ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ИНТИХОБОТ – ВАСИЛАИ ИШТИРОКИ МАРДУМ ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Ҷум, 28/02/2025 - 13:23
«Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон
 
   Нақши интихобот ҳамчун чорабинии муҳимми сиёсӣ дар рушди ҷомеа назаррас мебошад. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки тамоми дастовардҳо ва музаффариятҳое, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ ба онҳо ноил гардидааст, маҳз самараи падидаи сиёсӣ – интихобот ба шумор мераванд. Яке аз бузургтарин ва нодиртарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Қабули ин санади сарнавиштсоз замина гузошт, то дурнамои рушду пешрафти Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян карда шавад.
     Интихобот дар ҳаёти сиёсӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим мебозад, зеро он яке аз рукнҳои асосии низоми демократӣ маҳсуб мегардад. Маҳз тавассути интихобот шаҳрвандон метавонанд иродаи худро озодона изҳор намуда, дар шаклгирии сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иштирок кунанд. Ин раванд ба ҳар як шаҳрванди кишвар имконият медиҳад, ки дар қабули қарорҳои муҳимми давлатӣ саҳм гузорад.
Интихобот на танҳо як раванди расмӣ, балки василаи муҳимми пайвандӣ миёни халқ ва давлат мебошад. Он на танҳо ба эътирофи расмии ниҳодҳои сиёсӣ мусоидат мекунад, балки субот ва рушди устувори ҷомеаро низ таъмин менамояд.
    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкимбахш ва кафолатдиҳандаи ҳуқуқои сиёсии шаҳрвандон мебошад. Дар қисми якуми моддаи 27 Конститутсия бевосита дарҷ карда шудааст, ки «шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ба воситаи вакилонаш иштирок намояд». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки моддаи мазкур идомаи мантиқии модди 6 Конститутсияи кишвар мебошад, ки мушаххасан ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатиро пешбинӣ менамояд. Дар моддаи баррасишаванда асосан сухан дар бораи ҳуқуқи иштироки бевосита ва ё бавоситаи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ меравад. Муқаррароти мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ иштироки шаҳрвандони худро дар ҳаёти сиёсии давлат кафолат медиҳад.
      Мувофиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба се шохаи асосӣ – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, тибқи моддаи 48-и Конститутсия Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар ба ҳисоб меравад.
     Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки маҳз тавассути интихобот шохаи асосии ҳокимияти давлатӣ – ҳокимияти қонунгузор ташаккул меёбад. Бесабаб нест, ки ба Маҷлиси Олӣ як боби мустақил – боби сеюми Конститутсия (моддаҳои 48-63) бахшида шудааст. Маҳз фаъолияти самарабахш ва устувори Маҷлиси Олӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ва ташкилии давлатдории устуворро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, интихоби дурусти вакилон омили муҳимми пешрафт ва рушди кишвар мебошад. Интихобот на танҳо як раванд, балки механизме барои таъмин намудани пешрафти ҷомеа ва идоракунии самараноки давлатӣ мебошад.
     Интихобот дар ҷомеаи имрӯза дар ташаккули ҳокимияти қонунгузор, таъмини робитаи мустаҳкам миёни халқ ва давлат, таҳкими демократия ва волоияти қонун, рушди устувори ҷомеа ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
     Бояд қайд намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2024, №882, интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ 2-юми марти соли 2025 таъин гардидааст.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуданд, ки  интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд.
     Маврид ба зикр аст, ки овози ҳар як интихобкунанда барои тақдири минбаъдаи давлату миллат ҳалкунанда мебошад. Яъне, иштирок дар интихобот ин саҳм гузоштан ба инкишофу пешравии кишвар аст.
Таҷрибаи баргузории интихоботҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки мардуми сарбаланди кишвар дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ бо руҳияи идона ва фаъолона иштирок менамоянд ва барои тақдири ояндаи худ бетараф нестанд.
    Интихобот яке аз василаҳои муҳимми иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, боварии комил дорем, ки интихоботи даъвати нави вакилони халқ, ки санаи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад, дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо иштироки аксарияти интихобкунандагон, риояи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалии интихобот баргузор мегардад.
 
Саидзода Иззатулло Ҳабибулло –
Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад