ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1922 ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1920 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1921 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗАМИНАИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 15/02/2024 - 10:02
     Ҳамасола дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ пайваста таҳлил ва вазифагузорӣ мешаванд.
   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои муайян намудани паҳлуҳои мухталифи сиёсати берунӣ ва дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи иҷтимою иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад.
   Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид ба амал оварда шуд, ки «Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешиданд».
    Ҳамзамон, дастовардҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат ва пешрафти ин соҳаи пешбари иқтисодиёт махсусан таъкид гардиданд. Иброз дошта шуд, ки солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар амал самараи дилхоҳ дод. Соли 2023 барои ташкили истеҳсолоти нави саноатӣ, тавсеаи фондҳои асосӣ, тавлидоти маҳсулоти наву рақобатпазир аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 млрд сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,5 маротиба зиёд мебошад. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 46 миллиард сомонӣ расонида шуда, сифати молҳои тавлидотӣ ва хизматрасониҳо беҳтар гардад.
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мардуми мамлакатро ба рушди энергетика ва дурнамои тараққиёти он ҷалб намуданд. Дар Тоҷикистон соли 2023 иқтидори энергетикии мамлакат ба 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ ба 22 миллиард киловатт-соат расонида шуд, ки нисбат ба солҳои гузашта зиёд мебошад. Дар солҳои минбаъда низ навсозӣ ва бунёди неругоҳҳои барқии обӣ вусъати тоза пайдо менамояд. Соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқӣ-обии «Роғун» ба баҳрабардорӣ супорида мешавад. Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои лоиҳаи «CASA-1000», бунёди неругоҳҳои барқӣ-обии «Шӯроб», «Санобод» ва «Чорсем» ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳафт соли наздик содироти қувваи барқ ба 10 млрд киловатт-соат расонида мешавад.
    Як самти муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат рушди неруи «сабз» мебошад, ки аз рӯйи истифодаи он дар раддабандии байналмилалӣ Тоҷикистон дар ҷойи шашум қарор дорад. Вазифа гузошта шудааст, ки то соли 2030 истеҳсоли неруи эҳёшаванда аз ҳисоби манбаъҳои офтоб ва бод ба 1 мегаватт расонида шавад. Дар соли 2032 тамоми неруи барқи мамлакат аз манбаъҳои эҳёшаванда истеҳсол мешавад.
   Натиҷагирӣ ва омори бахши сармоягузориву соҳибкориро дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр намудан ба маврид аст:
      Дастгирии соҳибкорӣ. Субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.
    Аз ҷониби соҳибкорони мамлакат беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ шуданд.
   Соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.
     Аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону навсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.
     Ҷалби сармоягузорӣ. Дар ҳафт соли охир ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.
    Дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуд.
   724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
      Ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба ММД 10 фоиз расонида шуда, дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб шавад.
      Аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо зиёда аз 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 1,5 баробар зиёд мебошад.
     Яке аз самтҳои асосие, ки Пешвои миллат дар он нақши босазо доранд ин ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳмон ҳамчун намояндаи кишвар дар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ баромад карда, Тоҷикистонро ҳамчун як макони ҷолиби сармоягузорӣ пешбарӣ мекунад. Пешвои миллат бо фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, эҷоди сиёсати дӯстона барои сармоягузорон ва ширкат дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад.
     Ғайр аз он, Пешвои миллат дар таҳия ва татбиқи сиёсати иқтисодие, ки рушди устуворро пеш мебарад, нақши муҳим мебозад. Таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат мақомотҳои давлатӣ, коршиносон ва мушовирон барои таҳияи стратегияҳое, ки ба мушкилоти иқтисодии кишвар расидагӣ мекунанд ва аз ҷиҳатҳои тавонои он истифода мекунанд, зич ҳамкорӣ мекунанд. Ин таҳияи сиёсатҳо барои диверсификатсияи иқтисод, таҳкими бахшҳои калидӣ, аз қабили соҳаи саноат, кишоварзӣ, истеҳсолот ва сайёҳӣ ва беҳбуди инфрасохтор ва робита дар дохили кишвар ва бо кишварҳои ҳамсояро дар бар мегирад.
     Пешвои миллат дар баробари ҷалби сармоя ва таҳияи сиёсат ба рушди сармояи инсонӣ низ афзалият медиҳад. Зимни суханрониҳои худ Пешвои миллат иброз медоранд, ки қувваи кории соҳибихтисос ва маълумотнок барои рушди устувори иқтисодӣ нақши асосиро мебозанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба такмили системаи маориф, пешбурди таълими касбӣ ва сармоягузорӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Сарвари давлат бо афзоиши сармояи инсонӣ кафолат медиҳад, ки Тоҷикистон дорои истеъдод ва таҷрибаи зарурӣ барои пешбурди навоварӣ ва рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.
    Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини суботи макроиқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Пешвои миллат бо низоми бонкӣ ва дигар ниҳодҳои молиявӣ барои нигоҳ доштани устувории нархҳо, назорати таваррум ва идоракунии сиёсати молиявии кишвар ҳамкории зич доранд. Ин субот фазои мусоидро барои рушди соҳибкорон фароҳам оварда, сармоягузории дохиливу хориҷиро ҳавасманд мекунад.
      Дар фарҷом метавон гуфт, ки маҳз соҳаи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ асоси рушди иқтисодиёти миллӣ буда, таваҷҷуҳ ба ин самт ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои бузургу ояндаи дурахшони мамлакат мусидат менамояд. Аз ин рў, мебояд ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар амалинамоии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвари азизамон нақши сазовор доранд, имтиёзҳои бештари ҳуқуқӣ дода шавад ва иқдомҳои наҷиби ба рушди иқтисоди миллӣ равонагардидаи онҳо ҳаматарафа дастгирӣ карда шавад.

 

Мадина Исмоилова – сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад