ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1923 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1922 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1918 КОДЕКСИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Пшб, 21/01/2021 - 16:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
324
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.12.1996
ҚОНУНИ  
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР  БОРАИ ВАЗЪИ  ҲУҚУҚИИ  ВАКИЛИ МАҶЛИСИ  ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 23, мод. 348; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 995; с. 2013, №7 мод. 541, №12, мод. 906)
 
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 461 аз 22.07.2013 № 1015, аз 28.12.2013 № 1062, аз 30.06.2017 № 1432, аз 2.01.2020 № 1671, аз 17.12.2020 №1750; ҚҶТ аз 20.04.2021с., №1781)
 
Қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, фаъолият ва кафолатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Вакили Маҷлиси вакилони халқ
Вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия (минбаъд - вакили Маҷлиси вакилони халқ) намояндаи ваколатдори аҳолии сокини ҳудуди дахлдор буда, дар Маҷлиси дахлдори вакилони халқ иродаву манфиати онҳоро изҳор менамояд. (ҚҶТ №461, 31.12.08; ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432, ҚҶТ аз 02.01.2020 с., №1671)
Вакилон дар кори Маҷлисҳои вакилони халқ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳудудро ҳаллу фасл мекунанд, иҷрои қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои мақомоти болоии ҳокимияти давлатиро дар маҳал таъмин менамоянд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Вакили Маҷлисҳои вакилони халқ кори худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, инчунин дар асоси қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор ва барномаҳои пешазинтихоботӣ ба роҳ мемонад.  .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Шаҳрванди Тоҷикистон наметавонад дар як вақт вакили зиёда аз ду мақомоти намояндагӣ бошад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр  ва ноҳия
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ №461, 31.12.08с.; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
 
Моддаи 3. Оғоз ва мӯҳлати ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ
Ваколатҳои вакил аз рӯзи онҳоро эътироф кардани Маҷлиси ваки­лони халқи дахлдор оғоз меёбанд.
Ваколатҳои вакил дар рӯзи кушодашавии иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқ даъвати нав ё худ дар мавриди пеш аз мӯҳлат қатъ ёфтани ваколатҳои пешбиникардаи моддаи 7-уми Қонуни мазкур қатъ мегарданд.
Ваколатҳои вакиле, ки ба ҷои вакили хориҷгашта интихоб шудааст, аз рӯзи онҳоро эътироф кардани Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, ки баъди интихоб гардиданаш гузаронида мешавад, оғоз меёбанд.
Агар Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ваколатҳои вакили алоҳидаро беэътибор донад, дар ҳавзаи дахлдори интихобот дар мӯҳлати се моҳ интихоботи нав гузаронида мешавад.
Ваколатҳои вакилро ба каси дигар додан мумкин нест.
 
Моддаи 31.  Савганди вакили Маҷлиси вакилони халқ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ баъди тасдиқи ваколатҳояш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ чунин савганд ёд мекунад:
“Ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти (шаҳри, ноҳияи) __________ бо дарки масъулият савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми неру ва донишу таҷрибаи худро барои рушди давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, уҳдадориҳои вакилии худро содиқона ва поквиҷдонона иҷро менамоям.”. (ҚҶТ аз 02.01.2020 с., №1671)
Тартиби савгандёдкунии вакилро Дастури Маҷлиси вакилони халқ муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 20.04.2021с., №1781).
 
Моддаи 4. Амалӣ намудани ваколатҳо зимни фаъолияти истеҳсолӣ ё хизматӣ                                     
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ваколатҳояшро зимни фаъолияти истеҳсолӣ ё хизматӣ амалӣ менамояд.
Вакил ҳуқуқ дорад барои фаъолияти вакилиаш мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ озод карда шавад. Хароҷоти вобаста ба фаъолияти вакили аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таъмин карда мешавад. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062)
 
БОБИ 2. ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ
 
Моддаи 5. Фаъолияти вакил дар Маҷлиси вакилони халқ
Вакил дорои тамоми ҳуқуқҳоест, ки иштироки ӯро дар фаъолияти Маҷлисҳои вакилони халқ ва мақомоти ташкилкардаи онҳо таъмин менамоянд, ӯ дар назди мақомоти мазкур масъул буда, супоришҳои онҳоро иҷро менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Вакил вазифадор аст, ки дар кори иҷлосия, ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ, ки ба ҳайати онҳо интихоб шудааст, иштирок кунад, оид ба масъалаҳои мавриди муҳокима овоз дода ва дар ҳалли онҳо иштирок намояд(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Маҷлиси вакилони халқ метавонад ахбори вакили халқро дар бораи фаъолияташ дар Маҷлиси дахлдори вакилони халқ оид ба иҷрои қарорҳои қабулшуда ва супоришҳои ба зиммаи ӯ гузошташуда шунавад. Дар сурати аз тарафи вакил иҷро карда нашудани вазифаҳояш, вайрон кардани тартиби муқарраршудаи кор масъала дар бораи рафтори вакил мавриди муҳокимаи Маҷлиси вакилони халқ ё худ бо супориши он мавриди муҳокимаи комиссияҳои доимӣ қарор гирифта метавонад. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
 
Моддаи 6. Робитаи вакили Маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон, ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки ӯро номзад ба вакилӣ пешбарӣ кардаанд, робита менамояд, ба онҳо дар бораи фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ, иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал маълумот медиҳад, дар ташкил ва назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ иштирок менамояд, афкори ҷомеа, талаботу эҳтиёҷоти аҳолиро омӯхта, аз рӯи онҳо ба Маҷлиси вакилони халқ ва ташкилотҳои дахлдор таклифҳои зарурӣ пешниҳод мекунад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
 
Моддаи 61. Риояи меъёри одоби вакилӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқ
Меъёрҳои одоби вакилӣ ва масъулият барои вайрон кардани он мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси вакилони халқ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ №461, 31.12.08с.).
 
Моддаи 7. Пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ
Ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ бо қарори Маҷлиси вакилони халқ дар мавридҳои зайл қатъ мегарданд:
- дар сурати ба истеъфо баромадан бо аризаи шахсӣ бинобар ҳолатҳое, ки ба иҷрои ваколатҳояш монеъ мешаванд ё бо сабабҳои дигари шахсӣ;
- дар сурати аз тарафи суд ғайри қобили амал донистани вай;
- дар сурати вафот;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
- дар сурати беэътибор дониста шудани ваколатҳои ӯ;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
- дар сурати интихоб ё таъин шудан ба вазифа ё ишғоли ба вазифае, ки мувофиқи қонун машғул шудан бо он ба иҷрои вазифаҳои вакилӣ муносиб нест;
- дар сурати содир кардани рафторе, ки номи вакилро доғдор мекунад;
- дар сурати вакил зиёда аз ду мақоми намояндагӣ интихоб шудани ба (агар дар давоми як моҳи интихоб шудан аз номи ӯ дар хусуси даст кашидан аз ваколатҳои вакилии яке аз чунин мақомот аризаи хаттӣ ворид нашуда бошад);
- дар сурати худпароканда шудани Маҷлиси вакилони халқ;
- барои истиқомат ва кори доимӣ берун рафтан аз ҳудуди маъмурию ҳудудии дахлдор;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
- бе сабабҳои узрнок зиёда аз се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар ҷаласаҳои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ; (ҚҶТ №461, 31.12.08с.).
Ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ инчунин дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат қатъ мегарданд:
- дар сурати мунтазам аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ иҷро нашудани талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
- агар Маҷлиси навинтихобшудаи вакилони халқ дар давоми як моҳ аз рӯзи кушодашавии иҷлосияи аввал мақомоти худро ташкил накарда бошад; .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
- агар Маҷлиси вакилони халқ дар давоми зиёда аз ду моҳ бино­бар набудани шумораи барои кворум зарурии вакилони халқ иҷлосияро даъват карда натавониста бошад;
- ҳангоми таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
 
Моддаи 8. Иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқ дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ
Вакилон дар иҷлосияҳои Маҷлиси дахлдори вакилони халқ дар асоси муҳокимаи дастаҷамъӣ ва озодона ҳамаи масъалаҳоеро, ки мувофиқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри Маҷлиси вакилони халқ аст, баррасӣ ва ҳал мекунанд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Агар вакил дар кори Маҷлиси вакилони халқ иштирок карда натавонад, вай бояд дар ин бора ба Раиси Маҷлиси вакилони халқ ё ба шахсе, ки ӯро иваз  менамояд, хабар диҳад. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
 
Моддаи 9. Ҳуқуқи вакил дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ
Вакил доир ба ҳамаи масъалаҳое, ки мавриди баррасии иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ қарор мегирад, ҳуқуқи овози ҳалкунанда дорад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳуқуқ дорад:
—- ба мақомоти Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб кунад ва интихоб шавад;
—- масъалаҳоро барои баррасии Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод кунад;
    -— оид ба рӯзномаи иҷлосия, тартиби баррасӣ ва моҳияти масъалаҳои баррасишаванда таклифу мулоҳизаҳои худро пешниҳод намояд;
—- дар музокираҳо иштирок кунад, бо дархостҳо муроҷиат намояд, савол диҳад, таклифҳои худ ва сабабҳои овоздиҳиро асоснок кунад, маълумот диҳад, нуқтаи назари худ ва нуқтаи назари интихобкунандагонро ба маълумоти вакилон расонад;
- оид ба шунидани ҳисобот ё маълумоти мақомоти тобеъ ё шахсони мансабдор дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ таклифҳо пешниҳод намояд. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
-— оиди дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ шунидани ҳисобот ё маълумоти мақомоти тобеъ ё шахси мансабдор таклифҳо пешниҳод намояд.
Вакиле, ки аз рӯи масъалаи мавриди муҳокима дар иҷлосия баромад накардааст, метавонад матни баромадашро барои дохил кардан ба протоколи иҷлосия ба раискунанда супорад.
 
Моддаи 10. Ҳуқуқи вакилони Маҷлиси вакилони халқ барои муттаҳидшавӣ дар гурӯҳҳои вакилон
Вакилон барои изҳори дастҷамъии ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд ба гурӯҳҳои доимӣ ё муваққатии вакилон муттаҳид шаванд.
Вакилон новобаста аз иштирокашон дар фаъолияти ягон мақомоти Маҷлиси вакилони халқ метавонанд аъзои гурӯҳи вакилон дар Маҷлиси дахлдор бошанд.
Вакилон ба ин гурӯҳҳо озодона дохил шуда, аз онҳо хориҷ мешаванд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилӣ ба қарорҳои ин гурӯҳҳо вобаста намебошанд.
Барои таъсиси гурӯҳи доимии вакилон ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ариза пешниҳод ва ба он протоколи таъсиси гурӯҳи вакилон бо зикри аъзоёни гурӯҳи вакилон замима карда мешавад. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
 
Моддаи 11. Дархости вакилӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳуқуқ дорад ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои онҳо, ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор воқеъбуда новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси вакилони халқ тааллуқ доранд, муроҷиат намояд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Дархост аз тарафи вакил ё гурӯҳи вакилон дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ пешниҳод карда шуда метавонад. Дархосте, ки ба шакли хаттӣ дода шудааст, бояд дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ хонда шавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Мақоми давлатӣ, шахси мансабдор, ки дархост ба вай дахл дорад, ба он бояд дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ ё дар мӯҳлати дигаре, ки Маҷлиси вакилони халқ муқаррар кардааст, ҷавоби шифоҳӣ ё хаттӣ диҳад. Ҷавоби дархост дар иҷлосия хонда дода мешавад. Вакил ҳуқуқ дорад нисбати ҷавоби дархост фикрашро баён кунад. Аз рӯи ҷавоби дархост музокира доир шуда метавонад.
Маҷлиси вакилони халқ аз рӯи ҷавоби дархост ва натиҷаи он қарор қабул мекунад.
 
Моддаи 12. Баррасии таклифҳо ва эродҳои вакилон, ки ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод карда шудаанд
Таклифу эродҳо, ки вакилон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ баён кардаанд ё дар шакли хаттӣ ба раисикунандаи иҷлосия додаанд, аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ, комиссияҳои доимии он баррасӣ карда мешаванд ё аз тарафи онҳо барои баррасӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор фиристода мешаванд.
Мақомоти давлатӣ,  ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин шахсони мансабдор, ки таклифу эродҳои дар иҷлосия пешниҳодкардаи вакилон ба онҳо равон карда шудаанд, ӯҳдадоранд онҳоро дар давоми як моҳ баррасӣ намуда, аз натиҷааш бевосита ба вакил, инчунин ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор хабар диҳанд. (ҚҶТ аз 02.01.2020 с., №1671)
Назорат оид ба баррасӣ ва амалӣ кардани таклифу эродҳое, ки ва­килон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод кардаанд, аз та­рафи Раис ё комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ сурат мегирад. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
 
Моддаи 13. Фаъолияти вакил дар мақомоти Маҷлиси вакилони халқ
Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доимӣ ё мақомоти дигари Маҷлиси вакилони халқ дохил мешавад, метавонад таклифҳо ва масъалаҳоро  мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба мақомоти мазкур пешниҳод намояд, дар таҳияи онҳо барои баррасӣ, муҳокима ва аз рӯи онҳо қабул карда шудани қарорҳо, ҳамчунин дар ташкил ва назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва комиссияҳои доимии он, иштирок кунад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доимӣ дохил мешавад, дар сурати норозӣ будан аз қарори он, метавонад нуқтаи назари худро дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ баён кунад ё дар ин хусус ба таври хаттӣ ба раисикунанда хабар диҳад.
Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доимӣ интихоб шудааст, дар кори он бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда иштирок мекунад.
Вакиле, ки аъзои комиссия нест, метавонад дар ҷаласаҳои он бо ҳуқуқи овози машваратӣ иштирок намояд. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
 
Моддаи 14. Ҳуқуқу  ӯҳдадориҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми кор кардан дар ҳавзаи интихоботӣ
Вакил дар ҳавзаи интихоботии худ ҳуқуқ дорад:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
- дар баррасии ҳар гуна масъалаҳои ба манфиатҳои шаҳрвандон дахлдошта, ки аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иттиҳодияҳои дахлдори ҷамъиятӣ сурат мегирад, иштирок кунад. Бо талаби вакил мақомоти мазкур вазифадоранд дар бораи баррасии ин гуна масъалаҳо пешакӣ хабар диҳанд(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
- бо интихобкунандагони ҳавза мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷаласаҳо гузаронад, бо коллективҳои меҳнатӣ, намояндагони хизбҳои сиёсӣ вохӯриҳо доир намояд, дар ҷаласаҳои мақомоти худфаъолияти минтақавии ҷамъиятӣ ширкат варзад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Вакил дорои ҳуқуқи афзалиятнок буда, метавонад аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакилиаш дар воситаҳои ахбори омма, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис медиҳанд, баромад кунад.
Вакил ӯҳдадор аст:
- Шаҳрвандонро мунтазам қабул кунад, ба аҳолӣ дар бораи фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ ва иштироки худ дар он, дар бораи иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин аз барномаи пеш аз интихоботии худ ахборот диҳад;
- афкори ҷамъиятӣ ва эҳтиёҷоту дархостҳои аҳолиро омӯзад, дар ин бора ба Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти он, ба мақомоти дигари давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо хабар диҳад, таклифҳо пешниҳод кунад ва барои ҳалли онҳо тадбирҳо андешад.
Вакил бояд соле камаш ду маротиба дар назди интихобкунандагони ҳавза аз фаъолияти худ, аз рафти иҷрои барномаи пешазинтихоботӣ ҳисобот диҳад.
Вакил ҳамчунин дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошад, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
 
Моддаи 15. Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқ
(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Вакил таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои ба ӯ расидаро бо тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида баррасӣ менамояд, барои дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл шудани онҳо чора мебинад, шахсони воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқиро ба ҳузур мепазирад: барои рафъи сабабҳои шикоят кардан ба Маҷлиси вакилони халқ, ба мақомоти он ва ташкилотҳои дахлдор таклифҳо пешниҳод менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Вакил ҳуқуқ дорад мансабдорони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоеро, ки дар ҳудуди мақоми дахлдори намояндагии ҳокимияти давлатӣ воқеанд барои иштирок кардан дар қабули шахсони воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқӣ даъват намояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Вакил ҳуқуқ дорад ба баррасии таклифҳо ва арзу шикоятҳои фиристодааш назорат кунад, дар муҳокимаи онҳо шахсан иштирок намояд. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ӯҳдадоранд, ки ба фаъолияти назоратии вакил ёрӣ расонанд.
Вакил шахсони воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқиро дар маҳалли истиқомати интихобкунандагон ё дар ҷои дигари муайянкардааш ба ҳузур мепазирад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
 
Моддаи 16. Мусоидат ба вакили Маҷлиси вакилони халқ барои гузаронидани вохӯрӣ бо интихобкунандагон
Роҳбарони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, ӯҳдадоранд дар ҳудуди Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ба вакило­ни Маҷлиси вакилони халқ дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда мусоидат кунанд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Ба вакили халқ барои гузаронидани вохӯрӣ бо интихобкунандагони ҳавза шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад. Бо хоҳиши ӯ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак  ва деҳот бино ҷудо мекунанд, ба шаҳрвандон дар бораи рӯзу ҷои мулоқот бо интихобкунандагон хабар медиҳанд, бо пешниҳоди вакил намояндагони худро ба мулоқотҳо мефиристанд, дигар вазифаҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд.
Дар сурати ба инобат нагирифтани дархост ва пешниҳоди вакил шахсони мансабдори ба ин кор роҳдода бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқи дахлдор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
 
Моддаи 17. Ҳуқуқи вакили Маҷлиси вакилони халқ барои қабул аз тарафи шахсони мансабдор
Вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳуқуқ дорад, бо нишон додани шаҳодатномаи вакилӣ дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо бемамониат ворид шавад. Шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор воқеъбуда вазифадоранд аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакилӣ вакили Маҷлиси вакилони халқро бетаъхир қабул кунанд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Тартиби ворид шудани вакил ба ҳудуди ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда алоқаманд аст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
 
Моддаи 18. Ӯҳдадориҳои шахсони мансабдор оид ба баррасии муроҷиати вакили Маҷлиси вакилони халқ
Вакил ҳуқуқ дорад аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакилӣ ба тамоми мақомоти давлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо дар ҳудуди Маҷлиси дахлдори вакилони халқ, ба шахсони мансабдор муроҷиат намояд ва дар муҳокимаи масъалаҳо иштирок кунад. Шахсони мансабдор ӯҳдадоранд, ки ба муроҷиати вакилон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоби хаттӣ диҳанд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Муроҷиати вакилон аз рӯи масъалаҳои хеле муҳим, аз ҷумла оид ба зарурати қабул кардан, тағйир додан ё бекор намудани қарори мақоми дахлдор бояд ҳатман мавриди баррасӣ қарор гирад. Аз рӯзи баррасии масъала вакил бояд пешакӣ воқиф гардонда шавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Вакилони Маҷлисҳои вакилони халқ ҳуқуқ надоранд, ки ба фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва судҳо дахолат кунанд. .(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
 
Моддаи 19. Ҳуқуқи вакил барои дастрас намудани иттилоот
Вакил барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои қабулкардаи Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ, маводи иттилоотӣ ва маълумотӣ ҳуқуқ дорад. Вакил ҳуқуқ надорад маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро, ки бинобар иҷрои ваколатҳояш ба ӯ маълум шудааст, ошкор намояд ва ба манфиати худ, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ истифода намояд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
 
БОБИ 3. КАФОЛАТҲОИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ
 
Моддаи 20. Ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шарафи вакили Маҷлиси вакилони халқ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар вакили Маҷлиси вакилони халқ барои бе мамониат ва самарабахш ба ҷо овардани ваколатҳояш кафолат медиҳад, ҳуқуқ, шаъну шарафи ӯро ҳифз менамояд.
Шахсоне, ки ба шаъну шарафи вакили Маҷлиси вакилони халқ таҳқир мекунанд ё ба ӯ, аъзои оилаи вай ва ё хешу табораш бо мақсади монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои вакилиаш таъсири ғайриқонунӣ мерасонанд ё худ бар хилофи иродааш ӯро ба манфиати ягон кас барои қабул намудани қарор моил кардан мехоҳанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
Мансабдорони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Маҷлиси дахлдори вакилони халқ воқеъ буда, вазифаҳои худро дар назди вакили халқ иҷро накарда, ба ӯ дидаю дониста хабари дуруғ медиҳанд, кафолатҳои фаъолияти вакилиро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1432)
 
Моддаи 21. хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1015
 
Моддаи 22. Тартиби ба ҷавобгарӣ кашидани вакили Маҷлиси вакилони халқ
Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон,  прокурори шаҳр, ноҳия оғоз карда мешаванд.
Ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, ҳабси молу мулк, ҳабси муросилот, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи  телефонии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе,  прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва бо иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди вилоят, шаҳри Душанбе бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с., №1015)
 
Моддаи 23. хориҷ карда шуд бо ҚҶТ  аз 22.07.2013с., №1015
 
Моддаи 24. Ҳуқуқи аз воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода кардани вакили Маҷлиси вакилони халқ
(ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1750)
Вакил ҳуқуқ дорад дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор бо пешниҳоди шаҳодатнома аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (ҚҶТ аз 17.12.2020 № 1750).
 
Моддаи 25. Ҳуқуқи вакили Маҷлиси вакилони халқ барои рухсатии иловагии пардохтшаванда
Барои вакили Маҷлиси вакилони халқ ба рухсатии ҳарсолааш се рӯзи кори рухсатии иловагии пардохтшаванда дода мешавад. (ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062; ҚҶТ аз 02.01.2020 с., №1671)
 
Моддаи 26. Таъмини шароит ба вакилони Маҷлиси вакилони халқ барои амалӣ намудани ваколатҳояшон
Хизматрасонии ташкилӣ ва моддию техникӣ ба вакилон барои ама­лӣ намудани ваколатҳояшон аз тарафи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе,  шаҳр ва ноҳия таъмин карда мешавад. (ҚҶТ №461, 31.12.08с.).
 
Моддаи 27. Шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакили Маҷлиси вакилони халқ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ дорои шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилӣ мебошад.
Вакил дар давоми мӯҳлати ваколатҳояш аз шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилӣ истифода мекунад. Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилӣ, ҳамчунин намунаи шаҳодатнома ва нишони сарисинагиро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.(ҚҶТ аз 28-12-13с., №1062 )
 
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ №461, 31.12.08с.).
 
 
         Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душанбе  13 декабри соли 1996
№ 324