ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 22/08/2024 - 15:57
     Дар шароити ногувори авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва афзоиши хатару таҳдидҳои нав ба амнияти кишварҳо, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ амри зарурист. Ҳануз ҳам чунин равандҳое, ки ба ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳдид менамоянд, бо истифода аз имкониятҳои муосири технологӣ ҷой дошта, мавҷудияти тартибот ва шароити муътадили амалигардонии онро халалдор менамоянд.
      Мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ мисоли гуфтаҳои боло мебошад.
      Дар баробари қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯши ғайриқонунии силоҳ ва муомилоти он, инчунин омилҳои дигари хатарзо, терроризм ва экстремизм дар саргаҳи чунин омилҳо ва падидаҳои манфии замони муосир қарор дорад.
    Вазифаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонун мебошанд. Ҳамзамон дар ин раванд нақши тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ аз асосҳои аввалиндараҷаи муқовимат ба ин падидаҳои манфӣ ба ҳисоб мераванд.
    Дар замони Истиқлоли давлатӣ ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ба сифати ҳадафи муҳимтарини дигаргуниҳои куллии пайгирона дар Тоҷикистон идома ёфта, раванди амалигардонии ин ҳадаф дар ҷомеаи муосири тоҷикон ба густариши низоми сиёсӣ-ҳуқуқии он дар матнҳои бунёдии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шакли муайян даровардаву таҳким бахшида шуда, ба пешрафти маърифати ҳуқуқии ҷавонон таъсир гузошт.
      Вобаста ба он, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон дар замони муосир аҳаммияти хоса пайдо менамояд, ки имконпазиран нухбагони зеҳнӣ ва маънивии ояндаи ҷомеа мебошанд.
    Албатта бегазанд нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ аз бисёр ҷиҳат аз сатҳи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбияи дурустӣ дурусти онҳо дар руҳияи вадандӯстӣ, зиракии сиёсӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ вобастагии калон дорад. Шаҳрвандонро мебояд, ки аз таърихи давлатдории миллӣ, шахсиятҳои таърихӣ ва гузаштагони пурифтихори худ огоҳии комил дошта бошанд ва ба фарҳангу мероси ниёгон беш аз ҳама арҷгузор бошанд.
      Воқеан ватандӯстӣ ин аз сатҳи баланди худогоҳӣ ва худшиносӣ сарчашма гирифта, бо роҳи тақвияти пайваста рушд менамояд. Ватандӯстӣ - ин муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, содиқона ба манфиати онҳо хизмат кардан ва ҳифзи онҳо аз душман маънидод шудааст.
    Ҳифзи Истиқлолияти миллӣ аз ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму оин, садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ иборатанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи имрӯзаи мамлакатро зарур аст, ки арзишҳои фарҳангиву маънавӣ – амонату мероси гаронбаҳои аҷдодиро ба беҳтарин шакл ҳифз ва барои татбиқи босамари он дар ҳаёти иҷтимоӣ талош варзида, бо ҳусни тадбир ва равиши ҳасана ба ояндагон илқо созем.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори фаъолияти ҳаррӯзаамон қарор диҳем».
      Дар воқеъ таъмини амнияти сартосарӣ, ҳифзи арзишҳои замони истиқлол, дастовардҳои муҳимми давлатӣ бо роҳи тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи хизмати софдилона ва холисона ба халқу кишвари азиз имконпазир аст. Дар робита ба ин аз ҷониби Парламенти кишвар қонуни махсуси соҳавӣ таҳия ва қабул карда шуд.
     Профессор Э.С. Насриддинзода зикр менамоянд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 имзо гузоштанд. Қонун барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони мамлакат ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.
      Ҳамин тавр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккули насли наврасу ҷавони солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Ҳамин тавр, амали қонуни мазкур гарчанде ки ба кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда бошад, вале дар меҳвари он махсусан ҷавонон қарор дорад.
     Ҳар як кишвари олам барои рушду нумуъ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро бо онҳо мепайвандад.
      Дар марҳилаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ҷалби неруи ҷавонон, бахусус дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ниҳоят муҳим мебошад. Ин неруи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа имрӯз бештари аҳолии Тоҷикистонро ташкил намуда, амнияти давлату ҷомеаро таъмин намуда, марзу буми сарзамини аҷдодиамонро ҷавонмардона ва далерона ҳимоят намуда истодаанд.
    Имрӯз воқеан ҳам 97 фоизи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонони далеру ғаюр ташкил медиҳанд, ки дар ҳифзи якпорчагии кишвар ва амнияту суботи ҷомеа саҳми шоистаи хешро гузошта истодаанд. Торафт мураккаб шудани вазъи сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан дар минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як ҷавони кишвар тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама дар ҳифзи якпорчагии Ватани худ омода буда, барои иҷрои қарзи фарзандӣ ба хизмати ҳарбӣ равад ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.
    Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла равандҳои террористию экстремистӣ дар ҷаҳон ва минтақа таваҷҷуҳи хос дорад.
    Ҷаҳони имрӯза, ки пур аз зуҳуроти номатлуб, терроризму экстремизм, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, ҷараёни бунёдгароӣ, интиқолу истеъмоли маводи мухаддир, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои дигар, хусусан табаддулоти низомӣ ва давлатӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ва дигар омилҳои номатлуби ҷойдошта, ҳар як давлатро водор месозад, ки ҷиҳати мустаҳкам кардани марзу буми кишвар ва ҳифзу таъмини бехатарии он чораҳои қотеона ва зарурӣ андешад.
    Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём аз 22 декабри соли 2016 иброз намуданд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
     Бешубҳа, имрӯз терроризм ва ифротгароӣ барои пешрафт ва нумӯи тамоми кишварҳои олам монеаи бузургеро эҷод намудааст. Иттилоотнокии мунтазами ноболиљону ҷавонон аз хатарҳои терроризм ва тундгароӣ барои ояндаи орому осоиштаи кишвар мусоидат менамояд.
    Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст, тарбияи ватанпарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон муҳимтарин воситаи ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
    Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аз шинохти мавқеи таърихии худ, мавқеи имрӯза ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ иборат мебошад, ки хусусиятҳои руҳиву равонии аъзои ҷомеа ва ифтихори созандагии миллиро инъикос менамояд.
    Вобаста ба ташаккули тафаккури миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти ҳифзи бештари манфиатҳои миллӣ ва дар онҳо тарбия намудани ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷалобӣ ва намуди дигари ҷинояткорӣ тадбирҳои давлатию ҷамъиятӣ бо роҳи шинос намудани ҷавонон бо манфиатҳои миллию ҷамъиятӣ, ба вуҷуд овардани тафаккури оштинопазир ва муқовимату мубориза бо амалҳои номатлуб, инчунин ақидаю гурӯҳҳои ба ин амалҳо мусоидаткунанда ва ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ андешида мешаванд.
     Махсусан, механизми иттилоотонию муқовимат дар фазои иттилоотӣ ҳамчун як самти асосии фаъолият ба таври густурда амалӣ карда мешавад.
     Ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад.
    Аз ҳамин рӯ, маҳз ватандӯстӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ҳамчун қувваи бузурги муҳофизатии ватану таърихи он ва руҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад.
 
Адабиёти истифодашуда:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, №1920 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 24.07.2024).
2. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №79 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 24.07.2024).
3. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2013-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №629 тасдиқ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 24.07.2024).
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» аз 22 декабри соли 2016 // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: http://prezident.tj/node/19088 (санаи муроҷиат: 24.07.2024).
5. Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 24.07.2024).
6. Насриддинзода Э.С. СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: https://khovar.tj/2024/07/soli-marifati-u-u-tatbi-i-onuni-um-urii-to-ikiston-dar-borai-tarbiyai-vatand-stii-sha-rvandon-vasilai-mu-immi-gustarishi-hudshinosii-mill-va-boloravii-marifati-u-u-ast/ (санаи муроҷиат: 24.07.2024).
 
                                                                                               Исмоилова Мадина Исмоиловна,
                                                                                               сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ,
                                                                                               соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии
                                                                                               қонунгузории назди Президенти
                                                                                               Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад