ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 16/01/2025 - 15:45
“... мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон”
Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
     Мутобиқи моддаи 1-уми Конститутсияи мамлакат Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад [1]. Дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ба масъалаи мазкур дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамчун ҳадафи олии сиёсати давлат пайваста диққати махсус зоҳир мегардад. Дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки моро зарур аст дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
     Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дар ҷодаи таъмини зиндагии шоиста ва расидан ба дастовардҳои бузургу камназир кишвари маҳбуби мо душвориҳои сахту сангини таназзулу эҳё шудан, озмоиши ҷиддии таърих, аз ҷумла таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон хисороти азиме расонид, ки оқибатҳои зарар бештар аз 10 млрд. доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад. Он аз буҷети соли 1995, ки қариб 95 млн. долларро ташкил мекард, 105 маротиба зиёд буд [2, с. 22].
     Маҳз хираду заковат ва фарҳанги баланди давлатдории Пешвои миллат буд, ки Истиқлолияти давлатӣ пойдору побарҷо монду марҳилаи нави зиндагӣ, яъне давраи созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум қадамҳои устувор гузошта шуд. Чи тавре Пешвои миллат худ зикр менамоянд: “Ин ҳадафҳо дар баробари рушду пешрафти иқтисодиёт ба беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини шоистаи ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ нигаронида шуда буданд” [2, с. 27].
     Ҳанӯз 30 апрели соли 2001 зимни ироаи паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Болоравии иқтисодӣ механизми муҳимтарини ба вуҷуд овардани имконияти шуғли аҳолӣ бо роҳи ташкили ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст” [3]. Дар паёми мазкур муҳимтарин вазифаи Ҳукумат татбиқи устуворонаи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва болоравии иқтисодиёт равона шудааст, арзёбӣ гардид.
     Дар заминаи паёми болозикр бо мақсади муҳайё сохтани шароит барои рушди босуръати аз нигоҳи иҷтимоӣ одилонаи иқтисодӣ, ки ба афзоиши даромадҳои ҳақиқии аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати зисти онҳо нигаронида шудааст, 19 июни соли 2002, №666 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул карда шуд.
     Сиёсати пешгирифта дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум идома дода шуда, дар якчанд марҳила ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ қабул гардиданд, аз ҷумла стратегияҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012, инчунин, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015. Ин санадҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳбуд бахшидани зиндагии халқ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
    Президенти кишвар дар паёми худ 21 декабри соли 2021 зикр намуданд: “... дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона гардид” [4].
     Дар натиҷаи татбиқи босамари нишондодҳои стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар ва нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Ҳамзамон, бо мақсади идома додани ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххас амалӣ карда шавад [5].
     Яке аз роҳҳои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ин бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ба ҳисоб рафта, дар самти зикршуда аз соли 1996 инҷониб 18 адад ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар қабул гардидааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” аз 1 августи соли 2003, №44, Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз 28 майи соли 2022, №263, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 аз 28 марти соли 2023, № 135 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 аз 31 августи соли 2023, № 419 аз ҷумлаи онҳост. Пешвои миллат дар паёми худ 28 декабри соли 2024 зикр намуданд: “Дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ таъсису барқарор карда шудааст” [6]. Ҳамзамон, дар паём супориш дода шуд, ки тамоми имкониятҳо барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар карда шаванд.
     Сатҳи зиндагии аҳолиро асосан аз рӯи тамоюли афзоиши сатҳи даромад ва хароҷоти аҳолӣ бо назардошти пасандозҳо баҳодиҳӣ ва таҳлил намудан имконпазир аст. Зимни ироаи паём 28 декабри соли 2024 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид” [6].    Хотирнишон бояд намуд, ки ҳаҷми даромади аҳолӣ соли 2000-ум як миллиард сомониро ташкил медод [7].
     Баланд бардоштани сатҳи даромади аҳолии мамлакат ба нишондиҳандаҳои на танҳо сатҳ, балки сифати зиндагии аҳолӣ таъсир расонида, барои рушду инкишофи нерӯи инсонӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти принсипи иҷтимоӣ будани давлат ҷиҳати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон бо роҳи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва дастгирии оилаҳои камбизоат бо дарназардошти муқаррар намудани ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешавад.  Агар дар соли 2001-ум барои соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 148 миллион сомонӣ аз буҷет сарф гардида бошад, соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд. Бо вуҷуди тамоюлҳои манфӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Сарвари давлат дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: “Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд [6]. Ба ҳолати 1 июни соли 2024 музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат ба 2148,98 сомониро ташкил дода, [8] дар қиёс мавриди зикр аст, ки соли 2001 музди миёнаи меҳнат 25,07 сомонӣ буда, тибқи яке аз тадқиқот қариб 60 фоизи аҳолӣ худро нодор ҳисоб мекарданд [9].
     Яке аз ҷузъиётҳои муҳими сиёсати давлатиро, ки дар маркази он таъмини зиндагии шоистаю арзанда барои ҷомеа қарор дорад, сиёсати энергетикӣ ташкил медиҳад. Пешвои миллат низ дар китоби худ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, зикр кардаанд: “Солҳое буданд, ки мардуми кишварамон дар хунуктарин давраи сол ҳамагӣ як-ду соат барқ мегирифтанд ва баъзе рӯзҳо, умуман бебарқ мемонданд. Муассисаҳои барои мардум ҳаётан муҳим, яъне мактабу беморхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ кор намекарданд. Ҳамаи ин, албатта, ба шароит ва сифати зиндагии мардум, рушди иқтисод ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонид” [2, с. 32]. Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва расидан ба ҳадафи стратегӣ сиёсати энергетикии давлат зина ба зина амалӣ карда шуда, дар натиҷаи бунёду таҷдиди неругоҳҳои барқӣ таъминоти аҳолӣ бо барқ ба таври назаррас беҳтар гардид. Пешвои миллат зимни ироаи паёми худ изҳор доштанд: “Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар “Роғун” ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад” [6]. Албатта, ин муждаи беҳтарин ва дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки аз сиёсати воқеан устувор ва хирадмандонаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад.
     Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад [7]. Дар паёми зикршуда яке аз воситаҳои тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ арзёбӣ гардидааст.         Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ давоми солҳои 2008 – 2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд. Мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволӣ мусоидат намуд. Дар идомаи татбиқи сиёсати пешгирифта 10 январи соли 2025, №915 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” қабул карда шуд. Фармони мазкур аз паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ сарчашма мегирад, ки пешниҳод намуданд: “… бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад”. Асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” муайян менамояд, ки айни ҳол лоиҳаи қонуни зикршуда мавриди таҳия қарор дорад.            Дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар даврони соҳибистиқолӣ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” аз 26 июли соли 2014, №1107, “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” аз 2 январи соли 2025, №2119, барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005 ва 2012-2020, инчунин, Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 аз 29 ноябри соли 2023, № 545.
     Тамоми тадбирҳои зикршуда ва қонунҳову ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии қабулгардида, ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии давлат, яъне таъмини шароити зиндагии арзанда нигаронида шудаанд. Чи тавре Пешвои миллат дар паёми худ ба парламенти кишвар 26 декабри соли 2019 таъкид намуданд: “...мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад” [10].
     Хулоса, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар меҳвари паёмҳои Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати густариши доираи тадбирҳо оид ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҳар як фарди ҷомеаи мамлакат мунтазам чораҳои дахлдор роҳандозӣ мегарданд. Дар навбати худ ҳар як фарди бонангу номуси кишварро мебояд муқаррароти қонунҳои қабулгардидаро риоя ва иҷро карда, сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳуриро пайваста ҷонибдорӣ намоянд ва дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамеша саъю талош варзанд.
 
Муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ф.Ш.
 
 
Рӯйхати адабиёт:
  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2013 ва 22 майи соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). Душанбе: Ганҷ, 2016.
  2. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои истиқлол. – Душанбе: Ганҷ-нашриёт, 2018. –436 с.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 30 апрели соли 2001. [Манбаи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: https://prezident.tj/event/speeches/14004 (санаи муроҷиат 08.01.25).
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21 декабри соли 2021. [Манбаи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: https://prezident.tj/event/missives/24850 (санаи муроҷиат 09.01.25).
  5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»” аз 28 декабри соли 2023. [Манбаи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: https://prezident.tj/event/missives/36370 (санаи муроҷиат 09.01.25).
  6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 [Манбаи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: https://prezident.tj/event/missives/49225 (санаи муроҷиат 10.01.25).
  7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 20 апрели соли 2012. [Манбаи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: https://prezident.tj/event/missives/854 (санаи муроҷиат 10.01.25).
  8. Гузориши матбуотӣ аз натиҷаҳои фаъолияти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024. [Манбаи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: https://www.mehnat.tj/tg/news/dt/27992682-25a6-4248-93c1-563ec790053b (санаи муроҷиат 13.01.25).
  9. Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 19 июни соли 2002, №666. [Манбаи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии “Адлия” (санаи муроҷиат 08.01.25).
  10. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26 декабри соли 2019. [Манбаи электронӣ]. - Манбаи дастрасӣ: https://prezident.tj/event/missives/19839 (санаи муроҷиат 14.01.25).
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)