ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 21/01/2021 - 16:21
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
374
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
20.03.2008
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, №1-2, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298; с. 2020, №1, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298)
(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 516, аз 11.03.2010 № 599, аз 28.06.2011 № 748, аз 22.07.2013 № 989, аз 27.11.2014 № 1136, аз 15.03.2016 № 1284, аз 24.02.2017 № 1387, № 1388, № 1389, аз 30.05.2017 № 1441, аз 2.01.2020 № 1663, аз 17.12.2020 № 1735, аз 29.01.2021 № 1756, аз 08.06.2022 № 1876)
 
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, хизмат дар мақомоти Агентӣ, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд  (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблаљҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
2. Агентӣ дар фаъолияти худ танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соле як маротиба оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявӣ ҳисобот пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
Моддаи 2. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Агентӣ
1. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Агентиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
2. Фаъолияти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 3. Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ
1. Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ инҳоянд:
- татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо коррупсия(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663);
- дар доираи ваколати худ таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти иқтисодии давлат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидор, ҷамъият ва давлат (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663);
- амалӣ намудани мубориза бо коррупсия дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ,ташкилотҳои қарзӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136, аз 24.02.2017 № 1387);
- муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1284);
- амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);
- гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷӯӣ бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъ ва фошнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир кардаанд;
- гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд;
- гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);
- дар доираи ваколати худ ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387, аз 13.11.2023 № 1988);
- амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳое, ки ба ваколати Агентӣ мансубанд;
- амалӣ намудани дигар вазифаҳое, ки санадҳои қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти Агентӣ
1. Фаъолияти Агентӣ мутобиқи принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- қонуният;
- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- баробарии ҳама дар назди қонун;
- яккасардорӣ ва идоракунии муттамарказонида;
- истифодаи усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият;
- алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар фаъолият;
- љайриҳизбият.
Моддаи 5. Риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар фаъолияти Агентӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387)
1. Агентӣ дар доираи ваколати худ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, қатъи назар аз шаҳрвандӣ, ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкӣ ҳимоя мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
2. Корманди Агенти дар ҳама ҳолатҳо вазифадор аст ба шаҳрванд, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд асосу сабаби махдуд кардани ҳуқуқу озодиҳояшро фаҳмонад.
3. Корманди Агентӣ ҳуқуқи ҳимоя ва дигар ҳуқуқҳои шахсони дастгиршуда ва ҳабсгардидаро таъмин мекунад, дар ҳолатҳои зарурӣ муоинаи тиббии онҳоро мегузаронад, инчунин бетаъхир дар бораи дастгир намудани онҳо ба хешовандон, маъмурияти ҷои кор ё таҳсил ва дар муддати 12 соат ба прокурор хабар медиҳад, дар мавриди зарурат ба дастгиршудагон барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, инчунин барои рафъи хатар, ки ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки онҳо ҳангоми дастгиркунӣ ё ҳабс таҳдид менамояд, тадбирҳо меандешад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
4. Агентӣ ҳуқуқи ҷамъ овардан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва паҳн кардани маълумотро дар бораи ҳаёти шахс бе розигии худи ӯ, ба истиснои мавридҳое, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, надорад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
5. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба истиснои мавридҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, манъ аст. Агентӣ вазифадор аст шахсро бо ҳуҷҷатҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқу озодиҳои вай шинос намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
6. Агар шахс ҳисоб кунад, ки ҳуқуқу озодиҳои ӯ аз тарафи мақомоти Агентӣ ё шахсони мансабдори он поймол карда шудаанд, метавонад нисбати амали ин мақомот ва шахсони мансабдор ба мақомоти болоии Агентӣ, прокуратура ё суд шикоят кунад.
Моддаи 6. Дахолат накардан ба фаъолияти Агентӣ
1. Дахолат кардани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ, воситаҳои ахбори омма, намояндагон ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти Агентӣ дар мавриди амалӣ намудани иҷрои ваколатҳояш манъ аст (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
2. Ба ҳар восита таъсир расонидан ба кормандони Агентӣ бо мақсади монеъ шудан дар амалӣ намудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо мақсади қабул намудани қарори љайриқонунӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегардад.
3. Кормандони Агентӣ вазифадор нестанд, ки оид ба моҳияти парвандаҳо ва маводҳои дар истеҳсолоташон буда ягон хел тавзеҳот диҳанд, онҳоро барои шинос шудан пешниҳод кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
4. Дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии корманди Агентӣ, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳоро истифода мебарад, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии ољозгардида нисбати корманди Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
Моддаи 7. Ҳатмӣ будани иҷрои талаботи кормандони мақомоти Агентӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663)
1. Талаботи кормандони мақомоти Агентӣ, ки аз ваколатҳои дар ҳамин Қонун зикршуда бармеоянд, бояд ҳатман дар мӯҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд вобаста ба дархости мақомоти Агентӣ иттилооти заруриро пешниҳод намоянд ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи мақомоти Агентӣ гузошта, мусоидат намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
3. Ахбори оморӣ ва дигар маълумот, ҳуҷҷатҳо ё нусхаи онҳо, ки барои амалӣ намудани иҷрои ваколатҳои Агентӣ ё тафтиши ҷиноятҳо заруранд, бо талаботи кормандони мақомоти Агентӣ ройгон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
4. Шахсони мансабдор, шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд вазифадоранд, ки бо даъвати кормандони мақомоти Агентӣ ҳозир шаванд ва аз рӯи моҳияти масъалаҳое, ки дар рафти санҷиш муайян карда мешаванд, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнот диҳанд.
5. Шахсони мансабдор, шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои бе сабабҳои узрнок рад намудан ва саркашӣ аз пешниҳоди саривақтии иттилоот ё ҳуҷҷатҳои зарурии пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дидаю дониста пешниҳод намудани иттилооти бардурӯљ ба дархости қонунии мақомоти Агентӣ, ҳамчунин саркашӣ аз ҳозиршавӣ бо даъвати асосноки корманди мақомоти Агентӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 8. Ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1988)
1. Ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд аз ҷониби Агентӣ мувофиқи тартиби муайянкардаи Низомномаи ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1988).
Моддаи 9. Иштирок дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
1. Агентӣ дар рафти амалӣ намудани ваколатҳои худ ҳангоми зарурати такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонад ба субъекти ваколатдоре, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад ё ба мақоме, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст, дар бораи қабул, ворид намудани таљйиру иловаҳо ё аз эътибор соқит кардани онҳо таклифҳо пешниҳод намояд.
Моддаи 10. Баррасии муроҷиатҳо
1. Мақомоти Агентӣ муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳое, ки санҷишу тафтиши онҳо ба ваколати Агентӣ вогузор шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, барои рафъи камбудиҳои ошкоргардида чораҳо меандешад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
БОБИ 2. НИЗОМ, СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ АГЕНТӢ
Моддаи 11. Низом ва сохтори мақомоти Агентӣ
1. Мақомоти Агентиро Директори Агентӣ роҳбарӣ мекунад.
2. Мақомоти Агентӣ дорои низоми ягонаи марказонидашуда буда, аз Дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллӣ- раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шӯъбаҳои минтақавӣ иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).
3. Сохтори Дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии Агентӣ аз воҳидҳои назорати давлатии молиявӣ, муқовимат ба коррупсия, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, тафтишотӣ ва дигар воҳидҳо иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599, аз 2.01.2020 № 1663, аз 08.06.2022 № 1876).
4. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти Агентӣ ва сохторҳои тобеи он, инчунин таҳкими ташкилию штатии мақомоти Агентӣ, тасдиқи Низомномаи Агентӣ, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Сохтори воҳидҳои Дастгоҳи марказӣ, мақомоти маҳаллии Агентӣ аз тарафи Директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).
5. Агентӣ, мақомоти маҳаллии он шахсони ҳуқуқӣ буда, дорои ҳуқуқи идоракунии оперативии моликияти ба онҳо вобастакардашуда ва объектҳои таъиноти иҷтимоии маишӣ ва хоҷагидорӣ мебошанд. Агентӣ дорои муҳр ва нишони фарқкунанда мебошад. (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599, аз 24.02.2017 № 1388, аз 2.01.2020 № 1663).
6. Низомнома дар бораи нишони Агентӣ, тасвир ва тавсифи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
Моддаи 12. Директори Агентӣ
1. Директори Агентӣ:
- аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад;
- бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад;
- роҳбарии мақомотро анҷом медиҳад, ваколат ва масъулияти муовини якум ва муовинон, сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо, бахшҳо ва роҳбарони дигар воҳидҳои Агентиро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387, аз 30.05.2017 № 1441, аз 08.06.2022 № 1876).
Моддаи 13. Ваколати Директори Агентӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387)
1. Директори Агентӣ бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ:
- дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба воҳидҳои сохтории Агентӣ роҳбарӣ мекунад, супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- низомнома, дастур, дастурамал ва дигар санадҳои меъёрии воҳидҳои сохториро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663);
- оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории Агентӣ ва воҳидҳои маҳаллии он, инчунин оид ба таҳкими ташкилию воҳидӣ, кадрӣ ва моддию техникии мақомот, ворид намудани таљйирот ба Низомномаи Агентӣ, сохтори Дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1876);
- харҷнома ва ҷадвали воҳидҳои Агентиро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат ва шумораи кормандони аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо бо ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599, аз 2.01.2020 № 1663, аз 08.06.2022 № 1876);
- шахсони мансабдор ва дигар кормандони масъули Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва шӯъбаҳои минтақавӣ, инчунин кормандони ҳайати хизматрасони Дастгоҳи марказиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599);
- нақшаи умумии тафтишу санҷишҳои молиявии Агентиро барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1876);
- ҳар шаш моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Агентӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;
- оид ба натиҷаҳои фаъолияти таҳлилию назоратӣ, тафтиши молиявӣ ва санҷишҳо оид ба иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, самаранокии истифодабарии фондҳо, молу мулки давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот, хулосаҳо ва таклифҳо, инчунин оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои марбут ба ваколати Агентӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);
- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иқтисодии давлат, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иштирок менамояд;
- дар доираи ваколати худ кормандони Агентиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳо ва унвонҳои махсуси дахлдор сарфароз мегардонад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ додани рутбаҳои олӣ ва унвонҳои махсус пешниҳод манзур менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1876);
- масъалаҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомии кормандонро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал менамояд;
- оид ба сарфарозгардонии кормандони Агентӣ бо мукофотҳои давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- дар доираи ваколати худ фармоишҳои дорои хусусияти меъёрӣ ва љайримеъёрӣ қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387, аз 2.01.2020 № 1663);
- ба шахсони мансабдор дастурҳои хаттӣ ва пешниҳод оид ба бартараф кардани камбудиҳои молиявӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ирсол менамояд, ки баррасии онҳо аз ҷониби шахсони мансабдор ва мақомоту ташкилоти дахлдор ҳатмӣ мебошад;
- қарорҳои хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи воҳидҳои сохтории Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани онҳо дар қонунгузорӣ муқаррар нашуда бошад;
- Агентиро дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар намояндагӣ менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида ҳамкориро бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба роҳ мемонад;
- иҷрои ӯҳдадориҳоро оид ба созишномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии мубориза бо коррупсия, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, таъмин ва назорат менамояд;
- дигар вазифаҳои пешбиникардаи қонунгузориро иҷро менамояд.
Моддаи 14. Муовини якум ва муовинони Директори Агентӣ
1. Муовини якум ва муовинони Директори Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд ва бевосита ба Директори Агентӣ тобеъ мебошанд.
2. Муовини якум ва муовинони Директори Агентӣ фаъолияти хизматиашонро дар доираи ӯҳдадориҳои вазифавии худ, ки аз тарафи Директори Агентӣ муқаррар мегардад, амалӣ намуда, ба соҳаҳои алоҳидаи ба онҳо вогузоршудаи фаъолияти Агентӣ роҳбарӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
Моддаи 15. Дастгоҳи марказӣ
1. Дастгоҳи марказӣ дар доираи ваколати пешбининамудаи ҳамин Қонун ва Низомномаи Агентӣ вазифаҳои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва дигар вазифаҳоро оид ба огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
2. Дар Дастгоҳи марказӣ раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо мавҷуданд. Дар раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо ваколатдорони калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони оперативӣ, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, навбатдорони калони оперативӣ, навбатдорони оперативӣ, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавҷуданд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663, аз 08.06.2022 № 1876).
Моддаи 16. Ҳайати мушовараи Агентӣ
1. Барои ҳалли масъалаҳои муҳимтарини фаъолияти Агентӣ дар назди Директори Агентӣ ҳайати мушовара аз ҷумлаи муовини якум ва муовинони Директор аз рӯи вазифа ва сардорони раёсату шуъбаҳо дар доираи шумораи пешбининамудаи Низомномаи Агентӣ бо пешниҳоди Директори Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1876).
Моддаи 17. Мақомоти маҳаллии Агентӣ
(Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599)
1. Мақомоти маҳаллии Агентӣ дар ҳудуди маъмурии вобасташуда вазифаҳои Агентиро дар доираи ваколатҳои худ иҷро менамоянд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).
2. Ба мақомоти маҳаллии Агентӣ сардорони дахлдор роҳбарӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).
3. Дар мақомоти маҳаллии Агентӣ шӯъбаҳо ва ё бахшҳо ташкил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).
4. Дар сохторҳои мақомоти маҳаллии Агентӣ ваколатдорони калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдорони калони оперативӣ, ваколатдорони оперативӣ, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим, муфаттишони калон, муфаттишон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон, навбатдорони калони оперативӣ, навбатдорони оперативӣ, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисон мавҷуданд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599, аз 24.02.2017 № 1388, аз 2.01.2020 № 1663).
5. Сардорони мақомоти маҳаллии Агентӣ бо тартиби муқарраргардида оид ба таљйир додани шумораи ҳайати шахсии кормандони воҳидҳои тобеи худ ба Директори Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).
6. Сардорони мақомоти маҳаллии Агентӣ дар доираи ваколати худ кормандони ҳайати хизматрасонро ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599).
7. Сардорони мақомоти маҳаллии Агентӣ дар доираи ваколати худ фармоишҳо қабул менамоянд, ки иҷрои онҳо барои кормандони тобеъ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 11.03.2010 № 599, аз 2.01.2020 № 1663).
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ АГЕНТӢ
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387)
Моддаи 18. Ӯҳдадориҳои мақомоти Агентӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663)
1. Мақомоти Агентӣ вобаста ба вазифаҳои дар наздаш гузошташуда ӯхдадор аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663):
- самтҳои афзалиятноки мубориза бо коррупсияро муайян намояд;
- дар доираи ваколат барномаҳо ва нақшаҳои чорабиниҳои мубориза бар зидди коррупсияро таҳия ва амалӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);
- дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намояд;
- мубориза бо коррупсияро дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои қарзӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ амалӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136, аз 24.02.2017 № 1387);
- ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро огоҳ, пешгирӣ, ошкор ва рафъ намояд, аз рӯи ин амалҳо санҷиш гузаронад;
- бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаљгузории терроризм мубориза барад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);
- тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ барад;
- бо мақсади огоҳсозӣ, пешгирӣ ошкорсозӣ, рафъ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад;
- оид ба барқарор намудани зарари молумулкӣ ва молиявӣ чораҳо андешад;
- сирри давлатӣ ё дигар сирреро, ки бо қонун муҳофизат карда мешавад ва дигар маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба даст омадааст, ҳифз намояд;
- арзу шикоят, иттилооту маълумот, маводҳо оид ба санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва тафтишоти хизматиро нисбат ба хизматчиёни давлатӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ баррасӣ намояд;
- ҳангоми аз тарафи кормандони Агентӣ вайрон кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқҳои халалдоршудаи шаҳрвандонро барқарор намояд, зарари расонидаро ҷуброн намояд ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгор чораҳои зарурӣ андешад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);
- дар мавриди зарурат амнияти шахсии кормандони мақомоти Агентӣ ва аҳли оилаи онҳоро таъмин намояд;
- дигар ӯҳдадориҳои пешбиникардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.
Моддаи 19. Ҳуқуқҳои мақомоти Агентӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663)
1. Мақомоти Агентӣ, дар доираи ваколатҳои худ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663): 
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти судӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидаткунанда дастури хаттӣ диҳад ва пешниҳод ирсол намояд. Дар дастури хаттӣ ва пешниҳод, ки санадҳои эътиноии Агентӣ буда, баррасии онҳо ҳатмӣ мебошад, тарзу усулҳои бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия ва бархӯрди манфиатҳо мусоидаткунанда нишон дода мешаванд. Дастури хаттӣ дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз баррасӣ ва пешниҳод на дертар аз 1 моҳ бо иштироки ҳатмии кормандони воҳидҳои Агентӣ муҳокима гардида, аз натиҷааш ба Агентӣ хабар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1388);
- бо мақсади муқаррар намудани мувофиқати санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо ба талаботи қонунгузорӣ ба суд барои бекор кардан ё ба прокурори дахлдор оид ба овардани эътироз аз болои чунин санадхо пешниҳод оварад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);
- дар ҷараёни тафтиш ва санҷишҳои молиявӣ, амалиётҳои таҳқиқотӣ ва тафтишотӣ ба хазинаҳо, мошинҳои назоратӣ - хазинавии дорои хотираи фискалӣ, бино ва ҷои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, технологияҳои иттилоотӣ, маблаљҳои пулӣ ва арзишҳои моддӣ мӯҳр занад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136, аз 24.02.2017 № 1387);
- ҳангоми саркашӣ аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё таҳрифшуда, саркашӣ аз иҷрои талаботи қонунии кормандони мақомоти Агентӣ, масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор ва соҳибмулкони дахлдори иморату иншоотҳо, анборҳо, нуқтаҳои савдо ва дигар иншоотҳоро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ баррасӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663);
- ҳангоми мавҷуд будани маводи боэътимод оид ба содиршавии ҷинояти коррупсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон азназаргузаронии шахсӣ, бори дастӣ ва баљоҷи мусофирони тамоми намуди нақлиётро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);
- барои баррасӣ ва такмили масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шӯроҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳои дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ таъсис диҳад;
- экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷиҳати дар онҳо ошкор намудани омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия гузаронад ва бо ин мақсад дорои воҳиди илмӣ - ташхисӣ бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);
- оид  ба  ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ,  иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо  андоз  алоқаманд,  бинобар тафтиши  парвандаи  ҷиноятӣ санҷиши фаъолияти молиявию иқтисодӣ ва дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои кофӣ тибқи дархости хаттии  Агентӣ  якҷоя бо  мутахассисони  мақомоти  андоз  санҷишҳои андози шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии субъектҳои хоҷагидориро сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ  ва намуди фаъолияти онҳо гузаронад;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати санҷиш ва ё тафтишоти пешакӣ асл ва нусхаҳои қарорҳо, фармоишҳо, ҳуҷҷатҳои зарурии вобаста ба коррупсияро аз тамоми мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои Қарзӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори онҳо оид ба масъалаҳои ба ваколатҳои Агентӣ мансуббуда талаб карда гирад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);
- оид ба масъалаҳои ба ваколати мақомоти Агентӣ тааллуқдошта бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);
- дар ҳолати зарурӣ аз мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор гузаронидани муоина, ташхис, тафтиши молиявӣ, санҷиш, мониторинг, хронометраж, аудит ва баҳодиҳиро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387);
- ҳангоми пешгирии бевоситаи ҷиноят, таъқиби шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда дар ҳолати доштани маълумоти кофӣ ба ҳудуд ва бинои вазорату идора, корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, қитъаи замини шахсони алоҳида (ба истиснои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда), инчунин минтақаҳои сарҳадӣ ва назорати гумрукӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ (ба иншооти реҷаашон махсус - ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсус) барои гузаронидани амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ ворид гардад;
- барои иҷрои баъзе амалиётҳои тафтишотӣ ҳуқуқи даромадани шаҳрвандонро ба иншоот ва бино муваққатан маҳдуд ё манъ кунад;
- дар ҳолатҳои таъхирнопазир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз воситаҳои алоқа ва нақлиётие, ки ба ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ё шаҳрванд (љайр аз воситаҳои нақлиётии намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ, консулгариҳо, дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ) тааллуқ доранд, бемамониат истифода намояд. Зиёни моддии расонидашуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибони воситаҳои алоқа ва нақлиёт барқарор карда мешавад;
- аз воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ба таври ройгон истифода намояд;
- шаҳрвандонеро, ки ба мақомоти Агенти дар иҷрои вазифаҳояшон ёрӣ расонидаанд, ҳавасманд гардонад, таъин гардидани мукофотро барои кӯмак кардан дар ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир кардани шахсоне, ки онҳоро содир намудаанд, эълон кунад ва онро ба шаҳрвандон супорад;
- системаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла  маҷҷала ва сомонаи идоравиро дар шабакаи Интернет ташкил ва истифода намояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387, аз 2.01.2020 № 1663);
- дигар ҳуқуқҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд.
Моддаи 20. Фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯии мақомоти Агентӣ
1. Воҳидҳои оперативии мақомоти Агентӣ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" анҷом медиҳанд.
Моддаи 21. Тафтиши ҷиноят аз ҷониби мақомоти Агентӣ
1. Мақомоти Агентӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятие, ки тафтишоташон ба ваколати онҳо вогузор шудааст, тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ тафтишоти пешакӣ мегузаронанд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
Моддаи 22. Изолятори (тавқифгоҳи) нигоҳдории муваққатӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663)
1. Бо мақсади нигоҳ доштани дастгиршудагон Агентӣ дорои изолятори (тавқифгоҳи) нигаҳдории муваққатӣ мебошад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он истифода менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
БОБИ 4. ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ҶИСМОНӢ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АГЕНТӢ
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136)
Моддаи 23. Ҳуқуқ, шартҳо ва доираи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳ оташфишон
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136)
1. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳуқуқ доранд силоҳи оташфишон ва воситаҳои махсусро баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор бо худ нигоҳ доранд ва гирифта гарданд. Онҳо метавонанд аз қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон танҳо дар ҳолатҳо ва тибқи тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" пешбинӣ кардааст, истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
БОБИ 5. ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТИ АГЕНТӢ
Моддаи 24. Вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти Агентӣ
1. Корманди мақомоти Агентӣ шахсе ба ҳисоб меравад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар хизмат ва ҳайати эҳтиётии кадрҳои мақомоти Агентӣ қарор дошта, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутба ва ё унвони махсус дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441).
2. Кормандони мақомоти Агентӣ намояндаи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, таҳти ҳимояи давлат мебошанд. Иҷрои талаботи қонунии кормандони мақомоти Агентӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441).
3. Ба кормандони мақомоти Агентӣ барои тасдиқи шахсият ва ваколаташон шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад. Тасвири шаҳодатномаи хизматӣ аз тарафи Директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Иҷро накардани талаботи қонунии мақомоти Агентӣ, таҳқир намудан, муқобилият нишон додан, таҳдиди зӯрӣ ё сӯиқасд ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф ва молу мулки корманди мақомоти Агентӣ, аъзои оила ва хешовандони наздики ӯ бинобар сабаби иҷрои вазифаҳои хизматиаш боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Зарари моддие, ки ба корманди мақомоти Агентӣ, аъзои оилаи ӯ ва хешовандони наздики ӯ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблаљи буҷети давлатӣ пурра ҷуброн карда шуда, ин маблаљ аз ҳисоби шахсони гунаҳкор мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷет руёнда мешавад.
5. Корманди мақомоти Агентӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз будан ё набудан дар иҷрои вазифаҳои хизматиаш дар ҳолати муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин шахсони мансабдор бо ариза ё хабар оид ба ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ва ё дар ҳолати бевосита ошкор намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо вазифадор аст, ки ба роҳбари бевоситаи худ ё ба мақомоти наздиктарини Агентӣ хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441).
6. Корманди мақомоти Агентӣ барои расонидани зарар ҳангоми истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон ҷавобгар нест, агар ин зарар дар асоси талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
7. Корманди мақомоти Агентӣ аз рӯи қарор ва ҳаракатҳое, ки нисбати ӯ қабул мешаванд, ҳуқуқ дорад ба мақомоти болоӣ ё суд муроҷиат намояд.
Моддаи 25. Танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатии кормандони Агентӣ
1. Муносибатҳои меҳнатии кормандони мақомоти Агентӣ тибқи ҳамин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар он қисме, ки ба ҳамин Қонун мухолиф нест, ба танзим дароварда мешаванд.
2. Тартиб ва шартҳои ба ҳайати эҳтиётии раёсати кадрҳои мақомоти Агентӣ гирифтани кормандонро Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамоянд.
3. Давомнокии вақти корӣ барои кормандони мақомоти Агентӣ дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Ҳангоми зарурати иҷрои корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва чорабиниҳои тафтишотӣ мумкин аст кормандони мақомоти Агентӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматии зиёда аз вақти муқарраршуда, инчунин шабона, рӯзҳои истироҳат ва ид ба кор ҷалб карда шаванд. Дар чунин мавридҳо ҳаққи хизмати корманд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. Ҷалб кардани кормандони мақомоти Агентӣ ба иҷрои вазифаҳое, ки ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузор накардааст, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
Моддаи 26. Хизмат дар мақомоти Агентӣ
1. Ба хизмат дар мақомоти Агентӣ шахсе ба кор қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синнаш ба 20 расида бошад, дорои таҳсилоти миёна ва (ё) олии касбӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба љайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва вазъи саломатиаш барои адои хизмат дар мақомоти Агентӣ мувофиқ бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441, аз 29.01.2021 № 1756).
2. Ба хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агенти шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, синнаш то 35 бошад, дорои таҳсилоти олии касбӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба љайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва вазъи саломатиаш барои адои хизмат дар мақомоти Агентӣ мувофиқ бошад. Нисбати шахсоне, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хизмат дар Агентӣ гузаштаанд, маҳдудияти синнусолӣ паҳн намегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441, аз 29.01.2021 № 1756).
3. Ба хизмат ба мақомоти Агентӣ шаҳрвандоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд, қабул карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
4. Ҳангоми ба мақомоти Агентӣ ба кор қабул шудан шаҳрвандон, ба љайр аз ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
5. Ишљоли мансаби холӣ дар Агентӣ дар асоси озмун ва ё дар ҳолатҳои зарурӣ бо тариқи гузариш аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи дигар вазорату идораҳое, ки маҳорати баланди касбиро доро мебошанд, дар асоси қарори ҳайати мушовараи Агентӣ ва бо фармоиши Директори Агентӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
6. Нисбати шахсоне, ки аз рӯи ихтисосашон таҷрибаи кофии амалӣ надоранд, то 6 моҳ мӯҳлати коромӯзӣ муқаррар карда мешавад.
7. Ҳангоми қабул шудан ба мақомоти Агентӣ кормандон бо тартиби муқарраршудаи савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ савганд ёд мекунанд.
8. Ба кормандони мақомоти Агентӣ иҷро кардани вазифаи дигари музднок, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва ташкилотҳои сиёсӣ ва ба соҳибкорӣ машљул шудан манъ аст, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.
9. Ӯҳдадорони ҳарбие, ки ба вазифаи ҳайати роҳбарикунандаи хурд, миёна, калон ва олии воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ таъин мешаванд, бо тартиби муайяншуда аз қайди ҳарбӣ баромада, дар қайди махсуси воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ гузошта мешаванд.
10. Кормандони дорои рутбаҳои ҳарбӣ, махсус ва дараҷавӣ, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба вазифа таъин шудаанд, рутбаҳои онҳо ба рутбаҳои махсуси кормандони Агентӣ баробар эътироф карда шуда, мӯҳлати хизмати пештараашон ба мӯҳлати хизмати онҳо дар Агентӣ дохил мешавад. Баробаркунии рутбаҳои дараҷавӣ ва тахассусии кормандони дигар мақомоти давлатӣ, ки дар Агентӣ ба вазифа таъин мегарданд, бо дарназардошти собиқаи хизмати давлатии онҳо тибқи Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Чунин ҳуқуқҳоро кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ низ ҳангоми ба дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба кор гузаштан доранд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1876).
11. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ либоси ягона доранд, ки он ройгон дода мешавад. Намунаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
12. Дар сурати ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ таъмин накардани либоси хизматӣ, маблаљи либос ҷуброн карда мешавад.
13. Синни ниҳоии хизмат дар мақомоти Агентӣ барои мардон 63 сол ва барои занон 58 сол мебошад. Нисбати кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ синни ниҳоии хизматро вобаста ба рутбаҳои махсус Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ муайян менамояд. 
14. Корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки 25 сол ва зиёда аз он собиқаи хизмат дорад, барои аз рӯи собиқаи хизмат ба нафақа баромадан ҳуқуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1389).
15. Дар сурати зарурат директори Агентӣ метавонад мӯҳлати дар хизмат будани кормандро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то 2 сол дароз намояд. Дар ин ҳолат корманд метавонад фаъолияти хизматии худро дар асоси шартномаи меҳнатии мӯҳлатнок давом диҳад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441).
16. Дигар масъалаҳоро доир ба тартиби адои хизмат дар Агентӣ Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, ба танзим медарорад.
Моддаи 26(1). Ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда дар мақомоти Агентӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663)
1. Бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ дар мақомоти Агентӣ ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунанда гузаронида мешавад.
2. Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти Агентиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
Моддаи 27. Рутбаҳо ва унвонҳои махсуси кормандони мақомоти Агентӣ
1. Ба кормандони мақомоти Агентӣ вобаста ба вазифаи ишљол кардаашон ва собиқаи кор рутбаҳо ва ё унвонҳои махсус дода мешаванд.
2. Рутбаҳои махсуси кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти Агентӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Номгӯи мансабҳо ва тартиби додани рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти Агентиро Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1876).
4. Рутбаҳо ва ё унвонҳои махсуси кормандони Агентӣ якумра мебошанд. Дар вақти ба истеъфо рафтани кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба рутбаҳои махсуси онҳо ибораи "дар истеъфо" илова карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1876).
Моддаи 28. Таъминоти моддию иҷтимоии кормандони мақомоти Агентӣ
1. Барои таъмини сатҳи дахлдори зиндагии корманди мақомоти Агентӣ ва оилаи ӯ ба корманд музди меҳнат ва имтиёзҳо муқаррар карда мешавад.
2. Музди меҳнати кормандони мақомоти Агентӣ аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои рутбаҳо ва унвонҳои махсус, инчунин собиқаи хизмат иборат аст.
3. Ҳамчунин ба кормандони Агентӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулиҳо барои шароити махсуси кор ва дигар иловапулиҳо пардохт карда мешавад.
4. Маоши вазифавии кормандони мақомоти Агентӣ, инчунин андоза ва тартиби додани иловапулиҳо барои рутбаҳо ва унвонҳои махсус, собиқаи хизматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
5. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бар ивази озуқаворӣ ҷубронпулӣ пардохта мешавад, ки ҳаҷми онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
6. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1735) .
7. Ҳангоми ба сафари хизматӣ баромадани кормандони мақомоти Агентӣ онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар меҳмонхонаҳо бенавбат ҷой гиранд ва барои тамоми навъҳои нақлиёт бенавбат чипта гиранд.
8. Ба кормандони мақомоти Агентӣ, ки барои кори доимӣ ба дигар ҷой фиристонида шудаанд, хароҷоти кӯчидан, роҳпулии худ ва аъзои оилаашон пурра пардохта мешавад.
9. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ба кормандони мақомоти Агентии ба вазифа таъиншуда ва кормандони эҳтиёҷманд барои беҳтар кардани шароити манзилӣ дар навбати аввал, вале на дертар аз шаш моҳ, новобаста аз муддати дар ҳамин маҳалли аҳолинишин зиндагӣ карданашон, манзили истиқоматии хизматӣ диҳанд. Кормандони мақомоти Агентӣ ба масоҳати иловагии манзил ҳуқуқ доранд.
10. Кормандони мақомоти Агентӣ то ба онҳо аз рӯи тартиби муқарраршуда барои зиндагонии доимӣ додани хонаи истиқоматии хизматӣ барои ҷуброни маблаљи иҷораи хонаҳои истиқоматӣ ҳуқуқ доранд.
11. Бо ризоияти кормандони мақомоти Агентӣ ба онҳо ба ивази хонаи истиқоматии хизматӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидан ё сохтани манзил ба мӯҳлати то 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад.
12. Дар хонаҳои истиқоматие, ки кормандони мақомоти Агентӣ зиндагӣ мекунанд, бенавбат телефон гузаронида мешавад. Аз рӯи ҳамин тартиб дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактаб-интернатҳо, муассисаҳои табобатии тобистона барои фарзандони кормандони мақомоти Агентӣ ҷой муҳайё карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
Моддаи 29. Рухсатии меҳнатии кормандони Агентӣ
1. Ба кормандони мақомоти Агентӣ рухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи давомнокиаш 30 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Роҳпулии рафту омади кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба ҷои истироҳат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад. Рухсатии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда барои собиқаи хизмати давлатӣ ба кормандони мақомоти Агентӣ ба мӯҳлатҳои зерин дода мешавад:
баъди 5 сол - 3 рӯзи тақвимӣ;
баъди 10 сол - 6 рӯзи тақвимӣ;
баъди 15 сол - 10 рӯзи тақвимӣ;
баъди 20 сол - 15 рӯзи тақвимӣ.
2. Ба кормандони мақомоти Агентӣ инчунин дигар намуди рухсатиҳои меҳнатии пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома оид ба тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дода мешавад.
Моддаи 30. Тартиби бо нафақа таъмин намудани кормандони Агентӣ
1. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида, бо сабаби беморӣ ё ки пурра гардидани собиқаи хизматӣ ба нафақа мераванд, ба имтиёзҳои барои кормандони милитсия пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ", аз ҷумла ба таъминоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатие, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
2. Ҳаҷми нафақаи кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки аз хизмат бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида, аз рӯи беморӣ, ё ки пурра гардидани собиқаи хизматӣ озод шудаанд, аз таъминоти пурраи пулӣ ҳисоб карда мешавад.
3. Ҳангоми ба хизмати мақомоти Агентӣ қабул шудани мугахассисон аз мақомоти судӣ, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҳарбикунонидашуда як соли собиқаи меҳнатиашон барои таъмини нафақа ва илова намудани маоши изофагӣ ба собиқаи хизматӣ баробар ба як соли собиқаи хизматӣ дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти Агентӣ ҳисобида мешавад. Дигар шаҳрвандоне, ки ба хизмати мақомоти Агентӣ қабул мешаванд, ду соли собиқаи умумии меҳнатии онҳо барои таъмини нафақа ва илова намудани маоши изофагӣ ба собиқаи хизматӣ баробар ба як соли собиқаи хизматӣ дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти Агентӣ ҳисобида мешавад.
4. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд ва боз хизматро давом медиҳанд, ҳар моҳ ба таъминоти пулиашон то 25 фоиз маоши иловагӣ мегиранд. Тартиб ва шарти пардохти иловапулии мазкур аз ҷониби Директори Агентӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1876).
5. Таъмини нафақаи кормандони воҳидҳои назорати давлатии молиявии Агентӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суљуртавӣ ва давлатӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
Моддаи 31. Ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоии кормандони мақомоти Агентӣ
1. Кормандони мақомоти Агентӣ намояндагони ҳокимияти давлатӣ буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Хешовандони онҳо, дар мавридҳои истисноӣ бошад, шахсони дигар, ки ба ҳаёт ва саломатиашон ба мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии кормандони мақомоти Агентӣ қасд карда мешавад, ҳамчунин моликияти онҳо таҳти чунин ҳимоя қарор доранд.
2. Тартиб ва шароити амалӣ намудани ҳимояи давлатии кормандони мақомоти Агентиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Кормандони мақомоти Агентӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон вафот кардаанд, ҳамчунин кормандони аз хизмат ҷавобшудаи мақомоти Агентӣ, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар натиҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтан ё ба саломатиашон расонидани зиёни дигар вафот кардаанд, аз ҳисоби маблаље дафн карда мешаванд, ки барои бо пул таъмин кардани мақомоти Агентӣ ҷудо карда шудааст.
4. Кормандони мақомоти Агентӣ аз ҳисоби маблаљҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо суљуртаи ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешаванд. Дар сурати ба корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ расонидани зарари ҷисмонӣ, ки ба фаъолияти касбӣ машљул шуданро имконнопазир мегардонад, ба ӯ кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 6 (шаш) маоши таъминоти пулӣ аз ҳисоби маблаљҳои дахлдори Агентӣ пардохта мешавад, ки минбаъд ин маблаљ аз шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад. Ҳангоми ҳалок гардидани корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, бинобар иҷрои фаъолияти хизматӣ ба оилаи корманди ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии он буда, кумакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 8 (ҳашт) маоши таъминоти пулии корманди ҳалокгардида, аз ҳисоби маблаљҳои дахлдори Агентӣ пардохта мешавад, ки минбаъд аз шахсони гунаҳкор бо ҷуброни ин маблаљ аз лаҳзаи пардохт рӯёнида мешавад. Ҳангоми пеш аз мӯҳлат рухсат шудани корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ аз хизмат, бо сабаби гирифтор шудан ба беморӣ дар рафти иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ, ба ӯ кумакпулии якдафъаина ба андозаи 5 (панҷ) маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар гардидааст, пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
5. Ба кормандони воҳидҳои назорати давлатии молиявии Агентӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда, бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" кумакпулии якдафъаина пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
6. Агар ба кормандони мақомоти Агентӣ ба иртиботи иҷрои фаъолияти хизматиашон ҷароҳати ҷисмонӣ ё ба саломатиашон зарари дигаре расонида шавад, ки минбаъд ба фаъолияти касбӣ машљул шудани онҳоро љайриимкон мегардонад, барояшон ҳар моҳ фарқи байни музди миёнаи якмоҳа ва нафақаи ба ҳамин сабаб таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблаљи пардохт, ки аз ҳисоби суљуртаи ҳатмии давлатӣ гирифта шудааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.
7. Агар кормандони мақомоти Агентӣ вобаста ба фаъолияти хизматиашон вафот кунанд, ҳамчунин кормандони мақомоти Агентии аз хизмат ҷавобшуда, дар натиҷаи вобаста ба фаъолияти хизматӣ ба онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ ё ба саломатиашон зиёни дигар расонидан вафот кунанд, ба аъзои љайри қобили меҳнати оилае, ки дар таъминоти онҳо мебошанд, фарқи байни ҳиссаи барояшон баробаршавандаи қисми музди миёнаи меҳнати вафоткарда ва нафақаи бинобар гум кардани саробон барояшон таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблаљи пардохт, ки аз ҳисоби суљуртаи ҳатмии давлатӣ гирифта шудааст, ҳар моҳ ҷубронпулӣ дода мешавад. Барои муайян кардани ин қисми музди миёнаи меҳнати шахси вафоткарда ба шумораи аъзои оилаи дар таъминоташ буда, аз ҷумла аъзои қобили меҳнат тақсим карда мешавад.
8. Барои оилаи корманди вафоткарда ҳуқуқи гирифтани манзили истиқоматӣ бо шарту асосҳое, ки то лаҳзаи вафот кардани кормандони мақомоти Агентӣ ҷой доштанд, нигоҳ дошта мешавад.
9. Зараре, ки аз несту нобуд ё хароб кардани молу мулки кормандони мақомоти Агентӣ ё ин ки молу мулки аъзои оилаи онҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон расидааст, дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ҷуброн мегардад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
10. Асос барои надодани суљуртапулӣ ва ҷубронпулии дар ҳамин модда пешбинишуда фақат ҳукм ё қарори суд нисбати шахсе шуда метавонад, ки ба вафот кардани кормандони мақомоти Агентӣ, ба онҳо расидани ҷароҳати ҷисмонӣ ё нобуду хароб кардани молу мулки ба онҳо тааллуқдошта айбдор дониста шудааст ва мувофиқи қарори дахлдор муқаррар шудааст, ки ин ҳодиса ба иҷрои вазифаи хизматиашон вобастагӣ надорад.
11. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди мақомоти Агентӣ оиди ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, танҳо аз тарафи Прокурори генералӣ ва Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ољоз карда мешавад. Тафтиши ин гуна парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи муфаттишони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 516, аз 22.07.2013 № 989).
Моддаи 32. Асосҳо барои қатъ шудани хизмат дар мақомоти Агентӣ
1. Хизмат дар мақомоти Агентӣ дар мавриди аз вазифа озод намудан, аз ҷумла бинобар ба истеъфо ва нафақа баромадан қатъ меёбад.
2. Љайр аз асосҳои пешбинишудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод намудани корманд бо ташаббуси Директори Агентӣ дар мавридҳои зерин сурат гирифта метавонад:
- расидан ба синни ниҳоии хизмат дар мақомоти Агентӣ;
- қатъ шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441);
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1441);
- ба охир расидани мӯҳлати хизмат мувофиқи қарордод;
- риоя накардани шартҳои қарордод аз ҷониби корманд;
- ихтисори басти корӣ;
- дар асоси хулосаи комиссияи тиббии дахлдор оид ба корношоямии корманд бинобар вазъи саломатиаш;
- аз рӯи натиҷаи аттестатсия;
- даљалона ва ё мунтазам вайрон кардани интизоми хизматӣ;
- содир кардани рафторе, ки ба шарафи корманди Агентӣ иснод меорад ё шикастани савганд;
- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд;
- тасдиқ гардидани ҳолати аз тарафи корманд фош карда шудани маълумоти дорои сирри давлатӣ, хизматӣ ва сирри дигаре, ки бо қонун ҳифз карда мешавад;
- ба кори дигар гузаштани корманд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1876);
- вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.
3. Дар ҳолати қатъ шудани хизмат корманд аз қайди махсуси мақомоти Агентӣ бароварда шуда, дар қайди ҳарбӣ гузошта мешавад, агар ба синни ниҳоии қайди шахсони эҳтиётӣ барои гузаштани хизмати ҳарбӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, нарасида бошад.
4. Дар сурати љайриқонунӣ аз вазифа озод намудан корманд метавонад ҳуқуқи худро ба воситаи суд ҳимоя намояд.
Моддаи 32(1). Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони мақомоти Агентӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663)
Кормандони мақомоти Агентӣ (ба истиснои хизматчиёни гражданӣ) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1663).
БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИИ АГЕНТӢ
Моддаи 33. Мавзӯи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ
1. Агентӣ мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсадҳои зерин амалӣ мегардонад:
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд;
- ҷуброни зарари аз ҷинояткорӣ расонидашуда;
- расонидани ёрииҳамдигарии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);
- ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои коррупсионии трансмиллӣ, кофтукови шахсони ҷиноятсодиркарда барои ба ҷавобгарии муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);
- пешгирӣ намудани қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаљгузории терроризм, инчунин воридшавии ин маблаљҳо ба иқтисодиёти кишвар ва дигар ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);
2. Агентӣ дар доираи ваколати худ бо мақомоти дахлдори дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ робитаҳо барқарор менамояд, бо онҳо ҳамкорӣ мекунад, оид ба масъалаҳои ёрии ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ шартномаҳо мебандад. Дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
Моддаи 34. Принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ
1. Агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ дар асоси принсипҳои зерин ҳамкорӣ мекунад:
- эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва бемайлон риоя намудани қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ;
- баробарҳуқуқии тарафҳо;
- афзалияти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакатҳои ҳамкорикунанда, инчунин меъёрҳои аз тарафи умум эътироф гардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ;
- ҳамаҷониба ривоҷ додани ҳамкорӣ ва эътимод дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятноки мамлакатҳои ҳамкорикунанда;
- софдилона иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналмилалӣ.
Моддаи 35. Ваколати Агентӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ
1. Агентӣ ҳангоми ҳамкории байналмилалӣ ҳуқуқу ваколати пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, дар ҳалли масъалаҳои зерин истифода мебарад:
- лоиҳаи барномаҳои байнидавлатии мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионии муташаккилонаро дар ҳудуди давлатҳои ҳамкорикунанда таҳия мекунад, дар иҷрои чунин барномаҳо ширкат меварзад;
- амалиёти муштарак ва мувофиқашудаи оперативӣ-ҷустуҷӯиву тафтишотӣ оид ба пешгирӣ ва тафтишоти ҷиноятҳоро дар ҳудуди мамлакатҳои ҳамкорикунанда ташкил менамояд ё ба он ёрӣ мерасонад;
- ёрии бевоситаи ахборотӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар ёрии пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалиро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои ҳамкорикунанда барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо, ҷустуҷӯи ҷинояткорон амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136);
- дар тайёр кардани кадрҳои мақомоти бо коррупсия муборизабаранда, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд ёрӣ мерасонад ва ёрӣ мегирад;
- дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии бо коррупсия муборизабаранда иштирок мекунад;
- доир ба лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин дар бораи ворид намудани таљийру иловаҳо ба шартномаҳои амалкунанда пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.
БОБИ 7. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ ВА МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МАҚОМОТИ АГЕНТӢ
Моддаи 36. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти Агентӣ
1. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти Агентӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳои маблаљгузории пешбинишудаи қонунгузорӣ сурат мегирад. Мақомоти Агентӣ бо биноҳои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар навъҳои таъминот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда мешаванд.
2. Мақомоти Агентӣ метавонад аз ҳисоби дигар маблаљҳо ва воситаҳои моддию техникие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда шаванд.
3. Тартиб ва меъёрҳои таъминоти моддию техникии мақомоти Агентиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Агентӣ муқаррар мекунад.
4. Мақомоти Агентӣ метавонад дорои фонди манзили идоравӣ бошад.
5. Таъминоти молиявии фаъолияти Агентӣ аз тарафи Дастгоҳи марказӣ сурат мегирад. Муҳофизати биноҳо ва молу мулки мақомоти Агентӣ ба зиммаи худи мақомоти Агентӣ гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1136).
Моддаи 37. Мусоидати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти Агентӣ
1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд мақомоти Агентии дар ҳудудашон воқеъ бударо бо биноҳои алоҳидаи хизматии муносиб таъмин намоянд ва дар амалӣ намудани вазифаҳои онҳо мусоидат намоянд.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 38. Назорати қонуният дар фаъолияти мақомоти Агентӣ
1. Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар фаъолияти мақомоти Агентӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1387).
Моддаи 39. Масъулияти корманди мақомоти Агентӣ
1. Корманди мақомоти Агентӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, суиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ, иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
2. Ҳангоми аз ҷониби корманди мақомоти Агентӣ поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ба корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо расонидани зарар, мақомоти Агентӣ вазифадор аст барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо чора андешад ва бо талаби шаҳрванд ба таври расмӣ аз ӯ узр пурсад. Товони зиёни расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 40. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 марти соли 2008 № 374