ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1955 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

ДАР БОРАИ АКАДЕМИЯМ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 27/01/2020 - 11:32
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
52
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
10.05.2002

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди қабул намудани Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон

«Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ-1, мод. 313)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

қарорҳои худро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонад.

 

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                               С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  10 апрели соли 2002

№ 599

 

 

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ-1, мод. 312)

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 ш. Душаибе  23 апрели соли 2002

 № 285

 

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи Академиям илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2002, №4, қ-1, мод. 311; соли 2007, №5, мод.371)

 

 

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМB

 

Моддаи 1. Мақсади Қонун

Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Академияи илмҳо) ва аъзои он, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Академияи илмҳо, мавқеи онро дар соҳаи таҳқиқот ва кашфиёт, ваколат ва масъулияташро ба сифати муассисаи худидорашавандаи давлатии илмӣ муайян менамоад.

Қонун барои инкишоф додани илмҳои бунёдӣ ва амалӣ чун асоси пешрафти илмӣ ва илмию техникӣ, тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

 

Моддаи 2. Мақоми Академиям илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи илмҳо муассисаи худидорашавандаи олии давлатии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти худ масъалаҳои гузаронидан, инкишоф додан ва мутобиқ гардонидани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар ҷумҳурӣ, омӯзиши проблемаҳои муҳими тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, афзун гардонидани самараи истифодаи дастовардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, пурзур кардани таъсири илм ба инкишофи маориф ва маданиятро таъмин менамояд.

 

Моддаи 3. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Академияи илмҳо

Академияи илмҳо дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи худ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дастури амал қарор медиҳад.

 

Моддаи 4. Оинномаи Академияи илмҳо

Оинномаи Академияи илмҳоро Маҷлиси умумии он қабул карда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд ва он набояд ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад.

Оинномаи Академияи илмҳо бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

ном, маҳали воқеъ ва мақоми ҳуқуқии Академияи илмҳо;

вазифаҳои асоси ва принсипҳои фаъолияти Академияи илмҳо;

ҳуқуқҳои Академияи илмҳо;

тартиби идораи Академияи илмҳо, сохторҳои ташкилии он ва назорат ба фаъолияти онҳо;

шаклҳо ва тартиби амалӣ сохтани худидораи илмӣ;

салоҳият, тартиби ташкил ва мӯҳлати ваколатҳои мақомоти роҳбарии Академияи илмҳо;

шарт ва тартиби интихобот ба аъзогии Академияи илмҳо;

сохтори Академияи илмҳо, тартиби ташкил, фаъолият ва барҳам додани сохторҳои ташкилии он;

ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти аъзо ва ташкилотҳои Академияи илмҳо, шартҳои ҳамкории онҳо бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

тартиби ворид намудани тағйироту илрваҳо ба Оинномаи Академияи илмҳо.

Дар Оиннома инчунин дигар коидаҳои вобаста ба хусусиятҳои мақоми ҳуқуқӣ ва фаъолияти Академияи илмҳо пешбинӣ шуда метавонанд.

 

Моддаи 5. Ҳайат ва сохтори ташкилии Академиям илмҳо

Академияи илмҳо дар ҳайати худ инҳоро муттаҳид менамояд:

шахсони воқеӣ-аъзои Академияи илмҳо, ки бо тартиби муқарраркардаи Оинномаи он интихоб мешаванд;

шахсони ҳуқуқӣ-ташкилотҳои илмӣ, хизматрасонии илмӣ ва идоракунии тайёр кардани кадрҳои илмӣ, соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо.

Сохтори ташкилии Академияи илмҳо, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳоеро, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ва Оинномаи Академияи илмҳо муайян менамояд.

 

Моддаи 6. Вазифаҳои асосии Академияи илмҳо

Вазифаҳои асосии Академияи илмҳо инҳо мебошанд:

иштирок дар тартиб додани пешниҳодҳо оид ба соҳаҳои афзалиятноки сиёсати илмию техникӣ;

омӯзиш ва таҳияи проблемаҳои муҳими тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва давлатию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, фарҳанг, забон, таърих, табиат ва вазъи муҳити атрофи он;

гузаронидани таҳқиқоти бунёдии илмӣ оид ба самтҳои муҳимтарини илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ, ҷамъиятӣ ва санъат бо мақсади афзун гардонидани неруи илмию техникӣ, зеҳнӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон;

ошкор сохтани принсипи нави пешрафти илмӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар таҳияи афзалиятҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, ба амал баровардани таҳққкоти бунёдӣ ва кашфиёт оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмию техникӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба истифодаи дастовардҳои илм дар амалия, ҳамроҳӣ кардани онҳо ҳангоми татбиқ ва истифода дар истеҳсолот;

гузаронидани экспертизаи илмии муҳимтарин барномаҳои илмӣ, илмию техникӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва лоиҳаҳои навоварӣ;

мусоидат кардан ба истифодаи амалии комёбиҳои илмӣ ҷаҳонӣ;

дидани чорабиниҳо барои тайёр кардани кормандони илмии баландихтисос тавассути унвонҷӯӣ, аспирантура ва докторантура, баланд бардоштани ихтисоси олимон ва мутахассисон, аз ҷумла дар марказҳои илмии хориҷӣ.

 

Моддаи 7. Самтҳои асосии фаъолияти Академияи илмҳо

Самтҳои асосии фаъолияти Академияи илмҳо аз инҳо иборатанд:

иштирок дар ташкил ва татбиқи сиёсати давлатии илмию техникӣ, таҳияи пешгӯиҳои комплексии тараққиёти илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар тайёр кардани маърузаи ҳарсола дар бораи вазъ ва пешомадҳои инкишофи илм дар ҷумҳурӣ;

таҳия ва ташкили иҷрои барномаҳои давлатии таҳқиқоти бунёдӣ, нақшаҳои ояндабинӣ ва ҳарсолинаи муҳимтарин корҳои илмию таҳқиқоти дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, ба амал баровардани таҳқиқоти бунёдӣ дар ташкилотҳои илмии Академияи илмҳо;

таъмини мутобиқати таҳқиқоти бунёдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, аз ҷумла бо роҳи таъсис додани шӯроҳо, кумитаҳо, комиссияҳои илмӣ оид ба проблемаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ, ҷамъиятӣ ва санъат;                 

гузаронидан ва ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмии амалӣ, иҷрои супоришҳои барномаҳои давлатии илмию техникӣ, амали намудани кашфиёти таҷрибавӣ-конструкторӣ ва таҷрибавӣ-технологӣ барои ба вуҷуд овардани намунаҳои техникаи нав, технологияҳои нав ва баланддараҷа;

ташкили иетеҳсолоти таҷрибавии маҳсулоти илмталаб, дигар сохторҳои навоварӣ;

иштирок дар экспертизаи илмии муҳимтарин барномаҳои илмӣ, илмию техникӣ ва хоҷагии халқ ва лоиҳаҳои алоҳида, амали гардидани арзёбии илмии пешниҳодҳо оид ба тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва маънавии ҷомеа, ҳифзи муҳити зист;

иштирок дар ташкили ҳамкории байналхалқии илмию техникӣ;

таҳлил, чамъбаст ва мусоидат ба иcтифодаи амалии дастовардҳои илмии ҷаҳонӣ;

муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои илмӣ, ташкили хизматрасонии илмӣ ва идора, тайёр кардани кормандони илмӣ, соҳаи хизматрасонии иҷтимоии Академияи илмҳо;

бо тартиби муқарраршуда таҳия ва пешниҳод кардани лоиҳаи нақшаҳои маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии таҳқиқоти илмӣ, инчунин маблағгузории асосии инкишофи ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо;

мусоидати ҳамаҷониба барои баланд бардоштани сатҳи илмии низоми миллии маориф, тарғиб ва паҳн кардани донишҳои илмӣ, иштирок дар тайёр намудани мутахассисон ва такмили ихтисоси профессорону муаллимони муассисаҳои олии таълимӣ;

бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистoн амали гардонидани дигар ваколатҳо дар соҳаи илм ва ширкати илмию техникӣ.

 

Моддаи 8. Батанзимдарории давлатии фаъолияти Академиям илмҳо

Академили илмҳо субъекти сиёсати давлатии илмӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Точикистон мебошад. Таҳияи ҳамаи санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои инкишофи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти фикру акидаи Академиям илмҳо сурат мегирад.

Давлат барои вазифаҳояшро иҷро кардани Академияи илмҳо шароит муҳайё месозад ва барои таъмини фаъолияти он бо тартиби муқарраршуда маблағ ҷудо мекунад.

Академияи илмҳо дар фаъолияти худ бо мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти Академияи илмҳо мансубанд, вай ҳуқуқ дорад ба ин мақомот, инчунин ташкилотҳо, муассисаҳо, ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита муроҷиат намояд, аз онҳо ба дархости худ ҷавоб гирад. Намояндагони ваколатдори Академияи илмҳо ҳангоми баррасии масъалаҳое, ки ба салоҳияти Академияи илмҳо мансубанд, ҳуқуқ доранд дар ҷаласаи мушовараҳо, шӯроҳои илмию техникӣ ва дигар машваратҳои мақомоти ҷумҳуриявии мақомоти давлатӣ иштирок намоянд.

Академияи илмҳо ӯҳдадор аст муроҷиати мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатиро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти он мансубанд, барои баррасӣ қабул кунад.

Фаъолияти Академияи илмҳо дар асоси пайвастани принсипҳои танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва худидораи илмӣ ба амал бароварда мешавад, ки он бояд иҷрои самараноки вазифаҳои дар назди Академияи илмҳо гузошташуда, инкишофи имкониятҳои эҷодии олимон, амалӣ гардидани ҷустуҷӯи озодонаи илмиро таъмин намояд.

Шаклҳо ва тартиби амалӣ гардидани худидораи илмиро дар Академияи илмҳо Оинномаи он муайян мекунад.

Муносибатҳои вобаста ба барпо, ҳифз ва истифодаи моликияти зеҳнӣ, натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва навоварии Академияи илмҳо, ташкилотҳои илмии он ва кормандони алоҳидаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.

 

Моддаи 9. Ҳамкории Академияи илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокчиёни фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва навоварӣ

Академияи илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ шаклу усулҳои фаъолияташро мустақилона муайян менамояд, дар асоси ба ҳамдигар муфид ва баробарҳуқуқ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ, ки таҳқиқоти илмӣ мегузаронанд, онро дастгирӣ мекунанд ё таҳқиқоти илмӣ ва кашфиётҳоро дар амал татбиқ менамояд, аз ҷумла бо такя ба фаъолияти аъзои Академияи илмҳо, ки дар дигар муассисаҳо, ташкилотҳо кор мекунанд, ҳамкорӣ менамояд.

Шаклҳои асосии ҳамкории Академияи илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокчиёни фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва навоварӣ инҳо мебошанд:

иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва кашфиёт дар доираи барномаҳои якҷоя, нақшаҳо ва лоиҳаҳо;

ба иҷрои таҳқиқот ва кашфиёт дар ташкилотҳои илмии Академияи илмҳо ҷалб кардани олимон ва мутахассисон ташкилотҳои илмӣ ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

иштироки олимон ва мутахассисони Академияи илмҳо дар иҷрои таҳқиқот ва кашфиёте, ки ташкилотҳои илмӣ ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд;

иштироки олимони Академияи илмҳо дар тайёр кардани мутахассисон ва кормандони илмии баландихтисос дар ташкилотҳои илмӣ ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба ҳайати шӯроҳои илмӣ, кумитаҳо ва комиссияҳое, ки Академияи илмҳо таъсис медиҳад, ҳамроҳ кардани олимон ва мутахассисони ташкилотҳои илмӣ ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

гузаронидани сессияҳо, конференсияҳо, машваратҳо, симпозиумҳо, семинарҳои якҷояи илмӣ ва илмию амалӣ;

дар нашрияҳои даврии Академияи илмҳо ба табъ расондани натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимон.

Ташкилотҳои илмӣ ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд доир ба самтҳои фаъолияти илмии худ аз рӯи ихтисосҳои эълоншуда номзадҳоро ба узвияти ҳақиқӣ (академикӣ) ва узвияти вобастаи Академияи илмҳо пешбарӣ намоянд. Тартиби пешбарии номзадҳоро аз ҷониби ташкилотҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ Оинномаи Академияи илмҳо муайян мекунад.

Академияи илмҳо ҳуқуқ дорад аз ташкилотҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ, ки аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ мебаранд, дар бораи ҳолат ва натиҷаҳои таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ ахборот талаб намояд ва ба даст оварад, якҷоя бо мақомоти болоии ин ташкилотҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ тафтиш гузаронад ва ба ҳолату дараҷаи таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии иҷрошаванда баҳо диҳад.

Барои амалӣ гардонидани ҳамоҳангии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар назди Академияи илмҳо инҳо таъсис дода мешаванд:

Шӯрои ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ки ҳайат ва низомномаи онро

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

шабакаи шӯроҳои илмӣ ва экспертӣ доир ба проблемаҳои гуногун. Академияи илмҳо метавонад барои бехтарин корҳои илмӣ ба олимони ҷумҳурӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои Академияи илмҳоро таъсис диҳад ва супорад, инчунин барои бехтарин донишҷӯён ва аспирантҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон стипендияҳои махсус таъсис кунад.                 

 

БОБИ 2. АЪЗО ВА КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО, ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ОНҲО

 

Моддаи 10. Аъзои Академияи илмҳо

Аъзои ҳақиқӣ (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва хориҷии Академияи илмҳо аъзои Академияи илмҳо мебошанд.

Олимон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар инкишофи илм саҳми калон гузоштанд, аъзои ҳақиқӣ (академикҳо), аъзои вобаста интихоб шуда метавонанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тараққиёти иқтисодиёти миллӣ, фарҳанг ва маориф саҳми калон гузоштаанд, мумкин аст аъзои фахрӣ интихоб шаванд.

Олимон ва шахсиятҳои барҷастаи хориҷӣ аъзои хориҷӣ интихоб шуда метавонанд. Тартиб ва шартҳои интихоби аъзои ҳақиқӣ (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва хориҷии Академияи илмҳоро Оинномаи он муайян мекунад.

 

Моддаи 11. Ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқи аъзои Академиям илмҳо

Аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобаста ӯҳдадоранд:

дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академияи илмҳо гузошташуда фаъолона иштирок намоянд;

илмро бо роҳи таҳқиқоти шахсии илмӣ, ташкили таҳқиқи дастҷамъии проблемаҳои илмӣ ва роҳбарии илмӣ ба ин таҳқиқот бо комёбиҳо ғанӣ гардонанд;

ба татбиқи амалии дастовардҳои илм фаъолона мусоидат намоянд, барои тайёр кардани кормандони илмӣ ва баланд бардоштани ихтисоси онҳо кор баранд;

супоришҳои Раёсати Академияи илмҳо ва шӯъбаҳои дахлдорро иҷро намоянд, инчунин дар кори маҷлиси умумии Академияи илмҳо ва маҷлисҳои умумии шӯъбаҳои дахлдор иштирок намоянд;

ба шӯъбаи дахлдори Академияи илмҳо дар бораи фаъолияти илмии худ ҳар сол ҳисоботи ҳаттӣ пешниҳод кунанд.

Аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобаста барои фарохам овардани шартҳо аз ҷониби Академияи илмҳо, ки барои гузаронидани корҳои шахсии илмӣ ё шахсан ташкилкунандаи онҳо заруранд ва онҳоро шӯъбаи дахлдори Академияи илмҳо маъқул донистааст, ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Аъзои   фахрӣ ва хориҷии Академияи илмҳо ҳуқуқ доранд дар ҷорабиниҳои умумиакадемии илмӣ ва илмию ташкили иштирок кунанд, дар кори маҷлиси умумии Академияи илмҳо ва маҷлисҳои умумии шӯъбаҳо бо овози машваратӣ иштирок намоянд.

 

Моддаи 12. Кормандони Академиям илмҳо

Тартиби киро кардан, ишғол намудани вазифаҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва масъулияти кормандони Академияи илмҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи илмҳо ва оинномаҳои ташкилотҳои он муайян карда мешавад.

 

БОБИ 3. МАҚОМОТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

 

Моддаи 13. Маҷлииси умумии Академияи илмҳо

Маҷлиси умумии Академияи илмҳо мақоми олии роҳбарикунандаи Академияи илмҳо мебошад ва ба ҳайати он аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо дохил мешаванд.

Маҷлиси умумии Академияи илмҳо:

оинномаи Академияи илмҳоро қабул мекунад ва ба он тағйирот ва иловаҳо ворид мекунад;

проблемаҳои инкишофи илмро дар ҷумҳурӣ муҳокима менамояд;

масъалаҳои дохилиакадемии дорои хусусияти илмӣ ва ташкилиро муҳокима ва ҳал мекунад;

самтҳои таҳқиқоти илмиро дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд;                      

ҳисоботи Академияи илмҳоро тасдиқ мекунад, маърузаҳои Раёсат, шӯъбаҳо ва дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо, инчунин аъзои онро мешунавад;

бо тартиби муайянкардаи Оинномаи Академияи илмҳо аъзои ҳақиқӣ (академикҳо), аъзои вобаста, аъзои фахрӣ ва хориҷии Академияи илмҳоро интихоб мекунад.

Маҷлиси умумии Академияи илмҳо аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.

 

Моддаи 14. Раёсати Академияи илмҳо

Раёсати Академияи илмҳо мақоми доимоамалкунандаи Академияи илмҳо буда, фаъолияти онро идора менамояд. Раёсат дар ҳайати Президент, ноиби Президент (ноибони Президент), саркотиби илмӣ, академикҳо-котибони (раисони) шӯъбаҳои Академияи илмҳо ва дигар аъзои Раёсат ба миқдори муайянкардаи Маҷлиси умумӣ ташкил карда мешавад.

Аъзои Раёсатро Маҷлиси умумии Академияи илмҳо ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мекунад. Тартиби пешбарии номзадҳо ва интихоби аъзои Раёсати Академияи илмҳо, вазифа ва ваколати онҳоро Оинномаи Академияи илмҳо муайян менамояд.

Раёсати Академияи илмҳо:

Маҷлиси умумии Академияи илмҳоро даъват мекунад;

дар бораи ташкил, навсозӣ ва барҳам додани ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо ба тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд;

оинномаҳои онҳоро тасдиқ мекунад, ба риоя намудани Оинномаи Академияи илмҳо аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони мансабдори Академияи илмҳо назорат мебарад;

сметаи солонаи Академияи илмҳоро тасдиқ намуда, дурустии харҷи маблағҳои ҷудошударо назорат мекунад;

дигар вазифаю ваколатҳоро мутобиқи оинномаи Академияи илмҳо амалӣ мегардонад;

дастгоҳи Раёсати Академияи илмҳо мақоми кории Раёсати Академияи илмҳо буда, дар асоси Низомномаи тасдиқкардаи Раёсати Академияи илмҳо амал мекунад. Роҳбари дастгоҳи Раёсати Академияи илмҳо аз рӯи вазифа саркотиби илмии Академияи илмҳо мебошад.

 

Моддаи 15. Президенти Академияи илмҳо

Президенти Академияи илмҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Президенти Академияи илмҳо:

ба Академияи илмҳо роҳбарӣ мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Академияи  илмҳо гузошташуда шахсан масъул аст;

дар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ватанӣ ва байналмилалӣ, ҷамъиятҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо аз Академияи илмҳо намояндагӣ менамояд;

ба кори Раёсати Академияи илмҳо роҳбарӣ намуда ва дар ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;

дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳо раисӣ мекунад;

аз рӯи вазифа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии таҳқиқоти бунёдӣ мебошад;

дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ, илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо ҳисобот пешниҳод мекунад.

 

Моддаи 16. Шӯъбаҳои Академияи илмҳо

Шӯъбаҳои Академияи илмҳо воҳидҳои асосии илмӣ ва илмию ташкилӣ буда, ташкилотҳои илмии Академияи илмҳо, инчунин олимони як ё якчанд соҳаи илмро муттаҳид менамояд. Шумора ва сохтори ташкилии шӯъбаҳоро Оинномаи Академияи илмҳо муайян мекунад.

Ба фаъолияти шӯъба академик-котиби шӯъба роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Маҷлиси умумии шӯъба аз байни аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ё аъзои вобаста ба мӯҳлати панҷ сол интихоб менамояд ва маҷлиси умумии Академияи илмҳо ба вазифа тасдиқ мекунад.

Фаъолияти шӯъбаҳои Академияи илмҳо, ҳуқуқу ӯҳдадории академик-котиби шӯъбаро Оинномаи Академияи илмҳо танзим мекунад.

 

БОБИ 4. ТАШКИЛОТҲОИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

 

Моддаи 17. Ташкилотҳои илмии Академияи илмҳо

Акдемияи илмҳо дар ҳайати худ ташкилотҳои илмӣ-институтҳои  илмӣ-тадқиқотӣ, филиалҳо, марказҳо ва дигар ташкилотҳо дорад, ки онҳо шахсони ҳуқуқӣ буда, дар асоси оинномаҳои тасдиқкардаи Раёсати Академияи илмҳо амал мекунанд. Оинномаҳои ташкилотҳои илмӣ на бояд мухолифи Оинномаи Академияи илмҳо бошанд.

 

Моддаи 18. Дигар ташкилотҳои Академияи илмҳо

Барои таъмини фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, навоварӣ, илмию ташкилӣ, ахборотӣ, патентию литсензионӣ, метрологӣ, таҳририю нашрӣ, хоҷагӣ ва дигар фаъолият дар ҳайати Академияи илмҳо ташкилотҳои таҷрибавӣ, таҷрибавию конструкторӣ, татбиккунӣ, хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ, инчунин дигар ташкилоту корхонаҳо таъсис ёфтанашон мумкин аст, ки онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академияи илмҳо ва оинномаҳои худ амал мекунанд.

 

БОБИ 5. ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВB ВА АМВОЛИ АКАДЕМИЯМ ИЛМҲО

 

Моддаи 19. Воситаҳои молиявии Академияи илмҳо

Воситаҳои молиявии Академияи илмҳо аз ҳисоби инҳо ташкил меёбанд:

маблағи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки барои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва навоварӣ равона карда мешавад;

маблағи фондҳои таъиноти махсус;

даромад аз фаъолияти хоҷагии Академияи илмҳо, аз ҷумла аз ҳисоби ҳиссаҷудокунӣ аз фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ, ки бо иштироки Академияи илмҳо таъсис дода шудаанд;

саҳмияҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳои корхонаҳо, ташкилотҳо, фондҳо ва шахсони алоҳида, аз ҷумла хориҷиён;

дигар манбаъҳои манъ накардаи қонун.

Маблағҳои буҷет, ки барои бо пул таъмин кардани фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешбинӣ шудаанд, ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешаванд:

гузаронидани таҳқиқотҳои бунёдӣ;

иҷрои барномаҳои илмию техникӣ ва лоиҳаҳои навоварӣ;

тайёр кардан ва такмил додани ихтисоси кадрҳои илмӣ;

равнақу ривоҷи моддию техникии Академияи илмҳо ва ташкилотҳои он;

таъминоти ташкилии фаъолияти Академияи илмҳо, нигоҳ доштани Раёсати Академияи илмҳо ва китобхонаи марказии илмӣ;

пардохти ҳармоҳаи иловапулӣ барои унвонҳои илмии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳо ва дараҷаҳои илмӣ;

тайёр ва нашр кардани адабиёти илмию техникӣ ва илмию методӣ;

гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва илмию амалӣ;

ҳамкории байналмилалии илмию техникӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ;

пардохти хароҷоти иҷтимоӣ (барои табобат, пешгирии бемориҳо, мустаҳкам кардани саломатии кормандон, додани қарзҳои имтиёзнок барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ);

бо маблағ таъмин намудани хароҷоти вобаста ба муҳокимаи корҳое, ки барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника пешбарӣ мешаванд;

бо маблағ таъмин намудани хароҷоти вобаста ба муҳокимаи корҳое, ки барои гирифтани мукофотҳои таъсисдодаи Академияи илмҳо пешбарӣ мешаванд ва пардохти ин мукофотҳо;

додани стипендияҳои махсуси Академияи илмҳо барои бехтарин донишҷӯён ва аспирантҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маблағҳои буҷет инчунин бо мақсадҳои зерин истифода шуда метавонанд:

нигоҳ доштани объектҳои соҳаи иҷтимоӣ;

бо маблағ таъмин кардани сохтмони асосии объектҳои таъиноти илмию истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ;

мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Академияи илмҳо додани субсидияи якдафъинаи беподош барои сохтан (аз нав сохтан) ё харидани манзилгоҳ.

Академияи илмҳо воситаҳои молиявиро мутобиқи қарори Раёсати он истифода мебарад. Маблағҳое, ки то охири соли ҷорӣ харҷ нанамудаанд, барои истифода дар соли оянда нигоҳ дошта мешаванд.

 

Моддаи 20. Амволи Академияи илмҳо

Амволи Академияи илмҳо ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда дар идораи оперативии Академияи илмҳо қарор дорад.

Ихтиёрдорӣ кардани амволи ташкилотҳои давлатии илмии Академияи илмҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Объектҳои бештар қиматбаҳои илмӣ, ки дар ихтиёр ва истифодабарии Академияи илмҳо қарор дошта, аҳамияти умумидавлатӣ доранд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст сарвати миллӣ эълон карда шаванд.

 

БОБИ 6. ҲУҚУҚҲОИ АЛОҲИДАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО

 

Моддаи 21. Унвонҳои илмии академӣ

Академияи илмҳо ҳуқуқ дорад унвонҳои зерини илмии академӣ диҳад:

Узви ҳақиқии (академики) Академияи илмҳои Тоҷикистон;

Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

 Додани ин унвонҳо аз рӯи натиҷаи интихобот, ки мувофиқи Оинномаи Академияи илмҳо гузаронда мешавад, сурат мегирад. Ба аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳо, инчунин нафақахурҳое, ки ин унвонҳоро доранд, барои унвонҳои илмии академӣ иловапулии ҳармоҳа муқаррар карда мешавад, ки ҳаҷми онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобаста, ки мансубияташон ба академияи илмҳои мушаххас дода нашудааст, ҳуқуқ доранд танҳо аъзои ҳақиқӣ (академикҳо) ва аъзои вобастаи академияи илмҳои Тоҷикистон номида шаванд.

 

Моддаи 22. Бойгониҳои илмии Академияи илмҳо

Академияи илмҳо дар бойгонии илмии Академия ва бойгониҳои ташкилотҳои илмии он дастнависи олимон, ходимони адбиёт, фарҳанг ва санъат, инчунин маводи бойгонии ташкилотҳои Академияи илмҳо ва дигар маводро, ки барои таърихи илм гаронбаҳо мебошанд, маҳфуз медорад.

Академияи илмҳо дар бораи таркиб ва мундариҷаи ҳуқуқҳои бойгонии Академияи илмҳо ва бойгониҳои ташкилотҳои илмии он ба мақсади ба маҷмӯаи фонди давлатии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани маълумотҳо дар бораи онҳо ба мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ ахборот пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 23. Фаъолияти нашрӣ ва нашрияҳои Академияи илмҳо

Академияи илмҳо ба фаъолияти нашрӣ, аз ҷумла нисбати нашрияҳои расмии даврӣ, инчунин ба мубодилаи нашрияҳо бо ташкилотҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ, китобхонаҳо ва осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ ҳуқуқ дорад.

Академияи илмҳо ҳар сол нашрияҳои расмии илмии даврӣ ба табъ мерасонад. Академияи илмҳо ва ташкилотҳои илмие, ки ба ҳайати он дохил мешаванд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дигар нашрияҳои даврӣ чоп карда метавонанд.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  10 майи соли 2002

№52