ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

КРИМИНАЛИЗАТСИЯ ВА ДЕКРИМИНАЛИЗАТСИЯ ДАР ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 14/05/2024 - 11:45
Сабурзода Наврӯз Мирзоалӣ,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
КРИМИНАЛИЗАТСИЯ ВА ДЕКРИМИНАЛИЗАТСИЯ ДАР ҲУҚУҚИ ҶИНОЯТӢ
 
Дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ба масоили криминализатсияи кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок то имрӯз аҳамияти ҷиддӣ дода нашудааст. Одатан ин гуна масъалаҳо дар рафти тадқиқоти босамари корҳои алоҳидаи илмӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Масъалаи криминализатсия яке аз масоили мушкил ва дар яквақт бисёр масъулиятнок аст. Бинобар ин, тадқиқи ин масъала рафтори нозукро талаб менамояд. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ мафҳумҳои гуногуни криминализатсия мавҷуд аст. Таҳлили ин мафҳумҳо нишон медиҳад, ки гурӯҳе онро чун асос, дигаре онро чун принсип, савумин чун шароит ва чорумӣ онро критерияи криминализатсияи кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок меноманд. Ба ақидаи мо, асос номидани он факторҳое, ки ҳангоми мавҷудияти онҳо кирдори ба ҷамъият хавфнок криминализатсия карда мешаванд, дуруст аст. Чунки асос ин зуҳуроте мебошад, ки чун замина барои дигар зуҳурот баромад намуда, ба маънидодкунии аввала хизмат мекунад. Худи криминализатсия пеш аз ҳама ин ҷараён аст. Ҷараёне, ки барои ошкор намудани кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок, мақсаднок будани манъи он ва мустаҳкам намудани он дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КҶ ҶТ) тавассути муқаррар кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо равона карда шудааст. Криминализатсияро агар дар инкишоф бинем, он аз як қатор давраҳои ба ҳам алоқаманд иборат аст:
- ҷамъоварии иттилоот оид ба паҳнгардии кирдори нави ба ҷамъият хавфнок;
- таҳлили шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, равонию криминологии он;
- пешгӯии оқибатҳои криминализатсия;
- қабули қарор оиди мақсаднокии эътирофи кирдор ҳамчун ҷиноят;
- ба вуҷуд овардани меъёри ҳуқуқии ҷиноятӣ ва нашри он.
Дар се давраи аввали криминализатсия нақши ҳалкунандаро масоили асосҳои криминализатсия, яъне далелҳое, ки барои мақсаднок ва ба шароити ичтимоӣ мувофиқ будани мустаҳкамкунии кирдори ба ҷамъият хавфнок дар КҶ ҶТ мебозанд. Вобаста ба ин, дар байни олимон ақидаи ягона оид ба ифодаи таърифи он низ вуҷуд надорад. Қайд кардан ба маврид аст, ки бори аввал мафҳуми асосҳои криминализатсия аз ҷониби Г.А. Злобин соли 1982 вориди илм гардид. Ба ақидаи ӯ, «асосҳои криминализатсия - ин ҷараёнҳои дар ҳаёти моддию маънавӣ гузарандае мебошад, ки инкишофи онҳо ногузирии объективии ҳимояи ҳуқуқии ҷиноятии ин ё он арзишро ба миён меоварад». Ба таври дигар гӯем, асосҳои криминализатсия ин ҳолате мебошад, ки талаботи объективии иҷтимоиро оид ба такмили КҶ ҶТ ба миён оварда, ногузирии эҷоди меъёри навро ба миён мегузорад. Агар сухан дар бораи декриминализатсия равад, пас асоси он сабаби иҷтимоие мебошад, ки бо дарназардошти он ин меъёри КҶ ҶТ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ба таври дахлдор таъсир расонида наметавонад.
Асоси криминализатсия метавонад бавуҷудоӣ ё инкишоф ёфтани гурӯҳи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ дар заминаи рушди иқтисодию техникӣ гарданд. Масалан, инкишоф ёфтани муносибатҳои иқтисодӣ, зарурати ҳифзи истеҳсолкунандаи ватанӣ ва пеш аз ҳама саломатии аҳолӣ аз молу маҳсулоти тамғаношуда, зарурати дар моддаи 2591 КҶ ҶТ криминализатсия кардани истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда гардид. Ба криминализатсия намудани кирдорҳои муайян зарурати ҳимояи объектҳои муайян тавассути КҶ ҶТ дар сурати нокифоя будани дигар шаклҳои ҳимоя шуда метавонад. Барои мисол, ворид намудани моддаи 3381 (Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) ва дар таҳрири нав додани моддаи 338 КҶ ҶТ (Худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он) барои муомилоти ғайриқонунии замин овардан мумкин аст.
Барои криминализатсия намудани кирдорҳои муайян инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба самте, ки дар ҷомеа таҳаммулпазирӣ, ноамниятию якдигарбадбиниро ба вуҷуд меорад, асос шуда метавонад. Дар шароити нав чунин муносибатҳои ҷамъиятӣ ба муқобили муносибатҳои мавҷуда, урфу одат, анъана ва дину расму русуми иҷрои он баромада, мехоҳад онҳоро несту нобуд созад. Маҳз дар чунин шароит қонунгузории ҷиноятӣ барои ҳимояи ҷомеаи мавҷуда маҷбур мегардад, ки тавасути криминализатсия ба мубориза бархезад. Мисоли ин гуфтаҳо, ворид намудани моддаҳои 3071-3074 ба КҶ ҶТ ҷиҳати мубориза бо ташкил ва фаъолияти экстремистӣ шуда метавонад.
Ба сифати асоси криминализатсия иҷрои талаботҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, баромад мекунад. Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти мубориза бо терорризм чун хатари байналмилалӣ ба КҶ ҶТ моддаҳои 1791-1793-ро ворид намуд, ки онҳо асосҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм дар кишвари мо баромад мекунанд. Қонунгузор барои таснифбандӣ ва ба ҳайату гурӯҳи ҷиноятҳо шомил намудани ин ва ё он намуди муайяни кирдор қайд мекунад, ки кирдоре криминализатсия мешавад, ки агар ҳадди зарари ба ҷамъият хавфнокии он то ба андозае, ки он водоркунанда ба истифодаи чораҳои таъсиррасонии ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ бошад. Хусусияти хатарнокии ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама вобаста ба арзишҳои неъмати таҷовузшавандае, ки дар натиҷаи амали мушаххаси инсонӣ он зарар дидааст ё мебоист бинад, инъикос мегардад (яъне, вобаста ба арзишнокии муносибатҳои ҷамъиятӣ). Бинобар ин, бо ёрии меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ муҳимтарин муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳифз карда шуда, таҳти ҳимоя қарор мегиранд. Яъне, ҳар он лаҳзае, ки вобаста ба шароити мушаххаси ҳаёти ҷомеа дар ин ё он давраи муайян қонун қабул мегардад, ҳамон лаҳза арзиши гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятӣ аз тарафи қонунгузор муайян карда мешавад. Масалан, то солҳои 1940-ум, интизоми меҳнатӣ дар корхонаҳо ҳамчун объекти муҳофизатии ҳуқуқи ҷиноятӣ маҳсуб намегашт. Иловатан, ба ғайр аз арзишҳои неъмати мавҷуда, ҳангоми ҳалли масоил оид ба эътироф кардан ё накардани кирдори ҷиноятӣ хусусияти қасд ё сӯиқасд ба назар гирифта мешавад (яъне, тарзи истифодабарии усул, роҳ ва восита, ки боиси зарар мегардад). Танҳо ҳамон ангеза, ғараз, қасд ё сӯиқасд ба ҳайси ҷиноят эътироф мегардад, ки бо таркиби объективонаи хеш метавонад ба неъмати ҳифзшаванда зарар расонад. Масалан, ҳуқуқҳои молумулкие, ки дар натиҷаи ангзеза ва сӯиқасд ҳамчун объекти таҳдидшаванда баромад мекунанд, метавонад аз тарафи кирдорҳои характери дуздидошта (м. 244 КҶ ҶТ), қаллобӣ (м. 247 КҶ ҶТ), ғоратгарӣ (м. 248 КҶ ҶТ), роҳзанӣ (м. 249 КҶ ҶТ), тамаъҷӯӣ (м. 250 КҶ ҶТ), қасдан ё аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк (м.м. 255 ва 256 КҶ ҶТ), зарар бинад. Дар вақти баҳодиҳӣ ба кирдори хатарвор ва хавфноки ҷамъиятӣ, таъсири муносибату хислати равонии шахс зимни амалаш ва оқибатҳои он низ ба назар гирифта мешавад. Дараҷаи хавфнокии кирдор нафақат аз мавҷуд будани гуноҳ ва шакли он вобаста аст, балки ҳадафе, ки ҷинояткор дар назди худ қарор медиҳад ва нияти ба сомон расонидани амалаш низ аз аҳмият холӣ нест. Бинобар ин, ин ва ё он кирдор вобаста ба мақсад ва ангезааш мумкин аст ҷиноят бошад, ё ин ки набошад ва ё мумкин аст ба аломатҳои дигари таркиби ҷиноят рост ояд. Сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ҷиноят эътироф мегардад, агар ин кирдор бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда бошад (м. 314 КҶ). Кирдори ба ҷамъият хавфнок боз вобастагӣ дорад бо дигар ҳолатҳое, ки барои содири он алоқаманд бошад. Ба ин ҳолатҳо шомил мешаванд вақт, макон, вазъият, роҳ (тарз, усул, яъне чигунагии содир намудан), хислату хусусияту характери содир намудани ҷиноят ва ғ. Ин ҳолатҳо дар раванди коркардабароии таркибҳои ҷиноятҳо аз тарафи қонунгузор таҳти омӯзиш қарор мегиранд.
Дар ин асно, бояд гуфт, ки зиёдатан имконияти шароити зарурӣ барои бадастоварии асосҳои криминализатсия ин иттилоот ва маълумоте ба шумор меравад, ки он аз татбиқи усулҳои алтернативии чигунагии қабул намудаи ҷомеа маншаъ мегирад. Омилҳои аз назар ва аз санҷиш гузаранда бо чунин асосҳои криминологӣ-ҳуқуқии криминализатсия ҳамчун асоси қабули эътиборнокии ҳолатҳои динамикии кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок бо дарназардошти ба бор омадани сабаб ва шароити онҳо, дар алоқамандии зич қарор дорад.
Декриминализатсия чун ҷараёне, ки кирдорҳои муаянро чун ҷиноят беэътибор эълон менамояд, дар назария ва амалияи ҳуқуқтабиқкунии ҷиноятӣ таври мукамал мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Вобаста ба ин, дар адабиётҳое, ки масъалаи декриминализатсияро таҳлил намудааст, оид ба мафҳуми ин зуҳурот ақидаи ягона мавҷуд нест. Масалан, яке аз муҳаққиқони масоили сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ А.И. Коробеев декриминализатсияро ҳамчун «ҷараёни муқарар намудани асосҳои аз байн рафтани ба ҷамъият хавфнокии кирдор, эътирофи мақсаднок набудани муборизаи ҳуқуқии ҷиноятӣ бекор намудани ҷазо барои содир намудани чунин кирдор» меномад. Аммо ин мафҳум аз камбудиҳо холӣ нест. Масалан, ба мафҳуми декриминализатсия ворид намудани бекорнамудани ҷазо барои кирдорҳои пештар ба ҷамъият хавфнок қобили қабул нест. Чунин мафҳуми декриминализатсия аз ҷониби олими дигари шинохта. А.В. Наумов пешкаш гаштааст. Ба ақидаи ӯ “декриминализатсия - ин хориҷ намудани таҳти татбиқи ҷазо қарор гирифтани кирдори ба ҷамъият хавфнок, яъне бекор намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ мебошад”. Бекор намудани ҷазо барои кирдори ба ҷамъият хавфнок - ин ба дигар институти сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ-депенализатсия таалуқ дорад ва ба ҷараёни декриминализатсия дохил намешавад.
Шарҳи классикии декриминализатсияро В.Н. Кудрявцев тартиб додааст: «Декриминализатсия – ин бекор кардан, соқит намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ин ё он амалҳое, ки қаблан ҳамчун ҷиноят эътироф шуда буданд, аз он ҷумла гузаронидани ин амалҳо ба категорияи ҳуқуқвайронкуниҳои нисбатан сабук (маъмурӣ, интизомӣ ва ғайра) маҳсуб меёбад. Декриминализатсия – ин криминализатсия «бо аломати тарҳ» мебошад». Мо бо андешаи В.Н. Кудрявцев дар бобати он, ки декриминализатсияи амалҳо худ як раванд аст, ҳамфикр ҳастем[].
Чунин ҳисобида мешавад, ки раванди декриминализатсия муқобили раванди криминализатсия мавқеъ дорад. Аз ин лиҳоз, бекор кардани меъёрҳое, ки асос барои криминализатсияи амал буданд, ҷиҳати декриминализатсияи он асос мешаванд. Ҳамин тариқ, ба андешаи мо, оғози раванди декриминализатсия аз ҷониби ҳокимият эътирофи хатарнокии ҷамъиятӣ надоштани амал маҳсуб ёфта, натиҷаи декриминализатсия – соқит намудани аломатҳои намуди ҷиноят аз КҶ ҶТ мебошад. 
Ба ақидаи мо, декриминализатсия – ҷараёне мебошад, ки дар натиҷаи он қонунгузор бо дарназардошти қонуниятҳои объективии инкишофи ҷомеа бекор намудани ҷавобгарии ҷиноятиро барои кирдорҳои муайяни ба ҷамъият хавфноки дар қонуни ҷиноятӣ муқараршуда амалӣ месозад. Декриминализатсия пеш аз ҳама ин ҷараёни объективӣ мебошад. Чунки он дар натиҷаи инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, махсусан иваз шудани сохти ичтимоию иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо ба миён меояд. Мисоли ин гуфтаҳоро мо дар декриминализатсияи як қатор ҷиноятҳое, ки барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ пешбинӣ шуда буданд, бинобар интихоб намудани роҳи инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон чун иқтисодӣ бозорӣ дида метавонем. Барои асоснокии гузаронидани декриминализатсия қонунгузор бояд имконияти татбиқи самараноки чораҳои эътиноиро ба амале, ки дигар ҷиноят ҳисобида намешавад, бо дигар тадбирҳо, аз қабили ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳуқуқию маданӣ, инчунин, чораҳои табобатӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ, таҷдиди назар намояд.
Айни замон ақидаи бештар паҳншуда дар бораи зарурати гузаронидани декриминализатсияи амалҳо - инсондӯстӣ ва либерализатсияи ҳуқуқи ҷиноятӣ боқӣ мемонанд, ки онҳо бо «коҳиш ёфтани унсури ҷазо дар қисми махсус ва тағйир додани шартҳои амали институтҳо ва меъёрҳои алоҳидаи қисми умумии КҶ ҶТ, ки мавқеи шахсони содирнамудаи ҷиноятро беҳтар мегардонанд», алоқамандӣ доранд. Вале, аз ҷониби олимон борҳо зикр мегардид, ки тадбири инсондӯстӣ дар меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ бояд оқилона ва зарурӣ бошад. Он танҳо дар ҳолате лозим меояд, ки ҷомеа ва илм қонунгузории амалкунандаро воқеан ҳам барзиёд ҷазодиҳанда эътироф намоянд. Дар акси ҳол, тадбири инсондӯстӣ дар ҷомеа ҳамчун тараҳҳум ва беҷазоӣ барои ҷинояткорон қабул карда мешавад. Ба таври дигар «инсондӯстии беасоси қонунгузорӣ метавонад ба сактаи ҳуқуқӣ оварда расонад». Дар маводҳои вобаста ба декриминализатсия, муаллифон чунин мафҳумҳоро, ба монанди «меъёрҳо», «омилҳо», «асосҳо» ва «шароитҳо»-и декриминализатсия, истифода мебаранд. Калимаҳои номбурда синоним маҳсуб меёбанд. Дар баробари баррасии мафҳуми «асосҳои криминализатсия», мо истифодаи мафҳуми «асосҳои декриминализатсия»-ро низ мувофиқи мақсад меҳисобем.
Декриминализатсия – ин равандест, ки оғози он эътирофи ҷиноят ҳамчун амали ғайрихатарноки ҷамъиятӣ, ё хулоса дар бораи маҳдудияти хатарнокии ҷамъиятии амали криминализатсияшуда ба ҳисоб рафта, натиҷаи он соқит намудани ҷиноят аз КҶ ҶТ, ё ворид намудани тағйиротҳои вобаста ба маҳдудияти асосҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, ба намуди вуҷуддоштаи ҷиноят, мебошад.
Мавҷудияти намуди ҷиноят дар КҶ ҶТ анҷоми раванди криминализатсия, ё оғози раванди декриминализатсия мебошад. Соқит намудан ё ворид кардани аломатҳои ҷиноятҳо ба КҶ ҶТ, ва ё тағйир додани аломатҳои ҷиноятҳои аллакай дар КҶ ҶТ мавҷуд буда, вобаста ба васеъ ё маҳдуд кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ, низ натиҷаи криминализатсия ё декриминализатсия маҳсуб мешаванд. Феълан, криминализатсия ва декриминализатсия равандҳои ба ҳам вобаста мебошанд.
Криминализатсия яке аз усулҳои асосии сиёсати ҷиноятӣ буда, равандеро ифода мекунад, ки аз эътирофи хатарнокии ҷамъиятӣ доштани амал ё хулосаи васеъ намудани доираи хатарнокии ҷамъиятии амали криминализатсияшуда оғоз меёбад. Натиҷаи он бо дохил намудани шакли нави ҷиноят ба КҶ ҶТ ё ворид кардани тағйиротҳои вобаста ба васеъ намудани асосҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, дар намуди мавҷудбудаи ҷиноят, хотима дода мешавад.
Декриминализатсия яке аз усулҳои асосии сиёсати ҷиноятӣ буда, равандеро ифода мекунад, ки аз эътирофи ҷиноят ҳамчун амали ғайрихатарноки ҷамъиятӣ ё хулосаи маҳдуд намудани доираи хатарнокии ҷамъиятии амали криминализатсияшуда оғоз меёбад. Натиҷаи он бо соқит намудани шакли ҷиноят аз КҶ ҶТ ё ворид кардани тағйиротҳои вобаста ба коҳиш додани асосҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, дар намуди мавҷудбудаи ҷиноят, анҷом дода мешавад.
 
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Злобин Г.А., Келина С.Г. Баъзе масъалаҳои назариявии ҷинояткорӣ вобаста ба кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок // Проблемаҳои адолати судӣ ва қонуни ҷиноятӣ. М. 1978. - С.102-119.
  2. Кудрявцев В.Н. Асосҳои манъи қонуни ҷиноятӣ / Москва: Илм (Ҳуқуқ ва ҷомеашиносӣ), 1982. - 304 с. -.
  3. Сафаров А.И. Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ. Воситаи илмӣ-амалӣ. // Душанбе. с. 2015.
  4. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Матбааи “Соф”. Душанбе. с. 2016.
  5. Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии шӯравӣ. Проблемаҳои криминализатсия ва пенализатсия / Коробеев А. И. Владивосток: Нашриёти донишгоҳи Шарқи Дур, 1987. - 268 c.
  6. Наумов А.В. Қонуни ҷиноии Русия. Курси лекцияхо: Дар 2 чилд Т.1. Як қисми умумӣ. С. 161.
  7. Кудрявтсев В. Н. Асосҳои манъи ҳуқуқии ҷиноятӣ (боби муаллифи Кудрявтсев В.Н.) Москва: Меъёрҳои ҳуқуқӣ : НИЦ ИНФРА-М, 2016. - 35 с.
  8. Крылова Н. Оид ба масъалаи ҳамоҳангсозӣ ва гуманизатсияи қонуни ҷиноятӣ // Ҳуқуқи ҷиноятӣ. 2011. № 6. С.34.
  9. Криминология: Китоби дарсӣ / зери таҳрири умумии А.И. Долгова – нашри 4, бо тағйиру коркард. – Москва : Норма : ИНФРА-М, 2020. - 1008 с.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад