ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2014

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 19/02/2020 - 11:29
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1025
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
31.10.2013
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2014
 
Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 13901026 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла:
- даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 11195530 ҳазор сомонӣ, аз онҳо:
воридоти андозӣ           - 10188814 ҳазор сомонӣ;
воридоти  ғайриандозӣ - 876716 ҳазор сомонӣ;
грантҳо барои дастгирии буҷет 
аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалии 
молиявӣ                                                       - 130000 ҳазор сомонӣ;
- буҷети лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки якҷоя 
бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ 
татбиқ мегарданд        - 1979410 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:           
қарзҳо                             - 531888 ҳазор сомонӣ;                                                                                              
грантҳо                            - 1165527 ҳазор сомонӣ;
қарзҳои давлатӣ барои амалӣ 
намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ 
дар бахшҳои энергетика 
ва нақлиёт                            - 281995 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои махсуси ташкилотҳои 
буҷетӣ                                - 726086 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ба маблағи 14143126 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории: 
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва 
идоракунӣ                      - 829455 ҳазор сомонӣ;
- маориф                         - 2516965 ҳазор сомонӣ;
- тандурустӣ - 1099165 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоии 
аҳолӣ                              - 2689018 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ 
ва солимгардонӣ          - 586292 ҳазор сомонӣ;
- хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҳифзи
муҳити зист                   - 777336 ҳазор сомонӣ;
- комплекси cӯзишворию 
энергетикӣ                   - 1838958 ҳазор сомонӣ;
- соҳаи кишоварзӣ, заминсозӣ
ва хоҷагии об              - 336370 ҳазор сомонӣ;
- истихроҷ ва коркарди канданиҳои 
фоиданок, саноати истихроҷи 
маъданҳои кӯҳӣ ва 
сохтмон                        - 143164 ҳазор сомонӣ;
- нақлиёт ва 
коммуникатсия           - 1140794 ҳазор сомонӣ;
- дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва 
хизматрасонӣ            - 36064 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигар       - 953808 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 3. Касри Буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ба андозаи 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 242100 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. 
2. Манбаи пӯшонидани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад: 
- даромад аз хусусигардонӣ ва истифодаи 
моликияти давлатӣ           - 30000 ҳазор сомонӣ;
- даромад аз фурӯши векселҳои
 хазинадорӣ                     - 80000 ҳазор сомонӣ;
 - аз ҳисоби депозитҳои буҷети 
ҷумҳуриявӣ, иҷрои барзиёди нақшаи 
даромади буҷет, қарзҳо (грантҳо) аз 
ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ 
ва Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди 
иқтисодии АвруОсиё      - 132100 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи  494681  ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории Буҷети давлатӣ 248000 ҳазор сомонӣ ва 246681 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2014, Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод, барориши векселҳои давлатӣ, ҷалби қарзҳои (грантҳои) ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва маблағҳои баргардонидашуда аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ муайян карда шавад.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 165250 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 71240 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ, 59010 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳуриявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба 1 январи соли 2014 ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ва 35000 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби баргардонидани қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" ба суратҳисоби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.  
 
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2014 аз рӯи даромад ба маблағи 6454014 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 6688638 ҳазор сомонӣ ва касри он ба маблағи  234624 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи манбаъҳои даромад
Дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2014 воридоти даромад аз ҳамаи субъектҳои хоҷагидори дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба маблағи умумии 6454014 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
- андоз аз арзиши 
иловашуда                        - 3814253 ҳазор сомонӣ;
- аксизҳо                         - 285200 ҳазор сомонӣ;                                                 
- андоз аз фурӯши нахи пахта,               
алюминийи аввалия    - 146834 ҳазор сомонӣ;
- андоз барои захираҳои 
табиӣ                                - 50000  ҳазор сомонӣ;
- андоз аз фоида          - 109520 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз даромад      - 329620 ҳазор сомонӣ;
- боҷи гумрукӣ               - 600000 ҳазор сомонӣ;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои 
автомобилгард            - 174707 ҳазор сомонӣ;
- даромадҳои дигари 
ғайриандозӣ                - 813880 ҳазор сомонӣ;
- грантҳои ташкилотҳои байналмилалии 
молиявӣ                       - 130000 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2014 аз рӯи гурӯҳбандии вазифавӣ ба андозаҳои зерин тасдиқ карда шавад:
Маблағгузории мақомоти ҳокимияти 
давлатӣ ва идоракунӣ    - 555124 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ
ва идоракунӣ                    - 158666 ҳазор сомонӣ;
- сиёсати молиявӣ ва андозу
буҷетӣ                               - 104665 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти сиёсати 
берунӣ                              - 148955 ҳазор сомонӣ;
- мақомоти дигари 
давлатӣ                             - 142838 ҳазор сомонӣ.
Маориф                           - 476166 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- таҳсилоти умумӣ          - 162919 ҳазор сомонӣ;
- таҳсилоти касбӣ           - 240191 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар 
соҳаи маориф                - 73056 ҳазор сомонӣ.
Тандурустӣ                     - 169687 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- беморхонаҳо                - 98899 ҳазор сомонӣ;
- дармонгоҳҳо                 - 4316 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи саломатии 
аҳолӣ                                - 11070 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар 
соҳаи тандурустӣ           - 55402 ҳазор сомонӣ.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   - 471300 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- суғуртаи иҷтимоӣ            - 251584 ҳазор сомонӣ;
- ҳифзи иҷтимоӣ              - 30454 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи 
суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи 
иҷтимоии аҳолӣ                - 189262 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ,
солимгардонӣ ва 
ҷамъиятӣ                             - 337505 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- чорабиниҳои варзишӣ - 4000 ҳазор сомонӣ;
- муассисаҳои фарҳангию 
маърифатӣ                          - 68672 ҳазор сомонӣ;
- воситаҳои ахбори омма                                              - 87664 ҳазор сомонӣ;
- фаъолияти дигар дар соҳаи 
чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ 
ва варзишӣ                       - 177169 ҳазор сомонӣ.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва 
ҳифзи муҳити зист        - 65695 ҳазор сомонӣ.
Комплекси сӯзишвориюэнергетикӣ                        - 1372863 ҳазор сомонӣ.
Соҳаҳои кишоварзӣ, заминсозӣ ва 
хоҷагии об                      - 124313 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- барномаи хариди тухмии ғалладона, 
картошка ва дигар зироатҳо                        - 5000 ҳазор сомонӣ;
- чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ         - 2000 ҳазор сомонӣ;
- барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ                      - 1264 ҳазор сомонӣ;
- барномаи мубориза бар зидди малах                - 5436 ҳазор сомонӣ;
- барномаи мубориза бар зидди 
ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзор                  - 1600 ҳазор сомонӣ;
- барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ              - 300 ҳазор сомонӣ; 
- дигар барномаҳо дар соҳаи кишоварзӣ,
хароҷоти заминсозӣ ва хоҷагии об                                  - 108713 ҳазор сомонӣ.
Истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, 
саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва сохтмон                   - 143541 ҳазор сомонӣ.
Нақлиёт ва коммуникатсия            - 160381 ҳазор сомонӣ.
Соҳаҳои дигари иқтисодиёт 
ва хизматрасонӣ          - 34722 ҳазор сомонӣ.
Чорабиниҳои дигар     - 1740100 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои давлатӣ                          - 486966 ҳазор сомонӣ;
аз онҳо:
- хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои берунӣ            - 415726 ҳазор сомонӣ;
- хизматрасонӣ аз рӯи қарзҳои дохилӣ           - 71240 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти шаҳри Душанбе барои 
амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт                         - 11000 ҳазор сомонӣ,
- Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон    - 55269 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигаре, ки аз рӯи соҳаҳои 
иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудааст                           - 1186866  ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 7. (не для печати).
 
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Дар соли 2014 хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми зерин анҷом дода шавад:
а) хароҷоти ҷорӣ         - 4584237  ҳазор сомонӣ.
Хароҷот барои хариди мол 
ва хизматрасонӣ         - 2732194 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- музди меҳнат ва 
иловапулиҳо                 - 1005593 ҳазор сомонӣ;
- маблағҷудокунӣ ба буҷети суғуртаи 
иҷтимоӣ ва нафақа     - 146751 ҳазор сомонӣ;
- хароҷот барои хариди мол 
ва хизматрасонӣ         - 1579850 ҳазор сомонӣ,
аз онҳо:
- пардохти хизматрасонии 
коммуналӣ                       - 59132  ҳазор сомонӣ;
- пардохти хизматрасонии 
алоқа                                 - 49387  ҳазор сомонӣ;
- хариди таҷҳизот ва 
хизматрасонӣ                       - 1471331 ҳазор сомонӣ.
Хизматрасонии қарзҳои дохилӣ 
ва берунӣ                                - 486966 ҳазор сомонӣ.
Кӯмаки молиявӣ (субсидия) ва 
интиқоли дигари маблағҳои ҷорӣ 
(трансферт)                    - 1365077 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- кӯмаки молиявӣ 
(субсидия)                      - 78420 ҳазор сомонӣ;
- интиқоли маблағ 
(трансферт)                  - 919609 ҳазор сомонӣ;
- пардохти нафақа      - 159525 ҳазор сомонӣ;
- дигар кӯмакпулиҳои 
иҷтимоӣ                        - 207523 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти асосӣ      - 2098720 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
- маблағи асосии 
мутамарказ                - 1971450 ҳазор сомонӣ;
- захираи воситаҳои гардони 
моддӣ                            - 21800 ҳазор сомонӣ;
- хароҷоти дигари сармоягузориҳои 
асосӣ                             - 105470 ҳазор сомонӣ;
в) қарздиҳии дохилӣ  - 5681 ҳазор сомонӣ.
 
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ба маблағи 221076 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 10. Маблағи мақсадноки (субвенсияи) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми маблағи мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба маблағи 802837 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 157793 ҳазор сомонӣ;
- вилояти Хатлон  - 487809 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Варзоб               - 13197 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Рашт               - 31374 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Ҷиргатол   - 25059 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Нуробод    - 21327 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тавилдара   - 12926 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Тоҷикобод   - 16605 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Файзобод   - 18189 ҳазор сомонӣ;
- ноҳияи Шаҳринав   - 18558 хазор сомонӣ.
2. Маблағи мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мувозинати қисми даромад ва қисми хароҷот, аз рӯи иҷрои воқеии буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад.
 
Моддаи 11. Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2015 ба маблағи 166595 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Дар соли 2014 ҳаҷми буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад, бо назардошти субвенсияе, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 4112061 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 4119537 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 7476 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 979 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон - 5341 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб - 131 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт - 217 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ҷиргатол - 156 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод - 137 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тавилдара - 77 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод - 101 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод - 162 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав - 175  ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2014 аз ҳисоби иҷрои барзиёдии даромад ва маблағи озоде, ки ба ҳолати 1 январи соли 2014 ба вуҷуд омадааст, пӯшонида мешавад.
 
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2014 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромади андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шавад:
- андоз аз фурӯши нахи пахта ва 
алюминийи аввалия                            - 100 фоиз;
- боҷи гумрукӣ                                         - 100 фоиз; 
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, 
ки  ба воситаи мақомоти гумрук
 ворид мешавад                                       - 100 фоиз;
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои 
ғайриандозии умумидавлатӣ (инчунин 
муҷозоти ҷаримавии онҳо), хироҷ барои 
ҳаракати воситаҳои нақлиёти 
автомобилии  хориҷӣ дар ҳудуди 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                               - 100 фоиз;
- аз Ширкати саҳомии холдингии 
кушодаи "Барқи Тоҷик" андоз аз арзиши 
иловашуда, андоз аз истифодабарандагони
 роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида, 
инчунин андоз аз захираҳои табиӣ 
(роялти барои об) аз 
НБО "Сангтӯда-1"                                 - 100 фоиз;
- аз корхонаҳои воҳиди давлатии 
"Ширкати алюминийи тоҷик", "Роҳи оҳани 
Тоҷикистон" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи 
"Тоҷиктелеком" андоз аз арзиши 
иловашуда ва андоз аз фоида         - 100 фоиз;
- аз Бонки давлатии амонатгузории 
Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" 
андоз аз фоида                                     - 100 фоиз; 
- аз марказҳои идораи лоиҳаҳои 
инвеститсионӣ, намояндагиҳои 
дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони 
ба онҳо баробаркардашуда андози 
даромад                                                    - 100 фоиз;
- аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ андоз 
аз арзиши  иловашуда ва андози 
аксизӣ (ба истиснои ҶСК
"Тоҷиктелеком")                                      - 100 фоиз;
- аз Бонки миллии Тоҷикистон андоз 
аз арзиши иловашуда, андоз аз 
даромад ва дигар пардохтҳои 
ҳатмӣ                                                          - 100 фоиз.
2. Дар соли 2014 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андоз ва даромади умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯи таносубҳои (фоизҳои) зерин тасдиқ карда  шавад:
- андоз аз арзиши иловашуда: 
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо 
(ғайр аз шаҳрҳои Душанбе 
ва Ваҳдат)                                              - 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе - 51 фоиз ба буҷети шаҳр 
ва 49 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Ваҳдат - 73 фоиз ба буҷети шаҳр 
ва 27 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- андоз аз фоида:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо 
ва ноҳияҳо                                             -  100 фоиз;
- андоз аз даромад:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, Роғун ва ноҳияи Ҳисор)           - 100 фоиз;
аз вилояти Суғд - 73 фоиз ба буҷети вилоят ва 27 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Душанбе - 55 фоиз ба буҷети шаҳр ва 45 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Ваҳдат - 70 фоиз ба буҷети шаҳр ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Роғун - 42 фоиз ба буҷети шаҳр ва 58 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ; 
аз шаҳри Турсунзода - 70 фоиз ба буҷети шаҳр ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ; 
аз ноҳияи Ҳисор - 73 фоиз ба буҷети ноҳия ва 27 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ; 
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ)                                                            - 100 фоиз;
аз шаҳри Душанбе - 50 фоиз ба буҷети шаҳр ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз шаҳри Турсунзода - 70 фоиз ба буҷети шаҳр ва 30 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
аз ноҳияи Рӯдакӣ - 65 фоиз ба буҷети ноҳия ва 35 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
 - аксизҳо:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо 
ва ноҳияҳо                                               - 100 фоиз;
- низоми махсуси андозбандӣ:
ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо 
ва ноҳияҳо                                                 - 100 фоиз;
- андозҳои маҳаллӣ, дигар пардохтҳои 
ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти дигари 
ғайриандозии маҳаллӣ: ба буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо                                     - 100 фоиз. 
3. Дар соли 2014 дар сурати иҷро нагардидани нақшаи тасдиқгардидаи ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои дар шаҳри Душанбе ба буҷети ҷумҳуриявӣ воридшаванда, ҷуброни даромади таъминнагардида аз ҳаҷми умумии даромади буҷети шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.  
4. Воридоти андозӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи тасдиқгардида барзиёд дохил шудааст, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
 
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2014 аз рӯи даромад ба маблағи 2133372 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи  2188372 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 55000 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.  Касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи 55000 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пӯшонида мешавад.
2. Дар соли 2014 даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми маблағи максаднок (субвенсия), ки ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи  3 тасдиқ карда шавад. 
3. Дар соли 2014 ҳиссаҷудокунии маблағ аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешавад, барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯи таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад: 
- дар шаҳри Душанбе - 37 фоиз ба суратҳисоби раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 63 фоиз ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;   
- дар шаҳри Роғун - 30 фоиз ба суратҳисоби шӯъбаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳр ва 70 фоиз ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;   
- дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 100 фоиз ба суратҳисоби  раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  
         Моддаи 15. Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида дар соли 2014
1. Дар соли 2014 барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) ва таҳвили он андоз аз арзиши иловашуда ба меъёри 10 фоиз муқаррар карда мешавад.
2. Дар соли 2014 воридоти нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ ва битуми тамғаи БНД 60/90, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ мешавад ва барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва таъмири асосии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе равона мегардад, ҳамчунин воридоти гази табиӣ ва барқ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
3. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳӣ"-и шаҳри Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
4. Дар соли 2014 кормандони Хадамоти давлатии муҳофизати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод карда мешаванд.
5. Дар соли 2014 қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии тракторҳо ва мошинҳои кишоварзӣ таъингардида, ки барои Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи "ТоҷИрон" ворид мегарданд ва таҳвили тракторҳо, комбайнҳо ва мошинолоти кишоварзии истеҳсоли Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи "ТоҷИрон" аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.
6. Дар соли 2014 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ", воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз пардохти андозҳои зерин озод карда мешавад:
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз фоида.
Фармоишгарон ва пудратчиёни асосии иншооти мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 7. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва пудратчиёни асосӣ барои сохтмони иншооти дар қисми 6 моддаи мазкур зикршуда тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
8. Дар соли 2014 иҷрои корҳои сохтмонӣ (аз ҷумла сохтмони нақбу пулҳо ва корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ) ва воридоти молу масолеҳ барои сохтмони хатти нави роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат - Ёвон, азнавсозии фосилаҳои Роҳатӣ - Ваҳдат - Элок ва Қӯрғонтеппа - Ёвон), ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" амалӣ мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Номгӯй ва миқдори молу маводи сохтмониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
9. Қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" (пойгоҳи вагонҳои боркашонии шаҳри Сарбанд, қитъаи  роҳи Қӯрғонтеппа, истгоҳи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қурбоншаҳид, Олимтой, Данғара, Сангтӯда, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Бурёбоф, Қубодиён, Шаҳритус, Ҳошадӣ, пойгоҳи гардиши локомотивии Қӯрғонтеппа, қитъаи алоқа ва мухобироти Хатлон, қитъаи барқрасонии Хатлон, қитъаи Корхонаи воҳиди "Мусофирбар"-и Хатлон), ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳани Ҳошади-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб тааллуқ дорад, аз пардохти андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешавад.
 
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди  иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2014 аз иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ва иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 20 фоизи маблағ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
 
Моддаи 17. Муқаррарот оид ба ҷойгиркунии депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар бонкҳо
Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, ки дар соли 2014 бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет аз ҳисоби фоиз аз рӯи депозитҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки ба 1 январи соли 2014 ба вуҷуд омадаанд, онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати кӯтоҳмуддат дар давраи соли буҷетӣ ҷойгир намояд.
 
Моддаи 18. Моддаҳои ҳимояшавандаи Буҷети давлатӣ
1. Дар соли 2014 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, ёрдампулӣ ва ҷубронпулӣ дохил карда шаванд.
2. Дар сурати зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он метавонанд бо тартиби муқарраргардида дар маблағгузории моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
 
Моддаи 19. Воридот ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси  ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Маблағҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар даромаду хароҷоти ташкилотҳои дахлдори буҷетӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамзамон 35 фоизи маблағҳои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 фоизи маблағҳои махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, 5 фоизи маблағи махсуси муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 10 фоизи маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, дастгоҳҳои марказӣ ва сохтори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 фоизи маблағҳои махсуси дигар муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағи грантӣ ва сарпарастӣ, ҳар се моҳ ба буҷети дахлдор ворид карда мешаванд.
2. Ба муассисаҳои буҷетӣ истифодаи маблағҳои махсус (ба истиснои маблағи грантӣ ва сарпарастӣ) берун аз низоми хазинадорӣ манъ аст.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз ҳаҷми маблағи дар Буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ, мутаносибан дар сметаи даромад ва хароҷоти онҳо ва дар қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ метавонад тағйироти дахлдор ворид намояд.
4. Дар соли 2014 дар сурати иҷро нагардидани даромади Буҷети давлатӣ, маблағгузории хароҷот, аз ҷумла пардохти музди меҳнати дар буҷет пешбинишудаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки маблағҳои махсус доранд, аз ҳисоби ин маблағҳо амалӣ карда мешавад.
5. Дар соли 2014 50 фоизи маблағи аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. 50 фоизи маблағ аз ҳисоби додани сертификат дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад.
6. Дар соли 2014 маблағе, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад, баъди пардохт ба буҷет мутобиқи қисми 1 ҳамин модда, дар сметаи даромаду хароҷоти идораҳои мазкур ба ҳисоб гирифта, барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмони биноҳои маъмурӣ равона карда мешавад.
7. Бақияи маблағи буҷетӣ ва маблағи махсуси дар суратҳисобҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 1 январи соли 2014 ба вуҷуд омадааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида намешавад ва хусусияти мақсаднок дошта, барои маблағгузории хароҷоти буҷети соли 2014 пешбинишуда равона карда мешаванд. 
 
Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои  маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ  
1. Дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ кушода шавад.  
2. Дар соли 2014 воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 фоиз аз иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо, инчунин 10 фоизи маблағи махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 фоизи маблағи махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомабилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар карда шавад. Дастурамал оид ба ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад. 
3. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни харбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳои ҳарбӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва дигар мақомоти қудратӣ
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Точикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳое, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз пешбинӣ шудааст, як маротиба дар як сол  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пардохта мешавад.
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоте, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағе, ки тибқи Қонуни мазкур барои фонди музди меҳнат дар сметаҳои хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба гузаронидани амалиёти молиявӣ аз  буҷетҳои маҳаллӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"
Дар соли 2014 тамоми амалиёти молиявии буҷетҳои маҳаллӣ, ки тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" гузаронида мешаванд, ба тариқи музднок анҷом дода мешаванд. Инчунин аз рӯи ҳамаи депозитҳои мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ҷойгир карда мешаванд, барои истифодаи онҳо аз ҷониби бонки мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фоиз дода мешавад.
 
Моддаи 23. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 1 январи соли 2014 барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоизи маблағи умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯи онҳо, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50 фоизи хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон равон карда мешаванд. Маблағи зикргардида бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардида, барои маблағгузории тадбирҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.
 
Моддаи 24. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо
Аз 1 январи соли 2014 нишондиҳанда барои ҳисобҳо чиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 40 сомонӣ муқаррар карда шавад.
 
Моддаи 25. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи ҳалномаҳои суд ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо хангоми риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки ҳалномаҳои суд дар бораи рӯёнидани зарари моддию маънавӣ, ки аз тарафи кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ  ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағи сметаи хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағи аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня, ҷубронпулӣ воридшуда ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ расондашуда ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
 
Моддаи 26. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012
1.  Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 аз рӯи даромад ба маблағи 9673471 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 9107856 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 565615 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 барои пардохти ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пардохти қарзи асосии берунӣ ба маблағи 340223 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад. 
 
Моддаи 27. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба Буҷети давлатӣ
1. Дар мавриди барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2014 мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), андозаи нарх, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ ҳисобҳои байниҳамдигарӣ мегузаронад.
 
Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
 
31 октябри соли 2013,
 № 1025