ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Чшб, 05/02/2025 - 16:41
     Падидаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон дар натиҷаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсиии умумихалқӣ аз 26 сентябри соли 1999, алалхусус ба модаҳои 55 ва 69 ба вуҷуд омадааст.
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси қисми 1 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ аз 27 апрели соли 2000 инҷониб бо Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар баромад менамояд.
     Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ ва санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ имрӯз мақому манзалат ва эътибори бештарро касб намудааст. Зеро, дар заминаи ҳар як Паёми Президенти ҶТ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул инчунин, дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ҳаллу фасл мегарданд, ки барои беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими иқтидорӣ мудофиавии мамлакат, муқовимат ба тероризму экстремизм, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо, инкишофи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии мамлакат, рушди илму маориф ва амсоли инҳо мусоидат менамояд[1,с.6].
     Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷиии ҷумҳурӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.
     Яке аз самтҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар самти сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мебошад. Мавриди тазаккур аст, ки дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани сиёсати хориҷии кишвар ба таъмини манфиатҳои миллӣ, баланд рафтани мақому манзалат ва нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
      Имрӯз сиёсати хориҷии кишвар таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобарор ва самарабахш арзёбӣ мегардад.
     Айни ҳол, Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешбари сиёсати хориҷии сулҳҷуёна ва ташаббускори ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва масъалаҳои умдаи башар эътироф шуда, онро 193 давлати ҷаҳон расман мешиносанд, ва бо 183 кишвар муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ мондааст. Илова ба ин, кишвари мо узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ буда, иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад.
     Ҳамзамон дар асоси принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба беш аз 350 санадҳои байналмилалӣ аъзо шуда, бо мамлакатҳои гуногуни дунё зиёда аз 2100 санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дутарафаро ба имзо расонидааст, ки асоси робитаву ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин менамояд.
      Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як паёмашон ба сиёсати хориҷии кишвар ва самтҳои афзалиятноки равобити судманд бо дигар кишвару созмонҳои байналмилалӣ диқати махсус зоҳир менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми навбатиашон 28 декабри соли 2024, ҳамоно вазъи ноором ва пуртазоду мураккаби минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро ки пайёмадҳои бӯҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, нигаронкунанда иброз намуданд.
         Дар баробари ин иброз доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад. Бо назардошти ин омилҳо моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем.
     Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд[2].
     Мавриди тазаккур аст, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва умдаи башар иштироки фаъол дорад.
      Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якчанд ташаббусҳои муфид оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари Созмони Милали Муттаҳид баромад намуданд. Дар соҳаи сиёсати байналмилалии обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол, ташаббускор ва аз субъектҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ҳамчунин Даҳсолаи байналмилалии «Амал об барои рушди устувор» (2018-2028) мебошад. Ҳамчунин дар радифи ташаббусҳои зикргардида соли 2022 бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст.
     Мавриди зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2024 дар Ҳамоиш барои оянда, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ҷараён гирифт зикр доштанд, ки Созмони Милали Муттаҳид барои поён додан ба низоъҳои низомии байналмилалӣ ва таҳкими сулҳ қатъномаи нав қабул кунад ва дар ин радиф пешниҳод намуданд:
     «Имрӯз, мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро миёни аҳолии осоишта дар пай доранд. Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»[4].
     Ин пешниҳод дар шароити имрӯзаи вазъи мураккаби ҷаҳон ва минтақа хело муҳим ва зарурӣ арзёбӣ мегардад. Умед аст, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистони сулҳдусту сулҳофар ва Пешвои хирадманди тоҷик пазируфта ва барои насли ояндаи башар хизмат менамояд.
     Бо ин назардошт, Пешвои миллат дар паёми навбатиашон аз ташаббусҳои Тоҷикистон ёдоварӣ намуданд, ки дар баробари ташаббусҳои амалигардида дар самти обу иқлим, моҳи майи соли 2018 дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи “Муқовимат бо тероризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки номи “Раванди Душанбе”-ро гирифт баргузор шуд.
     Ҳамзамон, зикр гардид, ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об доир гардид. Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи ташаббусҳои худ дар самти обу иқлим соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад.
     Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби пешниҳодҳои болозикри аз ҷониби Тоҷикистон дар соли 2025 дастгирӣ ёфтани баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе – пойтахти кишвари азизи мо аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон бозгӯйи давлати пешоҳанг ва бунёдгузори ташаббусҳои созандаву фарогир будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
     Баргузории конфронси мазкур метавонад барои муколамаи сатҳи байналмилалии илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои бартарафсозии хатарҳои обшавии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо об замина фароҳам созад.
     Бо дарназардошти ин, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси кишвари мо якдилона пазируфта шуд, ки ҳолати мазкур некбинона ва ояндасоз будани сиёсати хориҷӣ ва экологии Тоҷикистонро ифода менамояд.
    Дар робита ба ин ҳуқуқшиносон ва олимон дар ин андешаанд, ки ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои милливу байналмилалӣ ва мақсаднок гузаронидани конфронси болозикр вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоти байналмилаливу ҷамъиятии дар ҳудуди кишвар фаъолияткунандаро зарур аст, ки мушкилот, масъалаҳо, мавзӯъҳо ва таҳқиқоти илмиву амалии марбут ба ҳифзи прияхҳоро коркард намуда, ҷиҳати чораандешии дарозмуҳлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои баррасӣ дар ҳамоиши мазкур пешниҳод созанд[3].
    Бояд зикр намуд, кишвари мо ҳоло бо як қатор созмону ташкилотҳои байналмилаӣ аъзо гардида, ҳамкориҳои судманди гунонгунҷабҳаро ба роҳ мондааст. Маҳз Сарвари давлат аз ин робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда тавсеаи муносибатҳоро аз ҷумла бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ дониста, омодагиро ҷиҳати ҳамкориҳои Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё ва Ховари Миёна ва дигар давлатҳои минтақаҳои дунё изҳор намуданд.                Ишора гардид ки кишвари мо тасеаи робитаҳоро дар самти иқтисоди сабз, ҳифзи муҳити зист, технологияи навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамояд.
     Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамкории судмандро бо як қатор созмону ташкилотҳои байналмилалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилаии молиявӣ ва шарикони рушд бароҳ мондааст.             Ҳамзамон бо Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба робитаҳои бисёрҷониба ва дар ин самт тадбирҳои вусъат бахшандаро барои расидан ба ҳадафҳои муайянгардида ва ҳамкориҳои минбаъдаи созандаву дарозмудатро роҳандозӣ менамояд[2].
     Ҳамин тавр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ нақши муҳим мегузорад, зеро пас аз ироаи ҳар Паём равобиту муносибатҳо бо дигар кишварҳо вусъат меёбанд, инчунин ҷиҳати иҷрои талаботҳои он як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқию стратегӣ қабул мегардад.
     Аз ин ҷост, дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2002, Консепсияи нахустини сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябри соли 2002 тасдиқ гардид, ки дар он самтҳои сиёсати хориҷии мамлакат муайян карда шудаанд.
      Дар баробари ин ҷиҳати иҷрои талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии кишвар аз 23-юми апрели соли 2014, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (31 декабри соли 2014, №1173) ва «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (23 июли соли 2016, №1326) қабул ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардидаанд.
 

          Рӯйхати адабиёт:

  1. Сайнозимзода Ф.С.Табиати ҳуқуқии Паёми Президенти ҶТ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ: монография.-Душанбе,ҶДММ«Абдулло ва Искандар Ко».-292саҳ.
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, 28 декабри соли 2024. Душанбе: «Шарқи озод», 2025.-40с.
  3. Эмомалӣ Насриддинзода: «Пазируфтани ташаббусҳои Пешвои тоҷикон аз ҷониби СММ бори дигар аз нуфузи ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад» [манбаи электронӣ: https://teleradiocom.tj/tj/node/49] санаи муроҷиат:29.01.25.
  4. Эмомалӣ Раҳмон: СММ барои таҳкими сулҳ қатъномаи нав қабул кунад.[манбаи.электронӣ:https://halva.tj/tj/news/emomal_ra_mon_smm_baroi_ta_kimi_sul_atnomai_nav_abul_kunad/] санаи муроҷиат:29.01.25.

 

 

Настарани Абдуғафор,

муовини сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад