ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 15:20
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
188
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.04.2006
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 4, мод. 201; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1017; с. 2009, №3, мод. 89; с. 2011, №3, мод. 178, № 6, мод. 444; с. 2015, № 3, мод. 220, №11, мод. 961, мод. 962; с. 2016, №3, мод. 144, мод. 145; Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 с., №1451; аз 19.07.2019 с., №1637;  аз 04.07.2020с., № 1706; аз 29.01.2021с., №1763)
 
БОБИ 1
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки бо Қонуни мазкур танзим мегарданд
 
Қонуни мазкур тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби тағйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби ташкил намудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиб ва мӯҳлати нигоҳ доштани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (китобҳои аснод) ва вазъи ҳуқуқии мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, танзим мекунад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1451)
 
Моддаи 3. Асноди ҳолати шаҳрвандӣ
 
1. Асноди ҳолати шаҳрвандӣ  амали шаҳрванд ё ҳодисаест, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир додан ва қатъ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо гардида,  ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян менамоянд.
2. Таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз кардани ном, номи падар ва насаб, ворид намудани ислоҳ, тағйирот, илова, барқарор ё бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулки шаҳрвандон бо тартиби муқаррарнамудаи  Қонуни мазкур  ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №483; аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 4. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
 
1. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият, аз ҷумла бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти омории пурра, дуруст ва саривақтӣ оид ба ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
2. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ  аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба воситаи тартиб додани  сабти дахлдори асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар асоси он шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад, сурат мегирад.
3. Дохил намудани маълумоти зарурӣ ба  сабти аснод дар бораи таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ,  иваз кардани ном, номи падар, насаб, ворид намудани ислоҳ, тағйирот, илова, барқарор ё бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва додани  шаҳодатнома дар асоси   ин сабтҳо бо Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №483)
4. Шаклҳои бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланкҳои шаҳодатномае, ки дар асоси ин сабтҳо дода мешаванд, тартиби пур кардани онҳо, шакли бланкҳои дигар ҳуҷҷатҳо, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд, инчунин шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Бланкҳои шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқарраргардида дар матбаа ба тарзи мутамарказонидашуда дар қоғази ҳифзшаванда тайёр карда шуда, ҳар яки  ин бланк дорои силсила, рақам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
5. Коргузорӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият сурат мегирад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
6. Корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуқуқи ба ҷо овардани бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро нисбати худ, ҳамсараш, хешовандони худ ва хешовандони ҳамсараш (падару модар, фарзанд, набера, бобою бибӣ,  бародар ва хоҳар) надорад. Бақайдгирии давлатии   асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ин ҳолатҳо аз тарафи корманди дигари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда мешавад.
 
Моддаи 41. Фаъолият дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
(ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
 
1. Ба кор дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад ва муддати шаш моҳ ҳамчун коромӯз фаъолият намудааст, баъд аз гузаштан аз аттестатсияи комиссияи аттестатсионӣ қабул шуда метавонад. Низомномаи комиссияи аттестатсионии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198; аз 18.07.17 с., №1451)
2. Ба вазифаи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати танҳо шаҳрвандӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва на камтар аз се сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, таъин карда мешавад.  (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198; аз 18.07.17 с., №1451)
3. Роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро роҳбари мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.  (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
 
Моддаи 42. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор намудани онҳо
(ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
1. Тартиби гузаронидани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор намудани онҳо бо дастурамали аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида танзим карда мешавад.
2. Тартиби аз ҷониби муассисаҳои консулӣ гузаронидани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо Оинномаи Консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дастурамали тартиби аз ҷониби консул анҷом додани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
(ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 5. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
 
1. Ҳангоми ба ҷо овардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фактҳои дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифташаванда ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти арзкунанда пешниҳод карда шаванд. Ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд ва барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод карда  шудаанд, бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) шаванд ё ба онҳо апостил гузошта шавад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад ва ҳуҷҷатҳои мазкур бояд ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тарҷума карда шуда бошанд. Дурустии тарҷума бояд дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда шавад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1240)
2. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  дар ду нусха тартиб дода мешавад.
3.  Ҳар як сабт, ки ба китоби аснод дохил карда мешавад, бояд аз тарафи арзкунанда хонда шуда, имзои ӯ, шахси мансабдори  бақайдгиранда ва мӯҳри мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузошта шавад.
4. Нусхаи якуми  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ҳар як намуди  сабти асноди ҳолати шаҳрвандии алоҳида), ки дар давоми сол тартиб дода шудааст, дар китоби аснод бо тариқи пайдарҳамӣ ҷамъ оварда мешаванд. Бо чунин тартиб нусхаҳои дуюми сабт низ ба китоби  аснод ҷамъ оварда мешаванд.
5. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар як вақт дар шакли қоғазӣ ва ҳуҷҷати электронӣ тартиб дода шуда, бо имзои электронӣ-рақамии корманди ваколатдори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба расмият дароварда мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
6. Сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандие, ки дар шакли ҳуҷҷати электронӣ тартиб дода шудаанд, дар низоми иттилоотии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
7. Маълумоти дар шакли ҳуҷҷати электронӣ тартибдодашудаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълумоте мебошад, ки дар асоси он захираҳои асосии давлатии иттилоотӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
8. Намунаи маълумоти дар шакли ҳуҷҷати электронӣ тартибдодашудаи ба сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохилшаванда аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 51. Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
(ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
1. Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ – низоми иттилоотии давлатӣ мебошад, ки дар ҳомили қоғазӣ ва шакли электронӣ пеш бурда шуда, маълумот оид ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тағйирот вобаста ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор намудани онҳо, маълумот оид ба дода шудани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва оид ба дода шудани иқтибос аз онҳоро дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
2. Сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки ба Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли электронӣ дохил карда мешавад, таҳти нигоҳдории доимӣ қарор дошта, нобуд сохтан ва бозпас гирифтани он иҷозат дода намешавад. Дар сурати ворид намудани тағйирот ё ислоҳот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сабтҳои қаблан воридкардашуда нигоҳ дошта мешаванд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
3. Пешбурди Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташаккул, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва пешниҳоди иттилоот, таъсис ва роҳандозии таъминоти барномавӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи махзани иттилоотӣ, фаъолияти он, пешниҳоди дастрасии ройгон, таъмини бақайдгирии ҳамин дастрасӣ ва сабти маълумот оид ба ҳар як дастрасӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иттилооти дар Феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷойдодашударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иттилоот, маълумоти шахсӣ ва дигар стандартҳои давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 6. Мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд
 
1. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо аз тарафи шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва ноҳия, дар шаҳраку деҳот бошад, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот сурат мегирад. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар Кох ва Хонаҳои ақди никоҳ низ сурат гирифта  метавонад.
2. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур сурат мегирад.
3. Дигар мақомот ё шахсони мансабдор барои бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуқуқ надоранд.
 
Моддаи 7. Салоҳияти мақомоте, ки бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро ба ҷо меоранд
 
1. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва шаҳр таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз кардани насаб, ном ва номи падарро ба қайди давлатӣ гирифта, асноди ҳолати шаҳрвандиро тағйир медиҳанд, пурра, ислоҳ ва бекор  мекунанд, сабтҳои гумшударо барқарор менамоянд, инчунин китобҳои аснодро нигоҳ медоранд, шаҳодатномаи такрорӣ ва маълумотномаҳои дахлдор медиҳанд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
2. Ҷамоатҳои шаҳрак  ва деҳот таваллуд, вафот, ақди никоҳ, ба истиснои ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва муқаррар намудани падариро ба қайди давлатӣ мегиранд ва ҳар моҳ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри (ноҳияи) дахлдор ҳисобот пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11 с., №733; аз 18.03.15 с., №1198)
3. Мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, инчунин дигар хизматрасониҳои иловагиро ба ҷо меоранд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
4. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мақомоти салоҳиятдори давлатҳои ҳориҷиро, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо доир ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ ба имзо расонидааст, дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони давлатҳои мазкур хабардор менамояд, агар дар шартномаҳо пешниҳод намудани маълумоти мазкур пешбинӣ шуда бошад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 8. Салоҳияти муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон  берун аз ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд: (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
- бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро, ки дар моддаи 3 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, ба ҷо меоранд;
- дар асоси аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар бораи ворид намудани ислоҳ ва тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, қарор қабул менамоянд;
- ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки онҳо нигоҳ медоранд, ислоҳ ва тағйирот ворид менамоянд;
- дар асоси сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки онҳоро нигоҳ медоранд, шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро медиҳанд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
(Хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
2. Муассисаҳои консулӣ саривақт сабтҳои аснодӣ ва ҳисобот оид ба амалиётҳои мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур анҷомдодашуда, инчунин огоҳиномаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба асноди ҳолати шаҳрвандиро ба Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 9. Мақоми роҳбарикунанда, назорати ва ҳамоҳангсозаидам фаъолияти мақомоти  сабти асноди ҳолати шаҳрванди
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори роҳбарикунандаи фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Мақсад, вазифа ва ваколатҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
2. Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми назоратӣ ва ҳамоҳангсозандаи фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.
3. Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хабарномаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба нусхаи дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ислоҳ, тағйиру илова ворид менамояд, аз рӯи сабти аснод феҳристи ҷумҳуриявӣ тартиб медиҳад, дар асоси сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва китобҳои метрикӣ шаҳодатномаҳои такрорӣ ва маълумотномаҳои дахлдор (ба истиснои маълумотнома оид ба вазъи оилавӣ) медиҳад. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
4. Низомномаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 10. Шаҳодатномаи бақайдгирии  давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ба арзкунандагон дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад. Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ имзо карда, ба он мӯҳри мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузошта мешавад.
2. Бланкҳои шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ  дар матбаа ба таври мутамарказонидашуда аз ҷониби мақомоти ваколатдор тайёр карда мешаванд.
 
Моддаи 11. Шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Дар сурати гум кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин корношоям гардидани он, шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯи аризаи шаҳрванд дар асоси сабти китоби аснод ё китоби метрикӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр  ва ноҳия  ва дар ҳолатҳои истисноӣ аз тарафи бойгонии вилоятӣ ва ҷумҳуриявии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад. Дар кунҷи болои тарафи рости шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ қайди «Такрорӣ» гузошта мешавад.
2. Шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад:
-  ба шахсе, ки нисбат ба ӯ  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб дода шудааст;
-  ба хешовандони шахси  вафоткарда  ё дигар шахси манфиатдор дар ҳолате, ки агар шахсе, ки нисбат ба ӯ  пештар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб дода шуда буд, вафот карда бошад;
- ба падару модар (ё шахсони онҳоро ивазкунанда), намояндаи мақомоти васоят ва парасторӣ ва маъмурияти муассисаҳои кӯдакон, ки кӯдак дар тарбияи онҳо  мебошад, дар ҳолати мавҷуд будани сабти аснод дар бораи таваллуд нисбат ба ӯ, агар кӯдак  то рӯзи додани шаҳодатномаи такрорӣ ба балоғат нарасида бошад;
- ба шахси дигар дар  ҳолати пешниҳоди бовариномаи дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшуда, ки ба ӯ аз ҷониби шахси тибқи ҳамин модда барои гирифтани шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуқуқдошта дода шудааст.
3. Шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода намешавад:
-  шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ба падару модари (яке аз онҳо) кӯдаке, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд ё ҳуқуқи падару модарии онҳо маҳдуд карда шудааст;
- шаҳодатномаи ақди никоҳ ба шахсоне, ки ақди никоҳашонро бекор кардаанд ва шахсоне, ки никоҳашон беэътибор дониста шудааст.
Бо хоҳиши шахсони зикргардида ба онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи факти бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак ва ё ақди никоҳ дода мешавад.
4.Шаҳодатномаи такрории бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба шахсе, ки ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намудааст, дар рӯзи муроҷиат намуд дар муддати даҳ рӯз бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташ дода мешавад. Дар сурате, ки агар  шахс бо дархост дар шакли хаттӣ ба суроғаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намояд, шаҳодатномаи такрорӣ дар муддати як моҳ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқоматаш равон карда,  ба аризадиҳанда дар ин бора хабар дода мешавад.  (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
 
Моддаи 111. Маблағгузории мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
(ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
 
Моддаи 12. Ситонидани боҷи давлатӣ ва хизматрасонии иловагии музднок барои ба ҷо овардани амалиёти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
2. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва шахсони ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо баъди аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҷо меоранд.
3. Кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар шахсони ваколатдор барои хизматрасониҳои иловагии музднок, ки бо сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ алоқаманданд, аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохти ҳаққи хизматро меситонанд. Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднокро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
(ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
 
Моддаи 13. Рад кардани бақайдгирии  давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Дар ҳолатҳои зерин бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад карда мешавад, агар:
- бақайдгирии давлатӣ хилофи  Қонуни мазкур бошад;
- ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ набошанд.
2. Роҳбарони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ӯҳдадоранд бо талаби шахсе (намояндаи ӯ), ки нисбат ба ӯ бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад карда шудааст, сабаби рад карданро дар шакли хаттӣ ба арзкунанда пешниҳод намоянд.
3. Шахси манфиатдор дар бораи рад кардани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад ба мақомоти дахлдоре, ки ба салоҳияти вай ташкили фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохил мешавад ва ё ба суд шикоят намояд.
 
Моддаи 14. Фош накардани маълумоте, ки ба корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар натиҷаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълум гардидааст
Маълумоте, ки дар натиҷаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълум гардидаанд, махфӣ буда, фош кардани онҳо, ба истиснои  ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
 
Моддаи 15. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиборнок ҳисобидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асноди ҳолати шаҳрвандие, ки аз тарафи мақомоти  ваколатдори давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз тарафи мақомоти  ваколатдори давлатҳои хориҷӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузории давлати хориҷӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дода шудаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътиборнок ҳисобида мешаванд, агар онҳо тасдиқ (легализатсия) шуда бошанд ё ба онҳо апостил гузошта шуда бошад ва дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1240)
 
БОБИ 2
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАВАЛЛУД
 
Моддаи 16. Асосҳои бақайдгирии давлатии таваллуд
1. Асосҳои бақайдгирии давлатии таваллуд:
- ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббии ҷойи таваллуд дода шудааст;
- ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршуда оид ба таваллуд, ки аз тарафи табиб ва ё корманди миёнаи тиббии муассисаи тиббӣ, ки дар давраи таваллуд ба зан ёрии тиббӣ расонидааст ва ё  модар баъд аз таваллуд ба ӯ муроҷиат намудааст, ё шахсе, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул аст, ҳангоми таваллуд берун аз муассисаи тиббӣ  додааст;
- аризаи шахсе, ки ҳангоми берун аз муассисаи тиббӣ бе кӯмаки тиббӣ таваллуд ёфтани кӯдак бевосита иштирок намудааст; (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
- ҳуҷҷатҳо дар бораи ёфт шудан, синну сол ва ҷинси кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ, васояту парасторӣ ва ташкилоти тиббӣ дода шудаанд.
2. Дар сурати мавҷуд набудани асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак дар асоси  ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти таваллуди кӯдак аз тарафи ҳамин зан ба ҷо оварда мешавад.
 
Моддаи 17. Ҷойи бақайдгирии давлатии таваллуд
1. Бақайдгирии давлатии таваллуд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати падару модари (яке аз онҳо) кӯдак гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои истисноии муайяннамудаи Қонуни мазкур бақайдгирии таваллуд дар ҷойи таваллуди кӯдак гузаронида мешавад.
2. Дар сабти асноди таваллуд ҷойи таваллуди кӯдак ё номи маконе, ки кӯдак дар он ҷо ёфт шудааст, нишон дода мешавад.
3. Дар сурате, ки агар кӯдак дар ҳавопаймо, қатора ва ё дигар нақлиёт ҳангоми сафар таваллуд шуда бошад, бақайдгирии давлатии таваллуд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати доимии падару модар (яке аз онҳо)  ба ҷо оварда мешавад. Ҷойи таваллуди кӯдак ҷойи бақайдгирии давлатии  таваллуди кӯдак ҳисоб мешавад.
4. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаке, ки дар экспедитсия ё  дар маҳалли дур ҷойгиршуда, ки дар он ҷо мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ воқеъ нест, таваллуд ёфтааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати доимии падару модар (яке аз онҳо) на дертар аз як моҳи  пас аз баргаштан ба ҷо оварда мешавад.
 
Моддаи 18. Ариза дар бораи таваллуди кӯдак
1. Падару модар (яке аз онҳо) ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак аризаи хаттӣ пешниҳод мекунанд.
2. Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдакро надошта бошанд, ариза  аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси  аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё ки шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки  модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кӯдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.
3. Дар баробари додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи факти таваллуди кӯдак, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (яке аз онҳо) ё шахсияти аризадиҳанда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳои ӯ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак асос шуда метавонанд, пешниҳод карда шаванд.
4. Ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд на дертар аз се моҳ баъд аз  таваллуди кӯдак пешниҳод гардад. Гузаронидани мӯҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад.
5. Падар ё модаре, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур барои ба қайди давлатӣ гирифтани кӯдакаш ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ариза пешниҳод намекунад, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
 
Моддаи 19. Тартиби ворид намудани маълумот дар бораи падару модар ба сабти асноди  таваллуди кӯдак
1. Дар китоби сабти таваллуд мувофиқи аризаи падар ва модар, ки дар никоҳи якдигар мебошанд, падару модари кӯдак навишта мешаванд. Маълумот дар бораи модари кӯдак ба сабти асноди таваллуди кӯдак дар асоси ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи моддаи 16 Қонуни мазкур  ва маълумот дар бораи падари кӯдак дар асоси шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар дохил карда мешавад.
2. Дар сурате, ки агар ақди никоҳи байни падару модари кӯдак бекор карда, аз тарафи суд беэътибор  дониста шуда бошад ва ё ҳамсар вафот карда бошад, вале аз рӯзи бекор намудани ақди никоҳ  беэътибор донистани он ва ё аз рӯзи вафоти ҳамсар то рӯзи таваллуди кӯдак сесад рӯз нагузашта бошад, маълумот дар бораи модари кӯдак ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1  моддаи мазкур ва  маълумот дар бораи падари кӯдак дар асоси шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи факти бақайдгирии давлатии ақди никоҳ, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи факт ва вақти қатъи ақди никоҳ дохил карда мешавад.
3. Дар ҳолате, ки агар падару модар дар ақди никоҳи якдигар қарор надошта бошанд, маълумот дар бораи модар ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур дохил карда мешавад. Маълумот дар бораи падар бошад, дар ҳолатҳои зерин дохил карда мешавад:
- дар асоси сабти аснод дар бораи муқаррар намудани падарӣ;
- бо аризаи модари кӯдак дар ҳолате, ки агар падарӣ муқаррар нашуда бошад.
Насаби падари кӯдак бо насаби модар, ном ва номи падари кӯдак бо хоҳиши модар дар асоси аризаи хаттӣ сабт карда мешавад.
Маълумоти дохилкардашуда барои ҳалли масъалаи муқаррар намудани падарӣ монеа шуда наметавонад.
4.Шахсоне, ки дар ақди никоҳ қарор доранд ва барои истифодаи ҷойгирсозии (имплантатсияи) ҷанини онҳо ариза навишта, ризо шудаанд, дар ҳолати таваллуди кӯдак бо ин усул дар китоби сабти таваллуд ҳамчун падару модари ӯ сабт карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
 
Моддаи 20. Номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва номи падар
(Қонуни аз 15.03.2016 № 1292)
1. Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном, инчунин номи падари ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ асоснок ҳуқуқ дорад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.
2. Дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки номгӯи он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият" муқаррар гардидааст, насаб, ном, номи падари шахс (агар дошта бошад) сабт карда мешаванд.
3. Насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ё номи падари падар ташаккулёфта бе истифодаи пасвандҳои -ов, -ова, -ев, -ева мутобиқи қисми 4 моддаи мазкур сабт карда мешавад. Дар сурати гуногун будани насаби падару модар насаби кӯдак бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё модар ё ин ки тибқи талаботи қисмҳои 4, 7 ва 8 ҳамин модда сабт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1637,  аз 04.07.2020 № 1706).
4. Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1637, аз 04.07.2020 № 1706).
5. Номи кӯдак бо мувофиқаи падару модар тибқи талаботи қисми 1 ҳамин модда сабт карда мешавад. Ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои "мулло", "халифа", "тӯра", "хоҷа", "хӯҷа", "шайх", "вали", "охун", "амир", "суфи" ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ дар байни одамон мегарданд, манъ аст.
6. Номи падар бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи -зод, -зода, -ёр, -ниё,фар, -пур, -духт ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул меёбад. Истифодаи пасвандҳои - овна, -евна, -ович, -евич дар номи падар манъ аст (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1706).
7. Дар ташаккулёбии насаб ва номи падар такроран истифода бурдани як пасванд, инчунин истифодаи як ном бе иловаи пасванд ҳам дар ташаккули насаб ва ҳам дар ташаккули номи падар манъ аст.
8. Дар сурати мавҷуд набудани розигии байни падару модар номи кӯдак ва (ё) насаби ӯ (дар сурати насабҳои гуногун доштани падару модар) дар китоби сабти таваллуди кӯдак аз рӯи қарори мақомоти васоят ва парасторӣ сабт карда мешаванд.
9. Дар ҳолати дар ақди никоҳ набудани модар бо падари кӯдак ва агар падарӣ муқаррар нашуда бошад, номи кӯдак ва номи падари ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 19 Қонуни мазкур ба қайд гирифта мешаванд.
10. Тарзи навишти насаб, ном ва номи падар дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад.
11. Ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳот миллиашон кафолат дода мешавад. Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кӯдаконашонро тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ё анъанаҳои миллиашон амалӣ намоянд. Тартиби навишти насаб, ном ва номи падари шаҳрвандон-намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мутобиқи қоидаҳои имлои забони дахлдор амалӣ карда мешавад. Истифодаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба номгузорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни аз 15.03.2016 № 1292).
12. Дар сурати гуногун будани миллати падару модар насаби кӯдак бо мувофиқаи падару модар бо насаби падар ё модар тибқи талаботи қисми 11 моддаи мазкур сабт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1706).
 
Моддаи 21. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ёфтшуда (партофташуда)
1.Мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти васоят ва парасторӣ, муассисаи тиббӣ, муассисаи тарбиявӣ ё шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) дар он ҷо ҷойгир карда шудааст, вазифадоранд дар муддати на дертар аз ҳафт рӯз аз рӯзи ёфт шудани кӯдаке, ки падару модараш маълум нест, дар бораи бақайдгирии давлатии таваллуди ӯ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ хабар диҳанд. Шахсе, ки кӯдакро ёфтааст, вазифадор аст дар муддати чилу ҳашт соат ба мақомоти корҳои дохилӣ ё ба  мақомоти васоят ё парастории ҷойи ёфта шудани кӯдак хабар диҳад. (ҚҶТ 31.12.08 с., №483)
2. Якҷоя бо аризаи бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
-  ҳуҷҷати ёфт шудани кӯдак, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ё мақомоти васоят ва парасторӣ дода шудааст, ки дар он ҷой, вақт ва ҳолатҳои ёфт шудани кӯдак нишон дода шудаанд;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну сол ва ҷинси кӯдаки ёфтшуда (партофташуда), ки аз тарафи муассисаи тиббӣ дода шудааст.
3. Маълумот дар бораи насаб, ном ва номи падари кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо нишондоди мақомот ё муассисаи дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда дохил карда мешавад. Маълумот дар бораи падару модари кӯдаки ёфтшуда (партофташуда) ба сабти асноди таваллуди ӯ дохил карда намешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
 
Моддаи 22. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда ва ё дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд  вафоткарда
1. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаке, ки мурда таваллуд шудааст, дар асоси ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи вафот, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ, ё табиби бо фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст,  анҷом дода мешавад. Шаҳодатномаи таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда дода намешавад. Бо хоҳиши падару модар (яке аз онҳо) ҳуҷҷате дода мешавад, ки факти  бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки мурдаро тасдиқ мекунад. Бақайдгирии давлатии фавти кӯдаке, ки мурда таваллуд шудааст,  гузаронида намешавад.
2.  Дар ҳолате, ки агар кӯдак дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд  вафот карда бошад, таваллуд ва вафоти ӯ ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Бақайдгирии давлатии таваллуд ва вафоти кӯдаки дар ҳафтаи аввали таваллуд вафоткарда дар асоси ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби бо фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст, гузаронида мешавад. Дар асоси сабти асноди тартибдодашуда дар бораи таваллуд ва вафот танҳо шаҳодатномаи вафоти кӯдак дода мешавад. Бо хоҳиши падару модар (яке аз онҳо) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи факти қайди давлатии таваллуди кӯдаке, ки дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафот  кардааст, дода мешавад.
3. Масъулият барои арз намудан ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда  ё дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткарда ба зиммаи инҳо гузошта мешавад:
- ба роҳбари муассисаи тиббӣ, ки кӯдак дар он таваллуд шудааст ё вафот кардааст;
- ба роҳбари муассисаи тиббие, ки табиби он факти таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда ё кӯдаки дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд вафоткардаро муқаррар кардааст ё дар сурати таваллуди кӯдак берун аз муассисаи тиббӣ, ки табиби  бо фаъолияти хусусӣ машғулбуда онро муқаррар кардааст.
4. Ариза дар бораи таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда ё дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд  вафоткарда бояд на дертар аз се рӯз аз рӯзи муайян шудани факти таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда ё  факти дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд  вафот кардани  кӯдак тартиб дода шавад.
5. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки мурда таваллудшуда ва ё дар ҳафтаи аввали баъд аз таваллуд  вафоткарда ройгон анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 23. Бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар
1. Қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар дар асоси аризаи падару модар (яке аз онҳо) ё шахсони манфиатдор дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби ба фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст, гузаронида мешавад. Ҳангоми бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида  ё аз он калонтар маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ӯ, ки аз ҷониби бойгонии дахлдори мақомоти сабти асноди ҳолати  шаҳрвандӣ дода шудааст, инчунин маълумотнома аз ҷойи таваллуд, ҷойи истиқомати кӯдак ва аз муассисаи таҳсилоти умумие, ки кӯдак дар он ҷо таҳсил мекунад, пешниҳод карда мешавад. Маълумотномаи бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси санҷиши муҳлати панҷсола (соли таваллуди кӯдак, ду соли пеш ва ду соли баъди таваллуди ӯ) тартиб дода шавад. Қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ё аз он калонтар танҳо аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ва шаҳр гузаронида мешавад. 
2. Қайди давлатии таваллуди кӯдаке, ки ба балоғат расидааст, дар асоси аризаи худи ӯ гузаронида мешавад. Дар ин маврид баробари ариза ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
- маълумотнома аз бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи таваллуд ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падару модар.
3. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ парванда омода намуда, барои санҷиши шахсияти зикргардида онро ба шуъбаи корҳои дохилии ҷойи зисти шаҳрванд мефиристад. Пас аз гирифтани ҷавоби хаттии натиҷаи санҷиш мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба рад намудан ё қонеъ гардонидани муроҷиати воридгашта хулоса таҳия менамояд.
4. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи таваллуд қайди давлатии таваллуди кӯдаки ба синни як расида ва ё аз он калонтар дар асоси ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти таваллуд ба ҷо оварда мешавад.
(ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
 
Моддаи 24.  Мӯҳтавои сабти асноди таваллуд
1. Ба сабти асноди таваллуд маълумоти зерин дохил карда мешаванд:
- ном, номи падар, насаб, ҷинс, сана, вақт, мӯҳлати ҳомиладорӣ, вазн ва дарозии қади кӯдак, ҷойи таваллуди кӯдак, кӯдаки зинда ва ё мурда таваллудшуда;
-  шумораи кӯдакони таваллудшуда (якто, дугоник ва ё аз ду зиёда кӯдак);
- маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи факти таваллуди кӯдак;
- ном, номи падар, насаб,  сана ва ҷои таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, ҷойи  истиқомати падару модар (яке аз онҳо);
- маълумот дар бораи ҳуҷҷате, ки барои ворид намудани маълумот дар бораи падар асос шуда метавонад;
- ном, номи падар, насаб  ва ҷойи истиқомати аризадиҳанда ва ё ном ва маҳалли ҷойгиршавии мақомот ё ташкилоте, ки дар бораи таваллуди кӯдак хабар додааст;
- рақам ва силсилаи шаҳодатномаи додашуда дар бораи таваллуд
- рақам ва таърихи тартиб додани сабт. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
2. Дар сурати таваллуд шудани дугоник ва ё аз ду зиёда кӯдак дар як вақт ба ҳар кадоми онҳо бо нишон додани пайдарҳамии таваллуди онҳо асноди алоҳида тартиб дода мешавад.
3. Дар сурати мурда таваллуд шудани дугоник ва ё аз ду зиёда кӯдак асноди алоҳида тартиб дода мешавад.
4. Дар сурати мурда таваллуд шудани кӯдак маълумот дар бораи ном ва номи падари ӯ ба  сабти асноди таваллуд дохил карда намешавад.
 
Моддаи 25. Шаҳодатномаи таваллуд
Шаҳодатномаи таваллуд дорои маълумотҳои зерин мебошад:
- ном, номи падар, насаб, ҷинс,  сана ва ҷойи таваллуди кӯдак;
- ном, номи падар, насаб,  миллат ва шаҳрвандии падару модар (яке аз онҳо);
- рӯзи тартиб додан ва рақами қайди сабти асноди таваллуд;
- ҷойи бақайдгирии давлатии таваллуд (номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ);
- силсила, рақам ва таърихи дода шудани шаҳодатномаи таваллуд. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
 
Моддаи 26. Додани шаҳодатномаи таваллуд
1. Шаҳодатномаи таваллуд баъд аз бақайдгирии давлатии сабти асноди таваллуд ва имзо намудани он аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба арзкунанда дода мешавад.
2. Шаҳодатномаи таваллуд ба падару модар (ба яке аз онҳо) дар рӯзи додани ариза ё дар муддати панҷ рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани ариза, ки он на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод шудааст, ройгон дода мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
3 Бо хоҳиши арзкунанда ба ӯ инчунин маълумотномаи таваллуд барои гирифтани кӯмакпулӣ оид ба таваллуди кӯдак  дода мешавад.
 
БОБИ 3
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ВАФОТ
 
Моддаи 27.  Асосҳо барои бақайдгирии давлатии вафот
Асосҳо барои бақайдгирии давлатии вафот:
- ҳуҷҷати шаклаш муқарраршуда оид ба вафот, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ё табиби бо фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст;
- ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти вафот ё фавтида эълон намудани шахс, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст.
 
Моддаи 28.  Бақайдгирии давлатии вафот
1. Бақайдгирии давлатии вафот аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар маҳалли истиқомати охирини шахси фавтида, маҳалли вафот, маҳалли ёфта шудани ҷасади шахси фавтида ё дар маҳалли ҷойгиршавии суде, ки ҳалнома оид ба муқаррар намудани факти вафот ё фавтида эълон намудани шахсро баровардааст, гузаронида мешавад.
Вафоти шахсоне, ки зиёда аз як сол пеш вафот кардаанд, инчунин шахсоне, ки аз рӯи тартиби қонунгузорӣ мурда ҳисоб карда шудаанд, аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур ба қайди давлатӣ гирифта  мешаванд.
Санае, ки бо ҳалномаи суд муқаррар карда шудааст, рӯзи вафот ҳисоб карда мешавад ва агар дар  ҳалномаи  суд чунин сана нишон дода нашуда бошад, санаи эътибор  пайдо кардани ҳалномаи суд  нишон дода мешавад.
2. Агар  шахс дар қатора, ҳавопаймо ва ё дигар воситаи нақлиёт ҳангоми сафар фавтида бошад, қайди давлатии  вафот дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки  дар ҳудуди  маҳалли аз воситаи нақлиёт фаровардани  шахси  вафоткарда ҷойгир шудааст, гузаронида шуда метавонад.
3.  Дар сурате, ки агар шахс дар экспедитсия ва ё дар маҳалли дур ҷойгиршуда, ки дар он ҷо мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ воқеъ нест, фавтида бошад, бақайдгирии давлатии вафот дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати охирини ин шахс, ки то ба сафар баромаданаш дар он ҷо истиқомат мекард ва ё дар ҷойи истиқомати хешовандонаш ба ҷо оварда мешавад.
4. Дар вақти қайди вафоти шахсони номаълум (шахсони шинохтанашуда) дар аснод фақат ҳамон маълумоти барои қайд зарур навишта мешавад, ки дар хулосаи экспертизаи судии тиббӣ қайд шуда бошад.
5. Вафоти шахсоне, ки бар асари офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ ва ғ.) вафот кардаанд, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати доимӣ ё ҷойи фавт дар асоси хулосаи комиссияи пешгирии офатҳои табиии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ба қайди давлатии вафот гирифта мешавад.
6. Мақомоте, ки бақайдгирии вафотро амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро оид ба анҷом додани бақайдгирӣ огоҳ созанд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 29. Бақайдгирии давлатии вафоти хизматчиёни ҳарбӣ
1. Вафоти хизматчиёни ҳарбӣ бо тартиби умумӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
2. Дар замони ҷанг тартиби махсуси қайди вафоти хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 30.  Ариза дар бораи вафот
1. Ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи вафоти шахс дар шакли хаттӣ ӯҳдадоранд арз намоянд:
- ҳамсар, дигар аъзои оилаи шахси  фавтида, инчунин шахсе, ки дар вақти вафот кардани шахс ҳузур дошт ва ё дар бораи вафоти шахс хабар дорад;
- муассисаи тиббӣ ё муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки шахс ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш фавтида бошад;
- муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, агар маҳкумшуда ҳангоми адо кардани ҷазои ҷиноятӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ вафот карда бошад;
- мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиш, дар сурате ки агар оид ба марги шахс ё оид ба  факти марг тафтиш бурда шавад ва шахсияти фавтида муайян нашуда бошад;
- командири қисми ҳарбӣ, агар шахс  дар давраи адо намудани хизмати ҳарбӣ вафот карда бошад.
2. Ариза дар бораи вафоти шахс бояд на дертар аз се рӯз аз рӯзи фаро расидани марг ва ё аз рӯзи ёфт шудани ҷасади фавтида  дода шавад. Гузаронидани муҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии вафот аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
3. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатии вафотро дар рӯзи муроҷиат (дар ҳолати мавҷуд будани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ) амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
 
Моддаи 31. Мӯҳтавои сабти асноди вафот
1. Ба сабти асноди вафот маълумоти зерин дохил карда мешаванд:
- ном, номи падар, насаб,  сана ва ҷойи таваллуд, маҳалли охирини истиқомат, ҷойи кор, вазъи оилавӣ, таҳсилот, ҷинс, шаҳрвандӣ, миллат, сана, ҷойи вафот ва қайдҳои махсус;
- сабаби вафот (дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи факти вафот);
- маълумоти тасдиқкунандаи факти вафот;
- ном, номи падар, насаб, ҷойи истиқомати муроҷиаткунанда ва ё ном ва  суроғаи ҳуқуқии мақомот, ташкилот ё муассисае, ки дар бораи вафот арз кардааст;
- силсила ва рақами шаҳодатномаи вафот;
- ном, номи падар, насаб,  ҷойи истиқомати шахсе, ки ба ӯ шаҳодатномаи вафот дода шудааст.
2. Агар бақайдгирии давлатии вафоти шахс дар асоси ҳалномаи суд дар бораи фавтида эълон намудани ӯ гузаронида шавад, санаи вафоти шахс дар асноди вафот, санаи  ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд ё  санаи бо  ҳалномаи суд муқарраршуда дар бораи вафот санаи вафоти шахс ҳисобида мешавад.
3. Бақайдгирии давлатии вафот ройгон  аст.
 
Моддаи 32. Шаҳодатномаи вафот
Шаҳодатномаи вафот маълумоти  зеринро дар бар мегирад:
- ном, номи падар, насаб, сана, ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, сана, ҷой ва сабаби вафот;
-  санаи тартиб додан ва рақами сабти асноди вафот;
- ҷойи бақайдгирии давлатии вафот (номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии вафоти шахс  гузаронида шудааст);
-  санаи додани шаҳодатномаи вафот;
-  силсила ва рақами шаҳодатномаи вафот.
 
БОБИ 4
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АҚДИ НИКОҲ
 
Моддаи 33.  Асос барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ
Асос барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ аризаи муштараки шахсони никоҳшаванда  ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 34. Ҷои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ
1. Ақди никоҳ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мувофиқи хоҳиши шахсони никоҳшаванда дар ҷойи истиқомати яке аз онҳо ё ҷойи истиқомати падару модарашон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
2. Ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Ақди никоҳе, ки дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ба  қайд гирифта шудаанд, ба ақди никоҳе, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст, баробар  дониста мешавад.
 
Моддаи 35. Ариза дар бораи ақди никоҳ
1. Шахсони никоҳшаванда ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аризаи хаттии муштарак пешниҳод менамоянд. Дар аризаи онҳо бояд розигии тарафҳо барои бастани ақди никоҳ ва инчунин мавҷуд набудани монеаҳои ақди никоҳ, ки моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, қайд шуда бошад. Дар аризаи  муштараки онҳо инчунин бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:
-  ном, номи падар, насаб,  сана ва ҷойи таваллуд, синну сол, шаҳрвандӣ, миллат, ҷойи истиқомати ҳар  кадоме аз шахсони никоҳшаванда;
- насабе, ки никоҳшавандагон барои  худ  интихоб намудаанд;
- оид ба ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти никоҳшавандагонро тасдиқ менамоянд.
Никоҳшавандагон дар аризаи  муштарак оид ба бастани ақди никоҳ имзо мегузоранд ва санаи тартиб додани  онро қайд менамоянд.
Дар баробари аризаи  муштарак дар бораи бастани ақди никоҳ ҳуҷҷатҳои зерин низ пешниҳод карда мешаванд:
-  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти никоҳшавандагон;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бекор шудани ақди никоҳи аввала, агар шахс (шахсон) пеш аз ин дар ақди никоҳи дигар бошанд;
ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда;  (қҶТ аз 15.03.2016 с., №1291)
- нусхаи шаҳодатномаи вафот, агар зан ё шавҳар фавтида бошанд;
- ҳалномаи суд дар хусуси розигӣ додан  барои бастани ақди никоҳ, дар сурате ки агар никоҳшавандагон ноболиғ буда, ба синни никоҳӣ тибқи қисми 2 моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нарасида бошанд;
- агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, бояд ҳатман ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на камтар аз як соли охир ва аҳдномаи никоҳи басташуда пешниҳод карда шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №711; аз 18.07.17 с., №1451)
2. Агар яке аз никоҳшавандагон имконияти ҳозир шуданро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои додани аризаи муштарак, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, надошта бошад, изҳори иродаи шахсони никоҳшаванда метавонад дар асоси аризаҳои алоҳидаи пешниҳоднамудаашон ба расмият дароварда шавад. Имзои  шахси ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳозирнашуда бояд дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда шавад.
 
Моддаи 36. Тартиби  бақайдгирии давлатии ақди никоҳ
1. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ бо риоя намудани тартиби пешбининамудаи  қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад.
2. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аризаи муштарак додани шахсоне, ки хоҳиши ақди  никоҳ карданро доранд, ба ҷо оварда мешавад. Мақомоти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аризаро дар бораи бастани ақди никоҳ қабул намудааст, ӯҳдадор аст никоҳшавандаҳоро бо тартиб ва шартҳои бақайдгирии давлатии  ақди никоҳ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо ҳамчун ҳамсарони оянда шинос намуда, онҳоро оид ба оқибатҳои пинҳонкунии маълумотҳое, ки барои бақайдгирии давлатии ақди никоҳ монеа мегарданд, огоҳ намоянд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
3. Дар асоси аризаи муштараки никоҳшавандагон мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин модда метавонад аз тарафи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар  шаҳрак ва деҳот бошад, аз тарафи раиси ҷамоати шаҳрак ва деҳот бо асосҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шавад.
4. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳи шахсоне, ки синни никоҳиашон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун кам карда шудааст, бо хоҳиши ин шахсон, бе муайян намудани мӯҳлати якмоҳаи интизорӣ ба амал бароварда мешавад.
5. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар ҳузури шахсони никоҳшаванда ба ҷо оварда мешавад.
6. Бо хоҳиши никоҳшавандагон бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар вазъияти ботантана дар бинои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё берун аз он сурат мегирад. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ берун аз бинои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ танҳо бо розигии роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496) Кохҳо ва хонаҳои ақди никоҳ маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳро дар вазъияти ботантана танҳо дар дохили биноҳои худ амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
7.  Дар ҳолате, ки агар шахсони никоҳшаванда (яке аз онҳо) бо сабаби беморӣ ё дигар сабабҳои узрнок ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳозир шуда натавонанд, бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар хона, муассисаи тиббӣ ва ё дар дигар ташкилот дар ҳузури шахсони никоҳшаванда сурат мегирад.
8.  Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ бо шахсе, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ   мӯҳлати ҷазоро адо менамояд, дар ҷое, ки роҳбари муассисаи дахлдор бо мувофиқаи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муайян намудааст, ба ҷо оварда мешавад.
9.  Ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
10. Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои ақди никоҳ, ки дар моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, никоҳ ба қайди давлатӣ  гирифта намешавад.
11. Агар роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи ҷой доштани монеаҳо барои ақди никоҳ маълумотҳои тасдиқкунанда дошта бошад, метавонад бақайдгирии давлатии ақди никоҳро рад намояд.
 
Моддаи 37. Тартиби  сабт кардани насаби ҳамсарон ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ
1. Зану шавҳар ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ихтиёран насаби якеро ҳамчун насаби умумӣ интихоб менамоянд ё ҳар яке аз зану шавҳар насаби то ақди никоҳ доштаашро нигоҳ медорад.
2.  Ба сифати насаби умумии ҳамсарон метавонад насабе навишта шавад, ки бо роҳи илова кардани насаби яке аз ҳамсарон ба насаби ҳамсари дигар ташаккул ёфтааст. Агар ҳар ду ё яке аз ҳамсарон насаби дутаркиба дошта бошанд, ба ҳам пайвастани насабҳо манъ аст.
3. Ивазшавии насаби яке аз ҳамсарон боиси иваз шудани насаби ҳамсари дигар намегардад.
 
Моддаи 38. Мӯҳтавои сабти асноди ақди никоҳ
1. Ба сабти асноди ақди никоҳ маълумоти  зерин дохил карда мешаванд:
- ном, номи падар, насаб (то ва баъд аз бастани ақди никоҳ),  сана ва ҷойи таваллуд, синну сол, шаҳрвандӣ, миллат, вазъи оилавӣ, маълумот дар бораи кӯдакони умумӣ,  санаи бастани ақди никоҳ, ҷойи истиқомати ҳар кадоме аз  никоҳшавандагон, вазифа ва ҷои кор, таҳсилот, ном, номи падар, насаби шоҳидони ақди никоҳ; (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №483; аз 26.03.09, № 496)
- маълумот оид ба ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бекор шудани ақди никоҳи аввала дар сурате, ки агар шахси (шахсони) никоҳшаванда пештар дар ақди никоҳ қарор дошт;
- маълумоти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти никоҳшавандагон;
-  санаи тартиб додан ва рақами  сабти асноди ақди никоҳ;
- номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки дар он қайди давлатии ақди никоҳ ба ҷо оварда шудааст;
- силсила ва рақами шаҳодатномаи ақди никоҳи додашуда.
2. Дар ҳолате, ки агар никоҳ бекор карда ё беэътибор  дониста шуда бошад, ба сабти асноди ақди никоҳ маълумот дар бораи бекор кардан ва ё беэътибор  дониста шудани никоҳ дохил карда мешавад. Ин гуна маълумот дар асоси ҳалномаи суд дар бораи қатъ шудани ақди никоҳ ё сабти асноди қатъи ақди никоҳ ҳангоми қатъи ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё дар асоси ҳалномаи суд дар бораи беэътибор  дониста шудани ақди никоҳ дохил карда мешавад.
 
Моддаи 39. Шаҳодатномаи ақди никоҳ
Шаҳодатномаи ақди никоҳ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- ном, номи падар, насаб (то ва баъд аз бастани ақди никоҳ),  сана, ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллати ҳар кадоме аз никоҳшавандагон;
- санаи бастани ақди никоҳ;
- санаи тартиб додан ва рақами  сабти асноди ақди никоҳ;
- ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ (номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ);
- санаи дода шудани шаҳодатномаи ақди никоҳ;
-силсила ва рақами шаҳодатнома. (ҚҶТ аз 26.03.09, №496)
 
БОБИ 5
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ БЕКОР КАРДАНИ АҚДИ НИКОҲ
 
Моддаи 40. Асосҳои бақайдгирии давлатии  бекор кардани ақди никоҳ
Асосҳои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ инҳоянд:
- аризаи муштараки ҳамсарон дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки фарзандони  умумии ноболиғ надоранд;
- ариза  дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон дода шудааст ва ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд нисбат ба ҳамсари дигар, агар ӯ аз ҷониби суд бедарак ғайбзада ё ғайри қобили амал эътироф шуда бошад ё барои содир намудани ҷиноят ба мӯҳлати зиёда аз се сол маҳкум шуда бошад;
- ҳуҷҷати шаклаш муқарраршуда оид ба вафоти яке аз ҳамсарон ва ё ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд оид ба фавтида эълон намудани яке аз ҳамсарон;
- ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки ба  қувваи қонунӣ даромадааст.
 
Моддаи 41. Маҳалли бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ
1. Бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати ҳамсарон ва ё яке аз онҳо ба қайд гирифта мешавад.
2. Дар ҳолати бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар ҷойи зисти ҳамсарон (яке аз ҳамсарон) мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ӯҳдадор аст дар муддати даҳ рӯз ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ оид ба бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ хабар расонад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
3. Дар сурати бақайдгирии давлатии бекоркунии ақди никоҳи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки дар муддати як моҳ аз рӯзи бақайдгирии давлатии бекоркунии ақди никоҳ ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигоҳдории асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба бақайдгирии давлатии бекоркунии никоҳ хабар расонад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
 
Моддаи 42. Тартиби бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ бо розигии ҳамсароне, ки  фарзандони умумии ноболиғ надоранд
1.  Ҳангоми мавҷуд будани розигии мутақобилаи ҳамсарон барои бекор кардани ақди никоҳ, ки аз ҳамин ақди никоҳ фарзандони умумии ноболиғ надоранд, ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда мешавад.
2. Ҳамсароне, ки хоҳиши бекор кардани ақди никоҳро доранд, ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли хаттӣ аризаи муштаракро оид ба бекор кардани ақди никоҳ пешниҳод менамоянд. Ба ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ бояд шаҳодатномаи ақди никоҳ низ замима карда шавад.
Дар аризаи муштарак дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳамсарон бояд розигии ҳамдигарро барои бекор кардани ақди никоҳ ва надоштани фарзандони  умумии ноболиғ тасдиқ намоянд. Инчунин дар аризаи якҷояи ҳамсарон дар бораи бекор кардани ақди никоҳ бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:
- ном, номи падар, насаб, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат,  маҳалли истиқомати ҳар кадоме аз  ҳамсарон;
- маълумоти сабти асноди ақди никоҳ;
- насабе, ки ҳар яке аз ҳамсарон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ қабул менамоянд;
- маълумоти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти  ҳамсарон;
-сабаби муроҷиати онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
Ҳамсароне, ки хоҳиши бекор кардани ақди никоҳро доранд, ба аризаи  муштарак имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро  нишон медиҳанд.
3. Агар яке аз ҳамсарон имконияти ҳозир шуданро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои додани аризаи якҷоя, ки дар қисми 2  моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, надошта бошанд,  изҳори иродаи онҳо метавонад  дар асоси аризаҳои алоҳидаи пешниҳоднамудаашон ба расмият дароварда шавад. Имзои аризаи ҳамсаре, ки имконияти ҳозир шуданро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ надорад, бояд дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда шавад.
4. Бекор кардани ақди никоҳ ва қайди давлатии бекор намудани он дар ҳузури ҳамсарон ва ё яке аз онҳо бо гузаштани як моҳ аз рӯзи додани аризаи  муштараки ҳамсарон дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ба ҷо оварда мешавад.
 
Моддаи 43. Тартиби бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи яке аз   ҳамсарон
1. Дар асоси аризаи  яке аз ҳамсарон  ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда мешавад, агар ҳамсари дигар:
-  аз ҷониби  суд бедарак ғайбзада эътироф гардида бошад;
- аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф шуда бошад;
- вафот карда бошад ё аз ҷониби суд фавтида эътироф гардида бошад;
- барои содир кардани ҷиноят ба мӯҳлати зиёда аз се сол маҳкум шуда бошад.
2. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳро қабул намудааст, дар муддати се рӯз ҳамсареро, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо намуда истодааст ё васии ҳамсари ғайри қобили амал эътирофшударо ва ё  идоракунандаи молу мулки  ҳамсари бедарак ғайбзадаро, дар ҳолати мавҷуд набудани ин гуна шахсон мақомоти васоят ва парасториро дар бораи дохил шудани ариза ва рӯзи муайяншудаи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ хабардор менамояд.
Дар сурате, ки агар ақди никоҳ бо ҳамсари ғайри қобили амал эътирофшуда  ва ё бо ҳукми суд барои содир намудани ҷиноят ба мӯҳлати зиёда аз се сол ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкумшуда бекор карда шавад, дар хабарнома инчунин зарурати то санаи  таъиншудаи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ хабар додани он насабе, ки шахс мехоҳад пас аз бекор кардани ақди никоҳ қабул намояд, нишон дода шавад.
3. Бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ бо аризаи яке аз ҳамсарон дар ҳузури ӯ бо гузаштани як моҳ аз рӯзи пешниҳод кардани ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ба ҷо оварда мешавад.
 
Моддаи 44. Тартиби бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ  дар асоси ҳалномаи   суд
1. Бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи  суд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати собиқ ҳамсарон (яке аз онҳо) дар асоси иқтибос аз ҳалномаи суд ва аризаи собиқ ҳамсарон (яке аз онҳо) ё аризаи васии ҳамсари ғайри қобили амал ба ҷо оварда мешавад.
2. Дар сурате, ки агар яке аз собиқ ҳамсарон дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда шудани никоҳро қайд карда бошад ва ҳамсари дигар  ба ҳамин мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дертар муроҷиат намояд, маълумот дар бораи ҳамсари собиқ ба сабти асноди бекор кардани ақди  никоҳ, ки пештар тартиб дода шуда буд, дохил карда мешавад.
 
Моддаи 45. Нигоҳ доштан ё тағйир додани насаби  ҳамсарон пас аз бекор  кардани ақди   никоҳ
Ҳамсаре, ки ҳангоми ақди никоҳ насаби худро тағйир додааст, пас аз бекор кардани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад насабашро тағйир надиҳад ё бо талаби ӯ ҳангоми  бақайдгирии бекор кардани ақди никоҳ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ӯ насаби то ақди никоҳ доштааш дода шавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 46Мӯҳтавои сабти аснод оид ба бекор кардани ақди никоҳ
Ба сабти асноди бекор кардани ақди никоҳ маълумоти зерин дохил карда мешаванд:
- ном, номи падар, насаб ( то ва баъд аз  бекор кардани ақди никоҳ), сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, вазифа ва ҷои кор, маҳалли истиқомати ҳар кадоме аз шахсоне, ки никоҳашонро бекор намудаанд; (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
- санаи тартиб дода шудан, рақами сабти асноди ақди никоҳ ва номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки дар он бақайдгирии давлатии ақди никоҳ гузаронида шудааст;
- маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ асос шудаанд;
-  санаи қатъ шудани ақди никоҳ;
- маълумоти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти касоне, ки никоҳашонро бекор менамоянд;
- силсила ва рақами шаҳодатнома дар бораи  бекор кардани ақди никоҳ.
 
Моддаи 47. Шаҳодатномаи  бекор кардани ақди никоҳ
1. Шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ дорои маълумоти зерин мебошад:
- насаб, ном ва номи падари (то ва баъд аз бекор кардани ақди никоҳ), сана ва ҷойи таваллуди ҳар яке аз шахсоне, ки никоҳашонро бекор намудаанд; (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
- санаи қатъи ақди никоҳ;
- санаи тартиб дода шудан ва рақами  сабти аснод оид ба бекор кардани  ақди никоҳ;
- ҷойи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ (номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки  аз тарафи он бақайдгирии давлатии ақди никоҳи  бекоршуда гузаронида шудааст);
- насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ба ӯ шаҳодатномаи бекор карда шудани ақди никоҳ дода мешавад; (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
- санаи дода шудани шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ;
-силсила ва рақами шаҳодатнома. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
2. Шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳар яке аз шахсоне, ки ақди никоҳашонро бекор намудаанд, дар муддати 3 рӯз дода мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
БОБИ 6
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ФАРЗАНДХОНДӢ
 
Моддаи 48. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ
Барои бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ҳалномаи суд дар бораи муқаррар кардани фарзандхондии кӯдак, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, асос мешавад.
 
Моддаи 49. Ҷои бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак
Бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондӣ гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1241)
 
Моддаи 50. Ариза дар бораи бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак
1.  Бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак дар асоси аризаи хаттии ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) ва ё дар асоси хабарномаи мақомоти васоят ва парасторӣ гузаронида мешавад.
2. Дар баробари муроҷиат бояд ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондии кӯдак ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ  қабулкунанда) пешниҳод карда шавад.
3. Агар дар давоми як моҳи баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ шахсони дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида бо ариза ё хабарнома муроҷиат накунанд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд бақайдгирии давлатии фарзандхондиро анҷом медиҳад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1241)
 
Моддаи 51. Мӯҳтавои сабти аснод дар бораи фарзандхондӣ
1. Ба  сабти аснод дар бораи фарзандхондӣ маълумоти зерин дохил карда мешаванд:
- ном, номи падар, насаб,  сана ва ҷойи таваллуди  кӯдак (то ва баъд аз фарзандхондӣ);
- ном, номи падар, насаб,  шаҳрвандӣ, миллати падару модар (яке аз онҳо);
- санаи тартиб додан, рақами  сабти аснод дар бораи  таваллуд ва  номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии  таваллуди кӯдак гузаронида шудааст;
- ном, номи падар, насаб,  шаҳрвандӣ, миллат,  маҳалли истиқомати ба фарзандӣ  қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда);
- санаи тартиб додан, рақами сабти асноди никоҳи ба фарзандӣ қабулкунандагон  ва  номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии ақди никоҳи ба фарзандӣ қабулкунандагон  гузаронида шудааст;
- маълумоти ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондии кӯдак;
- силсила ва рақами шаҳодатномаи додашуда дар бораи фарзандхондӣ.
2. Агар бо ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани фарзандхондии кӯдак ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) падару модари (яке аз онҳо) кӯдак сабт карда шаванд, чунин маълумот ба сабти аснод дар бораи фарзандхондӣ дохил карда мешавад.
 
Моддаи 52. Шаҳодатномаи фарзандхондӣ
Шаҳодатномаи фарзандхондӣ дорои маълумоти зерин мебошад:
- ном, номи падар, насаб,  сана ва ҷойи таваллуди  кӯдак (то  ва баъд аз  фарзандхондӣ);
- ном, номи падар, насаб,  шаҳрвандӣ, миллати ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда);
- санаи тартиб додан ва рақами  сабти аснод дар бораи фарзандхондӣ;
- ҷойи бақайдгирии давлатии фарзандхондии кӯдак (номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ);
- санаи дода шудани шаҳодатномаи фарзандхондӣ;
-силсила ва рақами шаҳодатнома. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
 
Моддаи 53. Тағйир додани сабти асноди таваллуд бо сабаби фарзандхондии кӯдак
1. Дар асоси  сабти аснод дар бораи фарзандхондӣ  ба сабти асноди таваллуди кӯдак тағйироти дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои дохил намудани тағйиру ислоҳҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохил карда мешаванд.
2. Агар бо ҳалномаи суд оид ба муқаррар намудани фарзандхондӣ ҷойи таваллуди кӯдак иваз карда шавад, бо хоҳиши ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда) аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи таваллуди кӯдак, ки дар ҳалномаи суд нишон дода шудааст,  сабти асноди нав дар бораи таваллуди кӯдак тартиб дода шуда, дар асоси  талаботи моддаи 82 Қонуни мазкур сабти  аввалияти  таваллуд бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №483)
3. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигаҳдории  сабти асноди таваллуди кӯдак дар асоси тағйироти дохилкардашуда ва ё тартиб дода шудани сабти асноди нав бо сабаби фарзандхондӣ шаҳодатномаи нави таваллудро дар муҳлати 3 рӯз пас аз лаҳзаи муроҷиат медиҳад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 54. Нигоҳ доштани маълумот дар бораи падару модар (яке аз онҳо) дар  сабти асноди   таваллуди кӯдаки фарзандхондшуда
Агар дар ҳалномаи суд оид ба муқаррар намудани фарзандхондии кӯдак дар бораи нигоҳ доштани  муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии кӯдаки фарзандхондшуда бо падару модараш (яке аз онҳо) нишон дода шуда бошад, маълумот дар бораи падару модари (яке аз онҳо) кӯдак, ки дар қайди асноди таваллуди кӯдак нишон дода шудааст,  тағйир дода намешавад. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1241)
 
Моддаи 55. Тағйир додани  сабти асноди таваллуд бо сабаби бекор кардани фарзандхондӣ
Дар асоси ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ ба  сабти асноди фарзандхондӣ маълумот дар бораи бекор кардани фарзандхондӣ дохил карда шуда, маълумоти аввала дар бораи ном, номи падар, насаб,  сана ва ҷойи таваллуди кӯдак, инчунин маълумот дар бораи падару модари кӯдак дар  сабти асноди таваллуд барқарор карда мешаванд. Шаҳодатномаи  таваллуди кӯдак, ки пештар дода шуда буд, бекор карда, шаҳодатномаи нави таваллуди кӯдак бо назардошти тағйироти ба сабти асноди таваллуд воридгардида  дода мешавад.
 
Моддаи 56. Таъмин намудани сирри фарзандхондии кӯдак аз тарафи мақомоти сабти асноди  ҳолати шаҳрвандӣ
1. Сирри фарзандхондии кӯдакро қонун муҳофизат мекунад.
2. Кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бе розигии ба фарзандхондӣ қабулкунандагон (ба фарзандхондӣ қабулкунанда) ва дар сурати вафоти онҳо бе розигии мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқ надоранд оид ба   фарзандхондӣ ягон маълумот диҳанд ва ҳуҷҷатҳоеро диҳанд, ки аз мӯҳтавояшон   падару модари (яке аз онҳо) кӯдаки фарзандхондшуда набудани ба фарзандӣ қабулкунандагон (ба фарзандӣ қабулкунанда)  маълум мегардад.
3. Шахсоне, ки сирри фарзандхондиро мухолифи иродаи ба фарзандӣ қабулкунандагон фош намудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
БОБИ 7
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МУҚАРРАР НАМУДАНИ ПАДАРӢ
 
Моддаи 57. Асосҳо барои бақайдгирии  давлатии муқаррар намудани падарӣ
Асосҳои бақайдгирии муқаррар намудани падарӣ инҳо  мебошанд:
- аризаи муштараки падар ва модари кӯдак  дар бораи муқаррар намудани падарӣ, ки дар рӯзи таваллуди кӯдак дар ақди никоҳи якдигар қарор надоранд;
- аризаи падари кӯдак дар бораи муқаррар намудани падарӣ, ки дар рӯзи таваллуди кӯдак бо модари ӯ дар ақди никоҳ қарор надошт; (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №483)
- ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва ё муқаррар намудани факти эътирофи падарӣ, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст.
 
Моддаи 58. Ҷойи бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ
Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати падар ё модари кӯдак, ки дар рӯзи таваллуди кӯдак дар ақди никоҳи якдигар қарор надоранд ва ё дар ҷойи қайди таваллуди кӯдак гузаронида мешавад ва дар ҳолати пешбининамудаи моддаи 62 ҳамин Қонун дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва ё муқаррар намудани факти эътирофи падарӣ   гузаронида мешавад.
 
Моддаи 59.  Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ дар асоси аризаи  муштараки  падар ва модари кӯдак, ки дар давраи таваллуди кӯдак  дар ақди никоҳи якдигар қарор надоранд
1. Аризаи муштараки падар ва модари кӯдак дар бораи муқаррар намудани падарӣ, ки дар давраи таваллуди кӯдак байни худ ақди никоҳ надоранд, ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли хаттӣ дода мешавад.
2. Аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ метавонад дар давраи бақайдгирӣ ва инчунин баъд аз бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак  дода шавад.
3. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки асос медиҳанд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ пас аз таваллуди кӯдак ғайриимкон ё мушкил мебошад, падару модари кӯдак, ки ҳангоми таваллуди кӯдак дар ақди никоҳи ҳамдигар қарор надоранд, метавонанд дар давраи ҳомиладории  модар ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо чунин ариза муроҷиат кунанд. Дар сурати мавҷуд будани чунин ариза бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ якҷоя бо бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак гузаронида шуда, аризаи нав талаб карда намешавад, агар то гузаронидани бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак аризаи додашуда аз тарафи падар  ё модар  пас гирифта нашавад.
4. Дар аризаи муштарак оид ба муқаррар намудани падарӣ бояд эътироф намудани падарии шахсе, ки бо модари кӯдак дар  ақди никоҳ  қарор надорад ва розигии модар дар бораи муқаррар намудани падарӣ тасдиқ карда шуда бошад.
Дар аризаи муштарак бояд маълумоти зерин  нишон дода шаванд:
- ном, номи падар, насаб,  сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат ва ҷои истиқомати шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф намудааст;
-  ном, номи падар, насаб,  ҷинс, сана ва ҷойи таваллуди кӯдак, инчунин маълумот дар бораи қайди асноди таваллуд (дар вақти муқаррар намудани падарӣ баъд аз қайди таваллуди кӯдак);
- ном, номи падар, насаб, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат ва ҷойи истиқомати  модари кӯдак;
- маълумоти сабти асноди ақди никоҳ (дар сурати  ақди никоҳ кардани модари кӯдак бо падари ӯ баъд аз таваллуди кӯдак);
- ном, номи падар, насаби кӯдак баъди муқаррар намудани падарӣ;
- маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падар ва модари кӯдак.
Аризадиҳандагон дар аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро нишон медиҳанд.
Дар чунин аризаи то таваллуди кӯдак додашуда розигии падару модар дар бораи ба кӯдак додани насаби падар ё модар ва ном (вобаста ба ҷинси кӯдаки таваллудшуда) тасдиқ карда мешавад.
Дар ҳолати муқаррар намудани падарӣ баъд аз таваллуди кӯдак дар   баробари аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ва дар сурати додани чунин ариза пеш аз таваллуди кӯдак ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳомиладории зан, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ ва ё аз тарафи табиби дар давраи ҳомиладорӣ занро нигоҳубинкарда  дода шудааст,  пешниҳод карда мешавад.
5. Агар падар ё модар имконияти шахсан додани аризаро, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст,  надошта бошанд, розигии онҳо метавонад дар аризаҳои алоҳида дар бораи муқаррар намудани падарӣ қайд карда шавад. Шахсоне, ки ҳангоми додани чунин ариза имконияти ҳузур доштанро  надоранд, имзои онҳо бояд аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ шуда бошад.
 
Моддаи 60. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бо аризаи падари кӯдаке, ки дар давраи таваллуди кӯдак бо модари кӯдак дар ақди никоҳ қарор надорад
1. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бо аризаи падари кӯдак, ки дар давраи таваллуди кӯдак бо модари кӯдак дар ақди никоҳ қарор надорад, дар ҳолате ки агар модари кӯдак вафот карда бошад, ғайри қобили амал эътироф шуда бошад,  мавҷуд набудани маълумот дар бораи ҷойи зисти модар ва ё аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда шуда бошад, бо розигии мақомоти васоят ва парасторӣ, дар сурати набудани чунин розигӣ бо ҳалномаи суд  гузаронида мешавад.
2. Ариза дар бораи муқаррар намудани падарӣ аз тарафи падар ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли хаттӣ дода мешавад.
Дар чунин ариза бояд факти эътироф намудани падарии шахсе, ки бо модари кӯдак дар ақди никоҳ қарор надорад ва мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1  моддаи мазкур тасдиқ шуда бошад.
Дар ариза дар бораи муқаррар намудани падарӣ инчунин бояд маълумоти зерин нишон дода шуда бошанд:
- ном, номи падар, насаб,  сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат ва ҷойи истиқомати шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф намудааст;
- ном, номи падар, насаб,  ҷинс, сана ва ҷойи таваллуди кӯдак,  маълумот дар бораи сабти асноди таваллуди ӯ;
- маълумот дар бораи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи  вафоти модар, ғайри қобили амал эътироф  намудани ӯ,  ғайриимкон будани муқаррар намудани ҷойи зисти ӯ ва ё аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум карда  шудани  ӯ;
- ном,  номи падар, насаби кӯдак баъди муқаррар намудани падарӣ;
-  маълумоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падар.
Аризадиҳанда ба ариза имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро  нишон медиҳад.
Бо додани  чунин ариза бояд  шаҳодатномаи вафоти модар, нусхаи ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудани модар ё маҳрум намудан аз ҳуқуқи модарӣ ва ё ҳалномаи суд дар бораи бедарак ғайбзада эътироф намудани модар ё ҳуҷҷате, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилии ҷойи охирини истиқомати зан, ки ғайриимкон будани муқаррар намудани ҷойи  зисти занро тасдиқ менамояд, пешниҳод карда мешавад.
3. Бо додани ариза аз тарафи падар дар бораи муқаррар намудани падарӣ нисбат ба шахси ноболиғ бояд дар якҷоягӣ бо чунин ариза ҳуҷҷати тасдиқкунандаи розигии мақомоти васоят ва парасторӣ дар бораи муқаррар намудани падарӣ, ки аз тарафи ин мақомот дода шудааст, пешниҳод карда шавад.
 
Моддаи 61. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ нисбат ба шахси ба балоғатрасида
Агар бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ нисбат ба шахсе, ки дар  рӯзи додани ариза дар бораи муқаррар намудани падарӣ ба балоғатрасида гузаронида шавад, тибқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 59 ва 60  Қонуни мазкур дар  баробари ин ариза дар шакли хаттӣ розигии шахси ба балоғатрасида дар бораи муқаррар намудани падарӣ пешниҳод карда мешавад. Агар  ӯ ғайри қобили амал эътироф шуда бошад, бо чунин ариза розигии васии ӯ ё мақомоти васоят ва парасторӣ дар шакли хаттӣ  пешниҳод карда мешавад. Розигии шахси ба балоғатрасида метавонад дар аризаи алоҳида ва ё тавассути имзои аризаи  муштараки падару модар (аризаи падар) баён карда шавад.
 
Моддаи 62.  Рад кардани бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ
Дар ҳолати мавҷуд будани маълумот оид ба падар дар  сабти асноди таваллуди кӯдак роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падариро рад намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар  сабт дар бораи падари кӯдак  бо аризаи модар бо тартиби пешбининамудаи қисми 3 моддаи 19 Қонуни мазкур  тартиб дода шуда бошад.
 
Моддаи 63. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ дар асоси ҳалномаи суд
1. Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ  дар асоси қарори суд дар бораи муқаррар намудани падарӣ ё муқаррар намудани факти эътирофи падарӣ  бо аризаи хаттии модар ё падари кӯдак, васии (парастори) кӯдак, шахсе, ки дар нигоҳубини ӯ кӯдак қарор дорад ва  инчунин худи кӯдаки ба балоғатрасида гузаронида мешавад.
2. Шахсоне, ки дар қисми 1  моддаи мазкур нишон дода шудаанд, метавонанд дар шакли хаттӣ шахсони дигарро барои муроҷиат намудан дар бораи бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ ваколатдор намоянд.
3. Маълумот дар бораи падари кӯдак мувофиқи маълумоти нишондодашуда дар ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва ё муқаррар намудани факти эътирофи падарӣ ба сабти аснод дар бораи муқаррар намудани падарӣ дохил карда мешавад.
 
Моддаи 64. Мӯҳтавои сабти аснод дар бораи муқаррар намудани падарӣ
Ба  сабти аснод дар бораи муқаррар намудани падарӣ маълумоти зерин дохил карда мешаванд:
- ном, номи падар, насаб, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, вазифа, ҷои кор, ҷойи истиқомати шахсе, ки падари кӯдак эътироф шудааст; (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
- ном, номи падар, насаб (то муқаррар намудани падарӣ), ҷинс, сана ва ҷойи таваллуди кӯдак;
- санаи тартиб дода шудан, рақами  сабти аснод дар бораи таваллуд ва  номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак гузаронида шудааст;
- ном, номи падар, насаби кӯдак баъд аз муқаррар намудани падарӣ;
- ном, номи падар, насаб, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, вазифа, ҷойи кор, ҷойи истиқомат ва миллати модари кӯдак;
- маълумот дар бораи ҳуҷҷате, ки барои муқаррар намудани падарӣ асос шудааст;
- ном, номи падар, насаб,  ҷойи истиқомати аризадиҳанда (аризадиҳандагон);
- силсила ва рақами шаҳодатномаи додашуда дар бораи муқаррар намудани падарӣ.
 
Моддаи 65. Шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ
1. Шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ  дорои маълумоти зерин мебошад:
- ном, номи падар, насаб, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллати   шахсе, ки падари кӯдак эътироф шудааст;
- ном, номи падар, насаб  (то ва баъд аз муқаррар намудани падарӣ), сана ва ҷойи таваллуди кӯдак;
- ном, номи падар, насаб, сана ва ҷойи  таваллуд, шаҳрвандӣ ва миллати модари кӯдак;
- санаи тартиб дода шудан ва рақами сабти аснод дар бораи муқаррар намудани падарӣ;
-  ҷойи бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ  (номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки  аз тарафи он бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ гузаронида шудааст);
- санаи дода шудани шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ;
-силсила ва рақами шаҳодатнома. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
2. Шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба падару модар (яке аз онҳо) дар рӯзи муроҷиат ройгон дода мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 66. Ба сабти асноди таваллуди кӯдак бо сабаби муқаррар намудани падарӣ ворид намудани тағйирот
1. Дар асоси  сабти аснод дар бораи муқаррар намудани падарӣ ба сабти асноди таваллуди кӯдак маълумот дар бораи падари ӯ дохил карда мешавад. Дохил намудани маълумот дар бораи падар ва иваз намудани ном, номи падар, насаби кӯдак бо тартиби  пешбининамудаи Қонуни мазкур дар бораи ворид намудани ислоҳу тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда мешавад.
2. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ӯҳдадор аст бинобар  муқаррар намудани падарӣ аз ворид намудани ислоҳу тағйирот ба мақомоти  сабти асноди таваллуди кӯдак ба мақомоти шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷойи истиқомати модари кӯдак дар муддати се рӯзи баъди бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ хабар диҳад.
 
БОБИ 8
БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ИВАЗ НАМУДАНИ НАСАБ, НОМ ВА НОМИ ПАДАР
 
Моддаи 67. Иваз намудани ном, номи падар, насаб
1. Шахси ба синни шонздаҳ расида ҳуқуқ дорад ном, номи падар, насаби худро иваз намояд.
2. Иваз намудани номи шахс тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ сурат мегирад. Иваз намудани насаб ва номи падар тибқи анъанаҳои миллӣ дар асоси талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад  (қҶТ аз 15.03.2016 с., №1292).
3.  Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо хоҳиши худ метавонанд номи худро тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ё анъанаҳои миллиашон иваз намоянд. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми иваз намудани номи намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, талаботи қисми 11 моддаи 20 Қонуни мазкурро татбиқ менамоянд  ҶТ аз 15.03.2016 с., №1292).
4. Иваз намудани насаб, ном ва номи падари аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати шахсе, ки хоҳиши иваз намудани ном, номи падар, насабро дорад, ба ҷо оварда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198).
5.  Иваз намудани ном, номи падар, насаб аз тарафи шахсе, ки   ба балоғат нарасидааст, дар сурати мавҷуд будани розигии падару модар, ба фарзандӣ қабулкунандагон ва ё парастор гузаронида мешавад. Дар ҳолати набудани  чунин розигӣ дар асоси ҳалномаи суд, ғайр аз ҳолатҳое, ки агар шахс то ба балоғат расидан бо тартиби муқаррарнамудаи қонун пурра қобили амал шуда  бошад.
6. Иваз намудани номи шахси ба синни  шонздаҳ нарасида ва инчунин иваз намудани насаби ба ӯ додашуда ба насаби яке аз падару модари дигар дар асоси қарори мақомоти васоят ва парасторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
7.  Иваз намудани ном, номи падар, насаб дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
 
Моддаи 68. Ариза дар бораи иваз намудани ном, номи падар, насаб
Ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомат дар шакли хаттӣ дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №483)
Дар чунин ариза бояд маълумоти зерин нишон дода  шавад:
- ном, номи падар, насаб, сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, ҷойи истиқомат, вазъи оилавии (дар ақди никоҳ қарор дорад ё не, бевазан ё занмурда, ҷудошуда) аризадиҳанда;
-  ном, номи падар, насаб, ҷойи таваллуди ҳар яке аз кӯдакони аризадиҳанда, ки ба балоғат нарасидаанд;
- маълумоти  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки пештар нисбати аризадиҳанда ва нисбати ҳар яке аз кӯдакони ӯ, ки ба балоғат нарасидаанд, тартиб дода шудааст;
- насаб, ном ё номи падар, ки аз тарафи шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падарро дорад, интихоб карда шудааст;
-  сабабҳои иваз намудани насаб, ном ё номи падар.
Шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ё номи падарро дорад, дар ариза оид ба иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро нишон медиҳад.
Дар як вақт бо додани чунин ариза бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
- шаҳодатномаи таваллуди шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падарро дорад;
- шаҳодатномаи ақди никоҳ, агар аризадиҳанда дар ақди никоҳ қарор дошта бошад;
- шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ, агар аризадиҳанда бо сабаби бекор шудани ақди никоҳ  гирифтани насаби пешазникоҳиашро талаб намояд;
-  шаҳодатномаи таваллуди ҳар яке аз кӯдакони ноболиғи аризадиҳанда; (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
- шаҳодатнома дар бораи фарзандхондӣ, ё шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ, дар сурате  ки агар аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ ё муқаррар намудани падарӣ  гузаронида шуда бошад.
 
Моддаи 69. Тартиби бақайдгирии давлатии иваз намудани ном, номи падар, насаб
1. Бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи  падар дар асоси ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар гузаронида мешавад.
2. Ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар бояд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар муддати на дертар аз як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда шавад. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1763)
Бо сабабҳои узрнок (нагирифтани нусхаи  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба он бояд тағйирот ворид карда шавад) мӯҳлати баррасӣ намудани ариза  оид ба иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар метавонад аз тарафи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоятӣ, дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур бошад, аз тарафи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳуриявӣ ба мӯҳлати понздаҳ рӯз дароз карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637; аз 29.01.2021с., №1763)
3. Дар вақти қабул намудани  ариза оид ба иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  нусхаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро, ки бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар ба он бояд тағйирот ворид карда шавад, аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои нигоҳдории он талаб менамояд.
Агар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба он бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар бояд тағйирот дохил карда шавад, аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда бошад, давраи то дастрас шудани нусхаи ин сабт ба муҳлати дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда дохил карда намешавад. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1763)
4. Агар  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба он бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар бояд тағйирот дохил карда шавад, гум шуда бошад, бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар танҳо баъди аз нав барқарор намудани сабтҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  гузаронида мешавад.
Агар дар ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои  сабти асноди ҳолати шаҳрвандие,  ки якҷоя бо ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи  падар пешниҳод   шудаанд, маълумоти онҳо ба ҳам мувофиқат накунанд, чунин номувофиқатиҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур  барои дохил намудани ислоҳ ва тағйирот дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бартараф карда мешаванд.
Дар сурати  зарур будани барқаррор намудан ва ё  тағйир додани  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мӯҳлати дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда то ҳал шудани масъала  дар бораи барқарор кардан ва ё тағйир додани  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ боздошта мешавад.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ парвандаи омодашударо оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар барои санҷиши шахсият ба шӯъбаи корҳои дохилии ҷойи истиқомати шаҳрванд мефиристад. Пас аз гирифтани ҷавоби хаттии натиҷаи санҷиш мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба рад намудан ва ё қонеъ гардонидани парвандаи омодашуда оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар хулоса омода намуда, аз натиҷаи он аризадиҳандаро ба таври хаттӣ огоҳ менамояд.
Агар дар ҷавоби хаттии шӯъбаи корҳои дохилӣ қайд шуда бошад, ки аризадиҳанда ҳангоми додани ариза таҳти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор дорад ва ё доғи судиаш бардошта нашудааст, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ хоҳиши аризадиҳандаро оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар рад менамояд. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
Ҷавоби хаттӣ аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии ҷойи истиқомат бояд дар муддати на дертар аз 15 рӯз пешниҳод карда шавад. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1763)
5.  Агар ба шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падарро дорад, ба  қайди давлатӣ гирифта шудани он рад карда шуда бошад, роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ӯҳдадор аст, ки сабаби рад карданашро дар шакли хаттӣ  пешниҳод намояд. Ҳуҷҷатҳое, ки  дар як вақт бо ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар   пешниҳод шуда буданд, бояд баргардонида шаванд.
Барои рад кардан оид ба  иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар шаҳрванд метавонад ба мақомоти дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоятӣ ё ҷумҳуриявӣ ва ё суд дар муддати се моҳ аз рӯзи гирифтани хабарнома дар бораи рад кардан шикоят оварад.
6. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ӯҳдадор аст, ки дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар дар муддати 7 рӯзи бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар  ба мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбии ҷойи истиқомати аризадиҳанда хабар диҳад ва хабарномаро барои даровардани ислоҳҳо ба нусхаи дуюми сабти асноди таваллуд ба бойгонии вилоятӣ ва ҷумҳуриявии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ фиристад.
 
Моддаи 691 . Хулосаи мақомоти сабти  асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва насаб
1.Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва натиҷаи санҷиш мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати аризадиҳанда хулосаро дар шакли тасдиқшуда дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва насаб ё рад намудан (иваз намудан)-и он дар ду нусха тартиб медиҳанд.
2. Қарор дар бораи иваз намудани ном, номи падар ва насаб дар асоси хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомат аз ҷониби мақомоти болоии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ) қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №483)
 
Моддаи 70. Мӯҳтавои сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар
Ба  сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар   маълумоти зерин дохил карда мешавад:
- ном, номи падар, насаб,  сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллат, ҷои истиқомати шахс то иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар;
- ном, номи падар, насаби шахс баъд аз иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар;
- сана ва рақами сабти аснод дар бораи таваллуд ва  номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз тарафи он бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак  гузаронида шудааст;
- силсила ва рақами шаҳодатномаи додашуда дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар.
 
Моддаи 71. Шаҳодатнома дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар
Шаҳодатнома дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар дорои  маълумоти зерин  мебошад:
- ном, номи падар, насаб  (то ва баъд аз иваз намудани онҳо), сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, миллати шахсе, ки   насаб, ном ва (ё) номи падарро иваз кардааст;
- санаи тартиб додан ва рақами сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар;
- ҷойи бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар (номи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки  аз тарафи он бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё)  номи падар гузаронида шудааст);
- санаи дода шудани шаҳодатномаи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи  падар;
-силсила ва рақами шаҳодатнома. (ҚҶТ аз 26.03.09 с., № 496)
 
Моддаи 72. Тағйир додани  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо сабаби иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи  падар
1. Дар асоси  сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки пештар нисбати шахсе, ки насаб, ном ва (ё) номи падарро иваз намудааст, тартиб дода шуда буд, тағйирот дохил карда шуда, шаҳодатномаи нав дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо назардошти тағйироти ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохилшуда дода мешавад.
2. Ҳангоми иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар  аз тарафи падару модар маълумот дар бораи падару модар дар  сабти асноди таваллуди кӯдаки ба балоғатнарасида тағйир дода мешавад.
Дар  сабти асноди таваллуди кӯдаки ба балоғатрасида маълумот дар бораи падару модари  ӯ бо аризаи худи ӯ (шахси ба балоғатрасида) бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур  барои ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тағйир дода мешавад.
3.  Ҳангоми иваз намудани насаб аз тарафи падару модар  ва номи падар дар  сабти асноди таваллуди кӯдаки ба синни  шонздаҳнарасида насаб ва номи падари кӯдак иваз карда мешавад.
Ҳангоми иваз намудани насаби яке аз падару модар, насаби кӯдаки онҳо,  ки ба синни  шонздаҳ нарасидааст, метавонад бо розигии падар ва модар, вале дар сурати набудани чунин розигӣ, бо нишондоди мақомоти васоят ва парасторӣ  иваз карда  шавад.
Иваз намудани номи падар ва насаби кӯдаки ба балоғатрасида бо сабаби иваз  намудани насаби падару модари  ӯ ва номи падар бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур барои бақайдгирии давлатии иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар  ба ҷо оварда мешавад.
4. Дар асоси тағйироти воридкардашуда ба  сабти асноди таваллуди кӯдаки ба балоғатнарасида шаҳодатномаи нав дар бораи таваллуд дода мешавад.
 
БОБИ 9
ВОРИД НАМУДАНИ ИСЛОҲ, ТАҒЙИРОТ ВА ИЛОВАҲО БА САБТИ
АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
 
Моддаи 73. Асосҳо барои ворид намудани ислоҳ,  тағйирот, иловаҳо ва қайдҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
(ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
1. Ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо  ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар қисми 2  моддаи мазкур нишондода ва ҳангоми набудани баҳс байни шахсони манфиатдор ба ҷо оварда мешавад.
Ҳангоми мавҷуд будани баҳс байни шахсони манфиатдор ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси ҳалномаи суд ворид карда мешаванд.
2. Асосҳои ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ чунинанд:
- сабти аснод дар бораи фарзандхондӣ;
- сабти аснод дар бораи муқаррар намудани падарӣ;
- сабти аснод дар бораи иваз намудани насаб, ном ва (ё) номи падар;
-  ҳалномаи суд;
- қарори мақомоти васоят ва парасторӣ дар бораи иваз намудани насаб  ва (ё) номи  кӯдак;
- аризаи модаре, ки бо падари кӯдак дар як никоҳ қарор надорад,  оид ба  сабти асноди таваллуд дохил намудани маълумот дар бораи падари кӯдак ё оид ба тағйир ва хориҷ намудани онҳо;
- аризаи шахси ба балоғатрасида оиди дар сабти асноди таваллуди ҳамин шахс (шахси ба балоғатрасида) тағйир додани маълумот дар бораи падару модар (яке аз онҳо) дар сурати тағйир додани насаб, ном ва (ё) номи падари  падару модар;
-  ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи муқаррар намудани шахсияти фавтида, ки аз тарафи мақомоти таҳқиқ ё тафтиш дода шудааст ва марги он ҳамчун марги шахси номаълум ба қайд гирифта шудааст;
-  хулоса, хабарномаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи дохил намудани тағйирот ё иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин  модда.
3. Дар сурати пешниҳод шудани ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот, иловаҳо ва қайдҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ду ва зиёда кӯдаки ноболиғ аз як оила аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои ҳамаи онҳо як хулосаи умумӣ тартиб дода мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
 
Моддаи 74. Хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ё иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Хулоса дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ё иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб дода мешавад, агар:
- дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ маълумоти нодуруст ё нопурра қайд шуда ва инчунин ба хатоҳои имлоӣ роҳ дода шуда бошад;
- пешниҳоди ҳуҷҷати шакли муқарраршуда дар бораи иваз намудани ҷинс, ки аз тарафи муассисаи тиббӣ дода шудааст.
 
Моддаи 75. Ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1.  Ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи шахси манфиатдор ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати ӯ дода мешавад.  Агар  сабти аснод, ки ба он бояд ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо дохил карда шаванд, дар дигар шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мавҷуд бошад, ба ин шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи дохил намудани тағйирот ё ислоҳҳо хабарнома ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳои  зарурӣ  равон карда мешавад.
Дохил намудани ислоҳ, тағйирот  ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шахси вафоткарда, ки пештар нисбат ба он тартиб дода шуда буд, бо аризаи хешу табори шахси вафоткарда ва ё дигар шахси манфиатдор дохил карда мешавад.
2. Дар аризаи дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд маълумоти  зерин нишон дода шаванд:
-  ном, номи падар, насаб,  сана ва ҷойи таваллуд,  маҳалли истиқомати аризадиҳанда;
-  маълумоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аризадиҳанда мехоҳад ба он ислоҳ, тағйирот ё иловаҳо дохил намояд.
Аризадиҳанда дар ариза дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо имзо гузошта, санаи тартиб дода шудани онро қайд менамояд.
Дар як вақт бо пешниҳоди чунин ариза бояд шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки он бо сабаби ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд иваз карда шавад ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷой доштани асосҳо барои ворид намудани ислоҳ тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод карда шаванд. Инчунин аз тарафи аризадиҳанда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ пешниҳод карда шавад.
 
Моддаи 76. Тартиби баррасӣ намудани ариза дар бораи дохил намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо  ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ариза дар бораи дохил намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи ворид шудани ариза баррасӣ карда шавад.
Дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок (нагирифтани нусхаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба он бояд ислоҳ,  тағйирот ва иловаҳо дохил карда шаванд ва ғайра) мӯҳлати баррасӣ намудани аризаро роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад ба мӯҳлати на бештар аз ду моҳ дароз намояд.
2. Ҳангоми қабул намудани ариза дар бораи дохил намудани ислоҳ,  тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  нусхаи сабти асноди ҳолати  шаҳрвандиро, ки ба он бояд ислоҳ,  тағйирот ва иловаҳо дохил карда шаванд ва инчунин нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои  сабти асноди тасдиқкунандаи ҷой доштани асосҳоро барои ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо талаб менамояд.
3. Дар сурати мавҷуд будани ариза дар бораи дохил намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар қисми 2 моддаи 75 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, дар асоси ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии талабкардашуда  ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дохил карда мешаванд ва ё  дохил намудани ин ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба аризадиҳанда рад карда мешавад.
Дохил намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё рад кардани  дохил намудани ин ислоҳ,  тағйирот ва иловаҳо дар асоси хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ,  дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 74 Қонуни мазкур ба ҷо оварда мешаванд.
4. Агар ба шахс барои  дохил намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад карда шуда бошад, роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ӯҳдадор  мешавад, ки сабаби рад карданро дар шакли хаттӣ  пешниҳод намояд. Ҳуҷҷатҳое, ки якҷоя бо ариза дар бораи  дохил намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешниҳод шуда буданд, баргардонида мешаванд.
5. Барои аз тарафи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад кардани дохил намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аризадиҳанда  метавонад ба мақомоти болоии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё суд  муроҷиат намояд.
 
Моддаи 77. Тартиби дохил намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигаҳдории сабти аснод, ки ба он бояд ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо дохил карда шавад, ба ҷо оварда мешаванд.
2. Дар асоси ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба аризадиҳанда шаҳодатномаи нав дар бораи қайди давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад.
Роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вазифадор аст  дар муддати се рӯз аз рӯзи дохил намудани ислоҳ,  тағйирот ва иловаҳо  ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоятӣ ё ҷумҳуриявӣ ва дар як вақт ба мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомати аризадиҳанда хабар диҳад.
 
БОБИ 10
БАРҚАРОР  Ё БЕКОР НАМУДАНИ САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
 
Моддаи 78. Асосҳо барои барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар он сабти асноди ҳолати шаҳрвандии гумшуда тартиб дода шуда буд, дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки пештар мавҷуд будани чунин сабтҳоро тасдиқ мекунанд (шаҳодатнома дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё нусхаҳои шаҳодатномаи дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ) ё дар асоси ҳалномаи суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, гузаронида мешавад.
2. Дар асоси сабти асноди ҳолати шаҳрвандии барқароршуда шаҳодатнома   дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо ишора намудан дар бораи барқарор шудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад.
 
Моддаи 79. Ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли  тасдиқшуда ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи (шаҳри)  маҳалли истиқомати аризадиҳанда дода мешавад. Ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа доимӣ сукунат доранд, ба  муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода мешаванд. Барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандие, ки ҳамин сабт пештар вуҷуд дошт, бо талаби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба ҷо оварда мешавад.
2. Ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи шахсоне дода мешавад, ки нисбат ба онҳо  ҳамин қайд пештар тартиб дода шуда буд.
Сабти кӯдаконе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд, дар асоси аризаи падару модари онҳо, ба фарзандӣ қабулкунандагон (қабулкунанда), васӣ (парастор), инчунин дигар шахсон ва муассисаҳо, ки ноболиғ дар тарбияи онҳо қарор дорад, аз нав барқарор карда мешавад. Ҳангоми зарурат дар ҳолатҳои алоҳида ноболиғони ба синни шонздаҳ расида  метавонанд бо чунин ариза ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намоянд.
Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нисбат ба шахсоне, ки бо тартиби муқарраркардаи Қонун ғайри қобили амал эътироф шудаанд, дар асоси аризаи васии онҳо барқарор карда мешавад.
Дар баробари ариза дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ё ҳуҷҷати гумшуда) ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти падару модар;
-шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар;
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-маълумотномаи бойгонӣ оид ба набудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.
(ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
3. Нисбат ба шахсони вафоткарда сабти дахлдор дар асоси ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти  марг аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати аризадиҳанда ба қайд гирифта  мешавад.
 
Моддаи 80. Хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва натиҷаи санҷиш мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли истиқомати аризадиҳанда хулосаро дар шакли тасдиқшуда дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё рад намудани барқарор кардани он дар ду нусха тартиб медиҳад.
Дар сурати рад кардани барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ   сабаби рад кардан бояд қайд карда шавад.
2. Хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия) дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё рад намудани барқароркунии он бояд дар Раёсати  асноди ҳолати шаҳрвандии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад. (ҚҶТ аз 28.06.11 с., №733)
3. Хулосаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр (ноҳия)дар бораи барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки аз тарафи Раёсати  асноди ҳолати шаҳрвандии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе тасдиқ карда шудааст, бояд ҳатман дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷое, ки қайди гумшуда дар он ҷо буд, иҷро карда шавад. (ҚҶТ аз 28.06.11 с., №733)
 
Моддаи 81. Барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси ҳалномаи суд
Ҳангоми рад кардани барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандии гумшуда бо сабаби набудани имконияти барқарор намудани он аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барқарор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бе тартиб додани хулоса дар асоси ҳалномаи суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, ба ҷо оварда мешавад.
 
Моддаи 82. Бекор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
Бекор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандии аввала ва ё барқароршуда аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи нигоҳдории сабти асноди ҳолати шаҳрванд, ки бояд бекор карда шавад, дар асоси ҳалномаи суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, ба ҷо оварда мешавад.
 
БОБИ 11.
БОЙГОНИИ МАҚОМОТИ САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
 
Моддаи 83. Ташаккулёбии фонди бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Фонди бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҳисоби китобҳои бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, китобҳои метрикӣ, ки то ташкил намудан ё аз нав барқарор кардани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб дода шудаанд, инчунин дигар асноди вобаста ба тағйироти ба санадҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ воридгардида ташаккул меёбад.
2. Китобҳои бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар он нусхаҳои якуми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷамъ оварда,  дӯхта, рақамгузорӣ карда ва муҳр гузошта шудаанд, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии онҳо нигоҳ дошта мешаванд.
3. Китобҳои бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар он нусхаҳои  дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷамъ оварда, дӯхта, рақамгузорӣ карда ва муҳр гузошта шудаанд, инчунин китобҳои метрикӣ, ки то ташкил намудан ё  барқарор кардани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тартиб дода шудаанд, дар бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ нигоҳ дошта мешаванд.
4. Нусхаҳои якум ва дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудаанд,  баъд аз ба охир расидани сол якҷоя бо ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии маълумоти аснод асос шуда буданд, барои нигаҳдорӣ ба  бойгонии ҷумҳуриявии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ супорида мешаванд.
5. Нусхаҳои дуюми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо рақами тартибӣ ва намудҳои сабти аснод аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бақайдгирии онҳо ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида мешаванд. Ҳуҷҷатҳои аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо ба Агентии мазкур воридшуда пас аз таҳлил дар муддати на дертар аз шаш моҳ ба бойгонии ҷумҳуриявӣ ва бойгониҳои вилоятӣ баргардонида мешаванд.
6. Тартиби ҳисоботдиҳӣ, ворид намудани ислоҳ, тағйирот, иловаҳо ва қайдҳоро ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нигоҳдории бойгонӣ, тартиби муроҷиат ва додани ҳуҷҷатҳоро мақоми ваколатдор оид ба назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муайян мекунад.
7. Тартиб, шартҳо ва мӯҳлати нигоҳдории китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва китобҳои метрикӣ дар бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва тартиби додугирифти китобҳои мазкур ба бойгонии давлатӣ аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 19.07.19 с., №1637)
 
Моддаи 84. Муҳлати нигоҳдории санадҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
1. Нусхаҳои якуми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба муҳлати  75 сол аз рӯзи тартиб додани онҳо нигоҳ дошта мешаванд.
2. Дар навбати худ бойгониҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳар ду нусхаи сабти аснодро бо ҳам муқоиса намуда, ислоҳ, тағйирот, иловаҳо ва қайдҳои заруриро ворид менамоянд, сабти асноди корношоямшударо иваз мекунанд ва бо тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда, онҳоро ба Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории доимӣ месупоранд.
(ҚҶТ аз 18.03.15 с., №1198)
 
БОБИ 12
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 85. Қоидаҳои  интиқолӣ
Қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби додани асноди ҳолати шаҳрвандиро танзим менамоянд, дар қисмате, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надоранд, амал мекунанд.
Асноди ҳолати шаҳрвандие, ки пеш аз интишори расмии Қонуни мазкур дода шудаанд, эътибор доранд.
 
Моддаи 86. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур
Кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи онҳо ҳангоми бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрванд вайрон карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 87. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                Э.Раҳмонов
 
ш. Душанбе, 29 апрели соли 2006
№ 188