ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1724 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2021 Маҷлиси Олии ҶТ 20.11.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1717 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ САЙЁҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1714 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Мизи мудаввар дар мавзӯи: «Ҳуқуқ, коррупсия ва ҷомеа»

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Яшб, 19/01/2020 - 16:20
Мизи мудаввар дар мавзӯи: «Ҳуқуқ, коррупсия ва ҷомеа»

     Коррупсия яке аз проблемаҳои муҳими ҷомеаи имрўза боқӣ монда, хатари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифтани он  вуҷуд дорад. Аз ин рў, вазифаи стратегии ҳар як давлат паст кардани сатҳи коррупсия ва пешгири кардани ҷараёни паҳншавии он дар ҷомеа мебошад. Бо мавҷудияти коррупсия як қатор падидаҳои иҷтимоии манфӣ, аз қабили нашъамандӣ, фоҳишагарӣ ва бесарабонӣ афзоиш ёфта, дар натиҷа ба генафони миллӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.
     8 июни соли 2011 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар дар мавзўи «Ҳуқуқ, коррупсия ва ҷомеа» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Хуқуқ ва беҳбудӣ» ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.


    Мизи мудавварро директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доктори илми ҳуқуқ, профессор М.З. Раҳимов кушода, қайд намуд, ки мубориза алайҳи коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи муносибро касб намуда, Президенти кишвар дар ҳамаи баромадҳояшон мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро барои ҳамкорӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб  ташвиқ менамояд. Мавсуф зикр намуд, ки Маркази миллии қонунгузорӣ аз рўзҳои аввали таъсисёбии худ бо тамоми мақомоти давлатӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо коррупсия ба роҳ монда, ҳамаи санадҳои ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳоро аз нуқтаи назари эскпертизаи зиддикоррупсионӣ таҳлил менамояд.
    Муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ, дотсент С.Э. Баҳриддинов дар мавзўи «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд намуд, ки дар Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии мубориза алайҳи коррупсия мавҷуд аст. Танҳо дуруст татбиқ намудани онҳо зарур аст. Мавсуф як қатор таклифҳои илмӣ оид ба пешгирии коррупсия бо назардошти шароити муосири Тоҷикистон пешниҳод намуд.
     Дар баромади худ Халифаев М.Н., сардори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ дар мавзўи «Масоили такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, диққати аҳли нишастро ба номутобиқии қонунгузории Тоҷикистон бо санадҳои байналмиллалӣ оид ба мубориза бар  зидди коррупсия ҷалб намуд. Мавсуф қайд намуд, ки номутобиқатии қонунгузории миллӣ бо санадҳои байналмиллалӣ замина барои рушди коррупсия мегардад.
    Ғаюров Ш.К., мудири кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, дар мавзўи «Аҳамияти дар муомилоти гражданӣ будани иттилооти муҳим дар амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ» баромад намуда, аз мавҷудияти  як қатор ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» иттилоъ дод.
Мирзоев А.К.,  сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коррупсия: назария ва татбиқи он» баромад намуда, оиди ҳолати имрўзаи мубориза алайҳи коррупсия ва чораҳои пешгирии он дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.
    Гиёев И.Қ., судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзўи «Ҳуқуқ, коррупсия ва ҷомеа» баромад намуда, оид ба таҷрибаи судӣ дар масъалаи ҷиноятҳои коррупсионӣ суханронӣ намуд.
   Дар баромади худ Умаров Х.А., сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Проблемаҳои мукаммал гардонидани муқовимати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба як қатор равияҳои муосири мубориза бо коррупсия дар ҷомеа диққати аҳли нишастро ҷалб намуд. Мавсуф аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта мисолҳо овард, ки  дар Тоҷикистон татбиқ намудани онҳо аз манфиат холӣ нест. Қудратов Н.А., ассистенти кафедраи «Ҳуқуқи тиҷорат»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  дар мавзўи «Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ ҳамҷун ҷинояти коррупсионӣ» баромад намуда,  оид ба проблемаҳои мубориза бар зидди коррупция  дар сатҳи миёнаи хизматчиёни давлатӣ  суханронӣ намуд.
   Сафаров А.И., мутахассиси пешбари шўъбаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллиии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Пешгирии қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ - самти муҳими Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, диққати ҳозиринро ба алоқамандии коррупсия ва қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ҷалб намуд.

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад