ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 09:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
517
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.12.1997
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24, мод. 350; соли 2003, № 8, мод. 458; соли 2006, №4, мод. 200; соли 2007, №3, мод. 177; №7, мод. 694; соли 2008, №10, мод.821; соли 2012,№4,мод.274; №8,мод.830; соли 2013,№12,мод.903; соли 2021, №12, қ.2, мод.713)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи давлатии иҷтимоиро муайян мекунад ва амали он нисбати суғуртаҳои ихтиёрии иҷтимоӣ татбиқ намешавад.
 
ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ низоми навъҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи таъмини ашхоси суғурташуда ҳангоми маҳрум гардидан аз музди меҳнат ё даромад дар натиҷаи беморӣ, осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ, маъюбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, пирӣ, бекорӣ, аз даст додани саробон, фавтидан ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртаи корфармоён ва шаҳрвандон иборат мебошад. (ҚҶТ аз 16.04.2012 с. №824)
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷти­моӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф  намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳумҳои дар Қонун истифодашаванда
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд;
Суғуртакунанда — шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқӣ (корхона, муассиса, ташкилот ва дигар субъекти хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва навъи фаъолият) ва ашхоси воқеӣ, ки шаҳрвандонро тибқи шартнома (қарордод) ба кироякорӣ ҷалб мекунанд, аз ҷумла ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анҷом медиҳанд, ба ҳисоб мераванд, ки уҳдадоранд мутобиқи қонунҳои ҷорӣ ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ саҳм ворид кунанд.
Муассисаи суғурташахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти суғуртаро мутобиқи қонунҳои ҷорӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом медиҳа.
Шахси суғурташудашахси воқеӣ, ки ба манфиати у суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№824)
Ҳодисаи суғурта — ҳодисаи руҳдода, ки бо фаро расидани он уҳдадории суғуртакунанда оид ба пардохти суғурта ба шахси суғурташуда  ё талофии хароҷоти масрафнамудаи у ба миён меояд.
Пардохти суғурта — маблағи пулӣ, ки ҳангоми ба миён омадани ҳодисаи суғурта ба шахси суғурташуда тибқи ҳаҷм ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.
Саҳми суғурта — пардохти ҳатмӣ барои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки суғуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи суғурта гузаронад.
Тарифҳои саҳмияҳои суғурта — андозаи саҳмияи суғурта бо фоизи ба музди меҳнати (даромад) бо ҳама асосҳо ҳисобкардашуда ё ҳаҷми  мушаххас барои категорияҳои алоҳидаи суғуртакунандагон.
Баҳисобгирии инфиродӣ — ташкил ва пешбурди баҳисобгирии маълумот оид ба ҳар як шахси суғурташуда бо мақсади суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.
Собиқаи суғурта — давомнокии маҷмуи давраҳои пардохти саҳмияҳои суғурта барои шахси суғурташуда.
Суратҳисоби захиравии инфиродӣ - қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродие мебошад, ки дар он маблағи захираҳои ҳатмии нафақавӣ, даромадҳо аз сармоягузорӣ ва индексатсияи онҳо, инчунин пардохтҳо аз ҳисоби захираҳои нафақавӣ дарҷ гардидаанд.
Моддаи 4. Принсипҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Принсипҳои асосии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иборатанд аз:
хусусияти умумӣ ва ҳатмӣ доштани суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда; (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
кафолати давлатии нигоҳ доштани сатҳи бадастомадаи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда;
табақабандии сатҳи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда бо назардошти саҳми меҳнатии онҳо, сабабҳои ҳодисаҳои суғурта ва дигар омилҳо; (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
масъулияти суғуртакунанда ва муассисаи суғурта ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои ашхоси суғурташуда;
масъулияти ашхоси суғурташуда, ки иштироки бевоситаашонро ба­рои ба расмият даровардан ва маблағгузории суғуртакунии иҷтимоии худ пешбинӣ менамоянд;
баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
иштироки намояндагони ҳамаи субъектҳои суғуртаи давлатии иҷ­тимоӣ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (намояндагони давлат, суғуртакунанда, иттиҳодияҳои корфармоён ва кормандон дар симои шахси намоянда); (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
дастраси ба дар таъмин ва татбиқи ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва ташкили назорати низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№824)
махсус будани маблағҳои молиявии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва анҷом додани пардохтҳо ба ашхоси суғурташуда вобаста ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба суғуртаи иҷтимоӣ;
масъулияти давлат барои истифода, ҷойгиронӣ ва ҳифзи воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.
Моддаи 5. Ашхосе, ки бо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бидуни истисно, тамоми ашхоси воқеиро, ки тибқи шартномаи (қарордод) меҳнатӣ кор мекунанд, (минбаъд-кормандон) ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамаи намуди моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ, шаҳрвандони алоҳида, инчунин ашхосе, ки аъзои ё иштирокчии корхонаҳо мебошанд, дар бар мегирад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро тибқи шартномаи дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки фаъолияти меҳнатӣ, хоҷагидорӣ ва соҳибкориро (бе ташкили шахси ҳуқуқӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба амал мебароранд, мутобиқи Қонуни мазкур бояд таҳти суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ қарор гиранд. Тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоиро нисбати шахсони зикргардида Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 6.Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои суғуртакунанда
Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:
шахсан аз тариқи намояндаи худ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иштирок намояд;
аз муассисаи суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ маълумот ба даст орад;
ба ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои худ.
Суғуртакунанда вазифадор аст:
мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои дорои хусусияти мақсаднокро оид ба суғуртаи дав­латии иҷтимоӣ ба ашхоси суғурташуда пардозад;
дар муҳлатҳои муайяншуда аз ҷониби тамоми ашхоси суғурташуда саҳмияҳои суғуртаро пардозад;
ҷиҳати рафъи омилҳои номатлубе, ки ба тандурустии кормандон таъсир мерасонад, барои беҳбуди шароити фаъолияти иқтисодӣ ва рафъи ҳодисаҳои травматизми истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
ба муассисаи суғурта оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва иҷрои уҳдадориҳои суғуртакунанда аснод ва маълумотҳоро пешниҳод кунад;
қарорҳои мақомоти суғуртаи иҷтимоиро оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти онҳо қарор доранд, иҷро кунад;
баҳисобгирии суғуртаи давлатии иҷтимоиро анҷом дода ба муас­сисаи суғурта оид ба хароҷот ҳисобот диҳад.
Моддаи 7. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муассисаи суғурта
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдоре, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муайян  менамояд  (минбаъд – мақомоти ваколатдор), амалӣ карда мешавад.
Муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад:
дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тафтиши асноди пулӣ, китобҳои муҳосибавӣ (бухгалтерӣ), журналӣ, сабт, ҳисобот, нақша, смета, декларатсияҳо ва дигар асноди вобаста ба ҳисоб ва пардохти ҳиссаҳои суғурта, таъмин ва пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро анҷом дода оид ба масъалаҳое, ки дар натиҷаи тафтиш ба миён меоянд, тавзеҳот, маълумотнома ва маълумотҳои зарурӣ ба даст орад;
баҳисобгирии инфиродии саҳмияҳои пардохташудаи суғуртаро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун анҷом диҳад;
аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ рафъи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистонро аз рўи пардохти саҳмҳои суғурта ва хароҷоти ин маблағҳо ҷиҳати пардохти нафақа, кўмакпулӣ ва ташкили солимгардонӣ талаб намояд;
бо тартиби муқарраршуда бақияпулиҳоро аз рўи саҳми ҳисобкардашудаи муҷозотҳои молиявӣ, пеня ва гирифтани ҷарима аз шахсони мансабдоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистонро оид ба суғуртаи иҷтимоӣ вайрон кардаанд, тибқи қодекси  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ рўёнад;
фонди захиравӣ ва фонди рушд созмон диҳад;
маблағи муваққатан озодро ба қоғазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкҳо гузорад;
захираҳои нафақавии шахсони суғурташударо дар асоси шартномаҳои бо ширкатҳои идоракунанда басташуда тибқи шартҳои диверсификатсия нигоҳ дорад;
даъво пешниҳод намояд ва ё дигар амалҳои ҳуқуқии барои ҳимояи манфиатҳои  мақомоти ваколатдор   заруриро пешбинӣ намояд;
дар ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ширкат варзад, таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар соҳаи таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоии аҳолӣ омўзад ва истифода намояд;
коршиносон, мутахассисон ва машваратчиён, аз ҷумла хориҷиёнро ба кор ҷалб намояд;
дар таъсис додани  муассисаҳои махсуси молиявие, ки ба аҳолӣ хизмати иҷтимоии суғуртавӣ мерасонанд, иштирок кунад;
 тибқи  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳо дар бораи ҷуброни зиёни (дар шакли пулӣ ва ғайрипулӣ) буҷети  мақомоти ваколатдор  ба тарзи маҷбуран ситонидани маблағи пардохтнашудаи саҳмҳои суғурта ва муҷозотҳои молиявӣ даъвои амволӣ пешниҳод кунад;
аз мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо (васоят ва парасторӣ, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоӣ) ҳуҷҷат ва маълумоти дахлдорро (маълумотнома, нусха ва дигар маълумот) талаб намояд, ки дар асоси онҳо таъин ё пардохти ин ё он намуди нафақа ё кўмакпулӣ тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода шудааст (анҷом дода мешавад);
Муассисаи суғурта вазифадор аст:
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқи ашхоси суғурташударо дар қисми таъминот бо нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳифз менамояд, иҷро кунад;
Тадбирҳои таъминкунандаи пойдории молиявии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоиро амалӣ намояд; (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
назорати баҳисобгирии дуруст, пардохти саривақтӣ ва гузаронидани саҳмияҳои суғуртаро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом диҳад;
саҳеҳии ҳисоб ва сари вақт баҳисобгирӣ ва пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро ба ашхоси суғурташуда таъмин намояд;
ба мақомоти болоӣ ҷиҳати тасдиқи ҳисобу китоб ва воридоти пардохтҳои оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ сари вақт ҳисобот пешниҳод кунад.
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ашхоси суғурташуда
Ашхоси суғурташуда ҳуқуқ доранд:
аз суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба ташаккули маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ маълумот ба даст оварда, хароҷоти онро назорат кунанд;
аз суғуртакунанда пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро тибқи ҳаҷм ва муҳлатҳои муайяншуда талаб намоянд;
сари вақт ва дар ҳаҷми муайяншуда оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулиҳо гиранд;
ҳуқуқи худро шахсан ё аз тариқи намояндагии худ, аз ҷумла тибқи тартиби судӣ ҳимоя кунанд;
шахси бовариноки худро ҷиҳати иштирок дар тафтиши ҳодисаҳои суғурта сафарбар намоянд;
дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба сифати суғуртакунанда баромад кунад.
Ашхоси суғурташуда уҳдадоранд:
Саҳмияҳои суғуртаи муқаррарнамудаи қонунҳоро ба суғуртаи дав­латии иҷтимоӣ пардозанд;
сари вақт ба суғуртакунанда асноди саҳеҳро, ки барои таъин намудани пардохтҳои нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо заруранд, пешниҳод намоянд;
шартҳои муайяншударо барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳо риоя кунанд.
ФАСЛИ 2. НАВЪ ВА АНДОЗАИ ТАЪМИНОТ МУТОБИҚИ СУҒУРТАИ
ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 9. Навъҳои таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зайли таъминот оид ба суғур­таи давлатии иҷтимоӣ муқаррар карда мешаванд:
таъминоти нафақа;
кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ;
кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд;
кумакпулиҳои оилавӣ;
кумакпулӣ ба сабаби бекорӣ;
кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат; (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1059)
хароҷоти маблағҳо барои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин барои татбиқи дигар тадбирҳо, ки ба вазифа ва функсияҳои оид ба ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо мувофиқ аст;
иловапулиҳо ба нафақа аз ҳисоби маблағи андўхти нафақаи ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ;
дигар навъи пардохтҳо, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд, инчунин таъминотҳои таъминкунандаи иҷрои вазифаҳои муассисаи суғуртакунанда.
Моддаи 10. Тартиби баҳисобгирӣ, индексатсия ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд
Маблағҳои андўхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, алоҳида ба ҳисоб гирифта шуда, ба маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дохил намешаванд.
Муассисаи суғурта уҳдадор аст ҳар сол як маротиба маблағҳои андўхти нафақавиеро, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, мутаносибан ба даромади аз сармоягузории он бадастомада индексатсия намояд.
Пардохти маблағҳои андўхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» анҷом дода мешавад. (ҚҶТ 23.12.2021 с. №1839)
Моддаи 101  
Хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 16.04.12 №824
  Моддаи 102.  Рақами инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ
   Дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ барои ҳар як шахси суғурташуда рақами инфиродии суғурта   гузошта мешавад, ки он ҳамзамон рақами ҳисобномаи андўхти инфиродӣ мебошад.
  Зикри рақамҳои инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии суғуртакунанда, муассисаи суғурта ва шахси суғурташуда ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
 
Моддаи 11. Таъминоти нафақа
Тартиби муқаррар намудан, таъин, ҳисобу китоб ва пардохти ҳамаи намудҳои нафақа бо қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад
Моддаи 12. Кумакпулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ
Ҳангоми беморӣ (ҷароҳат бардоштан), ки бо гум кардани қобилияти корӣ вобаста аст, дар вақти зарурати нигоҳубини узви бемори оила, карантин, протезгузорӣ кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ пардохта мешавад.
Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба андозаи зайл пардохт карда мешавад:
      100 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кор мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба кормандоне, ки аз минтақаи олудаи радиоактивӣ дар натиҷаи садамаи Чернобил ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашудаи офатҳои табиӣ ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои узвҳои ҳосилкунандаи хун (лейкози шадид), ғадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамҳои хатарнок кўчонида шудаанд.
75 фоизи музди меҳнат:
     - ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии и ҳаштсола ва беш аз он доранд;
     - ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;
     - ба кормандони ятим, ки ба синни 23 нарасидаанд.
65 фоизи музди меҳнат: 
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии то ҳаштсола доранд. (ҚҶТ аз 1.08.12с.№983), (ҚҶТ 23.12.2021 с. №1839)
Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ  ҳангоми ба кор омадан, ҳамчунин ҳангоми аз кор  ба хона рафтан, аз ҷумла рўзи аз кор озод карда шуданаш муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кўмакпулӣ ҳақ дорад.
Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи бемории пай дар пай ва ҳангоми мубталои  касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро барои муқаррар кардани маъюбӣ ба  Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ   мефиристанд.
 Кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз руи ҳисоби якмоҳа назар ба андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, кам буда наметавонад.
Барои таъини кумакпулӣ барои корношоями муваққатӣ варақаи корношоямӣ (варақаи беморӣ), ки тибқи тартиби муқарраршуда дода шудааст, асос буда метавонад. Дар сурати гум кардани варақаи корно­шоямӣ кумакпулӣ тибқи нусхаи он (дубликат) пардохта мешавад.
Муайян кардани ҳаҷми собиқаи меҳнатӣ мутобиқи қоидаҳои ҳисобу китоби собиқаи собиқаи меҳнатии  кормандон ҳангоми таъини кумакпулиҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз рузи фарорасии корношоямӣ ҳисоб карда мешавад.
Тартиби таъин ва пардохти кумакпулиҳо оид ба корношоямии муваққатӣ дар корхонаҳо тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби  умумӣ ба кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ  ҳуқуқ доранд. Кўмакпулӣ ба шахсони мазкур ҳангоми пешниҳоди эъломияи суғуртаи иҷтимоӣ ба тариқи баҳисобгирии маблағи кўмакпулии ба онҳо таалуқдошта ба ҳисоби саҳмҳои пардохтшавандаи  суғурта пардохта мешавад.
Моддаи 13. Кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд
Кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рузи рухсатӣ ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рузи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад
Моддаи 14. Кумакпулии оилавӣ
Ҳангоми таваллуди кудак дар оила кумакпулии оилавии зайл пардох­та мешавад:
кумакпулии яквақта бинобар таваллуди кудак;
кумакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кудак.
Кумакпулии яквақта бинобар таваллуди кудак ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
ҳангоми таваллуди кудаки якум — ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кудаки дуюм — ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кудаки сеюм ва зиёда — ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
Кумакпулӣ дар ҷои кори (таҳсилӣ) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё таҳсил накунанд — аз ҷониби шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат пардохта мешавад.
Кумакпулии яквақта ҳангоми таваллуди кудак аз рузи таваллуди кудак таъин ва пардохта мешавад,  агар муроҷиат барои гирифтани он на дертар аз шаш моҳи пас аз рузи таваллуди кудак сурат гирифта бошад.
Дар сурати додани рухсатӣ ба зан барои нигоҳубини кудак то ба синни якунимсолагӣ расидани он барои ин муҳлат дар ҷои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ба андозаи 100 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба у кумакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кудак пардохта мешавад.
Моддаи 141. Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ
Тартиб ва шартҳои пардохти  қўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1059
Моддаи 15. Кумакпулӣ ба сабаби бекорӣ
Кумакпулӣ ба сабаби бекорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин ва пардохта мешавад.
Моддаи 16. Кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат
Кумакпулӣ барои дафн (кумакпулии маросимӣ) ба аъзои оилаи камбизоат дар ҳолати фавти корманди суғурташуда, ё худ дар ҳолати фавти аъзои оила, ки дар таъминоти у мебошанд, дода мешавад. Андозаи кумакпулӣ барои дафн баробари бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.
Тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулиро барои дафн Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 1.08.12с.№983)
Моддаи 161. Таъин ва пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи шахсони суғурташуда
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ ба кўмакпулие, ки мутобиқи моддаҳои 12, 13,14, 15 ва 16 Қонуни мазкур дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад, ҳуқуқ доранд. Кўмакпулии таъингардидаро мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон мепардозад.
Шахсоне,ки фаъолияти меҳнатиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон ё дар намояндагиҳои  давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  анҷом медиҳанд, ба гирифтани кўмакпулӣ ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки саҳмҳои суғуртаро корфармоён (суғуртакунандагони онҳо) мутобиқи Қонуни мазкур ва ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи  байнидавлатии басташуда дар бораи тартиби суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳрвандони кишварҳое, ки ин созишномаҳоро имзо кардаанд, пардохта бошанд ва ё дар сурати аз тарафи ҳамин шахсон тибқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон маблағи андози иҷтимоӣ мустақилона пардохт шуда бошад
Моддаи 17. Маблағгузории пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохтҳои вобаста ба тандурустии ашхоси суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо, ки таҳти сарпарастиашон қарор доранд (муолиҷаи санаторию курортӣ, ташкили фаросати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хуроки парҳезӣ ва дигар тадбирҳои тандурустию пешгирикунанда), анҷом дода мешавад. Хароҷоти ин маблағҳо бевосита дар корхонаҳо аз ҷониби мақоми дахлдори намояндагӣ ба андоза ва тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Маблағҳои  мақомоти ваколатдор,  инчунин ба маблағгузории тадбирҳои зайл равона карда мешаванд:
барои ҳимояи ҳуқуқии аҳолӣ, таъминоти саҳми санаторию профилакторияҳо, лагерҳои тандурустӣ, қисман таъмин намудани штатҳои мактабҳои варзиши атфол ва ҷавонон, татбиқи дигар тадбирҳое, ки ба вазифаҳои  тандурустии  кормандон ва аъзои оилаи онҳо марбутанд;
маблағгузории хароҷот оид ба омодагии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомузии бекорон, аз ҷумла пардохти стипендия, пардохти корҳои ҷамъиятӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳиф­зи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд;
таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва заминаҳои моддию техникии он, маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, барои таъминоти хадамоти давлатии шуғл ва рушди байналхалқӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ;
татбиқи барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ оид ба дастгирии иҷтимоии нафақахурон, маъюбон, атфол ва дигар гуруҳҳои аҳолӣ;
таъмини нигаҳдошти мақомоти идораи хадамоти мақомоти ваколатдор,  тарбия ва бозомузии кадрҳо, рушди заминаи моддию техникии низоми фонд; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№824)
пардохти ҷубронпулӣ ба ивази роҳҳатҳои истифоданашудаи муолиҷаи санаторию курортӣ ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда;
пардохти қисми захиравии нафақаи меҳнатӣ.
ФАСЛИ 3. ШАРТҲОИ УМУМИИ ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ
СУҒУРТА ВА ПАРДОХТҲОИ МАҚСАДНОК
Моддаи 18. Таъин, маблағҳои суғурта, ҳаҷм ва муҳлати пардохти он
Таъин ва пардохти ҷамъи маблағҳои суғурта оид ба ҳар як навъи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар ҳаҷм ва муҳлатҳои пешбининамудаи қонун анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси суғурташуда, ки таҳти муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, кумакпулиҳо ва пардохтҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар ҷои кор ё маҳалли истиқомати суғуртакунанда таъин ва пардохта мешаванд. Дар сурати барҳам хурдани корхона ё иваз шудани суғуртакунанда, кумакпулиҳо аз ҷониби вориси ҳуқуқӣ таъин ва пар­дохта мешаванд ва ҳангоми мавҷуд набудани вориси ҳуқуқӣ — аз ҷониби мақоми ваколатдори суғуртакунандаи иҷтимоӣ (муассисаи суғурта), ки суғуртакунандаро ба қайд гирифтааст, анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси бақайдгирифташудаи бекор (нафақахурон ва бекорон) пардохтҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори маҳалли зист пардохта ме­шавад.
Кумакпулиҳо ҳангоме таъин ва пардохта мешаванд, ки агар дар мавриди пардохти он на дертар аз 6 моҳ, то рузи ҳатми ҳолати суғурта муроҷиат карда бошанд.
Кумакпулие, ки то рузи фавти шахси суғурташуда талаб карда нашудааст, ба аъзои оилаи у ё ашхоси таҳти сарпарастии шахси фавтида қарордошта, пардохта мешавад.
Кумакпулиҳои пурра гирифтанашудаи боқимонда ба амволи меросӣ дохил карда намешаванд.
Мутобиқи ҳамин Қонун пардохтҳо ба ашхоси суғурташудаи ноҳияҳо ва маҳалҳо, ки тибқи тартиби муқарраршуда барояшон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ба музди меҳнат истифода мегарданд, зиндагӣ ва меҳнат мекунанд, бо дарназардошти ин коэффисиентҳо пардохта мешаванд.
Моддаи 19. Нигоҳ доштани маблағи кумакпулиҳои изофатан пардохташуда
Маблағҳои изофагии ба гиранда пардохташудаи суғуртапулӣ, агар додани изофапулӣ бо гуноҳи у сурат гирифта бошад, тибқи тартиби муайяннамудаи қонун нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 20. Ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъминот бо кумакпулӣ
Баҳсҳо байни ашхоси суғурташуда ва суғуртакунандагон дар мав­риди масъалаҳои таъминот бо кумакпулӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бо тартиби судӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Моддаи 21. Мақомоти идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Идоракунии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти ваколатдор, бо иштироки  намояндагони кормандон ва ассотсиатсияи корфармоён, ки таҳияи сиёсати мувофиқашудаи давлатиро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин аудити молиявӣ ва ҳуқуқии иштирокчиёни  суғуртаи иҷтимоиро амалӣ менамоянд,  анҷом дода мешавад.(ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Идораи оперативии маблағ ва амволи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор  анҷом дода мешавад.
 Мақомоти ваколатдор фаъолияти худро мувофиқи Қонуни мазкур,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномае,  ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад,  амалӣ  менамояд.
Бо мақсади назорат аз болои дурустии пардохти кумакпулӣ ҷиҳати суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи суғуртакунанда дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо аз ҳисоби намояндагони бакортаъминкунанда, кумитаи иттифоқи касаба ва ё дигар мақоми намояндагии кормандон комиссия таъсис меёбад ва ё вакили масъули суғуртаи иҷтимоӣ интихоб мешавад. Хароҷоти маблағи суғурта барои табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон аз аъзои оилаи онҳо, хурокхурии парҳезӣ ва дигар тадбирҳои солимгардонию профилактики бевосита дар корхонаҳо аз тарафи кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон анҷом мегардад.
ФАСЛИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМО
Моддаи 22. Маблағҳо барои таъмини пардохтҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Маблағгузории пардохти нафақа, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби муассисаи суғурта анҷом дода мешавад.
Маблағҳои  мақомоти ваколатдор  аз ҳисоби зайл ташаккул меёбанд;
Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамагуна шакли моликият, дигар ташкилотҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, сарфи назар аз тобеияти онҳо, саҳмҳои шаҳрвандон, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд (шахсони ҳуқуқӣ намебошанд) ва дигар шаҳрвандон, ки мутобиқи ҳамин Қонун бояд ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта шавад;
Маблағҳое, ки вобаста ба таъин намудани нафақаи пеш аз мухлат ва ба мақсадҳои таъминоти имтиёзноки нафақа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ситонида мешавад;
Маблағҳои саҳмҳои ҳатмии суғурта, ки бидуни тартиби баҳс аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ситонида мешаванд;
Саҳмҳои ихтиёрӣ ва пардохтҳои хайрияи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
дивидент ва даромадҳои бадастовардашуда аз фаъолияте, ки қонунгузорӣ манъ нанамудааст;
даромадҳое, ки ҳангоми расонидани ёрии молиявӣ аз ҳисоби маб­лағҳои муваққатан озод ва оид ба депозитҳои  мақомоти ваколатдор  ба даст оварда мешавад;
маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои пардохти нафақа ва кумак­пулиҳо ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо пешбинишуда, нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талофии хароҷоти баланд бардоштани ҳаҷми нафақа ва кумакпулиҳо во­баста ба тағйирёфтани индекси рузгузаронӣ ва афзоиши музди меҳнат;
маблағи буҷети маҳалли, ки барои пардохти нафақа барои хизматҳои шоёни дорои аҳамияти маҳаллӣ, инчунин нафақаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд;     
маблағе, ки ба қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродӣ, ҷиҳати пардохтҳои минбаъда ба нафақахурон ҳангоми пешбурди баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ворид карда шудаанд;
дигар воридоте, ки ба қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ мухолиф намебошанд.
Маблағҳои пулии  мақомоти ваколатдор  мусодира ва андозбандӣ намегарданд аз онҳо боҷу хироҷи комиссионӣ ситонида намешавад.
Маблағи дар буҷети  мақомоти ваколатдор  ҷамъгардида ба ду гурўҳ тақсим мешавад:
- саҳмҳои суғуртавӣ, маблағи муҷозоти молиявии воридшуда, субвенсияи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, даромад ва фоизҳо аз ҷойгиркунии маблағи муваққатан озод ба таркиби буҷети давлатӣ дохилгардида дар буҷети тасдиқгардидаи соли навбатӣ тақсим ва харҷ карда мешаванд;
- маблағе, ки ҳамчун саҳмҳои нафақавӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади шаҳрвандон ворид мегардад ва ба қисми захиравии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дохил мегардад, инчунин фоизҳо ва даромадҳо аз ҷойгиркунии муваққатии онҳо дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ намешаванд ва дар шакли захираи нафақавии давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар буҷети  мақомоти ваколатдор  барои соли навбатии молиявӣ маблағи дар ҳамин сол ворид ва харҷшаванда, инчунин маблағе, ки барои пардохти иловапулиҳо ба нафақа аз андўхти (аз захираи нафақавии давлатӣ) нафақа дар ҳамин сол равона мегарданд, пешбинӣ мешаванд.
Моддаи 23. Сохтор ва ҳаҷми  тарифҳои саҳмияҳои суғурта
Суғуртакунандагон ўҳдадоранд андози иҷтимоиро тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт намоянд.
Ба таркиби андози иҷтимоӣ дохил мешаванд:
- саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ, солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо;
- саҳмҳои нафақавӣ;
- саҳмҳои суғурта барои бекорӣ.
Саҳмҳои суғуртае, ки шахсони суғурташуда пардохтаанд, дар ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Маблағи адози иҷтимоӣ ва саҳмҳои  нафақа аз ҳисоби маблағи андозбандишаванда бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с. №824), (ҚҶТ 23.12.2021 с. №1839)
Моддаи 231. Тартиби нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи воситаҳои пулӣ, ки ба ҳисобномаи захиравии инфиродӣ ворид шудаанд
Ҳангоми ҷорӣ намудани баҳисобгирии захиравии инфиродӣ дар низоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ба ҳар як шахси суғурташуда ҳисобномаи захиравии инфиродӣ кушода мешавад, ки дар намуди электронӣ маълумот оиди ҳуқуқҳои нафақавӣ аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақавӣ қайд карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Суратҳисоби захиравии инфиродӣ қисми махсуси ҳисобнома мебошад, ки саҳмҳои суғуртавии воридгардида, маблағҳои ҳисобкардашудаи даромадҳо аз истифодаи захираҳои шахси суғурташуда, индексатсияи ин маблағҳо ва пардохтҳои анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Бо мақсади аз беқурбшавӣ нигоҳ доштан ва таъмини индексатсияи минбаъдаи маблағҳое, ки дар суратҳисоби захиравии инфиродӣ ҷамъ омадаанд,  мақомоти ваколатдор  ҳуқуқ дорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ҳисоби депозитӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар коғазҳои қимматнок (саҳмҳо, векселҳо ва ғайра) гузорад.
Бо мақсади таъмини даромад маблағи андўхти нафақавиро муассисаи суғурта метавонад ба активҳои нафақаи фондҳои ғайридавлатии нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд.
Муассисаи суғурта уҳдадор аст даромаднокиро аз ҷойгиронии маблағи андўхти нафақавӣ на камтар аз нишондиҳандаи сатҳи таваррум таъмин намояд.(ҚҶТ 23.12.2021 с. №1839)
Тартиби таъин ва пардохти қисми кафолатии нафақаи меҳнатиро аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақавӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
Моддаи 24. Уҳдадориҳои пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ба  мақомоти ваколатдор — суғуртакунандагон ва ашхоси суғурташуда мебошанд.
Пардохти саҳмияҳои суғурта аз ҷониби суғуртакунанда, аз лаҳзаи аз тарафи муассисаи суғурта ба қайд гирифтани он, анҷом дода мешавад.  
Саҳмияҳои суғурта, сарфи назар аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, супурда мешаванд.
Мақомоти ваколатдор ҳангоми нигаҳдошт ва истифодаи маълумотҳои зикршуда махфияти онҳоро таъмин менамояд. Ба дигар ашхос додани онҳо танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Моддаи 25. Ҳисоби саҳмҳои суғурта
Ҳисоби саҳмҳои суғуртаро адозсупоранда мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ба ҳисобии музди меҳнат (пардохти музди меҳнат) ба кормандон ё муайян намудани даромади суғурташавандаи соҳибкорон ё шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машғуланд, анҷом медиҳанд.
 Суғуртакунанда ўҳдадор аст ҳисоб ва пардохти ҳармоҳаи саҳмҳои суғуртаро таъмин намояд.
Ҳангоми риоя накардани мўҳлатҳои ҳисоби андози суғурта муассисаи суғуртаи ҳуқуқ дорад нисбати суғуртакунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти молиявӣ истифода намояд.
Моддаи 26. Тартиб ва муҳлати пардохти саҳмияҳои суғурта
Суғуртакунандагон ҳар моҳ, дар муҳлатҳои аз бонк гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнати моҳи гузашта, ки ба он саҳмҳои суғурта ба ҳисоб гирифта шудааст, маблағҳои суғуртаро мегузаронанд.
Суғуртакунандагоне, ки дар муассисаҳои бонкӣ ҳисобномаҳо надоранд, инчунин онҳое, ки пардохти музди меҳнатро аз ҳисоби маблағ, фуруши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ анҷом медиҳанд саҳмияҳои суғуртаро то таърихи 10 моҳе, ки пас аз моҳи ҳисоб кардан саҳмияи суғурта фаро мерасад, мепардозанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки ба онҳо вобаста ба шароити меҳнат мутобиқи қонунгузории ҷорӣ барои меҳнат оид ба натиҷаҳои  наҳоии  кор подошпулӣ муайян карда шудааст, вобаста ба маблағи ба ҳисоби музди меҳнат ё дар шакли ставкаҳои устувор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, саҳмияҳоро пардохта минбаъд оид ба натиҷаҳои сол, дар муҳлатҳои барои мақсадҳои зикр шуда аз муассисаҳои бонкӣ гирифтани маблағ ҳисобро баробар мекунанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки фаъолияти меҳнатиро тибқи шартҳои дигар анҷом медиҳанд, саҳмияҳои суғуртаро аз он даромад ва дар он муҳлатҳое мепардозанд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
Моддаи 27. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта бо бонкҳо ва дигар  ташкилотҳои  кредитӣ
Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ ҳисобномаҳои (ҷорӣ) пардохткунандагони саҳмияҳои суғуртаро ҳангоми пешниҳод намудани асноде, ки ба сифати пардохткунандаи саҳмияи суғурта ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ мекунад ва оид ба дигар ҳисобномаҳо, аз ҷумла буҷетӣ, асъорӣ, қарзӣ, депозитӣ, аккредитивӣ ва дигарҳо бошад —ҳангоми пешниҳод намудани аснод дар бораи огоҳонии мақомоти мақомоти ваколатдор  дар бораи нияти пардохткунандаи саҳмҳои суғурта дар мавриди дар бонк кушодани ҳисобномаи дахлдор, мекушоянд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ҳамзамон бо талаб карда гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнат барои моҳи гузаш­та ба бонк супоришномаҳои пулиро оид ба саҳмияҳои суғуртаи ба мақомоти ваколатдор  гузаронидашуда, ки бидуни он маблағҳо барои пардохти музди меҳнат дода намешаванд, пешниҳод мекунанд. Супоришномаҳои пардохти зикршуда, инчунин супоришномаҳои пардохти пеня, ҷарима ва дигар пардохтхо дар навбати аввал иҷро карда мешаванд.
Дар ҳолатҳое, ки муассисаҳои бонкӣ бо мақсади истифодаи маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи воридшуда дар гардиши бонк ва аз он ба даст овардани фоида муҳлати баҳисобгирии маблағҳоро мегузаронанд, аз ҷониби онҳо барои ҳар як рузи гузаронидани муҳлат дар ҳаҷми дукарата дар муқоиса бо ставкаи фоизии ҷории азнавмаблағгузории (рефи­нансирования) бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоизҳо пардохта мешаванд.
Маблағҳое, ки ба буҷети  мақомоти ваколатдор  дар натиҷаи иҷрои муҷозотҳои молиявӣ (пения, ҷарима) ворид гардидаанд, барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ масраф карда мешаванд.
Амалиётҳо оид ба маблағҳои  мақомоти ваколатдор  аз ҷониби ташкилотҳои бонкӣ ё дигар ташкилотҳои кредитӣ бидуни талаби подоши комиссионӣ барои ин амалиёт анҷом дода мешавад.
Моддаи 28. Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ
Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароҷоти маблағҳои су­ғуртаи иҷтимоӣ бо қарори мақоми идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби намояндаи мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ё ташкилоти мустақили аудиторӣ анҷом дода мешавад.
Суғуртакунандагон, бонкҳо, дигар мақомоте, ки оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амалиётро анҷом медиҳанд, вазифадоранд ба мақомоти назораткунандаи суғуртаи иҷтимоӣ аснод ва маълумотҳои зарурии марбут ба соҳаи фаъолияташонро пешниҳод намоянд.
Назорати ҷамъиятӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда, хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби мақомоти намояндагии кормандон анҷом дода мешавад.
Моддаи 29. Масъулият барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузаронидани саҳмияҳои суғурта
Барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузарондани саҳмияҳои суғурта ба мақомоти ваколатдор, сари вақт ҳамчун пардохткунандаи саҳмияҳо ба қайд нагирифтани суғуртакунандагон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва инчунин ҳангоми иҷрои амле, ки аз он ба буҷети мақомоти ваколатдор зиёни моддӣ расидааст, суғуртакунанда ўҳдадор аст зиёнро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд. Ҷуброни зиён метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо қарори суд ситонида шавад.
Моддаи 30. Муҳлатҳои дида баромадани муроҷиатҳо дар бораи вайрон шудани қонунгузорӣ дар хусуси суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Муроҷиати суғуртакунандагон ва суғурташудагон аз руи масъалаҳои вайрон шудани қонунгузорӣ оиди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи суғуртакунанда дар муҳлати 30 рўз баррасӣ карда мешавад. Аз натиҷаи он  суғуртакунанда ба аризадиҳанда баъди қабули қарор дар муддати 10 руз ба таври хаттӣ хабар медиҳад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Дар ҳолати розӣ нашудан бо қарори қабулшуда, баҳс дар тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
  Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,  13 декабри соли 1997,
№517
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оид мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  cоли 1997, №23-24, мол.351)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пас аз интишори расмӣ ва қисми дуюми моддаи 23 -  аз 1 январи соли 1999 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар хусуси бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» мутобиқ намудани қонунҳо таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои худро бо Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе,  13 декабри соли 1997,
№ 518