ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ШИОРУ ОВЕЗАҲО АЗ СУХАНРОНИҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 07/06/2023 - 14:05
ШИОРУ ОВЕЗАҲО АЗ СУХАНРОНИҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Болоравии ҳувият ва худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори милливу ватандории мардум, алалхусус, наврасону ҷавонони мо дигар дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Шукр кунем, ба Ватан ба давлату миллати худ содиқ бошем ва ифтихор намоем, ки соҳиби ватан ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва аҳли башар моро ҳамчун миллати бостонӣ ва фарҳангиву тамаддунсоз мешиносад ва эътирофу эҳтиром мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем.

Эмомалӣ Раҳмон

Муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқадастарин неъмат нишонаи олии ҳувиятӣ миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии милати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони тоҷикистон мебошад.

Эмомали Раҳмон

Сабақи даврони соҳибистиқлолӣ ин аст, ки нияту орзуҳои ҳар як фарди ҷомеа ва нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат танҳо дар сурати соҳиби Ватани озоду соҳибихтиёр, давлати неруманду устувор будани мо, инчунин, дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ мегарданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократи ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки бисту панҷ сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилали мақому манзалати хоссаи худро пайдо намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият муқадастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандори ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳиби кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи истиқлолият на танҳо ҷашни бузурги сиёсии давлати, тоҷикон балки нишонаи барҷастаи садоқату шукрона ба ватани аҷдодӣ ва ҷашни заҳмати созанда ба хотири рушди кишвари азизамон ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрузу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлати барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Арзиши истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамадуни хешро медонаду аз онҳо ифтихор мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо аз қадамҳои нахустини истиқлолият рӯ ба таърихи пешрафти пуршарафи ниёгон овардем, мардумро ба худшиноси ҳидоят намудем, дар дили фарзандони миллат шӯълаи меҳри Ватан ва ору номуси ватандориро барафрӯхтем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хоса пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои ҳамаи наслҳои миллати мо, аз ҷумла ниёгони сарбаландамон ормони воло, номаи тақдир, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ ва дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммули оқилона ва ҳусни табдир дар ниҳоди давлатдории аҷнабиён пеш бурдани суннатҳои давлату давлатдории аҷдодӣ будааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо ба шарофати истиқлолият тақдири Ватану давлати аҷдодии худроба даст гирифта, бо симои хос ва азму иродаи созандагӣ сӯйи ояндаи обод ва ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ меравем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Озодиву истиқлолият орзуву ормони ҳазорсолаи фарзандони донишманду соҳибхирад ва бонангу номуси миллати тоҷик буд ва беҳуда нест, ки имрӯз ҳамзамон бо ҷашни истиқлол мо зодрӯзи як тан аз ҳазорон мардони милатхоҳу ватандӯст, яъне Носири Хусравро таҷлил мекунем

Эмомалӣ Раҳмон

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлоли Наврузи бостонӣ, Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ҷашнҳои умумихалқӣ табдил ёфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Соҳиби парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ гардидани дастовардҳо ва арзишҳои муқаддаси даврони истиқлолият буда, рамзи тантанаи давлатдории миллӣ мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Бигузор аз баракати истиқлолият меҳри Ватан ва меҳри сарзамини аҷдодӣ дар дили мо пайваста афзояд ва ҳар фарди огоҳу бедордил ва бо нангу номус чун вориси ҳақиқии давлати соҳибистиқлол ва узви хонадони миллати солору сарбаланди тоҷик ифтихор намояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои беназири сиёсиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам имруз иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдатӣ миллӣ, маърифату огоҳии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси ватандорӣ барои ҳар фард ва ҳарвақта бештар зарур аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишмандимиллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва талқину таҳкими он дар қалби мардум, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят барои ҳифзи истиқлолияти Ватан раҳнамоӣ карда дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо нерӯву тавон бахшидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба андешаи мо бидуни пайванду ҳамгироии тамаддуни имрӯзаи тоҷикон бо таърихи куҳанбунёди хеш ба қадри истиқлолият, ифтихори Ватану ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ ва худшиносию худогоҳии комил расидан мушкил аст. Ҳамчунин бе дарки огоҳонаи решаҳои таърихӣ таҳкими истиқлолият, пойдории давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи муттамадин мушкилтар хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон

Омузиши таърих ва таҷрибаи дар тӯли асрҳо андӯхтаи миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва дар қалӣи мардум баланд бардоштани еҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ мисли обу ҳаво зарур аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои таммадуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори милли мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вазифаи аввалиндараҷаи ҳаммаи мо истиқлолияти давлатиямонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву  суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, мутамаддин эҷодкор, номбардори миллати қадима  ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд.

Эмомалӣ Раҳмон  

Ҳамду сано ба мардуми шариф, соҳибмаърифат, заҳматкаш инсондӯст ва ватанпарвари тоҷик, ки истиқлолиятро ҳамчун гавҳари шоҳвори худ қадршиносӣ ва нигоҳбонӣ мекунанд!

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаёти озодонаи ҳар фард ва санаи олитарини дараҷаи бахту саодати воқеии миллат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо аз шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи муруккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамрайъи, ваҳдати миллӣ, маърифати зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мову шумо аз фазои асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи истиқлолият, ҳимояи дастовардҳои он, боз ҳам таҳким бахшидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин ҷода нақши ҷомеаи соҳибмаърифат ва худшиносу ватандӯст ҳалкунанда мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки ҳамаамон фарзандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем ва масъулияти ободу зебо кардану ба кишвари пешрафта табдил додани он рисолати ватандории ҳар яки мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо бояд шукрона кунем, ки давлати соҳибихтиёр ва Ватани ободу озод дорем ва дар фазои орому осуда зиндагӣ мекунем.

Эмомалӣ Раҳмон

Расидан ба қадри истиқлолияту озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, саъю талош барои пешрафту ободии Ватан, қарзи имонӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар даврони истиқлолият фарҳанги миллии мо дар тарбияи ҳисси бедориву худшиносии миллӣ, махсусан, густариши эҳсоси ватандӯстиву зебоишиносии наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида истодааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Насли хушбахти замони истиқлолият ва фарзандони Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бояд Ватани  худро сидқан дӯст доред ва барои дар оянда ба таври шоиста муаррифӣ кардани он аз имрӯз омода бошед.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷашни истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи сулҳу оромиӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ метавонад ба сифати ғояи бузурги миллӣ ҳар як фарди бонангу номуси миллатро ба ҷодаи ободкориҳои нав ҳидоят намояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои мардуми куҳандунёди тоҷик арзиши муққадасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият на танҳо ифтихор кардан аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ аст, балки заҳмат кашидан ба хотири таҳкими ин дастоварди беназири таърихӣ ва пешрафти имрӯзу фардои Ватани маҳбубамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар яки мо бояд ба қадри истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон расем, ин неъмати бебаҳои зиндагиямонро азизу гиромӣ дорем, барои ҳифзи он, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон омодаи хизмат бошем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар вазъияти ниҳоят ҳассос  ва осебпазири ҷаҳони муосир мардуми моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ ва зиракию ҳушёрии сиёсӣ неъмати бебаҳои истиқлолияту озодӣ ва дастовардҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати фарҳангсолору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили итиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон  ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ба дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш баз намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба ҳамаи дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон маҳз истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиямон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеаҳои фоҷиабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати мо як имтиҳони ҷиддии таърихӣ буданд ва мо аз он давраи ниҳоят сангин барои имрӯзу ояндаи худ сабақҳои фаромӯшнашуданӣ гирифтем.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ва озодӣ, дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба ҷуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолиятӣ давлатӣ, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан таърихӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бигузор, истиқлолу озодӣ асрҳои аср машъали роҳи халқи озодихоҳу озодидӯсти тоҷик бошад!

Эмомалӣ Раҳмон

Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлол дар сарнавишти мардуми мо тағйиру таҳаввули куллӣ ва дигаргунии бунёдӣ ба вуҷуд овард.

Эмомалӣ Раҳмон

Пояндаву ҷовидон бод истиқлолу озодии халқи тоҷик ва давлати тоҷикон!

Эмомалӣ Раҳмон

Бигузор, истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон то абад сарбаланду сарфароз бошанд!

Эмомалӣ Раҳмон

Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қадимттарини зиндагиямон -истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ман шукрона мекунам, ки мардуми шарифи тоҷик солҳои дароз, яъне аз оғози истиқлол то имрӯз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлати худро самимона пуштибонӣ карда, тамоми камбудиву мушкилотро бо сабру таҳаммул паси сар карданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар даврони истиқлолият низоми самараноки мақомоти ҳокимияти иҷроия ташкилу такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти онҳо фароҳам оварда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мо низоми иқтисодии аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфташударо интихоб кунем ва ба хотири зина ба зина беҳтар намудани зиндагии мардумамон рушди устувори ҳамаи соҳаҳоро таъмин гардонем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба шарофати истиқлолият мо, дар роҳи таҷдиди назар кардани таърих, адабиёт ва фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузоштем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин ҷашнҳои аҷдодии мо - Наврӯз, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, аз нав зинда гардид ва ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба туфайли истиқлолияти давлатӣ мо пояҳои фарҳанги миллиямонро низ устувор намудем ва беҳтарин арзишҳои фарҳангии худро аз нав барқарор кардем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо дар роҳи ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати муосиру пешрафта нақши ҷавононро хело муҳим медонем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият, дар таърихи илму маорифи тоҷик, бешубҳа, гардиши куллӣ ва марҳалаи сифатан нави рушд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои инкишофи илм роҳи сифатан навро боз намуд ва барои навсозиву ислоҳоти бахшҳои мухталифи он заминаи мусоид фароҳам овард.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳарчанд, ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасад ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиямон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз файзу баракат ва нерӯи истиқлолият аст, ки мо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти комуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар муддати начандон тӯлонӣ ба хеле дастовардҳо ноил гаштем ва фаъолияти созандаи худро дар ин самтҳои стратегӣ рӯз аз рӯз вусъат бахшида истодаем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамадуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдони ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро бо парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Пояндаву ҷовидон бод истиқлолияти миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик.

Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилали ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар томоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти милии мо будааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихор, вале бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлатӣ мутамаддинӣ ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосиро пеш гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо халқе дорем, ки истиқлолияту озодиро нишонае аз талошу муборизаҳои ҳазорон нафар фарзандони фарзона, бонангу номус ва далеру ғаюри худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва ҳимату ғайрати хешро ба хотири ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо сафарбар месозад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ бебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо зинда буд.

Эмомалӣ Раҳмон

Роҳу иқболат дурахшон, истиқлолиятат поянда ва умрат ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз ба ҷон баробари мо!

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозад, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумӯи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Бигзор, истиқлолияти давлатӣ тоҷикон, ки атои худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад!

Эмомалӣ Раҳмон

Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.

Эмомалӣ Раҳмон

Барои расидан ба бузургтарин дасоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёси ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳояд вазнинро аз сар гузаронидаанд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти мардуми тоҷик решаи қадимаву устувори маънавӣ дорад ва ибтидои давлатдории мо ба аҳди Каёниён рафта мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон

Зимни талошҳои пайдарпаи халқи Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин гардид ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр шинохта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар сол зимни ҷашни Рӯзи истиқлолият мо ба гузаштаи начандон дур назар андохта, бори дигар роҳи тайкардаи худ, бурду бохтҳои хешро таҳлил месозем ва барои оянда хулоса мебарорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба шарофати истиқлолият мо дар сарзамини аҷдодии худ осудаҳолона зиндагиву меҳнат мекунем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият оғози зиндагии нави халқамон ва ибтидои марҳилаи тозаи ҳаёти сиёсии давлати милли тоҷикон аст. Ба ибораи дигар, ҳар соли ҳаёти сиёсии мамлакатамон аз рӯзи Истиқлолият оғоз мегардад ва мо ҳар кореро, ки дар давоми сол анҷом медиҳем, ба номи истиқлолият ва ба хотири таҳкими истиқлолият аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва таҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти мо ва хусусан солҳои нахустини он давраи озмоишҳои сахту сангини тақдири таърихии миллат ва имтиҳони ҷиддитарини ҳаёт буд, ки дар ин имтиҳон масъалаи будан ё набудани миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҳамчун саволи ягона қарор дошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар соли истиқлолияти мо ҳам аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам бо ҳаҷму андозаи фоҷиаи тақдир, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст. Зеро тифли раҳомӯзи истиқлолияти мо ҳанӯз дар ибтидои роҳи худ ба фоҷиаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки таърихи қадимаи миллатамон чунин фоҷиаро кам дар ёд дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бигзор Истиқлолият асрҳои аср дар роҳи фатҳу кушоишҳои мо чароғи роҳнамо бошад!

Эмомалӣ Раҳмон

Бигзор Истиқлолият тоҷи заррин ва пуршукӯҳи миллати тоҷдори мо бошад!

Эмомалӣ Раҳмон

Маънои истиқлолият барои мо ин аст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои озод ҷа гирифт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои мо як марҳилаи сифатан наву воқеии таърихи талошҳои озодихоҳона ва кору пайкорҳои ошкору ниҳони расидан ба давлату давлатдории миллӣ ва ҳифз намудану пос доштани мероси маънавию фарҳангии миллат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳазорсолаи сеюм дар пешорӯи давлати соҳибистиқлол ва миллати кӯҳанбунёди мо вазифаҳои нав ва масъулиятҳои басо бузург мегузорад. Мо бояд дар ҷаҳонӣ имрӯза ва оянда симои миллӣ ва арзишҳои маънавии худро аз даст надода, дар радифи давлатҳои пешрафтаю мутамаддини дунё ҷой гирем ва истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худро таҳким бахшем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба хотири пойдории истиқлолият ва пешомадҳои неки кишвар мардуми солору қавирӯҳи тоҷик бунёди як силсила иншоотҳои муҳим ва сохтумонҳои бузурги дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва байналхалқиро зина ба зина пеш бурда, пойдевори ояндаро мегузорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошад. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро гаштаву баргашта мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Зеро истиқлолияти Тоҷикистон на фақат дар асри охир, балки дар садсолаҳои дарози сарнавишти куҳан ва тақдири иҷтимоии халқамон пирӯзии бузург маҳсуб меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намуданд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро аз даст додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо имрӯз низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва миливу фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рӯ, онҳо истиқлолиятро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувият ва бақои таърихии худ медонанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Агар мо раванди зуҳур ва ташаккули истиқлоли сарзаминамонро амиқан баррасӣ намоем равшан хоҳем дид, ки роҳ ба истиқлолият тӯлонӣ пурфарозу нишеб ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои зиддиятнок будааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд доштанд: асолат ва ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ арзишҳои бузург ва созандаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва маънавиёти дурахшон, ки ҳамаи онҳо дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

9 сентябри соли 1991 бо қабули силсилаи асдоди сиёсӣ ва қонунӣ, қабл аз ҳама Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” истқлоли сиёсӣ ва давлатии кишвари азизамон расман эълон шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Давраи навини давлатсозию давлатдории халқамон ба мо расиданд ба қадру қимати истиқлолият ва давлати миллиро омӯзонда, ба куллӣ тағир додани муносибатҳои мавҷудаи ҷомеа ва истифодаву татбиқи муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоиро ба миён гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи амнияти шаҳрвандон, ба инобат гирифтани тарзи ҳаёт, анъанаҳои миллӣ, сатҳи тафаккуру маданияти сиёсии мардуми кишвар зарурати такмили низоми давлату давлатдори ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро пеш овард.

Эмомалӣ Раҳмон

Ноил гаштан ба истиқлолияти давлатӣ моро водор сохт ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ, сохторҳои нави идоракунии он ва таҳияву татбиқи қонунҳое, ки ба ҷорӣ намудани муносибатҳои бозаргонӣ мусоидат мекунанд, шурӯъ намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкониятҳои бузург ва дар айни замон масъулияти сангинро барои рушди иқтисодиёт ба дӯши мардуми кишвар гузоштааст. Тинҷию оромии кишвар ва ҳалолкорию меҳнатдӯстии халки азизамон моро ба ояндаи дурахшон рӯҳбаланд менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз раванди истиқлолият ва худшиносӣ тақозо мекунад, ки мо натанҳо бо гузаштаи дуру наздик ифтихор кунем, балки ба тақдири ояндаи кишвар назар карда, ҳадафҳои даҳсолаи минбаъдаро пешбинӣ ва тарҳезӣ намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо имони комил дорем, ки шоҳроҳи ҳазорсолаи сеюм барои мо асри таҳкими истиқлолияти кишвар, рушду нумӯи давлатдории миллӣ, асри дастовардҳои беназири сийсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар гоҳ сухан аз истиқлолияти давлатӣ ё миллӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллати мо будааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва оини давлатдориаш расида наметавонад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо ба шарофати истиқлолият ғояи таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва тарғиби худогоҳиву худшиносиро ба пояи сиёсати давлатӣ бардоштаем ва ин роҳро идома хоҳем дод.

Эмомалӣ Раҳмон

Рушди маънавиёти миллат ва поидориву шукуфоии давлати мо дар тӯли зиёда аз даҳ соли охири давраи истиқлолият хеле вусъат ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон

Барои он, ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад бояд, мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад, мо азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншоотҳои азими гидроэнергетикӣ комуникатсионӣ ва густариши ислоҳот дар ҳама соҳаҳои ҳаёт истиқлолияти энегетикиву озуқаворӣ ва рушди саноати миллиро таъмин намоем, кишварамонро аз бунбасти камуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, робитаи мустақими онро бо шоҳроҳҳои бузурги байналмилалӣ ва бандарҳои обии ҷаҳон ба роҳ монем.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар солҳои истиқлолият ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамаи иқдомоти созанда ва нақшаву корҳои пегирифтаро мо ба хотири истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ – ин неъмати бебаҳо ва гавҳари пурарзиши ҳастии халқамон анҷом хоҳем дод.

Эмомалӣ Раҳмон

Бигзор парчами истиқлолият асрҳои аср бар сари миллати куҳанбунёду номдор ва озодаи тоҷик парафшон бошад!

Эмомалӣ Раҳмон

Бигузор рӯҳи поки аҷдоди сарбаланду озодидӯсти мо ва таърихи бисёрҳазорсолаи миллатамон истиқлолияти чордаҳсолаи моро пуштибон ва мададгор бошанд!

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият барои мо нишони барчастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли қонунбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем.

Эмомалӣ Раҳмон

Эътимоди комил дорам, ки ибтидои қарни ҳазорсолаи сеюм барои мо шоҳроҳи таҳкими иситиқлолияти кишвар, пойдории сулҳу субот, рушду нумӯи давлатдории миллӣ ва ҷодаи воқеии кишвари соҳибистиқлоли мо ба сӯи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлатҳои мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Бигузор иди муқаддаси истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва сарсабзиҳо овард!

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикон дастовард ва неъмати муқадастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар тӯли ҳазорсолаҳо моро мутафаккирони оламшумуламон ҳамеша ба озодандешиву истиқлолият, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, ҳамкориву ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият соҳибихтиёри ва мустақилияти воқеии давлатро дар танзим ва пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ инъикос намуда, дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт ва дигар аркони зиндагии ҷомеа соҳиби қарор будани кишварро нишон медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бигзор ормонҳои волои истиқлолият, ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва кору пайкори ҳамешагӣ илҳомӣахши ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолонаи мардуми мо гарданд!

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар рӯзҳои ҷашни истиқлолият ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллӣ хеш ҳастем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқимати таърихиву фарҳанги ва забону адаби ғановатманди мо гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз ин лиҳоз, давраи нуздаҳсолаи истиқлолияти Тоҷикистон дар умқи таърихи куҳанбунёдамон реша дорад ва ҳамеша аз он нерӯву ғизо мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламон тарҳрези ва муаян карда шуданд, ки мо онҳоро дар доираи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикии давлатамон, аз бунбасти комуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми шарифамон зина ба зина татбиқ карда истодаем

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти Тоҷикистинро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид, Сиёсати “ дарҳои кушод” ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба шарофати истиқлолият Тоҷикистони мо ба маркази баргузории чорабиниҳои сатҳи мухталифи сатҳи байналмилали табдил ёфт ва ташаббусҳои наҷибу пениҳодҳои мушаххаси кишвари мо боиси афзудани эътибори ҷаҳонии он гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастовариди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозад, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё намуда арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумӯи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мо дар солҳои истиқлолият барои эҳё намудан ва инкишоф додани забони давлатиямон, ки забони шеваю шоирона ва ширину шаҳдбори тоҷикӣ мебошад, ҷойгоҳи арзанда ва мақоми шоита муҳайё сохтем.

Эмомалӣ Раҳмон

Бигзор, роҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сӯи ояндаи дурахшон, ба сӯи пешрафту тараққиёт ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафар бошад!

Эмомалӣ Раҳмон

Бигзор, чароғи нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамеша фурӯзону ҷовидон ва равшангари роҳи имрӯзу фардои мо бошад!

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аҳли зиё, фаъолон, ходимони дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Барои ҳифзу таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишварамон аз кашфиёту ихтирооти илму дониш, тафаккури пешрафтаи башарӣ, дастовардҳои навтарини техникаву техналогияҳо ва имкониятҳои торафт афзояндаи соҳаи иттилоот ва комуникатсия ҳарчи бештар истифода намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум меҳвари асосии сиёсати давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд оварда, ба мардуми кишварамон роҳи нави тараққиётро боз намуд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлол арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардид ва мавқеи шоистаи худро дар байни кишварҳои мутамаддин соҳиб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ҳимояи дастовардҳои замони истиқлол – сулҳу оромиӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат вазифаи ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пояндаву ҷовидон бод истиқлоли халқи шарафманди Тоҷикистон!

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқикуҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон ба тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳоло мо метавонем бо ифтихору сарфарозӣ эълон кунем, ки дастовардҳои истиқлоли давлатӣ беназиранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад