ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1955 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

-A A +A
Ношири мавод: Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон Санаи интишор: Шнб, 11/01/2020 - 21:46
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни ҶТ
Рақам: 
1537
Мақомот: 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.08.2018

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 июни соли 2018, № 1115
қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2018, № 561
ҷонибдорӣ карда шуд.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсиро муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- маълумоти биометрии шахсӣ - маълумоти шахсие, ки хусусиятҳои физиологӣ ва биологии субъектро муайян менамояд;

- маълумоти шахсӣ - маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ҳаёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айнияткунонии шахсияти ӯ имкон медиҳад;

- ҷамъоварии маълумоти шахсӣ - амалҳои ба гирифтани маълумоти шахсӣ равонагардида;

- нобуд кардани маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки дар натиҷаи иҷрои онҳо барқарор намудани маълумоти шахсӣ имконнопазир аст;

- бехусусияткунонии маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки дар натиҷаи онҳо муайян кардани мансубияти маълумоти шахсӣ ба субъекти аниқи маълумоти шахсӣ бе истифодаи иттилооти иловагӣ имконнопазир мегардад;

- махзани маълумоти шахсӣ (минбаъд - махзани маълумот) - маҷмӯи ба тартиб даровардашудаи маълумоти шахсӣ;

- дорандаи махзани маълумот (минбаъд - доранда) - мақоми давлатӣ, шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода, идора ва ҳифз кардани махзани маълумот мебошанд;

- оператори махзани маълумот (минбаъд - оператор) - мақоми давлатӣ, шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома бо доранда коркард ва ҳифзи маълумоти шахсиро амалӣ менамоянд;

- ҳифзи маълумоти шахсӣ - маҷмӯи тадбирҳое, ки бо мақсади пешгирӣ намудани дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ амалӣ карда мешаванд;

- коркарди маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки ба сабт, мураттабсозӣ, нигоҳдорӣ, тағйирдиҳӣ, такмил, гирифтан, истифода, паҳнкунӣ, бехусусияткунонӣ, бастан ва нобудсозии маълумоти шахсӣ равона гардидаанд;

- истифодаи маълумоти шахсӣ - амалҳо бо маълумоти шахсӣ, ки барои амалишавии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм равона гардидаанд;

- нигоҳдории маълумоти шахсӣ - амалҳо оид ба таъмини нигоҳдорӣ, махфият ва дастрасии маълумоти шахсӣ;

- паҳн кардани маълумоти шахсӣ - амалҳое, ки ба додани маълумоти шахсӣ ба доираи номуайяни шахсон равона гардидаанд;

- субъекти маълумоти шахсӣ (минбаъд - субъект) - шахси воқеие, ки ба ӯ маълумоти шахсии дахлдор тааллуқ дорад;

- шахси сеюм - шахсе, ки субъект, доранда ва ё оператор набуда, бо онҳо ё муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба маълумоти шахсӣ алоқаманд аст;

- ҳомили моддӣ - объектҳои моддӣ (аз ҷумла майдонҳои физикӣ), ки дар онҳо маълумоти шахсӣ инъикоси худро дар намуди рамзҳо, шаклҳо ва садоҳо меёбад;

- амалҳои (амалиёти) доранда бо маълумоти шахсӣ - ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, дақиқкунӣ, интиқол, боздоштан, бехусусияткунонӣ ва нобуд кардани маълумоти шахсӣ;

- низоми махфияти маълумоти шахсӣ - қоидаҳои муқарраршудае, ки маҳдудияти дастрасӣ, интиқол ва шартҳои нигаҳдории маълумоти шахсиро муайян менамоянд;

- интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ - интиқоли маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсиро танзим менамояд.

  2. Қонуни мазкур амалҳои зеринро фаро намегирад:

- коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи субъектҳо танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва оилавӣ, агар он боиси поймол гардидани ҳуқуқи шахсони дигари воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ нагардад;

- ташаккул, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти шахсии Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигари бойгонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ мансуб аст.

Моддаи 4. Принсипҳои ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ

Ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- қонуният;

- адолатнокӣ;

- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;

- махфияти маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд;

- баробарии ҳуқуқи субъектҳо, дорандаҳо ва операторон;

- таъмини амнияти шахсият, ҷомеа ва давлат.

БОБИ 2. КАФОЛАТ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

Моддаи 5. Кафолати давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ

  1. Ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

  2. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани сертификати мутобиқати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.

  3. Барои таъмини бехатарии маълумоти шахсӣ бояд оид ба ҳифзи онҳо аз тасодуфан ё беиҷозат ихроҷ шудан, нусхабардорӣ, дуздӣ, гум кардан, тағйир додан (сохтакорӣ) ва ифшо ё нобуд кардан чораҳо андешида шаванд.

Моддаи 6. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ

Ба ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дохил мешаванд:

- тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва тасдиқи низомномаи он;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- сиёсати давлатиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ амалӣ менамояд;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- номгӯи маълумоти шахсиро, ки барои амалисозии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм зарур ва кофӣ мебошанд, тасдиқ менамояд;

- тартиби аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм амалӣ намудани чораҳои ҳифзи маълумоти шахсиро тасдиқ менамояд.

- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ баррасӣ менамояд;

- рӯйхати шахсони масъули ба риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ уҳдадорро муайян ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо чораҷӯӣ менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

БОБИ 3. ҶАМЪОВАРӢ, КОРКАРД ВА НИГОҲДОРИИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

Моддаи 8. Шартҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ

  1. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бо розигии субъект ё намояндаи қонунии он аз тарафи доранда ва (ё) оператор, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур, амалӣ карда мешаванд.

  2. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бояд бо расидан ба мақсадҳои мушаххас, қаблан муайяншуда ва қонунӣ маҳдуд карда шаванд. Ба коркарди маълумоти шахсии бо мақсадҳои ҷамъоварии он номувофиқ иҷозат дода намешавад.

  3. Мундариҷа ва ҳаҷми маълумоти шахсии ҷамъоварӣ ва коркардшаванда бояд ба мақсадҳои арзгардидаи ҷамъоварӣ ва коркард мувофиқат намоянд.

  4. Ҳангоми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бояд саҳеҳии маълумоти шахсӣ, кифоягии он ва дар ҳолатҳои зарурӣ аҳамият нисбат ба мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ таъмин карда шаванд. Оператор бояд оид ба аниқ намудани маълумоти нопурра ё носаҳеҳ чораҳои зарурӣ андешад.

  5. Субъекти маълумот бояд дар бораи маълумоти нисбати ӯ ҷамъоваришаванда хабардор карда шуда, ба ӯ дастрасӣ ба маълумоти ба худаш тааллуқдошта таъмин карда мешавад, инчунин ӯ ҳуқуқ дорад ислоҳи маълумоти носаҳеҳ ё ба иштибоҳоварандаро талаб намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

  6. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии субъекти фавтида, аз ҷониби суд бедарак ғоибшуда эътирофгардида ё фавтида эълонгардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 9. Дастрасии маълумоти шахсӣ

  1. Маълумоти шахсӣ ба дастрасии умум ва дастрасии маҳдуд тақсим мешавад.

  2. Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии умум бо розигии субъект озод мебошад ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи низоми махфият нисбат ба он татбиқ намегардад.

  3. Бо мақсади таъминоти иттилоотии аҳолӣ манбаъҳои маълумоти шахсии дастрасиашон озод (аз ҷумла маълумотномаҳои тарҷумаиҳолӣ, китобҳои телефонӣ, суроғавӣ, захираҳои иттилоотии электронии дастраси умум, воситаҳои ахбори омма) истифода мешаванд.

  4. Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии маҳдуд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мебошад.

Моддаи 10. Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ

  1. Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ бо шартҳои розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба доранда, оператор ва шахси сеюм барои ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур, муайян карда мешавад.

  2. Муроҷиати (дархости) субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар хусуси дастрасӣ ба маълумоти шахсии худ ба доранда, оператор ва шахси сеюм дар шакли муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

  3. Муносибат байни доранда, оператор ва шахси сеюм дар хусуси дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" танзим карда мешавад.

Моддаи 11. Тартиби додани розигии субъект ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ (бозхонди он)

  1. Субъект ё намояндаи қонунии ӯ ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ медиҳад (онро бозхонд мекунад).

  2. Субъект ё намояндаи қонунии ӯ розигиро ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 9 Қонуни мазкур бозхонда наметавонад.

Моддаи 12. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бе розигии субъект

Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- аз ҷониби мақомоти давлатӣ иҷро намудани вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

- ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд.

Моддаи 13. Махфияти маълумоти шахсӣ

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм, ки ба маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд дастрасӣ пайдо намудаанд, махфияти онро бо роҳи риояи талаботи роҳ надодан ба паҳн гардидани он бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ таъмин менамоянд.

  2. Шахсоне, ки ба онҳо маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд дар робита бо эҳтиёҷоти касбӣ, хизматӣ, инчунин муносибатҳои меҳнатӣ маълум гардидааст, уҳдадоранд махфияти онро таъмин намоянд.

  3. Махфияти маълумоти биометрии шахсӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 14. Захиракунӣ ва нигоҳдории маълумоти шахсӣ

  1. Захиракунии маълумоти шахсӣ бо роҳи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ, ки барои амалишавии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм зарур ва кифоя мебошад, сурат мегирад.

  2. Нигоҳдории маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм, ки махзани он танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ мувофиқа шудаанд, амалӣ мегардад.

  3. Муҳлати нигоҳдории маълумоти шахсӣ бо санаи расидан ба ҳадафҳои коркарди онҳо муайян мегардад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 15. Тағйир додан ва пурра кардани маълумоти шахсӣ

Тағйир додан ва пурра кардани маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм дар асоси муроҷиати (дархости) субъект ё намояндаи қонунии ӯ ё дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 16. Паҳн кардани маълумоти шахсӣ

  1. Ба паҳн кардани маълумоти шахсӣ иҷозат дода мешавад, агар ҳуқуқ ва озодиҳои субъект поймол карда нашаванд, инчунин ба манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар зарар нарасад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  2. Паҳн кардани маълумоти шахсӣ дар ҳолатҳое, ки аз доираи қаблан эълоншудаи мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди он мебароянд, бо розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 17. Маълумоти биометрии шахсӣ

  1. Маълумоте, ки хусусиятҳои физиологӣ ва биологии инсонро инъикос намуда, дар асоси он мумкин аст шахсияти ӯ (маълумоти биометрии шахсӣ) муайян карда шавад ва инчунин он аз ҷониби оператор барои муайян намудани шахсияти субъекти маълумоти шахсӣ истифода мегардад, метавонад танҳо дар сурати мавҷуд будани розигии хаттии субъекти маълумоти шахсӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур, коркард шавад.

  2. Коркарди маълумоти биометрии шахсӣ метавонад бе розигии субъекти маълумоти шахсӣ бинобар амалӣ намудани таъқиби ҷиноятӣ ва адолати судӣ, иҷрои санадҳои судӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа, амният, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, муқовимат ба терроризм, экстремизм, коррупсия ва қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмати давлатӣ анҷом дода шавад.

Моддаи 18. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ

  1. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷие, ки ҳифзи якхелаи ҳуқуқҳои субъектҳои маълумоти шахсиро таъмин менамоянд, мутобиқи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ бо мақсади ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънавиёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат метавонад манъ ё маҳдуд карда шавад.

  2. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлатҳои хориҷие, ки ҳифзи маълумоти шахсиро таъмин намекунанд, дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад: - мавҷуд будани розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ ба интиқоли фаромарзии маълумоти шахсии ӯ;

- ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;

- ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ин бо мақсади ҳифзи сохтори конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, саломатӣ ва маънавиёти аҳолӣ, таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат зарур бошад;

- ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, агар гирифтани розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ имконнопазир бошад.

Моддаи 19. Бехусусияткунонии маълумоти шахсӣ

Ҳангоми коркарди маълумоти шахсӣ барои анҷом додани тадқиқоти оморӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд онҳоро бехусусият намоянд.

Моддаи 20. Нобуд кардани маълумоти шахсӣ

Маълумоти шахсӣ аз ҷониби доранда, оператор ва шахси сеюм дар ҳолатҳои зерин бояд нобуд карда шавад:

- бо гузаштани муҳлати нигоҳдорӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 14 Қонуни мазкур;

- ҳангоми қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқӣ байни субъект ва доранда, оператор ё шахси сеюм;

- ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд.

Моддаи 21. Хабардоркунӣ дар бораи интиқоли маълумоти шахсӣ

  1. Доранда ё операторе, ки маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм интиқол додааст, ҳамчунин шахси сеюме, ки маълумоти шахсиро аз субъекти ин маълумот нагирифтааст, уҳдадоранд дар муҳлати на бештар аз се рӯзи корӣ ба субъект хабарномаи дорои маълумоти дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашударо ирсол намоянд.

  2. Дар хабарнома маълумоти зерин дарҷ мегарданд:

- насаб ва номи шахси воқеӣ, номи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси сеюме, ки маълумоти шахсиро гирифтааст;

- мақсади коркарди маълумоти шахсӣ тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур;

- манбаи гирифтани маълумоти шахсӣ.

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм дар ҳолатҳои зерин аз уҳдадории дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда озод карда мешаванд:

- агар субъект барои интиқоли маълумоти шахсӣ розигии худро дода бошад;

- ҳангоми аз ҷониби мақомоти давлатӣ иҷро намудани вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дастраси умум гардондани маълумоти шахсӣ аз ҷониби субъект ё бо хоҳиши ӯ;

- агар ба субъект пешниҳод намудани маълумоте, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигарро поймол кунад.

  1. Коркарди маълумоти шахсии интиқолшуда барои мақсадҳои тадқиқоти оморӣ ё илмию тадқиқотии дигар амалӣ карда мешавад, агар ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъекти маълумоти шахсӣ поймол карда нашаванд.

БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТ

Моддаи 22. Ҳуқуқи дастрасии маълумоти шахсӣ ба субъект

  1. Субъект барои гирифтани маълумоти дар қисми 4 моддаи мазкур зикргардида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда, ҳуқуқ дорад. Субъект ҳуқуқ дорад аз доранда, оператор ва шахси сеюм аниқ, бастан ё нобуд кардани маълумоти шахсии худро талаб кунад, агар чунин маълумоти нопурра, куҳнашуда, носаҳеҳ, ғайриқонунӣ гирифташуда ё барои мақсади арзгардидаи коркард зарур набошад, инчунин оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои худ чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешад.

  2. Маълумоте, ки дар қисми 4 моддаи мазкур нишон дода шудааст, ба субъект ё намояндаи қонунии ӯ аз тарафи доранда, оператор ва шахси сеюм ҳангоми муроҷиат ё қабули дархости субъект ё намояндаи қонунии ӯ пешниҳод карда мешавад.

  3. Маълумоте, ки дар қисми 4 моддаи мазкур нишон дода шудааст, бояд аз тарафи доранда, оператор ва шахси сеюм дар шакли дастрас ба субъект пешниҳод карда шавад ва дар он бояд маълумоти шахсии ба субъектҳои дигар тааллуқдошта мавҷуд набошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки барои ошкор кардани чунин маълумоти шахсӣ асосҳои қонунӣ мавҷуд бошанд.

  4. Субъект ба гирифтани иттилооти марбут ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии худ ҳуқуқ дорад, ки он аз ҷумла маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- тасдиқи воқеияти ҷамъоварӣ ва коркард;

- асосҳои ҳуқуқӣ ва мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркард;

- мақсад ва усулҳои истифодашавандаи ҷамъоварӣ ва коркард;

- ном ва макони ҷойгиршавии доранда, оператор ва шахси сеюм, маълумот дар бораи шахсоне (ба истиснои кормандони доранда, оператор ва шахси сеюм), ки ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ доранд ё ба онҳо маълумоти шахсӣ метавонанд ошкор шаванд;

- муҳлати ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла муҳлати нигоҳдории онҳо;

- тартиби аз ҷониби субъект амалӣ шудани ҳуқуқҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд;

- иттилоъ дар бораи интиқоли фаромарзии иҷрошуда ё пешбинигардидаи маълумот.

  1. Ҳуқуқи субъект ба дастрасии маълумоти шахсии ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҳдуд гардад.

Моддаи 23. Уҳдадории субъект

Субъект уҳдадор аст маълумоти шахсии худро дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

БОБИ 5. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ДОРАНДА, ОПЕРАТОР ВА ШАХСИ СЕЮМ

Моддаи 24. Ҳуқуқҳои доранда, оператор ва шахси сеюм Доранда, оператор ва шахси сеюм ҳуқуқ доранд:

- ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;

- барои ҳифзи маълумоти шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникӣ андешанд.

Моддаи 25. Уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд:

- номгӯи маълумоти шахсии барои иҷрои вазифаҳои онҳо зарур ва кофиро тасдиқ намоянд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;

- дар сурати муваффақ шудан ба мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, инчунин ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нобуд кардани маълумоти шахсӣ чораҷӯӣ намоянд;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон далели тасдиқкунандаи гирифтани розигии субъектро барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии ӯ пешниҳод намоянд;

- ба субъект ё намояндаи қонунии ӯ маълумоти ба ӯ тааллуқдоштаро дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи қабули муроҷиат пешниҳод намоянд.

  1. Доранда, оператор ва шахси сеюм уҳдадоранд оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва онҳо бояд ҳалли масъалаҳои зеринро таъмин намоянд:

- пешгирии дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ;

- сари вақт ошкор намудани далелҳои дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ;

- то ҳадди камтарин расондани оқибатҳои номатлуби дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ.

  1. Уҳдадориҳои доранда, оператор ва шахси сеюм оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ аз лаҳзаи ҷамъоварии маълумоти шахсӣ ба вуҷуд меоянд ва то лаҳзаи нобуд кардан ё бехусусияткунонии онҳо эътибор доранд.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

3 августи соли 2018,

№ 1537