ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович... Санаи интишор: Чшб, 07/12/2022 - 16:06
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА
 
   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври возеҳ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд. Дар ин самт аҳамияти хосатан муҳими амалиро масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавии занон ишғол намуд.
   Дар ҳошияи зикркардаҳои боло як нуктаи бисёр ҳам муҳимро аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат санаи 7 марти соли 2006 дар васфи зан-модар қайд кардан ба маврид аст: «Агар дар хотир дошта бошед, дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар соли 1997-ум иброз дошта будам: Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар - сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
   Набояд фаромӯш сохт, ки солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину басо мураккаб буд ва имтиҳони сахти рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби худ кашид. Бо вуҷуди ин ҳама монеаҳо, занон аз оғози дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ аз ҷараёни иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва дар як зумра рӯйдодҳои кишвар, аз ҷумла муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти кишвар, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамчунин дар масъалаҳои халъи силоҳ, оштӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ, таъмини покизагии маънавию ахлоқии ҷомеа ва ғайра нақши созанда ва ибратбахш бозиданд.
   Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки проблемаи беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт.
   Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлолият ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд. Аз ҷумла:
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;
Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);
– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;
Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);
Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5.
   Лозим ба зикр аст, ки қонунгузорӣ дар бораи баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон танҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло ишорагардида маҳдуд намегардад. Дар баробари ин ва дар асоси қонунҳои дар боло зикршуда, дар Тоҷикистон санадҳои сершумори зерқонунӣ ва барномаҳову нақшаи чорабиниҳои зиёд қабул гардиданд, ки барои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои занон, ки дар Конститутсия, дигар қонунҳои мамлакат, инчунин аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеоянд, нигаронида шудаанд.
   Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, ки барои васеъ намудани намояндагии занон дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ, ҳукумати мамлакат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ нигаронида шуда буд. Таъини занон ба ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилотӣ бо назардошти лаёқатмандӣ, сифатҳои касбӣ ва салоҳиятнокии онҳо оғоз гардид, ки дар ин самт аз ҳисоби занон-мутахассисон таъин гардидан ба мансаби яке аз муовини роҳбар истисно набуд.
   Доир ба ин масъала, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон ва дастгирии ин табақаи бонуфузи ҷомеа ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.
   Баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҷтимоии ин табақаи аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дошта, вобаста ба масъалаҳои болозикр зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд.
   Ҳамин тавр, сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз нигоҳи рушди таърихӣ, инчунин аз нигоҳи таҳаввулоти сифатӣ бо фарогирии марҳилаҳои муосир мавриди амал қарор гирифтааст. Дар омӯзиши асосҳои назариявӣ-таърихии масоили мазкур дар мавриди муҳайё намудани механизми қонунгузорӣ оид ба амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои занон, инчунин амалияи таърихӣ, ки барои рушди қонунии муосири ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи бунёдӣ гардида, талаботи қотеона гузошта мешавад.
Занон дар коркард ва амалинамоии сиёсати давлатӣ, таҳлил ва тадқиқоти гендерӣ нақши бағоят муҳимро мебозанд, зеро барои ба инобат гирифтани тамоми унсурҳои вазъи муосири маданӣ-иҷтимоии муносибатҳои байниҳамдигарии мардон ва занон ва пешгӯӣ намудани пешбурд ва амалинамоии механизми такомули шуури ҷамъиятӣ дар соҳаи мӯътадилсозии муносибатҳои иҷтимоии мардон ва занон имконият фароҳам меоварад.
   Татбиқи сиёсати гендерӣ дар кишвар бо ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила самаранок вусъат меёбад. Сарвари давлат ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзонаю оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар ба ҷо овардани рисолати аслии худ таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони соҳибмаърифату боодоб, бонангу номус, ватандӯсту худшинос саҳми босазо мегузоранд.
   Таърихи башар собит намуд, ки ҷомеа ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли ӯ дар тамоми  бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст. Истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи   созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд.
   Ин аст, ки таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мақому манзалати зан, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои бонувон ва шумораи занони роҳбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо, устувор сохтани институти оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва беҳдошти саломатии модару кӯдак аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати «Рӯзи модар» санаи 7 марти соли 2017 баён доштанд, ки:«Зан - Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, сухан гуфтан ва роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд. Яъне, барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва ҳамеша дар орзуи хушбахтии фарзандаш аст».
   Ҳадиси ҷовидонаи Пайғамбари ислом - «Биҳишт зери қудуми модарон аст» тамоми мусулмононро даъват мекунад, ки дар ҳама ҳолат зан-модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоянд.  Мутафаккир, ҳикматдони машҳур Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ   чунин қайд карда буд, ки «зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст» ва Ҳеродот қайд карда буд, ки «зан паҳлавонест, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором мекунад».
   Нависандаи маъруфи Аврупо Оноре де Балзак қайд кардааст, ки: «Ояндаи миллат дар дасти модарон аст» ва С. Джейст мегӯяд, ки «Шумо ҳанӯз кӯдак ҳастед, то даме, ки модар доред».
   Маҳз бо шарофати фаъолияти хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азиз имрӯз занону бонувон дар ҳамаи корҳои давлатдорӣ ва сиёсат фаъолона иштирок намуда, дар ҳайати мақомоти қонунбарору иҷроия ва суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазорату муассисаҳои давлатӣ вазифаҳои хеле масъулро ба уҳда доранд, ки ин нишонаи соҳибиззату соҳибэҳтиром будани онҳо дар ҷомеаи муосир мебошад. Ҳамин тариқ, имрӯз ба масъалаи мақом ва нақши зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан талаби замон аст, зеро бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа метавонем бунёди ҷамъияти боадолату тараққикардаро устувор нигоҳ дорем.
 
                                                                                       Исмоилова Мадина,
сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкории  Маркази миллии қонунгузории назди        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад