ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 31/03/2023 - 15:10
     Ҷаҳони имрӯза ба мавҷи хушунатбори гурӯҳҳои ифротиву хусусияти террористидошта мувоҷеҳ гашта, солҳои охир доир ба афзоиш ва густариши терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои номатлубу хатарафзо, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд дар васоити ахбори омма хабару нигоришоти зиёде ба назар мерасанд, ки ин нукта давлату ҷомеаи соҳибтамаддуни моро низ бетараф гузошта наметавонад.
     Падидаҳои мазкур дар замони имрӯза аз ҷумлаи умдарин мушкилот ва проблемаҳои умумиҷаҳонӣ маҳсуб гардида, таваҷҷуҳи на танҳо як давлат ва ё минтақаи алоҳида, балки кулли ҷомеаи башариро тақозо дорад. Мусаллам аст, ки натоиҷи аслӣ дар пасманзари муборизаву муқовимат бо падидаҳои мазкур танҳо дар доираи ҳамкориву ҳамгироии доираи васеаи давлатҳо ва созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ метавонад самари мусбӣ ва фаъол дошта бошад.
        Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатару таҳдиди терроризми байналмилалӣ бетараф буда наметавонад ва дар ин росто яке аз кишварҳои калидӣ дар самти муқовимат ва чораандешӣ доир ба аз байн бурдани он мебошад. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.
     Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
       Таҷрибаи байналмилалӣ ва дохилидавлатии муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ барои бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.
       Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият дар баъзе манотиқи курраи замин, алалхусус, мамлакатҳои мусалмоннишин ба таври куллӣ тағйир ёфта, ҷангу хунрезиҳо мушоҳида карда мешавад ва ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурӯҳҳои террористӣ барои анҷоми аъмоли ваҳшиёнаи хеш ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, ваҳшоният, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ, бавижа дини мубини Ислом алоқамандие надоранд.
       Дарки ҳамин мафҳумҳои дар боло зикршуда аст, ки Роҳбари муаззами кишварамон аз аксар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид мекунанд.
     Бояд зикр намуд, ки терроризм ва экстремизми муосир дар даҳсолаҳои охир бо прогресси илмӣ ҳамқадам ва дорои яроқу аслиҳаҳои гуногуннамуди қатли ом гашта, ҳатто дар ихтиёр васоити ахбори омма ва тарзҳои интиқоли иттиллот, инчунин механизми муосири таблиғотиро низ ба даст овардааст.
     Бо дарназардошти унсурҳои мазкур зарурати андешидани чораҳои маҷмўи ва ҳамоҳангсозу бисёртарафа ҷиҳати муқовимат бо падидаҳои мазкур зарур мебошад.
Терроризм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти ба инҳо шабеҳ беш аз пеш ба амнияти бисёр кишварҳо ва шаҳрвандони онҳо таҳдид карда, зарари бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ба бор меоваранд ва ба оммаи васеи одамон фишори равонии шадид мерасонанд.
       Ақидаҳои аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ паҳншаванда ба шуури афроди алоҳида таъсир расонида, ҳисси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳангию маънавиро дар замири онҳо коҳиш медиҳад.
        Бо мақсади муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки сатҳи мукаммали муқовимат бо ин падидаҳои номатлуб аз ҷониби давлатҳо ба роҳ монда шавад. Дар ҷомеаи муосир терроризм ва экстремизм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Аз ин рӯ, барои муқовимат ба ин падидаҳои манфӣ дар сатҳи миллӣ бояд маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-динӣ андешида шавад. Барои таъмини самаранокии механизмҳои муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар навбати аввал бояд заминаи ҳуқуқии муқовимат бо терроризм бояд гузошта шавад.
      Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд менамоянд «вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».
      Бинобар ин, давлатҳои муосир кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки қонунгузории миллии худро дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм мустаҳкам намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаи ҳуқуқии мукаммали муқовимат бар зидди ин падидаҳои номатлуби паҳншудаи муосир фароҳам оварда шудааст. Дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризму экстремизм мусоидаткунанда равона гардидаанд. Аз ҷумла, чунин санадҳо ба сифати асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар ҶТ маҳсуб мегарданд:
     – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
     – Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
     – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»;
     – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм»;
 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»;
    – Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ карда шудааст;
     – Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ карда шудааст;
     – Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2006, №1717 тасдиқ карда шудааст;
     – Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 тасдиқ карда шудааст;
     – Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003.
      Бояд қайд намуд, ки санадҳои мазкур маҷмўи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм ташкил медиҳад.
Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.
      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла равандҳои террористию экстремистӣ дар ҷаҳон ва минтақа таваҷҷӯҳи хос дорад.
Президенти кишвар борҳо таъкид менамояд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд аҳамияти зарурӣ дода, барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз таърих ва миллат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
      Ҳамзамон, дар ин баробар дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯйе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
 
Раҳмонов Ҳикматулло,
мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)