ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШӮРОИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ИННОВАТСИЯИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ёров Абдулваҳоб Абдулвоҳидович Санаи интишор: Дшб, 19/04/2021 - 15:51

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз таъсиси шӯрои мазкурро баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки аз солҳои 2000-ум инҷониб Ҳукумати мамлакат дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон карда, ислоҳоти ҷиддии соҳаҳои зикршударо оғоз намуд.

Дар ин муддат вобаста ба ислоҳоти соҳаҳои зикршуда як қатор санадҳои дахлдор қабул гардида, аз ҳисоби буҷети давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои илм ва маориф тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Қабули “Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 - 2008” қадами аввалин ва ҷиддӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои бунёдӣ гардид ва барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ роҳи васеъ кушод.

Қарорҳои Ҳукумати кишвар ва дигар санадҳои муҳими соҳа, аз чумла дар бораи “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007 - 2015”, “Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020”, “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 - 2020”, “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ барои солҳои 2011 - 2015”, аз иқдомҳои дигар ба шумор рафта, ҳар кадоми онҳо ба рушди ин ё он бахши соҳаҳои илму маорифи кишвар мусоидат намуданд. Инчунин қабули барномаҳо бо дарназардошти талаботи замон ва аҳаммияти бузурги илмҳо дар ҷодаи таъмин намудани пешрафти кишвар ба роҳ монда шуд.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар асоси қабули барномаву санадҳо ва дар натиҷаи фароҳам овардани шароити зарурӣ дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ ҷавонон ба корҳои илмӣ бештар ҷалб гардида, завқи онҳо ба ихтироъкорӣ тавсеа пайдо кард.

Вобаста ба тасмими Ҳукумати кишвар оид ба интихоби ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст.

Дастовардҳои солҳои охири олимони кишварро таҳлил намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи олимони мо дар муқоиса бо талаботи замон, алалхусус, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар қонеъкунанда нестанд.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба нерӯи зеҳнии ҷомеа Ҳукумати мамлакат солҳои 2020 - 2040-ро бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуда, инчунин, ҷиҳати амалисозии ин иқдом доир ба гузаронидани озмуни ҳарсолаи “Илм - фурӯғи маърифат” қарор қабул кард.

Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба таъсиси шабакаи телевизионии “Илм ва табиат”, ки бо супориши бевоситаи Сарвари давлат ташкил ва ба фаъолият оғоз намуд, Президенти мамлакат бо итминон иброз доштанд, ки шабакаи зикршуда барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он, инчунин, амалӣ гардидани барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 - 2040” саҳми арзишманд мегузорад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи ин ибтикорот на танҳо ба такмили ҷиддии низоми идораи соҳа ва пайвастани илми ватанӣ бо истеҳсолот, балки дар маҷмӯъ, ба рушди минбаъдаи илм, маориф ва инноватсия дар кишвари мо мусоидат хоҳад кард.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои илму инноватсия, пайвандии илму истеҳсолот Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, доктори илмҳои химия, директори Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икром, директори институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ориф Амирзода, ходими илмии Маркази инноватсионӣ оид ба омӯзиши маводи табиии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фаррух Шарофов, сарходими илмии Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зайниддин Муҳиддинов ва дотсенти кафедраи “Ҳимояи релеӣ ва автоматика”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Борбад Мирзозода бо таклифу пешниҳодҳо барои рушди илму инноватсия дар Тоҷикистон баромад карданд.

 

 

 

 

http://www.prezident.tj

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад