ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon замима ба КЧТ ичозат.doc
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ МАРҲИЛАИ НАВИ ИНКИШОФ ВА ТАТБИҚИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 23/05/2022 - 09:58
   Озодиву истиқлол барои ҳар миллат дастоварди муқаддас ба шумор мераванд. Миллати тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурд. Даврони Истиқлолиятро марҳилаи рушд ва инкишофи андешаи ҳуқуқи инсон низ номидан мумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра ба таври расмӣ дар сатҳи Консититутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид.
  Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ сарнавишти миллат бо дасти худаш инъикос гардида, шакли идораи давлатӣ, асосҳои сохти конститутсионии ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, самти сиёсати дохилию байналмилалии он ва дигар масоили муҳими давлатӣ мустақилона муайян карда мешавад.
   Дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дорои ҳама хусусиятҳои давлатдории муосир муаррифӣ намуда, барои асос гузоштани пояҳои бунёдии давлатдории миллии тоҷикон имконият фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушарраф гардидан ба ин сатҳи баланди сиёсию ҳуқуқӣ ба марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихӣ қадам гузошт.
  6-ноябри соли 1994 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардида, дар заминаи он низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуд, ки ин ҳолат марҳилаи муҳимтарини аз нав ташаккулёбии мақомоти давлатӣ ва татбиқи самараноки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гардид.
   Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд аз муносибатҳои мураккабе иборат аст, ки вобаста ба мавқеи шахс дар ҷомеа соҳаҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти онҳоро дар бар мегирад. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ-тафаккурии ҳаёти ҷомеа муносибатҳои бавуҷудоянда ҳаёту фаъолияти шахсро фаро мегиранд, вале ҳеҷ як соҳаи ҳуқуқ дар алоҳидагӣ онҳоро ба танзим дароварда наметавонад. Сатҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста ба он баҳо дода мешавад, ки давлат онҳоро дар қонунгузории худ дар кадом сатҳ муқаррар намуда, амалигардонии онҳоро чӣ гуна кафолат додааст. Амалӣ ва татбиқшаванда будани вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд бо роҳи муқаррар кардани кафолатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ таъмин карда мешаванд. Бо ҳамин манзур дар марҳилаи инкишофи сифатан нави низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати татбиқ намудани онҳо ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳким ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёд намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирифта, дар ин ҷода фароҳам овардани фазои ҳуқуқии ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд буда, ғояи меҳварии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
   Дар як маврид бояд таъкид намоем, ки дар сатҳи байналмилалӣ низ яке аз соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ, яъне ҳуқуқи байналмилалӣ инсондустӣ барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, саҳми босазое дорад. Сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи байналхалқии инсондустӣ пеш аз ҳама чаҳор конвенсияи Женева аз 12 августа соли 1949 ва ду Протоколи иловагӣ бар онҳо аз 8 июни соли 1977 ва дигар санадҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд:
- Конвенсияи Женева оид ба бехтаршавии аҳволи маҷруҳон ва беморон дар артишҳои амалкардаистода (Конвенсияи I Женева);
- Конвенсияи Женева оид ба беҳтаршавии аҳволи маҷруҳон, беморон ва шахсони аз ҳайати қувваҳои мусаллаҳ, ки дар рафти ғарқи киштӣ дар баҳр осеб дидаанд (Конвенсияи Женева);
- Конвенсияи Женева оид ба муносибат бо асирони ҳарбӣ (Конвенсияи III Женева);
- Конвенсияи Женева оид ба ҳимояи аҳолии шаҳрвандӣ дар рафти ҷанг (Конвенсияи IV Женева);
- Протоколи иловагӣ ба конвенсияи Женева, ки ба ҳимояи қурбониёни низоъҳои байналхалқӣ дахл дорад (Прото­коли I);
- Протоколи иловагӣ ба конвенсияи Женева, ки ба ҳимояи қурбониёни низоъҳои ҳарбии хусусияти ғайрибайналхалқидошта дахл дорад;
  Дуруст аст, ки дар санадҳои дахлдори байналмилалӣ инсон, озодӣ шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии он зикр гардидааст.
  Дар ҳамин иртибот, кулли давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба риояи талабот ва таъмини иҷрои ин таъинот уҳдадор мебошанд. Аз ҷумла, ин таъинот нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ паҳн мегардад.
  Ҳамин тариқ, хулосабарорӣ намудан мумкин аст, ки дар умум вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар даврони соҳибистиқлолӣ боз ҳам мустаҳкам ва барои татбиқи амалии онҳо тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гардидааст.
 
 
 
Қурбонзода Абдумалик Турахон,
муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)