ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

КОНСЕПСИЯИ ЛОИҲАИ КОДЕКСИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 16/05/2022 - 09:56

КОНСЕПСИЯИ ЛОИҲАИ КОДЕКСИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

1.1. Муқаддима
Яке аз самтҳои асосии такмили қонунгузории бонкӣ дар шароити муосир кодификатсияи он, яъне таҳияи Кодекси бонкӣ мебошад, ки имкон медиҳад низоми қонунгузории бонкӣ ба тартиб оварда шавад.
Консепсияи лоиҳаи Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018, таҳти №1005 тасдиқ гардидааст, бо мақсади ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва талаботи ҷомеа мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунанда ва дар ҷараёни мураттабсозии қонунгузорӣ истифодаи таҷрибаи пешрафтаи бонкдории давлатҳои тараққикарда ва  мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бонкӣ дар доираи санади ягона  Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
Консепсияи лоиҳаи Кодекси бонкӣ асосҳои қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, ба танзими дақиқи ҳуқуқии муносибатҳое, ки ҳангоми амалисозӣ ва батанзимдарории фаъолияти бонкӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин ба ҳамоҳангсозии санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи бонкӣ, ба низом даровардани меъёрҳои онҳо, рафъи ихтилофоти мавҷудаи дохилӣ ва бартараф намудани холигӣ дар танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар низоми бонкӣ равона шудааст.
Самти афзалиятноки таҳияи консепсияи лоиҳаи Кодекси бонкӣ ба чунин мақсадҳо равона шудааст:
- тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бонкӣ дар доираи санади ягона ҷамъ оварда шаванд;
- ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартараф карда шаванд;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ва меъёрҳои ҳаволакунанда кам карда шаванд;
- сохтори низоми қонунгузории бонкӣ ба тартиб оварда шавад;
- устувории низоми бонкии давлат таъмин карда шавад.
 
1.2. Вазъи кунунии танзими ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри танзими муносибатҳо оид ба фаъолияти бонкӣ қабул гардидаанд, аммо таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар самти мазкур нишон медиҳад, ки имрўз зарурати мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бонкӣ дар доираи санади ягона - Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Зеро дар соҳаи мазкур зиёда аз 16 Қонун ва зиёда аз 200 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии зиёде қабул гардидааст, ки танзими ҳуқуқии соҳаи мазкурро мушкил мегардонад.
Танзими ҳуқуқии муносибатҳо оид ба фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла: Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, «Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ”, «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, «Дар бораи таърихи қарз (кредит)”, «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд”, “Дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ”, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба самти мазкур бевосита ва ё бавосита тааллуқдошта.
 
1.3. Асосҳои ҳуқуқии таҳияи лоиҳаи Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шароити рушди муносибатҳои бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии таҳия намудани лоиҳаи Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошад.
Асосҳои ҳуқуқии таҳияи лоиҳаи Кодекси бонкиро санадҳои зерин ташкил менамоянд:
- сархати дуюми зербанди 34, (боби 11) Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, №1021 тасдиқ шудааст;
- банди 10 Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ барои солҳои 2012-2015, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №143 тасдиқ шудааст;
- банди 5 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ барои солҳои 2012-2015, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, №143 тасдиқ шудааст;
- банди 24 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2018, таҳти №1005 тасдиқ гардидааст.
Яъне ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва талаботи ҷомеа мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунанда, дар ҷараёни мураттабсозии қонунгузорӣ истифодаи таҷрибаи пешрафтаи бонкдории давлатҳои тараққикарда ва ниҳоят мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бонкӣ дар доираи санади ягона - Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таҳияи лоиҳаи Кодекси бонкӣ ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани санадҳои болозикр мусоидат менамояд.
 
1.4. Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ
Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузорӣ роҳи самаранок ва боэътимоди такмили қонунгузорӣ ва дарк намудани мазмуну моҳияти танзими ҳуқуқии ин ё он падида маҳсуб меёбад. Дар раванди мазкур қонунгузории дав­латҳои дигар мавриди таҳлил қарор дода шуда, вобаста ба омил­ҳои миллӣ ҷанбаҳои мусбии онҳо истифода мешавад.
Таҳлили қонунгузории мамлакатҳои хориҷӣ дар самти танзими ҳуқуқии муносибатҳои бонкӣ нишон медиҳад, ки дар аксари давлатҳои пасошўравӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли қонунҳои алоҳида ва ё дар доираи санади ягонаи кодификатсионӣ қабул гардидаанд, аз ҷумла:
- дар Федератсияи Россия Қонуни федеролии Федератсияи Россия «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» аз 2 декабри соли 1990 № 395-1;
- дар Ҷумҳурии Белорусия «Кодекси бонкии Ҷумҳурии Белорус» аз 25 октябри соли 2000, № 441-З;
- дар Ҷумҳурии Қазоқистон Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон» аз 31 августи соли 1995, № 2444;
- дар Ҷумҳурии Қирғизистон Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Қирғизистон, бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» аз 16 декабри соли 2016, № 206;
- дар Ҷумҳурии Узбекистон Қонуни Ҷумҳурии Узбекистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» аз 25 апрели соли 1996, №216-1.
Аз таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории давлатҳои пасошўравӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ бар меояд, ки танҳо дар Ҷумҳурии Белорус муносибатҳои бонкӣ дар доираи санади ягонаи кодификатсонӣ - Кодекси бонкии Ҷумҳурии Белорус ба танзим дароварда шудааст. Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ бошад, қонунҳои алоҳида дар соҳаи бонкӣ амал мекунанд. Чунончӣ, Кодекси бонкии Ҷумҳурии Белорус, ки аз 25 октябри соли 2000, № 441-З қабул гардидааст, аз 2 қисм, 7 фасл, 27 боб ва 290 модда иборат аст. Муносибатҳое, ки бо қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Белорусия ба танзим дароварда мешаванд, низоми муносибатҳои ҷамъиятию иқтисодӣ оид ба сафарбаркунӣ ва истифода бурдани маблағҳои пулии муваққатан озодро ташкил мекунанд. Қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Белорус принсипҳои фаъолияти бонкӣ, вазъи ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии бонкиро муайян намуда, муносибатҳои байни онҳоро танзим, инчунин тариби таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии бонкҳо ва ташкилотҳои молиявию – қарзии ғайрибонкиро муқаррар мекунад.
Қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Белорус аз низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат буда, муносибатҳое, ки ҳангоми амалисозии фаъолияти бонкӣ ба вуҷуд меоянд, танзим намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва ҷавобгарии субъектҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи бонкиро муқаррар менамояд.
 Қисми умумии Кодекси бонкии Ҷумҳурии Белорус муқаррароти умумӣ, яъне муносибатҳое, ки қонунгузории бонкӣ танзим менамояд, асосҳои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Белорусия, субъектҳо ва иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии бонкӣ, объектҳои муносибатҳои ҳуқуқи бонкӣ, вазъи ҳуқуқӣ, мақсад ва функсияҳои бонки миллӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявию қарзии ғайрибонкӣ, иҷозатномадиҳии фаъолияти бонкӣ, уҳдадории пулии асъорӣ, ҷавобгарии субъектҳо ва иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии бонкиро танзим менамояд.
  Қисми махсус бошад, амалиётҳои активии бонкӣ, қарзҳои бонкӣ, маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ (факторинг), кафолати бонкӣ, амалиётҳои пасивии бонкӣ, амонати (депозитҳои) бонкӣ, суратҳисоби бонкӣ, идоракунии бовариноки маблағҳои пулӣ, амалиётҳои миёнаравии бонкӣ, амалиётҳои асъорӣ – мубодилавӣ, нигоҳдории бонкӣ, муваққатан истифода бурдани сейфи бонкӣ, инкассатсия ва интиқоли маблағҳои пулии нақд, металҳои қимматбаҳо, сангҳои қимматбаҳо ва дигар арзишҳоро танзим менамояд.
  Ҳамин тавр, аз таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ бар меояд, ки ҷиҳати такмили қонунгузории соҳа ба монанди Ҷумҳурии Белорус қабул намудани Кодекси бонкӣ зарур аст. Зеро, имрўз дар баробари гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва пайдо гардидани шаклҳои гуногуни моликият, тағйир ёфтани муносибат ба он тақозо менамояд, ки қонунгузории соҳа мукаммал карда шавад. Чунки бе мавҷуд будани қонунгузории ба талаботи имрўза ҷавобгў танзим намудани ин муносибатҳо кори басо душвор мебошад. Бо ҳамин мақсад имрўз фурсате фаро расидааст, ки бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар низоми қарздиҳию молиявӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бонкӣ аз қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд даст кашида, ба санади ягона ва мураттабгаштае, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятии соҳаи бонкиро танзим намояд, рў овардан лозим аст.
Ба сифати чунин санад “Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад карда метавонад. Зеро, аз таҷрибаи давлатҳои дар боло зикршуда бармеояд, қабули Кодекси бонкӣ рушди соҳаи бонкиро на танҳо тақвият мебахшад, балки устувор низ мегардонад. Чунончи, таҷрибаи 22 солаи амали Кодекси бонкии Ҷумҳурии Белорус нишон медиҳад, дар самти фаъолияти бонкдорӣ он мусбӣ арзёбӣ мешавад. Зеро, дар кодекси мазкур меъёрҳои ҳаволакунанда кам мебошанд, ки барои амалишавии меъёрҳои он қабули санадҳои иловагиро талаб наменамояд ва дар пешрафти соҳа мусоидат менамояд.
 
1.5. Мавзӯъ, мақсад ва вазифаҳои Кодекси бонкӣ
Мавзўи Кодекс: танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ мебошад.
Мақсади Кодекс: ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои муносибатҳои бонкӣ.
Вазифаи Кодекс: фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ба фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
1.6. Сохтори лоиҳаи Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз 2 қисм иборат бошад: қисми умумӣ ва махсус. Қисмҳо ба фаслҳо, бобҳо, зербобҳо, ва моддаҳо ҷудо карда шаванд, ки пайдарпайии онҳо мазмунан дуруст ва аз лиҳози қоидаҳои мантиқ ҷойгир карда шаванд.
Дар қисми умумии Кодекс муқаррароти умумӣ: мафҳумҳо, принсипҳо, қонунгузорӣ дар боари фаъолияти бонкӣ, асосҳои сиёсати пулию қарзӣ, субъектҳо ва иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии бонкӣ, вазъи ҳуқуқӣ, мақсад ва функсияҳои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявию ғайрибонкӣ, иҷозатномадиҳии фаъолияти бонкӣ, уҳдадории пулии асъорӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии бонкӣ танзим карда шаванд.
Дар қисми махсус бошад, тартиби пешбурди амалиётҳои бонкӣ, қарзҳои бонкӣ, суратҳисоби бонкӣ, кафолати бонкӣ, амалиётҳои асъорӣ – мубодилавӣ, амонатҳои (депозитҳои) бонкӣ, идоракунии бовариноки маблағҳои пулӣ, амалиётҳои миёнаравии бонкӣ, нигоҳдории бонкӣ, муваққатан истифода бурдани сейфи бонкӣ, инкасатсия ва интиқоли маблағҳои пулии нақд ва дигар арзишҳоро танзим карда шаванд.

 

                                                            

 

 

                                                                                                                          Шеров Шералӣ Зафарович,
                                                                                                                  сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия,
                                                                                                            андозу гумрук ва фаъолияти бонкии
                                                                                                              Маркази миллии қонунгузории назди
                                                                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

 

 

 

 

 

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)