ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1922 ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip

Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Чшб, 08/04/2020 - 10:37

     Бо  Фармони Президенти
                                                           Ҷумҳурии  Тоҷикистон
                                                                                аз 19 февраль соли 2011
                                                                                № 1021 тасдиқ шудааст

Консепсияи
пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофу пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст.  Дақиқ муайян намудани зарурати таҳияи лоиҳаи қонунҳо, муқоисаи онҳо бо қонунҳои амалкунанда, омӯзиш ва муайян намудани мувофиқати қонунҳои қабулшаванда ба талаботи замон ва ҷомеа, инчунин аз нигоҳи илмӣ асоснок намудани онҳо имкониятҳои зиёд доранд ва бояд аз он ҳар чӣ бештар ва самаранок истифода карда шавад.
   Дар заминаи ин омилҳо ва бо мақсади рушду такомули санадҳои қонунгузорӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро танзим менамоянд, зарурияти таҳияи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.

1. Муқаррароти умумӣ

1) Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Консепсия) бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ тибқи принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ,  ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ таҳия карда  шудааст.
2) Самтҳои афзалиятноки Консепсия баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеа буда, ба чунин мақсадҳо равона шудааст;
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва амният;
- якпорчагии давлат, барқарор ва инкишофи сулҳ, муносибатҳои дўстона ва некӣ бо ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ;
- таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ;
- такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ бо дарназардошти рушди ҷомеа, баланд бардоштани дониши касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ;
- рушди минбаъдаи институтҳои демократӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, озодии эътиқод ва изҳори ақида, сухан ва такмили дигар унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;
- пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, харидуфурӯши одамон ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ;
- ҳалли ҷиддии масъалаи таъмини ҳамоҳангиву мувофиқати тамоми қонунҳо ва мутобиқати онҳо бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон;
- аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон;
- бо дарназардошти талаботи рўзафзуни ҷомеа, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ такмили қонунҳои амалкунанда, таҳия ва қабули қонунҳои нав;
- ҷиҳати баланд бардоштани сифатнокии қонунҳо ҳангоми такмил додани қонунҳои амалкунанда ва таҳияи лоиҳаи қонунҳои нав гузаронидани экспертизаи илмию ҳуқуқӣ, зиддикоррупсионӣ, гендерӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
- мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии   эътирофнамудаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-мониторинги санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
3) Амалигардонии Консепсия ба низоми мўътадилии қонунгузорӣ мусоидат менамояд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меоварад.
4)  Рушду такомул ва сифатнок намудани қонунгузорӣ дар доираи Консепсия аз чунин зинаҳо иборат мебошанд:
- гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили он;
- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин иштирок дар таҳияи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани экспертизаи лоиҳаи қонунҳое, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд;
- баҳодиҳии вазъи муосири қонунгузорӣ, ошкор намудани масъалаҳои ҳалталаби асосӣ ва мухолифатҳо дар он, муайян намудани дигар масъалаҳои такмили қонунгузорӣ;
- муайян намудани самтҳои аввалиндараӣа, ҷорӣ, асосӣ ва  дурнамои такмили қонунгузорӣ ва татбиқи он.

2. Ҳолати воқеии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

5) Пас аз эълон гардидани истиқлолияти Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда  шаванд. Баъд аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани моҳияти демократии давлати Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, ба талаботи  воқеии шаҳрвандон ва ниёзи аҳли ҷомеа ҷавобгў мебошад.
6) Дар ин муддат қонунҳои зиёде дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳия ва қабул карда шуданд. Дар қисме аз санадҳои қонунгузории қабулгардида баръало номувофиқатӣ мушоҳида карда мешуд. Барои бартараф намудани ихтилофи санадҳои қонунгузорӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» кабул карда шуд. Мутаассифона, масъалаҳои номувофиқатӣ ва мухолифат дар қонунҳо  то ҳанўз аз байн бурда нашудаанд, ки ин аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок накардани қонунҳо ва аз мукаммалу мушаххас нагардонидани механизми татбиқи онҳо гувоҳӣ медиҳад.
7) Ислоҳот дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, ки пас аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз  ёфта буд, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа номураттаб инкишоф ёфта истодааст. Агар ин ислоҳот дар самтҳои асосҳои сохтори конститутсионӣ, мудофиа, амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, суд ва адолати судӣ, мақомоти қудратӣ,  ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбатан пеш рафта бошад, дар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳуқуқи тиӣоратӣ, молия ва қарз, системаи андоз, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳимояи иҷтимоӣ, соҳаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи энергетика, саноат, сохтмон,  нақлиёт, алоқа ва комплекси агросаноатӣ проблемаҳои зиёде мавҷуданд, ки танзими ҳуқуқии ҳалли масъалаҳоро талаб мекунанд. Ҳамзамон, чунин тамоюлҳои манфӣ, ки зарурати бартарафсозии онҳо дар ҷараёни такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меояд, ба мушоҳида мерасанд:
- баҳисобгирии нопурраи дараҷаи батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии дахлдор ҳангоми қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав;
- шумораи зиёди меъёрҳои истинодовардашуда;
- таҳрифи меъёрҳои қонунҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи сатҳи пасттар;
- пешгўии нокифояи оқибатҳои қабули баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи онҳо, ки боиси дар як муддати кўтоҳ ворид намудани тағйиру иловаҳо ё бекор кардани ин санадҳо баъд аз қабули онҳо мегарданд;
- дар баъзе мавридҳо ба манфиатҳои соҳавии (идоравии) субъектони ҳуқуқэҷодкунанда додани афзалият ҳангоми таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дар баъзе ҳолатҳо ворид намудани тағйиру иловаҳои зиёд ба санадҳои кўҳнашуда, ки ба батанзимдарории самараноки зарурии ҳуқуқӣ мусоидат намекунанд;
- дастрасӣ ва дарки нокифояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби тамоми табақаҳои аҳолӣ.

3. Асосҳо ва вазифаҳои раванди рушди
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

8) Марҳилаи рушду такомули конунгузориро пешрафти ҳаёти ҷомеа, иҷрои барномаҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддати давлатӣ, инчунин сатҳи пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян менамоянд. Аз ин рў асосҳои рушд ва такомули қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо муайян месозанд:
- инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъсири онҳо ба ҳуқуқэҷодкунӣ;
- мутобиқати санади меъёрии ҳуқуқӣ ба принсипҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ;
- принсипҳои ҳуқуқ ва  асоси фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
- ошкорбаёнӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
- таҳлили илмиву амалии тарафҳои манфӣ ва мусбии такмили қонунгузорӣ;
- мутобиқати манфиатҳои фардӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ;
- банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
9) Вазифаҳои асосии ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ ин муайян намудани дараҷаи талаботи ҷамъият ба ин ё он санади қонунгузорӣ, баҳодиҳии заминаи ояндаи иҷтимоии санади қонунгузорӣ ва дараӣаи фарогирии танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҷустуҷўи роҳҳои беҳтари танзими муносибатҳои ҷамъиятии бавуҷудомада ба шумор мераванд. Дар ҷараёни танзими ҳуқуқӣ дар навбати аввал зарур аст вазифаҳои зерин ҳаллу фасл карда шаванд:
- баҳо додан ба муносибатҳои ҷамъиятие, ки мавриди  батанзимдарории ҳуқуқӣ қарор мегиранд;
- муқаррар намудани восита, усул ва тарзи нишондоди низоми ҳуқуқии дархостшаванда;
- муайян намудани ҳадди дахолати давлат ба соҳаҳои ҳаёти иҷтимию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тавассути батанзимдарории ҳуқуқӣ.
10) Шарти зарурии ташаккули беҳтари низоми қонунгузорӣ ин иерархияи саҳеҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Ҳар намуд санад бояд мавқеи муқарраршудаи қатъиро дар низоми қонунгузорӣ вобаста ба қувваи ҳуқуқии худ ишғол намояд.
11) Қувваи олии ҳуқуқиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асос ва мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд.

4. Самтҳои асосӣ ва принсипҳои такмили
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

12) Мақсади олии давлат ва ҷомеа - таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи шаклҳои моликият ва  кафолати амалӣ намудани онҳо буда, яке аз самтҳои асосии такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
13) Такмили санадҳои қонунгузорӣ бояд ба амали мўътадили низоми ҳуқуқӣ мусоидат намуда, ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бартараф созад, ки ин  сифатнок гардонидан ва мураттабсозии онҳоро имконпазир мегардонад.
14) Низоми амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаҳо, зерсоҳаҳо ва институтҳои қонунгузорӣ бо хусусиятҳои ба он хоси принципҳои умумӣ, махсус ва тарзи танзими ҳуқуқии он иборат мебошад. Зарурияти такмилдиҳии ин низомро муайян месозанд:
- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ўҳдадориҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ;
- консепсияҳо ва барномаҳои соҳавии рушди қонунгузорӣ;
- кодексҳо ва дигар қонунҳои асосии соҳавӣ ва институтҳои қонунгузорӣ;
- ташаккули Маҷмўи қонунҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
15) Самтҳои асосии такмили низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
- мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
- муайян намудани гурўҳи қонунҳое, ки дар навбати аввал ва ё дар ояндаи наздик қабул карда мешаванд, мунтазамии қабули онҳо бо дарназардошти манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат, талаботи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа;
- кодификатсияи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, аз ҷумла бо мақсади такмили механизмҳои иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва муқаррароти кодексҳо;
- мураттабсозии қонунгузорӣ, мустаҳкам намудани алоқаҳои мунтазами байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таҷриба намудани ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои умумихалқӣ ва парлумонии лоиҳаи қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ;
- ҳамоҳангсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи равандҳои интегратсионӣ.
16) Мўътадилии қонунгузорӣ метавонад тавассути татбиқи пай дар пайи принсипҳои илмии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ таъмин карда шавад, ки инҳоро дар бар мегирад:
- санҷиши натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар фаъолияти амалӣ оид ба таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- пешгўии оқибатҳои иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва оқибатҳои дигари қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии қонунҳо бо мақсади пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сифати қонунҳо;
- муносибати бонизоми ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ.
17) Ғайр аз ин, ба таъмини мўътадилии қонунгузорӣ сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва касбии субъектони раванди ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат намуда, он бо шарти иштироки ҳатмии мутахассисони соҳибихтисос, ки тарзу усулҳои таҳлили илмиро истифода мебаранд, имконпазир аст.
18) Батартибдарории меъёрэӣодкунии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонад бо мутобиқати қатъии санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин мақомоти давлатӣ ба санадҳои қонунгузорӣ таъмин карда шавад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ набояд бо қонунҳо мухолифат дошта бошанд, манфиатҳои соҳавӣ ва маҳаллиро дар мадди аввал гузоранд ё ин ки онҳоро бекор ё тағйир диҳанд.
19) Самаранокии танзими ҳуқуқӣ хангоми  ба таври маҷмўӣ таҳия намудани санадхои конунгузорӣ (принсипи маҷмўӣ) муносибатҳои ҷамъиятии мушаххасро  таҳти танзим қарор медиҳад. Барои  ҳамин ҳангоми амалӣ намудани ин принсип мувофиқи мақсад  аст меъёрҳои амали бевосита дар қонунгузорӣ зиёд карда шуда, меъёрҳои ҳаволакунандаи қонун кам карда шаванд, ки ин зуҳуроти коррупсиониро низ дар меъёрҳои санади конунгузорӣ  бартараф менамояд.
20) Ҳамзамон, принсипи маӣмўии такмили конунгузорӣ низоми санадҳои қонунгузориро ба танзим дароварда, барои кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии як муносибатҳои ҷамъиятиро  таҳти танзим қарор дода мусоидат менамояд.  

5. Нақши мураттабсозии қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар раванди такмили қонунгузорӣ

21) Мураттабсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф сохтани номувофиқатӣ ва мухолифат дар қонунҳо, мураттабсозӣ ва  танзими ягонаи низоми ҳуқуқии давлат, таъмини мувофиқати қонунгузорӣ ва кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамон як муносибати ҷамъиятиро танзимкунанда,  анҷом дода мешавад. Барои амалӣ намудани ин мақсад зарур аст, ки санӣиши илмию амалии (инвентаризатсияи) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида шуда, раванди дурнамои он ҷиҳати ворид намудани меъёрҳои нав ва тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ ё хориӣ намудани меъёри алоҳида аз санадҳои қонунгузорӣ муайян карда шавад. Аз ин рў ба мақсад мувофиқ дониста мешавад:
- талаботи ҷамъият ва давлат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки таъсиррасониаш ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста аст, муайян карда шавад;
- масъалаи мувофиқи мақсад будани якҷоя  ва ҳаҷман бузург кардани санадҳои қонунгузории муносибатҳои ҷамъиятии ягонаро танзимкунанда таҳлил карда шавад;
- муайян намудани соҳаҳои ҳуқуқӣ, ки  низоми санадҳои меъёрии амалкунандаашон парокандаанд ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ба ҷобаӣогузорӣ ва ҳамоҳанг намудани онҳо.
22) Натиҷаи мураттабсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишори Маҷмўи қонунҳо ва Маҷмўи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

6. Иттилоотонии ҳуқуқӣ ҳамчун усули
такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ

23) Муносибати бонизом ба таҳлили қонунгузорӣ, ки бо мақсади ошкор намудани камбудиҳо дар батанзимдарории ҳуқуқӣ ва ихтилофоти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида мешавад, барои такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аҳамияти бузург дорад. Чунин муносибати бонизом бапуррагӣ ва самаранок танҳо таввасути ӣорӣ намудани дастовардҳои иттилоотонӣ дар соҳаи ҳуқуқ  метавонад татбиқ карда шавад. Меъёрэҷодкунӣ дар навбати аввал дар асоси омўзиши амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, иттилооти ҳуқуқӣ, оморӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар намуди иттилоот, ки дар байни он иттилооти ҳуқуқӣ бартарӣ дорад, амалӣ карда мешавад.
24) Яке аз самтҳои иттилоотонии ҳуқуқӣ - дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва рушди доимии низоми давлатии иттилооти ҳуқуқӣ, ки он ба компютеркунонӣ ва автоматикунонии ҷараёни таҳия, қабул, нигоҳдорӣ, мураттабсозӣ ва паҳнкунии иттилооти ҳуқуқӣ асос ёфтааст, ба шумор меравад. Он барои дастрасии фаврии иттилооти ҳуқуқӣ, бақайдгирӣ, мураттабсозӣ ва замонавӣ намудани вай, инчунин ҷиҳати ташкили паҳнкунии иттилооти ҳуқуқӣ барои мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
25) Барои ин вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ ва сохторҳои маҳаллии онҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки пешбурди махзани санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумӣ ва соҳавии худро дар ҳомили коғазӣ ва электронӣ таъсис дода,  давра ба давра ба он тағйиру иловаҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгаштаро дохил намоянд.
26) Омилҳое, ки ба таъмини иттилоотонии ҳуқуқии мақомоти давлатӣ мусоидат мекунанд,  инҳо мебошанд:
- низоми бақайдгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо роҳи ворид намудани он ба Феҳристи ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 -мубодилаи ахбори ҳуқуқӣ, пешбурди Феҳристи ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули бонки махзани иттилооти ҳуқуқӣ тибқи Таснифоти ягонаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муҳайё намудани имконияти истифода ва татбиқи пурра, дақиқ ва фаврии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи онҳо, аз ҷумла бонки махзани иттилоотии ҳуқуқӣ, бонки маълумоти компютерии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (чӣ дар ҳомили қоғазӣ ва чӣ дар шакли электронӣ) дигар заминаи иттилооти ҳуқуқие, ки дар асоси маҷмўаҳои иттилоотӣ ва технологӣ ташаккул ёфтаанд;
- истифодаи шабакаи глобалии иттилоотии Интернет барои дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ.

7. Вазифаҳо оид ба такмили қонунгузорӣ  дар соҳаи
сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27) Бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори конститутсионӣ анҷом додани чунин корҳо  мувофиқи мақсад аст:
- таҳлил намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқати он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ гардонидани истилоҳоти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми интихобот, сохтори марзию маъмурӣ ва тарзи ташкил ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҷдиди назар намудани як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми интихобот, сохтори марзию маъмурӣ ва тарзи ташкил ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла:
а) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
б) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
в) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ»;
г)     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон»;   
д) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроӣиати шаҳрвандон»;
е) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакили маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»;
ё)  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»;
ж) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»;
з)  Қонуни конститутсони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсӣ»;
и) Қонуни конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
к) Қонуни конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
л) Қонуни конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон».
28) Кор оид ба мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба роҳ монда шуда, масъалаи мураттаб сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва нашри ҳармоҳаи онҳо дар Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дастрасии он ба мақомоти давлатӣ ва сохторҳои маҳаллии онҳо таъмин карда шавад.

8. Қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ

29) Бо мақсади рушди муносибатҳои гражданӣ заруранд:
- ворид намудани тағйиру илова ба қисмҳои 1, 2 ва 3 Кодекси гражданӣ бо дарназардошти рушди муносибатҳои шахсӣ ва молумулкӣ;
- такмил додани Кодекси оила, Кодекси манзил, Кодекси замин, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки қабули онҳо аз талаботи Кодекси гражданӣ бармеоянд;
- мутобиқсозии меъёрҳои гражданию ҳуқуқии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ба Кодекси гражданӣ;
-такмили меъёрҳои гражданию ҳуқуқие, ки муносибатҳои вобаста ба  моликият, ўҳдадориҳои шартномавӣ ва ғайришартномавӣ ба вуҷуд меоянд ва  моликияти зеҳниро ба танзим медароранд.
30) Бо мақсади рушди муносибатҳои соҳибкорӣ инҳо заруранд:
- ташкили низоми самараноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар мутобиқат бо низоми муносиби танзими давлатӣ, таъмини шароити мусоиди ташкилию ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, бахусус дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ;
- қабули санадҳои қонунгузорие, ки барои кам намудани номгўи фаъолиятҳое, ки дар асоси  иҷозатнома амалӣ карда мешаванд, зиёд намудани мўҳлати иҷозатнома, батартибдарорӣ ва соддагардонии ҷараёни иӣозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият равона карда шудаанд;
- таъмини ҳамоҳангсозӣ ва бо ҳам наздикшавии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт бо қонунгузории давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Евразия;
- таҷдиди назар намудани қонунгузории танзимкунандаи соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва алоқа;
- такмил додани санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, тиҷоратӣ, қонунгузории зиддиинҳисорӣ, сифат ва бехатарии маҳсулот, ҳифзи ҳуқуқи  истеъмолкунанда, бақайдгирии давлатии соҳибкорон, суғурта, лизинг, ипотека, фаъолияти биржавӣ  ва ғайра.

9. Қонунгузорӣ дар соҳаи аграрӣ

31) Бо мақсади такмили батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои аграрӣ зарур аст:
- такмил додани қонунгузории аграрӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ». 
- муқаррар намудани вазъи ҳуқуқии кооперативҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ (коркард, савдо, ёрирасон, таъминотӣ, боғдорӣ, обчакорӣ, чорводорӣ, қарздиҳӣ ва ғайра), инчунин муайян намудани низоми ҳуқуқии моликияти ҳоӣагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳамчун шакли ташкиливу ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;
- муайян намудани қоидаҳои бастан ва иӣрои шартномаҳои маҳсулотсупории кишоварзӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ, шартномабандӣ, иҷораи молиявии (лизинг) таҷҳизоти кишоварзӣ;
- батанзимдарории муносибатҳо дар соҳаи суғуртаи молумулкии ташкилотҳои кишоварзӣ;
- бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, инкишоф ва вусъат додани рушди хоҷагидории кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» аз нав мавриди таҳлил қарор дода шуда, механизмҳои татбиқкунии он амалӣ гардонида шавад;
- гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии қонунгузории амалкунандаи аграрӣ.

10. Қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист
ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ

32) Бо мақсади таъмини ҳифзи муҳити зист, инчунин иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала зарур аст:
- муносибатҳо доир ба масъалаҳои зерин ба танзим дароварда шаванд:
а) иттилоот ва мониторинги экологӣ;
б) экспертизаи экологии ҷамъиятӣ;
в) аудити экологӣ;
г) ҳифзи иқлим ва манзараҳои (ландшафтҳои) табиӣ;
д) товони зараре, ки дар натиӣаи таъсири манфӣ ба муҳити зист расидааст;
- дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани механизми самараноки иқтисодие, ки субъектони фаъолияти соҳибкориро тавассути истифодаи технологияҳои муосири ҳозиразамон  ба истифодаи оқилонаи табиат ва ҳифзи муҳити зист ҳавасманд мегардонад;
- якхела намудани стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо стандартҳои байналмилалии экологӣ бо дарназардошти ҳамроҳшавии минбаъдаи ҷумҳурӣ ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо;
- дар дурнамо дар ҷараёни мураттабсозии қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист таҳия ва қабули Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷамъоварӣ, коркард ва фурўхтани растаниҳои дорои хусусиятҳои табобатӣ».
33)Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ гардонидани муносибатҳо оид ба истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ».

11. Қонунгузорӣ дар бораи молия, андоз ва низоми бонкӣ

34) Бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар низоми қарздиҳию молиявӣ ба ҷо овардани тадбирҳои зерин зарур аст:
- навсозии методологияи ташаккул ва иҷрои буҷет, батартибдарории санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои буӣетӣ ва қабули Кодеси буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бонкӣ дар доираи санади ягона - Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмили минбаъдаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳангоми баррасӣ ва қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани ислоҳоти қонунгузории андоз дар самтҳои:
а) истифодаи муносибати тафриқанок дар андозбандии объектҳои таъиноти гуногун;
б) навсозии усулҳои ҳисобҳо, механизм ва принсипҳои ситонидани андозҳо аз арзиши иловашуда, фоида аз шахсони ҳуқуқӣ, аксизҳо, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;
в) батартибандозии меъёрҳои зиёди танзимкунандаи пасткунии андоз, пардохтҳо, боҷҳо ва озодкунӣ аз он;
г) барҳам додани таҷрибаи озодкунӣ аз андозҳо бо дарназардошти ҷорӣ намудани меъёрҳои камтарин дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- фароҳам овардани шароит барои ташаккули минбаъдаи қонунгузорӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи аудити молиявӣ, муомилоти коғазҳои қимматнок, аз ҷумла саҳмия, вексел, сертификати бонкӣ, коносамент, нархгузорӣ, инчунин сиёсати давлатии зиддиинҳисориро танзим мекунанд.

12. Қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи  иҷтимоӣ ва маориф

35) Бо мақсади таъмини пурра ва танзими бонизоми муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба он алоқаманд, таҷдиди назар намудани қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.
36) Дар ин радиф дар қонунгузории меҳнат бояд масъалаҳои муносибатҳои меҳнатии зерин ҳалли худро ёбанд:
- оид ба варзиши касбӣ, фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, хонакорон, кормандони кироя, аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ;
- оид ба масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ;
- оид ба ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандон,
- оид ба танзими фаъолияти кормандони соҳаи омўзгорӣ, нақлиёт, кормандоне, ки тариқи вахтавӣ фаъолият менамоянд ва кормандони ташкилотҳои динӣ.
37) Бо мақсади татбиқи Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №783 тасдиқ шудааст, зарур аст дар  ҳар  як давраи ислоҳоти иқтисодӣ масъалаҳои асосӣ оид ба ҳимоя ва  парастории нафақахўрон,  маъюбон, кўдакони ятим ва шахсони кўҳансол сари вақт ҳаллу фасл карда шаванд. Барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо зарур аст, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ин масъала марҳила ба марҳила таҳия ва қабул карда шаванд. Барои ин лозим аст:
- сохтори минбаъдаи низоми нафақа, асосҳои амалкунандаи молиявӣ ва ташкилии он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» мутобиқ карда шаванд;
- ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъминкунандаи он таҳия ва қабул карда шаванд;
-қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти суғуртаи иҷтимоӣ такмил дода шавад.
38) Бинобар ин, хотир низоми таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ бояд бо принсипҳои зерин асос ёбад:
- танзими давлатии сатҳи даромади суғурташаванда ва пардохтҳои минбаъдаи суғуртавӣ ба шаҳрвандон;
- мутобиқати андозаи нафақаҳои суғуртавии таъиншаванда ба ҳуқуқҳои андўхтаи шаҳрванд, собиқаи суғуртавӣ ва ҳаҷми даромади суғуртагардида дар низоми суғуртаи нафақа;
- масъулияти баробари давлат, корфармо ва шаҳрванд барои таъминоти нафақаи шаҳрванд дар пиронсолӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳо;
- мутобиқгардонии механизми шарикии иҷтимоӣ ва танзими бевоситаи давлатӣ дар идоракунии низоми таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ;
- таъминоти нафақаи аз ӣониби давлат кафолатдодашуда дар ҳолатҳои алоҳида;
- бисёрҷанбагии манбаъҳои маблағгузорӣ ва ҳавасмандии иштироки бахши ғайридавлатӣ дар таъминоти иҷтимоӣ ва нафақавии шаҳрвандон.
39) Барои дар ҷумҳурӣ ташкил намудани низоми кўмаки иӣтимоии суроғавӣ таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кўмаки иӣтимоии унвонӣ ба аҳолӣ» ба мақсад мувофиқ аст.
40) Барои татбиқи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, №94 тасдиқ шудааст, амалӣ намудани чунин тадбирҳо зарур аст:
а) ба таври маҷмўӣ ба танзим даровардани масъалаҳои зерин:
- баланд бардоштани сифати  хизматрасонии фарматсевтӣ ва таъмини назорат аз болои сифат, фурўш ва истифодаи маводи доруворӣ;
- тартиб додани  феҳрист ва муайян намудани ҳаҷми маводҳои доруворӣ барои табобати касалиҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ хавфнок ва муҳим;
- таъминоти дорувории имтиёзии суроғавии шаҳрвандон.
б) дар дурнамо таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии ягонаи маҷмўӣ   дар бораи тандурустӣ (Кодекси тандурустӣ). 
41) Тибқи нақшаи амалисозии Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 таҷдиди назар намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» ва  «Дар бораи солимиии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ» мувофиқи мақсад аст.
42) Вобаста ба ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва мутобиқ шудан ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, қонунгузории соҳаи маориф таҷдиди назар карда шавад. Ҳамчунин мувофиқи мақсад  аст, ки барои бартараф намудани мухолифат ва номувофиқатии дар қонунгузории соҳаи маориф вуҷуддошта ва аз байн бурдани хусусиятҳои эъломиявии як қатор меъёрҳо ва бо механизми самараноки амалишавӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳо андешида шаванд.
43) Дар дурнамо ҷиҳати кодификатсияи қонунгузории соҳаи маориф таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии ягонаи маҷмўӣ ба мақсад мувофиқ аст.

13. Қонунгузорӣ дар бораи прокуратура

44) Қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти прокуратура такмили минбаъдаро бо мақсадҳои зерин талаб мекунад:
- бо мақсади пурзўр намудани назорати прокурорӣ оид ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, такмил додани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- мустаҳкам ва мушаххас намудани функсияҳои прокуратура дар соҳаи назорати умумӣ бо роҳи ҳамкории аниқи он бо мақомоти назоратӣ, бо дарназардошти васеъ гаштани салоҳияти суд оид ба баррасии шикоятҳо барои амалҳои ғайриқонунӣ ва ба қонунгузорӣ мутобиқ набудани қарорҳои алоҳидаи соҳаи маъмурӣ, ки аз татбиқи муқаррароти моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бармеояд;
- баланд бардоштани самаранокии фаъолият оид ба таъқиби ҷиноятӣ ва назорати иҷрои қонунҳо ҳангоми тафтиши ҷиноятҳо, амалӣ намудани роҳбарии мурофиавии тафтишоти парвандаҳои ӣиноятӣ аз ҷониби муфаттишон ва прокурорҳои поёнӣ, тақвияти функсияҳои прокурории баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳо, ки аз мубоҳисаи мурофиаи ҷиноятӣ, зарурияти дастгирии айбдории давлатӣ оид ба ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар мурофиаи ҷиноятӣ ҳамчун тараф бармеояд.

14. Қонунгузорӣ дар бораи адвокатура ва нотариат

45) Бо дарназардошти қабули кодексҳои нави мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар бораи адвокатура, таҳия ва қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура», ки масъалаҳои зерин дар он бояд ҳалли худро ёбанд:
- мушаххас намудани вазъи ҳуқуқии адвокатҳо тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ;
- аз байн бурдани номувофиқатии вазъи ҳуқуқии аъзои коллегияи адвокатҳо ва адвокатҳои ваколатдор;
- ҷорӣ намудани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи хизматрасонии ҳуқуқӣ;
- пешбинӣ намудани меъёрҳо барои амалӣ гардонидани талаботи моддаи 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла пешбинӣ намудани низоми ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баланд бардоштани нақши адвокатҳо ҳангоми мубоҳиса ва баробарии тарафҳо дар мурофиаи судӣ;
- таҳия ва кабул намудани Кодекси одоби касбии адвокатҳо.
46) Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ва таҳияи он дар таҳрири нав.

15. Қонунгузории маъмурӣ

47) Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо бо назардошти масъалаҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
- марҳила ба марҳила кам намудани субъектони татбиқкунандаи ӣазои маъмурӣ ва додани ин салоҳият ба судҳои маъмурӣ;
- ҳалли масъалаи ҷавобгарӣ барои таҳдиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар шарикӣ содир намудани он;
- мувофиқа кардани андозаи ҳадди болоии санксияҳои ӣаримавӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бо андозаи ҳадди ақали санксияҳои ҷаримаи қисми умумии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои пешгирӣ намудани амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта ҳадди ниҳоии ҷарима бардошта шавад;
- мувофиқа намудани сохтор ва муқаррароти қисми махсуси Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 - қабули Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моҳиятан васеъ намудани салоҳияти судҳо оид ба таъини ҷазои маъмурӣ;
- таҷдиди назар намудани Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахрвандон».

16. Қонунгузории мурофиавӣ

48) Мураттабсозии минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ бояд бо самтҳои зерин амалӣ карда шавад:
- такмили қонунгузорӣ дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз ин ҷиҳат такмили механизми баррасии муроҷиатҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки субъекти ташаббуси истеҳсолоти судии конститутсионӣ тибқи моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба масъалаҳои эътирофи зиддиконститутсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд, ба мақсад мувофиқ аст;
- такмили қонунгузории мурофиаи гражданӣ ва судии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати:
а) дар ҳаҷми пурра танзими истеҳсолоти судии гражданӣ ва иқтисодӣ ҷиҳати хориҷ намудани меъёрҳои дахлдори мурофиавӣ аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои мазкур;
б) амалӣ намудани танзими иловагии истеҳсолот оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои маъмурии ҳуқуқӣ бармеоянд ва ҷудо намудани он ба намуди алоҳидаи истеҳсолоти судӣ - истеҳсолоти судии маъмурӣ бо танзими минбаъдаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида;
в) такмили принсипи мубоҳисавӣ ва баробарии тарафҳо дар мурофиа;
г) минбаъд дар амал ҷорӣ намудани воситаҳои техникӣ дар марҳилаи муҳокимаи судӣ (тағйир додани ӣараёни самти хабарнома, ҷорӣ намудани стенографияи ҳатмии мурофиаи судӣ ҳамчун тарзи такмили ҷараёни протоколкунӣ ва ғайра);
д) якхелакунии меъёрҳои Кодекси мурофиавии гражданӣ ва судии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои ба ҳам монандро танзим мекунанд.
- такмили қонунгузории мурофиавии ӣиноятӣ бо роҳи таҷдиди назар намудани институтҳои алоҳидаи он, бе тағйирёбии консепсияи умумии Кодекси мурофиавии ӣиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳангоми татбиқи он мувофиқи мақсад аст:
а) аз нав баррасӣ намудани маблағи гарав ҷиҳати кам кардани андозаи ҳадди ақал бо мақсади васеъ намудани доираи шахсоне, ки нисбати онҳо метавонад татбиқ гардад;
б) таъмини механизмҳои шикоят кардан аз амал ва қарори суд дар мўҳлат ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ.
- таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва дар он пешбинӣ намудани меъёрҳои танзимкунандаи тартиби соддагардонидашудаи ба савдои оммавӣ баровардани молу мулки ғайриманқули ҳабсгардида, якхелакунӣ ва ҳамоҳангсозии он бо қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

17. Қонунгузорӣ дар бораи мудофиа

49) Бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар соҳаи мудофиа иҷрои корҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:
- таҷдиди назар намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа»,   «Дар   бораи   фармоиши   давлатии мудофиавӣ», «Дар бораи яроқ».
- бо мақсади татбиқи меъёри моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ» таҳия ва қабул карда шавад. Ҳамчунин бо назардошти ўҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Созишнома дар бораи Консепсияи амнияти ҳарбии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамоҳангсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи ислоҳоти ҳарбӣ дар таҳрири нав пешниҳод ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мувофиқи мақсад дониста  шавад.
- таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҷиҳати баланд бардоштани вазъи ҳуқуқии ҳизматчиёни ҳарбӣ, тавассути қонун муқаррар намудани кафолати иҷтимоӣ ва имтиёзҳои хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо, шахсони ба эҳтиёт ва истеъфо рухсатшуда, аъзои оилаи онҳо, инчунин аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ҳалок гардидаанд, дар муҳорибаҳои ӣангӣ бе ному нишон гаштаанд.

18. Қонунгузорӣ оид ба соҳаи амнияти
миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ

50) Бо мақсади такмил ва рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти миллӣ пешбинӣ намудани тадбирҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
- ҷорӣ намудани механизми босамари ҳифзи манбаи иттилоотӣ аз дастрасии беиҷозат, таъмини амнияти низоми иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии амалкунанда ва дар қаламрави кишвар таъсисёбанда;
- бо мақсади таъмини ҳаматарафаи ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ  қабули қонунҳои зерин зарур аст:
а) дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»;
б) дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуӣўӣ».
- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Номгўи маълумоти дорои сирри давлатӣ», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи забони давлатӣ мутобиқ гардонида шаванд. Њамчунин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» дар таҳрири нав зарур аст.
51) Барои танзими ҳуқуқии пурра ва бонизоми масъалаҳои соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои фаъолият оид ба пешгирии ҷиноятҳо» зарур аст.
52) Ҳамчунин мувофиқи мақсад аст, ки оид ба механизми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
53) Инчунин зарур аст, ки қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»,  «Дар бораи бехатарӣ аз сўхтор», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва «Дар бораи бакайдгирии давлатии дасктилоскопӣ»  бо дарназардошти меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода  шаванд.

19. Қонунгузорӣ дар бораи судҳо

54) Дар марҳилаи таърихии рушду нумўи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон шароити нави гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба сохти дигар таъмин шуда истодааст. Дар ин иртибот муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама ба танзими қонунӣ ва кафолати ҳифзи судӣ эҳтиёӣ доранд. Таҳкими кафолати ҳифзи судии ин муносибатҳои ҷамъиятӣ рушду такомули онҳоро таъмин намуда барои инкишофу пешравии ҷомеа муҳим ва зарур мебошанд. Ин омилҳои объективӣ талаб менамоянд, ки ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар кишвар идома дода шавад.
55) Барои ноил шудан ба ин мақсад зарур аст, ки вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:
- бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақши он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат таҳияи барномаи нави идомаи ислоҳоти судӣ пешбинӣ карда шавад;
- мурофиаи судӣ боз ҳам демократӣ гардонида шуда, баробарҳуқуқии ҳамаи иштирокчиёни мурофиа дар ҳамаи зинаҳои судӣ такмил дода шавад;
- тавассути қабули қонунҳо таъсис ва амали судҳои оилавӣ дар зинаҳои поёнӣ ва додани салоҳияти баррасии парвандаҳо оид ба баҳсҳои оилавӣ ва ҳамаи баҳсҳо нисбати ноболиғон;
- дар дурнамо бо мақсади таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, самаранок гардонидани раванди тафтишот ва минбаъд аз байн бурдани тафтишоти пешакӣ (таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ) ӣорӣ намудани тафтишоти судӣ оид ба парвандаҳои ӣиноятӣ.
56) Бо мақсади такмили минбаъдаи қонунгузорӣ дар бораи сохтори судӣ ва вазъи ҳуқуқии судяҳо ҷорӣ намудани муқаррароти зерин мувофиқи мақсад аст:
- такмили механизми тайёр намудани кадрҳои судӣ ва такмили ихтисоси судяҳо;
- батанзимдарории масъалаҳое, ки ба интихоби (таъини) судяҳо ва қать гардидани ваколатҳои онҳо дар самти таъмини кафолати мустақилияти судяҳо, ки ба стандартҳои байналмилалии ин соҳа дахл доранд;
- таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар иҷрои фаъолияти хизматӣ;
- такмили механизми иштироки машваратчиён ҳангоми баррасии парвандаҳои ӣиноятӣ;
- таъмини минбаъдаи махсусгардонии судҳо ва судяҳо дар ҳайати судҳои юрисдиксияи умумӣ ҷудо намудани ҳайатҳои махсусгардонидашуда ҷиҳати баррасии парвандаҳои маъмурӣ ва парвандаҳои ноболиғон;
- такмил додани қонунгузории маъмурӣ бо мақсади марҳила ба марҳила кам намудани субъектони баррасикунандаи парвандаҳои маъмурӣ, васеъ кардани салоҳияти судҳо оид ба баррасии ин парвандаҳо.

20. Қонунгузории ҷиноятӣ

57) Бо мақсади такмили минбаъдаи гуманизатсияи қонунгузории ӣиноятии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад аст, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул карда шуда, дар он масъалаҳои зерин ба эътибор гирифта шаванд:
- мутобиқ намудани Кодекси ҷиноятӣ ба талаботи санадҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудаанд, ба монанди Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории мутташакили трансмиллӣ, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи коррупсия;
- аз Кодекси ҷиноятӣ хориӣ намудани масъалаи такрори ҷиноят;
- пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ;
- декриминализатсияи баъзе аз ҷиноятҳо ва муқаррар намудани ҷарима барои  ҷиноятҳои иқтисодӣ;
- таҷдиди назар намудани ретсидиви ҷиноят  ҳамчун нишонаи бандубасткунӣ;
- сабук намудани ҷазо барои баъзе категорияҳои шаҳрвандон, аз ҷумла барои ноболиғон;
- хориҷ намудани маҳдуд кардани озодӣ ҳамчун намуди ҷазо аз Кодекси ҷиноятӣ ва ба ӣои он ҷорӣ намудани дигар намуди ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда.

21. Қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

58) Бо мақсади танзими ҳуқуқии пурра ва бонизоми тартиб ва шартҳои иҷрои ҷазо мувофиқи мақсад аст, ки масъалаҳои зерин баррасӣ карда шаванд:
- таӣдиди назар намудани Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ»;
- андешидани механизми нави иҷрои намуди алоҳидаи ҷазои ҷиноятӣ бар ивази ҷазои маҳдуд кардани озодӣ;
- дар бораи такмили танзими ҳуқуқии низоми муассисаҳои пенитенсиарие, ки барои беҳтар гардонидани фаъолияти онҳо ва иҷрои ҷазо равона карда шудаанд;
- дар бораи тавассути қонун муайян кардани вазъи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои кормандоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолият мекунанд (ба истиснои посбонон).

22. Қонунгузорӣ оид ба муқовимат бо коррупсия
 

59) Бо мақсади пурзўр намудани муқовимат бо коррупсия ва такмили қонунгузории зиддикоррупсионии Тоҷикистон, мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои зерин бояд андешида шаванд:
- таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар он масъалаҳои зерин бояд инъикос гарданд:
а) муайян намудани категорияҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бояд мавриди баҳогузории зиддикоррупсионӣ қарор дода шаванд;
б) меъёрҳои қонуни мазкур бояд эътибори ҳуқуқии кофиро барои хулосаҳо ва тавсияҳои дар натиӣаи чунин баҳогузорӣ дода мешуда, ба инобат нагирифтани хулоса ва тавсияи коршиносон бо шарти асоснокии норозигии худ бо далелҳои ваҳҷнок ва инчунин критерияҳои чунин асоснокиро пешбинӣ намояд;
в) методикаи соддагардонидашудаи чунин баҳогузорӣ, ки асосноккунии иқтисодию молиявии лоиҳаҳоро дар бар мегирад, пешбинӣ карда шавад.
60) Экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инчунин бояд таҳлили барномаҳои идоравӣ ва соҳавиро дар бар гирад.
61) Мувофиқи мақсад аст, ки ҷиҳати иӣрои вазифаҳои дар банди 60 пешбинишуда комиссияи кории доимоамалкунанда иборат аз намояндагони мақомоти қонунгузор, иҷроия ва муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шавад.
62) Дар фаъолияти зиддикоррупсионӣ самти афзалиятноки фаъолият ба масъалаҳои пешгирии ӣиноятҳои коррупсионӣ равона карда шавад.
63) Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 таҳия ва қабул карда шуда, ӣараёни мониторинги низоми муқовимат ба коррупсия дар кишвар то соли 2011 ҷамъбаст карда шавад.

23. Таъминоти ҳуқуқии ҳамкориҳои
байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

64) Таҳким ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ду самти асосӣ  дар назар дошта мешавад:
- ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ;
- ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ.
65) Дар бахшҳои мазкур вусъати ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрӣонибаи минтақавӣ, байниминтақавӣ ва умумиҷаҳонии густурда дар назар аст. Барои мукаммалсозӣ ва рушди минбаъдаи ин соҳаҳо механизми амалисозии меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ дар сатҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи методологияи ягонаи миллии такмилдиҳӣ ва татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар заминаи ҳамкории мутақобилаи судманд ва  принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқии байналмилалӣ зарур дониста мешавад.
66) Ҳангоми бастани шартномаҳои байналмилалӣ дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳуқуқи қайди тавзеҳот васеъ истифода намояд.  
67) Меъёрҳои (стандартҳои) ҳуқуқии байналмилалӣ мувофиқ ба манфиатҳои хоси миллӣ дар асоси мониторинги мунтазами раванди иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии амалкунанда ва батадриӣ ҷойгир карда мешаванд.
68) Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо мақсади такмилдиҳӣ ва татбиқ таҳиягардида бояд дорои асоснокии иrтисодию молиявӣ ва ҳуқуқӣ бошанд. Дар айни замон меъёрҳои танзимкунандаи татбиқи ўҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти номуназзамиро дошта, имкон намедиҳанд, ки дар иҷрои меъёрҳои алоҳидаи шартномаҳои байналмиллалӣ, доштани таъсири бевоситаи онҳо ё ки бартарияти онҳо нисбати санадҳои қонунгузорӣ муайян гардад. Барои бартараф сохтани ин камбудӣ таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарур аст.
69) Ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба таври саҳеҳ тартиби татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, аз ҷумла татбиқи ҳатмии онҳо, мавқеи ин меъёрҳоро дар низоми ҳуқуқи миллӣ ва тартиби ҳалли ихтилофотро ба танзим дароранд.
70) Алҳол тартиби вориси ҳуқуқӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шартномаҳои байналмиллалӣ ва байнидавлатии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар сатҳи зарурӣ ба танзим дароварда нашудааст. Барои ҳалли ин масъала зарур аст:
- санадҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмиллалӣ ва байнидавлатии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мавриди бозомўзӣ ва таҳлили ҳаматарафа қарор дода шаванд;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалии имзошудаи қаблан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур буда бо дарназардошти меъёрҳои дар худи шартномаҳо зикргардида аз эътибор соқит дониста шаванд.
71) Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмиллалӣ ва созмонҳои байнидавлатӣ ҳамоҳангсозӣ ва бо ҳам наздикшавии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қонунгузории давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Европа, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ, кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай бо назардошти ўҳдадориҳои байналмилалӣ дар назар дорад.
72) Ҳангоми ташаккули қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни ҷаҳонишавии иқтисодиёт, ки ба раванди ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо алоқаманд аст, ба инобат гирифта шавад. Дар айни ҳол бо ҳам наздикшавии қонунгузорӣ дар асоси принсипҳои баробарии тарафҳо, мутақобилӣ, риояи бечуну чарои соҳибихтиёрӣ ва манфиатҳои миллӣ сурат мегирад.
73)  Дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ зарур аст:
- таҳия ва қабули қонунҳое, ки тартиби танзими давлатии фаъолияти иқтисодии берунӣ, созиш ва амалӣ намудани аҳдҳои иқтисодии беруниро ба танзим медароранд;
- дар бозори дохилӣ ташкил кардани шароити баробар барои субъектони фаъолияти соҳибкорӣ, шароит барои рақобати  бовиҷдонона  бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ бо роҳи мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи созишномаҳои байналмилалӣ, ки дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо баста шудаанд;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, ки муносибатҳои консессионӣ, вазъи ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ,  низоми молу- мулкии ба онҳо тааллуқдоштаро ба танзим медароранд;
- аз байн бурдани камбудиҳои танзими қонунгузорие, ки барои аъзогии Ҷумхурии Тоҷикистон ба Созмони умумичаҳонии савдо монеъ мешаванд.
74) Муайян намудани ин тамоюл тақозо менамояд, ки қонунҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар  карда шаванд:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ».
75) Раванди таъмини ягонагӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун ҷараёни тадриҷан бо ҳам наздикшавии низоми ҳуқуқӣ бояд хусусияти ҳамоҳангсозӣ, асосноккунии илмӣ ва такмилёбии мутақобила  дошта бошад.

24.  Қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати дипломатӣ

76) Бо мақсади такмили  қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати дипломатӣ ба мақсад мувофиқ аст:
- лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» таҳия ва қабул карда шавад;
- санадҳои зерқонунии танзимкунандаи фаъолияти сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қабули қонуни нав такмил дода шаванд;
- ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар аккредитатсия шудаанд, таҷдиди назар карда шаванд. 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад