ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1619 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУНАРМАНДӢ Маҷлиси Олии ҶТ 20.06.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1618 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЧАРОГОҲ Маҷлиси Олии ҶТ 20.06.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1608 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲОЛАТИ ҶАНГӢ Маҷлиси Олии ҶТ 20.06.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
28
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.05.2001
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №4, мод. 215; с. 2003, №4, мод. 152; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 1; с. 2009, №12, мод. 813; с. 2016, №7, мод. 602)
(Қонуни конст.ҶТ аз 22.04.2003 № 22, аз 5.01.2008 № 346, аз 3.12.2009 № 575, аз 23.07.2016 № 1325, аз 18.07.2017 № 1455, аз 18.03.2022, № 1851).)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастаҷамъӣ амалӣ намуда, системаи мақомоти идоракунии давлатиро роҳбарӣ, фаъолият ва мутобиқати ҳамкории онҳоро таъмин менамояд.
Моддаи 2. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ба амал мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаьолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимият, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ба роҳбарӣ мегирад.
Моддаи 4. Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъерии ҳуқуқӣ
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ иҷрои Конститутсия, дигар қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, таъмин намуда, аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ иҷро шудани онҳоро мунтазам назорат мекунад.
БОБИ 2. РАИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, СОХТОР ВА ҲАЙАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 5. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, барои татбиқи самарабахши ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 6. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад.
Моддаи 7. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне шуда метавонанд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Моддаи 8. Ба вазифа таъин кардан ва озод намудани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад ва фармонро дар ин хусус ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
Агар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъин ва озод кардани узви Ҳукумат Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷоя тасдиқ накунанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фармони мазкурро такроран ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд ё дар бораи таъин намудани шахси дигар фармон пешниҳод кунад.
Аъзои Хукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд:
"Ҳамчун аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми неру ва дониши худро барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф намуда, Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя мекунам, адолат ва қонуниятро сарчашмаи фаъолияти худ қарор дода, ба хотири дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани шӯҳрати ватанам софдилона хизмат менамоям (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Макон ва тартиби баргузории савгандёдкунии аъзои Ҳукуматро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Риоя накардани савганд аз ҷониби узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани ӯ мегардад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455).
Моддаи 9. Мӯҳлати фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро дар назди Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вомегузорад ва мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро то тасдиқ шудани ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
Моддаи 10. Истеъфои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ғайриимкон донистани иҷрои фаъолияти мӯътадили худ метавонад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи 6а истеъфо рафтан дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳар вақт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати пурра ё аъзои алоҳидаи онро ба истеъфо фиристад ва фармонро дар ин хусус барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Моддаи 11. Фаъолияте, ки ба иҷрои вазифаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест
Узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад:
вакили мақомоти намояндагӣ бошад;
дигар вазифаро ишғол намояд;
шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад;
бо дигар фаъолияти музднок, ғайр аз фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ машғул шавад.
Узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин наметавонад:
ахборот, воситаҳои таъминоти моддию техникӣ, молиявӣ ва иттилоотиро, ки танҳо барои фаъолияти хизматӣ пешбинӣ шудаанд, ба мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода намояд;
барои осори нашршуда ва суханрониҳо ба сифати узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи қалам гирад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муѕовимат ба коррупсия" ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455 аз 18 марти соли 2022, № 1851).
БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 12. Роҳбарӣ ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ роҳбарӣ менамояд ва фаъолияти онҳоро назорат мекунад.
Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва сохтори дастгоҳи марказии онҳоро мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони вазирҳо, муовинони раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони кумитаҳо ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, роҳбарони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳоеро, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, ба вазифа таъин мекунад ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои коллегияҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро тасдиқ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди маблағҳое, ки дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминоти мақомоти идоракунии давлатӣ муқаррар шуданд, таъсис диҳад ва низомномаи онҳоро тасдиқ намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 13. Салоҳияти умумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар татбиқи сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;
роҳбарии самараноки иҷтимоию иқтисоди ва фарҳангиро таъмин мекунад;
ба системаи мақомоти ҳокимияти иҷроия роҳ6ари мекунад;
барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия менамояд ва татбиқи онҳоро таъмин мекунад;
ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат ҳалли баъзе масъалаҳои идоракунии давлатиро, ки ба салоҳияти вай дохил мешаванд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии ҷудогонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ дода метавонад, агар ҳалли ин масъалаҳо мутобиқи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 14. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
раванди иқтисодиро танзим мекунад;
фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ, гардиши озодонаи мол, хизматрасони, сармоя ва қувваи коргариро таъмин менамояд;
дурнамои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад, барномаҳои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиётро таҳия ва амалӣ менамояд;
барномаҳои давлатии иқтисоди ва сармоягузориро таҳия менамояд ва барои татбиқи он тадбирҳо меандешад;
моликияти давлатиро идора мекунад;
барои соҳибкорӣ ва рушди озодонаи тамоми шаклҳои моликият дар шароити муносибатҳои бозори шароит фароҳам меорад;
сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ таҳия менамояд ва дар амал татбиқ мекунад;
роҳбарии умумии фаъолияти гумрукиро ба амал мебарорад;
дар бобати муҳофизати манфиатҳои истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ, иҷрокунандагони кор ва хизматрасониҳо тадбирҳо меандешад;
фаъолияти саноати мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
зарурати ҷалб намудани қарзи давлатӣ ё қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, муайян мекунад.
Моддаи 15. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи буҷет, молия, пул, қарз ва андоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
татбиқи сиёсати ягонаи молиявӣ, қарзӣ, пулӣ ва андозситониро таъмин менамояд;
лоиҳаи қонуни буҷетро таҳия намуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва иҷрои онро таъмин менамояд;
лоиҳаи қонунҳоро дар бораи муқаррар кардан ва бекор намудани андоз таҳия менамояд ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба доду гирифти қарзи давлатӣ мегирад;
дар бобати танзими бозори қоғазҳои қиматнок тадбирҳо меандешад;
идоракунии қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;
ба фаъолияти молиявӣ дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ роҳбарӣ менамояд;
сиёсати ягонаи нархро бо назардошти талаботи иқтисоди бозорӣ таҳия менамояд ва барои дар амал татбиқ намудани он тадбирҳо меандешад.
Моддаи 16. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
гузаронидани сиёсати ягонаи давлатии иҷтимоӣ, татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ амалӣ мекунад, ба рушди таъминоти иҷтимоӣ ва хайру эҳсон мусоидат менамояд;
барномаҳои иҷтимоию иқтисодиро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
дар бобати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат тадбирҳо меандешад;
барномаҳои таъмини шуғли аҳолиро таҳия менамояд ва доир ба татбиқи ин барномаҳо тадбирҳо меандешад;
пешбурди сиёсати ягонаи давлатии муҳоҷиратро таъмин менамояд;
дар бобати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои ҳифзи саломатӣ ва таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологӣ тадбирҳо меандешад;
ба ҳалли масъалаҳои оила, падару модарон ва фарзандон мусоидат менамояд, оид ба татбиқи сиёсати ҷавонон тадбирҳо меандешад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455);
оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм, инчунин соҳаи табобати курортию санаторӣ ва истироҳатӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ менамояд.
Моддаи 17. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
доир ба дастгирии давлатии инкишофи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ менамояд;
пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ таъмин намуда, самтҳои асосии рушду такомули онҳоро муайян менамояд;
ба рушди забон, адабиёт, санъати касбӣ, танзими анъанаҳо ва расму оинҳо мусоидат менамояд ва муҳофизати ёдгориҳои таърих ва фарҳангро таъмин мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити зист
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи истифодаи табиат, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ таъмин менамояд;
доир ба татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити зисти мусоид ва оид ба таъмини беҳбудии экологӣ тадбирҳо меандешад;
фаъолияти мақомоти идоракунии давлатиро дар бобати якҷоя гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи табиат ва татбиқи барномаҳои экологии аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва баиналмилалӣ доштаро ҳамоҳанг месозад, дар бобати рафъи оқибатҳо ва кам кардани хатари сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хислати табиӣ, техногенӣ ва экологӣ дошта тадбирҳо меандешад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575);
ҳифз ва истифодаи окилонаи захираҳои табиӣ, танзими истифодаи табиат ва ҳифзи захираи маъдан ва ашёи хоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.
Моддаи 19. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат чораҳо меандешад;
доир ба таъмини қонуният ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар бобати муҳофизати моликият ва тартиботи ҷамъиятӣ, оиди мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳодисаҳои барои ҷамъият хатарнок тадбирҳо меандешад;
доир ба таъминоти ташкилӣ, рушд, таҳким бахшидани заминаи моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ мекунад.
Моддаи 20. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ тадбирҳо меандешад;
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳар6иро бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ, захираҳо ва хизматрасониҳо таъмин мекунад;
иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва нақшаҳои такмили яроқу аслиҳа, инчунин барномаҳои тайёр кардани шаҳрвандонро аз рӯи ихтисосҳои каcби ҳарбӣ таъмин мекунад;
барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки мувофиқи қонунҳо ба мақсади таъмини мудофиа ё амнияти давлат ҷалб карда мешаванд, кафолати иҷтимоиро таъмин менамояд;
муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд:
ба мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ мекунад.
Моддаи 21. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар амали намудани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ аз ҷиҳати моддӣ таъмин менамояд;
иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ таъмин менамояд, инчунин аз ҷониби иштироккунандагони шартномаҳои мазкур ба иҷро расидани ӯҳдадориҳои онҳоро назорат мекунад;
ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он ҳимоя менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325);
танзим ва назорати давлатиро дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҳамкории байналмилалии илмию техникӣ ва фарҳангӣ анҷом медиҳад.
Моддаи 22. Салоҳиятии дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятеро, ки Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи он гузоштаанд, ба амал мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми эълони ҳолати ҷангӣ ё вазъияти фавқулодда тибқи қонунҳое, ки ин ҳолатҳоро ба танзим медароранд, муайян карда мешавад.
БОБИ 4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 23. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳангоми зарурат, бо иҷозати хаттии Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо супориши ӯ бо иҷозати хаттии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масьалаҳои алоҳидаи хусусияти оперативӣ дошта, мумкин аст бе гузаронидани маҷлис бо роҳи пурсиши хаттии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аз нисф зиёди аъзои Ҳукумат қабул карда шаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.04.2003 № 22).
Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе камаш як маротиба гузаронида мешаванд ва дар сурате салоҳиятнок ҳисоб мегарданд, ки агар дар онҳо камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта бошанд.
Дар маҷлисҳо масъалаҳое, ки ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд баррасӣ мешаванд.
Дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд.
Дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони дигар низ ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҷлисҳои пӯшида доир намояд.
Тартиби тайёр ва гузаронидани маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, сурат мегирад.
Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши ӯ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Рафти маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои он бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумат метавонанд аз тариқи воситаҳои ахбори омма пахш гарданд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455).
Моддаи 24. Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои пешакӣ тайёр кардани масъалаҳое, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ -Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
Ҳайати Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ иборат мебошад. Ба ҳайати Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар аъзои Ҳукумат дохил шуда метавонанд, ки онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд
Маҷлисҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зарурат гузаронида мешаванд.
Маҷлисҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми набудани ӯ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дорои хусусияти тавсиявӣ қабул мекунад.
Моддаи 25. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо супориши Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазириӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон:
кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад;
вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;
маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронад;
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва шартномҳои байниҳукуматиро имзо менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455);
оид ба таъмини иҷрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳад;
ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбини намудааст амалӣ мегардонад.
Ҳангоми набудани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
Моддаи 26. Муовини якум, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини якум, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебароранд, ба кори онҳо назорат мекунанд ва оид ба таъмини иҷрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳанд, пешниҳодот ва лоиҳаҳои қарорҳо ва фармоишҳоро, ки ба маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, пешакӣ баррасӣ менамоянд, барои вазъи ин корҳо масъуланд.
Моддаи 27. Вазирон ва Раисони кумитаҳои давлатӣ
Вазирон ва Раисони кумитаҳои давлатӣ:
барои фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатие, ки онҳо роҳбарӣ мекунанд ва барои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ масъуланд;
дар баррасии масъалаҳо дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд;
ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баррасии масъалаҳое, ки ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, таклифҳо пешниҳод мекунанд;
ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 28. Комиссияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ таъсис медиҳад, вазифа, тартиби фаъолияти онҳоро муайян мекунад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии ихтилофот оид ба лоиҳаи қарорҳо, инчунин барои иҷрои қарорҳои алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои муваққатӣ ва гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳад.
Моддаи 29. Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишҳо қабул мекунад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Санадҳое, ки хусусияти меъёрӣ доранд дар шакли қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Санадҳо оид ба масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масьалаҳои ҷорӣ, ки хусусияти меъёрӣ надоранд дар шакли фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Ба санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузорад.
Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми онҳо) дар мавриди мухолифати онҳо бо Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешаванд ё амали онҳо боздошта мешавад.
Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми онҳо) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шуда ё амали онҳо боздошта мешаванд.
Нисбати санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо тартиби муқарраркардаи қонун шикоят кардан мумкин аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроҷиатномаҳо ва изҳоротҳоро, ки хусусияти ҳуқуқӣ надоранд, қабул намояд.
БОБИ 5. МУНОСИБАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 30. Иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаьолияти қонунгузорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил намудани тағйирот ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) ба амал мебарорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, таҳия ва тасдиқ мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи қонунҳо хулосаи хаттӣ медиҳад, ки онҳо ба субъекти ташаббуси қонунгузорӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавнд.
Моддаи 31. Иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумита ва комиссияҳои онҳо мутобиқи талаботи Дастури онҳо иштирок намоянд ва баромад кунанд.
БОБИ 6. МУНОСИБАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ СУДӢ, МАКОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Моддаи 32. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судҳо
Муносибати Ҳукумат бо судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси конститутсия, ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 33. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо,шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро, ки ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, баррасӣ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот ва гузоришҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар бораи татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъмин менамояд, ҳамзамон масъалаҳои баҳсноки ба вуҷуд омадаро ҳал менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ ҳаҷми маблағҷудокуниро барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тасдиқ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Хорич карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро, ки ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд, бекор мекунад.
Моддаи 34. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ
Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ дар асоси Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
БОБИ 7. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 35. Таъмини фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таъмини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар санадҳо, ташкили назорат 6а иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода кардани маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Вазъи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 35 (1). Муҳофизати давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи ӯ ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини амнияти ҳаёт ва фаъолияти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи ӯ ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи рӯйхати шахсони мансабдор, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муҳофизати давлатии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ваколати худ ҳуқуқ надоранд, ки аз муҳофизати давлатӣ даст кашанд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.04.2003 № 22, аз 23.07.2016 № 1325).
Моддаи 36. Пардохти музди меҳнат, таъминоти моддию маишӣ ва ҳимояи иҷтимоии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Андозаи маоши мансабӣ, иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин шартҳо ва тартиби пардохти музди меҳнат, давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Хизматрасонии тиббӣ, таъминоти иҷтимоию маишии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нафақа баромадан, нафақа дар ҳаҷми ҳаштод фоизи музди миёнаи меҳнаташ таъин карда шуда, новобаста аз ҳадди ниҳоии пардохти нафақа пурра пардохта мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 5.01.2008 № 346).
Моддаи 37. Хароҷоти таъминоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Хароҷоти таъминоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ дар сатри алоҳида муайян карда мешавад.
Моддаи 38. Аз эътибор сокит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 218) аз эътибор сокит дониста шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Э. Рахмонов
   ш.Душанбе 
 12 майи соли 2001 № 28