯ ҷавоби пурра ва дақиқ диҳад.
4. Мутахассис ба гирифтани подошпулӣ барои иҷрои коре, ки бинобар амалӣ намудани амалҳои иҷро гузаронида мешавад, ҳуқуқ дорад. Ин подошпулӣ ва дигар хароҷот барои ҷалби мутахассис ба хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро тааллуқ дорад.
Моддаи 28. Иштироки шахсони холис дар истеҳсолоти иҷро
1. Амалҳои иҷро дар ҳолатҳои пешбининамудаи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар ҳузури на камтар аз ду шахси холис анҷом дода шаванд.
2. Иштироки шахсони холис дар ҳолатҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
1) ҳангоми ба рӯйхат гирифтани молу мулки қарздор;
2) ҳангоми иҷрои ҳалномаҳо дар бораи маскун намудан ба манзил ё кӯчонидан аз манзил, гирифта додани кӯдак, амалҳои марбут ба ҳабс, кашида гирифтан ва супоридани молу мулки қарздор, кушодани манзил, бино ва анборҳо, азназаргузаронӣ, мусодираи молу мулк ва далелҳои шайъӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
3. Ба сифати шахсони холис ҳар гуна шаҳрвандони ба балоғатрасида, дорои қобилияти амал, ки дар оқибатҳои амали иҷро манфиатдор нестанд, даъват карда мешаванд.
4. Пеш аз оғози амалҳои иҷро иҷрочии мақомоти иҷро ба шахсони холис тартиби иштироки онҳоро дар рафти амалҳои иҷро мефаҳмонад.
5. Шахси холис ҳуқуқ дорад донад, ки барои иҷрои кадом амалҳои иҷро даъват шудааст ва онҳо дар асоси кадом ҳуҷҷати иҷро анҷом дода мешаванд. Шахси холис ҳуқуқ дорад нисбати амалҳои гузаронидашуда эрод гирад. Эроди шахси холис бояд ба санади амали иҷрои дахлдор дохил карда шаванд.
6. Шахси холис далел, мазмун ва натиҷаи амалҳои иҷроро, ки ҳангоми баргузории онҳо иштирок кардааст, тасдиқ мекунад.
Моддаи 29. Мусоидати мақомоти корҳои дохилӣ дар истеҳсолоти иҷро
1. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ уҳдадоранд дар доираи ваколатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида дар ҳолатҳои ба иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ҷиҳати баамалбарории амали иҷро монеа эҷод кардан ё ба ҳаёт ва саломатии ӯ хатар таҳдид шудан, дар асоси дархости иҷрочии мақомоти иҷро ба иҷрочӣ мусоидат намоянд.
2. Мақомоти корҳои дохилӣ уҳдадоранд маводи кофтуков эълон кардани қарздорро сари вақт ба қайд гирифта, вобаста ба кофтуков, дастгир ва ба мақомоти иҷро супоридани он чораҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо андешанд.
БОБИ 5. ХАБАР ДОДАН ВА ДАЪВАТ ДАР ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
Моддаи 30. Хабар додан ва даъват дар истеҳсолоти иҷро
1. Шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда дар бораи вақт ва макони гузаронидани амалҳои иҷро ё татбиқи чораҳои маҷбурии иҷро огоҳ карда мешаванд ё ба назди иҷрочии мақомоти иҷро бо даъватнома тариқи огоҳинома оид ба супорида шудан, телефонограмма, бо истифода аз намудҳои гуногуни алоқа, аз қабили электронӣ, бурдарасонӣ ва ба воситаи шахсе, ки иҷрочии мақомоти иҷро бо розигии ӯ бурдарасониро ба ӯ супориш медиҳад, даъват мешаванд.
2. Дар ҳолатҳое, ки ҳуҷҷати иҷро бояд бетаъхир иҷро гардад ва ё гузоштани ҳабс ба моликият ва қабули дигар чораҳои таъминотӣ, иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст амалҳои иҷро ва дигар чораҳои иҷрои маҷбуриро бе огоҳонидани пешакии шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда татбиқ намояд. Дар баробари ин, иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст, ки ин шахсонро оид ба гузаронидани амалҳои иҷро ё татбиқи чораҳои маҷбурии иҷро на дертар аз рӯзи кории баъди рӯзи татбиқ ё ба амалбарории чораҳои маҷбурии иҷро хабардор кунад.
3. Хабарномаҳои унвонии ситонанда ва қарздор ба суроғаҳои дар ҳуҷҷати иҷро нишондода равон карда мешаванд. Хабарномаи унвонии дигар шахси дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда ба ҷои истиқомат ё ба ҷои кор ва ё маҳалли қарордоштаи чунин шахс равон карда мешавад.
4. Шахси дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда ҳуқуқ дорад тариқи хаттӣ оид ба суроғаи дигараш хабар диҳад (аз ҷумла суроғаи электронии почта), ки иҷрочии мақомоти иҷро бояд хабарномаро ба он равон кунад ё ин ки тарзҳои дигари огоҳкунӣ ва маълумоти дигарро, ки барои сари вақт иттилоотонии ин шахс дар бораи рафти истеҳсолоти иҷро заруранд, пешниҳод созад.
5. Шахсоне, ки аз ҳозир шудан аз даъвати иҷрочии мақомоти иҷро саркашӣ менамоянд, дар асоси қарори иҷрочии мақомоти иҷро маҷбуран оварда мешаванд.
Моддаи 31. Мазмуни даъватнома ва дигар намуди хабарнома
Дар даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо бояд маълумоти зерин дарҷ гарданд:
1) насаб, ном ва номи падар, суроғаи почта, почтаи электронӣ, рақамҳои телефонии иҷрочии мақомоти иҷро;
2) насаб, ном ва номи падари шахси воқеие, ки ба ӯ даъватнома ё хабарнома фиристонида мешавад;
3) ном ва суроғаи ҳуқуқии шахси ҳуқуқие, ки ба ӯ даъватнома ё хабарнома фиристонида мешавад;
4) қайд оид ба ҳайси кӣ даъват ё хабардор шудани даъватшаванда;
5) рақами истеҳсолоти иҷро, ки аз рӯи он даъватшаванда даъват ва ё хабардор карда мешавад;
6) сана, вақт ва маҳалли гузаронидани амали иҷро;
7) оқибати ҳозир нашудан аз рӯи даъватнома ё дигар намуди хабарнома.
Моддаи 32. Дастраскунонии даъватнома, дигар намуди хабарнома
1. Агар даъватнома, дигар намуди хабарнома ба воситаи почта ё шахсе, ки иҷрочии мақомоти иҷро ба ӯ дастраскунониро вогузор кардааст, расонида шавад, пас сана ва вақти дастрас шудани онҳо ба даъватшаванда, дар ҳуҷҷате, ки бояд ба иҷрочии мақомоти иҷро баргардонида шавад, қайд мегардад.
2. Агар даъватнома ва ё дигар намуди хабарнома бо намуди дигари алоқа дастрас карда шавад, пас сана ва вақти ба даъватшаванда дастрас шудани онҳо бо тарзи муқарраршуда қайд мегардад.
Моддаи 33. Супоридани даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо
1. Даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳои ба унвонии шаҳрванд ирсолгардида, ба ӯ бо гирифтани дастхаташ дар огоҳиномае, ки бояд ба иҷрочии мақомоти иҷро баргадонида шавад, шахсан супорида мешавад. Даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳои ба унвонии ташкилот ирсолгардида, ба корманди ташкилот, ки барои гирифтани даъватнома, дигар намуди хабарнома имзои худро дар огоҳинома оид ба супорида шудан бо зикри насаб, ном, номи падар ва вазифа мегузорад, супорида мешавад.
2. Агар ситонанда ё қарздор дар суроғаи дар ҳуҷҷати иҷро нишондода истиқомат ё қарор надошта бошад, пас даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо ба суроғаи маҳалли истиқомат, суроғаи ҳуқуқии ташкилот равон карда мешавад.
3. Агар шахси дастраскунандаи даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо шахси даъватшавандаро дар маҳалли истиқоматаш дарёфт накунад, пас даъватнома ё дигар намуди хабарнома ба яке аз шахсони болиғи аъзои оила, ки якҷо бо ӯ истиқомат мекунанд, барои қабули даъватнома ё дигар намуди хабарнома, супорида мешавад. Дар ин сурат, даъватшаванда хабардоршуда ҳисобида мешавад.
4. Дар сурати набудани даъватшаванда шахси дастраскунандаи даъватнома ё намуди дигари хабарномаҳо дар огоҳинома оид ба супоридан, ба куҷо рафтан ва кай дар назар будани бозгашти даъватшавандаро дарҷ менамояд, ё ин ки қайдҳоро оид ба мавҷуд набудани чунин маълумот сабт менамояд.
Моддаи 34. Ивазшавии суроға дар рафти пешбурди истеҳсолоти иҷро
Шахси дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда ҳангоми ивази суроғаи маҳалли зист ё ҷои кор дар рафти пешбурди истеҳсолоти иҷро уҳдадор аст, ба иҷрочии мақомоти иҷро суроғаи нави маҳалли зист ё ҷои кори худро хабар диҳад. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин хабар даъватнома ё дигар намуди хабарнома ба охирин суроғаи маълумбудаи шахс равон карда шуда, ӯ хабардоршуда ҳисоб карда мешавад, гарчанде, ки ӯ дар ин суроға, маҳалли зист истиқомат надорад ё дар ҷои кор қарор надошта бошад.
Моддаи 35. Оқибатҳои рад намудани қабули даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо ва ҳозир нашудан баъд аз қабули он
1. Дар ҳолати рад кардани қабули даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо шахси дастраскунандаи он дар даъватнома ё дигар намуди хабарнома қайди дахлдор гузошта, онро ба иҷрочии мақомоти иҷро бармегардонад.
2. Шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда, хабардоршуда ҳисобида мешаванд, агар:
1) даъватшаванда аз гирифтани даъватнома ё дигар намуди хабарнома саркашӣ намуда бошад;
2) бо вуҷуди гирифтани хабарнома тариқи почта даъватшаванда барои гирифтани даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳое, ки ба унвонии ӯ равон карда шудаанд, ҳозир нашуда бошад;
3) дар сурате, ки даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳои ирсолшуда ба охирин суроғаи маълумбудаи маҳалли истиқомати шахси дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда ё ба суроғае, ки аз тарафи ӯ ба таври хаттӣ ба иҷрочии мақомоти иҷро барои огоҳонидани чунин шахс дода шудааст (аз ҷумла суроғаи электронӣ) ё даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо ба таври дигари аз тарафи шахси зикршуда равон шудааст, вале шахс даъватнома ё дигар намуди хабарномаро нагирифтааст;
4) хабарномаҳои дар шакли ҳуҷҷати электронӣ, ки аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро бо имзои электронӣ имзо гаштааст ва ба даъватшаванда бо истифода аз хатҳои иттилоотӣтелекоммуникатсионӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гаштааст.
БОБИ 6. РАДКУНӢ ВА ХУДРАДКУНӢ ДАР ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
Моддаи 36. Асосҳо барои радкунӣ ва худрадкунӣ дар истеҳсолоти иҷро
1. Иҷрочии мақомоти иҷро, тарҷумон, мутахассис ва шахси холис наметавонанд дар истеҳсолоти иҷро иштирок намоянд ва бояд рад карда шаванд, агар онҳо:
1) ҳангоми баррасии парвандае, ки оид ба иҷрои қарори он истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудааст, ба сифати судя, прокурор, намоянда, шоҳид, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон ва котиби маҷлиси судӣ иштирок намуда бошанд;
2) бо тарафҳо ё намояндагони онҳо муносибати хешутаборӣ дошта бошанд;
3) шахсан, бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошанд ё ҳолатҳои дигар мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисии онҳоро зери шубҳа гузоранд.
2. Радкунӣ бояд асоснок бошад ва дар шакли хаттӣ то оғози амалҳои иҷро пешниҳод карда шавад. Дар рафти амали иҷро ба радкунӣ роҳ дода мешавад, агар ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида баъди саршавии амали иҷро маълум гардида бошанд.
3. Рад кардани иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби иҷрочии калони мақомоти иҷро ва дар маҳалле, ки як иҷрочии мақомоти иҷро амал менамояд, аз ҷониби худи иҷрочии мақомоти иҷро ҳал карда шуда, дар ин хусус қарор қабул карда мешавад. Ба дигар иҷрочии мақомоти иҷро вобаста намудани истеҳсолоти иҷро дар мувофиқа бо роҳбарияти мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад.
4. Рад кардани тарҷумон, мутахассис ва шахсони холис аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ҳал карда мешавад. Дар ин бора иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд.
Моддаи 37. Худрадкунӣ дар истеҳсолоти иҷро
1. Бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 36 Қонуни мазкур иҷрочии мақомоти иҷро, тарҷумон, коршинос, мутахассис ва шахси холис уҳдадоранд, ки изҳори худрадкунӣ намоянд.
2. Худрадкунии иҷрочии мақомоти иҷро бо қарор ба расмият дароварда шуда, нусхаи он на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабули қарори зикршуда ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро равон карда мешавад.
3. Худрадкунии иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби иҷрочии калони мақомоти иҷро ва дар маҳалле, ки як иҷрочии мақомоти иҷро амал менамояд, аз ҷониби худи иҷрочии мақомоти иҷро ҳал карда шуда, дар ин хусус қарор қабул карда мешавад.
4. Худрадкунии тарҷумон, коршинос, мутахассис ва шахси холис бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро ба расмият дароварда мешавад.
Моддаи 38. Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро
Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва баррасӣ карда мешавад.
БОБИ 7. ОҒОЗ, РАД ВА БАРГАРДОНИДАНИ ҲУҶҶАТИ ИҶРО БЕ ОҒОЗИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
Моддаи 39. Оғоз намудани истеҳсолоти иҷро
1. Иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст ҳуҷҷати иҷроро дар нусхаи асл аз ситонанда дар асоси аризаи ӯ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки онро додааст, барои иҷро қабул карда, на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабул истеҳсолоти иҷроро оғоз намояд, агар:
1) ҳуҷҷати иҷро ба талаботи пешбининамудаи моддаи 11 Қонуни мазкур мутобиқ бошад;
2) муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро ба охир нарасида бошад.
2. Дар бораи оғози истеҳсолоти иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд. Дар қарор оид ба оғоз намудани истеҳсолоти иҷро маълумоти зерин бояд дарҷ карда шаванд:
1) сана ва ҷойи қабули қарор;
2) насаб, ном ва номи падари иҷрочии мақомоти иҷро;
3) асосҳои қарори қабулшаванда бо истинод ба қонунҳо ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрочии мақомоти иҷро онҳоро ба роҳбарӣ гирифтааст;
4) ба кӣ ва ба кадом мақомот ирсол кардани нусхаи қарор;
5) дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур нишон додани маълумот оид ба ситонидани пардохти иҷро.
3. Иҷрочии мақомоти иҷро мавҷудияти истеҳсолоти иҷрои дигарро нисбати қарздор муайян менамояд. Дар сурати ошкор шудани дигар истеҳсолоти иҷро нисбати қарздор иҷрочии мақомоти иҷро ситонандаро дар ин бора огоҳ намуда, тартиби бо навбат қонеъгардонии талаботи истеҳсолоти иҷроро тибқи Қонуни мазкур ба ӯ мефаҳмонад.
4. Иҷрочии мақомоти иҷро дар баробари оғоз намудани истеҳсолоти иҷро бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он бо риояи талаботи қисмҳои 1 ва 7 моддаи 48 ҳамин Қонун маълумот оид ба ворид намудани қарздор ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздоронро тартиб дода, ба мақомоти иҷро онро пешниҳод менамояд. Ҳамзамон, баҳри таъмини иҷрои дуруст ва саривақтии ҳуҷҷати иҷро аз рӯи аризаи ситонанда ё бо ташаббуси худ бо риояи талаботи моддаи 47 Қонуни мазкур қарор қабул намояд.
Моддаи 40. Асосҳо барои рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро
1. Оғози истеҳсолоти иҷро дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷрое, ки иҷрои он ба ваколати иҷрочии мақомоти иҷро дохил намегардад, рад карда мешавад.
2. Иҷрочии мақомоти иҷро дар муддати се рӯз аз рӯзи ворид шудан ҳуҷҷати иҷрое, ки пешниҳоди он дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, бо қабули қарор ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки онро барои иҷро додааст, бармегардонад. Нусхаи қарори мазкур оид ба рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро бо замимаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои воридшуда на дертар аз рӯзи дигари пас аз қабули он ба ситонанда, инчунин ба суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, ирсол карда мешавад.
Моддаи 41. Баргардонидани ҳуҷҷати иҷро бе оғози истеҳсолоти иҷро
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуҷҷати иҷроро агар бо вайрон намудани муҳлати пешниҳоди он барои иҷро ё дар нусхаи асл пешниҳод нагардидан ба вай равон карда шуда бошад, дар муҳлати се рӯз пас аз рӯзи ворид шудани он, ба ситонанда ё ин ки ба суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, дар сурати мувофиқат накардани он ба талаботи пешбининамудаи моддаи 11 Қонуни мазкур бармегардонад ва вобаста ба ин қарор қабул менамояд.
2. Дар қарор оид ба баргардонидани ҳуҷҷати иҷро асосҳои баргардонидани ҳуҷҷати иҷро нишон дода мешавад.
3. Иҷрочии мақомоти иҷро на дертар аз рӯзи пас аз рӯзи қабули қарор дар бораи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро нусхаи онро бо ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, мефиристад.
4. Пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро дар муҳлати муқарраргардида, барои дубора фиристонидани ҳуҷҷати иҷро ба иҷрочии мақомоти иҷро баъди бартараф намудани камбудиҳо монеъ шуда наметавонад.
5. Ҳуҷҷати иҷро, ки бе бартараф намудани камбудиҳои дар қарор оид ба баргардонидани он нишон додашуда ворид гардидааст, иҷро карда намешавад ва дар асоси қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки онро равон кардааст, баргардонида мешавад.
Моддаи 42. Истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ
1. Ҳангоми нисбати як қарздор оғоз намудани якчанд истеҳсолоти иҷро, иҷрочии мақомоти иҷро онҳоро дар истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ якҷо менамояд.
2. Дар ҳолати нисбати як қарздор оғоз гардидани истеҳсолоти иҷро:
1) аз ҷониби якчанд иҷрочиёни мақомоти иҷро дар ҳудуди як вилоят, истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ аз рӯи онҳо дар маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё охирин маҳалли маълумбудаи истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) қарздор ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ, ки аз ҷониби сардорони раёсатҳои иҷрои вилоятҳо ва шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муайян гардидааст, пеш бурда мешавад;
2) аз ҷониби якчанд иҷрочиёни мақомоти иҷро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ё шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ аз рӯи онҳо дар маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё охирин маҳалли маълумбудаи истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) қарздор ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ, ки аз ҷониби роҳбари мақомоти иҷро муайян гардидааст, пеш бурда мешавад.
3. Маводи истеҳсолоти иҷро оид ба иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷрои дорои талаботи хусусияти молумулкӣ, ки дар истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ якҷо карда шудаанд, тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ба иҷрочии мақомоти иҷро, ки истеҳсолоти иҷрои маҷмуиро пеш мебарад, дар асоси қарори иҷрочии калони мақомоти иҷро супорида шуда, нусхаи он ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро равон карда мешавад.
4. Дар мавридҳои зарурии иҷро намудани амалҳои иҷро дар ҳудуде, ки ваколати иҷрочии мақомоти иҷрои пешбарандаи истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ дар ин ҷо паҳн намегардад, чунин амалҳо мутобиқи қисми 7 моддаи 16 Қонуни мазкур ба анҷом расонида мешаванд.
БОБИ 8. ЧОРАҲОИ ИҶРОИ МАҶБУРӢ
Моддаи 43. Асосҳои татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ
Асосҳои татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ ба таври ихтиёрӣ иҷро накардани санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин мавҷуд будани ҳуҷҷати иҷро мебошанд.
Моддаи 44. Чораҳои иҷрои маҷбурӣ
Чораҳои иҷрои маҷбурӣ инҳо мебошанд:
1) дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи пулӣ:
- нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор;
- нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор;
- нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор;
- нигаронидани ситониш ба ҳуқуқи талабот ва дигар ҳуқуқҳои бегонашавандаи молу мулкии қарздор;
- муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2) дар истеҳсолоти иҷро оид ба талаботи дигар:
- иҷрои санади судӣ, ки қарздорро ба содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд;
- иҷрои санади судие, ки қарздорро ба худдорӣ аз содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд;
- иҷрои санади судӣ оид ба кашида гирифтан аз қарздор ва ба ситонанда супоридани ашёи муайян;
- иҷрои санади судӣ оид ба гирифта додани кӯдак;
- иҷрои санади судӣ ё қарори шахси мансабдор оид ба кӯчонидани қарздор;
- иҷрои санади судӣ оид ба маскун намудани ситонанда;
- иҷрои санади судӣ оид ба барқарор намудан ба кор.
Моддаи 45. Муайян намудани вазъи молумулкии қарздор
1. Барои муайян намудани вазъи молумулкии қарздор иҷрочии мақомоти иҷро аз мақомоту ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҷиҳати мавҷуд будани суратҳисобҳои бонкӣ, молу мулки манқул ва ғайриманқули ба расмият даровардашуда ва ё се соли охир бегонакарда, инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкии ӯро дархост карда, маълумот мегирад.
2. Ҳангоми дастрас гардидани маълумот оид ба вазъи молу мулки қарздор, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидаанд, ҷиҳати иҷрои истеҳсолоти иҷро чораҳои иҷрои маҷбурӣ тибқи талаботи моддаи 44 Қонуни мазкур татбиқ карда мешаванд.
3. Агар иҷрои маҷбурӣ ба пурра қонеъгардонии ситониш оварда нарасонад, иҷрочии мақомоти иҷро аз рӯи аризаи ситонанда ё бо ташаббуси худ қарздорро даъват намуда, ӯро оид ба вазъи молумулкиаш мепурсад, ки дар ин бора протокол тартиб дода мешавад.
4. Иҷрочии мақомоти иҷро қарздорро ҷиҳати тартиб додани номгӯи молу мулкаш уҳдадор менамояд, агар дар рафти амали иҷро муайян карда нашавад, ки қарздор дорои дигар молу мулк мебошад.
5. Қарздор уҳдадор аст, дар номгӯи молу мулк асосҳо ва далелҳои исботкунандаи талаботи молумулкии ба ӯ тааллуқдоштаро нишон диҳад. Аз номгӯй инчунин бояд маълум гардад, ки муддати се соли охир қарздор кай ва ба кӣ барои ихтиёрдории ройгони молу мулки худ имконият фароҳам овардааст, агар ин ҳолат ба туҳфаҳои номунтазам иртибот надошта бошад.
6. Қарздор доир ба мукаммал ва ба ҳақиқат мутобиқ будани маълумоти пешниҳодшудаи ӯ оид ба вазъ ва номгӯи молу мулкаш, итминон медиҳад, ки он ба протокол ворид карда мешавад.
7. Қарздоре, ки тибқи қисми 3 моддаи мазкур пурсида шудааст, дар асоси аризаи ситонанда ё бо ташаббуси иҷрочии мақомоти иҷро оид ба вазъи молу мулк бо баохиррасии се сол такроран пурсида мешавад. Пурсиши такрорӣ оид ба вазъи молу мулки қарздор то ба охиррасии се сол дар асоси аризаи ситонанда мумкин аст, агар ситонанда маълумоти асоснок пешниҳод намуда бошад, ки қарздор дар муҳлати баохиррасида молу мулк ба даст овардааст ё ба муносибатҳои нави меҳнатӣ ворид шудааст.
8. Ба пурсиш ҳозир нашудани қарздор, пешниҳод накардани номгӯи молу мулк ё оид ба дуруст будани маълумоташ итминон надодан, аз ҷониби ӯ иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро дониста шуда, бо пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби суди маҳалли иҷро қарздор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
9. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад пуррагӣ ва дурустии нишондодҳои қарздорро бо роҳи бадастории маълумоти дахлдор ё роҳи дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, санҷад.
Моддаи 46. Кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ва кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст
1. Ҳангоми номаълум будани маҳалли истиқомати қарздор ё маҳалли нигоҳдории молу мулки ӯ тибқи талаботе, ки барои ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, инчунин мутобиқи талабот оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани ҷуброни зараре, ки бо осеб ё дигар шакл ба саломатӣ расонида шудааст ё боиси фавти саробон гардидааст ва ё талабот оид ба гирифта додани кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст, иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст кофтукови қарздор ё молу мулки ӯ ва кӯдакро ба воситаи мақомоти корҳои дохилӣ эълон намояд.
2. Ба ғайр аз ин, иҷрочии мақомоти иҷро дар дигар ҳолатҳое, ки бо истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағҳои пулӣ ва интиқоли молу мулк вобаста мебошанд, дар асоси аризаи ситонанда нисбат ба қарздор ва молу мулки ӯ талаботи қисми 1 ҳамин моддаро татбиқ менамояд.
3. Кофтуков дар маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё охирин маҳалли маълумбудаи истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) қарздор ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ, ё маҳалли маълумбудаи истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст ва ё дар маҳалли истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) ситонанда эълон карда мешавад.
4. Ҳангоми ихтиёран ҳозир шудани қарздоре, ки нисбаташ кофтуков эълон гардидааст ва иҷро намудани талаботи пешбининамудаи истеҳсолоти иҷро ё тавассути шахси сеюм пешниҳод гардидани ҳуҷҷати расмии иҷрои ин талабот, (ба ғайр аз ҳолатҳои бо ҳуҷҷати иҷро ба зиммаи қарздор уҳдадориҳое вогузор гардидааст, ки иҷрои он аз ҷониби дигар шахс имконнопазир мебошад) иҷрочии мақомоти иҷро метавонад эълони кофтукови қарздорро қатъ намояд.
5. Дар ҳолати дастгир гардидани қарздор ва аз иҷрои талаботи истеҳсолоти иҷро саркашӣ намудани ӯ, иҷрочии мақомоти иҷро бояд тибқи талаботи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб диҳад.
6. Иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст, ки ҳангоми дарёфт гардидани молу мулки дар кофтуков қарордоштаи қарздор талаботи моддаҳои 60 ва 62 Қонуни мазкур пешбининамударо риоя намояд.
7. Дар бораи эълон намудани кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ва ё кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст, инчунин эълони қатъи кофтуков, ки дар қисмҳои 1, 2, 4 ва 6 моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул намуда, нусхаи онро фавран барои иҷро ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол менамояд.
8. Хароҷот оид ба кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ва ё кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст, ба хароҷоти зарурӣ оид ба содир намудани амалҳои иҷро дахл дошта, дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдор бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро бояд аз ҳисоби қарздор ба буҷети давлатӣ ситонида шавад.
9. Назорати иҷрои талаботи қисмҳои 4 - 7 ҳамин модда аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад.
Моддаи 47. Муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар асоси аризаи ситонанда ва ё бо ташаббуси худ дар хусуси муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби қарздор ба иҷро нарасонидани талаботи ҳуҷҷати иҷрои зерин қарор қабул намояд:
1) оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст;
2) оид ба талаботи хусусияти молумулкӣ надошта;
3) дигар талабот, ки маблағи қарздорӣ аз рӯи ҳуҷҷати иҷро зиёда аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.
2. Иҷрочии мақомоти иҷро, ки қарор оид ба маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намудааст, на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро дар бораи бекор кардани муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
3. Мубодилаи маълумот дар бораи татбиқ ва бекор кардани муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон байни иҷрочии мақомоти иҷро ва мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиб ва муҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Барои мубодилаи ин маълумот метавонад феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва низоми ягонаи байниидоравии электронӣ истифода бурда шавад.
4. Маълумот дар бораи қарздороне, ки нисбаташон қарор дар бораи муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, дар сомонаи расмии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.
5. Нусхаи қарор оид ба муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бекор намудани он аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабули онҳо ба қарздор ва ба дастгоҳи марказии мақомоти иҷро ирсол карда мешавад. Дастгоҳи марказии мақомоти иҷро маълумот дар бораи татбиқ ва бекор кардани муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷират, назорати сарҳадӣ ва мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
Моддаи 48. Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон
1. Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон (минбаъд Феҳрист) аз ҷониби мақомоти иҷро бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он пеш бурда мешавад. Маълумот дар бораи қарздор (ба истиснои маълумот дар бораи қарздороне, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, инчунин қарздороне, ки тибқи ҳуҷҷатҳои иҷро оид ба ситонидани пардохтҳои давравӣ зиёда аз се моҳ қарздор нестанд ва қарздорон оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрои хусусияти ғайри молу мулкидошта) ба Феҳрист дар баробари қабули қарори оғози истеҳсолоти иҷро ворид карда мешаванд.
2. Тартиби пешбурди Феҳристро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Маълумот дар бораи қарздороне, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд, дар сомонаи расмии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.
4. Бақайдгирии қарздор дар Феҳрист ӯро аз иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро озод намекунад.
5. Мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (аз ҷумла нотариусҳо, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул ва дигар мақомоти дахлдор) ва дигар субъектҳо дар ҳолатҳои иҷрои ваколатҳои ба онҳо вогузоршуда, дар сурати муроҷиати шахс барои иҷрои амали муайян, ки ба Феҳрист дохил гардида, дар сомонаи расмии Хадамот ҷойгир карда шудааст, уҳдадоранд то иҷрои уҳдадориҳои бо санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор вогузоркардашуда аз ҷониби шахси ба Феҳрист дохил кардашуда амалиёт нагузаронанд.
6. Ҳангоми дар бонкҳо кушодани суратҳисоб ба номи шахси воқеӣ, ки ба Феҳрист дохил карда шуда, дар сомонаи расмии Хадамот ҷойгир карда шудааст, аз ҷумла тавассути зерсохторҳои бонк ё ҳангоми пӯшидани суратҳисоб аз ҷониби ин шахс, бонкҳо уҳдадоранд Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи кушодан ё пӯшидани суратҳисоб огоҳ намоянд.
7. Иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст на дертар аз рӯзи дигари корӣ пас аз рӯзи гирифтани огоҳинома дар бораи ҳабси молу мулк ва (ё) маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкии қарздор мавҷудбуда бо тартиби дар моддаи 60 Қонуни мазкур пешбинигардида қарор қабул намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки аллакай ба ин молу мулк бо ҳамин асосҳо ҳабс гузошта шудааст.
Моддаи 49. Маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахсоне, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд
Бо ворид намудан ба Феҳрист шахс ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани молу мулки манқул ва ғайриманқулро, ки бояд дар феҳристи дахлдор ба қайд гирифта шавад, инчунин дигар неъматҳои молумулкии ғайримоддиро надорад.
Моддаи 50. Бардоштани маҳдудиятҳо нисбати шахсоне, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд ва хориҷ намудан аз Феҳрист
1. Маҳдудиятҳо нисбати шахсоне, ки ба Феҳрист ворид карда шудаанд, бо хориҷ намудани онҳо аз феҳрист бардошта мешаванд.
2. Асосҳо барои хориҷ намудан аз феҳрист инҳоянд:
1) иҷрои пурраи талаботи ҳуҷҷати иҷро;
2) ивази ҷаримаи таъингардида ба дигар намуди ҷазо;
3) дар ҳолати қатъ гардидани истеҳсолоти иҷро.
Моддаи 51. Маҷбуран овардани қарздор
1. Ҳангоми ҳозир нашудани қарздор, ки бо тартиби муқарраргардидаи Қонуни мазкур ба назди иҷрочии мақомоти иҷро даъват шудааст, қарздор маҷбуран оварда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳозир нашудан бо сабабҳои узрнок ба миён омадааст.
2. Сабабҳои узрноки ҳозир нашудани қарздори огоҳшуда инҳоянд:
1) беморие, ки ба ҳозиршавии қарздорро имконият намедиҳад;
2) фавти хешовандони наздик;
3) офатҳои табиӣ, садамаҳо;
4) дигар ҳолатҳое, ки барои ҳозир шудан дар муҳлати муайяншуда монеъ шудаанд.
3. Ҳангоми мавҷудияти сабабҳои узрнок барои ҳозиршавӣ дар муҳлати муайян, қарздор уҳдадор аст иҷрочии мақомоти иҷрое, ки ӯро даъват кардааст, огоҳ намояд.
4. Қарори иҷрочии мақомоти иҷро оид ба маҷбуран овардан аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқомати (ҷойи қарордошти) шахсе, ки аз даъвати иҷрочии мақомоти иҷро саркашӣ менамояд таъмин карда мешавад. Қарор пеш аз маҷбуран овардан ба шахсе, ки нисбаташ қарор қабул шудааст, эълон карда мешавад.
5. Ноболиғон, занони ҳомила, инчунин шахсоне, ки аз ҷиҳати саломатӣ тибқи шаҳодати духтур наметавонанд ё набояд ҷояшонро тарк кунанд, маҷбуран оварда намешаванд.
БОБИ 9. ТАРТИБИ НИГАРОНИДАНИ СИТОНИШ БА МОЛУМУЛКИ МАНҚУЛИ ҚАРЗДОР
Моддаи 52. Тартиби нигаронидани ситониш ба воситаҳои пулии қарздор
1. Ҳангоми иҷрои ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағ, ситониш ба маблағҳои пулии қарздор нигаронида мешавад. Нигаронидани ситониш ба маблағҳои пулии нақдии муайянгардидаи қарздор бо роҳи маҷбуран кашида гирифтани онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Маҷбуран кашида гирифтани маблағҳои пулии нақдии қарздор бо роҳи тартиб додани санад бо иштироки на камтар аз ду нафар шахси холис амалӣ карда мешавад.
3. Агар қарздор маблағҳои пулии бо асъори миллӣ, ки барои қонеъ гардонидани талаботи ситонанда кифояро надошта бошад, ситониш ба воситаҳои пулии бо асъори хориҷӣ доштаи қарздор нигаронида мешавад.
4. Ҳангоми ошкор кардан ва аз қарздор гирифтани маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ иҷрочии мақомоти иҷро бояд на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи гирифтан бо қарори худ онҳоро барои мубодила ба асъори миллӣ ба бонк ё дигар ташкилоти кредитие, ки ҳуқуқи амалӣ намудани чунин амалиётро дар бозори дохилии асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, супорад.
5. Маблағҳои пулии гирифташуда на дертар аз рӯзи дигари гузаронидани амалиёти бонкӣ пас аз гирифтани онҳо барои гузаронидан ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро супорида мешаванд.
Моддаи 53. Хусусияти хоси нигаронидани ситониш ба маблағҳое, ки муваққатан дар суратҳисоби депозитии мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё суд нигоҳ дошта мешаванд
1. Маблағҳои дар суратҳисоби депозитии мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё суд нигоҳ дошта шуда, ки дар рафти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судӣ ҳабс ва ё аз ҷониби ҷавобгари гражданӣ воридшуда ва ё ба сифати воситаҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда гирифта шудаанд, инчунин аз ҷониби айбдоршаванда ё судшаванда ҳамчун гарав гузошта шудаанд, бояд барои иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро на дертар аз се рӯзи корӣ баъд аз ворид шудани ҳуҷҷати иҷро равон карда шаванд.
2. Дар асоси талаботи ҳуҷҷати иҷро иҷрочии мақомоти иҷро ба мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё суд дархости дахлдорро ҷиҳати интиқоли маблағҳои пулии дар суратҳисоби депозитии ин мақомот муваққатан нигоҳдошташаванда ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва ё суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро равон менамояд.
3. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда иҷро нагардидани талаботи дар қисми 2 ҳамин модда нишондодашуда, иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул намуда, ба бонки хизматрасон ирсол менамояд. Бонки хизматрасон уҳдадор аст бетаъхир маблағҳои дар суратҳисоби депозитии мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё суд муваққатан нигоҳдошташударо ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва ё суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро тибқи талаботи ҳуҷҷати иҷро барои таъмини иҷрои минбаъдаи ҳуҷҷати иҷро гузаронад.
Моддаи 54. Хусусияти нигаронидани ситониш аз маблағҳои пулии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои буҷетӣ
1. Нигаронидани ситониш аз маблағҳои пулии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои буҷетӣ мутобиқи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
2. Ташкилотҳои буҷетӣ барои иҷро кардани ҳуҷҷати иҷро ба мақомоти хазинадории марказӣ ва маҳаллӣ супоришномаҳои пардохтиро пешниҳод менамоянд. Агар маблағ дар буҷети ташкилот мавҷуд бошад, мақомоти хазинадории марказӣ ва маҳаллӣ маблағи умумии дар ҳуҷати иҷро нишон додашударо интиқол медиҳанд.
3. Ҳангоми мавҷуд набудани маблағ дар сметаи хароҷотии ташкилоти буҷетӣ, масъулияти уҳдадориҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи молик вогузор карда мешавад.
Моддаи 55. Тартиби нигаронидани ситониш аз дигар молу мулки манқули қарздор
1. Нигаронидани ситониш аз дигар молу мулки манқули қарздор бо роҳи гузоштани ҳабс (ба рӯйхат гирифтан, маҷбуран кашида гирифтан ва фурӯш) амалӣ карда мешавад.
2. Нигаронидани ситониш аз молу мулки манқули ба сифати таъминот пешниҳод гардида (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот) бо тартиби муқарраргардидаи моддаи 56 Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
3. Ситониш аз дигар молу мулки манқули қарздор, аз он ҷумла дигар дороиҳое, ки дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба ҳамон андоза ва ҳаҷме, ки барои иҷрои ҳуҷҷати иҷро бо назардошти ситонидани пардохти иҷро ва хароҷот оид ба гузаронидани амали иҷро зарур аст, нигаронида мешавад.
4. Агар дар рафти иҷро муқаррар гардад, ки молу мулки қарздорташкилот ё шаҳрванд барои пӯшонидани қарз кифоя нест, аммо қонунгузор ба эътирофи муфлисии қарздор роҳ медиҳад, иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст дар ин хусус ситонандаро огоҳ намояд.
5. Нигаронидани ситониш аз молу мулки қарздоре, ки бо тартиби муқарраргардида муфлис эътироф гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
6. Дар сурати таҷдиди ташкилот дар лаҳзаи иҷрои ҳуҷҷати иҷро иҷрочии мақомоти иҷро вориси ҳуқуқии қарздорро муқаррар менамояд ва аризаро ба суде, ки ҳалнома баровардааст, бо пешниҳод дар бораи баровардани таъинот ҷиҳати ба вориси ҳуқуқии қарздор иваз кардани ӯ ирсол менамояд. Дар ҳолати набудани вориси ҳуқуқӣ ҳангоми таҷдид ёфтани ташкилот ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда баргардонида мешавад.
Моддаи 56. Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст
1. Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот), бо риояи ҳуқуқҳои кредитори таъминшуда, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бо роҳи аз қарздор гирифтан ва ба ситонанда супоридани молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот барои фурӯш пешниҳод шудааст, амалӣ карда мешавад.
2. Иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи гирифтани молу мулки дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида қарор қабул менамояд. Ба кредитори таъминшуда супоридани ин молу мулк бо роҳи тартиб додани санад бо иштироки на камтар аз ду шахси холис амалӣ карда мешавад.
3. Кредитори таъминшуда уҳдадор аст бовиҷдонона ҷиҳати ба фурӯш баровардани молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст тавре чораҳо андешад, ки онҳо барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароитҳои воқеӣ манфиатнок бошанд.
4. Маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти талаботе равона мешаванд, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд. Маблағҳои боқимонда аз фурӯш бошад, ба иҷрочии мақомоти иҷро барои пардохт намудани дигар талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дар сурати мавҷуд набудани талаботи дигари кредиторон ба қарздор баргардонида мешаванд.
5. Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд, кофӣ набошанд, пас қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои талаботи кредиторони таъминнашуда пардохт мегардад.
6. Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст, инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар санади судӣ ин молу мулкро ҳамчун далели шайъӣ эътироф намояд ё бо роҳи содир кардани ҷиноят ба даст овардашуда, мусодираи онро ба манфиати давлат пешбинӣ намуда бошад.
Моддаи 57. Нигаронидани ситониш ба молу мулке, ки қарздор бегона намудааст
1. Дар ҳама ҳолатҳое, ки нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор ба пурра қонеъ гардонидани талаботи ситонанда оварда нарасонидааст, ситониш метавонад ба молу мулке, ки қарздор бо нияти зараррасонӣ ба қарздиҳандагон бегона кардааст, агар шахси сеюм ҳангоми ба даст овардани чунин молу мулк оид ба нияти қарздор огоҳ буд ва ё бояд медонист ё ин ки молу мулкро ройгон ё дидаю дониста бо нархи паст (аз нархи бозорӣ пасттар дар ҳолати бегонакунӣ) ба даст овардааст, нигаронида шавад.
2. Уҳдадории исботи мавҷуд набудани қасди расонидани зарар ба қарздиҳандагони худ ба зиммаи қарздор гузошта мешавад. Ситониш ба молу мулки бегонанамудаи қарздор метавонад нигаронида шавад, агар чунин молу мулк дар давоми се соли охир то додани ҳуҷҷати иҷро бегона карда шуда бошад.
3. Ба молу мулке, ки аз ҷониби қарздор ба фоидаи ҳамсар, хешу табор ва ё хешовандони ҳамсари худ ба расмият дароварда шудааст ва ё бегона карда шудааст, нигаронидани ситониш бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур ба роҳ монда мешавад.
4. Нигаронидани ситониш ба молу мулки аз ҷониби қарздор ба шахси сеюм бегонанамуда бо санади судӣ, ки аз рӯи даъвои ситонанда ё пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро қабул гардидааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 58. Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор, ки дар ихтиёри дигар шахсон қарор дорад
Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқули қарздор, ки дар ихтиёри дигар шахсон қарор дорад ва ӯ розӣ ҳаст, ки ин молу мулкро диҳад, бо роҳи ҳабс гузоштан ба ин молу мулк мутобиқи талаботи қисми 10 моддаи 60 Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
Моддаи 59. Молу мулке, ки ба он нигаронидани ситониш мумкин нест
Ситониш ба молу мулки ба қарздор тааллуқдошта бо ҳуқуқи соҳибмулкӣ ё саҳми моли шахсии ӯ дар молу мулки умумӣ, ки барои қарздор ва шахсони дар таъминоти ӯ қарордошта мутобиқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд, наметавонад нигаронида шавад.
Моддаи 60. Ҳабси молу мулки қарздор
1. Ҳабси молу мулки қарздор аз барӯйхатгирии молу мулк, эълони манъи ихтиёрдории он ва ҳангоми зарурат аз маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодаи молу мулк, кашида гирифтан ё барои нигаҳдорӣ супоридани он иборат мебошад. Намуд, ҳаҷм ва муҳлати маҳдуд карданро дар ҳар як ҳолати алоҳида иҷрочии мақомоти иҷро бо назардошти хусусияти молу мулк, аҳамияти он барои соҳибмулк ё шахсе, ки онро соҳибӣ менамояд, истифодаи хоҷагӣ, маишӣ ва дигар омилҳо муайян мекунад.
2. Вайрон намудани манъи иҷрочии мақомоти иҷро ҷиҳати ихтиёрдорӣ ё ин ки риоя накардани маҳдудияти ҳуқуқи истифодабарии молу мулки қарздор, ки ба он ҳабс гузошта шудааст, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.
3. Ҳабси молу мулк дар доираи талаботи муқарраргардидаи ҳуҷҷати иҷро ва хароҷоти амалҳои иҷро татбиқ мегардад.
4. Ҳабс татбиқ карда мешавад:
1) ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор барои таъмини ҳифзи молу мулки қарздор, ки минбаъд бояд ба ситонанда супорида ё ин ки дар оянда фурӯхта шавад;
2) ҳангоми иҷрои санади судӣ оид ба гирифтани молу мулки қарздор;
3) ҳангоми иҷрои таъиноти суд оид ба ҳабс гузоштан ба молу мулки ба қарздор тааллуқдошта ё ин ки дар ихтиёри ӯ ва шахсони дигар қарордошта;
5. Гирифтани молу мулки ҳабсшуда бо супоридани он ҷиҳати дар оянда ба фурӯш баровардан дар муҳлати муқаррарнамудаи моддаи 18 Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад.
6. Молу мулки зуд вайроншаванда ё хӯрдашаванда, фавран барои фурӯш супорида мешавад.
7. Маблағҳои пулӣ бо пули миллӣ ва асъор, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ҷавоҳирот ва дигар маснуоти аз тилло, нуқра, платина ва металлҳои гурӯҳи платина, сангҳои қиматбаҳо ва марворид, инчунин шикастапора ва қисмҳои алоҳидаи чунин маснуоти ҳангоми барӯйхатгирии молу мулки қарздор ошкоршуда, ки ба он ҳабс гузошта шудааст, бояд ҳатман гирифта шаванд.
8. Ба коғазҳои қиматнок мувофиқи тартиби муқарраргардидаи Қонуни мазкур ҳабс гузошта мешавад.
9. Бо ҳабс гузоштан ба молу мулки қарздор ситонанда ҳуқуқи гаравро ба молу мулки ба ҳабсгузошташуда ба даст меорад. Ҳуқуқи гарав, ки аз молу мулки пештар ҳабсгузошташуда бармеояд, дар муқоиса бо ҳуқуқе, ки аз гарави баъдина бармеояд, афзалиятноктар аст. Ҳуқуқи гарав, ки аз ҳабс гузоштан ба молу мулки қарздор бармеояд, ба ситонанда ҳамон ҳуқуқҳоро дар муносибат ба дигар ситонандагон ба мисли гарав дар асоси шартномаи гражданӣ оид ба гарав медиҳад.
10. Ҳабс гузоштан ба молу мулки манқул, ки дар соҳибияти воқеии қарздор қарор дорад, ба соҳибияти иҷрочии мақомоти иҷро гузаштани ин молу мулк боис мегардад.
11. Иҷрочии мақомоти иҷро рӯйхат тартиб медиҳад ва вобаста ба миқдори ситониш тамоми молу мулк ё қисми онро ҳабс намуда, дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, гарави молу мулк ва нотариати давлатӣ қарор оид ба манъи амалҳои бо молу мулки ҳабсшуда алоқамандро ирсол менамояд.
12. Дар бораи гузоштани ҳабс ба молу мулки ба гарав гузошташуда иҷрочии мақомоти иҷро гаравгирро фавран хабардор менамояд.
13. Ҳангоми иҷрои таъиноти судӣ ҷиҳати таъмини даъво иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба талаботи даъво ба ҳамаи молу мулк ё қисми он ҳабс мегузорад.
Моддаи 61. Ҳабси қоғазҳои қиматнок
1. Ҳабси қоғазҳои қиматноки ҳуҷҷатӣ дар ҷойи нигаҳдории онҳо татбиқ карда мешавад. Ҳабси қоғазҳои қиматноки ғайриҳуҷҷатӣ дар ҷойҳои бақайдгирии соҳибҳуқуқии онҳо татбиқ мегардад.
2. Ҳангоми гузоштани ҳабс ба қоғазҳои қиматнок иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул мекунад. Дар бораи гузоштани ҳабс ба қоғазҳои қиматноки ҳуҷҷатӣ иҷрочии мақомоти иҷро ҳамчунин санади барӯйхатгирии қоғазҳои қиматноки ҳабсгузошташударо тартиб медиҳад.
3. Дар қарор ё санади иҷрочии мақомоти иҷро оид ба гузоштани ҳабс ба қоғазҳои қиматнок адади умумии қоғазҳои қиматноки ҳасбшуда, намуди онҳо, маълумот оид ба эмитенти қоғазҳои қиматнок, санаи барориши онҳо (ба ғайр аз саҳмияҳо), дигар маълумоти мушаххаскунандаи қоғазҳои қиматнок дода мешавад, инчунин мансубияти онҳо ба қарздор муқаррар мегардад.
4. Гузоштани ҳабс ба қоғазҳои қиматноке, ки ба қарздор тааллуқ доранд, аз маҳдудияти ихтиёрдории онҳо аз ҷониби қарздор шаҳодат медиҳад, инчунин интиқоли чунин қоғазҳои қиматнок манъ карда мешавад. Ҳангоми гузоштани чунин маҳдудиятҳо, аз ҷумла маҳдудият барои гирифтани даромад аз қоғазҳои қиматнок ва дигар ҳуқуқҳои қарздор, ки бо қоғазҳои қиматнок тасдиқ шудаанд, иҷрочии мақомоти иҷро вазифадор аст дар қарори қабулнамудаи худ ин маҳдудиятҳоро номбар кунад.
Моддаи 62. Ҳабси молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри шахси сеюм қарор дорад
Ҳангоми пайдо кардани маълумот оид ба молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри шахси сеюм қарор дорад, иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба молу мулки мазкур ҳабс мегузорад.
Моддаи 63. Ба рӯйхат гирифтани молу мулки қарздор
1. Иҷрочии мақомоти иҷро рӯйхати молу мулки қарздорро ба миқдоре, ки ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро ва хароҷоти иҷро зарур аст, тартиб медиҳад. Иҷрочии мақомоти иҷро метавонад ба молу мулки ба рӯйхат гирифташуда муҳр гузорад.
2. Барӯйхатгирии молу мулки қарздор дар ҳузури қарздор ва шахсони холис гузаронида мешавад. Дар ҳолати набудани қарздор, барӯйхатгирӣ бо иштироки яке аз аъзои болиғи оилаи ӯ, шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ ва дар сурати набудани ин шахсон бо иштироки намояндаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва шахсони холис тартиб дода мешавад. Ҳангоми барӯйхатгирӣ қарздор ҳуқуқ дорад ба иҷрочии мақомоти иҷро бобати дар навбати аввал ба кадом молу мулк нигаронидани ситониш арз намояд. Иҷрочии мақомоти иҷро чунин арзро қонеъ мегардонад, агар он ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро мухолифат накунад.
Моддаи 64. Муҳтавои санади барӯйхатгирӣ ва қарор дар бораи ҳабси молу мулк
1. Дар санади барӯйхатгирӣ ва қарор оид ба ҳабси молу мулк бояд маълумоти зерин зикр шаванд:
1) сана ва маҳалли тартиб додани санади барӯйхатгирӣ ва қарор;
2) насаб, ном ва номи падари иҷрочии мақомоти иҷро;
3) номи суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷрои он ба иҷро расонида мешавад;
4) насаб, ном ва номи падари ситонанда ва қарздор;
5) номи ҳар як молу мулки ба санад ва қарор дохил кардашуда, нишонаҳои фарқкунандаи он (вазн, андоза, дараҷаи дошти он ва ғайраҳо), баҳои тахминии ҳар як молу мулк дар алоҳидагӣ ва арзиши тахминии ҳамаи молу мулк;
6) ишора ба муҳргузорӣ шудани молу мулк, агар он иҷро шуда бошад;
7) насаб, ном ва номи падари шахси воқеӣ, номи шахси ҳуқуқӣ, ки молу мулкро барои нигаҳдорӣ ба онҳо супоридааст, суроғаи онҳо, агар нигаҳдории молу мулк ба зиммаи худи қарздор вогузор нашуда бошад;
8) қайд дар бораи ба қарздор ва дигар шахсон фаҳмонидани тартиб ва муҳлати шикоят аз болои амали иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин дар бораи ба қарздор ва нигоҳдорандаи молу мулк фаҳмонидани уҳдадориҳои онҳо оид ба нигаҳдорӣ ва дар бораи ҷавобгарӣ ҷиҳати исрофкунӣ, азхудкунӣ ё пинҳонкунии молу мулки барои нигоҳдорӣ супоридашуда;
9) эрод ва арзи ситонанда, қарздор ва шахсоне, ки дар вақти барӯйхатгирӣ иштирок доштанд ва фармоишҳои аз рӯи онҳо додаи иҷрочии мақомоти иҷро.
2. Санади барӯйхатгирӣ аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ва шахсоне, ки дар тартиб додани он иштирок доштанд, имзо карда мешавад. Қарор дар бораи ҳабси молу мулкро иҷрочии мақомоти иҷро имзо намуда, нусхаи онро ба тарафҳо ва ё нигоҳдорандаи молу мулки ҳабсшуда месупорад.
Моддаи 65. Гирифтани молу мулки ба рӯйхат гирифташуда ё ҳабсшудаи қарздор
1. Гирифтани молу мулки ба рӯйхат гирифташуда ё ҳабсшудаи қарздор бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) барои ба фурӯш баровардан бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур;
2) барои супоридани молу мулк ба ситонанда;
3) барои супоридани молу мулк барои нигоҳдорӣ, аз ҷумла ба дигар шахси нигоҳдорандаи молу мулк;
4) агар молу мулк дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур бояд гирифта шавад.
2. Ҳангоми гирифтани молу мулки ба рӯйхат гирифташуда ё ҳабсшудаи қарздор, мумкин аст ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои нигаронидани ситониш ба молу мулки мазкур гирифта шаванд.
3. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми барӯйхатгирӣ ё гузоштани ҳабс ҳуқуқ дорад молу мулки қарздорро пурра ё қисман гирад.
Моддаи 66. Аз ҳабс озод кардани молу мулк
1. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс вобаста ба мансубияти молу мулке, ки ба он ситониш нигаронида шудааст шахсе, ки тибқи иҷрои ҳуҷҷати иҷро ҳуқуқҳояш поймол гардидаанд, ҳуқуқ дорад ба суд бо даъвои аз ҳабс озод намудани молу мулк ва хориҷ намудан аз санади барӯйхатгирӣ муроҷиат намояд.
2. Даъво дар бораи аз ҳабс озод кардани молу мулк ва хориҷ намудан аз санади барӯйхатгирӣ метавонад ҳам аз ҷониби соҳибмулкони молу мулкашон ҳабсшуда, ки ба қарздор мансуб нест ва ҳам аз ҷониби шахсоне, ки ин молу мулк дар пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии амалиётии онҳо истифода мешавад, пешниҳод гардад.
Моддаи 67. Нархгузории молу мулки ҳабсшудаи қарздор
1. Нархгузории молу мулки ҳабсшудаи қарздор аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нархҳои бозории дар рӯзи иҷрои ҳуҷҷати иҷро амалкунанда, ба истиснои ҳолатҳое, ки нархгузорӣ бо нархҳои танзимшаванда ба роҳ монда мешавад, сурат мегирад. Дар ин ҳолат созишномаи байни ситонанда ва қарздор дар бораи нархгузорӣ ба назар гирифта мешавад.
2. Агар муайян намудани нархи баъзе молу мулк душвор бошаду қарздор ё ин ки ситонанда ба нархгузории иҷрочии мақомоти иҷро норозигӣ баён намояд, иҷрочии мақомоти иҷро барои муайян кардани арзиши молу мулк мутахассисро ҷалб менамояд.
3. Коғазҳои қиматнок, маснуоти заргарӣ, сарват ва маснуоти дигар аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, маҳсулоти антиқӣ (антиквариат), асарҳои санъати тасвирӣ ва ҳайкалҳо бо иштироки ҳатмии мутахассисон нархгузорӣ карда мешаванд.
4. Тарафе, ки нархгузории молу мулки ҳабсшударо мавриди баҳс қарор медиҳад, хароҷоти вобаста ба ҷалб намудани мутахассисро танҳо дар он ҳолате пардохт менамояд, ки талаботи ӯ оид ба аз нав нархгузорӣ тасдиқи худро наёфта бошад.
Моддаи 68. Нигаҳдории молу мулки ҳабсшуда
1. Молу мулки қарздор барои нигоҳдорӣ бо гирифтани имзои қарздор ё дигар шахси аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро таъингардида (минбаъд-нигоҳдоранда) дар қарор дар бораи ба ҳабс гирифтани молу мулки қарздор, супорида мешавад.
2. Агар нигоҳдоранда худи қарздор ё аъзои оилаи ӯ набошад (барои қарздор-шахси ҳуқуқӣ - корманди он), барои нигоҳ доштан подошпулии мувофиқ мегирад. Нигоҳдоранда бо иҷозати иҷрочии мақомоти иҷро аз ин молу мулк метавонад истифода барад, ба шарте ки аз рӯи хусусиятҳои молу мулк истифодаи он боиси нобуд шудан ё кам шудани қимати он нагардад. Ба нигоҳдоранда хароҷоти зарурии сарфкардааш оид ба нигоҳ доштани молу мулк бо назардошти фоидаи воқеии аз истифодаи ин молу мулк бадастовардааш, ҷуброн карда мешавад.
3. Барои таъмини ҳифзи молу мулки ҳабсшудаи қарздор иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дигар шахси нигоҳдорандаро таъин намояд ва молу мулки зикршударо ба ӯ барои нигоҳдории минбаъда супорад. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳо аз ҷониби нигоҳдорандаи аввалаи молу мулк, хароҷоти нигоҳдории молу мулк ҷуброн карда намешавад.
4. Воситаҳои нақлиёти ба ҳабс гирифташуда то гузаронидани музояда дар ҷойҳои махсуси аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро муайянгашта (таваққуфгоҳҳо, анборҳо, майдонҳои ҷаримавии мақомоту ташкилоти ваколатдор ва дигар ҷойҳо), ки дар онҳо шароити мувофиқи нигоҳдорӣ таъмин аст, нигоҳ дошта мешаванд.
5. Тартиб ва шартҳои нигоҳдории молу мулки ҳабсшуда бо Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 69. Ҷавобгарии нигоҳдорандаи молу мулки ҳабсшуда
Дар сурати исроф ё вайрон кардан, азони худ ё бегона кардан ва ё пинҳон намудани молу мулки ҳабсшудаи барои нигоҳ доштан супоридашуда нигоҳдоранда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 70. Фурӯши молу мулки ҳабсшуда
1. Фурӯши молу мулки ҳабсшуда, ба ғайр аз молу мулке, ки тибқи Қонуни мазкур аз гардиш гирифта шудааст, новобаста аз асосҳои ҳабсгирӣ ва намудҳои молу мулк аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро тавассути музояда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Ҳангоми нигаронидани ситониш ба молу мулки қарздор, агар дар лаҳзаи қабули қарор дар бораи фурӯхта шудани молу мулке, ки мебоист ба он ситониш нигаронида шавад, оид ба муфлисшавии қарздор истеҳсолот оғоз шуда бошад, пас фурӯши молу мулк то моҳиятан ҳал кардани ин масъала боздошта мешавад.
3. Иҷрочии мақомоти иҷро бо розигии хаттии тарафҳо ҳуқуқ дорад молу мулкро бе гузаронидани музояда, бо роҳи савдои он ба шахси муайян анҷом диҳад, ки дар ин бора қарор қабул мекунад. Қарори қабулнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро барои бақайдгирии молу мулке, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии ҳатмиро талаб мекунад, асос мешавад.
Моддаи 71. Хабар додан дар бораи музоядаи барпошаванда
1. Ҳангоми фурӯши молу мулки қарздор дар музояда иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст ба воситаи матбуоти даврие, ки ҳуқуқи нашри ахбороти расмиро дорад, дар бораи музоядаи барпошаванда бо молу мулки манқул на дертар аз даҳ рӯз ва бо молу мулки ғайриманқул бошад, на дертар аз сӣ рӯз хабар диҳад.
2. Дар огоҳинома оид ба вақт, маҳал ва шакли савдо, молу мулки ба музояда баровардашаванда, тартиби бақайдгирии иштирок дар савдо, тартиби гузаронидани он, инчунин оид ба нархи ибтидоии молу мулк дарҷ карда мешавад.
3. Дар бораи вақт ва маҳалли гузаронидани музоядаи молу мулки ба гарав гузошташуда иҷрочии мақомоти иҷро гаравгирро огоҳ месозад.
Моддаи 72. Тартиби гузаронидани музояда
1. Шахсоне, ки дар музояда иштирок кардан мехоҳанд, уҳдадоранд ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро дар ҳаҷми панҷ фоизи арзиши нархи молу мулк пешпардохт супоранд. Маблағи супоридаи шахси дар музояда ғолибомада ба ҳисоби нархи харид дохил мешавад. Ба иштирокчиёни боқимонда маблағи пешпардохтнамудаи онҳо пас аз анҷоми музояда, баргардонида мешавад.
2. Музояда аз нархи дар қарор оид ба ҳабс нишондодашуда ва хулосаи мутахассисон оид ба муайян намудани арзиши молу мулки ҳабсшуда оғоз меёбад. Молу мулк ба ҳамон шахсе фурӯхташуда ҳисоб меёбад, ки дар музояда аз ҳама нархи баландро пешниҳод кардааст. Ғолиби музояда уҳдадор аст дар давоми панҷ рӯзи корӣ пас аз ба охир расидани музояда маблағи пурраи молу мулки бадастовардашударо бо дарназардошти пешпардохти супоридашуда пардохт намояд.
3. Ҳангоми аз ҷониби ғолиби музояда дар муҳлати муқарраргардида пардохт нашудани ҳамаи маблағи зикршуда, пешпардохти пеш аз музояда пардохтнамудааш ба ӯ баргардонида нашуда, ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. Пешпардохт ба фоидаи давлат дар он ҳолат гузаронида мешавад, ки агар муқаррар гардад, ки ғолиби музояда ҳуқуқи дар он иштирок карданро надошт.
4. Пас аз пардохти ҳамаи маблағи зикргардида аз ҷониби ғолиби музояда иҷрочии мақомоти иҷро ба ӯ нусхаи санад ва қарор дар бораи музоядаи барпогардидаро месупорад, ки он асос барои бақайдгирии молу мулки фурӯхташуда дар моликияти ӯ мегардад.
5. Дар музояда иҷрочиёни мақомоти иҷро ва судяҳое, ки оид ба истеҳсолоти иҷрои мазкур қарор қабул намудаанд, инчунин аъзои оила ва хешовандони наздики онҳо, инчунин шахсе, ки молу мулкаш дар музояда гузошта шудааст, иштирок карда наметавонанд.
6. Музоядаи электронӣ дар майдони ягонаи савдои электронӣ, ки гузаронидани онро мақоми ваколатдори давлатӣ интихоб менамояд, баргузор мешавад. Тартиби гузаронидани музоядаи электрониро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 73. Барпонашуда эълон кардани музояда
1. Иҷрочии мақомоти иҷро дар мавридҳои зерин музоядаро барпонашуда эълон мекунад, агар:
1) қарздор то оғози музояда иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро ва хароҷоти вобаста ба истеҳсолоти иҷроро таъмин карда бошад;
2) ба музояда камтар аз ду нафар харидор ҳозир шуда бошанд;
3) ҳеҷ яке аз иштирокчиёни музояда дар бораи пардохти нархи аввалаи молу мулк таклиф пешниҳод накунад;
4) ғолиби музояда дар муддати панҷ рӯзи корӣ маблағи пешниҳоднамудаи худро барои молу мулки дар музояда гузошташуда насупорад.
2. Дар бораи барпонашуда эълон кардани музояда иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд.
3. Агар музояда барпонашуда эълон гардад, пешпардохт ба он шахсоне, ки онро супурда буданд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи банди 4) қисми 1 моддаи мазкур баргардонида мешавад.
Моддаи 74. Оқибати барпонашуда эълон намудани музояда
1. Дар ҳолати барпонашуда эълон намудани музояда ба ситонанда ҳуқуқ дода мешавад, ки молу мулкро аз арзиши ибтидоӣ бист фоиз кам карда, ба моликияти худ гирад.
2. Дар ҳолати барпонашуда эътироф намудани музояда ва даст кашидани ситонанда аз гирифтани молу мулк, иҷрочии мақомоти иҷро бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур музоядаи такрорӣ таъин мекунад. Дар ин маврид нархи барои музоядаи такрорӣ муқарраршуда, то ҳамон вақте, ки яке аз иштирокчиён барои харидани молу мулк бо нархи эълоншуда розӣ нашавад, паст карда мешавад, аммо он набояд аз панҷоҳ фоизи нархи аввалаи арзиши молу мулки ба музояда гузошташуда кам бошад.
3. Дар ҳолати барпонашуда эълон намудани музоядаи такрорӣ, молу мулк бо нархи эълоншудаи охирин ба ситонанда пешниҳод карда мешавад. Дар вақти даст кашидани ситонанда ҷиҳати ба моликияти худ қабул намудани молу мулки ба фурӯш гузошташуда, ҳабс аз ин молу мулк бардошта мешавад.
4. Дар ҳолати барпонашуда эълон намудани музояда ва ба ихтиёри худ гирифтани молу мулк аз ҷониби ситонанда, иҷрочии мақомоти иҷро мутобиқи қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда қарор қабул менамояд. Қарори қабулнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро барои бақайдгирии молу мулке, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии ҳатмиро талаб менамояд, асос мебошад.
Моддаи 75. Тартиби беэътибор эътироф намудани музояда
1. Музояда аз ҷониби суд тибқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад беэътибор эътироф карда шавад.
2. Агар музояда тибқи қисми 1 моддаи мазкур беэътибор эътироф шуда бошад, музоядаи нав эълон мешавад, ки ҳамчун музоядаи такрорӣ ҳисоб намегардад.
БОБИ 10. ТАРТИБИ НИГАРОНИДАНИ СИТОНИШ БА МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛИ ҚАРЗДОР
Моддаи 76. Тартиби нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор
Нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 77. Нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули ба гарав гузошташуда
1. Ба молу мулки ғайриманқули ба гарав гузошташуда бо риояи ҳуқуқҳои гаравгир, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ситониш нигаронида мешавад.
2. Нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули ба гарав гузошташуда, инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар санади судӣ ин молу мулкро ҳамчун далели шайъӣ ё бо роҳи содир кардани ҷиноят ба даст овардашуда эътироф намояд ва мусодираи онро ба манфиати давлат пешбинӣ намуда бошад.
Моддаи 78. Фурӯши молу мулки ғайриманқул
1. Фурӯши молу мулки ғайриманқул дар асоси талаботи ҳуҷҷати иҷро бо роҳи фурӯш дар музояда амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби фурӯши молу мулки ғайриманқул бо риояи талаботи қисми 9 моддаи 60 Қонуни мазкур муайян мегардад.
Моддаи 79. Тартиби баргузории музоядаи молу мулки ғайриманқул
1. Музоядаи молу мулки ғайриманқул дар маҳалли ҷойгиршавии ҳамин молу мулк баргузор мегардад.
2. Нархи ибтидоии молу мулки ғайриманқул дар асоси талаботи ҳуҷҷати иҷро ва дар ҳолати муайян набудани он, тибқи созишномаи байни гаравдеҳу гаравгир оид ба тасдиқи нархи ибтидоии фурӯши молу мулк ва ҳангоми баҳс аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро бо ҷалб намудани нархгузори мустақил муайян карда мешавад.
3. Иҷрочии мақомоти иҷро дар хусуси музоядаи баргузоршаванда бояд дар муҳлати на дертар аз сӣ рӯз то баргузор намудани он тавассути нашрияи даврие, ки мақоми иттилоотии расмӣ мебошад, бо зикри сана, вақт ва маҳалли баргузории музояда, хусусияти молу мулки фурӯшӣ ва нархи ибтидоии фурӯш огоҳ созад.
4. Шахсоне, ки мехоҳанд дар музояда иштирок намоянд, тибқи ҳаҷм, муҳлат ва тартибе, ки бояд дар огоҳиномаи музояда зикр шаванд, пешпардохт медиҳанд. Пешпардохт наметавонад аз панҷ фоизи нархи фурӯши ибтидоии молу мулки ғайриманқул зиёд бошад. Ба шахсоне, ки дар музояда иштирок дошта, вале ғолиб наомадаанд, пешпардохт баъди анҷоми музояда фавран баргардонида мешавад. Пешпардохт ҳамчунин ҳангоми баргузор нашудани музояда баргардонида мешавад.
5. Дар музоядаи молу мулки ғайриманқул ҳузур доштани шахсоне, ки иштирокчии он намебошанд, метавонад танҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади муътадил нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ маҳдуд карда шавад.
6. Дар музояда дар ҳама ҳолат шахсоне, ки ба молу мулки ғайриманқули фурӯшӣ ҳуқуқи истифодабарӣ ё ба ҳамин молу мулк ҳуқуқи ашёӣ доранд, инчунин гаравгирон оид ба ипотекаҳои минбаъда метавонанд иштирок намоянд.
7. Ғолиби музояда шахсе эътироф мегардад, ки барои молу мулки фурӯшӣ нархи нисбатан баландтарро пешниҳод кардааст. Ин шахс ва иҷрочии мақомоти иҷро дар рӯзи баргузории он оид ба натиҷаҳои музояда протокол ба имзо мерасонанд.
8. Шахсе, ки ғолиби музояда гардидааст, бояд дар муҳлати панҷ рӯзи баъди анҷоми он маблағеро, ки ӯ бо он молу мулки ғайриманқулро харидааст (нархи харид), бо аз ҳисоб баровардани пешпардохт, ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро гузаронад. Ҳангоми нагузаронидани ин маблағ пешпардохт баргардонида намешавад ва ба суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
9. Нархи хариди молу мулк бо назардошти пешпардохти пардохтшуда дар ҳаҷми маблағи муайянгардидаи ҳуҷҷати иҷро ба ҳисоб гирифта мешавад.
10. Ҳангоми баргузорнашуда эътироф гаштани музоядаи такрорӣ ва бо худ нигоҳ доштани моликият аз ҷониби ситонанда, агар нархи молу мулки ғайриманқул аз ҳаҷми талаботи ҳуҷҷати иҷро зиёд бошад, ситонанда маблағи чунин фарқиятро ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро мегузаронад.
11. Иҷрочии мақомоти иҷро ба ғолиби музояда дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи аз ҷониби ӯ гузаронида шудани маблағи нархи харид шартномаи хариду фурӯши молу мулки ғайриманқулро бо шакли оддии хаттӣ мебандад. Ин шартнома, протокол оид ба натиҷаҳои музоядаи молу мулки ғайриманқул ва қарори иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи гузашти ҳуқуқи моликият барои ворид намудани сабтҳои дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликияти шахси ғолиби музояда асос мебошанд.
Моддаи 80. Баргузорнашуда эълон намудани музоядаи молу мулки ғайриманқул
1. Иҷрочии мақомоти иҷро дар ҳолатҳои зерин музоядаро баргузорнашуда эълон мекунад, агар:
1) қарздор то оғози музояда иҷрои талаботи ҳуҷҷати иҷро ва хароҷоти вобаста ба истеҳсолоти иҷроро таъмин карда бошад;
2) ба музояда камтар аз ду нафар харидор омада бошад;
3) дар музояда ба нархи ибтидоии фурӯши молу мулки ғайриманқул маблағи иловагӣ пешниҳод нашуда бошад;
4) шахсе, ки ғолиби музояда гардидааст, маблағи молу мулки харидро дар муҳлати муқарраргардида нагузаронида бошад.
2. Музояда бояд дар муҳлати на дертар аз рӯзи дигаре, ки яке аз ҳолатҳои дар боло зикргардида ба миён омадааст, баргузорнашуда эълон карда шавад.
3. Дар муддати 10 рӯзи баъди баргузорнашуда эълон кардани музояда ситонанда ҳуқуқ дорад мувофиқи созишнома бо қарздор молу мулки ғайриманқулро бо нархи ибтидоии фурӯши он дар музояда ба даст орад. Нисбати чунин созишнома қоидаҳои қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шартномаи хариду фурӯш татбиқ мегарданд.
4. Агар созишнома дар хусуси аз ҷониби ситонанда харида шудани молу мулк, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ба вуқуъ наомада бошад, дар муҳлати на дертар аз як моҳи баъди музоядаи ибтидоӣ, музоядаи такрорӣ баргузор мегардад. Нархи ибтидоии фурӯши молу мулки ғайриманқул дар музоядаи такрорӣ, агар он бо сабабҳои дар бандҳои 2) ва 3) қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба миён омада бошад, то 15 фоиз кам карда мешавад.
5. Музоядаи такрорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 79 Қонуни мазкур баргузор мегардад.
6. Дар сурати бо сабабҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида баргузорнашуда эълон намудани музоядаи такрорӣ, ситонанда ҳуқуқ дорад молу мулки ғайриманқулро бо нархи на бештар аз 25 фоиз камтар аз нархи ибтидоии фурӯши он дар музоядаи ибтидоӣ ба даст орад (дар худ нигоҳ дорад). Иҷрочии мақомоти иҷро дар мудати панҷ рӯз оид ба натиҷаҳои музоядаи такрорӣ протокол тартиб медиҳад.
7. Ситонанда барои ба даст овардани (дар худ нигоҳ доштани) молу мулки ғайриманқул аз ҳуқуқи худ истифодакарда ҳисобида мешавад, агар дар давоми як моҳ аз рӯзи гирифтани санади дахлдори иҷрочии мақомоти иҷро оид ба баргузорнашуда эълон намудани музоядаи такрорӣ, ба иҷрочии мақомоти иҷро дар хусуси дар худ нигоҳ доштани молу мулки ғайриманқул дар шакли хаттӣ ариза равон карда бошад. Протокол ё нусхаи тасдиқшудаи протокол дар бораи баргузорнашуда эътироф намудани музоядаи такрорӣ, аризаи ситонанда ё нусхаи тасдиқшудаи ариза дар хусуси дар худ нигоҳ доштани молу мулки ғайриманқул, ҳуҷҷате, ки ба иҷрочии мақомоти иҷро фиристода шудани аризаи мазкурро тасдиқ менамояд ва қарори иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи ба ситонанда гузаштани ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқул барои ворид намудани сабти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва бақайдгирии ҳуқуқи моликияти ситонанда асосҳои кофӣ ба ҳисоб мераванд. Ситонанда, ки молу мулки ғайриманқулро ба даст овардааст (дар худ нигоҳ доштааст), ҳуқуқ дорад ба ӯ супоридани ин молу мулкро талаб намояд, агар он дар соҳибияти қарздор ё шахси сеюм қарор дошта бошад.
8. Агар ситонанда аз ҳуқуқи ба моликият қабул кардани молу мулки ғайриманқул дар муҳлати як моҳи баъди баргузорнашуда эълон кардани музоядаи такрорӣ истифода набарад, истеҳсолоти иҷро қатъ мегардад.
9. Баъди қатъшавии истеҳсолоти иҷро иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи бекор кардани гузоштани ҳабс ба молу мулки ғайриманқул қарор қабул менамояд ва нусхаи онро ба мақомоти давлатии дахлдори бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул, молу мулки ба гарав гузошташуда ва нотариати давлатӣ ирсол менамояд.
Моддаи 81. Иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ва мусодираи молу мулк
1. Иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ва мусодираи молу мулк бо тартиби пешбининамудаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ва мусодираи молу мулк бо Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
БОБИ 11. ТАҚСИМОТИ МАБЛАҒИ ПУЛИИ СИТОНИДАШУДА
Моддаи 82. Тақсимоти маблағҳои пулии ситонидашуда
1. Аз маблағе, ки иҷрочии мақомоти иҷро аз қарздор ситонидааст, дар навбати аввал ҷаримаҳое, ки дар раванди иҷрои ҳуҷҷати иҷро ба қарздор вогузор карда шудаанд, баъд аз он хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро пардохта шуда, сипас маблағи боқимонда барои қонеъ гардонидани талаботи ситонандагон пардохт мегардад.
2. Интиқоли (додани) ин маблағҳо бо тартиби навбати муқаррарнамудаи моддаҳои 83 ва 84 Қонуни мазкур дар давоми панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи ворид гардидани маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад. Маблағе, ки баъд аз пурра қонеъ гардонидани тамоми талабот боқӣ мондааст, ба қарздор баргардонида мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумот дар бораи суратҳисобҳои бонкии тарафҳои истеҳсолоти иҷро, иҷрочии мақомоти иҷро онҳоро оид ба маблағҳои воридгардида ё боқимонда дар суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро огоҳ менамояд.
3. Маблағҳое, ки ситонанда ё қарздор талаб наменамояд, дар суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро ба муҳлати се сол нигоҳ дошта мешаванд. Бо гузаштани муҳлати муқарраргардида ин маблағҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
4. Маблағҳои ба даромади давлат гузаронидашуда аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро ба суратҳисоби хазинадорӣ гузаронида мешаванд.
5. Ҳангоми иҷрои ситониш шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои иҷроро аз рӯи парвандаҳои дигар доранд, метавонанд ба ин ситониш то ба охиррасии он ҳамроҳ шаванд.
Моддаи 83. Ситониши навбати аввал
Дар навбати аввал талабот оид ба ситонидани алимент, ҷуброни зарари ҷисмонӣ ё зарари дигари ба саломатӣ расонидашуда, инчунин вобаста ба фавти саробон қонеъ гардонида мешавад.
Моддаи 84. Ситониши минбаъда
1. Дар навбати дуюм талаботи кормандон, ки аз муносибатҳои меҳнатӣ бармеоянд ва талабот оид ба пардохти мукофотпулӣ аз рӯи шартномаи муаллифӣ қонеъ гардонида мешавад.
2. Дар навбати сеюм талаботи қарздорон оид ба уҳдадорӣ, ки бо гарав таъмин карда шудаанд, дар доираи маблағи таъминот қонеъ гардонида мешавад.
3. Дар навбати чорум талабот оид ба уҳдадории пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва оид ба ҷуброни зарар қонеъ гардонида мешавад.
4. Дар навбати панҷум ҳамаи дигар талабот қонеъ гардонида мешавад. Дар ҳолати мавҷуд будани якчанд ситонанда талаботи ҳуҷҷати иҷро бо назардошти маблағи тақсимшаванда мутаносибан ба миқдори муайяни маблағҳои ситонидашавандаи ҳар як ситонанда қонеъ гардонида мешавад.
Моддаи 85. Ҳифзи ҳуқуқҳои ситонанда ҳангоми сари вақт аз тарафи ташкилот ба амал набаровардани ситониш аз рӯи ҳуҷҷати иҷро
Ситонанда ҳуқуқ дорад бо даъво нисбати ташкилот дар бораи ситонидани маблағе, ки бояд аз қарздор ситонида шаваду бо гуноҳи ӯ ситонида нашудааст, ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 86. Ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони дигар ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро
Ҳангоми ба вуҷуд омадани баҳс вобаста ба мансубияти молу мулке, ки ба он ситониш нигаронида мешавад, шаҳрвандон ва ташкилотҳои манфиатдор ҳуқуқ доранд бо даъво оид ба озод кардани молу мулк аз ҳабс ё аз рӯйхат баровардани он ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 87. Қонеъ гардонидани талабот аз рӯи ҳуҷҷати иҷро
1. Пас аз пурра қонеъ гардонидани талабот аз рӯи ҳуҷҷати иҷро ситонанда ба иҷрочии мақомоти иҷро нусхаи ҳуҷҷати иҷрои худро бо тасдиқи имзояш бо ишора оид ба қонеъгардонии ситониш месупорад.
2. Агар талабот аз ҷониби шахси сеюми уҳдадор қонеъ гардонида шуда бошад, ситонанда расиди пардохтро ба шахси сеюми уҳдадор низ медиҳад.
Моддаи 88. Ҷавобгарии қарздор барои иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро
1. Қарздор барои иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешавад.
2. Ба ҷавобгарӣ кашидани қарздор ӯро аз уҳдадории иҷрои амалҳое, ки дар ҳуҷҷати иҷро пешбинӣ шудаанд, озод намекунад.
БОБИ 12. ТАРТИБИ НИГАРОНИДАНИ СИТОНИШ БА ҲУҚУҚИ ТАЛАБОТ, ДИГАР ҲУҚУҚҲОИ МОЛУМУЛКИИ БЕГОНАШАВАНДАИ ҚАРЗДОР ВА ТАЛАБОТИ ДИГАР
Моддаи 89. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор
1. Агар ситониш ба талаботи пулии мавҷудбудаи қарздор нигаронида шавад, иҷрочии мақомоти иҷро бе огоҳонидани қарздор дар бораи гузоштани ҳабс қарор қабул менамояд.
2. Дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор бояд маълумот оид ба ситонанда, асос ва ҳаҷми ситониш, қарздор, талаботи пулии вай нисбати шахси сеюми уҳдадор, инчунин шахси сеюми уҳдадор нишон дода шаванд.
3. Иҷрочии мақомоти иҷро дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи пулии қарздор шахси сеюми уҳдадорро ҷиҳати ба қарздор супоридани маблағ манъ мекунад. Ҳамзамон, иҷрочии мақомоти иҷро ба қарздори нисбати шахси сеюми уҳдадор қарздиҳанда ҳисобшаванда амр медиҳад, ки аз ҳама гуна ихтиёрдорӣ нисбати ин талабот, махсусан аз талаб карда гирифтани он худдорӣ намояд.
4. Нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба шахси сеюми уҳдадор супорида шуда, ба ситонанда ва қарздор ирсол карда мешавад. Гузоштани ҳабс ба талаботи зикршуда дар ҳаҷми талаби пулии ситонанда, аз лаҳзаи супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба шахси сеюми уҳдадор эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
5. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи қарздор аз рӯи музди меҳнати ӯ ё дигар пардохтҳои давравӣ нисбат ба шахси сеюми уҳдадор, инчунин ба маблағҳое, ки бояд баъд аз гузоштани ҳабс то иҷрои пурраи ҳуҷҷати иҷро, аз он ҷумла хароҷот оид ба истеҳсолоти иҷро пардохта шаванд, паҳн мегардад.
6. Баъд аз ба шахси сеюми уҳдадор супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба талаботи қарздиҳандаи ӯ, ки аз рӯи ҳуҷҷати иҷро қарздор ба ҳисоб меравад, иҷрочии мақомоти иҷро ба ситонанда нусхаи тасдиқшудаи қарори зикргардидаро бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи супорида шудани он ва нусхаи варақаи иҷро медиҳад.
Моддаи 90. Оқибатҳои баровардани қарор оид ба гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талабкунии қарздор
1. Қарор оид ба гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талабкунии қарздорро розигии расмии қарздор оид ба гузашти ҳуқуқ ба талаботе, ки аз он тибқи Қонуни мазкур имконияти ихтиёрдории ҳуқуқи талабкунӣ вобаста аст, иваз менамояд.
2. Қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ситонанда ҳуқуқ медиҳад, ки аз шахси сеюми уҳдадор қонеъ намудани талаботи қонунии ӯро дар ҳаҷми маблағи ба фоидаи ӯ ситонидашаванда бо назардошти хароҷоти амалӣ намудани иҷрои маҷбурӣ талаб намояд.
Моддаи 91. Аризаи шахси сеюми уҳдадор
1. Дар муҳлати ду ҳафта аз рӯзи супоридани қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқи талаботи қарздор шахси сеюми уҳдадор бояд ба ситонанда аризаи худро доир ба инҳо пешниҳод намояд:
1) оё ӯ асоснокии талаботро эътироф менамояд ва ба амалӣ намудани пардохт розӣ аст;
2) оё дигар шахсон ба ҳамин талабот ҳуқуқи худро арз намудаанд;
3) оё ба ҳамин ҳуқуқи талабкунӣ дар алоқамандӣ бо талаботи дигар ситонандаҳо ҳабс гузошта шудааст.
2. Дар қарор дар бораи гузоштани ҳабс оид ба зарурати чунин арз нишон дода мешавад. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур шахси сеюми уҳдадор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
3. Шахси сеюми уҳдадор метавонад ба иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ё дар давоми муҳлати пешбинишудаи қисми 1 моддаи мазкур ариза пешниҳод намояд.
Моддаи 92. Даъвои ситонанда нисбати шахси сеюм
1. Агар шахси сеюми уҳдадор қонеъ намудани талаботи ситонандаро рад намояд, ситонанда метавонад нисбати ин шахс ба суд даъво пешниҳод намояд.
2. Ситонандае, ки нисбати шахси сеюми уҳдадор ба суд даъво пешниҳод намудааст, бояд қарздорро барои иштирок дар мурофиа ҷалб намояд, агар ин расонидани ҳуҷҷатҳоро ба хориҷи кишвар ё хабардоркунии оммавиро талаб нанамояд.
Моддаи 93. Ҷавобгарии ситонанда дар назди қарздор
Агар ситонанда рӯёнидани ситониш ба ҳуқуқи талаботи қарздорро кашол диҳад, пас вай дар назди қарздор барои зараррасонӣ бо сабаби чунин кашолкорӣ ҷавобгарии моддӣ дорад.
Моддаи 94. Гузашт кардани ҳуқуқи талаботи ҳабсшуда аз ҷониби ситонанда ба қарздор
1. Ситонанда ҳуқуқ дорад ҳуқуқи талаботи ҳабсшударо ба қарздор гузашт намояд.
2. Дар сурати сари вақт аз ҷониби ситонанда ҳуқуқи талабот ба қарздор гузашт карда шавад, ҷавобгарии моддии пешбининамудаи моддаи 93 Қонуни мазкур нисбати ситонанда татбиқ намегардад.
Моддаи 95. Тартиби ситонидан ва муайян намудани қарздорӣ оид ба уҳдадориҳои алиментӣ
1. Намудҳои музди меҳнат ва даромадҳои дигаре, ки аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
2. Қарздорӣ оид ба ҳамаи уҳдадориҳои алиментӣ аз молу мулки қарздор ба ғайр аз молу мулке, ки тибқи Қонуни мазкур ба он нигаронидани ситониш манъ аст, рӯёнида мешавад.
3. Ҳаҷми қарздорӣ бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
4. Дар сурати аз рӯи алимент ба вуқӯъ омадани қарздорӣ дар натиҷаи саркашии қарздор аз пардохти онҳо, тибқи талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи қарздорӣ ҷарима зам ва ҳисоб карда мешавад.
5. Дар сурати халалдор гардидани манфиати яке аз тарафҳои истеҳсолоти иҷро ҳангоми муайян намудани ҳаҷми қарздории алиментӣ аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро тарафе, ки манфиати ӯ халалдор гардидааст ҳуқуқ дорад бо даъво оид ба муайян намудани ҳаҷми қарздорӣ ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 96. Ситонидани алимент ҳангоми ба хориҷи кишвар рафтани қарздор
Тартиби ситонидани алимент аз қарздоре, ки ба хориҷи кишвар баромада рафтааст, бо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Моддаи 97. Нигаронидани ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор
1. Ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор дар мавридҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
1) ҳангоми иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани маблағҳои даврагӣ;
2) ситонидани маблағе, ки аз андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад;
3) ҳангоми набудани имконияти ситониш аз маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки қарздор.
2. Ҳангоми нигаронидани ситониш ба музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор бо назардошти талаботи Қонуни мазкур иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд, ки дар он нишон медиҳад дар кадом ҳаҷм ҳар моҳ бояд ситониш рӯёнида шавад ва ҷуброни пурраи маблағи таъиншуда барои иҷро ба корфармое, ки қарздор бо вай муносибатҳои меҳнатӣ дорад ё аз ӯ ҳаққи меҳнат мегирад, равон менамояд.
3. Иҷрочии мақомоти иҷро ва ситонанда уҳдадоранд, ки мунтазам назоратро оид ба дурустӣ ва саривақтии истеҳсолоти ситониш аз музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади қарздор, инчунин сари вақт ба ситонанда фиристодани маблағҳои ситонидашуда амалӣ намоянд.
4. Ҳангоми аз кор озод кардани қарздор корфармое, ки бо қарздор дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошт, уҳдадор аст, ки дар муҳлати се рӯз оид ба қатъ шудани муносибатҳои меҳнатӣ ба иҷрочии мақомоти иҷро хабарномаро бо замимаи ҳуҷҷати иҷро ирсол намояд. Ҳангоми тағйири ҷои истиқомат қарздор уҳдадор аст, ки суроғаи нави худро ба иҷрочии мақомоти иҷро хабар диҳад.
5. Риоя накардани талаботи қисми 4 моддаи мазкур аз ҷониби корфармо ва қарздор боиси ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Моддаи 98. Ситонидан аз музди меҳнати қарздоре, ки ҷазоро адо менамояд
1. Аз шахсоне, ки ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шудаанд, ситониш аз рӯи ҳуҷҷати иҷро бояд аз маблағи пурраи музди меҳнат, бе ҳисоби нигоҳдории маблағе, ки тибқи ҳукм ва қарори суд сурат гирифтааст, амалӣ карда мешавад.
2. Аз маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ, колонияҳои сукунат, маҳбасхонаҳо, колонияҳои тарбиявӣ ҷазоро адо менамоянд, инчунин аз шахсоне, ки дар шуъбаҳои наркологӣ, диспансерҳои равонпизишкӣ ва муассисаҳои табобатии статсионарӣ қарор доранд, ситониш аз тамоми музди меҳнаташон бе назардошти пардохтҳо барои ҷуброни хароҷоти вобаста ба нигоҳдории онҳо дар ин муассисаҳо, нигаронида мешавад.
3. Ҳуҷҷати иҷро нисбати қарздороне, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бо қабули қарор баъд аз гузаронидани амалҳои иҷро вобаста ба таъмини иҷрои талаботи санади судӣ ба муассисаҳои зикршуда ирсол карда мешавад.
Моддаи 99. Нигаронидани ситониш ба кумакпулиҳо аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ
Ба кумакпулиҳо аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ, ки ҳангоми муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва кумакпулиҳое, ки ба занон дар давраи рухсатии иҷтимоии қисман вобаста ба нигоҳубини кӯдак дода мешаванд, инчунин стипендияи хонандагон ва кумакпулиҳо аз рӯи бекорӣ ситониш бо қарори суд танҳо бо мақсади ситонидани алимент, ҷуброни зарар, ки дар натиҷаи зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст, мумкин аст нигаронида шавад.
Моддаи 100. Намуди даромадҳое, ки нигаронидани ситониш ба онҳо мумкин нест
Нигаронидани ситониш ба даромадҳои зерин мумкин нест:
1) маблағҳое, ки қарздор ҷиҳати ҷуброни зарар барои маъюбӣ ва ё дигар зарари ба саломатӣ расонидашуда, инчунин бо сабаби фавти саробон гирифтааст;
2) маблағҳои суғуртавӣ ва кумакпулии яквақтаинае, ки ҳангоми гирифтани маъюбӣ (латхӯрӣ, садама) дар давраи адои вазифаи хизматӣ ва маблағҳое, ки барои фавти (ҳалоки) онҳо ба аъзои оила дода мешаванд;
3) маблағи алимент, кумакпулӣ ба модарони серфарзанд ва модарони танҳо бо сабаби таваллуди фарзанд, барои нигоҳубини кӯдакони ноболиғ дар давраи кофтукови падару модари онҳо ва маблағе, ки барои нигоҳубини нафақагирон ва маъюбони гурӯҳи I ва II дода мешаванд;
4) маблағе, ки ба ҷабрдидагон барои ғизои иловагӣ, табобатҳои истироҳатию шифобахшӣ ва гузоштани узви сунъӣ, инчунин барои хароҷоти нигоҳубини онҳо дар ҳолатҳои расонидани зарар ва ё дигар зарари ба саломатӣ расонидашуда, пардохт карда мешаванд;
5) ҷубронпулӣ барои меҳнате, ки дар шароитҳои зараровар ва ғайриоддӣ, ҳамчунин маблағе, ки ба шаҳрвандон, дар натиҷаи офатҳои экологӣ ё таъсири радиатсионӣ, ки дар натиҷаи бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта расонида шудааст;
6) аз мукофотпулӣ ва ёрдампулиҳои яквақтаина, новобаста аз манбаи пардохти онҳо;
7) кумакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан ё истеъфои корманд;
8) аз ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки рухсатии меҳнатии якчандсолаи истифоданашуда якҷоя карда шудаанд);
9) кумакпулӣ барои дафн;
10) дигар пардохтҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти доимӣ надоранд.
Моддаи 101. Кам намудани андозаи ситониш аз рӯи ҳуҷҷати иҷро дар асоси аризаи қарздор
1. Иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси аризаи қарздор ҳуқуқ дорад андозаи ситониши даврагии рӯёнидашавандаро дар ҳолатҳои зерин кам намояд:
1) ба вуҷуд омадани хароҷоти ҷиддии иловагии қарздор, махсусан бо сабаби дармондагӣ, заифӣ ва ё бемории шахси сеюми уҳдадор ё аъзои оилаи ӯ, ки дар таъминоти ӯ мебошанд;
2) бад шудани вазъи молумулкии қарздор бо сабаби маъюбӣ ё расидан ба синни нафақа;
3) агар кам кардани андозаи ситониши даврагии рӯёнидашаванда ба манфиатҳои ситонанда зарари ҷиддӣ нарасонад.
2. Дар бораи кам кардан ё рад намудани кам кардани андозаи ситониши даврагии рӯёнидашаванда иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд.
Моддаи 102. Зиёд намудани андозаи ситониш аз рӯи ҳуҷҷати иҷро дар асоси аризаи ситонанда
1. Иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси аризаи ситонанда ҳуқуқ дорад андозаи ситониши даврагии рӯёнидашавандаро зиёд намояд, агар вазъи молумулкии қарздор беҳтар шуда бошад ва ҳаҷми ситониш мувофиқи моддаи 101 Қонуни мазкур кам карда шуда бошад.
2. Дар бораи зиёд намудан ё рад кардани зиёд намудани андозаи ситониши даврагии рӯёнидашаванда иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд.
Моддаи 103. Ҳимояи суратҳисоби бонкии қарздор
Дар сурати ба суратҳисоби бонкии қарздор ворид шудани маблағҳое, ки ба онҳо мувофиқи моддаи 100 Қонуни мазкур набояд ҳабс гузошта шавад, иҷрочии мақомоти иҷро аз рӯи аризаи қарздор гузоштани ҳабс ба суратҳисобро дар ҳаҷми маблағи умумии даромадҳои набояд ба онҳо ҳабс гузошташаванда аз рӯзи гузоштани ҳабс то рӯзи минбаъдаи пардохт бекор менамояд.
Моддаи 104. Аз ҷониби суд муқаррар намудани даромадҳое, ки бояд ҳабс гузошта шаванд
1. Ҳангоми номуайянии кадом қисми даромади қарздор бояд ҳабс шавад, суд аз рӯи пешниҳоди иҷрочии мақомоти иҷро, аризаи ситонанда, қарздор ё шахси сеюми уҳдадор маблағеро, ки бояд ба ҳабс гирифта шавад, муқаррар менамояд ва дар ин хусус дар муддати ду ҳафта баъди пешниҳоди аризаи зикргардида қарор қабул менамояд.
2. Аризадиҳанда дар якҷоягӣ бо аризаи худ бояд ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намояд, ки маблағи ба ҳабс гирифташавандаро тасдиқ намояд.
Моддаи 105. Иҷрои маҷбурӣ ҳангоми нигаронидани ситониш ба дигар ҳуқуқҳои молумулкии қарздор
1. Барои иҷрои маҷбурии нигаронидани ситониш ба дигар ҳуқуқҳои молумулкии қарздор, ки мавзуи ситониш ба молу мулки ғайриманқул намебошад, қоидаҳои пешбининамудаи боби мазкур татбиқ карда мешаванд.
2. Дар сурати набудани шахси сеюми уҳдадор гузоштани ҳабс ба ҳуқуқҳои молумулкии қарздор аз лаҳзаи ба қарздор супоридани нусхаи қарор дар бораи гузоштани ҳабс ба ҳуқуқҳои молумулкӣ бо нишон додани уҳдадорӣ ҷиҳати худдорӣ аз амалӣ намудани ин ҳуқуқҳо эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
Моддаи 106. Иҷрои ҳалнома дар бораи аз қарздор кашида гирифтан ва ба ситонанда додани молу мулки манқули муайян
1. Агар ҳуҷҷати иҷро қарздорро уҳдадор намояд, ки ба ситонанда молу мулки манқули муайянро диҳад ва ӯ талаботи мазкурро иҷро нанамояд, ин молу мулк аз ӯ аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро кашида гирифта шуда, ба ситонанда дода мешавад.
2. Агар иҷрочии мақомоти иҷро молу мулки манқули мазкурро пайдо накунад, қарздор уҳдадор аст ба иҷрочии мақомоти иҷро маҳалли ҷойгиршавии ин молу мулки манқулро хабар диҳад. Агар қарздор чунин имконият надошта бошад, ӯ уҳдадор аст итминон диҳад, ки ба ин молу мулки манқул соҳибият надорад ва маҳалли ҷойгиршавии онро намедонад, инчунин маълумоти аз ҷониби ӯ пешниҳодшуда мукаммал ва ба ҳақиқат мувофиқ мебошанд, ки ҳатман ин ба протокол ворид карда мешавад.
3. Агар қарздор итминони пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкурро ба ҷо наорад, иҷрочии мақомоти иҷро ба суди маҳалли истиқомати қарздор барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ӯ пешниҳод ирсол менамояд.
Моддаи 107. Тартиби кашида гирифтан ва ба ситонанда додани молу мулке, ки дар соҳибияти шахси сеюм мебошад
Агар молу мулки кашида гирифташаванда ва ба ситонанда додашаванда дар соҳибияти шахси сеюм бошад, ки ӯ ба додани он розӣ нест, суд аризаи ситонандаро оид ба кашида гирифтан ва додани ин молу мулк бо тартиби мурофиаи даъво тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
БОБИ 13. ХАРОҶОТ ДАР ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
Моддаи 108. Хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро
1. Хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро ин маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳое мебошанд, ки тарафҳои иштироккунандаи истеҳсолоти иҷро барои ташкил ва гузаронидан масраф намудаанд.
2. Ба хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро маблағҳои сарфшудаи зерин дохил мешаванд:
1) ошкоркунӣ, азназаргузаронӣ, нархгузории молу мулки қарздор;
2) ташкил, ба рӯйхат гирифтан ва ҳабси молу мулки қарздор, ҳамлу нақл ва нигоҳдории чунин молу мулк;
3) фурӯхтани молу мулки ҳабсшуда;
4) пардохт намудани хизмати тарҷумон, мутахассис ва дигар шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда барои анҷом додани амалҳои иҷро ҷалб карда шудаанд;
5) хароҷоти нақлиётии иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои амалҳои иҷро;
6) хароҷоти почтавию телеграфӣ, алоқаи барқӣ ва коммуникатсионӣ;
7) кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ва кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст;
8) пешпардохти ҳаққи ситонанда;
9) дигар амалҳои зарурие, ки дар раванди иҷрои ҳуҷҷати иҷро гузаронида шудаанд.
Моддаи 109. Тартиби ҷуброни хароҷот оид ба амалҳои иҷро
1. Хароҷоте, ки барои гузаронидани амалҳои иҷро сарф шудаанд, аз қарздор ситонида мешаванд.
2. Ҳангоми қатъ ёфтани истеҳсолоти иҷро бинобар бекор шудани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шуда буд, хароҷоти ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро сарфшуда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешаванд.
3. Дар сурати қатъ шудани истеҳсолоти иҷро, бинобар бе асос даст кашидани ситонанда аз гирифтани ашёҳои аз қарздор кашида гирифташуда, зимни иҷрои ҳуҷҷати иҷро ҷиҳати ба ситонанда додани онҳо ва ба ӯ баргардонидани ҳуҷҷати иҷро, агар ситонанда бо амал ё беамалии худ барои иҷро монеа эҷод карда бошад, хароҷоти ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро сарфшуда аз ҳисоби ситонанда рӯёнида мешавад.
4. Ситонидани хароҷоти дар қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида ё аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сарфшуда дар асоси фармони суд амалӣ карда мешавад. Ҷуброни хароҷот аз рӯи ҳисоби тартибдодаи иҷрочии мақомоти иҷро анҷом дода мешавад.
Моддаи 110. Пешпардохти хароҷот аз тарафи ситонанда
Бо мақсади таъмини иҷрои ҳуҷҷати иҷро ситонанда ҳуқуқ дорад, ки ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро маблағҳоеро, ки барои гузаронидани амалҳои иҷро зарур аст, пешпардохт намояд.
Моддаи 111. Ситонидани пардохтҳои иҷро
1. Ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷрои хусусияти молумулкидошта аз қарздор ба андозаи даҳ фоиз аз маблағи ситонидашаванда ва дар сурати иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷрои хусусияти молумулкинадошта аз қарздор-шаҳрванд ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз қарздор-ташкилот ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба истиснои ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда, пардохти иҷро ситонида мешавад. Иҷрочии мақомоти иҷро дар баробари қабули қарор дар бораи оғози истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани пардохти иҷро қарор қабул менамояд.
2. Пардохти иҷро аз ситонанда дар ҳаҷми муқаррарнамудаи моддаи мазкур бо қабули қарори дахлдор дар ҳолатҳои зерин ситонида мешавад:
1) даст кашидани ситонанда аз иҷрои ҳуҷҷати иҷрое, ки иҷрочии мақомоти иҷро ба истеҳсолот қабул ва амали иҷро гузаронида бошад;
2) барпонашуда эълон намудани музояда ва ба моликияти худ қабул кардани молу мулк аз ҷониби ситонанда.
3. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудани қисми 2 моддаи мазкур иҷрочии мақомоти иҷро қарор оид ба бекор намудани ситониши пардохти иҷроро аз қарздор қабул менамояд.
4. Пардохти иҷро аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷрои зерин ситонида намешавад:
1) оид ба ҳуҷҷати иҷрое, ки қарздор иҷрои талаботи онро то оғози истеҳсолоти иҷро таъмин намудааст;
2) оид ба андешидани чораҳои таъмини даъво;
3) оид ба мусодираи молу мулк;
4) оид ба баргардонидан ё супоридани далелҳои шайъӣ;
5) оид ба интиқоли маблағҳои дар суратҳисоби мақомоти тафтишоти пешакӣ ва судӣ нигоҳдошташаванда;
6) оид ба гирифта додани кӯдак;
7) оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрои такроран воридгардида, ки аз онҳо пардохти иҷро ситонида шудааст ё талаботи он ситониши даврагиро (доир ба ҳуҷҷатҳо оиди ситонидани алимент, оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ ва фавти саробон, муошират бо кӯдак) пешбинӣ менамояд.
5. Маблағи пардохти иҷро ба суратҳисоби махсуси Хадамоти иҷро ворид карда мешавад. Тартиби истифодабарии суратҳисоби махсус аз ҷониби Хадамоти иҷро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6. Маблағи пардохти иҷро дар ҳолати қатъ гаштани истеҳсолоти иҷро бо сабаби бекор кардани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шуда буд ва ё ҳуҷҷате, ки тибқи Қонуни мазкур ҳуҷҷати иҷро мебошад, аз суратҳисоби махсус ба қарздор баргардонида мешавад.
БОБИ 14. ИҶРОИ САНАДҲОИ СУДӢ, КИ ҚАРЗДОРРО БАРОИ СОДИР НАМУДАНИ АМАЛҲОИ МУАЙЯН ВА ХУДДОРӢ НАМУДАН АЗ СОДИР НАМУДАНИ АМАЛҲОИ МУАЙЯН УҲДАДОР МЕНАМОЯД
Моддаи 112. Тартиби умумии иҷрои ҳуҷҷати иҷро, ки қарздорро барои содир намадани амалҳои муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд
1. Ҳангоми иҷрои ҳуҷҷати иҷро, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян, ки онҳоро танҳо қарздор метавонад содир намояд ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд, иҷрочии мақомоти иҷро ба қарздор хабарнома дар бораи содир намудани ин амалҳо, ки дар он муҳлат то панҷ рӯз муқаррар мекунад ё хабарнома дар бораи зарурати худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян мефиристад.
2. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд, иҷрочии мақомоти иҷро протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тартиб дода, ба суд бо пешниҳод дар бораи татбиқ намудани чораи ҷавобгарии маъмурӣ нисбат ба қарздор муроҷиат менамояд.
3. Аз ҷониби суд нисбат ба қарздор татбиқ гардидани чораи ҷавобгарии маъмурӣ ӯро аз уҳдадории содир намудани амалҳои муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян, ки дар ҳуҷчати иҷро дарҷ шудаанд, озод намекунад.
4. Агар барои иҷрои ҳуҷҷати иҷро, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд, иштироки қарздор дар содир намудани онҳо ҳатмӣ нест, иҷрочии мақомоти иҷро иҷрои онро аз ҳисоби қарздор ташкил менамояд. Дар мавриди зикршуда қарздор уҳдадор аст, ки пешпардохти хароҷотро оид ба гузаронидани амалҳои иҷро анҷом диҳад. Маблағи пешпардохт аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ҳисоб карда мешавад.
5. Ҳангоми рад кардани қарздор ҷиҳати ихтиёрона пардохт намудани маблағи пешпардохти хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро, ситонанда тибқи талаботи моддаи 110 Қонуни мазкур метавонад маблағи мазкурро пардохт намояд. Дар ҳолати аз ҷониби ситонанда напардохтани маблағи пешпардохти хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро, маблағ аз ҳисоби буҷети маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро пардохт карда мешавад. Ҷуброни хароҷоте, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ё ситонанда барои гузаронидани амали иҷро сарф шудааст, дар асоси ҳисоби тартибдодаи иҷрочии мақомоти иҷро ва пешниҳоди ӯ аз ҷониби суд бо тартиби истеҳсолоти фармонӣ аз қарздор ситонида мешавад.
Моддаи 113. Иҷрои амал аз ҷониби ситонанда ва ё шахси сеюми ваколатдор аз ҳисоби қарздор
1. Агар ситонанда ба суд бо ариза оид ба гирифтани иҷозат барои содир намудани амале, ки мумкин аст аз ҷониби шахси сеюми ваколатдор иҷро гардад, муроҷиат намояд, суд аризаи мазкурро мутобиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
2. Агар қарздор тасдиқ накунад, ки амали талабшавандаро иҷро намудааст, суд ҳуқуқ дорад ситонанда ва ё шахси сеюми ваколатдорро ба иҷрои амали мазкур ва бо аризаи ситонанда қарздорро ба додани пешпардохт уҳдадор намояд, агар ситонанда асоснок кунад, ки иҷрои амали мазкур аз ҷониби ӯ бо хароҷоти муайян вобастагӣ дорад. Ситониш оид ба пардохти пешпардохт аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
БОБИ 15. ИҶРОИ ҲУҶҶАТҲОИ ИҶРОЕ, КИ БА СИТОНИДАНИ МОЛУ МУЛК АЛОҚАМАНД НЕСТАНД
Моддаи 114. Иҷрои ҳуҷҷати иҷро дар бораи барқарор намудан ба кор
1. Ҳангоми аз ҷониби корфармо иҷро накардани талаботи ҳуҷҷати иҷро дар бораи барқарор намудан ба ҷои кор, иҷрочии мақомоти иҷро оид ба баровардани қарор дар бораи ба корманд пардохт намудани музди меҳнати миёна ё ин ки фарқияти дар музди меҳнат барои ҳамаи он муддати аз рӯзи баровардани ҳалнома оид ба барқароркунии корманд то рӯзи иҷрои он ба суд бо пешниҳод муроҷиат менамояд.
2. Ҳангоми аз ҷониби корфармо иҷро накардани талаботи ҳуҷҷати иҷро дар бораи ба ҷои кор барқарор намудани корманди аз кор озодшуда ё ба кори дигар гузаронидашуда, иҷрочии мақомоти иҷро протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тартиб дода, онро барои баррасӣ ба суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро пешниҳод менамояд.
3. Дар сурати такроран иҷро накардани талаботи ҳуҷҷати иҷро иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора санад тартиб дода, онро ба мақоми дахлдори пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани корфармо пешниҳод менамояд.
4. Татбиқ шудани ҷазои маъмурӣ ва ҷиноятӣ корфарморо аз иҷрои санади судӣ барои ба ҷои кор барқарор намудани корманд озод наменамояд.
5. Иҷрои ҳалнома оид ба барқарор намудан ба кор аз лаҳзаи воқеан ба кор роҳ додани корманди ғайриқонунӣ аз кор озодшуда ё ин ки ба иҷрои вазифаи пештарааш шуруъ намудани корманди ба кори дигар гузаронидашуда, ки баъди бо фармон бекор намудани амри ғайриқонунӣ оид ба аз кор озодкунӣ ё ба кори дигар гузаронидани корманд сурат гирифтааст, анҷомёфта ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 115. Тартиби иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба кӯчонидани қарздор
1. Ҳангоми дар муҳлати панҷшабонарӯзи муқаррарнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби қарздор ихтиёран иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро оид ба кӯчонидан, иҷрочии мақомоти иҷро кӯчонидани қарздорро ба тариқи маҷбурӣ амалӣ менамояд.
2. Иҷрочии мақомоти иҷро қарздорро дар бораи рӯз ва вақти кӯчонидани маҷбурӣ расман хабардор менамояд. Набудани қарздоре, ки аз рӯзи кӯчонидан хабардор карда шуда буд, барои иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ намегардад.
3. Кӯчонидан аз холӣ намудани бинои дар ҳуҷҷати иҷро зикршуда, аз кӯчонидашаванда (кӯчонидашавандаҳо), молу мулки ӯ (онҳо), ҳайвоноти хонагӣ ва ба ситонанда супоридани бинои холикардашуда ё бо тартиби муқарраргардида барои нигаҳдорӣ супоридашуда иборат мебошад.
4. Кӯчонидан дар ҳузури шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо мусоидати мақомоти корҳои дохилӣ ва бо барӯйхатгирии ҳатмии молу мулк аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад.
5. Иҷрочии мақомоти иҷро дар мавридҳои зарурӣ нигоҳдории молу мулки қарздорро бо вогузории хароҷоти сарфшуда ба зиммаи ӯ таъмин менамояд. Молу мулки қарздор дар муҳлати на зиёда аз се сол нигоҳ дошта мешавад, пас аз ин муҳлат молу мулки мазкур ҳамчун молу мулки бесоҳиб бо тартиби муқарраршуда ба фурӯш бароварда мешавад. Маблағҳо аз фурӯши молу мулки қарздор ба буҷети давлатӣ равона карда мешаванд.
6. Иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба кӯчонидани қарздор аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиб додани санад оид ба кӯчонидан ба расмият дароварда мешавад.
Моддаи 116. Тартиби иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда
1. Дар мавриди ихтиёран иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудан дар муҳлати муқаррарнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро, маскун намудан аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ба таври маҷбурӣ дар ҳузури қарздор ва ё аъзои болиғи оилаи ӯ амалӣ гардонида мешавад. Маскун намудан ин аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро аз таъмини бемамониати воридшавии ситонанда ба манзили дар ҳуҷҷати иҷро зикршуда ва истиқомат намудани вай дар он иборат мебошад. Дар ин маврид ба қарздор фаҳмонида мешавад, ки маскун намудан ба таври маҷбурӣ амалӣ шуда истодааст ва ӯ уҳдадор аст барои истиқомати ситонанда (ҳозир буданаш) мамониат накунад.
2. Дар ҳолати мамониат намудани қарздор ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда, амалҳои иҷро бо иштироки шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо иштироки мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад. Ҳангоми минбаъд мамониат намудан ба истиқомати (ҳозир будани) ситонанда амалҳои зикршуда аз нав гузаронида мешаванд ва чораҳои ҷаримавию дигар чораҳои дар моддаи 88 Қонуни мазкур пешбинишуда татбиқ карда мешаванд.
3. Иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда бо тартиб додани санад оид ба маскун кардан аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро ба расмият дароварда мешавад.
4. Ҳуҷҷати иҷро ба шарте иҷрошуда ҳисоб карда мешавад, ки агар ба ситонанда имконияти ҳамарӯза истифодабарии бемамониати бинои дахлдор таъмин шуда бошад.
5. Истеҳсолоти иҷро аз рӯи ҳуҷҷати иҷрошуда метавонад аз нав оғоз карда шавад, агар баъди тартиб додани санад оид ба маскун кардани ситонанда қарздор боз аз нав барои истиқомати (ҳозир будани) ситонанда мамониат намояд.
6. Ҳангоми барои истиқомати (ҳозир будани) ситонанда мамониат намудани шахсе, ки аз рӯи ҳуҷҷати иҷро қарздор намебошад, ба истиснои аъзои оилаи молик масъалаи маскун намудан бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
Моддаи 117. Иҷрои ҳалномаи суд оид ба гирифта додани кӯдак
1. Иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ба қарздор пешниҳодро дар бораи ба таври ихтиёрӣ иҷро намудани санади судӣ оид ба гирифта додани кӯдак ба ситонанда месупорад.
2. Ҳангоми аз ҷониби қарздор ба таври ихтиёрӣ иҷро накардани санади судӣ дар бораи гирифта додани кӯдак, иҷрочии мақомоти иҷро вақт, ҷойи ба ситонанда гирифта додани кӯдакро муайян менамояд, ки дар ин бора ба ситонанда ва намояндаи мақоми васоят ва парастории маҳалли ҷойгиршавии кӯдак хабар расонида мешавад. Иҷрочии мақомоти иҷро уҳдадор аст намояндаи мақомоти корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавии кӯдакро, ки иштироки ӯ дар ин ҳолат ҳатмӣ мебошад, даъват намояд. Мақоми васоят ва парастории маҳалли ҷойгиршавии кӯдак ҳангоми иҷрои санади судӣ уҳдадор аст равоншиносро даъват намояд.
3. Дар ҷой ва вақти муайяннамудаи иҷрочии мақомоти иҷро, намояндаи мақоми васоят ва парастории маҳалли ҷойгиршавии кӯдак дар ҳамкорӣ бо равоншинос гуфтушунидҳоро бо қарздор ё шахсони дигаре, ки кӯдак дар ихтиёри онҳо мебошад, мегузаронанд. Дар ин ҳолат намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин намуда, ҳамаи мамониатҳои аз ҷониби қарздор ё шахсони дигар, ки барои иҷро накардани талаби иҷрочии мақомоти иҷро равона гардидаанд, бартараф менамоянд.
4. Агар дар маҳалли иҷрои маҷбурӣ шахсони бегона ҳузур дошта бошанд, онҳо аз он ҷо дур карда мешаванд. Дур кардани чунин шахсонро намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ менамояд. Иҷрои маҷбурӣ набояд дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ гузаронида шавад.
5. Иҷрочии мақомоти иҷро дар якҷоягӣ бо мақоми васоят ва парастории маҳалли ҷойгиршавии кӯдак гирифта додани кӯдакро амалӣ намуда, дар ин хусус санад тартиб медиҳад.
6. Дар ҳолати дар маҳалли иҷрои маҷбурӣ ҳузур доштани намояндагони воситаҳои ахбори омма ба онҳо аксбардорӣ ё сабти видеои кӯдакон бо мақсади нарасонидани зарар ба онҳо манъ аст. Бо ин мақсад дар маҳалли иҷрои маҷбурӣ иҷрочии мақомоти иҷро ва намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ бояд бо либосҳои ғайринизомӣ ҳузур дошта бошанд.
7. Агар шубҳаи асоснок дар хусуси он, ки қарздор бе розигии ситонанда кӯдакро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ мебарорад ё пинҳон мекунад мавҷуд бошад, иҷрочии мақомоти иҷро нисбати қарздор қарорро дар бораи муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтан аз ҳудуди ҷумҳурӣ бо кӯдак қабул менамояд.
Моддаи 118. Амалҳои иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми ғайриимкон будани гирифта додани кӯдак ба ситонанда
1. Ҳангоми номуайян будани маҳалли ҷойгиршавии кӯдак, иҷрочии мақомоти иҷро бо ташаббуси худ ё дар асоси аризаи ситонанда метавонад кофтукови кӯдакро ба воситаи мақомоти корҳои дохилӣ эълон намояд.
2. Ҳангоми аз ҷониби қарздор ба таври ихтиёрӣ иҷро накардани санади судӣ дар бораи гирифта додани кӯдак, саркашӣ намудани қарздор аз раванди иҷрои маҷбурӣ ба роҳи пинҳонкунии кӯдак, инчунин бо дигар роҳҳо мамониат намудан ба иҷрои санади судӣ, иҷрочии мақомоти иҷро протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тартиб дода, онро барои баррасӣ ба суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро равон менамояд.
3. Ҳангоми ғайриимкон будани иҷрои санади судӣ дар мавриди гирифта додани кӯдак бе расонидани зарар ба манфиати кӯдак, ӯ тибқи таъиноти суд метавонад муваққатан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда шавад.
Моддаи 119. Иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба муошират бо кӯдак
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ба қарздор пешниҳод дар бораи ба таври ихтиёрӣ иҷро намудани санади судӣ дар бораи уҳдадориҳои ӯ вобаста ба таъмини муоширати кӯдак бо ситонандаро месупорад.
2. Агар дар вақт ва ҷойи нишондодаи санади судӣ кӯдак ҳузур надошта бошад, инчунин аз ҷониби қарздор вобаста ба сабабҳои ҳузур надоштани ӯ хабар расонида нашуда бошад ё иҷрочии мақомоти иҷро сабабҳоро узрнок эътироф накунад ва қарздор аз иҷрои ҳуҷҷати иҷро саркашӣ намояд, иҷрочии мақомоти иҷро санад дар бораи иҷро накардани санади судиро тартиб медиҳад. Дар ин сурат иҷрочии мақомоти иҷро протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онро барои баррасӣ ба суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро равон менамояд.
3. Татбиқ шудани ҷазои маъмурӣ ва ҷиноятӣ қарздорро аз иҷрои талаботи санадҳои судӣ вобаста ба муошират бо кӯдак озод наменамояд.
4. Ҳуҷҷати иҷро ба шарте иҷрошуда ҳисоб карда мешавад, ки агар ба ситонанда имконияти бемамониат муошират намудан бо кӯдак тибқи талаботи санади судӣ таъмин шуда бошад.
5. Истеҳсолоти иҷро аз рӯи ҳуҷҷати иҷрошуда метавонад аз нав оғоз карда шавад, агар баъди тартиб додани санад оид ба муошират бо кӯдак қарздор аз нав ба муоширати ситонанда бо кӯдак мамониат намояд.
БОБИ 16. МУВАҚҚАТАН ҒАЙРИИМКОН БУДАНИ ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛҲОИ ИҶРО
Моддаи 120. Батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан ва дароз кардани муҳлати иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, тағйир додани тартиб ва тарзи иҷрои онҳо, индексатсияи маблағҳои ба дигар шахс мансубдониста
1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки иҷрои санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдорро мушкил мегардонанд ва ё ба иҷрои амалҳои иҷро монеъ мешаванд, иҷрочии мақомоти иҷро бо ташаббуси худ ҳуқуқ дорад бо дархост дар хусуси батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан ё оид ба дароз кардани муҳлати иҷро, оид ба тағйир додани тартиб ва тарзи иҷрои он, инчунин оид ба индексатсияи маблағҳои ба дигар шахс мансубдониста ба суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст муроҷиат намояд.
2. Тартиби баррасии масъалаи дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда мутобиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Моддаи 121. Мавқуф гузоштани амали иҷро
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад гузаронидани амали иҷроро мавқуф гузорад, дар сурати:
1) ҳозир нашудани ситонанда ё қарздор;
2) ҳозир нашудани тарҷумон ё мутахассис;
3) ҳолатҳои дигар, ки онҳоро дар муҳлати на дертар аз даҳ рӯз бартараф кардан мумкин аст.
2. Дар бораи мавқуф гузоштан ва таъин кардани рӯзи дигари гузаронидани амали иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд, ки дар ин бора тарафҳои истеҳсолоти иҷро хабардор карда мешаванд.
Моддаи 122. Ҳатмӣ будани боздоштани истеҳсолоти иҷро аз ҷониби суд
Истеҳсолоти иҷро дар мавридҳои зерин ҳатман аз ҷониби суд боздошта мешавад:
1) фавти қарздор, фавтида эълон кардан ё бедарак ғоиб эътироф намудани ӯ, агар муносибатҳои ҳуқуқии муқаррарнамудаи суд ворисии ҳуқуқиро иҷозат диҳад;
2) қабул намудани қарор дар бораи барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё оғоз намудани парванда аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи муфлисшавӣ, тибқи тартиби бо қонунгузорӣ муқарраргардида;
3) ғайри қобили амал эътироф намудани қарздор;
4) пешниҳоди шикоят ба суд нисбат ба амали мақомоте (шахси мансабдоре), ки ваколатдор аст парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намояд;
5) иштирок намудани қарздор дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшун ва воҳидҳои ҳарбӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд ё хоҳиши ситонанда, ки дар чунин ҳолат қарор дорад;
6) аз тарафи қарздор ва ё ситонанда мавриди баҳс қарор додани натиҷаҳои нархмонии молу мулки қарздор;
7) пешниҳоди даъво дар бораи аз ҳабс озод кардани (аз рӯйхат баровардани) молу мулке, ки мутобиқи ҳуҷҷати иҷро ситониш ба он нигаронида шудаааст;
8) аз ҷониби қарздор бо тартиби судӣ мавриди баҳс қарор додани ҳуҷҷати иҷро, агар чунин баҳсро қонун иҷозат дода бошад.
Моддаи 123. Боздошти истеҳсолоти иҷро аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар мавридҳои зерин истеҳсолоти иҷроро боздорад:
1) ба суде, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, бо ариза ҷиҳати тавзеҳи санадҳои судӣ, ки бояд иҷро карда шаванд, муроҷиат намудани иҷрочии мақомоти иҷро;
2) дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшун ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо намудани қарздор;
3) ба вуқуъ омадани ҳолатҳои фавқулода ё рафънопазир (неруи бартарафнашаванда), ки ба иродаи тарафҳои истеҳсолоти иҷро вобастагӣ надорад.
2. Дар бораи боздоштани истеҳсолоти иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд, ки нусхаи он ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро супорида ё фиристода мешавад.
Моддаи 124. Тартиб ва муҳлати боздоштани истеҳсолоти иҷро
Тартиб ва муҳлати боздоштани истеҳсолоти иҷро мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 125. Муҳлати боздоштани гузаронидани амалҳои иҷро ва идома додани онҳо дар истеҳсолоти иҷро
1. Гузаронидани амалҳои иҷро бо истеҳсолоти иҷро дар муҳлати зерин боздошта мешавад:
1) дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарздор хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо менамояд - то аз хизмати ҳарбӣ озод шудан;
2) мавриди баҳс қарор гирифтани амалҳои иҷро, ҳамчунин ҳуҷҷати иҷро ё санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ва шахси мансабдор, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст - то моҳиятан пурра ҳал гардидани ҳамин масъала;
3) мавҷуд будани ҳолатҳои фавқулода ё рафънопазир (неруи бартарафнашаванда), ки ба иродаи тарафҳои истеҳсолоти иҷро вобастагӣ надорад- то бартараф гардидани ин ҳолатҳо.
2. Гузаронидани амалҳои иҷро тибқи талаботи истеҳсолоти иҷро дар асоси аризаи ситонанда ё санади иҷрочии мақомоти иҷро пас аз бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани он гардидаанд, идома дода мешавад.
БОБИ 17. ҚАТЪИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО. БАРГАРДОНИДАНИ ҲУҶҶАТИ ИҶРО
Моддаи 126. Асосҳои қатъ намудани истеҳсолоти иҷро
1. Истеҳсолоти иҷро пас аз иҷро қатъ мегардад. Дар ин ҳолат иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд.
2. Истеҳсолоти иҷро аз ҷониби суд дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
1) аз тарафи суд қабул кардани даст кашидани ситонанда аз ситониш;
2) ситонанда ва қарздор созиши оштӣ баста бошанд ва онро суд тасдиқ карда бошад;
3) фавти шаҳрванд, ки ситонанда ё қарздор аст ё фавтида эълон кардан ё бедарак ғоиб эътироф намудани ӯ, агар талабот ё уҳдадориҳои муқаррарнамудаи санади суд наметавонад ба вориси ҳуқуқии шахси фавтида эълонкарда ё бедарак ғоиб эътирофгардида ё ба идоракунандаи молу мулки шахси бедарак ғоиб гузарад;
4) нокифоягии молу мулки ташкилоти барҳамхӯрда барои қонеъгардонии талаботи ситонанда;
5) бекор кардани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шудааст ё ҳуҷҷате, ки мутобиқи моддаи 10 Қонуни мазкур ҳуҷҷати иҷро ба ҳисоб меравад;
6) даст кашидани ситонанда аз қабули молу мулке, ки ҳангоми иҷрои ҳалнома аз қарздор ҷиҳати супоридани он ба ситонанда кашида гирифта шудааст, инчунин истифода набурдан аз ҳуқуқҳои худ ҷиҳати ба моликият қабул намудани молу мулки таҳти гарав қарордошта.
Моддаи 127. Тартиби қатъ намудани истеҳсолоти иҷро
Қатъ намудани истеҳсолоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
Моддаи 128. Баргардонидани ҳуҷҷати иҷро
1. Ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст (ба истиснои санади аз рӯи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ додашуда) ва аз рӯи он ситониш гузаронида нашудааст ё пурра гузаронида нашудааст, бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро ба ситонанда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:
1) дар асоси аризаи ситонанда;
2) агар муқаррар намудани суроғаи қарздор-ташкилот ё маҳалли истиқомати қарздор - шаҳрванд, маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор ва ё гирифтани маълумот оид ба мавҷудияти маблағҳои пулӣ ва дигар сарватҳои ба ӯ тааллуқдошта, ки дар суратҳисобҳо, пасандозҳо ё дар нигаҳдории бонкҳо ё дигар ташкилотҳои кредитӣ ҷой доранд (ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур кофтукови қарздор ё моликияти ӯ пешбинӣ шудааст) имконнопазир бошад;
3) агар қарздор молу мулк, маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок ё даромадеро, ки ба он бояд ситониш нигаронида шавад, надошта бошад;
4) агар ситонанда аз гирифтани молу мулки қарздор, ки ҳангоми иҷрои қарор фурӯхта нашудааст ё ашёи муайяне, ки бо санади судӣ аз қарздор гирифта шудааст, даст кашад;
5) агар ситонанда бо амалҳо (беамалӣ) - и худ ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ шавад;
6) ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ташкилот набудани вориси ҳуқуқӣ.
2. Ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки дар асоси санадҳои мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдор дода шудаанд ва иҷрояшон таъмин нагардидаанд ё нопурра иҷро шудаанд, аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ба мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро қабул кардааст, дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 2) қисми 1 моддаи мазкур бо қабули қарор баргардонида мешаванд.
3. Баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарори таъини ҷазои маъмуриро қабул кардааст, инчунин дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) пурра иҷро гардидан;
2) агар қарздор шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд буда, аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуда бошад;
3) пешниҳод гардидани санади дахлдор оид ба тағйир ёфтани талаботи ҳуҷҷати иҷро.
4. Ҳуҷҷати иҷрое, ки дар асоси қисми 1 ҳамин модда ба ситонанда баргардонида шудааст, дар давоми шаш моҳ аз лаҳзаи қабули қарор такроран барои иҷро қабул карда намешавад.
5. Талаботи қисми 4 ҳамин модда ҳангоми аз ҷониби ситонанда пешниҳод намудани маълумоти асоснок ҷиҳати ба даст овардани молу мулк ё ба муносибати нави меҳнатӣ ворид шудани қарздор, паҳн намегардад.
6. Ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст ва иҷрои талаботи он (ба истиснои қисми 5 моддаи 116 ва қисми 5 моддаи 119 Қонуни мазкур) таъмин, тағйир ё қатъ карда шудааст, бо қайди махсус ба суде, ки парвандаро баррасӣ намудааст, баргардонида мешавад.
БОБИ 18. ТАШКИЛ, ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТ ВА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ИҶРОЧИЁН ВА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ИҶРО
Моддаи 129. Ба мансаб таъин ва аз мансаб озод кардани кормандони мақомоти иҷро
1. Кормандони мақомоти иҷроро хизматчиёни давлатӣ, инчунин дигар кормандони мақомоти иҷро (кормандони техникӣ ва шартномавӣ), ки муносибатҳои меҳнатии онҳо тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд, ташкил медиҳанд.
2. Ба хизмати давлатӣ ба мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки забони давлатиро медонанд, дорои тахсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда (ба истиснои дигар кормандоне ки мансаби онҳо таҳсилоти касбии соҳаи дахлдорро талаб менамояд), ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон) адо намудаанд ба кор қабул карда мешаванд.
3. Кормандони мақомоти иҷро аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
4. Нисбати кормандони мақомоти иҷро, ки хизматчии давлатӣ мебошанд, Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" татбиқ мегардад.
Моддаи 130. Коромӯзӣ дар истеҳсолоти иҷро
Шахсоне, ки бори аввал ба мансаби иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешаванд, ба муҳлати се моҳ дар назди иҷрочиёни мақомоти иҷро коромӯзӣ мегузаранд.
Моддаи 131. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷрочии мақомоти иҷро
1. Иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро чунин ҳуқуқҳо дорад:
1) маълумоти зарурӣ, аз ҷумла маълумотеро, ки ба сирри тиҷоратӣ, бонкӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, амалиёти нотариалии баҷоовардашуда мансуб мебошад, аз мақомоти андоз, бонк ва нотариати давлатӣ талаб карда гирад;
2) дар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ки қарздор дар он ҷо фаъолият мекунад, иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро нисбат ба пардохти маблағҳои пулии дахлдор санҷад;
3) бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ ба бинои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, маҳалли истиқоматии қарздор ё дигар маҳалли ҷойгиршавии ӯ ворид гардад, инчунин молу мулки ӯро аз назар гузаронад;
4) бо мақсади муқаррар намудани маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор баёноти ситонанда, қарздор ва шахси сеюмро гирад ва дар ин хусус протокол тартиб диҳад;
5) маълумоти заруриро оид ба молу мулки қарздор, ки дар ихтиёри шахси сеюм қарор дорад, ҷамъоварӣ намояд;
6) нисбати шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб диҳад;
7) дар рафти гузаронидани амалҳои иҷро аз системаҳои иттилоотӣ, сабтҳои видео ва аудио, суратгирӣ, ҳамчунин дигар воситаҳои техникӣ ва воситаҳои дигаре, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зарар намерасонанд, истифода намояд;
8) ҳуқуқҳои дигареро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ намояд.
2. Уҳдадориҳои иҷрочии мақомоти иҷро:
1) маводро ба мақомоти судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки барои иҷро ҳуҷҷати иҷроро пешниҳод намудаанд, вобаста ба тамдид намудани муҳлати иҷро, мавқуф гузоштан, боздоштан, батаъхиргузорӣ, ба давраҳо ҷудо намудан, тағйир додани тартиб ва тарзи иҷрои он, инчунин барои дидани дигар чораҳои қонунӣ пешниҳод намояд;
2) ҳуҷҷати иҷроро аз ситонанда ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки онро додааст, барои иҷро қабул намуда, фавран истеҳсолоти иҷроро оғоз намояд;
3) маълумот ва (ё) ҳисоботи омориро оид ба ҳуҷҷатҳои иҷро тибқи тартиби муқарраргардида ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
4) уҳдадориҳои дигареро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, иҷро намояд.
3. Иҷрочии калони мақомоти иҷро ба ғайр аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур, инчунин уҳдадор аст:
1) фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро ташкил намояд;
2) ҳуҷҷатҳои иҷроро байни иҷрочиёни мақомоти иҷро тақсим намуда, сарбории онҳоро ба танзим дарорад;
3) суратҳисоби депозитии мақомоти иҷроро пеш барад;
4) ба иҷрочиёни мақомоти иҷро вобаста ба истеҳсолоти иҷро супориш диҳад;
5) фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷроро вобаста ба қабули шаҳрвандон, баррасии арзу шикоят ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил намояд;
6) вобаста ба рад кардан ё худрадкунии иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул намояд;
7) пешбурди китоби истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷроро назорат барад;
8) ҳангоми ошкор намудани камбудӣ ва вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи иҷрочиёни мақомоти иҷро дар рафти истеҳсолоти иҷро мақоми болоиро огоҳ намояд;
9) дигар супоришҳоро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал барорад.
4. Иҷрочии мақомоти иҷро барои воридшавӣ ба бинои ишғолнамуда ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулк ё барои кушодани анбор намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва шахсони холисро даъват намуда, дар ҳузури онҳо бино ё анборро мекушояд ва аз назар мегузаронад.
Моддаи 132. Ҳатмӣ будани иҷрои талаботи иҷрочии мақомоти иҷро
Талаботи иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият ҳатмӣ буда, он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамониат бояд ба иҷро расонида шавад.
Моддаи 133. Уҳдадориҳои мақомот ва шаҳрвандон нисбат ба талаботи кормандони мақомоти иҷро
Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият уҳдадоранд дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро, ки аз талаботи кормандони мақомоти иҷро бармеоянд, пешниҳод кунанд.
Моддаи 134. Дахолат накардан ба фаъолияти иҷрочии мақомоти иҷро
1. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ намояндаи ҳокимияти иҷроия буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Дахолат кардан ба фаъолияти иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
2. Иҷро накардан ё ин ки монеъ шудан ба иҷрои талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро, паст задани шаъну шарафи ӯ, таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, таҷовуз ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки ӯ, инчунин дигар ҳаракатҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматии ӯ монеъ мешаванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 135. Таъмини амнияти шахсии корманди мақомоти иҷро ва хешовандони наздики ӯ
1. Амнияти шахсии корманди мақомоти иҷро ва хешовандони наздики ӯ аз таҷовузи ҷиноятӣ ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва молу мулки онҳо, ки ба фаъолияти хизматии ӯ алоқаманд мебошад, аз ҷониби давлат таъмин карда мешавад.
2. Ҳаёт ва саломатии корманди мақомоти иҷро бояд аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор гирифта шавад.
3. Мақомоти суғуртаи давлатӣ дар чунин ҳолатҳо маблағи суғуртаро пардохт менамояд:
1) дар сурати вафот кардани корманди мақомоти иҷро дар давраи кор, агар ин ҳодиса дар натиҷаи расидани зарари ҷисмонӣ ё дигар таъсири ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки дар натиҷаи иҷрои вазифа ба амал омада бошад, ба ворисони вай - ба андозаи музди меҳнати шастмоҳаи корманди мақомоти иҷро;
2) дар сурати ҳангоми иҷрои вазифа маъюб шудани корманди мақомоти иҷро ё расидани зарари дигар ба саломатии ӯ, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шуданашро ғайриимкон мегардонад - ба андозаи музди меҳнати дувоздаҳмоҳаи корманди мақомоти иҷро.
4. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифа маъюб шудан ё расидани зарари дигар ба саломатии корманди мақомоти иҷро, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шудани ӯро ғайриимкон мегардонад, ба иҷрочии мақомоти иҷро фарқияти байни музди меҳнат ва нафақаи таъиншуда бе дарназардошти маблағе, ки аз суғуртаи давлатӣ гирифтааст, ҷубронпулии ҳармоҳа дода мешавад.
5. Дар сурати вафот кардани корманди мақомоти иҷро, инчунин ба истеъфо баромадани корманди мақомоти иҷро дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатиаш ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ба аъзои ғайри қобили меҳнати оилааш, ки дар таъминоти ӯ мебошанд, ҳар моҳ ба андозаи фарқияти қисми маоши корманди мақомоти иҷрои вафоткарда, ки барои онҳо рост меояд, нафақае, ки бинобар бе саробон мондан барои онҳо таъин шудааст, бидуни назардошти пардохте, ки аз суғуртаи давлатӣ гирифтааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.
6. Ҷуброни зараре, ки ба молу мулки корманди мақомоти иҷро ё хешовандони наздики ӯ дар натиҷаи фаъолияти хизматӣ расидааст, ба ӯ ё ба аъзои оилааш дар ҳаҷми пурра пардохт карда мешавад.
7. Ҷуброни зараре, ки дар қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад.
Моддаи 136. Тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ва либоси ягонаи хизматӣ
1. Ба кормандони мақомоти иҷро вобаста ба мансаби ишғолкардаашон ва собиқаи кор рутбаҳои дараҷавӣ дода мешавад.
2. Рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти иҷро аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
3. Кормандони мақомоти иҷро тибқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либоси ягонаи хизматӣ ба тариқи ройгон таъмин карда мешаванд.
Моддаи 137. Мукофотонидан, ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти интизомии корманди мақомоти иҷро
1. Корманди мақомоти иҷрое, ки иҷрои ҳуҷҷати иҷроро ба таври воқеӣ ва сари вақт таъмин менамояд, ба андозаи панҷ фоизи маблағҳои ситонидаи ӯ ё арзиши молу мулк, вале на зиёда аз андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбати ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки хусусияти молумулкӣ надоранд, ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо мукофотонида мешавад.
2. Дар сурати қисман иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро новобаста бо сабабҳои ба корманди мақомоти иҷро алоқаманднабуда, мукофотонӣ мутаносибан аз маблағи рӯёнидашуда сурат мегирад.
3. Маблағи нишондодашуда ба корманди мақомоти иҷро аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
4. Кормандони мақомоти иҷро ҷиҳати қадршиносии хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳорати касбӣ ва меҳнати бисёрсолаи софдилона дар хизмати давлатӣ, кори мақомоти иҷро, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо пешниҳоди сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
5. Кормандони мақомоти иҷро барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон аз ҷониби сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихории "Корманди фахрии мақомоти иҷро" сазовор гардонида, ба онҳо Нишони сарисинагӣ ва Ифтихорномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
6. Низомнома дар бораи тартиби ҳавасмандгардонӣ бо унвони ифтихории "Корманди фахрии мақомоти иҷро", Нишони сарисинагӣ ва Ифтихорномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
7. Корманди мақомоти иҷро барои кирдори интизомии содирнамудааш, ҳамчунин барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, роҳ додан ба бархурди манфиатҳо ҳангоми фаъолият ва ё дигар кирдорҳои бавуҷудоварандаи омилҳои коррупсионӣ, ки дорои аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят намебошанд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.
Моддаи 138. Таъминоти моддию иҷтимоии кормандони мақомоти иҷро
1. Музди меҳнати корманди мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Ба корманди мақомоти иҷро рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва дигар рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
3. Корманди мақомоти иҷро ва аъзои оилаи ӯ бо тартибе бо нафақа таъмин мешаванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
4. Ба корманди мақомоти иҷро ҳангоми ба нафақа баромадан дар ҳаҷми музди меҳнати семоҳа кумакпулии яквақтаина дода мешавад.
5. Дар сурати вафоти корманди мақомоти иҷро ба ворисонашон дар ҳаҷми музди меҳнати панҷмоҳа кумакпулии якдафъаина дода мешавад.
6. Корманди мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш дар асоси шаҳодатномаи хизматӣ ҳуқуқ дорад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми навъҳои нақлиёти ҷамъиятии хатти ҳаракати байниноҳиявӣ, байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва маҳаллӣ (ба ғайр аз таксӣ) ройгон истифода барад.
7. Ҳангоми ба сафари хизматӣ баромадан корманди мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад, ки дар меҳмонхонаҳо ҷой брон кунад, бенавбат ҷой гирад ва барои тамоми навъҳои нақлиёт бенавбат чипта гирад.
8. Ба корманди мақомоти иҷро, ки барои кори доимӣ ба дигар маҳал фиристонида шудааст, хароҷоти кӯчидан, роҳпулии ӯ ва аъзои оилааш пурра пардохта мешавад.
9. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ба корманди мақомоти иҷро, ки ба вазифа таъин шудааст, ҳамчунин ба эҳтиёҷманди беҳтар кардани шароити манзилӣ дар шакли ҳуҷраи алоҳида аз хонаи фонди давлатӣ ё фонди дигари манзилӣ дар навбати аввал, вале на дертар аз шаш моҳ, новобаста аз муддати дар ҳамин маҳалли аҳолинишин зиндагӣ карданаш, манзили истиқоматии хизматӣ диҳанд.
10. Бо ризоияти корманди мақомоти иҷро ба ӯ мумкин аст ба ҷои хонаи истиқоматӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, қарзи бефоиз барои харидан ё сохтани манзил дода шавад.
11. Ба корманди мақомоти иҷро ва аъзои оилаи бо ӯ ҳамроҳ зиндагикунанда дар хонаҳои фонди давлатӣ ва фонди дигари манзилӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар хонаҳои хусусикардашуда зиндагӣ мекунанд, хонапулӣ ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ (ба истиснои истифодаи хизматрасонӣ барои барқ ва газ), пули телефон, новобаста аз навъи фонди манзилӣ 50 фоиз кам карда мешавад.
Моддаи 139. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳои маблағгузории пешбинишудаи қонунгузорӣ сурат мегирад. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо биноҳои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар навъҳои таъминот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда мешавад.
2. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби дигар маблағҳо ва воситаҳои моддию техникие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда шавад. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дорои фонди манзили идоравӣ бошад.
Моддаи 140. Ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони мақомоти иҷро
Ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони мақомоти иҷро бо дастурамали аз ҷониби сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, муайян мегардад.
БОБИ 19. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО
Моддаи 141. Мавзуи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ
1. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсадҳои зерин ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро амалӣ мегардонад:
1) таъмини иҷрои санадҳои судӣ;
2) мубодилаи таҷриба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро;
3) мубодилаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳо дар самти қонунгузорӣ ва дар амал татбиқ намудани таҷриба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро;
4) ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар самти истеҳсолоти иҷро.
2. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти дахлдори дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ робитаҳоро барқарор менамояд, бо онҳо ҳамкорӣ мекунад, оид ба масъалаҳои ёрии ҳуқуқӣ ва таъмини иҷрои санадҳои судӣ созишномаҳоро ба имзо мерасонад, дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад.
Моддаи 142. Воситаҳои ҳуқуқии ҳамкории байналмилалии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, дархост барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои санадҳои судӣ мефиристад ва дигар муроҷиатҳоро, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида, иҷро менамояд.
Моддаи 143. Иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳо нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд
Иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳо нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
БОБИ 20. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 144. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 145. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3 мод. 192; с. 2010, №7, мод. 543; с. 2012, №7, мод. 717; с. 2019, №1, мод. 9, №6, мод. 315; с. 2021, №1-2, мод. 7) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 146. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 июни соли 2022, № 1873