ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1977 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ДАР БОРАИ ПАРТОВҲОИ ИСТЕХСОЛӢ ВА ИСТЕЪМОЛӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 27/01/2020 - 14:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
44
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
10.05.2002

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи партовҳои истехсолӣ ва истеъмолӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №4, қ-1, мод. 287; соли 2005, №7, мод. 409; с.2011, №6, мод. 447;)

 

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан, безараргардонӣ ва гуронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меоянд, танзим менамояд ва ба пешгирии таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити атроф, саломатии инсон ҳангоми муомилот бо партовҳо ва истифода бурдани онҳо барои эҳтиёҷоти хоҷагию истеҳсолӣ ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд.

 

Боби 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- партовҳо - моддаҳои гуногун, масолеҳ ва ҷисмҳое, ки дар рафти ҳаёт ва фаъолияти инсон ба вуҷуд омада, дар ҷои пайдо ё зоҳиршудаашон қобили истифода бурдан нестанд ва моликашон онҳоро нобуд карданианд ё худ ҳатман бо роҳи истифодабарӣ ё барҳамдиҳӣ аз онҳо халос шуданиянд;

- партовҳои истеъмолӣ- маҳсулот, масолеҳ, моддаҳое, ки дар натиҷаи истеъмолкунӣ хусусиятҳои истеъмолии худро пурра ё қисман гум кардаанд;

- ашёи хоми дуюмдараҷа- партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолие, ки барои истифодаи дубора ҷамъ (муҳайё) ва тайёр карда шудаанд;

- партовҳои рӯзғор партовҳои истеъмолие, ки дар маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии аҳолӣ пайдо шудаанд;

- партовҳои хатарнок - партовҳое, ки дар таркиби худ моддаҳои дороӣ хусусиятҳои хатаровар (ба монанди заҳрнокӣ, сирояткунанда, таркишӣ, хатари сухторӣ, қобилияти баланди реаксиониро) доранд ва дар миқдору шаклҳое мавҷуданд, ки ҳар кадоми он чӣ мустақилона ва чӣ дар тамос бо моддаҳои дигар барои саломатии инсон ва муҳити атроф хатари бевосита ё имконпазир доранд;

- муомилот бо партовҳо - тамоми шаклҳои фаъолият, ки ба ҳосилшавӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашондан, истифодабарӣ, безараргардонӣ, гуронидани партовҳо вобаста аст; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№736)

- мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо - мақомоти махсусе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо парговҳо ваколатдор гашгааст;

- нигоҳдории партовҳо нигоҳ доштани партовҳо дар захирагоҳҳои махсус таҷҳизонидашуда то лаҳзаи аз он ҷо барои гуронидан, безарар гардондан ё ба истифода баровардани онҳо;

- гуронидани партовҳо - ҷудогузории партовҳо, ки дар муҳити атроф паҳн гаштани моддаҳои ифлоскунандаро пешгирӣ намуда, ба истифодаи минбаъдаи ин партовҳо роҳ намедиҳад;

- истифодаи партовҳо- истифодаи партовҳо барои истеҳсоли маҳсулот ва иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) ё ҳосил намудани неру (энергия);

- безараргардонии партовҳо - коркард (аз ҷумла сӯзондан)-и партовҳо дар дастгоҳҳои махсус, ки таъсири хатарнокии онҳоро ба муҳити атроф ва инсон кам мекунад;

- технологияи кампартов - ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, ки дар рафти он ҳангоми истеҳсоли як воҳиди маҳсулот назар ба истифодаи усулҳои мавҷудаи анъанавии истеҳсолии ҳамин маҳсулот миқдори ками партов ҳосил мешавад;

- меьёрҳои муомилот бо партовҳо- маҳдудияти миқдори ва сифатӣ вобаста ба ҳосилшавӣ, ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан ва гуронидани партовҳо бо назардошти таъсири онҳо ба муҳити атроф;

- меъёри ҷойгиркунонии партовҳо - миқдори интиҳоии партовҳо, ки ҷойгир карданаш бо назардошти вазъи экологии минтақа дар муҳлати муқарраршуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозат дода шудааст;

- мавзеи ҷойгиркунонии партовҳо машқгоҳҳо, партовгоҳои иҷозатшуда, анборҳои махсус, хоктудаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва дигар мавзеъҳои таҷҳизонидашудаи махсус барои нигоҳдорӣ ва гуронидани партовҳо;

- аз сарҳадгузаронӣ ҳар гуна ҷойивазкунӣ (бо нақлиёт гузарондан)-и партовҳо аз маҳалле, ки дар ҳудуди давлати дигар мебошад;

- шиносномаи партовҳои хатарнок ҳуҷҷате, ки аз хусусияти сифатӣ ва миқдории партовҳо бо нишондоди шаклу дараҷаи хатарнокии онҳо шаҳодат медиҳад;

- мониторинги мавзеи гуркунӣ назорати дарозмӯҳлат ба ҳолати мавзеи гуркунии партовҳо, ифлосшавии муҳити атроф дар ҳудуди чунин мавзеъҳо ва муҳити зист дар натаҷаӣ ҳодисаҳои табиии дар он баамалоянда, инчунин баҳодиҳӣ ва пешгуии ифлосшавии муҳити зист аз ҳолатҳои воқеии чунин мавзеъҳо.

- партовҳои бесоҳиб - партовҳое, ки соҳиб надоранд ё ин ки соҳиби онҳо номаълум аст;

- коркарди партовҳо - фаъолияте, ки ба истифодаи партовҳо ба сифати захираҳои дуюмдараҷа вобастагй дорад;

- нест кардани партовҳо - фаъолият о ид ба гӯркунӣ, безарар кардан ва ё несту нобуд сохтани партовҳо. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№736)

 

Моддаи 2. Қонунгузори дар бораи партовҳои истеҳсоли ва истеъмолӣ

1.Қонунгузорӣ дар бораи партовҳои истеҳсоли ва истеъмолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

2. Муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ба иншоотҳои обӣ партофтани моддаҳои зарарнокро қонунгузории махсус танзим мекунад.

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур ба ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликияташон, ки фаъолияти худро дар соҳаи муомилот бо партовҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд, тааллуқ дорад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№736)

 

Моддаи 4.Принсипҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо

Принсипҳои асосии сиёсати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо инҳо мебошанд:

- бартарии ҳифзи муҳити атроф бо мақсади муҳофизати ҳаёт ва саломатии инсон;

- вобаcтагии илман асоснокшудаи манфиатҳои иқтисодию экологии ҷамъият;

 -таъсис додану татбиқ намудани равандҳои технологияҳои кампартов;

- коркарди комплексии захираҳои моддию ашёи хом дар асоси силсилаи технологияҳои сарбаста;

- истифодаи механизмҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, барои ба гардиши хоҷагию истеҳсоли ҷалб намудани партовҳо;

- риояи талаботи қонунгузории санитарӣ ва ҳифзи табиат, ногузирии таъини ҷавобгарӣ барои вайрон намудани он;

- назорати давлати ба риоя намудани қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ ва бехатарии экологи ҳангоми муомилот бо партовҳо;

- банақшагирии чорабиниҳо оид ба нигоҳдории бехатарии партовҳо ва маблағгузории онҳо;

- озодона дастрас будани ахборот дар соҳаи муомилот бо партовҳо барои шахсоне, ки манфиаташон ҳангоми чунин фаъолият зарар дида метавонад;

- қабул кардани қарорҳое, ки манфиати аҳолиро бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ифода менамояд ва иштирок намудан дар ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо.

 

Моддаи 41. Партовҳо ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият

1. Партовҳо объекти ҳуқуқи моликият мебошанд. Ҳуқуқи моликият ба партовҳо метавонад бо тартиби  пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як шахе ба шахеи дигар гузарад.

2. Истеҳсолкунандаи партовҳо ҳуқуқи моликият ба партовҳоро аз лаҳзаи ҳосилшавии онҳо ва то ба шахеи дигар гузаштани ин ҳуқуқ ё ин, ки то коркард ё пурра несту нобуд сохтани партовҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ба даст меорад.

3. Дар ҳолати хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо ҳаҷми муайяни партовҳо ҳосил шудааст, ҳуқуқи моликият ба партовҳо ва ӯҳдадориҳои ҷуброн кардани то во ни зарари аз партов ба саломатии инсон, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва муҳити зист расида ба соҳибони нав мегузаранд.

 

Моддаи 42. Партовҳои бесоҳиб

1. Тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳибро мақомоти иҷропяи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунад, ба шарте ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ-нашуда бошад.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ошкор намудан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, истифодаи маҷмӯии ин гуна партовҳо, риояи шартҳои муомилот бо онҳо ва пешгирии таъсири манфии онҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон. масъул мебошанд.

3. Истифодабарандагони қитъаҳои замине, ки дар он қитъаҳо партовҳо ошкор карда шудаанд ва ин партовҳо ба онҳо тааллуқ надоранд, вазифадоранд оид ба ин ҳолат мақомоти кҷроияи маҳаллим ҳокимияти давлатии дахлдорро хабардор намоянд.

4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд барои пайдо кардани соҳибмулки партовҳои бесоҳиб, муайян кардани дараҷаи хавфнокии онҳо, ташкили баҳисобгирии партовҳои бесоҳиб чора андешанд ва нисбат ба муомилот бо онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намоянд.

5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳибмулки партовҳое мебошанд, ки дар ҳудуди онҳо ҷойгиранд, соҳиб надоранд ё ин ки соҳиби онҳо муайян карда нашудааст.

6. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатк комиссияҳои доимоамалкунандаро оид ба масъалаҳои ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб таъсис медиҳанд.

7. Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳибро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№736)

 

 

Боби 2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ДАР  СОҲАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХО

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовхо

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовҳо мансубанд:

- ташкилу татбиқи сиёсати давлатӣ дар сохди муомилот бо партовҳо;

- муқаррар кардани принсипҳои умумии ташкил ва гузаронидани назорати давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

- таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техники дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

- қабул ва тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷккистон муносибатҳои ҳуқуқиро дар сохди муомилот бо партовҳо танзим мекунанд ва назорати иҷрои онҳоро ба роҳ мемоь анд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№736)

 

Моддаи 51. Ваколати мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар сохди муомилот бо партовҳо чунин ваколатҳо доранд:

- назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо, аз ҷумла оид ба риояи меъёрҳои бехатарии экологи;

- ташкил ва  гузаронидани  назорату санҷишҳо дар соҳаи муомилот б о партовҳо;

- ташкил ва гузаронидани экспертизам давлатии экологи дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

- додани иҷозат, муайян кардани меьёри  ҳосилшави ва ҷойгиронии партовҳо;

- таҳкя, тасдиқ ва татбиқи қоидаю меъёрҳои давлатӣ, ки муомилоти бехатари экологии партовҳоро танзим менамоянд ва талаботи бехатарии партовҳоро барои муҳити зист ва инсон муқаррар мекунанд;

- дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ба амал баровардани тадбирҳои рафъи оқибатҳои фалокату садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;

- ба мақомоти дахлдор ирсол намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба махдуд ё қатъ намудани фаъслияти субъектҳои хоҷагидор, мовобаста ба шакли моликияташон, ба шарте ки дар фаъолияти онх.о вайронкунии қонунгузори дар соҳаи муомилот бо партовҳо ҷой дошта бошад;

- ташкпли баҳисобгирии давлатӣ ва ҳисоботдиҳй доир ба муомилот бо партовҳо;

- таъмини аҳолӣ бо иттилоот дар соҳаи муомилот бо партовҳо;

- ташкил ва пешбурди кадастр и партовҳо;

- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№736)

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар соҳаи муомилот бо партовҳо

1. Ба ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дохил мешаванд:

- дар ҳудудҳои худ амалй гардонидани сиёсати давлатй дар сохди муомилот бо партовҳо;

- ба амал баровардани тадбирхои рафъи оқибати фалокату садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;

- нест кардани партовҳо аз ҳисоби маблаги соҳибмулк бо ҷуброни товони зараре, ки ба муҳити зист расидааст;

- ҳавасмандгардонии иқтисодй ва иҷтимоӣ барои истифодаи пурраи партовҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи;

- таъмини аҳолӣ бо иттилоот дар бораи муомилот бо партовҳо;

- дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори манфиатдор муқаррар намудани тартиби муомилот бо партовҳо дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва маҳалҳои дигар;

- ташкили ҷамъоварй ва нест кардани партовҳои рӯзгор, аз ҷумла ҷамъоварии ҷӯдогонаи партовҳо;

- тасдиқи қоидаҳои муомилот бо партовҳои рӯзгор;

- тасдиқи барномаҳои маҳаллии муомилот бо партовхо ва назорати иҷрои онҳо;

- ошкор кардан ва барҳам додани партовгоҳи тасдиқнагардида;

- андешидани тадбирҳо оид ба ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, пайдо кардани соҳибмулки партовҳои бесоҳиби ошкоркардашуда, муайян намудани дараҷаи хатарнокии онҳо;

- ба ақолй фаҳмондани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо;

муҳайё намудани шароити зарурй барои ҳавасманд гардонидани аҳолй ба ҷамъоварии партовҳо ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа.

2. Ваколати мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муомилот бо партовҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№736)

 

Боби 3. ТАЛАБОТ ҲАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

 

Моддаи 7. Талабот ҳаигоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корхонаҳо, иншоотҳо ва объектҳои дигар

Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корҳонаҳо, иншоот ва объектҳои дигар, шахсони воқеи ва ҳуқуқи вазифадоранд:

- стандарт, меъёр ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи сифатии муҳити атрофро, ки дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян шудаанд, риоя намоянд;

- мувофиқа намудани лоиҳаи ҳучҷатҳои меъёри ҳосилшави ва ҷойгиронии партовҳо бо мақомоти ваколатдори давлати; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№736)

- гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи, санитарию эпидемиологи оид ба лоиҳаҳои тайёркардашуда ва дигар хуҷҷатҳое, ки фаъолияти онҳоро вобаста ба муомилот бо партовҳо муайян мекунад.

 

Моддаи 8.  Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳои хатарнок

 

Додани иљозатнома (литсензия) барои фаъолият оид ба муомилот бо партовњои хатарнок мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон  «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» амалї карда мешавад. 

 

Моддаи 9. Талабот оиди истифодаи истеҳсолотӣ фаъолияткунанда

1.Шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар рафти иcтифодабарии истеҳсолоти фаъолияткунанда вазифадоранд:

  • стандарт, меъёр ва муқаррароти дигареро, ки оиди сифати муҳити табиат дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян шудааст, риоя намоянд;
  • барои муомилот бо партовҳо иҷозатнома дошта бошанд;
  • технологияи кампартовро ҷорӣ намоянд;
  • партовҳои ҳосилшударо ба рӯйхат гирифта, ба мақомоти омор ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо маълумоти саҳеҳ пешниҳод кунанд;
  • назорати истеҳсолиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо амалӣ гардонанд;
  • ба мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо ахбороти заруриро диҳанд;
  • коидаҳои пешгирии вазъи садамавиро риоя кунанд;
  • ҳангоми рӯй додани садамаҳои оқибати манфии экологидошта ё ба миён омадани ҳолатҳое, ки ба чунин садамаҳо меоваранд, фавран дар ин бора ба мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин ба мақомоти худидораи маҳаллӣ ва аҳолӣ хабар диҳанд;
  • ҳангоми аз сарҳад гузаронидани партовҳо Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин қоидаҳои байналмилалии аз сарҳад гузаронидани партовҳои хатарнокро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳбарӣ гиранд.

2. Истифодаи истеҳсолоте, ки дар он нобудсозии партовҳои зарарноки ҳосилшуда тавассути усулҳои безарари экологи ғайриимкон аст, манъ мебошад.

 

Моддаи 10. Талабот ба ҷойгиркунонии партовҳо

1.Интихоби мавзеи сохтмони иншоот барои ҷойгиркунонӣ ва безараргардонии партовҳо дар асоси тадқиқоти махсус (заминшиносӣ, обшиносӣ ва ғайра) дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, дар ҳолати гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи, мақомоти санитарию эпидемиологи ва қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ (дар мавриди зарурӣ қарор бо назардошти афкори умум қабул карда мешавад) муайян карда мешавад.

2. Гурондани партовҳо дар ҳудуди шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои бешабоғ, истироҳатгоҳҳо, ҷойҳои табобатию беҳдоштӣ ва дамгирӣ, дар ҳудуди ҳавзҳо, чашмаҳои зеризаминӣ, ки барои корҳои хоҷагию нушидан истифода бурда мешаванд, инчунин дар мавзеъҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва ҷойҳои маъданковӣ (дар мавриди таҳдидрасонӣ ба бехатарии корҳои маъданковӣ ва харобии конҳо) манъ аст.

3. Ҷойгиркунонии партовҳо дар асоси иҷозатномаҳои мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин бо мувофиқаи мақомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро амалӣ мегардонанд, имконпазир аст.

4. Ҷойгиркунонии партовҳо мутобиқи қоидаҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, амалӣ мегардад.

5. Мавзеъе, ки дар он партовҳо гуронида шудаанд, ба рӯйхати (реестри) давлатии мавзеъҳои гуронидани партовҳо дохил карда мешавад. Тартиби бурдани рӯйхати (реестри) давлатии мавзеъҳои гуронидани партовҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муайян карда мешавад.

6. Дар мавриди гуронидани партовҳо гузарондани мониторинга мавзеи гуркунӣ ҳатмист. Мониторинги мавзеи гуркунӣ аз тарафи молики объекти ҷойгиршавии партовҳо мутобиқи тартибе, ки бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба мувофиқа оварда шудааст, амалӣ мегардад.

7. Моликони мавзеъҳои ҷойгиршавии партовҳо пас аз истифодаи ин мавзеъҳо (ё қитъаҳо) вазифадоранд корҳои барқароркунии қитъаҳои вайроншудаи заминро иҷро намоянд.

 

Моддаи 11. Талабот ба тозакунии маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои истеъмолӣ ва рӯзғор

1. Ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин боад мунтазам аз партовҳои сахту моеъи истемолӣ тоза карда шавад.

2. Ташкили оқилонаи ҷамъоварии партовҳо, ки ҷамъоварии алоҳидаи қисмҳои истифодашавандаи онҳо (партовҳои хӯрокворӣ, металлҳои сиёҳ ва ранга, маснуоти бофандагӣ, коғаз ва ғайра),  нигоҳдории муваққатӣ, бурдан ва безараркунии мунтазами партовҳои истеъмолӣ, инчунин тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро пешбинӣ мекунад, аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад ва бояд ба талаботи қоидаҳои санитарӣ, гигиенӣ ва меъёрҳои экологи мутобиқ бошад.

3. Риояи меъёру қоидаҳои нигоҳдории ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологи ва ҳифзи табиатро амалӣ мегардонанд, назорат мекунанд.

 

Моддаи 12. Талабот  ҳангоми муомилот бо партовҳои хатарнок

1. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи фаъолияташон партовҳои хатарнок ҳосил мешаванд, вазифадоранд ҳангоми муомилот ба онҳо ҳифзи боэътимоди муҳити атроф ва аҳолиро аз таъсири зараровар таъмин намоянд.

2. Тамоми партовҳои хатарнок аз рӯи таъсири зарарнокиашон ба инсон ва муҳити атроф ба дараҷаҳо тақсим карда мешаванд.

3. Дараҷаи хатарнокии партовро истеҳсолкунандаи он мувофиқи хуҷҷатҳои меъёрие, ки мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, назорати санитарию эпидемиологи, кӯҳӣ ва техники дар доираи салоҳияташон тасдиқ намудаанд, муаяйн мекунад.

4. Партовҳои хатарнокро танҳо дар иншоотҳои барои ин мақсад махсус таҷҳизонидашуда дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудаанд, ҷойгир кардан мумкин аст.

5. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки бо партовҳои хатарнок муомилот доранд, вазифадоранд партовҳои хатарнокро бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти омори давлатӣ ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба қайд гиранд.

 

Моддаи 13. Талабот ба кашондани партовҳои хатарнок

1. Партовҳои хатарнокро танҳо дар мавриди мавҷуд будани шиносномаи партовҳои хатарнок ва бо воситаҳои нақлиёти махсус таҷҳизонидашуда кашондан мумкин аст.

2. Тартиби кашондани партовҳо дар намудҳои мушаххаси нақлиёт (автомобили, роҳи оҳан, обӣ), талабот ба иҷрои корҳои боркунӣ ва борфурорӣ, қоидаҳои дигари зарурӣ оид ба таъмини бехатарии экологи, бо стандартҳо ё меъёру қоидаҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатии назорат ба бехатарии нақлиёт тасдиқ шудаанд ва бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо мувофиқа шудаанд, муқаррар карда мешавад.

3. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои бехатарии муомилот бо партовҳо аз лаҳзаи ба воситаи нақлиёт бор кардани партовҳо ва аз тарафи ташкилот ё шахси воқеи, ки кашондани партовҳоро иҷро мекунанд, қабул намудан, то лаҳзаи дар ҷойҳои муқарраршуда аз нақлиёт фаровардани онҳо ба души муассисаи нақлиётие мебошад, ки ба он нақлиёти додашуда тааллуқ дорад.

 

Моддаи 14. Аз сарҳад гузаронидани партовҳо

1. Бо мақсади гурондан ва бехатар гардонидани партовҳо, ворид намудани онҳо ба қаламрави ҷумҳурӣ манъ аст.

2. Аз сарҳад гузаронидани ҳар гуна партовҳо барои истифодабарии дуюмбораи онҳо ба сифати ашёи хом танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.

3. Тартиби танзими давлатии аз сарҳадгузаронӣ ва гузаронидани транзитии партовҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

4. Назорати воридот ва содироти партовҳои хатарнокро мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ки мутасаддии назорати сарҳадӣ," гумрукӣ, экологи, санитари ва карантинӣ мебошанд, мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, таъмин менамоянд.

 

Боби 4. НАЗОРАТ БА МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

 

Моддаи 15. Назорати давлатӣ ба муомилот бо партовҳо

1. Назорати давлатиро ба муомилот бо партовҳо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал амалӣ мегардонанд.

2. Ба назорати давлатии муомилот бо партовҳо дохил мешаванд:

- назорат ба риояи талаботи қонунгузорӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо, ошкор намудани вайронкунии ин талабот аз тарафи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳо оиди бартараф кардани онҳо;

- назорат ба шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ оид ба риоя намудани талаботи соҳаи муомилот бо партовҳо, аз ҷумла шартномаю созишномаҳои байналмиллалие, ки назорати аз сарҳадгузаронии партовҳои хатарноки ба сифати ашёи хом истифодашавандаро пешбинӣ намудаанд;

- назорат ба иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат, гигиена, зидди элидемияҳо, қоидаҳои санитарию ҳифзи табиат, меъёрҳои гигиенӣ ва экологи ҳангоми муомилот бо партовҳо;

- назорат ба риояи қоидаҳои бехатарии сухтор ҳангоми муомилот бо партовҳо;

-  назорати риояи тартиби баҳисобгирии ибтидоии партовҳо. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№736)

- ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумот оид ба муомилот бо партовҳо, баҳодиҳии таъсири онҳо ба муҳити атроф;

- назорат ба саҳеҳии ахбороту ҳисоботе, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба партовҳо пешниҳод мекунанд;

- таҳлили истеҳсолоти фаъолияткунанда, ошкор намудани имконияту васоити пасткунии андозаю дараҷаи хатарнокии партовҳои ҳосилшуда, назорат ба харҷи пурратар истифода бурдани партовҳо дар истеҳсолот ба сифати ашёи хом;

- назорати риояи дастрас будани ахборот оил ба муомилот бо партовҳо ба аҳолӣ;

- ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани шахсони воқеию ҳуқуқии гунаҳкор тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қабул намудани қарорҳо дар бораи маҳдудкунӣ, боздоштан ва қатъкунии фаъолият дар соҳаи муомилот бо партовҳо, ки барои муҳити атроф ва инсон хатари эҳтимолӣ доранд.

3. Нисбати қарори мақомоте, ки назорати давлатиро ба муомилот бо партовҳо амалӣ месозад, бо тартибе, ки қонунгузории амалкунанда муқаррар намудааст, шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 16. Назорати истеҳсолӣ ба муомилот бо партовҳо

1. Ташкилотҳое, ки фаъолияти хоҷагию истеҳсолияшон бо партовҳо вобаста аст  бо мақсади тафтиш намудани иҷрои талаботи экологи, санитарӣ ва талаботи дигари муомилот бо партовҳо назорати истеҳсолиро ба муомилот бо партовҳо амалӣ менамоянд.

2. Тартиби ташкили назорати истеҳсолии муомилот бо партовҳо бо низомномаҳо доир ба назорати муомилот бо партовҳо, ки корхонаю ташкилотҳо дар асоси Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрие, ки ба муомилот бо партовҳо дахлдоранд, таҳия ва тасдиқ шудаанд ва бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо мувофиқа шудаанд, танзим карда мешавад.

 

Моддаи 17. Назорати ҷамъятии муомилот бо партовҳо

Назорати ҷамъиятии муомилот бо партовҳо аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи оинномаҳояшон ва шаҳрвандон дар маҳалли истиқоматашон бо тартибе, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ гардида, аз тарафи ҳамаи шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ иҷро шудани талаботи Қонуни мазкурро дарбар  мегирад.

 

Боби 5. БАМЕЪЁРДАРОРӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ ҲАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

 

Моддаи 18. Бамеъёрдарории муомилот бо партовҳо

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартибе, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо тасдиқ гардидааст, таъсири имконпазири партовҳоро ба муҳити атроф ва инсон риоя мекунанд.

2. Меъёрҳои муомилот бо партовҳоро мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки вазифаҳои ҳифзи табиат, назорати санитарию эпидемиологи, кӯҳӣ ва техникиро ба ҷо меоранд, дар доираи салоҳияташон ва бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.

3. Партовҳое, ки объекта хариду фурӯш ё содироту воридот мебошанд, бояд бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатонида шаванд.

 

Моддаи 19. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо

1. Ҳисоботдиҳии давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо тартиби ягона дорад.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраршуда баҳисобгирии ибтидоии партовҳои ҳосилшуда, истифодашуда, ба шахсони дигар дода ё фурӯхташуда, инчунин ҷойгиршударо ба иҷро мерасонанд ва пуррагию саҳеҳии ахбороти пешниҳодшавандаро таъмин сохта, дар шаклу мӯҳлати аз тарафи мақомоти омори давлатӣ ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муқарраргардида ҳисобот пешниҳод мекунанд.

3. Тартиби баҳисобгирии ибтидоиро дар соҳаи муомилот бо партовҳо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, тартиби баҳисобгирии расмии омориро бошад мақоми давлатии омор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо, муқаррар мекунанд.

4. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ нигоҳдории маълумотҳои баҳисобгириро дар соҳаи муомилот бо партовҳо дар давоми мӯҳлате, ки мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо муқаррар намудааст, таъмин менамоянд.

 

Моддаи 20. Кадастри давлатии партовҳо

1. Кадастри давлатии партовҳо ташкил карда мешавад, ки он маҷмӯи мураттаби маълумотро оид ба баҳисобгирии партовҳо дар бар мегирад.

2. Кадастри давлатии партовҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор дар соҳаи муомилот бо партовҳо тавассути методологияи ягона дар асоси таснифоти давлатии ахборотҳои техникию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бурда мешавад.

3.Тартиби гузарондани кадастри давлатии партовҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Боби 6. ТАНЗИМИ ИҚТИСОДӢ ВА ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО

 

Моддаи 21. Танзими иқтисодӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо

1. Барои ҷойгиркунонии партовҳо бо назардошти ҳаҷми ҷойгирии онҳо, таснифи хатарнокӣ ва меъёрҳои ҷойгиркунонӣ маблағ ситонида мешавад.

Маблағи аз пардохти ҷойгиркунонии партовҳо бадастомада ба буҷети дахлдор равона мегардад.

2. Механизм ва тадбирҳои ҳавасмандкунии иқтисодӣ ва пардохтҳои имтиёзнокро дар соҳаи муомилот бо партовҳо, тартиби гирифтан, муайянсозии ҳаҷм ва тақсимоти пардохтҳои бадастомадаро аз ҷойгиркунии партовҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№736)

 

 

        Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  10 майи соли 2002

№ 44