ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима

НАШРҲОИ МО ДАР СОЛИ 2017

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 21/01/2020 - 13:17

 

Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. Муаллифон: Раҳимзода М.3. Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., проф., Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ) - боби 6 (моддаҳои 55-64), Қодиров Б.К. д.и.п., проф., сардори шуъбаи омўзиши масъалаҳои сиёсати таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон - боби 2 (моддаҳои 9-22), Саидзода И.Ҳ. н.и.ҳ., муовини Директори ММҚ - моддаҳои 31-33, Каримов А.Қ. н.и.ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муқаддима, боби 1 (моддаҳои 1-8), Азизов И.М. сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии ММҚ - пешгуфтор, бобҳои 3, 4, 7 ва 8 (моддаҳои 26-30, 37-42, 65-69), Қурбонова М.Н. сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти ММҚ - моддаҳои 47-54), Нуров Ҳ.П. сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии ММҚ - моддаҳои 34, 35, 36, 43-46). Душанбе, «Империал-Групп» 2017, 272 саҳ.

 Китоби мазкур аз тафсири модда ба моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 бо тағйиру иловаҳои минбаъда иборат мебошад. Дар он масъалаҳои вобаста ба асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафҳум ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, забони таҳсил, стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ, инчунин низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафсир қарор дода шудааст.

Тафсири мазкур барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, устодону омўзгорон, аспирантон, донишҷўён ва хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои раванди таълиму тарбия тавсия дода мешавад.

 

Тафсири Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Зери таҳрири Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Баҳриддинзода С.Э. Муаллифон: д.и.ҳ., профессор Раҳимзода М.З., н.и.ҳ. Баҳриддинзода С.Э., д.и.ҳ., профессор Ғаюров Ш.К., Табаров Н.А. ва дигарон. Муқарризон: д.и.ҳ., профессор Диноршоҳ А.М., д.и.ҳ., профессор Раззоқов Б.Ҳ., н.и.ҳ. Саидзода И.Ҳ. – Душанбе: ТҶБХ «Олами китоб», 2017. 1008 саҳ.

Тафсир таҳлили илмии боб ба боби Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дарбар гирифта бо дарназардошти тағйиру иловаҳои охирин таҳия карда шудааст.

Тафсири мазкур ба кормандони мақомоти давлатӣ, ки бо қонунгузории ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сару кор доранд ва инчунин ба доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.

 

Меликов У.А. Режими ҳуқуқии объектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар интернет / Муҳаррири масъул: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон Раҳимзода М.З. Муқарризон: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғаюров Ш.К., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуҷалилов А., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Минбалеев А.В. Монография. – Душанбе, «Эр-Граф», 2017. - 244 саҳ.

Монографияи мазкур ба проблемаҳои режими ҳуқуқии объектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар интернет бахшида шудааст. Дар он таносуби ҳуқуқ ва интернет таҳлил гардида, мазмуни назариявӣ ва амалии объектҳои ҳуқуқи гражданӣ асоснок карда шудааст, инчунин объектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар интернет ва режими ҳуқуқии онҳо (сомона, реклама, иттилоот, объектҳои ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар интернет, домен, IP-суроға, сервер, хизматрасониҳо ва ғайра), имконияти татбиқи иҷозатномаи Ҷамъияти эҷодӣ (Creative Com­mons) ҳамчун воситаи истифодабарии объектҳои ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Хулосаҳои илмӣ ва пешниҳодҳо барои мукаммалсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мазкур баён гардидаанд. 

Монография барои донишҷӯён, аспирантон, устодони муассисаҳои олии таҳсилот, кормандони амалия, муҳаррирони ВАО, интернет-провайдерҳо, соҳибони сомонаҳо, кормандони илмӣ ва ба тамоми шахсоне, ки ба режими ҳуқуқии объектҳои ҳуқуқи гражданӣ дар интернет рағбат доранд, тавсия карда мешавад. 

 

Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир (қисми 4) // Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Аъзои вобастаи Академияи илмҳои ҶТ Раҳимзода М.З. Мураттибон: Каримова Н.Н, Ҳаитова М.Т. Душанбе, «ЭР-граф», 2017, 544 саҳ.

Дар китоб мақолаҳои илмии кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба проблемаҳои актуалии ҳуқуқи оммавй ва хусусй, ҳолат ва дурнамои инкишофи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда шудаанд. 

Маҷмӯа ба олимон, кормандони амалӣ, устодони факултети ҳуқуқшиносй ва донишгоҳу донишкадаҳо тавсия карда мешавад.

 

Табаров Н.А. Танзими гражданӣ-ҳуқуқии пешниҳоди ҳуқуқҳои мустасноӣ аз рӯи  шартномаи консессияи тиҷоратӣ / Муҳаррири масъул: узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода М.З. Муқарризон: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Муртазоқулов Ҷ.С., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бадалов Ш.К. Монография. – Душанбе: «Империал-Групп», 2017. – 176 с.

Дар асоси Қарори Шӯрои илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.

Дар монография баъзе масоили назариявӣ ва амалии танзими гражданӣ-ҳуқуқии додани ҳуқуқҳои мустасноӣ тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ баррасӣ карда мешавад.

Табиати ҳуқуқии шартномаи консессияи тиҷоратӣ (франчайзинг) ҳамчун шакли гражданӣ-ҳуқуқии уҳдадориҳо дар соҳаи ҳуқуқҳои мустасноӣ таҳлил карда мешавад. Институти мазкур аз дигар шартномаҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ ҷудо карда мешавад. Кӯшиш карда шудааст, ки истифодаи тиҷоратии комплекси ҳуқуқҳои мустасноӣ тибқи шарномаи гражданӣ-ҳуқуқии консессияи тиҷоратӣ баррасӣ шуда, таркиби ҳуқуқҳои мустасноии комплексӣ муайян карда шавад, хулосаҳои илмӣ ва муқаррароти он ифода карда шавад, инчунин таклифу тавсияҳои амалӣ ҷиҳати такмил гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. 

Монография барои донишҷӯён, унвонҷӯён, устодони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, кормандони амалӣ, соҳибкорон ва доираи шахсоне, ки ба проблемаҳои танзими гражданӣ-ҳуқуқии додани ҳуқуқҳои истисноӣ тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ рағбат доранд, тавсия карда мешавад. 

 

Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон (Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. 18 октябри соли 2017). / Зери таҳрири Узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. Душанбе. Матбааи ДМТ, 2017 с. - 232 саҳ.

Китоб мақолаҳои илмии олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносиро дарбар гирифтааст, ки ба масъалаҳои ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Маводи китоб барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, олимон, донишҷӯён ва умуман доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.

 

Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» / Зери таҳрири Узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир. Душанбе, 2017. 104 саҳ. Ҳайати муаллифон: Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., проф. ва Нуров Ҳ.П. - сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 1-8, 81, 82, 83, 84), Ромиз Ҷабборӣ - мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ (моддаҳои 9-15, 27), Маҳмадшоев Ф.А., н.и.ҳ. ва Анушервони И. - мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ (моддаҳои 16-20, 26), Саидзода М. - раиси суди ноҳияи Шаҳринав ва Ҳамроқулзода Б.А. - корманди дастгоҳи суди ноҳияи Шаҳринав (моддаҳои 21-25). Муқарризон: Сангинов Д.Ш., н.и.ҳ., дотсент, Пулатов А.С., н.и.ҳ.

Дар китоби мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» модда ба модда тафсир карда шудааст. Тафсири меъёрҳои қонун дар алоқамандӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои зерқонуние, ки бо Қонуни мазкур алоқамандии зич доранд, омода гардидааст. 

Китоби мазкур барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти судӣ, ҳуқуқшиносон, муҳаққиқон, аспирантон ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои муҳоҷират таваҷҷуҳ доранд, тавсия карда мешавад.

 

Таҳқиқоти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои назорати миллии додани силоҳ ва матлаби мутобиқат ба муқаррароти шарномаи байналмилалии савдои силоҳ. Душанбе, 2017 с. / Муаллифон:  Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент Баҳриддинзода Субҳидднн Эсо, сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ н.и.ҳ. Маҳмадшоев Фарҳод Абдураҳмонович, сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ Табаров Неъмон Амонович.

 

Афкори хирадмандона оид ба ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои инсон. / Мураттиб: Раҳимзода М.3. Душанбе, 2017, 60 саҳ. Муҳаррирон: Шодиев Ҳ.А., Искандаров С. 

Китоби мазкур ба мутахассисони соҳаи давлат, ҳуқуқ, сиёсатшиносон ва доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)