ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХИ ШАҲРИ ИСФАРА

-A A +A
Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Шнб, 10/04/2021 - 11:00
Муҳтарам намояндагони мардуми шарафманди шаҳри бостонии
Исфара ва деҳоти Ворух!

Сафари навбатии мо ба шаҳри Исфара ва мулоқоти мову шумо дар рӯзҳои ҷашни бузурги Наврӯзи байналмилалӣ ва соли барои Тоҷикистони маҳбубамон воқеан таърихӣ, яъне 30 – солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.

Бинобар ин, кулли мардуми Исфараи бостонӣ, деҳоти Ворух ва ҳар яки шуморо ба ифтихори ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба шумо барои заҳмати созандаву ватандӯстона ва истиқболи гарму самимиатон изҳори сипос менамоям.

Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки дастоварду пешравиҳои шумо гувоҳи равшани ҳисси баланди миллӣ ва рӯҳияи ватандории мардуми сарбаланди шаҳри Исфара мебошанд.

Исфара бо имкониятҳои бузурги истеҳсолии худ яке аз шаҳрҳои асосии саноатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад.

Саноати коркард, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъдан, нафту газ, истихроҷи ангишт, металлургия, электротехника ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ асоси иқтисодиёти шаҳрро ташкил медиҳад.

Мувофиқи омори расмӣ ҳоло дар шаҳр 51 корхонаи бахшҳои гуногуни саноат фаъолият дорад.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо доир ба рушди боз ҳам бештари саноат ва зиёд кардани маҳсулоти саноатӣ ва пеш аз ҳама, молу маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Хотиррасон месозам, ки дар гузаштаи начандон дур маҳсулоти баъзе корхонаҳои саноатии Исфара ба даҳҳо кишвари минтақа ва ҷаҳон содирот мешуд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, вилоят ва шаҳри Исфара вазифадоранд, ки барои барқарор кардани иқтидорҳои содиротии шаҳр ҳамаи имконияту захираҳоро сафарбар намоянд.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки яке аз роҳҳои асосии самаранок ва пурра истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ мебошад.

Ин масъала бо дарназардошти нақши муҳимми он дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд ва барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳо пешниҳод мегарданд.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар шаҳри Исфара мунтазам афзуда, соли 2020–ум қариб ба 18000 расидааст, ки нисбат ба соли 2013 чоруним баробар зиёд мебошад.

Тибқи таҳлилҳо ҳамасола бо ташаббуси соҳибкорони бонангу номус дар шаҳри Исфара даҳҳо иншооту биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони шаҳр ва деҳоти он мусоидат мекунанд.

Хусусан, солҳои охир дар шаҳр раванди ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва банду басти он мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва дар ин замина афзоиш додани иқтидори содиротии кишвар густариш пайдо карда истодааст, ки шоистаи таҳсину дастгирӣ мебошад.

Соли 1991 дар шаҳри Исфара ҳамагӣ 2 корхонаи истеҳсоли консерваи меваю сабзавот ва 1 корхонаи истеҳсоли спирти этилӣ мавҷуд буд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин рақам афзоиш ёфта, соли 2020 шумораи корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва дигар корхонаҳои саноатӣ ба 20 расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи таъмини рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва тадриҷан баланд гардидани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ сатҳи зиндагии сокинон беҳтар шуда, даромади буҷети шаҳр торафт афзоиш ёфта истодааст.

Масалан, агар соли 2006 ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷети шаҳр ҳамагӣ ба 11 миллион сомонӣ баробар шуда бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2020 ба 110 миллион сомонӣ расида, 10 баробар зиёд шудааст.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони шаҳру деҳоти Исфара ва пешрафту ободии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети давлат як миллиарду 137 миллион сомонӣ равона кардааст.

Дар баробари ин, дар ин давра дар шаҳри Исфара 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ гардида, дар доираи онҳо то имрӯз 330 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои ин гӯшаи биҳиштосои Ватани азизамон таъмин шуда, ҳоло симои шаҳр ба куллӣ дигаргун ва шароити зиндагии сокинони он хеле беҳтар гардидааст.

Бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ, ки омили асосии таъминкунандаи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои босифат, манбаи таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад, солҳои охир як силсила тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.

Дар натиҷа соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳр 560 миллион сомониро ташкил карда, нисбат ба соли 2015 беш аз 1,6 баробар зиёд гардидааст.

Соли 2020 дар шаҳри Исфара 4 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 100 ҷойи нави корӣ ба истифода супорида шудааст.

Соли гузашта дар шаҳр 2480 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки қариб 6 фоизи шумораи умумии ҷойҳои нави кории соли 2020 дар вилояти Суғд таъсисгардидаро ташкил медиҳад.

Хотирнишон месозам, ки бо вуҷуди тамоюлҳои мусбат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ суръати рушди он ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.

Аз ин лиҳоз, роҳбарону масъулин вазифадоранд, ки барои боз ҳам зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, махсусан, ҷойҳои кории доимӣ ва бо ҳамин роҳ паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ чораҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Субъектҳои соҳибкориро зарур аст, ки имтиёзҳо ва сабукиҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакатро самаранок истифода баранд ва дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ фаъолтар бошанд.

Соли гузашта ва семоҳаи аввали соли 2021 аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ва соҳибкорон ба хориҷи мамлакат беш аз 17000 тонна меваи хушк, зиёда аз 400 тонна консерва ва 320 тонна сабзавот содирот шудааст.

Вале ин нишондиҳандаҳо нисбат ба имкониятҳои мавҷуда ҳоло ҳам каманд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида то ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳр бунёди 457 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла 9 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 12 иншооти соҳаи тандурустӣ, 47 иншооти соҳаи маориф, 17 иншооти варзиш, 12 муассисаи истироҳатӣ ва фарҳангӣ, сохтмони роҳу пулҳо, биноҳои истиқомативу маъмурӣ ва иншооти дигар пешбинӣ шудааст, ки боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру деҳот ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум хоҳад гардид.

То 1 –уми марти соли ҷорӣ дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 411 иншооти дорои аҳаммияти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Шаҳри бостонии Исфара на танҳо яке аз шаҳрҳои асосии саноативу кишоварзии мамлакат, балки яке аз шаҳрҳои бостонӣ ва як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азизамон буда, бо мардуми соҳибмаърифату ҳунарманд ва меҳмондӯст, инчунин, табиати зебо, меваҳои шаҳдрез, меъмории ба худ хос ва ёдгориҳои бостониаш шуҳрат дорад.

Исфара дар таърихи халқи мо мақому манзалат ва ҷойгоҳи баланд дорад.

Шаҳре, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ба халқи тоҷик хизматҳои бузургро ба иҷро расонидааст, имрӯз низ, яъне дар марҳалаи навини давлатдории миллиамон бояд ҳамон рисолати хешро ба анҷом расонад.

Дар кишвари мо солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, Ҳукумати мамлакат тамоми имкониятҳоро барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузориҳо дар ин самт фароҳам оварда истодааст.

Бинобар ин, муҳим аст, ки ҷиҳати рушди соҳа, махсусан, муаррифии имкониятҳои шаҳри Исфара, ки яке аз гӯшаҳои ҷолиби сайёҳии кишвар ба шумор меравад, чораҳои муассир андешида шаванд.

Дар ин самт зарур аст, ки ба тақвияти имкониятҳои мавҷудаи шаҳр, рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили наққошӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, дӯзандагӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихӣ ва этнографию фарҳангӣ, инчунин, таъсиси инфрасохтори соҳа ва истифодаи воситаҳои муассири муаррифии мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Наққошиву кандакории устоҳои Исфара, ки имрӯз беҳтарин биноҳои Тоҷикистонро зебу оро медиҳад, ҳоло берун аз кишвар низ ҳаводорони зиёд ва шуҳрати хосса дорад.

Инчунин, осоишгоҳи “Зумрад”, ки дар тӯли даҳсолаҳо ҳазорон ва даҳҳо ҳазор шаҳрвандони мо ва кишварҳои хориҷӣ дар он табобату истироҳат кардаанд, таваҷҷуҳи мардуми мо ва мамолики дигарро ба худ ҷалб мекунад.

Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад.

Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.

Ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух мерасонам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст.

Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад.

Дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд.

Тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид.

Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем.

Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.

Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд.

Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд.

Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд.

Дар ҳалли ин гуна масъалаҳо роҳи дигар вуҷуд надорад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат аз мушкилоти сокинони шаҳри Исфара ва махсусан, деҳоти Воруху Чоркӯҳ огоҳии комил дорад.

Аз ҷумла, дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таълимӣ, нарасидани технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ, норасоии омӯзгорон ва масъалаҳои дигар вуҷуд доранд, ки доир ба ҳалли онҳо ба сохтору мақомоти дахлдор, аллакай, супоришҳо дода шудаанд.

Илова бар ин, ҳанӯз ҳам нокифоя будани шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ, норасоии ҷойҳои корӣ, махсусан, барои занону духтарон, кам будани марказҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ихтисос барои ҷавонон ва муассисаҳои томактабӣ аз ҷумлаи мушкилоти сокинони шаҳр ва деҳоти он мебошанд.

Доир ба рафъи мушкилоти зикршуда низ ба роҳбарону масъулони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав ва дигар сохтору мақомоти марбута дастуру супоришҳои дахлдор дода шудаанд.

Вале дар баробари ин, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону тоҷирони бонангу номус ва шахсони саховатпеша низ вазифадоранд, ки дар самти бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда дар шаҳри Исфара, хусусан, дар деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ саҳми боз ҳам бештар гузоранд.

Дӯстони гиромӣ!

Дар ҳама гуна ободкориву созандагӣ ва ташаббусҳои неке, ки дар шаҳри Исфара дида мешаванд, пеш аз ҳама, нақши бисёр арзишманди ҷавонони ватандӯст ва бонангу номуси шаҳри Исфара возеҳ дида мешавад.

Мо имрӯз дилпурона изҳор менамоем, ки ҷавонони шаҳри Исфара ҳам дар самти созандагӣ ва ҳам дар ҳимояи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани амнияти давлату ҷомеа ва волоияти қонун дар сафи ҷавонони фаъоли мамлакатамон қарор доранд.

Сатҳи зиракии сиёсиву огоҳии онҳо дар самти амалисозии иқдомҳои давлат оид ба мубориза бо ифротгароӣ сол ба сол боло меравад.

Дар робита ба ин, такроран таъкид месозам, ки бо дарназардошти вазъи ноорому пуртазоди ҷаҳони муосир ҳар яки мову шумо бояд масъалаи зиракиву ҳушёрӣ ва эҳтирому ҳифз намудани манфиатҳои миллату давлатро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур накунем.

Бо мақсади эмин нигоҳ доштани насли наврас аз таъсири ҳама гуна ғояҳои бегона ва гурӯҳҳои ифротгаро ҳамбастагии оила, мактаб, сохторҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, аз ҷумла шахсони обрӯманду рӯзгордида ва фаъолон зарур мебошад.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои марбутаи давлатӣ, аҳли зиё ва фаъолони шаҳрро зарур аст, ки дар байни ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати дарки дурусти ҳадафу ниятҳои нерӯҳои ифротгарову хурофотпараст ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд ва ташаббусҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир шаҳри Исфара ва махсусан, деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъвати наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар иҷро менамоянд, ки ин низ аз сатҳи баланди ватандӯстии ҷавонони шаҳр ва деҳоти он гувоҳӣ медиҳад.

Нақшаи даъвати баҳории соли ҷорӣ низ дар қатори аввалинҳо дар деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ дар як муддати кӯтоҳ, яъне рӯзи 1 апрел иҷро гардид.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тарбияи кадрҳо барои соҳаҳои гуногун аз байни ҷавонони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла Воруху Чоркӯҳ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Аз соли 1997 сар карда, то соли хониши 2020 – 2021–ум 350 нафар хатмкардагони мактабҳои шаҳри Исфара бо квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда шудаанд, ки 220 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Аз шумораи умумии зикршуда 80 нафарро ҷавонони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ ташкил медиҳанд.

Илова бар ин, мо ҳангоми сафари худ ба шаҳри Исфара 26 июли соли 2019 барои ҷавонони деҳоти Ворух 25 ҷой, Чоркӯҳ 18 ва Сурх 7 ҷойи иловагӣ ҷудо кардем.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат қариб 50 нафар фарзандони сокинони деҳоти Воруху Чоркӯҳ таҳсил карда истодаанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Исфара таърихи ниҳоят бостонӣ дошта, сокинони он аз замонҳои хеле қадим ба заминдориву кишоварзӣ машғул будаанд.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки ин шаҳр ва атрофи он махсусан, дар замони Сомониён рушду тавсеа ёфта, ба як боғистон шабоҳат доштааст.

Мувофиқи маълумоти «Бобурнома»–и Заҳириддини Бобур «Исфара, аз ҷумла Ворух дорои обҳои равон ва боғчаҳои босафо будааст.

Дарахтони босамараш бисёр ва бештари боғҳояш бодомзор мебошанд.

Мардумаш тамом сарт ва кӯҳӣ, яъне тоҷик ва кӯҳистонӣ буда, форсигӯянд. Исфара аз чор қисм – яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух ва чорум Ҳушёр иборат аст».

Аз рӯи ин маълумот ва сарчашмаҳои дигар равшан мешавад, ки Исфара макони таърихии тоҷикон буда, ин масъала аз тарафи олимони маъруфи таърихшинос ва бостоншиносони номдор низ тасдиқ гардидааст.

Ёдгориҳои таърихие, ки дар ҳудуди шаҳр ва деҳоти он ҷойгир мебошанд, далели онанд, ки сокинони ин макон ҳазорҳо сол пеш бумӣ будаанд.

Анъана ва расму ойинҳое, ки мардуми Исфара ва деҳоти он то ба имрӯз ҳифз кардаанд, бори дигар бостонӣ будани ин мавзеъро тасдиқ мекунанд.

Аз ин рӯ, олимону муҳаққиқони кишварро зарур аст, ки дар ин қисмати мамлакат корҳои илмиву таҳқиқотиро вусъат бахшанд ва доир ба таъриху фарҳанги қадимаи сокинони ин диёр корҳои нави илмиро ба анҷом расонанд.

Исфара бо чунин таърихи куҳан маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ рушду тараққӣ кард ва ба як шаҳри пешрафтаи Тоҷикистон табдил ёфт.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне аз соли 1991 то ибтидои соли 2021 аҳолии шаҳри Исфара аз 118 ҳазор нафар ба 280 ҳазор расида, қариб дуюним баробар зиёд шудааст ва аҳолии деҳоти Ворух аз 20 ҳазор нафар ба зиёда аз 43 ҳазор расида, беш аз ду баробар афзудааст.

Имрӯз маҳсулоти корхонаҳои саноатии ин шаҳр на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсоя низ харидорони зиёд дорад.

Маҳз соҳибкорони бонангу номуси исфарагӣ маҳсулоти мевагии Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар содирот намуда, бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла мамолики гуногуни Осиё, Аврупо ва Амрикоро бо хушкмева ва зардолуи шаҳдбори Исфара ошно месозанд.

Бовар дорам, ки мардуми заҳматқарин ва соҳибкорони ватандӯсти шаҳри Исфара минбаъд низ таъсиси корхонаҳои саноатиро бо воридоти технологияҳои муосир вусъат бахшида, дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, содироти он ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ саҳми бештар мегузоранд.

Ҳамчунин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор месозам, ки бо мақсади дар тамоми кишвар паҳн кардани таҷрибаи корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзони шаҳри Исфара дар ин ҷо семинари омӯзишӣ гузаронанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ қисми зиёди кӯчаҳои шаҳр ва деҳоти он таъмиру таҷдид шуда, якчанд пулҳои нав бунёд ва қисми дигари онҳо таъмиру таҷдид гардидаанд.

Дар сафари қаблӣ мо беш аз 12 иншооти хурду калонро ба истифода додем, ки қисми зиёди онҳо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтаанд.

Дар ин сафар низ маҳсули заҳмати соҳибкорон назаррас буда, бо саъю кӯшиши онҳо даҳҳо иншооту корхонаҳои замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар баробари ин, дар ҳар як деҳоти шаҳр корҳои ободониву созандагӣ идома ёфта, ҳусну намуди деҳаҳо ба куллӣ тағйир ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки кишоварзони Исфара боғпарварӣ, чорводорӣ ва зироаткориро низ тараққӣ дода, хусусан, дар ғаллакорӣ ва картошкапарварӣ ба пешравиҳои назаррас ноил шуда истодаанд.

Маҳз бо дарназардошти маданияти баланди заминдории кишоварзони шаҳри Исфара мо моҳи июни соли 1993 дар ҷараёни аввалин сафари кории худ дар шаҳр семинари ҷумҳуриявии кишоварзони мамлакатро баргузор карда будем.

Баъди ҳамон сафар дар мавзеи Моҳпарӣ беш аз 1000 гектар замин аз худ гардида, дар он парвариши боғҳои мевадиҳанда ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.

Қобили таҳсин аст, ки деҳқонони соҳибтаҷрибаи ин диёр дар заминҳои санглох боғҳои зардолу бунёд карда, инчунин, аз як гектар замин то 80 сентнер ғалла мерӯёнанд.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки ҳоло ҳам дар соҳаи кишоварзии шаҳр имкониятҳо ба пуррагӣ истифода нашуда истодаанд.

Дар оянда барои рушди соҳаҳои боғпарварӣ, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, моҳипарварӣ махсусан, гулмоҳӣ, рушди саноати хӯрокворӣ ва истеҳсолоти саноатӣ, аз ҷумла коркарди маъдан имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Бори дигар хотирнишон менамоям, ки шаҳри Исфара ва деҳоти он яке аз беҳтарин мавзеъҳои сайёҳӣ мебошад ва имконоти зиёде ҳаст, ки дар ин ҷо сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ бамаротиб рушд дода шавад.

Ба ҳамин хотир, бо дастури мо як қисми иншооти осоишгоҳи «Зумрад» азнавсозӣ гардида, ба истифода супорида шуд ва ҳоло сохтмони иншооти иловагӣ дар ин осоишгоҳ идома дорад.

Баробари ба анҷом расидани корҳои сохтмон 1000 ҷойи нав муҳайё гардида, дар як вақт беш аз 1500 нафар табобат гирифта метавонанд ва ин осоишгоҳ дар миқёси Тоҷикистон ба яке аз мавзеъҳои асосии табобату истироҳат ва саёҳати шаҳрвандони кишвар, инчунин, меҳмонону сайёҳони хориҷӣ табдил меёбад ва садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

Дар баробари ин, соҳибкорони маҳаллиро низ зарур аст, ки дар бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти хизматрасонӣ фаъолона саҳм гузоранд.

Яке аз мушкилоти шаҳру деҳоти Исфара таъмин намудани аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ ва полезӣ мебошад.

Ҳукумати мамлакат барои ҳалли ин масъала тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст.

Мо субҳи имрӯз хатти оби нӯшокии шаҳраки Шӯробро, ки барои бунёди он аз буҷети давлатӣ 12 миллион сомонӣ сарф гардида, беш аз 15 ҳазор аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ таъмин мешаванд, ба истифода супоридем.

Инчунин, хатти оби нӯшокӣ барои таъмин намудани 9 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳои Тоҷикон ва Сангтӯдаи деҳоти Ворух низ ифтитоҳ гардид.

Илова бар ин, маркази хизматрасонӣ бо майдончаҳои кушода ва болопӯшидаи варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва маркази фароғат, боғи интенсивии Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Ворух”, майдони Парчами давлатӣ, мактаби навбунёд дар деҳаи Сангтӯда барои 1000 нафар хонанда, биноҳои маъмурии шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, ба истифода дода шуданд.

Дар маркази деҳоти Ворух боз якчанд иншооти дигар, аз ҷумла Қасри навбунёди фарҳанг бо хонаи ақди никоҳ, китобхона, инчунин, маркази муосири хизматрасонӣ бо корхонаи истеҳсоли либоси мактабӣ, ҳунарҳои дастӣ ва коргоҳи қаннодӣ ба фаъолият оғоз карданд.

Бояд гуфт, ки барои ободиҳои зикршудаи имрӯза беш аз 45 миллион сомонӣ сарф гардида, барои садҳо нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳозирини арҷманд!

Мо бо иродаи мардуми Исфара ва нангу номуси сокинони деҳоти он ифтихор менамоем.

Ин мардуми сарбаланд ва заҳматкаш аз қадим бо меҳмоннавозӣ ва ҳимматбаландии худ шуҳрат пайдо кардаанд.

Махсусан, дар замони соҳибистиқлолӣ сокинони сарбаланди Исфара сиёсати Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, барои ободии ҳар як гӯшаи шаҳр ва деҳаҳои он заҳмати зиёд кашида истодаанд.

Алалхусус, ҷавонони бонангу номуси Исфара дар бунёдкорӣ ва боз ҳам обод гардидани шаҳр саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо истифода аз иштироки намояндагони мардуми Исфара як масъалаи муҳимро, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар чандин маротиба изҳор доштам, бори дигар таъкид менамоям.

Тибқи хулосаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мутахассисону коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ соли 2021 дар таърихи садсолаи ҳаёти башарият бо сабаби тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, пайомадҳои манфии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, инчунин, авҷ гирифтани бекорӣ яке аз солҳои вазнинтарин ва ниҳоят душвор мегардад.

Мувофиқи изҳороти созмонҳои байналмилалӣ, аллакай, аҳолии бист кишвари сайёра аз болоравии нархҳо ва камчинии маводи ғизоӣ ба гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ гирифтор шудаанд.

Дар чунин шароит мо бояд аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, дар ҳар як оила захираи озуқавориро таъмин намоем ва нагузорем, ки халқамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ танқисиву муҳтоҷӣ кашад.

Бо дарназардошти вазъи зикршуда тамоми мардуми кишвар ва ҳар як оила бояд талаботи Қонуни миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”–ро қатъӣ риоя намоянд ва ҳангоми баргузории маъракаву тӯйҳо ба зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, махсусан, исрофи маводи ғизоӣ роҳ надиҳанд.

Дар охир ба хар як сокини шаҳр ва деҳоти Исфара, аз ҷумла сокинони сарбаланди деҳоти Ворух барои заҳмати созанда ва истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, бо эътимоди комил иброз менамоям, ки то ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон мардуми бонангу номуси ин шаҳри бостонӣ на танҳо корҳои ба уҳдаи худ гирифтаашонро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро менамоянд, балки аз нақша зиёдтар корҳои ободониву созандагиро ба анҷом расонида, шаҳри Исфара ва деҳоти онро ба яке аз гӯшаҳои пешрафтаи кишвар ва макони зебои сайру саёҳат табдил медиҳанд.

Дар ин амали хайр ба ҳамаи сокинони ватандӯсту заҳматқарини Исфараи бостонӣ барори кор ва муваффақият орзу менамоям.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки мо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, Ватани муқаддасамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро сидқан, самимона ва баробари ҷони худ дӯст дорем, онро обод кунем ва шукрона кунем, ки соҳиби давлати озод, Ватани обод ва сарзамини аҷдодии биҳиштосо ҳастем.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад