ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1955 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

РОҲҲО ВА ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТУ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶОМЕА

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 14/03/2024 - 09:06
         Дар замони соҳибистиқлолӣ решаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷинояткорӣ асосан барҳам дода шуда рушди бемайлони истеҳсолоти моддӣ, ҳаёти маданӣ ва шуурнокии баланди шаҳрвандон таъмин гардид. Новобаста аз ин  рафтори ношоям ва ҳатто, содиршавии ҷиноятҳо ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Чунин рафтор натиҷаи муқобилгузории манфиатҳои шахсӣ ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, ба ҳар роҳ қаноат кунонидани майлу хоҳиши худ, муносибати бепарвоёна ба манфиатҳои ҷамъиятӣ  ва ғайра мебошад.
         Тавре аз гузориши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар ҷумҳурӣ бармеояд 21319 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2022 1162 ҳолат кам мебошад. Аз ҷумла ҷиноятҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон 57, роҳзанӣ 19, ғоратгарӣ 107, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 129 ва дигар ҷиноятҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд. Ҳамчунин, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 11 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 55 нафар барои содир намудани 43 ҷиноят ошкор карда шудаст.
        Масъалае, ки имрузҳо дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ боиси ташвиш мебошад пешгирии ҷинояткори аст. Пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити имрўза яке аз омилҳои асосии таъмини оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд. Пурзӯр намудани нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рушди ҳамкории онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани боварии шаҳрвандон нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, самаранок ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва таҳким бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт омилҳои муҳими таҳкими чораҳо ва роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ ба ҳисоб мераванд.
        Имрўзҳо тадбирҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар соҳаи ҳуқуқ таснифҳои гуногун дорад, аз ҷумла вобаста ба сатҳи фаъолияти пешгирӣ (чораҳои умумииҷтимоӣ ва махсус); ҳаҷм ва самти чораҳои пешгирӣ (пешгирии умумӣ, махсус ва фардӣ); ҳудуди  ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ,  яъне дар ҳудуди ноҳия ва воҳидҳои  маъмурии  аҳолинишин, объекти мушаххас, корхона, ташкилот, муассиса ва ғайра); мазмун; василаҳои таъсиррасонӣ ба ҷинояткорӣ (хусусияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта, ташкилӣ-роҳбарӣ, ѓоявӣ, техникӣ, ҳуқуқӣ); субъекти фаъолият.
        Сабаб ва омилҳои ҷиноят низ гуногун фаҳмида шуда, ба ақидаи муаллифон решаи ҷиноят ҳамеша дар зуҳуроти манфии иҷтимоӣ, проблемаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа ҷой гирифтааст. Аз ин рӯ, дар самти коҳиш додани ҷиноятҳои содиршуда дар муҳлати дарозмуддат тадбирҳое вуҷуд доранд, ки ба таҳкими вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор, фароҳам овардани фазои мусбии ахлоқӣ дар ҷомеа ва ғайра равона шудаанд.
       Тадбирҳои мақсадноки андешидаи давлат ва ҷомеа метавонанд таъсири манфии шахсонеро, ки ба ҷиноят даст мезананд, ба таври назаррас коҳиш диҳанд: масалан, таъмини худмашѓулият, ташкили ҷойи корӣ метавонад на танҳо сатҳи бекориро коҳиш диҳад, балки сатҳи зиндагии мардумро беҳтар гардонад, мутаносибан онҳоро аз содир кардани кирдорҳои ғайриҳуқуқиву ахоқӣ нигоҳ дорад. Ҳамчунин машғул шудан ба варзиш, эҷодкорӣ ва ғайра метавонад боиси кам шудани истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор аз ҷониби гурӯҳи осебпазири ҷомеа – ҷавонон ва ноболиғон гардад.
      Таҳия ва татбиқи тадбирҳои умумии пешгирӣ аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои гуногун: ҳуқуқшиносон, иқтисоддонҳо, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон, равоншиносон ва ғайра сурат мегирад. Дар ин раванд иштироки таҳлилҳои маълумоти оморӣ, пешгӯии самаранокии тадбирҳои пешниҳодшуда аз нуқтаи назари таъсири онҳо ба ҷинояткорӣ ва гузаронидани экспертизаи криминологии меъёрҳо ва барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ зарур мебошанд.
        Қобили зикр аст, ки дар пешгирии ҷинояткорӣ боло бурдани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ,  нақши таъсирбахши оила ва муассисаҳои таълимӣ хеле бузург аст, чунки маҳз онҳо метавонанд шаҳрвандонро ҳанӯз аз овони хурдӣ бо меъёрҳои ахлоқу ҳуқуқ шинос намуда, зарурияти риоя кардани онҳоро фаҳмонида ва ба ин васила дар рушди ахлоқиву ҳуқуқии онҳо ҳиссагузор бошанд. Ҳамчунин роҳҳои дигари самарабахши пешгирии ҷинояткорӣ ҷалби одамон ба китобхонӣ, нашри маводҳои чопӣ, анҷом додани корҳои илмӣ ва таҳлилӣ мебошад.
       Дар ин робита нақши аҳли зиёи мамлакат дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ бениҳоят назаррас мебошад. Зеро тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, “Аҳли зиё ҳамчунин метавонад дар ислоҳи нуқсу камбудиҳои ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, коррупсия, одамфурўшӣ, нашъамандӣ ва зарари он барои ҳаёти инсон ва генефонди миллат, танзими оила ва расму оинҳо кори зиёдро анҷом диҳад”.
      Дар маҷмӯъ, пешгирии ҷиноятҳо ба таъмини рафтори  шоистаи шахс дар ҷомеа, фароҳам овардани шароит барои ноил шудан ба талаботи муқаррарӣ (манзил, сарватҳои моддӣ, меҳнат, фароғат ва истироҳат) бо воситаҳои қонун нигаронида шудааст, роҳҳо ва тадбирҳои асосии пешгирии ҷинояту ҷинояткориро дар ҷомеа корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, фаҳмондадиҳии меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ, фаъолгардонии нақш ва нуфузи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт, ташкили шароити корӣ ва шуғлмандӣ, ҷалби бештари аҳолӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ва илму донишҳои дунявӣ ташкил медиҳад.
муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ,
н.и.ҳуқуқшиносӣ, Каримзода Р.М.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад