ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ СИРРИ БОНКӢ

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 07/08/2024 - 09:28
    Масъалаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ оид ба истифода ва паҳнкунии иттилоот дар адабиёти ҳуқуқӣ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол намуда, дар байни онҳо таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаҳои танзими ҳуқуқии сирри бонкӣ дода мешавад. Зеро  сирри бонкӣ як намуди мустақили сир буда, ҳифзи он бо низоми махсуси махфият таъмин карда мешавад.
     Сирри бонкӣ яке аз мафҳумҳои марказии қонунгузории бонкӣ ба ҳисоб рафта, дар байни навъҳои сирҳо он барои рушди иқтисодиёт аҳамияти калон дорад, зеро, аз як тараф, маҳз низоми молиявӣ барои иқтисодиёт ҳалкунанда буда, аз тарафи дигар, рушди муносибатҳои бозорӣ тақозо менамояд, ки ҳифзи ҳуқуқии иттилоот дар самти муомилоти маблағҳои пулӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидани амалиёти бонкӣ таъмин карда шавад.      Зеро маҷрои бузурги иттилоот тавассути  бонк мегузарад ва он маълумоте мебошад, ки на танҳо ба фаъолияти худи бонк, балки ба фаъолияти муштариёни он низ алоқаманд аст. Муносибатҳои байни муштарӣ ва ташкилоти қарзии молиявие, ки ба ӯ хизмат мерасонад, бо хусусиятҳои фаъолияти бонкӣ хусусияти эътимоднок дорад. Муштарӣ на танҳо ба ташкилоти қарзӣ ба маблағҳои худ бовар менамояд, балки эҳтимолан ба он имкон медиҳад, ки маълумотро дар бораи вазъи молиявии худ дастрас намояд. Фош кардани маълумоти бо сирри бонкӣ ҳифзшаванда метавонад ба амният ё эътибори шахси дорои пасандоз ё суратҳисоби бонкӣ дошта таъсири манфӣ расонад.
     Низоми сирри бонкӣ ҳудуди дастрасии шахси сеюмро ба маълумоти дорои ин сир, тартиби ба даст овардани чунин маълумот ва ваколатҳои ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба пешниҳоди чунин маълумот муайян менамояд.
     Объекти сирри бонкӣ маълумот дар бораи амалиётҳо, суратҳисобҳо ва пасандозҳои муштариёни он мебошад. Бояд қайд намуд, ки он ба доираи васеи амалиётҳо таъсир мерасонад: аз ҷумла, ҷалби пасандозҳо; додани қарз; пардохт аз номи муштариён; кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои муштариён; харид, фурӯш, нигоҳдорӣ ва идоракунии коғазҳои қиматнок; кафолати бонкӣ, кафолат ба шахсони сеюм ва дигар амалиёте, ки ба ваколати бонк дахл дорад. Инчунин маълумот дар бораи шахсияти муштариён ва шахсоне, ки дар шартнома бо бонк зикр шудаанд, ҳамчун сирри бонкӣ дониста мешаванд.
    Қобили зикр аст, ки асосҳои ҳуқуқии ҳифзи иттилоот оид ба амалиёти бонкӣ дар қисми дуюми моддаи 23 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки тибқи он «дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст».
Муносибатҳои ҳуқуқие, ки байни молик ё дигар соҳиби қонунии маълумоте, ки сирри бонкиро ташкил медиҳанд, инчунин мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор оид ба пешниҳоди чунин маълумот ба миён меоянд, бо бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд, аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
     Бояд қайд намуд, ки мафҳуми сирри бонкӣ бо сирри тиҷоратӣ зич алоқаманд аст. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми сирри тиҷоратӣ дар Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» пешбинӣ шудааст. Чунончи тибқи моддаи 165 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон  «қонунгузории маданӣ иттилооти дорои сирри тиҷоратиро ҳимоя менамояд, ба шарте ки он бинобар ба шахсони сеюм маълум набуданаш арзиши воқеӣ ё имконпазири тиҷоратӣ дошта, дар асоси қонун барои истифодаи озодона дастрас набошад ва дорандаи иттилоот ҷиҳати махфӣ- (конфиденсиалӣ) нигоҳ доштани он тадбирҳо андешад.
     Шахсоне, ки бо усулҳои ғайриқонунӣ чунин иттилооти дастрасиаш маҳдудро ба даст овардаанд, инчунин кормандоне, ки хилофи шартномаи меҳнатӣ ё тарафҳои шартнома, ки хилофи шартномаи ҳуқуқӣ маданӣ сирри тиҷоратиро фош кардаанд, бояд зиёни расондашударо ҷуброн намоянд».
    Мутобиқи сархати якуми моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» сирри тиҷоратӣ махфияти иттилооте мебошад, ки имконият медиҳад ба дорандаи он дар ҳолати мавҷуда ё имконпазир даромадашро зиёд гардонад, ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳад, мавқеашро дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ нигоҳ дорад ё худ фоидаи дигари тиҷоратӣ ба даст орад.
     Тибқи моддаи 946 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон бонк маҳрамияти маълумот дар бораи суратҳисоби бонкӣ, амалиётҳо ва хизматрасонӣ вобаста ба он, оид ба соҳиби суратҳисобро кафолат медиҳад. Маълумоте, ки маҳрамона эътироф шудааст, мутобиқи муқаррароти қонунҳо дар соҳаи фаъолияти бонкӣ ифшо шуда метавонад. Дастрасии ғайриқонунӣ ба чунин маълумот манъ аст.
   Бояд қайд намуд, ки мафҳуми сирри бонкӣ дар қисми якуми моддаи 48 Ҷонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» пешбинӣ шудааст. Тибқи муқаррароти он «маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад».
   Моддаи 81 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» масъалаи махфияти сирри Бонки миллии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст, ки тибқи он аъзои Раёсат, аз ҷумла аъзои собиқи он, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони собиқи он ҳуқуқ надоранд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ҳангоми иҷрои вазифаашон дар Бонки миллии Тоҷикистон ба онҳо маълум шудааст, фош намоянд ва маълумоти мазкурро ба мақсадҳои шахсӣ истифода баранд.
     Қобили зикр аст, ки сирри бонкӣ ва риояи он якчанд ҷанбаҳоро дар бар мегирад: аз ҷумла, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникӣ. Ҷанбаи ҳуқуқии сирри бонкӣ аз тариқи қонунгузорӣ муайян намудани мафҳум, муайян намудани субъектҳое, ки бояд сирри бонкиро нигоҳ доранд, муқаррар намудани мазмуни ваколатҳои мизоҷон ва ҳудуди амали онҳо ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани сирри сирри бонкиро дар назар дорад.
   Сирри бонкӣ манфиатҳои муштариро ҳифз намуда, дастрасии шахсони сеюмро ба маълумоти махфии муштарии бонк манъ менамояд. Аз тарафи дигар, меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқие, ки бо сирри бонкӣ алоқаманданд, ҳолатҳои истисноӣ ва тартиби чунин дастрасиро ба манфиати давлат дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар менамоянд.
    Мутобиқи қисми дуюми моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» маълумоти зерин сирри бонкӣ маҳсуб мешавад:
     - дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ ва воситаҳои пардохтӣ, соҳибон ва дорандагони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо ва воситаҳои пардохтӣ иҷрошавандаи муштариён;
     - дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онҳо;
     - дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ, ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд.
     Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи субъектҳое, ки ҳуқуқи гирифтани маълумоти дорои сирри бонкиро доранд, муқаррар намудааст. Мутобиқи қонунгузорӣ маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, танҳо ба шахсони зерин дода мешавад: ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ва соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндаи онҳо; ба дорандагони воситаҳои пардохтӣ ё намояндагони онҳо; ба шахсони аз тарафи ташкилоти қарзӣ барои амалисозии супориши муштарӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ҷалбгардида - дар доирае, ки барои амалисозии амалиёти бонкии супоришшуда зарур мебошад; ба фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ; ба Бонки миллии Тоҷикистон бо талаби он; ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ дар асоси мактуби раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон; ба судҳо - дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя); ба иҷрочии суд дар асоси қарори иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро; ба бюрои таърихи қарз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»; ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муштариёни ташкилоти қарзӣ - дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ба мақомоти андоз вобаста ба суратҳисобҳои андозсупорандаи санҷишшаванда ва андозсупорандагоне, ки нисбат ба онҳо қарор дар бораи ба таври ғайрисудӣ рӯёнидани қарзҳои эътирофшудаи андоз қабул гардидааст ва (ё) андозсупорандагони бемасъулият эътироф шудаанд - дар асоси дархости хаттии роҳбари мақоми андоз якҷо бо замимаи нусхаи фармоиш ё қарори дахлдори мақоми андоз. Инчунин, дар сурати вафоти муштарӣ маълумот дар бораи сирри бонкӣ ба шахсоне, ки аз тарафи муштарӣ дар васиятнома зикр шудаанд; ба судҳо, идораҳои нотариалӣ ва муассисаҳои консулгарии хориҷӣ аз рӯи парвандаҳои меросии муштарии фавтида дода мешаванд.
     Қобили зикр аст, ки барои ғайриқонунӣ ошкор намудани сирри бонкӣ шахсони гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешаванд. Чунончи, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маданиро барои ғайриқонунӣ ифшо ва дастрас намудани маълумоте, ки маҳрамона эътироф шудааст, пешбинӣ намудааст. Дар сурати аз ҷониби бонк ғайриқонунӣ ифшо намудани маълумоте, ки маҳрамона эътироф шудааст, муштарие, ки ҳуқуқи он вайрон шудааст, ҳуқуқ дорад аз бонк ҷуброни зарари расондашударо талаб кунад.
     Мутобиқи қисми дуюми моддаи 14 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён хароҷотест, ки шахси ҳуқуқаш вайронгардида сарф намудааст ё бояд барои барқарор намудани ҳуқуқи вайронгардида сарф намояд, талаф ёфтан ё осеб дидани молу мулки он (хисороти воқеӣ), инчунин даромади гирифтанашудае, ки шахс, агар ҳуқуқаш вайрон намегардид, дар шароити муқаррарии муомилоти маданӣ метавонист ба даст оварад (фоидаи аздастрафта). Агар шахси вайронкардаи ҳуқуқ даромад ба даст оварда бошад, шахсе, ки ҳуқуқаш вайрон гардидааст, ҳуқуқ дорад дар баробари зиёнҳои дигар фоидаи аздастрафтаро ба андозаи на камтар аз чунин даромад талаб намояд.
     Кормандони бонк барои ифшои маълумоте, ки сирри бонкиро ташкил медиҳанд, метавонанд ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шаванд. Яке аз намудҳои ҷазо аз кор озод намудани корманд барои аз тарафи ӯ фош намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда, ки ба ӯ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ маълум шудаанд, мебошад (сархати 14 моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон).
   Барои ифшои сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд, ки титбқи муқаррароти моддаи 278 он «ифшои ғайриқонунӣ ё истифодаи сирри тиҷоратӣ ё бонкӣ бидуни розигии молики он аз ҷониби шахсе, ки ин сир вобаста ба фаъолияти касбӣ ё хизматиаш маълум буд ва ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиати шахсӣ содир гардида, ба корхонаи тиҷоратӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба миқдори калон зарар расондааст, ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазоро пешбинӣ менамояд».
     Ҳамин тариқ, танзими ҳуқуқии сирри бонкӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб рафта, доимо дар маркази таваҷҷуҳи омӯзиш қарор дорад.
    Масъалаҳои ҳифзи маълумоте, ки сирри бонкиро ташкил медиҳанд, бояд доимо дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти роҳбарикунандаи бонк қарор дошта бошанд ва ҳар як дархост оид ба пешниҳоди чунин маълумот, бояд бодиққат таҳлил карда шаванд. Зеро сирри бонкӣ низоми махсуси иттилооти дастрасии маҳдуд, маҷмуи меъёрҳое, ки номгӯи маълумот, доираи субъектҳое, ки бояд бехатариро таъмин намоянд, инчунин ҳолатҳо ва тартиби дастрасӣ ба иттилооте, ки чунин намуди сирро ташкил медиҳанд, мебошад. Ошкор намудани маълумоти бо сирри бонкӣ ҳифзшаванда метавонад ба амният ё эътибори шахси дорои пасандоз ё суратҳисоби бонкӣ дошта таъсири манфӣ расонад.

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)