ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

МАФҲУМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД, ДЕМОКРАТӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 01/08/2022 - 08:15
     Баъди истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишѓол менамоянд, пеша намуд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин муқаррарот сониян дар боби 2 –юми Конститутсияи мамлакат, ки комилан ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, кушода мегарданд.
     Ҳамзамон, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ифодакунандаи муносибати давлат бо инсон мебошад. Ба қавле онҳо муносибатҳои амӯдиеро мемонанд, ки ба таври мустасно танҳо миёни давлат ва шахс ба вуҷуд меоянд. Дар ин замина кўшишҳои татбиқи методологияи дигар ва истифодаи ифодаи ҳуқуқи инсон чун муносибатҳои байни одамон (яъне амали уфуқии ин ҳуқуқҳо) натиҷаи дилхоҳ дода натавонист. Зеро муносибатҳои уфуқӣ байни одамон – иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ аллакай аз ҷониби дигар соҳаҳои ҳуқуқ танзим гаштааст. Дар сурати эътирофи ҳуқуқи инсон чун муносибати шахс бо шахс, фарқ байни соҳаҳои дигари ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон аз байн меравад. Бинобар ин, ҳоло ҳангоме, ки мо ҳуқуқи инсон мегўем, муносибати мутақобилаи давлатро бо шахс дар назар дорем.
     Ҳарчанд ғояи ҳуқуқи инсон ба умқи таърих рафта расад ва тадбирҳои лаҳзавӣ дар асрҳои миёна, замони нав ва навтарин боиси инкишофи он гашта бошанд ҳам, аммо ба маънои аслии худ ин зуҳурот баъди баргузор гаштани инқилобҳои буржуазӣ-демократӣ дар асри XVII ба миён омадааст. Дар ин марҳила ҳуқуқи инсон дар назария ва консепсияҳои оид ба зарурияти сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикоси худро ёфт. Ҷустуҷўи роҳи беҳтарини эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон боиси коркарди ѓояҳои давлати ҳуқуқӣ, демократӣ ва ҷомеи шаҳрвандӣ гардиданд. Консепсияҳои давлати демократӣ, шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонуни ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мафҳуми ҳуқуқи инсон робитаи ногусастанӣ доранд. То кунун таърихи инсоният роҳи дигари беҳтари инкишофи ҳуқуқи инсонро дарёфт накардааст. Яъне, дар шароити ҳукмронии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сатҳи дахлдори эътирофи ҳуқуқи инсон таъмин карда мешавад.
     Ҷиҳати дарки амиқи робитаи ҳуқуқи инсон бо падидаҳои номбурда, кушодани моҳияти дуввуминро қобили қабул мешуморем.
     Давлати демократӣ гуфта, давлатеро дар назар доранд, ки сохтор ва тарзи фаъолияти он бо иродаи инсон мувофиқ аст ва ба ҳуқуқу озодиҳои умумиэътирофгаштаи инсон ва шаҳрванд мухолифат наменамоянд. Давлати демократӣ – унсури муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, ба озодии одамон асос меёбад. Дар чунин давлат халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ҳокимият аст.
Давлати демократӣ бо падидаи дигари пешқадам, давлати ҳуқуқӣ дар иртибот аст. Шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ таърифи анъанавии давлати ҳуқуқӣ маҳсуб мегардад. Агар бо тарзи дигар ифода намоем, пас давлати ҳуқуқӣ гуфта, давлатеро дар назар доранд, ки зимни фаъолияти худ, танҳо ба ҳуқуқ мутеъ буда, ҳадафи асосии худро боиси таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қарор додааст.
Инкишофи ғояи давлати ҳуқуқӣ ба инкишофи фаҳмиши ҳуқуқи инсон, ки масъалаи марказии ин ғоя мебошад, алоқамандии зич дорад. Асосан ғояи давлати ҳуқуқӣ ва принсипҳои он дар атрофи ҳуқуқи инсон ва ба хотири таъмини он пайдо шуда, инкишоф ёфтааст.
     Инкишофи ғояи давлати ҳуқуқӣ ва принсипҳои онро таҳлил намуда, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки худи ин мафҳумро бе назардошти чунин принсипи марказӣ  ба монанди,  арзиши воло эътироф намудани ҳуқуқи инсон ва риояи он тасаввур намудан душвор аст. Бинобар ҳамин дар инкишоф ва ташаккулёбии фаҳмиши давлати ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон онҳо  аз якдигар чудонопазиранд. Ҳам волоияти ҳуқуқ ва ҳам афзалияти ҳуқуқи инсон на фақат нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд, балки мақсади асосии он мебошад, ки ҳамаи дигар нишонаҳо барои амалӣ гардонидани ин мақсад равона гаштаанд. Амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои чудонашавандаи инсон ва шаҳрванд шарти асосии ҳама гуна пешравии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Бинобар ҳамин он бояд дар ҳама гуна назарияе, ки мақсадаш таҳлили  муносибати шахсият ва ҳокимият мебошад, ҳамчун асосгузор ба назар гирифта шавад.
     Дар бораи моҳият ва нишонаҳои давлати ҳуқуқбунёд ақидаҳои зиёд вуҷуд дорад. Аммо дар ҳамаи ин ақидаҳо масъалаи эътирофи ҳуқуқи инсон ва волоияти ҳуқуқ тағйирнопазир мемонад.
     Давлати ҳуқуқӣ дар замони муосир ин зинаи олии инкишофи озодӣ ва инъикоси он дар падидаҳои давлатӣ – ҳуқуқӣ мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд ин шакли маҳдуд намудани ҳокимият бо ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ҳуқуқ ва озодиҳои фард ин муҳимтарин воситаи мувозинат бо пурқудратии ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад, ки маҳдуд кардани онро таъмин менамояд. Бинобар ҳамин, афзалияти ҳуқуқи инсон нисбати давлат нишонаи аввалиндараҷа ва муайянкунанда мебошад, ки дигар аломатҳои таъминкунандаи ҳуқуқи инсон ба он алоқаманд мебошанд. Ба монанди,  сохтани давлат ва ҷамъият дар асоси принсипҳои ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, масъулияти мутақобилаи инсон ва давлат. Мақсади давлати ҳуқуқбунёд ин таъмини ҳудуди озодии фард, дахлнопазирии ҳудуди озодӣ, ки бо ҳуқуқ муайян шудааст ва манъ будани истифодаи чораҳои маҷбурсозии ғайриҳуқуқӣ мебошад. 
     Афзалияти ҳуқуқи инсон масъулияти ўро барои истифодаи ғайридахлдори ҳуқуқу озодиҳояш истисно намекунад, балки бар дӯши ӯ як қатор уҳдадориҳоро барои таъмини ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби давлат вогузор мекунад. Дар ин замина алоқаи махсуси ҳуқуқӣ барпо мегардад – масъулияти мутақобилаи давлат ва инсон, ки озодиҳои охиринро поймол намекунад, кўшиши боақлона ҳамоҳанг намудани озодиҳои ҳамаи аъзоёни ҷамъиятро намудан ва монанди ин.
     Давлати ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани функсияи асосии худ, яъне ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд дорои институтҳо ва низоми механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон бошад, ки ҳимояи ҳуқуқи инсонро таъмин намояд. Ин институтҳо ва низоми механизмҳо тағйирнопазир набуда, доимо дар ташаккул мебошанд ва бояд ба талаботу шароитҳои ивазшавандаи ҳаёти ҷомеа чавобгў бошанд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣин ҷомеаи ҳуқуқӣ, либералӣ, кушод, плюралистӣ, худташкилшаванда ва худидорашаванда аст, ки аъзоёнаш – афроди озод – дар якҷоягӣ умумияти ѓайрисиёсии аз дахолати давлатӣ эмин буда ва тобеи ҳуқуқро ташкил дода, бо мақсади қонеъ гардонидани манфиатҳои хеш мустақилона ва бо дарки масъулияти баланд назди наслҳои ҳозира ва ояндаи инсоният ҳаёту фаъолият доранд.
     Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити ривоҷи муносибатҳои хусусӣ, эътирофу кафолати моликияти хусусӣ, ташаккули фарди озоду дорои ҳуқуқҳои фитрӣ ташаккул меёбад.
     Барои дарки робитаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳуқуқи инсон, зарур мешуморем, то баъзе аз хусусиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ намоем. Аз ҷумла:
- ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи эътирофу эҳтиром ва таъмину ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ ва позитивии инсону шаҳрванд, баробарии шаклҳои моликият, истифодаи озоди моликияти хусусӣ, шаклҳои имконпазир ва муфиди фаъолияти озоди иқтисодӣ, рақобати озод ташаккул меёбад;
- ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи кушод буда, дар он барои фаъолияти ҳамаи ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, амалиёти номаҳдуди ташкилотҳои байналхалқӣ, воситаҳои ахбори умумӣ шароити зарурию кофӣ ҷой дорад;
- ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи ҳуқуқӣ буда, таҳкурсии давлати ҳуқуқбунёд аст. Бе ҷомеаи шаҳрвандӣ давлати ҳуқуқбунёд арзи вуҷуд надорад.
     Ҳамин тавр, зимни баррасии гурӯҳҳое мисли давлати ҳуқуқӣ, реҷаи демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон маълум менамоем, ки байни онҳо ҳамоҳангии зиёде мавҷуд будааст ва онҳо бидуни ҳамкорӣ бо якдигар арзи ҳастӣ намуда наметавонанд.
 
Акбарализода Ҷасур,
сармутахассиси бахши таҳлили таъсири
танзимкунии Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад