ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1761 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1759 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА МУҲОФИЗАТИ БИОЛОГӢ Маҷлиси Олии ҶТ 29.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1753 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ" Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

МЕХАНИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Шнб, 22/06/2024 - 14:45
    Бо дарназардошти афзоиши шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои гуногун ва ҳалли мушкилоти онҳо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Авҷи муҳоҷират дар ҳама минтақаҳои олам дар солҳои охир ба назар мерасад.
     Миқёси муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ низ ба назар мерасад: аз 2,7 то 4,2 млн нафар (аз 10% то 16% -и аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъоли аҳолӣ) дар хориҷа – дар Федератсияи Россия, Қазоқистон, Туркия, Ҷумҳурии Корея ва дигар кишварҳо кор мекунанд. Боз ҳам бештар одамон бо сабабҳои гуногун ба ватан бармегарданд, донишу таҷриба касб менамоянд ва маблағ меоранд. Муҳоҷирон дар рушди сармоя ва захираи иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми арзанда мегузоранд[5, 4].
      Аммо ҷанбаҳои манфии авҷи муҳоҷират дар он аст, ки муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо бо маргинализатсия (лот marginalis - дар канорбуда), бегонаситезӣ, поймолшавии ҳуқуқ, шароити вазнини зиндагӣ ва кор рӯбарӯ мешаванд. Дар ҳолатҳои вазнинтарин онҳо мавриди истисмор, ҷудосозӣ ва хатарҳо ба ҷонашон қарор мегиранд. Созмони Милали Муттаҳид ҳангоми таҳияи барномаи рушди устувор эътироф мекунад, ки муҳоҷирони корӣ ангезаҳои гуногун доранд: “Дар ҳоле ки баъзеҳо дар ҷустуҷӯи ҷойҳои кори беҳтар, таҳсилот, манфиатҳои иқтисодӣ ё дубора муттаҳид шудан бо оила ҳаракат мекунанд, дигарон маҷбур мешаванд, ки аз низоъ, терроризм ва ё нақзи ҳуқуқи инсон фирор кунанд[2]”. Бо дарназрдошти мушкилоти гуногуне, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дучор мешаванд, ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки дар даҳсолаҳои охир механизми байналмилалии ҳимоя ва кафолатҳои таъмини ҳуқуқҳои онҳоро пайдо намояд.
    Механизми ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ предмети танзими қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ буда, механизми байналмилалии он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ метавон чанде аз созмонҳои универсалиро номбар намуд, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ нақши калидӣ доранд. Ба чунин созмонҳо асосан Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ), Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ) дохил мешаванд.
    Созмонҳои мазкур дар тӯли фаъолияти худ заминаҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатиро фароҳам оварда, дар асоси онҳо чандин ташаббусҳоро амалӣ гардонидаанд. Муҳимтарин санадҳои байналмилалӣ Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва  Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз соли 1966, Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои табъизи нажодӣ аз соли 1965 ва бевосита дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ[4,965-981], Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз соли 1990; Конвенсияи СБМ № 97 “Дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ” аз соли 1949; Конвенсияи №118 “Дар бораи баробарҳуқуқии шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ” аз соли 1962; Конвенсия “Дар бораи сӯиистифода дар соҳаи муҳоҷират ва таъмини имкониятҳо ва муносибатҳои баробар барои муҳоҷирони меҳнатӣ” аз соли 1975; Тавсияи № 86 оид ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз соли 1949; Тавсияномаи муҳоҷирони меҳнатӣ № 151 аз  соли 1975, Тавсияҳои сиёсати шуғлмандӣ дар солҳои 1964 ва 1984 ва ғ. ба ҳисоб мераванд.
    Дар сатҳи универсалӣ ҷиҳати танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ ҷойи асосиро Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ишғол мекунад, ки бо қатъномаи СММ 18 декабри соли 1990 қабул шуда, аз ҷониби давлатҳои Уқёнус, Африқо ва Амрикои Лотинӣ қабул шудааст. Эътирофи ҳуқуқҳо дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, хадамоти тиббӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ навсозӣ ва тасвиби васеътари Конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатиро талаб мекунад[3, 84-94]. Тибқи Конвенсияи мазкур давлатҳои аъзо вазифадоранд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ шароити мусоид аз ҷумла, изофакорӣ, вақти корӣ, истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатиҳои пулакӣ, бехатарӣ, ҳимояи тиббӣ ва ғайраро муҳайё созанд.
     Дар доираи санадҳои зикршуда, дигар иқдому ташабусҳо дар самти ҳимояи муҳоҷирони меҳнатӣ амалӣ гардиданд, аз ҷумла 4 декабри соли 2000 Ассамблеяи генералии СММ бо қатъномаи №55/93 18-уми декабрро “Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон” эълон намуд.
    Кумита оид ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо (CMW) ниҳоди коршиносони мустақил таъсис ёфт, ки фаъолияти он ба ҳимояии ҳуқуқи миллионҳо муҳоҷирони меҳнатӣ дар саросари ҷаҳон равона гардидааст. Кумита иҷрои Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳоро аз ҷониби давлатҳо назорат мекунад.
     Созмонҳои махсусгардонидашудаи СММ, аз ҷумла Созмони байналмилалии меҳнат ва Созмони байналмилалии муҳоҷират механизми асосии амалигардонии ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнат ва аъзои оилаи онҳо мебошанд.
     Дар фаъолияти худ СБМ манфиати муҳоҷиронро дар доираи принсипҳои башардӯстона ва арзишҳои дигари иҷтимоӣ амалӣ менамояд. СБМ созмони байниҳукуматӣ буда, ҳамроҳ бо шариконаш дар иттиҳоди байналмилалӣ фаъолият оид ба ҳалли масоили фаврӣ дар доираи муҳоҷират; машваратҳо оид ба муҳоҷират; ҳавасмандкунӣ дар инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ тавассути муҳоҷират ва ҳимояти шаъну шарафи инсон ва осудаҳолии муҳоҷиронро анҷом медиҳад[5, 2]. 
   Дар сатҳи минтақавӣ ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби як зумра созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо (ИА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳо ба роҳ монда шудааст.
     Ҳуқуқи муосири Иттиҳоди Аврупо (ИА) низоми мукаммали қонунгузории муҳоҷиратро дар бар мегирад, ки ҳам муҳоҷирати ихтиёрӣ ва ҳам маҷбуриро танзим мекунад[8]. Мақсади асоси танзими ҳуқуқии муҳоҷират дар ИА аз назорати вуруд, иқомат ва бозгашти муҳоҷирон иборат буда,  бо дастур (директив)-ҳо ва қоидаҳои муайян амалӣ карда мешаванд. Яке аз чунин дастурҳо «Директиваи Шӯрои Аврупо №. 2001/55/EC (AT) аз 20 июли соли 2001 дар бораи стандартҳои ҳадди ақали ҳифзи муваққатӣ дар ҳолати воридшавии шумораи зиёди муҳоҷироне, ки кишварашонро иҷборан тарк мекунанд, инчунин дар бораи қабули муҳоҷирон дар кишварҳои узв ва таъминоти онҳо бо шароити зарурӣ[6] ба шумор меравад.
     Ниҳодҳои таъмини ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳантӣ ва аъзои оилаи онҳо дар доираи ИА Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки ҳамчун мақоми конвенсионӣ барои татбиқи нишондодҳои Конвенсияи аврупоӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ таъсис ёфтааст. Ҳамчунин, Кумитаи аврупоӣ оид ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ низ ба сифати механизми таъмини ҳуқуқҳои меҳнатӣ баромад менамояд.
    Кишварҳои узви ИА моҳи майи соли 2024 дар доираи ислоҳоти муҳоҷират “Пакт дар бораи муҳоҷират ва паноҳгоҳ”-ро бо аксарияти овозҳо қабул кардаанд. Навоварии асосӣ аз таъсиси "механизми ҳамбастагӣ", яъне кӯмаки беғаразона буда, ҳадафи он дар саросари ИА аз нав тақсим кардани ашхосе, ки тавассути баҳр ё хушкӣ ғайриқонунӣ омадаанд. Ҳамсола Комиссияи Аврупо “ҳавзаи ҳамбастагӣ»-ро созмон дода, он на камтар аз 30 ҳазор муҳоҷир, ки ба паноҳгоҳ ниёз доранд, фаро мегирад[7]. Дар баробари ин давлатҳои аъзо вазифадор шудаанд, ки бояд муҳоҷирон ва гурезаҳоро, ки бори аввал ба ҳудуди онҳо дохил мешаванд, қабул кунанд ё ба ҳар кадоми онҳо кумаки молиявӣ барои будубош ва иқомати муваққатӣ расонанд.
    Дар доираи созмонҳои минтақавӣ дар Осиё Конвенсия дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо дар давлатҳои аъзои ИДМ аз соли 2008, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ (соли 1994), Эъломия дар бораи сиёсати мувофиқашудаи муҳоҷирати кишварҳои иштирокчии ИДМ (соли 2007) ва Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз соли 2014 (фасли 26, Муҳоҷирати меҳнатӣ) ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ бахшида шудаанд. Масъалаҳои муҳоҷират дар доираи СҲШ аз нигоҳи мубориза бо сепаратизм, терроризм, тиҷорати силоҳ, маводи мухаддир ва одамон баррасӣ мешаванд. Вобаста ба ин, СҲШ санади алоҳидаи танзими масъалаҳои муҳоҷиратро қабул накардааст[1, 94-113].
    Ҳамин тариқ, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар санадҳои байналмилалии универсалӣ ва минтақавӣ инъикос ёфта, аз давлатҳои иштироккунанда талаб менамоянд, ки барои татбиқи санадҳои зикршуда ва такмили қонунгузорӣ дар кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои дар боло зикршуда, чандин санадҳои байналмилалӣ ба тасвиб расонида, бо кишварҳои гуногун созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст (мас., Созишнома «Дар бораи ташкили Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз 8-уми майи соли 2012; Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия «Дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия» аз 8-уми феврали соли 2013 ва ғ.).
    Дар ин самт Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ такмил ёфта, санадҳои зерини меъёриву ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» аз 11-уми декабри соли 1999; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» аз 1-уми августи соли 2003; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пурзӯр намудани мубориза бар муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2-уми апрели соли 2001, № 544; Қоидаҳои баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа аз 2-уми июли соли 2015 №447; Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми октябри соли 1998 № 411; Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа аз 9-уми июни соли 2001 № 242 ва ғ.
    Хулоса, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар баробари қонунгузории миллӣ, ҳамчунин бо қонунгузорӣ ва механизми байналмилалӣ ҳимоя карда мешавад. Механизми байналамилалии ҳимояи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз ҷониби СММ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи он, созмону ниҳодҳои минтақавӣ (ИА, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар созмонҳо) ба роҳ монда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои бархе аз созмонҳои мазкур буда, меъёрҳо ва санадҳои онҳоро дар бораи ҳимояи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар қонунгузории худ татбиқ кардааст.
                                                                           Адабиёт:
  1. Воронина Н.А. Муҳоҷирати меҳнатии берунӣ дар заминаи ҳамгироии Авруосиё: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ // Маводҳои Институти давлат ва ҳуқуқи АИР. № 1. 2017. – С. 94-113.
  2. Глобальные вопросы повестки дня. Миграция [Захираи эелектронӣ] // Сомонаи СММ. URL: https://www.un.org/ru/global-issues/migration (Санаи муроҷиат: 06.06.2024).
  3. Кириленко В. П., Алексеев Г. В., Чаава M. З. Международная защита прав трудящихся-мигрантов и миграционное законодательство // Евразийская интеграция: экономика, право, политика. 2022. Т. 16. – № 2. С. 84–94.
  4. Конвенции и рекомендации, принятие Международной конференцией труда. 1919-1956. T. I. – Женева: Международные бюро труда, 1991;
  5. Муҳоҷирати бозгашт: муносибатҳои байналмилалӣ ва вижагиҳои минтақавии Осиёи Марказӣ». – Нур-Султон, 2020. – 240 с.
  6. «Директива Совета Европы № 2001/55/ЕС (АТ) от 20 июля 2001 о минимальных стандартах временной защиты в случае  массового потока мигрантов, которым пришлось покинуть свою страну, а также о приеме данных мигрантов  в странах-членах, и о  предоставлении данным лицам необходимых условий. Манбаи дастрасӣ: https://ru.goc.gov.tr/. Санаи муроҷиат. 20.06.2024\
  7.   Евросоюз утвердил миграционную реформу, несмотря на возражения Польши и Венгрии // Манбаи дасрасӣ: https://ru. euronews.com/my-europe/2024/05/14/eu-migration-final-vote. Санаи дастрасӣ: 20.06.2024 .
  8. Spijkerboer T. Bifurcation of people, bifurcation of law: externalization of migration policy before the EU // Court of Justice // Journal of Refugee Studies. 2018. Vol. 31. Iss. 2. P. 216–239. https://doi.org/10.1093/jrs/fex038
 
                                                                                            Сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
                                                                                            Маркази миллии қонунгузории назди
                                                                                            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                                            Матробов Матроб Хуррамович
 
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)