ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1803 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ" Маҷлиси Олии ҶТ 07.09.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1802 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН Маҷлиси Олии ҶТ 02.07.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1794 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

НАШРҲОИ МО ДАР СОЛИ 2016

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 21/01/2020 - 13:06

Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ». Муаллифон: Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., профессор, Маҳмадшоев Ф.А., н.и.ҳ., Табаров Ф.Д., Каримова Н. / Зери назари доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. Душанбе «Империал-Групп», 2016.-174 саҳ.

Тафсир таҳлили илмӣ-амалии савдои хориҷиро фаро гирифтааст, ки аз ҷониби субъектҳои дахлдор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар заминаи санадҳои ҳуқукии соҳавӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҶТ ҳамчун узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо амалй гардонида мешавад. 

Китоб барои мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъоли­яти савдои хориҷӣ, субъектҳои савдои хориҷӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аспирантону донишҷӯёни бахши байналмилалии муносибатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисод ва умуман доираи васеи хонандагон пешбинӣ мегардад.

 

Саидзода И.Ҳ. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ва амалишавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон / Муҳаррири масъул: Раҳимзода М.З., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Муқарризон: Алимов С.К., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Гадоев Б.С., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ: монография – Душанбе: «Империал-Групп», 2016, - 200 саҳ. 

Таҳқиқот ба масъалаи таҳлили ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ва амалишавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он ҷанбаҳои муҳими назариявие, ки бо муайянкунии мафҳуми ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат алоқаманданд, кушода дода шудааст, инчунин маҳакҳои таснифбандии муроҷиати шаҳрвандон пешниҳод карда шудаанд. 

Дар монография проблемаҳои амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ба таври муфассал баррасӣ шуда, мухолифатҳои қонунгузории муосир дар соҳаи мазкур ошкор карда шудааст ва роҳҳои минбаъда мукаммалёбии институти ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат пешниҳод карда шудааст. 

Мавод барои кормандони хидмати давлатӣ, кормандони илмӣ омўзгорон, аспирантон ва донишҷўёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ тавсия карда мешавад.

 Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ». Ҳайати муаллифон: Пулатов А., н.и.ҳ., Азизов И., Каримзода Ш., н.и.ҳ., Қурбонова М., Маҳмашарифзода А. / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир. Душанбе «Империал-Групп» 2016, 230 с. 

Дар китоби мазкур ҳар як модда дар алоҳидагӣ бо дарназардошти қонунгузории амалкунанда ва таҷриба мавриди таҳлил қарор гирифта, бо дарназардошти тағйиру иловаҳои охирин рўи кор омадааст. 

Тафсири мазкур ба кормандони вазорату идораҳо вобаста ба истифодаи қонунгузории сарватҳои зеризаминӣ, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия карда шуда, барои омўзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. 

 

Алиева П.Ҳ. Вазъи ҳуқуқии ҷабрдида дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Монография / Муҳаррири масъул: д.и.ҳ., профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсия Россия Махов Вадим Николаевич. Муқаррирон: д.и.ҳ., профессор Епихин А.Ю., н.и.ҳ., Баҳромзода И.А. - Душанбе, «Андалеб-Р», 2016. - 144 С.

Монография ба масъалаи ҷабрдида дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он таҳқиқоти комплексии мақсади ташаккулёбӣ ва инкишофи мақоми ҷабрдида дар мурофиаи ҷиноятӣ оварда шудааст. Санадҳои муҳимми байналмилалӣ, ки ҳолати ҳуқуқии қурбонии ҷиноятро муайян мекунад, таҳқиқ ва таҳлил шудаанд, инчунин масъалаҳои татбиқи меъёрҳои мазкур дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омўзиш қарор дода шудааст.

Монография барои доираи васеи ҳуқуқшиносон, олимон, устодон, судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон, адвокатҳо, аспирантон ва донишҷўён тавсия карда мешавад.

Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон: рушд ва проблемаҳо. Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, 26 майи соли 2016) // Зери назари доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раҳимзода М.З. Душанбе: «Империал-Групп», 2016, 352 С.

Китоб мақолаҳои илмии олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносиро дарбар гирифтааст, ки ба масъалаҳои рушд ва проблемаҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Маводҳои китоб барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, олимон, донишҷўён ва умуман доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.

Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи­кистон. Мураттибон: Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., проф., Баҳриддинзода С.Э., н.и.ҳ., дотсент, Саидзода  И.Ҳ., н.и.ҳ., Меликов У.А., н.и.ҳ., Маҳмадшоев Ф.А., н.и.ҳ., Пулатов А.С., н.и.ҳ. ва дигарон / Зери таҳрири Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир. Душанбе: ҶДММ «Андалеб Р», 2016.-232 саҳ.

 Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз ҷониби кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ дар натиҷаи таҳлили қонунгузории амалкунанда ва бо дарназардошти талаботи қонунҳое, ки то моҳи июли соли 2016 қабул карда шудаанд, тартиб дода шудааст.

 Дар китоби мазкур истилоҳот ва мафҳумҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд, ҷамъоварӣ шудааст ва бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, барои доираи васеи истифодабарандагон тавсия карда мешавад.

Истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи байналхалқӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / Мураттибон:  Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., профессор, Маҳмадшоев Ф.А., н.и.ҳ.,  Табаров Ф.Д., Каримова Н., Носиров Д., Соҳибназарзода М., Ҳамдамзода С. Душанбе: «Империал - Групп», 2016. -100 с.

Китоб истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи байналмилалиро дар қонунгузории амалкунанда дарбар гирифта, ба доираи васеи мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, кормандони вазорату идораҳо, хонандагони муассисаҳои олии таълимӣ тавсия гардида, барои мусоидат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таҳия гардидааст.

Техникаи қонунгузорӣ / Муаллифон: Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., профессор, Нематов А.Р., д.и.ҳ. Муқарризон: Менглиев Р.Ш., н.и.ҳ., Ғафуров А.Д., д.и.ҳ. Нашри дуввум. – Душанбе: «Бухоро». - 2016. - 232 с.

Китоби мазкур ба масъалаҳои техникаи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои мафҳум, аҳамият, восита, усул ва қоидаҳои техникаи қонунгузорӣ мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода шудааст. Ҳамзамон дар китоб масъалаҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, аз ҷумла тартиби таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷараёни қабули қонунҳо, техникаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, техникаи мураттабсозии қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба техникаи қонунгузорӣ мавриди омўзиш қарор дода шудааст.

Китоб барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷўён, аспирантон, устодони факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ, инчунин ҳуқуқшиносони амалия тавсия карда мешавад.

Раҳимзода Маҳмад Забир. Фарҳанги тоҷикӣ ба русии истилоҳоти ҳуқуқ. Муаллиф: Раҳимзода Маҳмад Забир, д.и.ҳ., профес­сор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон. Муқарризон: Маҳмудзода М.А., академики АИ ҶТ, д.и.ҳ., профессор, Саймиддинов Д., узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.ф., профессор, Шарипов Т., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Бобоҷонзода И.Д., доктори илми ҳуқуқ. Душанбе: «Империал-Групп», 2016, 304 с.

Луғати мазкур зиёда аз 8000 калима ва истилоҳоти ҳуқуқӣ ва марбут ба онро дар бар мегирад. Он барои донишҷўён, аспирантон, мутахассисон ва устодони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, кормандони мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба ҳамаи шахсоне, ки ба он зарурат доранд тавсия карда мешавад.

Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир (қисми 3) // Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. Мураттиб: Каримова Н.Н. Душанбе, «Андалеб-Р» 2016, 800 с.

Дар китоб мақолаҳои илмии кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба проблемаҳои актуалии ҳуқуқи оммавӣ ва хусусӣ, ҳолат ва дурнамои инкишофи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда шудаанд.

Маҷмуа ба олимон, кормандони амалӣ, устодони факултети ҳуқуқшиносӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо тавсия карда мешавад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (2 овоз)