ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СОБИҚАДОРОН
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
(Қонун аз 1.02.1996 № 223, аз 28.02.2004 № 9, аз 30.07.2007 № 290, аз 12.01.2010 № 594, аз 17.12.2020 № 1741, аз 23.12.21 № 1843, аз 24.12.2022 № 1939; 13.11.2024с., №2103)
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии собиқадоронро муайян намуда, тартиби амалисозии сиёсати давлатиро нисбати собиқадорон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843).
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Мақсади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон таъмини зиндагии шоиста барои собиқадорон ва иштироки онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843).
Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843):
танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки субъекти онҳо собиқадорон мебошанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843);
ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои собиқадорон (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843);
дар ҷамъият устувор намудани муносибати боэҳтиромона нисбати собиқадорон (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843);
тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи собиқадорон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843).
Моддаи 3. Таносуби байни ин Қонун ва шартномаҳои байналхалқи
Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳое муқаррар шуда бошанд, ки аз меъёрҳои Қонуни мазкур тафовут доранд, он гоҳ меъёрҳои шартномаи байналмилалӣ истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843).
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доимӣ дошта, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадор эътироф шудаанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843).
Моддаи 5. Татбиқи амали Қонуни мазкур нисбати собиқадороншаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Собиқадороне, ки шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд буда, муваққатан ё доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, дар доираи муқаррарнамудаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур аз ҳуқуқу кафолатҳо ва имтиёзҳо истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843).
Моддаи 6. Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
«кам кардани (озод будан аз) пардохти хизматрасонии коммунали»обтаъминкуни, обпартои, кашонда бурдани партовҳои маиши ва дигар партовҳо, таъминот бо газ, таъминот бо гарми ва қувваи барқ - дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасониҳои коммунали;
«кам кардани (озод будан аз) пардохти хизмати алоқа» - пардохти пули телефон, радио, ҳаққи истифодабарии антеннаи коллективи - дар ҳудуди меъёрҳои истифода аз хизматрасонии алоқа;
«кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи манзили ишғолнамудаи истиқомати» - кам кардани (озод будан аз) пардохти ҳаққи масоҳати умумии манзили ишғолнамудаи истиқомати - дар ҳудуди меъёрҳои иҷтимои.
ФАСЛИ II. СИЁСАТИ ДАВЛАТ НИСБАТИ СОБИҚАДОРОН
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Моддаи 7. Сиёсати давлат нисбати собиқадорон
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Сиёсати давлат нисбати собиқадорон аз статуси конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимои бармеояд, ки он барои муҳайё намудани шароит ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва рушду камоли озодонаи инсон нигаронида шуда, маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқи, иҷтимоию иқтисоди, фарҳангию маърифати, ташкили ва тадбирҳои дигарро дарбар мегирад, ки онҳо чораҳои зайлро пешбини мекунанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
Таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок, ки ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии собиқадоронро таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
аз тарафи мақомоти ҳокимият ва идораи давлати ба назар гирифтани манфиатҳои собиқадорон ҳангоми таҳия ва татбиқи муҳимтарин барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
ҷалб намудами собиқадорон барои иштироки бевосита дар идоракунии давлат ва ҷамъият (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
мусоидат намудан ба ташкилотҳои собиқадорон дар амали гардонидани вазифаҳо ва ваколатҳояшон (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
таблиғ намудани аҳамияти хизмати ҳарби ва фаъолияти меҳнати, нуфузу эътибори мукофотҳои давлати барои корнамоиҳои ҷанги ва меҳнати.
Моддаи 8. Кафолатҳои ҳимояи иҷтимои ва ҳуқуқии собиқадорон
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
1. Давлат таъмини дараҷаи шоистаи зиндагиро ба собиқадорон кафолат дода, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад. (ҚҶТ аз 13.11.24 № 2103).
2. Ҳуқуқҳо ва дигар тадбирҳои ҳимояи иҷтимои, ки пештар барои собиқадорон ва оилаҳои онҳо тавассути қонунгузории Иттиҳоди ҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, бе додани подоши баробарарзиш ба тартибе, ки Қонун муайян кардааст, бекор карда шуда наметавонанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
3. Ба ҳеҷ гуна маҳдуд кардани ҳуқуқ ва имтиёзҳое, ки Қонуни мазкур барои собиқадорон ва аҳли оилаҳои онҳо пешбини мекунад, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843; аз 13.11.24 № 2103).
4. Амалигардонии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброне, ки қонунгузори дар бораи собиқадорон муқаррар намудааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 9. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои мақомоти давлати, шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон нисбати собиқадорон
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шахсони мансабдор, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва шароити хоҷагидори ва шаҳрвандон бояд дар ҳаққи собиқадорон ба аломати эътирофи хизматхои шоистаашон дар назди давлат ва ҷамъият ғамхори зоҳир намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843). (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2039).
Мақомоти давлати, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидори, метавонанд дар бораи аз ҳисоби захираҳои худи дидани чораҳои иловаги нисбати ҳимояи иҷтимоии собиқадорон, ки дар Қонуни мазкур пешбини нашудаанд, қарор қабул намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 10. Ташкилоти собиқадорон
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Собиқадорон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд.
Ташкилотҳои собиқадорон фаъолияти худро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи ташкилот амалӣ менамоянд ва ҳуқуқ доранд ҳангоми таҳия ва қабули қарорҳое, ки мақомоти давлатӣ нисбати онҳо қабул менамоянд, иштирок кунанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 11. Кафолатҳои фаъолияти ташкилотҳои собиқадорон
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидори, дар доираи салоҳиятҳои худ метавонанд ба ташкилотҳои собиқадорон ёрии молияви расонанд, аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор қарз диҳанд, ройгон ё дар асоси имтиёзнок дар ихтиёри онҳо ҷою биноҳо, таҷҳизот ва амволи дигарро, ки барои иҷрои вазифаҳои оинномавиашон заруранд, вогузор намоянд (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741, аз 23.12.21 №
1843). (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2039).
Моддаи 12. Кафолатҳои фаъолияти корхонаҳое, ки моликияти ташкилотҳои собиқадорон мебошанд
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Корхонаҳое, ки моликияти ташкилотҳои собиқадорон мебошанд, аз пардохти андозҳо ва боҷу хироҷ дар мавридҳо ва ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, пурра ё қисман озод буда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
ФАСЛИ III. КАТЕГОРИЯИ СОБИҚАДОР
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Моддаи 13. Категорияи собиқадорон
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
-
Собиқадорон ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва шахсӣ дошта, дорои уҳдадориҳое мебошанд, ки Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд. (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
-
Собиқадорон ба чунин категорияҳо тақсим мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
Моддаи 14. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани шаҳрвандоне мебошанд, ки дар амалиёти ҷанги барои ҳифзи Ватан ё таъминоти қисмҳои армияи амалкунанда дар минтақаҳои амалиёти ҷанги бевосита иштирок кардаанд, инчунин шахсоне, ки хизмати ҳарбиро солҳои Ҷанги Бузурги Ватани сипари намудаанд, дар ақибгоҳ шаш моҳ, ба истиснои давраи кор дар қаламрави муваққатан аз тарафи душман истилогардидаи ИҶШС, кор кардаанд, ё барои меҳнати фидокорона ва хизмати бенуқсон дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани мукофотонида шудаанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Чунин шахсон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани шуморида мешаванд:
а) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла ба эҳтиёт ҷавобшудагон (ба истеъфо баромадагон), ки хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарби, штабҳо ва муассисаҳои дар давраи Ҷанги граждани ва Ҷанги Бузурги Ватани ба ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда адо намудаанд, дар амалиёти дигари ҷанги барои ҳифзи Иттиҳоди ҶШС иштирок кардаанд, партизанҳо ва пинҳонкорони Ҷанги граждани ва Ҷанги Бузурги Ватани;
б) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромада, инчунин шахсони ҳайати роҳбари ва қатории мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлатии Иттиҳоди ҶШС, ки хизматро дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани дар шаҳрҳое адо намудаанд, ки иштирок дар муҳофизаи онҳо ба собиқаи хизмат ҷиҳати таъин намудани нафақа аз рӯи шарту шароити барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии армияи амалкунанда муқарраршуда ҳисоб карда мешавад;
в) шахсони ҳайати кирояи Армияи шӯрави, Флоти ҳарбии Баҳри, қӯшунҳо ва мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлатии ИҶШС, ки дар қисмҳо, штабҳо ва муассисаҳои ба ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани аз рӯи штат соҳибмансаб буданд ё дар он давраҳо дар шаҳрҳое буданд, ки иштирок дар муҳофизаи онҳо ба собиқаи хизмат ҷиҳати таъин намудани нафақа аз рӯи шарту шароити барои хизматчиёни ҳарбии қисмҳои армияи амалкунанда муқарраршуда ҳисоб карда мешавад.
г) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани дар ҳайати қисмхои ҳарби, штабҳо ва муассисаҳои ба ҳайати армияи амалкунанда ва флот дохилшаванда ба сифати писархондҳои (тарбиягирандагони) полкҳо ва юнгаҳо шомил буданд;
д) шахсоне, ки дар амалиёти ҷанги бар зидди Германияи фашисти ва иттифоқчиёни он дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар қаламрави кишварҳои хориҷи дар ҳайати отрядҳои партизани, гурӯҳҳои пинҳонкор ва дигар воҳидҳои зиддифашисти иштирок кардаанд;
е) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла онҳое, ки ба эҳтиёт (истеъфо) баромадаанд, шахсони ҳайати роҳбари ва қатории мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, шахсоне аз ҷумлаи ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизати халқ, ки супоришҳои Ҷангии ҳукуматии Иттиҳоди ҶШС-ро дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 9 майи соли 1945 дар қаламрави ИҶШС, ҶШС Белоруссия, ҶШС Литва, ҶШС Латвия ва ҶШС Эстония иҷро кардаанд.
Моддаи 15. Дигар категорияҳои шаҳрвандоне, ки ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани баробар карда шудаанд
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Ба ҷумлаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани, ки дар моддаи 14-уми Қонуни мазкур пешбини гардидаанд, чунин шахсон низ дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
а) коркунони воҳидҳои махсуси Комиссариати халқии роҳҳо, Комиссариати халқии алоқа, ҳайати шинокунандаи киштиҳои шикори ва нақлиёти ва ҳайати парвозу боркашонии авиатсияи Комиссариати халқии саноати моҳии собиқ Иттиҳоди ҶШС, Флоти баҳрию дарёи, ҳайати парвозу боркашонии авиатсияи роҳҳои асосии баҳрии шимоли, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани ба ҳолати шахсони ба ҳайати Армияи Сурх дохилбуда гузаронида шуда, ба манфиати армияи амалкунанда ва флот вазифаҳоро дар ҳудуди сарҳадҳои ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, минтақаҳои оперативии флотҳо иҷро менамуданд, инчунин аъзоёни экипажи киштиҳои флоти нақлиёти, ки дар оғози Ҷанги Бузурги Ватани ба бандарҳои давлатҳои дигар боздошта шуда буданд;
б) шахсоне, ки дар объектҳои мудофиаи зиддиҳавои, мудофиаи зиддиҳавоии маҳалли, дар сохтмони иншоотҳои мудофиави, базаҳои баҳри, аэродромҳо ва дигар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, дар қитъаҳои роҳи оҳан ва автомобилии ба фронт наздик, дар госпиталҳои эвакуатсиони ва поёздҳои санитари дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани кор кардаанд;
в) кормандони муассисаҳо, ташкилотҳо (аз ҷумла муассисаҳо ва ташкилотҳои фарҳанг ва санъат), намояндагони воситаҳои ахбори оммави, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани ба ҳайати армияи амалкунанда ба командировка фиристода шудаанд;
г) шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳалли ба ҷамъоварии муҳимот ва техникаи ҳарби, аз мина тоза кардани минтақаҳо ва объектҳо ҷалб карда шудаанд;
д) шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор кардаанд ва бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шудаанд ва шахсоне, ки бо нишони «Сокини Ленингради дар муҳосирабуда» мукофотонида шудаанд;
е) шахсоне, ки бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҶШС барои мехнати фидокорона ва хизмати бенуқсони ҳарби дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани мукофотонида шудаанд;
ж) шахсоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 дар хизмати ҳарби, дар хизмати мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати на камтар аз шаш моҳ буданд (ғайр аз шахсоне, ки дар хизмати армияи амалкунанда қарор доштаанд);
з) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани дар ақибгоҳ камаш шаш моҳ, ба истиснои вақти кор дар марзҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС, кор кардаанд;
и) собиқ маҳбусони ноболиғи лагерҳои консентратсиони, гетто ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбури, ки аз тарафи фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон сохта шуда буданд;
к) ҳамсари (шавҳари) маъюбони вафоткардаи Ҷанги Бузурги Ватани ва маъюбоне, ки ба онҳо баробар карда шудаанд, инчунин ҳамсари (шавҳари) иштирокчиёни вафоткардаи ҷанг, партизанҳо, пинҳонкорон, шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград дар муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор кардаанд ва бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» ва нишони «Сокини Ленингради дар муҳосирабуда» мукофотонида шуда, дар натиҷаи касалиҳои умуми, иллати (маъюбии) меҳати ва дигар сабабҳо ҳамчун маъюб эътироф шудаанд (ба ғайр аз шахсоне, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонуни маъюб шудаанд), ва никоҳи дигар накардаанд.
Моддаи 16. Иштирокчиёни амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар
Чунин шахсон иштирокчиёни амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар шуморида мешаванд:
а) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, ӯҳдадорони ҳарбие, ки ба ҷамъомадҳои ҳарби ҷалб шудаанд, шахсони ҳайати қатори ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, кормандони мақомоти мазкур ва Вазорати мудофиаи собиқ ИҶШС, ки дар асоси қарори мақомоти ҳокимияти давлатии ИҶШС ба дигар давлатҳо фиристода шуда, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҳарбиашон (хизматиашон) дар ин давлатҳо дар амалиётҳои ҷанги иштирок кардаанд;
б) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, шахсони ҳайати қатори ва роҳбарии мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизаи халқ, ки ҳангоми иҷрои супоришоти Ҷангии ҳукумати дар қаламрави ИҶШС дар давраи аз 10 маи соли 1945 то 31 декабри соли 1951 ё давраҳои дигар дар амалиёти ҷанги иштирок кардаанд;
в) хизматчиёни баталонҳои автомобили, ки ба Афғонистон барои кашондани борҳо дар давраи амалиёти ҷанги ба ин кишвар фиристода шудаанд;
г) хизматчиёни ҳарбии ҳайати парвозкунанда, ки аз қаламрвви Иттиҳоди ҶШС барои иҷрои супоришҳои Ҷанги ба Афғонистон парвоз кардаанд;
д) кормандоне, ки (ба шумули аъзоёни экипажҳои парвозкунандаи самолётҳои авиатсияи граждани, ки дар давраи амалиёти ҷанги дар Афғонистон парвоз кардаанд) ба қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Муссаллаҳи ИҶШС ҳудуди давлатҳои дигар хизмат расонида, маъюб шудаанд, садаме дидаанд, ё иллатнок гардидаанд, ё бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд;
е) кормандоне, ки аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989 ба Афғонистон ба кор фиристода шуда, мӯҳлати хизмати муқарраршударо адо намудаанд ё бо сабабҳои узрнок пеш аз мӯҳлат пас фиристода шудаанд.
Моддаи 17. Маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва маъюбони амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар
Чунин шахсон маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва маъюбони амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар1 шуморида мешаванд:
а) хизматчиёни ҳарби, аз ҷумла ба эҳтиёт (истеъфо) баромадагиҳо, (ба шумули тарбиягирандагони қисмҳои ҳарби ва юнгаҳо), ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд ё дар қисмҳои ҳарби, штабҳо ва муассисаҳои шомили ҳайати армияи амалкунанда дохилшаванда муваққатан қарор доштанд, партизанҳо, пинҳонкорон, коргарон ва хизматчиёне, ки дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории дар давраи Ҷанги граждани ва Ҷанги Бузурги Ватани, дар минтақаҳои роҳи оҳани наздикии фронт, дар сохтмони иншоотҳои мудофиави, базаҳои ҳарбии баҳри, аэродромҳо гирифтор шудаашон маъюб гардидаанд ва онҳое, ки аз ҷиҳати таъмини нафақа ба хизматчиёни ҳарбии қисмҳои армияи амалкунанда баробар карда шудаанд;
б) хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории ҳангоми ҳифзи Ватан ё ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарби дар фронт, дар минтақаҳои амалиёти ҷанги маъюб шудаанд;
в) шахсони ҳайати қатори ва роҳбарии мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, ки дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар минтқаҳои амалиёти ҷанги ба амаломада маъюб шудаанд;
г) хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати қатори ва роҳбарии мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати, ҷанговарон ва ҳайати фармондеҳии баталионҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои муҳофизаи халқ, ки дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории ҳангоми иҷрои супоришҳои Ҷангии ҳукумати дар қаламрави ИҶШС дар давраи аз 1 январи соли 1944 то 31 декабри соли 1951 ё давраҳои дигар ба амаломада маъюб шудаанд;
д) шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳалли ба ҷамъоварии лавозимот ва техникаи ҳарби, аз мина тоза кардани минтақаҳо ва объектҳо ҷалб шуда, дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории дар ин давра шудаашон маъюб шудаанд;
е) кормандони ба қисмҳои армияи амалкунанда дар қаламрави давлатҳои дигар хизматрасонанда, ки дар натиҷаи ярадоршави, садама, иллат ё бемории дар давраи амалиёти ҷанги дар ин давлатҳо мубталогаштаашон маъюб шудаанд.
Моддаи 18. Мақомоте, ки феҳристи қисмҳои ба ҳайати армияи амалкунанд дохилшаванда, феҳристи давлатҳоеро, ки дар онҳо амалиёти ҳарби бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда шудаанд, муайян мекунанд ва шаҳрвандонро ба категорияи собиқадорон дохил менамоянд
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Феҳристи қисмҳои ҳарби, ки ба ҳайати армияи амалкунанда дохил буданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Феҳристи давлатҳо, шаҳрҳо, минтақаҳо ва давраҳои амалиёти ҷанги, ки бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда шудаанд, инчунин ба ҷумлаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани ва собиқадорони амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар дохил намудани дигар категорияҳои шаҳрвандон аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 19. Собиқадорони хизмати ҳарбӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
-
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҶШС, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳади, қӯшунҳои дохили ва дигар воҳидҳои ҳарбии мувофиқи Қонун ташкилшуда, инчунин хизматчиёни ҳарбии вазоратҳо ва идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарби пешбини шудааст, дар сурати мавҷудияти яке аз асосҳои зайл собиқадорони хизмати ҳарбӣ
мебошанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843), (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2039):
-
25 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;
-
рухсат шудан аз хизмати ҳарби бинобар вазъи саломати (аз рӯи маъюби); (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
-
рухсат шудан аз хизмати ҳарби бинобар ихтисор шудани штатҳо дар сурати мавҷудияти 20 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он; (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
-
дода шудани унвони фахри ё мукофотонида шудан бо орденҳою медалҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идорави.
-
Барои шахсони дар моддаи мазкур зикршуда унвони «Собиқадори хизмати ҳарбӣ» муқаррар карда мешавад. Тартиби додани унвони «Собиқадори хизмати ҳарбӣ»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
Моддаи 20. Собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
-
Собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ он шахсоне мебошанд, ки дар вазифаи қаторӣ ё дар ҳайати роҳбарӣ (аз рӯи аттестатсия) дар мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти назорати маводи нашъаовар ва мақомоти прокуратура хизмат мекунанд, судяҳои собиқ Иттиҳоди ҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин судяҳои Суди иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ки дорои яке аз асосҳои зайл ҳастанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843, аз 24.12.2022
№ 1939, Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2039):
-
25 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он;
-
рухсат шудан аз вазифа (хизмат) бинобар вазъи саломати (аз рӯи маъюби); (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
-
рухсат шудан аз вазифа (хизмат) бинобар ихтисори штатҳо дар сурати мавҷудияти 20 соли тақвимии собиқаи хизмат ва беш аз он; (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
-
дода шудани унвони фахри ё мукофотонида шудан бо ордену медалҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идоравӣ.
2.
Барои шахсони дар моддаи мазкур зикршуда унвони «Собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» муқаррар карда мешавад. Тартиби додани унвони «Собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
Моддаи 21. Собиқадори меҳнат
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Собиқадорони меҳнат шахсоне мебошанд, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шароити хоҷагидори дар давоми на камтар аз 25 соли тақвими (барои мардҳо) ва 20 соли тақвими (барои занҳо) кор карда, яке аз асосҳои зеринро доранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
дода шудани унвони фахри ё мукофотонида шудан бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҶШС ё Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мукофотонида шудан бо се дараҷаи нишонҳои хизмати шоистаи идорави;
барои хизматҳои шоистаашон нафақа мегиранд.
Тартиб ва шарту шароити додани унвони «Собиқадори меҳнат» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 22. Эътибори унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон», орденҳо, медалҳо ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
Эътибори унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон», орденҳо, медалҳо ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
Собиқадороне, ки ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, аз дигар ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷуброн, ки тавассути Статути мукофотҳои мазкур мувофиқи қонун муқаррар карда шудаанд, истифода бурда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 23. Нишони сарисинаги ва шаҳодатномаи собиқадор
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Нишонҳои сарисинагии собиқадороне, ки дар моддаи 13-уми Қонуни мазкур зикр шудаанд, мукофоти давлати буда, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти (шахсони) ба он вазифадор кардашуда супурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843. Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2039).
Статути нишони сарисинаги тафассути Қонун муайян карда мешавад ва тавсифи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонун аз 13.11.98с. № 675).
Ҳуқуқ, кафолатҳо ва ҷуброни давлатии собиқадорон ҳангоми аз тарафи онҳо нишон додани шаҳодатномаҳои намунаашон якхелае, ки Шӯрои Вазирони ИҶШС то 31 декабри соли 1991 ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як категорияи собиқадорон муқаррар кардааст, татбиқ мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 24. Тадбирҳои умумии ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимоии собиқадорон
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Ба шахсоне, ки дар асоси ҳамин Қонун собиқадор дониста шудаанд, афзалиятҳои зайл дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
1) ҳуқуқи афзалиятнок барои муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тиббии статсионари ва амбулатории давлати (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
2) муоинаи ҳарсолаи диспансери дар муассисаҳои тиббии давлати;
3) ҳангоми ба нафақа баромадан ройгон истифода бурдан аз марказҳои саломатие, ки дар онҳо ба қайд гирифта шуда буданд (аз ҷумла марказҳои саломатии тобеи идори) (Қонун аз 17.12.2020 № 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
4) дар навбати аввал аз ҷои кор таъмин карда шудан, барои бекорон бошад, - аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа дар маҳалли истиқомат ё аз тарафи мақоми таъинкунандаи нафақа таъмин намудани роҳхатҳо барои истироҳат дар шифохонаҳо, профилакторияҳо ва истироҳатгоҳҳо;
5) афзалият барои табобати истироҳатгоҳию курорти дар вақти муносиб (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда); (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
6) бемузд омӯхтани касбҳои нав дар маҳалли кор дар курсҳои такмили ихтисос дар системаи давлатии тайёр кардани кадрҳо ва такмил додани ихтисоси онҳо бо пардохти музди меҳнат аз ҷои кор дар тамоми давраи таҳсил;
7) дар мавриди мувофиқ истифода бурдани рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пулаки ва гирифтани рухсатии бемузди меҳнат (Қонун аз 17.12.2020 № 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
8) афзалият ҳангоми таъини нафақа, пардохти кумакпулӣ ва андоз, ки қонунгузори муқаррар кардааст;
9) афзалият ҳангоми қабул шудан ба хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоии нафақахӯрон ва шӯъбаи расонидани ёрии иҷтимои дар хона (бенавбат фақат ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани ва амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар, ба категорияи боқимондаи собиқадорон - дар навбати аввал) (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
10) афзалият дар истифодаи тамоми навъҳои хидмати алоқа, муассисаҳои мадани-равшаннамои ва варзишию тандурусти, харидани билет ба тамоми, навъҳои нақлиёт (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
11) афзалият ҳангоми қабул шудан ба муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ; (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2039)
12) афзалият ҳангоми дохил шудан ба кооперативҳои манзили, сохтмони манзил, гараж, кооперативҳои бустонсаройсози, ширкатҳои боғпарварию обчакори, ҳангоми гирифтани қитъаҳои замин (дар ҳудуди меъёре, ки қонунгузори муқаррар кардааст) барои сохтмони хонаҳои хусуси, хоҷагиҳои боғдорию обчакори (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
13) афзалият дар гирифтани қарз аз муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) хона, манзили истиқоматии шахси, боғсарой, ободонии қитъаи боғи ва таъмири асосии манзилҳои ба онҳо тааллуқдошта (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда);
14) ройгон шахси кунонидани манзили ишғолкардаи истиқомати дар хонаҳои фонди давлати ва идораҳо (аз рӯи қоидаҳои банди 9-уми ҳамин модда) (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
15) ба ҳисоби собиқаи меҳнат (собиқаи хизмат) дохил кунонидани факти иштирок дар амалиётҳои ҷанги дар ҳаҷми секарата (як сол ба ҳисоби се сол).
ФАСЛИ IV. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНИ ДАВЛАТИИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Моддаи 25. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Собиқадорони ҷанг (моддаи 14-ум) ғайр аз тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимои, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии зерин истифода менамоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
а) умрбод аз пардохтҳои зерин озод карда мешаванд;
1) аз андоз аз даромад, андози замин, андоз аз соҳибони иморатҳо ва андоз аз моликияти шахсони воқеъи, андоз аз соҳибони васоити нақлиёт ва дигар мошину механизмҳои худгард, инчунин андоз аз курортпули, андоз аз пули рақамҳои автомобили ё мотоколяскаҳо, пардохти патент барои машғул шудан ба фаъолияти фардии меҳнати ё ба қайди давлат даровардани шуғли соҳибкори бидуни ташкили шахси ҳуқуқи, инчунин дар мавридҳое, ки қонунгузори муқаррар кардааст, аз пардохти дигар намуди андозҳо ва боҷу хироҷ;
2) аз пардохти ҳаққи манзили ишғолнамудаи истиқомати. Зимнан то 15 метри мураббаъ аз масоҳати иловагии истиқомати ба андозан яккарата пардохта мешавад;
3) аз пардохти ҳаққи хидмати посбонии ғайриидорави, хадамоти коммунали (новобаста аз фонди манзили, ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) ва барои онҳое, ки дар хонаҳои оби гарме надошта зиндаги мекунанд, аз пардохти пули сӯзишвори дар ҳудуди меъёри фурӯши барои аҳоли муқарраршуда ва хизматгузории нақлиёти барои расонидани ин сӯзишвори (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004
№ 9);
4) аз пардохти хизмати алоқа;
5) барои гирифтани қитъаҳои замин дар он ҳаҷме, ки қонунгузори барои сохтани хонаи шахси, боғчаҳо, гараж, хоҷагии боғдорию полези, чорво муқаррар кардааст;
6) аз фоизи қарзи яккаратаи муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) хона, бинои шахси, боғсаро, ободонии қитъаи замини боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқони;
7) аз дорупули дар асоси дорухат дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст; (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
8) аз ҳаққи сохтану тармим кардани дандонҳои сунъи (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд) инчунин барои таъмин кардан бо навъҳои дигари ёрии протезию-ортопеди (ба истиснои онҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд);
9) аз пули роҳхатҳо барои табобати истироҳатгоҳию курорти (ба шарте, ки онҳо барои корнамоиҳои ҷанги бо ду ва зиёда аз он орденҳои ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуда бошанд) (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
10) аз роҳкирои ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри ва наздишаҳри (ба ғайр аз такси) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умуми, бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои такси) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, ҳамчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳри ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳри (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
11) аз роҳкиро як бор дар ду сол ҳангоми рафтуомад дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ё автомобили ё ин ки мувофиқи хоҳиши ӯ дар як сол як бор сафар (рафтуомад) кардан бо нархи 50 фоиз арзоншуда бо навъҳои нақлиёти дар боло номбурда;
б) ғайр аз ин ҳуқуқи зерин дода мешавад:
1) дар навбати аввал (барои маъюбон бенавбат) аз ҷои кор, бо нархи арзон ва барои касоне, ки кор намекунанд, аз ҳисоби мақоми дахлдори таъминоти нафақа гирифтани роҳхат барои табобати истироҳатгоҳию курорти (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
2) дар навбати аввал шахсони барои беҳбуди шароити манзили муҳтоҷ, (маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 бенавбат) аз ҳисоби фондҳои манзилии давлати ё идорави ройгон бо манзили истиқомати таъмин мешаванд (кӯчондани онҳо аз манзили истиқоматии хизмати бе додани манзили истиқоматии дигар манъ аст) (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
3) бенавбат гузаронидани телефони хона, зимнан барои инвалидони ҷанг ройгон (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
4) берун аз конкурс қабул кардан ба муассисаҳои таълими давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва дар давраи таҳсил дар ин муассисаҳо гирифтани стипендияи зиёдтаре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст; (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2039)
5) аз ҷои кор гирифтани рухсатии бемузди меҳнат ба мӯҳлати се ҳафта (маъюбони ҷанг то чор ҳафта) (Қонун аз 17.12.2020 № 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
6) дар навбати аввал (барои маъюбони ҷанг бенавбат) таъмир намудани манзили истиқомати;
7) гирифтани кумакпулӣ барои корношоямии муваққати дар натиҷаи бемории умуми то се моҳ паи ҳам ё то чор моҳ, паи ҳам дар як соли тақвими (маъюбони ҷанг мувофиқан чор ва панҷ моҳ); (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
8) гирифтани кумакпулӣ барои корношоямии муваққати дар ҳаҷми 100 фоиз, новобаста аз собиқаи меҳнати; (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
9) дар навбати аввал таъмин шудан бо сӯзишвори.
Ба иштирокчиёни ҷанг, ки дар натиҷаи бемориҳои умуми, иллати меҳнати ва дигар сабабҳо (ба истиснои шахсоне, ки маъюбиашон дар натиҷаи аъмоли ғайриқонуни ба амал омадааст) маъюб шудаанд, ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷуброни маъюбони ҷанг, мувофиқи гурӯҳи муқаррашудаи маъюби, бидуни ташхиси иловагии экспертии тибби дода мешавад.
Моддаи 26. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии маъюбони ҷанг
Ба маъюбони ҷанг (моддаи 17) илова бар тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии дар моддаи 24-25-уми ҳамин Қонун пешбинишуда ҳуқуқҳои зерин дода мешаванд:
1) бенавбат дар муассисаҳои давлатии табобатии статсионари хобидан (барҳам додани шифохонаи маъюбони ҷанг мумкин нест);
2) ба онҳо мутобиқи хоҳишашон ба ҷои роҳхат, барои табобати истироҳатгоҳу курорти дар ду сол як бор додани ҷубронпули аз рӯи тартибу андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
3) гирифтани варақаи бемори (ба маъюбони гурӯҳи 1-2) дар сурати нокифоя будани рухсатии навбати ва иловаги барои табобат ва рафтуомади курорт барои чанд рӯзе, ки лозим бошад. Зимнан
кумакпулӣ, сарфи назар аз он ки роҳхат аз ҳисоби ки дода шудааст, пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843; аз 13.11.2024с., №2103);
4) бенавбат гирифтани масолеҳи сохтмони барои сохтмони манзили шахси ва таъмири асосии хонае, ки дар он истиқомат мекунанд;
5) таъмири асосии хонаҳои хусуси аз ҳисоби буҷети маҳалли ба тартибе, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян кардааст;
6) ройгон сафар кардан, аз ҷумла барои шахсе, ки маъюби гурӯҳи 1-умро ҳамроҳи мекунад, дар тамоми навъҳои нақлиёти шаҳрии мусофиркаш бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умуми (ба ғайр аз такси) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин ҳаракати наздишаҳри (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
7) дар як сол як бор ройгон сафар кардан (рафтану омадан) тавассути нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавои ё автомобилии байнишаҳри. Ба шахсе, ки маъюби гурӯҳи 1-умро дар сафар ҳамроҳи мекунад (на зиёдтар аз як ҳамроҳикунанда) нархи раҳкирои навъҳои номбаршудаи нақлиёт 50 фоиз арзон карда мешавад. Зимнан, маъюбони гурӯҳи 3-юм-дар як сол як бор аз роҳкирои 50 фоиз арзоншудаи (рафтану омадан) бо нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ва нақлиёти автомобилии байнишаҳри истифода мебаранд (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
Ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани аз рӯи тартибу мӯҳлате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, бо пешниҳоди муоинаи тибби ройгон (бидуни ҳуқуқи фурӯхтан) автомобили сабукрави дасти идорашаванда ба муддати ҳафт сол ё ин ки мотоколяска ба муддати истифодаи панҷсола дода шуда, ҳароҷоти хариди бензин, қисмҳои эҳтиёти, инчунин хароҷоти тармиму хизматрасонии техникиашон пардохта мешавад. Зимнан ба маъюбоне, ки аз рӯи муоинаи тибби барои ройгон мошин ё мотоколяска гирифтан ҳуқуқ доранду онро нагирифтаанд, ҳар сол ҷубронпулии хароҷот барои истифодаи нақлиёт пардохта мешавад (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741).
Моддаи 27. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии собиқадорони амалиётҳои ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Собиқадорони амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар ба ғайр аз тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимои, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз кафолату ҷуброни зерин истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
а) кафолату ҷуброни дар моддаи 25-уми ҳамин Қонун зикршуда, ба истиснои зербандҳои 2), 3), 4)-ум ва 10)-уми банди «а» ва зербандҳои 3, 7-уми банди «б» - шахсоне, ки дар сарсатрҳои «а», «б», «в»-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд, истифода мебаранд. 3имнан категорияи шахсони мазкур хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии), пули хизмати алоқаро 50 фоиз кам месупоранд, барояшон бенавбат телефони хона гузаронида мешавад. Бар замми он, категорияи шахсони номбаршуда, ки садама дидаанд ва ярадору иллатнок шудаанд, ҳақ доранд дар ду сол як бор (рафтану омадан) дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ё нақлиёти автомобилии байнишаҳри ройгон сафар кунанд, ё бо хоҳиши худ дар як сол як бор дар нақлиёти зикршуда бо пардохтани 50 фоизи ҳақи роҳкиро сафар кунанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996
№ 223, аз 28.02.2004
№ 9, аз 12.01.2010
№ 594, аз 17.12.2020
№ 1741);
б) дар моддаи 25-уми Қонуни мазкур зикршуда ба истиснои зербандҳои 1), 2), 3), 4)-ум ва 10)-уми банди «а» ва зербандҳои 3, 7, 9-уми банди «б» онҳое, ки дар сарсатрҳои «г» ва «д»-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010
№ 594, аз 23.12.21 №
1843);
в) дар моддаи 25-уми ҳамин Қонун зикршуда, ба истиснои зербандҳои 1), 2), 3), 4), 6), 7), 8) ва 10)-уми банди «а» ва зербандҳои 2, 3, 6, 7, 8-уми банди «б» - онҳое ки дар сарсатри «е»-и моддаи 16-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010
№ 594).
Моддаи 28. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии коркунони ташкилотҳои махсуси Комиссариатҳои халқи ва идораҳои собиқ ИҶШС
Коркунони ташкилотҳои махсуси Комиссариати халқии роҳҳо, Комиссариати халқии алоқа, ҳайати шинокунандагони киштиҳои шикори ва боркашон ва ҳайати парвозу боркашонии Комиссариати халқии саноати моҳии собиқ ИҶШС, флотҳои баҳрию дарёи, ҳайати парвозкунандагону боркашонии авиатсияи Саридораи роҳҳои Баҳри Шимоли (Главсевморпуть), ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани ба ҳолати шахсони ба ҳайати Армияи Сурх дохилбуда гузаронида шуда, ба манфиати армияи амалкунанда ва флот супоришҳоро дар ҳудуди сарҳадҳои ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, минтақаҳои оперативии флотҳо иҷро менамуданд, аъзоёни экипажҳои киштиҳои флоти боркашон, ки дар аввалҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар бандарҳои дигар давлатҳо боздошта шудаанд, ҳамчунин шахсони дар сарсатрҳои «в» ва «г»-и моддаи 15-уми ҳамин Қонун зикршуда илова бар тадбирҳои ҳифзи иҷтимои, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни зерини давлати истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи бефоизи яккарата аз муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) хонаи хусусии истиқомати, боғсаро ва ободонии қитъаи замини боғи;
2) ройгон гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузори барои сохтмони манзили истиқомати, хоҷагии боғдорию полизи ва деҳқони муайян кардаанд (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
3) дар навбати аввал гузаронидани телефони хона;
4)
дар асоси дорухат ройгон гирифтани доруҳо дар ҳудуди меъёре, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар кардааст ва ройгон ва дар навбати аввал сохтану таъмир кардани дандонҳои сунъи (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта мешаванд) дар дармонгоҳҳои маҳалли истиқомат (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
5) гирифтани рухсатии бемузди меҳнат соле ба муддати то сеҳафта (Қонун аз 17.12.2020 № 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
6) ройгон сафар кардан бо тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳр ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунии дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳри ва автобусҳои хати ҳаракати наздишаҳри (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
7) озод будан аз пардохти хонапули, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) ва хизмати алоқа (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004
№ 9).
Моддаи 29. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор карда, бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» ё нишони «Ба сокини Ленингради дар муҳосирабуда» мукофотонида шудаанд
Шаҳрвандоне, ки дар давраи муҳосираи шаҳри Ленинград (аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944) дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳр кор карда, бо медали «Барои мудофиаи Ленинград» ё нишони «Ба сокини Ленингради дар муҳосирабуда» мукофотонида шудаанд, илова бар тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимои, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни зерини давлати истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи бефоизи яккарата аз муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) хонаи хусусии истиқомати, хоҷагии боғдори ё деҳқони;
2) дар навбати аввал ройгон ва бенавбат гирифтани манзили истиқомати дар хонаҳои мансуби фонди манзилии давлати ва идорави барои шахсоне, ки муҳтоҷи беҳтар кардани шароити манзили мебошанд, дар навбати аввал таъмир намудани манзилҳои истиқоматии онҳо (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
3) бенавбат гузаронидани телефони хона;
4) ройгон гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузори барои сохтмони манзили истиқоматии шахси, хоҷагии боғдорию полизи муайян кардааст (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
5) ройгон гирифтани доруҳо
дар асоси дорухат дар ҳудуди меъёре ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
6) ройгон сохтану таъмир кардани дандонҳои сунъи (ба истиснои дандонҳои сунъие, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд), ва таъмин намудан бо дигар навъҳои дандонҳои сунъи ва маснуоти ортопеди (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
7) гирифтани рухсатии бемузди меҳнат ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол (Қонун аз 17.12.2020 № 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
8) аз ҷои кор таъмин шудан бо роҳхат ба шифохонаҳо, дармонгоҳҳо, хонаҳои истироҳат бо нархи арзон ва касони корнакунанда аз тарафи мақомоти нафақа бо роҳхатҳои ройгон таъмин карда мешаванд (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
9) ройгон таъмин шудан бо роҳхатҳо аз рӯи муоинаи тибби барои табобати истироҳатгоҳию курорти дар давраи аз октябр то апрел (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
10) ройгон сафар кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва наздишаҳрибо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми (ғайр аз такси) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани байнишаҳри ва автобусҳои хати ҳаракати наздишаҳри (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
11) ройгон сафар кардан дар ду сол як бор (рафтану омадан) дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ё нақлиёти автомобилии байнишаҳри ё ин ки дар як сол як бор сафар кардан ба навъҳои нақлиёти номбаршуда бо 50 фоиз кам кардани роҳкиро (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
12) озод будан аз пардохти хонапули. Зимнан пули масоҳати иловагии манзили истиқомати (то 15 метри мураббаъ) дар ҳаҷми яккарата пардохта мешавад;
13) озод будан аз паддохти музди хизмати посбонии ғайриидорави, хизмати коммунали ва хизмати алоқа. Зимнан шахсоне, ки хонаҳояшон маркази гармидиҳанда надорад, - аз пардохти пули сӯзишвори, ки дар ҳудуди меъёрҳои барои фурӯш ба аҳоли муқаррар карда шудаанд ва хизмати нақлиёти барои овардани ин сӯзишвори.
Моддаи 30. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии шахсоне, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда кор мекарданд
Шахсоне, ки дар объектҳои мудофиаи зиддиҳавои, мудофиаи зиддиҳавоии маҳалли, сохтмони иншоотҳои мудофиави, базаҳои баҳри, аэродромҳо ва дигар объектҳои ҳарбии ҳудуди сарҳади ақибгоҳии фронтҳои амалкунанда, дар минтақаҳои наздифронтии роҳи оҳан ва автомобилгард, дар шифохонаҳои сайёр (эвакуасиони), ва поездҳои санитари дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани кор кардаанд, илова бар тадбирҳои ҳифзи ҳуқуқи ва иҷтимои, ки моддаи 21-уми ҳамим Қонун пешбини намудааст аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии зерин истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи яккаратаи бефоизи муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) хонаи истиқоматии хусуси, боғсарой ва ободонии қитъаи замини боғ аз рӯи тартиб ва ҳаҷме, ки қонунгузори муқаррар кардааст;
2) ройгон гирифтани қитъаҳои замин дар ҳаҷме, ки қонунгузори барои сохтмони манзили хусуси ва ташкили хоҷагии деҳқони муайян кардааст (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
3) 50 фоиз кам кардани нархи доруҳои дар асоси дорухат гирифташаванда дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муқаррар кардааст; (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
4) гирифтани рухсатии бемузди меҳнат ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол (Қонун аз 17.12.2020 № 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
5) ройгон сафар кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳри (ба ғайр аз такси) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми дар деҳот бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомати, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳри ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳри (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
6) озод будан аз пардохти пули манзил, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табии), пардохти пули хизмати алоқа (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004
№ 9);
7) касонеро, ки дар натиҷаи бемории умуми маъюби гурӯҳи I ва II шудаанд, аз манзили хизматии ишғолкардаашон бидуни барояшон ройгон додани манзили истиқоматии дигар хориҷ намудан мумкин нест. (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
Моддаи 31. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии шахсоне, ки аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз шаш моҳ дар хизмати ҳарби, хизмати мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати будаанд (ба ғайр аз шахсони дар ҳайати армияи амалкунанда буда ё барои хизмати бенуқсони ҳарбии солҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотнидашуда)
Шахсоне, ки аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 камаш 6 моҳ дар хизмати ҳарби, хизмати мақомоти корҳои дохили ва амнияти давлати будаанд (ғайр аз шахсони дар ҳайати армияи амалкунанда буда ё, барои хизмати бенуқсони ҳарби дар ақибгоҳ, солҳои Ҷанги Бузурги Ватани бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд), ба ғайр аз тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимои, ки моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбини кардааст, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни зайли давлати истифода мебаранд:
1) гирифтани кредитҳои якдафъагии бефоизи муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) манзил, хонаи истиқоматии шахси, боғсарой, ободонии қитъаи замини боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ва деҳқони ба тартибе, ки қонунгузори муқаррар кардааст;
2) маъюбони гурӯҳҳои I ва II аз хонаҳои хизмати, ки дар он зиндаги мекунанд, бе додани дигар манзили ройгон кӯчонда шуда наметавонанд (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
3) гирифтани
рухсатии бемузди меҳнат ба мӯҳлати то се ҳафта дар як сол (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
4) рафтуои ройгон дар ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) , инчунин 50 фоиз кам кардани музди рафту омад бо нақлиёти мусофиркаши наздишаҳри ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741).
Моддаи 32. Ҳуқуқу кафолатҳо ва ҷуброни шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар маҳалҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС, ё барои меҳнати фидокоронаи солҳои Ҷанги Бузурги Ватани дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд
Шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор кардан дар маҳалҳои муваққатан истилошудаи ИҶШС ё барои меҳнати фидокоронаи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд, бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоии дар моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинишуда аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии дар моддаҳои 25, 26 ва банди 2 моддаи 31 Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010
№ 594).
Моддаи 33. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни собиқ асирони ноболиғи конслагерҳои фашисти
Асирони собиқ ноболиғи лагерҳои консентратсиони, гетто ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҷбури, ки фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани ташкил карда буданд, бар замми ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинишуда, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии зайл истифода мебаранд:
1) гирифтани қарзи бефоиз аз муассисаҳои бонки давлати барои харидани (сохтани) манзил, хонаи истиқоматии шахси, боғсарой, ободонии қитъаи боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқони ба тартибе, ки қонунгузори муқаррар кардааст;
2) озод будан аз пардохти пули манзил, хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) ва хизмати алоқа, касоне, ки дар хонаҳои маркази гармидиҳанда надошта сукунат доранд, аз пули сӯзишвори дар ҳудуди меъёрҳое, ки барои фурӯш ба аҳоли муқаррар шудааст (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004
№ 9);
3) дар навбати аввал гузаронидани телефони хона;
4) 50 фоиз кам кардани пардохти пули доруҳои дар асоси дорухат харидашаванда дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳамчунин пардохти пули сохтан ва таъмир кардани протезҳои дандон (ба истиснои протезҳо аз маъданҳои қиматбаҳо) ва дигар ёрии протезию ортопеди аз рӯи нишондоди тибби; (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
5) гирифтани рухсатии бемузди меҳнат ба муддати то се ҳафта дар як сол (Қонун аз 17.12.2020 № 1741; 13.11.2024с., №2103);
6) соле як маротиба 50 фоиз кам кардани нархи рафтуомад дар нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавои ё нақлиёти автомобилии байнишаҳри ва ё бо хоҳиши худ дар ду сол як маротиба дар нақлиёти фавкуззикр ройгон рафтуомад кардан (Қонун аз 17.12.2020 № 1741);
7) ройгон рафтуомад кардан дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва нақлиёти мусофиркаши наздишаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми (ба ғайр аз такси) дар деҳот дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, инчунин дар нақлиёти роҳи оҳани наздишаҳри ва автобусҳои хатти ҳаракати наздишаҳри (Қонун аз 17.12.2020 № 1741).
ФАСЛИ V. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНИ ДАВЛАТИИ ШАХСОНЕ, КИ БАРОИ ХИЗМАТҲОИ ШОЁН БО ОРДЕНУ МЕДАЛҲО МУКОФОТОНИДА ШУДААНД
Моддаи 34. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯрави ва ашхоси бо се дараҷаи ордени «Шараф» мукофотонидашуда
Қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯрави ва ашхоси бо се дараҷаи ордени «Шараф» мукофотонидашуда илова ба тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоие, ки дар моддаи 24, зербандҳои 2), 3), 4), 5), 6), 7), 9)-уми банди «а» ва зербандҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9-уми банди «б»-и моддаи 25, сарсатрҳои 1, 3, 4, 5-уми қисми якуми моддаи 26-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии зайл истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010
№ 594);
1) таъини нафақа барои хизматҳои шоён;
2) соле як маротиба рафтуомади ройгон бо нақлиёти роҳи оҳан (вагони купейдор), нақлиёти ҳавои ё автомобилии байнишаҳри (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
3) озод будан аз пардохти ҳамаи андозу боҷу хироҷ;
4) соле як маротиба аз ҷои кор ва барои шахсоне, ки кор намекунанд, аз ҷониби мақомоти нафақа таъмин шудан бо роҳхати ройгон барои муолиҷаи
истироҳатгоҳию курорти мутобиқи хулосаи муассисаи тибби (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741, аз 23.12.21 №
1843; аз 13.11.2024с., №2103);
5) додани масоҳати иловагии истиқомат дар биноҳои фонди манзили давлати ё идорави то 20 метри мураббаъ. (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
Бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷои таваллуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрави ва шахси бо се дараҷаи ордени «Шараф» мукофотонидашуда хотираи онҳо бо гузоштани номашон ба кӯчаю майдонҳо, гулгаштҳо, мактабу маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои физикию географи ё бо тадбирҳои дигари дар қонунгузори пешбинигардида абади гардонида мешавад(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 35. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалисти ва ашхоси бо се дараҷаи ордени «Шарафи Меҳнати» мукофотонидашуда
Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалисти ва ашхоси бо се дараҷаи ордени «Шарафи Меҳнати» мукофотонидашуда илова ба ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24, зербандҳои 1), 2), 3), 4), 5), 6), 9)-уми банди «а», зербандҳои 2, 3, 4, 5, 8-уми банди «б»-и моддаи 25, сарсатрҳои 1, 3, 4, 5-уми қисми якуми моддаи 26 ва бандҳои 1, 2, 3-уми қисми якуми моддаи 34-уми ҳамин Қонун пешбини шудааст, ба ройгон гирифтани масоҳати иловагии манзили истиқомати то 15 метри мураббаъ ҳақ доранд (Қонуни ҶТ аз 12.01.2010
№ 594, аз 17.12.2020
№ 1741).
Моддаи 36. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени «Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» мукофотонда шудаанд
Шахсони бо се дараҷаи ордени «Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» мукофотонидашуда бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии дар моддаи 24, зербандҳои 1), 2), 5), 9)-уми банди «а», зербандҳои 2, 4, 5, 7-уми банди «б»-и моддаи 25, банди 3-уми қисми якуми моддаи 34-уми ҳамин Қонун пешбинишуда ҳақ доранд, ки соле як маротиба бо нақлиёти роҳи оҳан (вагони купейдор) ройгон рафту омад кунанд ва хароҷоти хизмати комуналиро дар ҳаҷми 50 фоиз кам мепардозанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996
№ 223, аз 12.01.2010
№ 594, аз 17.12.2020
№ 1741).
ФАСЛИ VI. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНИ ДАВЛАТИИ СОБИҚАДОРОНИ ХИЗМАТИ ҲАРБИ, МЕҲНАТ ВА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ СОБИҚАДОРОН - ШАҲРВАНДОНИ ДАВЛАТҲОИ ДИГАР
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Моддаи 37. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни собиқадорони хизмати ҳарби
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Собиқадорони хизмати ҳарби (моддаи 19) бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи статуси хизматчиёни ҳарбе пешбини шудааст, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии зайл истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843):
1) озод будан аз пардохти андозҳо (кам кардани маблағи андозҳо) дар ҳолатҳое, ки қонунгузори муайян месозад;
2) дар навбати аввал таъмин шудан бо манзили ройгон дар иморатҳои фонди манзилии давлати ва идорави. Зимнан аз манзил хориҷ кардани хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарби ҷавобшуда бидуни барояшон додани манзили дигар манъ аст (Қонун аз 17.12.2020 № 1741; аз 13.11.2024с., №2103);
3) гирифтани масоҳати иловагии истиқомати то 9 метри мураббаъ (барои ҳайати афсарони олирутба);
4) 50 фоиз кам кардани пули пардохти манзил ва хизмати коммунали (ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 9);
5) таъмини муолиҷаи истироҳатгоҳию курорти аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин сурат шахсоне, ки аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат мегиранд, як ҳиссаи арзиши роҳхатро мувофиқи тартиб ва андозаи муқарраркардаи қонун мепардозанд; (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
6) озод намудан аз пардохти пули рафтуомад дар ҳамаи навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва наздишаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва нақлиёти автомобилии истифодаи умуми (ғайр аз такси) дар деҳот (Қонун аз 17.12.2020 № 1741).
Ба собиқадорони дорои унвони генерал ҳангоми фиристода шуданашон барои хизматрасонии тиббӣ ва муолиҷаи истироҳатгоҳию курорти ба муассисаҳои тиббии ҳарби, санаторияву истироҳатгоҳҳо мутобиқи роҳхатҳое, ки муассисаҳои тиббии ҳарби медиҳанд, ҳуқуқ дода мешавад, ки дар асоси хулосаи муассисаҳои марбутаи тиббии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи идораи дахлдор барои муолиҷаи статсионари рафта оянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843; аз 13.11.2024с., №2103).
Моддаи 38. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқии иҷтимоие, ки дар моддаи 24-уми ҳамин Қонун, санадҳои қонунгузорӣ оид ба статуси шахсони ҳайати қаторӣ ва раҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони дорои унвони махсуси мақомоти гумрук, мақомоти назорати маводи нашъаовар, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии зайл истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843, аз 24.12.2022 № 1939, (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024):
1) таъин кардани нафақа, пардохтани замимапулӣ ва иловапулӣ ба нафақа мутобиқи Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»;
2) ҳисоб кардани вақти хизмат (собиқаи хизмат) ба собиқаи меҳнат (як бар як);
3) озод кардан аз пардохти пули рафтуомад дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умум бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар деҳот (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1741);
4) дар навбати аввал гирифтани хона, аз ҷумла масоҳати иловагии манзил то 9 метри мураббаъ (масоҳати иловагӣ ба шарте дода мешавад, ки унвон, дараҷа (рутба) ба унвони генерал-майор ва унвони аз он болотар, мутобиқ бошад);
5) 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил, хизмати коммуналӣ (ба истиснои пардохти қувваи барқ ва гази табиӣ) (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 9).
Моддаи 39. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии собиқадорони меҳнат
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Собиқадорони меҳнат ҳангоми ба нафақа баромадан бар замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқию иҷтимоие, ки дар моддаи 24, банди 3-юми моддаи 38-уми ҳамин Қонун пешбини шудаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии зайл истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843):
1) гирифтани кӯмаки модди ё молияви аз ҳисоби маблағи корхонаҳо;
2) гирифтани иловапули ба нафақа;
3) барои онҳое, ки ба нафақаи пиронсоли баромадаанд, нигоҳ доштани собиқаи муттасили меҳнати;
4) дар навбати аввал гирифтани манзил (дар ҳолатҳои пешбиникардаи Қонун).
Собиқадорони меҳнат вақти ба нафақа баромадан аз ҳуқуқи аъзои коллективи меҳатии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки онҳо пеш аз нафақахӯр шудан дар он ҷо кор мекарданд, истифода мебаранд. Ҳуқуқи беҳбуди шароити манзилии онҳо ва иштироки онҳо дар хусусигардони ва саҳҳомикунонии корхона, муассиса ва ташкилот боқи мемонад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843).
Моддаи 40. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии собиқадорон - шаҳрвандони давлатҳои дигар, ки муваққатан муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Собиқадорон - шаҳрвандони давлатҳои собиқ ИҶШС, шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд, ки муваққатан муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд, аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни зерини давлати истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843; аз 13.11.2024с., №2103):
а) собиқадорони ҷанг (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843);
аз рӯи варақаҳои дорухати духтурон ройгон гирифтани дорувор (дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон муайян месозад) (Қонун аз 17.12.2020 № 1741, аз 23.12.21 № 1843);
муолиҷаи ройгон дар муассисаҳои тиббии давлати (Қонун аз 17.12.2020 № 1741);
б) собиқадорони ҳамаи категорияҳо (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843):
рафтуомади ройгон дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри ва наздишаҳри бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истнои такси) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умум дар деҳот (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
бенавбат истифода бурдан аз хизмати алоқа ва муассисаҳои варзишӣ солимгардони ва маданию маърифати (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
бенавбат харидани билет ба ҳамаи навъҳои нақлиёт.
ФАСЛИ VII. ҲУҚУҚ ВА КАФОЛАТУ ҶУБРОНИ АЪЗОИ ОИЛАИ СОБИҚАДОРОН
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Моддаи 41. Шахсоне, ки аъзои оилаи собиқадорон дониста мешаванд
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Шахсони зайле, ки якҷоя бо оилаи собиқадор зиндаги мекунанд, аъзои оилаи ӯ дониста мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
а) волидайн (модар, падар);
б) ҳамсарон (шавҳар, зан);
в) фарзандони ба синни 18 нарасида ё калонтар аз ин син, агар онҳо дар муассисаҳои таълимии оли ё миёнаи касби таҳсил намоянд;
г) бародарон, хоҳарон ва набераҳои ғайриқобили меҳнат, агар онҳо дар таъминоти собиқадор бошанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
д) бобо, биби ё дигар ашхоси ғайриқобили меҳнат, ки дар таъминоти собиқадор мебошанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 42. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии аъзои оилаи собиқадор
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Аъзои оилаи собиқадор аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни зайли давлати истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
а) 50 фоиз кам кардани пардохти пули хизмати коммунали(ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) барои аъзои оилаи собиқадор, ки дар сарсатри «а» моддаи 27, дар модаҳои 25, 26, 28, 29, 30, 33, 35 ва 36-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004
№ 9, аз 23.12.21 №
1843);
б) 50 фоиз кам кардани пардохти пули манзил барои аъзои оилаи собиқадор, ки дар модаҳои 26, 31, 35-уми Қонуни мазкур зикр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
в) аз пардохтани пули хизмати коммунали(ба истиснои пардохти қувваи брақ ва гази табии) озод намудани аъзои оилаи собиқадор, ки дар моддаи 34-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004
№ 9, аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 43. Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни иловагии давлатии аъзои оилаҳои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани ва собиқадорони амалиёти ҷанги дар қаламрави давлатҳои дигар, ки ҳалок шудаанд (фавтидаанд)
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Аъзои оилаҳои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватани ва собиқадорони амалиёти Ҷангии дар қаламрави давлатҳои дигар ҳалокшуда (фавтида), ки дар модаҳои 14, 16 ва 17-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд, ба замми тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии дар моддаи 42-юми Қонуни мазкур пешбинишуда аз ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни зайли давлати истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843):
1) таъини нафақа ба сабаби гум кардани саробон ва андозбандии имтиёзнок;
2) гирифтани кумакпулӣ барои гӯрондан дар ҳадди меъёре, ки қонунгузори муқаррар кардааст; (ҚҶТ аз 13.11.24с., №2103)
3) ба моликияти оила додани автомобили сабукрав ё мотоколяскае, ки маъюб ройгон гирифта буд (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
4) дар навбати аввал бо манзил ройгон таъмин намудани ашхоси муҳтоҷи беҳбудии шароити манзил (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
5) кам кардани пули пардохти сӯзишвори (дар ҳаҷми 50 фоиз) дар ҳудуди меъёре, ки сокинони хонаҳои марказгарми надошта мехаранд;
6) гирифтани кредити яккаратаи имтиёзноки муассисаҳои бонки барои харидани (сохтани) квартира, хонаи истиқомати, боғсарой, ободонии қитъаҳои боғ, ташкили хоҷагии ёрирасон ё деҳқони;
7) ҳуқуқи имтиёзноки дохилшави ба кооперативҳои манзили, сохтмони манзил, гаражҳо ва кооперативҳои дигар, ширкатҳои боғу полизи;
8) ройгон гирифтани қитъаи замин ба андозаи дар Қонун муайяншуда барои сохтмони манзил, ба роҳ мондани хоҷагии боғу полизи ё деҳқони (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741);
9) норавоии аз хонаҳои истиқоматии хизмати баровардани оилаҳои собиқадорони ҳалокшуда (фавтида) бе ин ки ба онҳо хонаи дигари истиқомати ройгон дода шавад (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741, аз 23.12.21 №
1843);
10) ройгон истифода кардан аз
марказҳои саломатӣ ҳангоми ба нафақа баромадан, ки аъзои оила дар замони зинда будани собиқадори ҳалокшуда (фавтида) вобаста карда шуда буданд (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741, аз 23.12.21 №
1843; аз 133.11.2024с., №2103);
11) дар асоси варақаҳои дорухати духтурон ба ҳадди меъёр ва тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дору ройгон таъмин намудани волидайн, зани (шавҳари) собиқадори ҳалокшуда (фавтида) (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741, аз 23.12.21 №
1843);
12) ҳуқуқи имтиёзнок барои таъмин карда шудан бо роҳхати профилакторияҳо, истироҳатгоҳҳо (дар сурати ҷоиз будани муолиҷаю истироҳат аз нигоҳи тибби) аз охирин ҷои кори собиқадори ҳалокшуда (фавтида) (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843; аз 13.11.2024с., №2103);
13) ройгон сафар кардани волидайн, зани (шавҳари) собиқадори ҳалокшуда (фавтида) дар тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳри, наздишаҳри (ба ғайр аз такси) ва дар нақлиёти автомобилии истифодаи умуми деҳотбо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ) дар ҳудуди ноҳияи маъмурии ҷои истиқомат, ҳамчунин дар нақлиёти роҳи оҳани хатти наздишаҳри ва дар автобусҳои маршрутҳои наздишаҳри (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741, аз 23.12.21 №
1843);
14) дар навбати якум қабул кардани зани (шавҳари) собиқадори ҳалокшуда (фавтида) ба хона-интернатҳои пиронсолону маъюбон, ба марказҳои хизматрасонии иҷтимои, ҳамчунин бенавбат қабул намудани онҳо барои хизматрасони аз тарафи шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимои дар хона (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843);
Ҳуқуқу кафолатхо ва ҷуброни давлати ба волидайни зани (шавҳари) дубора ақди никоҳ накарда, сарфи назар аз ин ки онҳо нонхӯри собиқадори Ҷанги Бузурги Ватани, собиқадори амалиёти ҷанги мебошанд ё не ва сарфи назар аз гирифтани ҳар навъи нафақа ва музди кор, ҳамчунин ба шахсони дар банди «и» моддаи 15-уми ҳамин Қонун зикршуда дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатӣ, ки барои аъзои оилаи собиқадорони ҳалокшудаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони амалиёти Ҷангии қаламрави давлатҳои дигар муқаррар карда шудаанд, ба аъзои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва ҳайати роҳбарии мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти давлатӣ, шахсони дорои унвони махсуси мақомоти гумрук, мақомоти назорати маводи нашъаовар, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳо ва кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура, ки ҳангоми иҷрои хизмати ҳарбӣ ё вазифаҳои хизматӣ, ё дар асири ва ё мутобиқи тартиби муқарраркардаи Қонун дар минтақаҳои амалиёти ҷанги беному нишон гумгашта дониста шудаанд, татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843, аз 24.12.2022
№ 1939, аз 03.01.2024
№ 2039).
ФАСЛИ VIII. ҚОИДАҲОИ НИҲОИ
Моддаи 44. Боздоштани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии собиқадор ва аъзои оилаи вай
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Дар сурати ба маҳрумият аз озоди маҳкум шудани собиқадор ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии пешбининамудаи ҳамин Қонун дар давраи адо кардани ҷазои таъиннамудаи суд боздошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Мақоме, ки ба собиқадор замимаварақаи шаҳодатномаро дар бораи истифодаи ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии пешбиникардаи Қонуни мазкур додааст, варақаи мазкурро бекор мекунад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни марбутаи давлати баъд аз адои ҷазо дар асоси дархости он муассисаи ислоҳоти меҳнати, ки собиқадор дар он ҷо мӯҳлати ҷазоро сипари мекунад, аз нав барқарор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Масъалаи боздоштан ё барқарор намудани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлати нисбати аъзои оилаи собиқадори ба
маҳрум сохтан аз озоди маҳкумшуда низ ба ҳамин тартиб ҳал мегардад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843; аз 13.11.2024с., №2103).
Моддаи 45. Таъмини молиявии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии собиқадорон ва аъзои оилаи онҳо
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Таъмини молиявии ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатие, ки Қонуни мазкур барои собиқадорон ва аъзои оилаи онҳо пешбини намудааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли собиқадорон ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳудуди шаҳр, назди шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.
Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонун аз 17.12.2020
№ 1741).
Моддаи 46. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Моддаи 47. Баҳсҳо аз рӯи масъалаҳои вобаста ба амали кардани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии пешбиникардаи Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 23.12.21 № 1843)
Баҳсҳо аз рӯи амали кардани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлатии пешбининамудаи Қонуни мазкур аз тариқи суд ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.21 №
1843).
Амалҳои ғайриқонунии мақомот ва шахсони мансабдор оид ба амали намудани ҳуқуқ ва кафолату ҷуброни давлати низ ба ҳамин тартиб ҳал карда мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
7 апрели соли 1995 № 59
Пинҳон кардан